ҲАМКОРӢ БАЙНИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН ВА АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИТАҲСИЛОТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БА НОМИ И. АЛТИНСАРИН
Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Қазоқистон дар татбиқи таҳқиқотии барномаи арзёбии дастовардҳои хонандагон — РISA, инчунин, низоми баҳогузории 10 хола ва меъёрҳои он президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дорад.
Дар доираи сафари корӣ президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон М. Саломиён аз Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи И. Алтинсарин дидан намуд. Дар Академия аз ҷониби масъулин оид ба таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, фанҳои дақиқ ва таҳсилоти фарогир маълумот дода шуда, доир ба такмили таҳсилоти умумӣ, самтҳои асосии фаъолияти Маркази ташхиси адабиёти таълимӣ, бознигарии мазмуни таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон суҳбату машваратҳо доир гардид.
Дар ин робита Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Қазоқистон ба номи И. Алтинсарин ба имзо расонида шуд.