МИЗИ МУДАВВАР
«Мақоми омӯзгор ва салоҳияти касбии ӯ дар мактаби муосир«
Ҷиҳати иҷрои нақшаи кории Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024, санаи 25.04.2024 мизи мудаввар дар мавзуи «Мақоми омӯзгор ва салоҳияти касбии ӯ дар мактаби муосир» дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар мизи мудаввар кормандони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва унвонҷӯён иштирок намуданд.
Кори мизи мудаввар бо суханронии ифтитоҳии ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Каримова И.Х. оғоз ёфт. Сипас, Гулмадов Ф. — мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими АТТ, Холназаров И. — омӯзгори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Амонӣ С. — мудири шуъбаи ПРМ ба номи А. Ҷомии АТТ дар мавзуъҳои гуногун маърӯза карданд.
Дар охири байни иштирокдорон мубодилаи афкор баргузор гардид. Инчунин, аз ҷониби иштирокдорон чунин пешниҳодҳо ба миён омад:
- Дар баргузории чунин мизҳои мудаввар, конференсиҳо, ки оид ба баланд бардоштани сифати таълим, роҳҳои баланд бардоштани маҳорати педагогии омўзгорон ва норасоиву камбудиҳои дар самти таълим гузаронида мешаванд, омўзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд, то онҳо ин масъалаҳоро муҳокима намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд ва дар татбиқи навгониҳо дар муассисаи таълимӣ амал намоянд.
- Иттиҳодияҳои методии фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ меҳвари асосии раванди таълим ба ҳисоб меравад ва дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим нақши муҳим доранд. Барои ҷоннок намудани кори иттиҳодия ва ҳавасманд намудани онҳо барои адои ин вазифа маблағ ҷудо мегардид, ба манфиати кор хоҳад буд.
- Дар таълифи китобҳои дарсӣ, стандарту барномаҳои таълимӣ ва дигар маводҳои таълимӣ омўзгорони лаёқатманду эҷодкор ҷалб карда шаванд, то камбудиҳои дар ин мавод ҷойдошта бартараф карда шаванд.