Кормандони илмӣ

КОРМАНДОНИ ИЛМӢ

Неъматов Саъдуллоҷон Эргашевич

          Неъматов Саъдуллоҷон Эргашевич 26 январи соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Азбаски аз хурдсолӣ зеҳни расо ва ақли комил дошт, хондан ва навиштанро тез ёд гирифт. Аз 6-солагӣ мактабхон шуда бо хониши хубу аъло байни ҳамсабақон шуҳрат пайдо мекунад. Фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, таърих, ҷамъиятшиносӣ, табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва суруду мусиқиро бағоят дӯст медошт. Махсусан рағбати омӯзиши адабиёти тоҷик, эҷодиёти пурғановати шоирону адибони классики тоҷик дар вуҷуди маънавии мавсуф туғёни хоса тавлид менамояд.   Ҳамзамон ба забони русӣ ва адабиёти рус, эҷодиёти Пушкин, Лермонтов, Есенин ва амсоли онҳо бо таваҷҷуҳ менигарист ва машқи тарҷумаи шеъру асарҳои қироат намудаашро мекард.
Орзуҳо ӯро соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии педагогии ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров ба риштаи суханшиносӣ овард ва онро соли 1970 бо натиҷаҳои назаррас ба итмом расонд. Соҳиби тахассуси суханшинос ва муаллими фанни забону адабиёти тоҷик гардид.
Азбаски аъло мехонд, ӯро назди кафедраи забони тоҷикии донишкада ба ҳайси ассистент ба кор қабул карданд. Фаъолияти доманадораш чун устоди мактаби олӣ оғоз ёфт.
Соли 1971 бо ибтикори мудири идораи забони тоҷикӣ, доктори илми суханшиносӣ, профессор Фарҳод Қобилович Зикриёев Саъдуллоҷон Неъматов барои таҳсили аспирантура ба шаҳри Душанбе, ба Донишкадаи омӯзгорӣ роҳхат мегирад. Пас аз имтиҳонҳои қабул забоншиноси маъруф, профессор Исматуллоев М. Ф. дониши хуби Саъдуллоҷонро махсус қайд намуда, изҳор дошт, ки ба шоҳроҳи илму тадрис муҳаққиқе қадам мегузорад, ки ояндаи дурахшон дорад. Пас аз ним соли таҳсили аспирантура ӯро чун дигар фарзандони замон барои хизмати Ватан ба сафи Ќушунҳои шӯравӣ даъват намуданд. Саъдуллоҷон Неъматов дар шаҳри Ленински вилояти Ќизилӯрдаи Ҷумҳурии Ќазоқистон дар ҳайати қисми артиллерии самти стратегӣ дошта ба хидмат шурӯъ намуд. Ҳамзамон ба ҳамсафони худ бо супориши командири қисми ҳарбӣ аз тайёрии сиёсӣ дарс ҳам мегуфт. Баъди анҷоми хидмат барои идомаи таҳсил ба Душанбе баргашт.
Соли 1976 Саъдуллоҷон аспирантураро бомуваффақият хатм намуд ва ба зодгоҳаш шаҳри Хӯҷанд, ба донишкадаи азизаш баргашт. Рисолаи номзадиаш пурра тайёр шуда бошад ҳам, дар Тоҷикистон Шӯрои диссертатсионӣ аз ихтисоси методикаи таълими забон набуд. Тақдири илмӣ ӯро ба шаҳри Маскав, ба даргоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мактабҳои миллии Вазорати маорифи Федератсияи Руссия овард.
Пас аз муҳокимаи васеъ дар шуъбаи методикаи таълими забонҳо рисолаи номзадиаш дар мавзӯи «Асосҳои илмии таълими забони тоҷикӣ дар шароити дузабонии миллӣ-русӣ» ба ҳимоя тавсия гардид. 25 сентябри соли 1980 Саъдуллоҷон Неъматов рисолаашро бомуваффақият дифоъ намуда, ба дарёфти унвони номзади илмҳои педагогӣ сазовор мегардад.
Рӯзи ҳимояи рисола ректори онвақтаи донишкадаи омӯзгории ш. Хӯҷанд шодравон Ќаюмов Саттор, ки он рӯзҳо дар шаҳри Маскав дар сафари хидматӣ буд, баромад намуда, аҳамияти омӯзиши забонҳои миллиро дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ як падидаи хеле тозаи сиёсӣ ва идеологӣ дар робитаи забонҳо ва тамаддунҳо изҳор медорад. Мавсуф қайд мекунад, ки ташаккули дузабонии русӣ-миллӣ дар оянда аҳамияти хосса касб хоҳад кард ва қадами нахустини муҳаққиқи ҷавон Саъдуллоҷон Неъматов фоли нек хоҳад гардид.
Саъдуллоҷон Неъматов аз соли 1976 то соли 1980 дар кафедраи забони тоҷикии факултети филология ба ҳайси муаллим ва сармуаллим фаъолият мебарад. Соли 1981 ба сифати ҷонишини декани факултаи филологияи руси донишкадаи давлатии Хӯҷанд таъин мегардад. Ташаккули фаъолияти олим ҳамчун роҳбар, мураббӣ ва устоди чандин насли шогирдон дар самти суханшиносии рус ва таълими забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти кишвар оғоз мегардад.
Доираи шуғли илмӣ-назарӣ ва методии ӯ пайваста васеъ мегардад. Соли 1983 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии илмҳои педагогии ҷумҳурӣ, шодравон Каримова Омина Баҳодуровна бо тавсияи Азиз Кенҷаевич Каримов — мудири шуъбаи пажӯҳишгоҳ, Саъдуллоҷон Неъматовро ба Душанбе даъват намуда, барои таҳияи Барномаи нави таълими забони давлатӣ (тоҷикӣ) дар мактабҳои русӣ супориш медиҳад. Мавсуф даъватро бо ҷону дил пазируфта, соли 1984 нахуставвал барнома ва сипас солҳои 1984-1985 китобҳои нави дарсии «Забони тоҷикӣ барои синфҳои 3-4, 5-6 ва 7-8»-и мактабҳои русро омодаи нашр менамояд Соли 1984 дар намоишгоҳ-ярмаркаи китобҳои дарсии забонҳои миллӣ дар шаҳри Москва китоби забони тоҷикӣ барои синфҳои 3-4- и мактабҳои русӣ ба ифтихорномаи Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф мегардад.
Дертар, солҳои 1988-1989 ин китобҳо пас аз таҳриру иловаҳо бори дигар ба табъ мерасад ва то ҳол низ аз ҷониби бархе аз муаллимони забони давлатӣ истифода мешавад.
Байни солҳои 1985-1991 Саъдуллоҷон Неъматов дар конфронсҳои мухталифи илмӣ-назариявӣ, илмӣ-амалӣ дар шаҳрҳои Маскав, Лвов, Ќазон, Астрахан, Самара, Бишкек, Санкт-Петербург, Минск оиди проблемаҳои мубрами дузабонии миллӣ – русӣ, русӣ-миллӣ, таҳияи барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ маърӯзаву гузоришҳо пурмуҳтаво мекунад. Тӯли ин солҳо тадриҷан рисолаи докториашро низ ҳусни ҷараён мебахшад.
Мулоқоти Саъдуллоҷон Неъматов моҳи ноябри соли 1989 дар семинари байналхалқии шаҳри Лвови Украина бо донишманди маъруфи илми методикаи таълими забони русӣ дар мактабҳои миллӣ, профессор Елена Александровна Быстрова, ки он вақт ҷонишини директори Институти таълими забони русӣ дар мактабҳои миллӣ (ш.Москва) буд, саҳифаи дурахшони парвози баланди муҳаққиқи ҷавон гардид. Бо ҳидояти профессор Быстрова Е.А. Саъдуллоҷон Неъматов барои анҷоми рисолаи докторӣ ба шаҳри Москва омад ва солҳои 1991-1992 докторанти Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии мактабҳои миллии назди Вазорати маорифи Федератсияи Русия гардид.
Саъдуллоҷон Неъматов 14 ноябри соли 1991 дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии таълими забони русӣ дар мактабҳои миллии Академияи илмҳои педагогии Федератсияи Руссия пеш аз анҷоми муҳлати таҳсил рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Асосҳои илмии таълими забони тоҷикӣ дар шароити ташаккули дузабонии русӣ-миллӣ» бомуваффақият ҳимоя менамояд. Рӯзи ҳимоя зимни суханрониаш раиси Шӯрои диссертатсионӣ профессор Сабаткоев Рамазон Ботирович чунин мегӯяд: «Рисолаи доктории Неъматов Саъдуллоҷон дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин тадқиқотест, ки ба таҳияи модели нави ташаккули дузабонии русӣ-миллӣ бахшида шудааст. Дар Шӯрои диссертатсионии мо то ҳол касе дар чунин синну соли ҷавон рисолаи докторӣ дифоъ накарда буд».
Бозгашти донишманди ҷавон Саъдуллоҷон Неъматов аз Маскав ба Тоҷикистон ба рӯзҳое мувофиқ омаданд, ки дар ҷумҳурӣ падидаҳои нахустини соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ба назар мерасид. Ё ин муждаву пайки муборакро нек истиқбол намуд ва тамоми ақлу заковати хешро ба тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстии шогирдон сарф намуд.
Августи соли 1993 Саъдуллоҷон Неъматовро ба Раёсати Ҳукумати вилояти онвақтаи Ленинобод ба ҳайси ҷонишини раиси вилоят оид ба масоили иҷтимоӣ даъват карданд. «Сол хеле вазнин буд, — ба ёд меоварад ӯ. Ҷумҳурии тозаистиқлол дар шароити вазнини муқобилияти мухолифин, вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дошт. Ман аз сарвари мамлакат, раиси Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов супориш гирифтам, ки дар роҳи таҳкими пояҳои устувори давлату миллат, баҳри шукуфоии Ватани азиз содиқона хидмат намоям».
Воқеан Саъдуллоҷон бо сухану каломи ширини ватандӯстонаи худ, ифтихор аз давлату ватандорӣ, нангу номус ва виҷдону шараф дар муддати кӯтоҳ назди халқи сарбаланду тоҷдораш, байни мардуми вилояти Суғд, ба вижа шаҳри Хӯҷанд обрӯю эътибори хоса пайдо мекунад.
Воқеаеро ҳамеша дар ёд дорад. Рӯзи мотам ва видоъ бо олим, сиёсатмадор ва арбоби ҷамъиятиву давлатӣ Моёншо Назаршоев, ки дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор шуда буд, Саъдуллоҷон Неъматов дар суханронии пурҳарорати худ қайд намуд, ки сӯиқасд ба ҷони фарзандони шуҷову далер моро водор месозад, ки дар атрофи Ҳукумати қонунӣ, сарвари мамлакат Э.Ш. Раҳмонов боз ҳам муттаҳидтар бошем. Мо бояд барои идомаи зиндагии онҳое, ки аз тири адӯ ҷон ба ҷаббор супурдаанд, мубориза барем, ватанро аз хоину лаъин тоза намоем.  Пас аз анҷоми мотам ва суханронии самимӣ ба наздаш шодравон Муҳаммад Осимӣ ва ҷонишини сарвазири Ҳукумати Тоҷикистон Шокиров Ҷӯра Раҳмонович омада, изҳори миннатдорӣ намуданд. Устод Осимӣ гуфтанд: «Писархон, умед дорам, ки дар вазифаи ҷонишини раиси вилоят ба халқу ватани маҳбуб монда нашуда хидмати шоиста менамоед. Аз умратон барака ёбед». Саъдуллоҷон ҳаргиз ин суханҳоро фаромӯш намекунад.
Моҳи ноябри соли 1994, интихоботи нахустини Президенти Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон. Саъдуллоҷон Неъматов ба ҳайси шахси боэътимоди номзад ба Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба майдони умед ва олами шарафмандӣ қадам мегузорад. Суханони гарму оташбори ӯро дар шахсияти фарзанди ҷонсупору арзанда, такягоҳ ва умеди мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар кулли шаҳру ноҳияҳои вилояти Ленинобод бо ҷону дил истиқбол менамуданд. Саъдуллоҷон боварӣ ва ифтихори беандоза дошт, ки халқу кишвар ниёзи комил ба роҳбари тавонову ояндабин, донову ҷасур, меҳрубону ғамхор дорад. Он рӯзҳоро барояш аз давраҳои тақдирсоз ва моломоли фараҳ ва қаноатмандии комил меҳисобад.
Умуман, соли 1994 барои Саъдуллоҷон Неъматов соли татбиқи орзуву рисолатҳо буд. Ў моҳи октябр ба дараҷаи илмии профессор (дипломи КОА (ВАК)- и Федератсияи Руссия) ва моҳи ноябр ба дарёфти унвони академики Академияи байналхалқии илми мактабҳои олӣ мушарраф мегардад.
Аз моҳи феврали соли 1995 то 2000 вакили халқ дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Сирдарё № 67, депутати Маҷлиси вилоятӣ аз ҳавзаи интихоботии Маҳрами ш. Конибодом интихоб мегардад.

Аз соли 1996 то соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ќазоқистон таъин мегардад. Моҳи сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мартабаи дипломатии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз мегардад.
Хидмати дипломатӣ саҳифаҳои тозабунёди мавсуфро ташаккул медиҳад. Лаҳзаҳои супоридани қабзулвусул (верительная грамота) ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар маросими тантанавӣ ва расмӣ, ташкили мулоқотҳои гуногуни дипломатӣ дар қаламрави кишвари дӯст ва бародар, таҷлили ҷашнҳои миллӣ – Иди Истиқлолият, Наврӯз, даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Қазоқистон ва амсоли ин аз рӯйдодҳо ва маросимҳои хотирмони зиндагиномаи Саъдуллоҷон Неъматов маҳсуб меёбад.
Соли 1998, моҳи ноябр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Сафири Тоҷикистон Саъдуллоҷон Неъматов ба ифтихори таҳкими муносибатҳои ҳасанаи байни ду кишвар бо медали «Астана» мукофотонида мешавад.
Пас аз анҷоми сафари хидмати дипломатӣ Саъдуллоҷон Неъматов аз соли 2001 то соли 2006 дар Созмони байналхалқӣ чун мушовир ва тарҷумон адои хидмат намуда, аз моҳи феврали соли 2007 ба вазифаи мудири кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо ва декани факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода ба фаъолияти илмӣ ва педагогӣ камар мебандад. Дар муддати кӯтоҳ факултаи филологияи руси донишкада ба мақоми байналхалқӣ сазовор мешавад. Аввалин озмуни байналхалқӣ аз фанни забон ва адабиёти рус аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ба номи М.В.Ломоносов маҳз дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад.
Соли 2008 Саъдуллоҷон Неъматов дар конфронси байналхалқӣ дар шаҳри Минск, ки ба проблемаи омодашавии мактабҳои олии кишварҳои ИДМ ба раванди ҷадиди таҳсилот (Болонский процесс) бахшида шуда буд, ҳамчун раиси сексияи таълими забонҳо дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ саҳм мегирад. Гузориш илмии мавсуф дар саҳифаҳои маҷмӯаи мақолаҳои иштирокчиёни конфронс бо унвони «Лингвокультурный аспект обучения русскому языку в национальной школе» чоп мегардад.
Ҳамчун сарвари Маркази русии Хазинаи «Олами рус» дар татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати чораҳо оиди такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ дар давраи солҳои 2004-2014 камари ҳиммат дорад. Танҳо дар давоми солҳои 2008-2011 се конфронси байналмилалӣ таҳти шиори «Забони русӣ дар робитаи тамаддунҳо», зиёда аз 10 семинар, мизи мудаввар ва маҳфилҳои фарҳангӣ доир намуда, ҳамчунин дар конфронсҳои байналхалқии шаҳрҳои Москва (2008, 2009, 2010), Минск (2007) бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.
Саъдуллоҷон Неъматов байни солҳои 2007 – 2013 дар ҷаласаҳои Ассамблеяи анъанавии Хазинаи «Олами рус» (Фонд Русский Мир) 7 маротиба ширкат варзида, доир ба тарғиб ва ташвиқи забон ва фарҳанги рус саҳми арзанда дорад.
Моҳи ноябри соли 2012 Саъдуллоҷон Неъматов дар Форуми 8 –уми «Робитаи забонҳо ва тамаддунҳо, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар кишвари Беларус, ш. Минск баргузор гардид, иштирок ва маърӯза намуд. Моҳи сентябри соли 2014 ба сифати намояндагӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нахусти Шӯрои ҷамъиятии ИДМ оид ба таълими забони русӣ дар ш. Москва иштирок ва баромад намудам.
Саъдуллоҷон Неъматов аз 1 декабри соли 2011 мудири шуъбаи арзёбии таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин мегардад. Аз соли 2010 дар Шӯрои дифоъи назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун котиби илмӣ ва узви Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият мебарад. Таҳти раҳбарии мавсуф 16 нафар унвонҷӯй, аз ҷумла 1 нафар доктори илм рисолаҳои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуданд, ки 8 нафари онҳо аз равияи 13.00.02 – методикаи таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ мебошанд.
Муаллифи 2 монография, 6 китоби дарсӣ аз фанни забони давлатӣ барои мактабҳои русӣ (1984-1989), 4 раҳнамои таълим, 2 дастури методӣ аз фанни забони русӣ, аз ҷумла «Интегрированное обучение русскому языку в таджикской школе» (2011), «Обучение глагольной системе русского языка в таджикской школе» (2011), зиёда аз 120 мақолаву гузоришоти илмӣ оид ба проблемаҳои типологияи муқоисавӣ, робитаи забон ва фарҳанг (лингвокультурология), назария ва амалияи тарҷума, методикаи таълими забони русӣ ва тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Дар айни замон китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ – «Введение в языкознание» ва «Практическая грамматика русского языка» (дар ҳамкорӣ) бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия шудааст. Алҳол 6 аспирант ва 8 унвонҷӯй таҳти раҳбарии ӯ рисолаҳои илмии худро ба анҷом мерасонанд.
Соли 1978 бо Грамотаи Фахрии Президиуми Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Осор:
1. Научные основы обучения лексике таджиского языка в русских школах, М., 1991.
2. Преподавание таджиксого языка в 4 – 5 классах русских школ, Душанбе, 1991.
3. Президент Рахмонов: Человек и политик. — Алмаата, 1997.
4. Теория и практика перевода: описание терминосистемы (учебное пособие). — Душанбе, 2010. — 92 с.
5. Интегрированное обучение русскому языку в таджикской школе. Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе. Душанбе, 2011. – 102 с.
6. Обучение глагольной системе русского языка в таджикской школе. Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе. Душанбе, 2011. – 72 с.
7. Аттестационные материалы для выпускников 9 класса общеобразовательных школ Республики Таджикистан. Душанбе. 2012. – 54 с.
8. Аттестационные материалы для выпускников 11 класса общеобразовательных школ Республики Таджикистан. Душанбе. 2012. – 64 с.
9. О когнитивной лингвистике // Известия Таджикского отделения Международной академии наук высшей школы, №2, 2010. Душанбе. – С. 49-57.
10. Учет лингвистического аспекта перевода как фактора повышения качества подготовки филологов — билингвов. Материалы Международной конференции «Определение проблем повышения качества образования в государствах- членах ЕврАзЭС». Душанбе. 2010.- С.28-36.
11. Розенталь Д.Э.- великий ученый и педагог (к 110-летию со дня рождения). Материалы Международной научно-практической конференции, посвященной Году образования и технической культуры в Республике Таджикистан и Году науки и инноваций в СНГ (28-29 декабря 2010 г.). Душанбе, 2011. – С.256-261.
12. Реалия в лингвистике. Материалы Международной научно-практической конференция «Актуальные проблемы русистики и компаративистики в современной лингвистической парадигме языков и культур» — Душанбе, 2010. – С.122-131.
13. Национально-культурный компонент в семантике слова. Материалы научно-практической конференции — Актуальные проблемы совершенствования преподавания русского языка в школах Таджикистана», посвященной 100-летию профессора Л.В.Успенской. Душанбе: ТГПУ им.С.Айни. 2010. – С. 36-42.
14. О взаимосвязи языка и культуры в переводе. //Известия Таджикского отделения Международной академии наук высшей школы, №1, Душанбе. 2011, С. 24-32.
15. Когнитивная лингвистика и ее становление в русском языкознании. Паёми Донишкадаи забонхо, № 1,(4) 2011. — С. 7-11.
16. Модальность с точки зрения академика В.В. Виноградова. Материалы Международной научно-практической конференции Кургантюбинского государственного университета им. Н.Хусрава. Кургантюбе. 2012. – С.45-54.
17. Сопоставительная лингвистика и проблемы обучения русскому языку в условиях билингвизма. Сборник материалов «Дни русского языка в Республике Таджикистан» (25-27 октября 2007 г. Москва – Душанбе — Курган-Тюбе), М., МГУ, 2007. С.51-55.
18. Лингвокультурологические единицы в практике обучения русскому языку в условиях двуязычия. Тезисы докладов Международной научно-практической конференции «Многоуровневая система подготовки специалистов в области межкультурной коммуникации: общеевропейский подход и проблемы ее адаптации в государствах – участниках СНГ». М., МГЛУ, 2007.С.49-51
19. Лингвокультурологическое описание терминов и понятий в учебных целях. Материалы Международной научно-практической конференции — «Актуальные проблемы русистики и компаративистики в современной лингвистической парадигме языков и культур (28-29 декабря 2009 г.). Душанбе, 2009. С. 180-187.
20. Сопоставительная лингвистика: проблемы обучения русскому языку в условиях билингвизма. Сборник научных статей «Ганчинаи сухан» (Сокровищница слова). Душанбе, ТГИЯ, 2008. С.56-62.
21. Забони тоҷикӣ. Учебник таджикского языка для 3-4 классов русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1984. — 180 с.
22. Забони тоҷикӣ. Учебник таджикского языка для 5-6 классов русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
23. Забони тоҷикӣ. Учебник таджикского языка для 7-8 классов русской школы. — Душанбе: Ирфон, 1985. – 202 с.
24. Забони тоҷикӣ. Учебник таджикского языка для 2 класса русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 164 с.
25. Китоб барои муаллим. Методическое руководство к учебникам таджикского языка для школ с русским языком обучения. — Душанбе, 1992. — 108 с.
26. Переводческий словарь в учебных целях. — Душанбе, 2010. — 88с.
27. Введение в языкознание. Учебное пособие для таджикских групп филологических специальностей (в соавторстве). — Душанбе, 2013. — 302с.
28. Стратегия развития психолого-педагогических наук в 21 веке в размышлениях академика РАО Д.И.Фельдштейна (в соавторстве) //Вестник Академии образования Таджикистана. №1 (12), 2013. – С.24-26.
29. Проблема модальности в русской и зарубежной лингвистике //Вестник Академии образования Таджикистана. — №1 (8), 2012. – С.93-99.
30. Русский язык в межкультурной и многоязычной среде. Материалы международной конференции «Актуальные вопросы обучения русскому и английскому языкам в условиях поликультурной и многоязычной среды» (27-28 февраля 2014 г.). – Душанбе: Матбаа, 2014. — С.12-18.

Сафар Сулаймонӣ

Профессор Сафар Сулаймонӣ. Ин номи шариф дар Тоҷикистон ва Ирону Афғонистон ниёзе ба муаррифӣ надорад. Дар ҳамин се кишвари ҳамзабон ӯро родмарди ибтикорофар дар паҳнои пажӯҳиш ном мебаранд. Ҷои муболиға ҳам нест, ки ин родмарди ибтикорофар дар паҳнои пажӯҳиш дар баробари як пажӯҳишгоҳ заҳмат мекашад. Муҳим аз ҳама ин дар баробари таҳқиқу пажӯҳишҳои бунёдӣ дар дастгирии аҳли муҳаққиқони ҷавони тоҷику ирону афғон ҳам беназир аст.
Зиндагинома ва корномаи илмиаш низ ба мисли пажӯҳишҳояш як паҳнои бузурге дорад. Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом (1972), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон (1976), аспирантура ва докторантураи Донишкадаи фарҳанги Маскав (1985, 1990), Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (1997) хатм намудааст. Ҳамзамон солҳои 1976-1985 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон дар вазифаҳои муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи китобхонашиносӣ ифои вазифа намудааст. Солҳои 1990-1995 дар Донишгоҳи Исфаҳони Ирон, солҳои 1999-2004 директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот фаъолияти кор намудааст. Хидмати шоиста ва ибтикорофари профессор Сафар Сулаймонӣ дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар солҳои 1999-2004 хеле муассир будааст, новобаста аз он, ки ибтикоротофарии эшонро дар тӯли як даҳсола дар ин самт «фаромӯш»-е ҳам карда буданд.
Профессор Сафар Сулаймонӣ дар як навишти хеш бо унвонии «Мулоқот бо вазир созанда буд» (Баҳори Аҷам.- 2014.-№2.- 28. 01.-С.3.) чунин овардааст: «Дар мулоқот бо вазири фарҳанг сӯҳбат танҳо аз роҳкорҳои навин, ки пажӯҳишу таҳқиқи масоили фарҳанг ба он бештар ниёз дорад, анҷом гирифт. Чунин мулоқот бори аввал бо ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот дар тӯли беш аз 3 соат идома ёфт, омӯзанда ва дилгармкунанда буд. Ходимони илмии Пажӯҳишгоҳ гуфтаниҳои зиёд ва таклифу пешниҳодҳои бештареро матраҳ карданд, ки барои рушди дурнамои соҳа мӯхим ва муфид буд. Муҳимтар аз ҳама, ходимони илмӣ ва мутахассисон аз он ризоятмандӣ карданд, ки чунин як шахси мутахассису кордон, ҷавону болаёқат ва ибтикорофар, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба ин самти муҳими иҷтимоъ пешниҳод гардидааст, воқеан арзанда ва умедволркунанда аст, ки соати аввали мулоқот ҳама онро хуб дарк карданд. Ҷараёни мулоқот бо чеҳраи кушоду хандон, бо орзую умедҳои илҳомбахш, дар фазои худию худмонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.
Воқеан, кадрҳои чашми кордону пурталош имрӯз бештар аз ҳама ба чунин шахсҳои содиқу мутахассис ва ботаҷриба ниёз дорад, ки дар мулоқоти аввалин ин хеле равшану возеҳ муайян гардид ва дилгармиро ба кору фаъолият бештар намуд». Зеро он, корҳоеро професор Сафар Сулаймонӣ тӯли солҳои 1999-2004 дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ба антом дод, он кори як даҳсолае буд. Таҳияи «Консепсияи руди фарҳанги Тоҷикистон» ва нашри садҳо мақолоту китоб перомуни фарҳангшиносӣ, ташкили ҳамоишу симпозиумҳои байналмилалӣ нуфӯз ва эътибори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоотро баланд намуд.Дар доманаи мамин соло професор Сафар Сулаймонӣ тавассути роҳкорҳои навин дар самти фарҳангшиносӣ ва китобшиносии тоҷик як гардиши тозаеро ба миён овард.
Профессор Сафар Сулаймонӣ дар ҳар ҷабҳае, ки фаъолият мекунад бо ибтикорофарӣ дар паҳнои пажӯҳиш роҳкориҳи наверо роҳандозӣ менамояд. Масалан, бо даъвати равоншод, профессор Худойназар Асозода солҳои 2004-2007 ба ҳайси мудири кафедраи педагогикаи умумӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ як ҳавзаи пажӯҳиширо миёни муҳаққиқони ҷавони тоҷику ирону афғон роҳандозӣ намуд. Аз соли 2007 то ин ҷониб дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ва солҳои охир дар Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон машғул ба таҳқиқу пажӯҳиш мебошад.
Дар тӯли кору фаъолият дар Академия професор Сафар Сулаймонӣ дар радифи таҳия ва омодасозии маҷаллоти илмӣ, тарбияи мутахассисони илмӣ, баргузории ҳамоишу конфронсҳои илмӣ, пажӯҳиши масоили мубрами паҳлӯҳои тозаву таҳқиқнашудаи педагогика ҷиддан машғул гардид ва ниҳоят китову мақолоти сирфан илмию академикиро таълиф намудааст.
Устод Сафар Сулаймонӣ бештар фаъолиятҳои илмии муштаракро роҳандозӣ менамояд. Мегӯяд, ки чунин фаъолият бештар бороваранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин дар натиҷаи ҳамкорӣ бо академикон Каримова И.Х. ва Шарифзода Ф. ва номзади илмҳои педагогӣ Булбулов Ҷ. китоби «Педагогикаи ибтикорӣ»дар ҳаҷми 542 с. барои чоп омода гардад. Дар таҳқиқи мазкур масъалаҳои бунёдии педагогикаи ибтикорӣ, методологӣ ва назарии он, омилҳо ва сабабҳои рушду ақибафтодагӣ, мавзӯъ ва фанни педагогикаи ибтикорӣ, ҳадафҳо ва заминаҳои бунёдии педагогикаи ибтикорӣ, ибтикоршиносӣ, проблемаҳои омӯзиш ва дарки навовариҳои педагогӣ, марҳилаҳои фаъолияти педагогикаи ибтикорӣ, масъала ва ҳалли масъала дар педагогикаи ибтикорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар фасли дувуми китоб масоили педагогикаи ибтикорӣ дар мактаби олӣ ва дар фасли савум масъалаҳои методологӣ ва назарии омӯзиши суннатӣ бо ёдгирии электроникӣ дар донишгоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Санаи 28-уми декабри соли 2013 рӯнамоии китоби профессор Сафар Сулаймонӣ «Педагогикаи фарҳанг» дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯнамоӣ ишора гардид, ки С.Сулаймонӣ аз ҷумлаи олимони шинохта ва сермаҳсули соҳа аст, ки тавонистааст тӯли солҳои зиёд дар ин соҳа хидмати шоиста намояд. Академикон Маҳмадулло Лутфуллоев, Ирина Каримова, Файзулло Шарифзода, профессор Бибиҳафизи Маҷидова ва чанде муҳаққиқону донишмандон ва хабарнигорон дар ин маҷлис паҳлуҳои илмӣ ва аҳамияти ин китобро баррасӣ намуданд. Ишора гардид, ки педагогикаи фарҳанг ба унвони бунёди пайвастани педагогика ва фарҳангшиносӣ мазмун ва шаклу рушди педагогикаи фарҳангро аз дидгоҳи фарҳангшиносӣ баррасӣ ва муаррифӣ менамояд.
Китоби «Педагогикаи фарҳанг» аз ҳафт қисм иборат буда, дар аввал масъалаҳои назариявии педагогикаи фарҳанг, фарҳангшиносии омӯзишу парвариш ва проблемаҳои муосири фарҳанги мардум, мушкилоти пажӯҳиш дар педагогикаи фарҳангшиносӣ, пажӯҳиши масоили тамаддунҳо дар контексти педагогикаи муосир; дар қисми дувум: мактабҳои педагогӣ: мактаби асолатгароӣ дар пажӯҳишҳои педагогӣ, ташаккули андешаи педагогӣ дар ислом, таълиму тарбият дар мактаби эгзистенсиализм (асолатгароӣ), равишҳои навини пажӯҳиш дар педагогикаи фарҳангшиносии муосир: бахши савум; педагогикаи фарҳанг дар амалия, истилоҳи «фарҳанг» дар педагогикаи муосир, чашмандозҳои тозаи педагогикаи фарҳанг, масоили умдаи тавсиаи фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ, фарҳанги мардум ба унвони мавзӯи фарҳангшиносӣ, сиёсати омодасозии кадрҳо дар риштаи педагогикаи фарҳанг: вазъият ва проблемаҳо, раҳёфти ибтикорӣ (инноватсионӣ) дар буёдматни консепсияи рушди фарҳанг, педагогикаи фарҳангшиносӣ ва мушкилоти пажӯҳиш дар он; бахши чаҳорум афкори педагогии ниёгон, ки дар он дидгоҳҳои Шаҳиди Сонӣ дар бораи одоб ва вазоифи муаллим дар ҷаласаи дарс, афкори педагогии Бурҳониддини Зарнуҷӣ, проблемаҳои яксонсозии истилоҳоти педагогика дар қаламрави забони форсӣ: зарурият ва чашмандозҳо, илоҳиётшиносии педагогикаи фароғат, андешаҳои муаҳаққиқони исломӣ дар бораи фароғати донишомӯзон, педагогикаи ислом дар низоми таълими донишгоҳӣ, омилҳои таълиму тарбият аз дидгоҳи устод Мутаҳҳарӣ яке аз дигар мавзӯъҳои пажӯҳиш ин китоб мебошанд.
Дар ҳамин давраи фаъолият профессор Сафар Сулаймонӣ дар пажӯҳиши педагогикаи ислом як роҳкории тозаро ба мине овард. Бояд ҳам эътироф намуд, ки профессор Сафар Сулаймонӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Миёна яке аз аввалин муҳаққиқи ибтикорофар дар паҳнои пажӯҳиш аст, ки дар заминаи педагогикаи ислом мақолоту китобҳои арзишмандеро рӯи чоп овард.
Дар пажӯҳишҳои мавридии хеш перомуни педагогикаи ислом усулҳои навини фаъолиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ислом дар контексти парадигмаҳои навини педагогӣ мавриди баррасӣ қарор дода, ҳадафмандии фаъолиятҳои иҷтимоию фарҳангӣ, фаврӣ, мушаххас ва силсилавӣ будани равандҳои фаъолиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангиро аз нигоҳи ислом таҳқиқ намудаст.
Ҳамчунин китобшинос низ китобнигорӣ ва китобхонаҳои исломиро мавриди таҳқиқ қарор дода, дар замина низ дар як навишти хеш сари ҳамин мавзӯъ қайд намудааст, ки китобхонаҳои исломӣ воқеан маркази илмию пажӯҳишии ҷаҳони ислом буда, манбаи илҳомбахши фарҳанг ва маънавиёти исломӣ будааст. Дар замони хилофати араб иттилоот, ки он қадар нуфузи густарда надошт, танҳо китобхонаҳо маркази аслӣ ва қонунӣ дар дарки ислом ба ҳисоб мерафт, Дар он давра баҳс пиромуни китоб ва ҷойгоҳи он дар ҷомеа густариш пайдо карда ва дар натиҷа яке аз шохаҳои он «китобшиносӣ» ташаккул ёфт. Дар ҳамин замина китобҳои “Педагогикаи Ислом” (2009), “Афкори педагогикаи Имоми Аъзам” (2009), “Таълиму тарбият дар Ислом” (2010) ва даҳҳо мақолаҳои мавридии арзишманд перомуни педагогикаи ислом аз хидматҳои шоистаи эшон дар пажӯҳиш ва муаррифи педагогикаи Ислом дар замони Истиқлол мебошад.
Дар қиболи пажӯҳиши педагогигӣ, професор Сафар Сулаймонӣ нияти неки таълифи «Педагогикаи татбиқӣ (муқоисавӣ)»-ро дар андеша дорад. Дар ин маврид профессор Сафар Сулаймонӣ мегӯяд, мавзӯи педагогикаи татбиқӣ шинохти саҳеҳи тамоми қисматҳо ва масъалаҳои таълиму тарбият дар кишварҳои ҷаҳон, ҷамъоварии охирини иттилооти марбут ба таълиму тарбият ва муқоисаи онҳо дар ҷиҳати ёфтани роҳе барои мушкилоти омӯзишии кишвари мавриди назар аст, ки мо ба он даст задаем. Тибқи барномарезии илмии соли ҷорӣ таҳқиқи масоили педагогикаи татбиқӣ (муқоисавӣ) дар назар дошта ва дар ин самти пажӯҳиши гурӯҳӣ академикон Ирина Каримова ва Файзулло Шарифзода дар ҳамкорӣ ба таҳқиқ оғоз намуданд. Педагогикаи татбиқиро метавон иборат аз як низоми таҳқиқӣ донист, ки моро барои дастёбӣ ба шинохти ҷадиди назария ва амалия аз тариқи муқоисаи ду ё чанд системаи тарбиятӣ дар кишварҳои мухталиф ва ё давраҳои таърихии гуногун ёрӣ медиҳад. Дар назар аст, натиҷаи таҳқиқ дар як куллиёти вижа дастрас гардад.
Дар ин росто чапнд сол қабл аз ҷониби ишон “Донишномаи педагогикаи навин” чоп гардида буд, ки ин силсила луғатҳо дар чанд мақолоту гузоришҳои иомӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Устод дар тарбияи мутахассисони илмии тоҷику ирону афғон дар риштаи педагогика нақши муассир дорад, даҳҳо нафар муҳаққиқони ватанию хориҷӣ бо ҳидоят ва роҳбарии ишон рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дифоъ намуда ва қисме аз онҳо дар арафаи дифоъи рисолаҳои илмии хеш мебошанд.
Ба андешаи эшон тавоноӣ ва қудрати муҳаққиқони ҷавон ба истифода аз равиши илмӣ дар тафаккур ва таҳқиқ нишондиҳандаи рушди илмии онҳо мебошад, ки равишҳои илмиро хубтар донанд ва зудтар ба мақсад бирасанд.
Хидмати шоистаи ин пажӯҳишгари тавоно бояд намуна ва ибрати ҳар як донишвар гардад, ин таҳияи корномаҳо мебошад. Дар корномаҳои нашрнамудааш профессор Сафар Сулаймонӣ фаъолиятҳои илмии хешро мавриди баррасӣ қарор дода, кӯшиш ба харҷ дода аст, ки кулли маводи мунташираро тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия нам ояд. Ин кори судманди эшон барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, рӯйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва муҳаққиқон як дастури муфид мебошад ва ҳам як гузорешу як роҳкорҳои оянда дар тӯли як сол
Дигар самти ибтикорофарии эшон ин ба сифати дабир, ташкили конфронсҳо ва нишастҳои илмӣ мебошад, ки тавассути он фаъолиятҳои илмӣ шинохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Хислати барҷастагии ин родмарди корофарин дар ҳамин самт боз дар он аст, ки ба ҳар гӯшаи Тоҷикистон чӣ сафари корӣ ё фароғатӣ дошта бошад, бо истифода аз фурсати муносиб ҳатман як нишасти илмиеро доир менамояд, ки ин хислати неки эшон бояд шоистаи қабули дигар донишмандони тоҷик гардад.
Дар атрофи ин родмарди ибтикорофари паҳнои пажӯҳиш метавон чанд дафтар корнома навишт, зеро муаллифи бештар аз 800 асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки масоили педагогика, омӯзишу парвариш, таълиму тарбият, китобу китобдорӣ, китобшиносӣ, фарҳангшиносӣ, иттилоотшиносӣ, забоншиносӣ, масоили эроншиносию афғоншиносӣ ва равобити фарҳангиро фарогир аст, ки номгӯи якояки онҳо дар корномаҳои ин родмарди ибтикорофари паҳнои пажӯҳиш сабт гардидаанд.

Маҳмадулло РАҶАБОВ-доктори илмҳои педагогӣ, профессор,
Ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода
тел.917021663

Гулмадов Файз

        Санаи таваллуд 1 марти соли 1953.  Ҷойи таваллуд ноҳияи Шурообод. Гулмадов Файз хатмкунандаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакй (таҳсили рӯзона соли 1973) бо ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ мебошад. Дараҷаи илмӣ- (номзади илмҳои педагогӣ соли 1987 ш. Ќазон, доктори илмҳои педагогӣ соли 2016.

Мукофотҳо-аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (2004)

Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002)

Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2017).

Фаъолияти кор ва собиқа:

Солҳои 1969-1973 -донишҷӯи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Солҳои1973-1975 -омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7, шаҳри Норак.

Солҳои1975-1979 -омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34, ноҳияи Москва, ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Солҳои1979-1982-ходими хурди илмии шуъбаи педагогикаи Институти тадқиқоти илмии илмҳои педагогии Тоҷикистон

Солҳои1982-1985-аспиранти шакли рӯзонаи таълими назди кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко.

Солҳои 1985-1987 -ходими хурди илмии шуъбаи педагогикаи Институти тадқиқоти илмии илмҳои педагогии Тоҷикистон.

Солҳои 1987-1997 -омӯзгори калон, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи педагогика ва психология, муовини декани факултети педагогӣ оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Солҳои 1978-1998-ходими калони илмии кафедраи педагогикаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Ќ. Ҷӯраев.

Солҳои1998-2001-ходими калони илмии лабораторияи синфҳои ибтидоии пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон.

Солҳои2001-2002-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои2002-2006-мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Идораи аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои2006-2007-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Департаменти аттестатсияи муассисаҳои таълимии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои2007-2009-сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф.

Солҳои2009-2014-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои олии касбии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф.

Аз моҳи марти соли 2014 -сармутахассиси Раёсати ташкили назорати давлатӣ ва баҳодиҳӣ ба сифати таҳсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф.

Аз моҳи августи соли 2014 то моҳи октябри соли 2015- мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди ВМ ҶТ.

Аз моҳи октябри соли 2015 то ин ҷониб- мудири шуъбаи арзёбии таҳсилоти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Осори Гулмадов Ф.

Монография

  1. Гулмадов Ф. Единство формирования нравственных знаний и поведения младших школьников. – Душанбе: Ирфон, 2014. – 206 с.
  2. Гулмадов  Ф.   Теоретические    основы    формирования    духовно-нравственных убеждений учащихся начальных классов. –Душанбе:                                           Ирфон, 2015. – 340 с.

Мақолаҳои нашршуда

Гулмадов Ф. Роль и место этических бесед в формировании духовно-нравственных качеств личности младших школьников /[Текст]// Ф. Гулмадов Вестник педагогического университета. –Душанбе: ТГПУ им. С. Айни, 2013. – №2 (51). –  С.178-186.

Гулмадов Ф. Актуальные вопросы духовно-нравственного воспитания младших школьников на современном этапе / [Текст] // Ф. Гулмадов Учёные записки Худжандского государственного университета имени Б. Гафурова. Гуманитарные науки.  №1 (28). –Худжанд, 2015. – С. 242 – 248.

Гулмадов Ф. Формирование духовно-нравственных ценностей у младших школьников в процессе внеклассной работы /[Текст] // Ф. Гулмадов Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С.Айни, 2013. – №6 (55, Ч. II). – С. 228 – 235.

Гулмадов Ф. Семья – основа духовно-нравственного воспитания младших школьников [Текст]/Ф.Гулмадов//Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С.Айни,–2014.–№3 (58 –1). С.224 – 230.

Гулмадов Ф. Место народных традиций в воспитании нравственных ценностей у младших школьников [Текст] / Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук.– Душанбе: Сино. – 2014. – №3/7 (148) –С. 240 – 245.

Гулмадов Ф. Воспитание чувства человеческого долга как важного средства воспитания у младших школьников духовно-нравственных ценностей [Текст] Ф. Гулмадов// Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. – Душанбе: Сино. – 2014. – №3/7 (124). – С. 269-273.

Гулмадов Ф. Совместная работа школы, семьи и общественности в формировании духовно-нравственных качеств личности младших школьников [Текст] /Ф.Гулмадов// Вестник Таджикского национального ниверситета. Серия гуманитарных наук. Часть I. –Душанбе: Сино. – 2014. – №3/8 (150). – С. 238 – 244.

Гулмадов Ф. Воспитание культуры общения у младших школьников в учебно–воспитательном процессе /[Текст]//Гулмадов Ф. Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть I. Душанбе: Сино. – 2012 №3/8 (101). –С. 234 – 239.

Гулмадов Ф. Педагогические основы воспитания у младших школьников нравственной смелости /[Текст]Ф.Гулмадов// Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть  II. – Душанбе: Сино. – 2014. – №3/8 (150). – С. 234 –244.

Гулмадов Ф. Коллективная деятельность как основное средство формирования у младших школьников единства нравственных знаний и поведения / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. –Душанбе: Сино. – 2014. – №3/2 (132). – С. 156 – 163.

Гулмадов Ф. К теории воспитания духовно-нравственных ценностей у младших школьников / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Российско- Таджикского (славянского) университета. – 2013. – №3 (42). – С. 252 – 259.

Гулмадов Ф. О воспитании у младших школьников духовно-нравственных качеств личности / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Российско-Таджикского (славянского) университета. – 2014. – №2 (45). – С. 292 – 299.

Гулмадов Ф. Отражение образа учителя в литературно-педагогическом наследии таджикских мыслителей / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник  ТГУПБП. – 2015. – №4 (60). – С. 263 – 270.

Гулмадов Ф.Учитель начальных классов как классный руководитель/ [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С. Айни. – 2013. – №2 (51). –С.178 – 186.

Гулмадов Ф. Значение единства нравственных знаний и поведения в формировании духовно-нравственных ценностей младших школьников / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть  II.– Душанбе: Сино. – 2015. – №3/8 (150). – С. 234 –244.

Гулмадов Ф. Опыт использования реальных воспитывающих педагогических ситуаций в формировании единства нравственных знаний и поведения младших школьников. // Сб. статей межвузовской конференции к проблеме обучения и воспитания младших школьников: Белгород, 1990. – С. 67–70.

Гулмадов Ф. Использование возможности учебного процесса в формировании нравственных знаний младших  школьников [Текст]  / Ф. Гулмадов // Просвещение учителей. –  1990. –  №10. – С. 45 – 50.

Гулмадов Ф. Роль семьи в интернациональном воспитании младших школьников [Текст] /Ф.Гулмадов //Национальное отношение и интернациональное воспитание учащихся и молодежи на этапе демократизации общества: Сборник материалов научно-практической конференции: Душанбе. – 1992 С.15 –17.

Гулмадов Ф. Экология и вопросы нравственного воспитания младших школьников [Текст] / Ф. Гулмадов // Экология и культура: Тезисы выступлений на научно-практической конференции. –Куляб, 1992. С. 92 – 94.

Гулмадов Ф. Некоторые пути и средства организации коллективной деятельности младших школьников [Текст]  / Ф. Гулмадов // Сборник материалов научно-практической конференции профессорско-преподавательского состава Кулябского государственного университета имени А. Рудаки. –Куляб, 1993. – С. 100 – 101

Гулмадов Ф. Психолого-педагогические основы формирования нравственных знаний и поведения младших школьников [Текст] /Ф. Гулмадов //Сборник материалов научно-практической конференции преподавателей и студентов Кулябского государственного университета имени А. Рудаки. Куляб. – 1994,  С. 41 – 43.

Гулмадов Ф. Взгляды Мир Сайида Али Хамадони на вопросы нравственного воспитания [Текст] /Ф. Гулмадов// Сборник республиканской научно-практических конференций. –  Куляб, 1994. – С. 31–33.

Гулмадов Ф. Педагогика сотрудничества–важное средство обучения и воспитания учащихся [Текст]  /Ф. Гулмадов// Просвещение учителей. – 2001. – №10 – 12. – С. 15 – 22.

Гулмадов Ф. Эффективность подготовки  будущих учителей на основе педагогики сотрудничества и педагогичечких общений [Текст]  / Ф. Гулмадов // Совершенствование преподавания общественных дисциплин: проблемы и перспективы. – Куляб, 2001.–  С. 37– 40.

Гулмадов Ф. Компетентный подход школы  и семьи   к нравственному воспитанию учащихся  начальных классов /[Текст] // Ф. Гулмадов  // Миграционный мост между Центральной Азией и Россией в условиях экономического развития: Материалы второго международного симпозиума. (Москва – Худжанд, 1– 4 ноября  2010 г.). –  Худжанд, 2010. – С. 292 – 295.

Гулмадов Ф. Инновационное поведение как составная часть профессиональной компетентности учителей начальных классов  /[Текст] Ф. Гулмадов//Миграционный мост между Центральной Азией и Россией: Роль миграции в модернизации и инновационном развитии экономики стран, посылающих и принимающих мигрантов: Материалы третьего международного симпозиума (Москва – Худжанд, 28-30 ноября  2011 г.) – Худжанд, 2011.– С. 277–289.

Гулмадов Ф. Формирование нравственных знаний младших школьников в процессе разнообразных видов деятельности [Текст] / Ф. Гулмадов // Вклад академика Ибрагима Обидова в исследование  и развитие школы и образования: научный сборник, посвященый 90-летию академику Обидову И.; (сост. М. Обидова; ТГПУ им. С. Айни; Академия образования Таджикистана). –Душанбе: Ирфон, 2013. –  С. 165 – 169.

Гулмадов Ф. Воспитание нравственных убеждений младших школьников / [Текст] / Ф. Гулмадов // Развитие образования в условиях государственной независимости Республики Таджикистан: Сб. материалов Душанбе. 2014 г. С. 35-40.

Гулмадов Ф. Формирование единства нравственных знаний и поведения младших школьников  / [Текст] // Гулмадов Ф.Наставники  –  Международного симпозиума, посвященного 700 -летию Мир Сайида Али Хамадони и 600-летию Мавлана Абдурахмана Джами. –  Душанбе, 2014. – С. 67 – 72.

Гулмадов Ф. Воспитание духовно-нравственных ценностей младших школьников в малокомплектной школе / [Текст] // Гулмадов Ф. Малокомплектные школы в современном образовательном пространстве: состояние и перспектива: Сб.статей Международной конференции.–   Душанбе, 2014. – С. 52– 56.

Гулмадов Ф. Персидско-таджикские мыслители о воспитании духовно-нравственных качеств подрастающего поколения / [Текст] / Ф. Гулмадов // Вопросы образования. – 2014. – №6. –  С. 25 – 31.

Гулмадов Ф. Формирование у младших школьников опыта и привычек нравственного поведения /[Текст] //Ф.Гулмадов // Просвещение учителей. – 2014. –  №11– 12. – С. 17 – 22.

Гулмадов Ф. Значение национальных традиций и обрядов в воспитании нравственных ценностей младших школьников//Материалы республиканской научно-практической конференции, посвященной 70- летию Кулябского государственного университета имени А. Рудаки.– Куляб, 2015. – С. 123–126.

КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН

        Камолзода Сайфиддин китобхонашинос, номзади илмҳои педагогӣ (2010), Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм кардааст (1992). Солҳои 1988-1989 дар Шарқи дур, ш. Комсомолск-на-Амуре адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ ба сифати мудири китобхона ва омӯзгори Мактаби таҳсилоти асосии №39 (1992-1993) оғоз ёфта, сипас ба ҳайси мудири китобхона (филиал)-и №15-и шуъбаи фарҳанги н.Файзобод (1993-1994), омӯзгори калони кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1994-2011), ҷонишини сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги ҶТ (1999-2004), котиби илмии Осорхонаи миллии ҶТ ба номи К.Беҳзод (2004-2005), унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2008-2010), ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи китобшиносӣ, китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ, узви Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот (солҳои 2004-2010), инчунин дар асоси шартномаи меҳнатӣ масъулияти мудири шуъбаи масъалаҳои тарбияи наврасон, ҷавонон ва робита бо оилаю ҷомеаи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ (2010-2011)-ро ба уҳда дошт. Солҳои 2012-2015 ба сифати котиби масъули маҷаллаи илмӣ, маърифатӣ ва таълимию методии “Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон” фаъолият карда, тайи як сол дар вазифаи директори Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (с.2015) фаъолият намудааст. Аз ибтидои соли 2016 то инҷониб масъулияти мудирии шуъбаи илм ва татбиқи мавзӯъҳои фармоишии Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро ба зимма дорад. Узви Раёсати АТТ мебошад.

Камолзода С. дар мавзӯи «Китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ дар низоми таҳсилоти Тоҷикистон: таърих, вазъият ва мушкилоти рушди он» (с.2010) таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Камолзода С. дар таҳия ва такмили лоиҳаи Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Абонементи байникитобхонавии кишварҳои аъзои ИДМ», Ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» ва «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар ҶТ барои солҳои 2006-2015» ба сифати мутахассис саҳм гузоштааст.

Камолзода С. муаллифи беш аз 60 мақолаҳои илмӣ-методӣ, мураттиби 5 китобу дастури таълимӣ аз ҷумла: “Китобшиносии осори Сафар Сулаймонӣ” (2008 ва 2011), барномаи таълимии «Менеҷменти китобдорӣ»: барои донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ тахассуси 052700 «Китобдор, библиограф-омӯзгор» (2009), Академияи таҳсилоти Тоҷикистон /Маълумотномаи энсиклопедӣ (2015), “Гулчини панду ҳикматҳо” (ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Ҷомӣ) дар ҳаммуаллифӣ бо Ҷ. Саидзода, «Алифбо ва алифбонигорӣ» //Маҷмӯаи мақолаҳои конференсия (2015), инчунин муҳаррири китобҳои илмию таълимии «Китобхонашиносӣ» (с.2011), “Китобшиносӣ” (2012), “Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ” (2013) «Педагогикаи фарҳанг» (с. 2013) (муаллиф С. Сулаймонӣ), Ирина Холовна Каримова (Матн): Библиографияи монографӣ (2016), Андешаҳо перомуни салоҳиятҳо ва ташаккули онҳо (муаллифон: М. Лутфуллозода, Ѓ. Бобизода, 2017), Академик Убайд Зубайдов (Матн): Библиографияи монографӣ (2017)  ва ғ. мебошад.

Барои хизматҳои бенуқсон дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ Камолзода Сайфиддин бо нишонҳои ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон” (№576, 14.12.2000) ва “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (№37-УК, 19.03.2004), инчунин «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармони №22-У, 13.09.2011), Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (№2698, 10.12.2012; №2748 22.08.2016) ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (№407, 13.04.2015) сарфароз гардонида шудааст.