Узви пайваста (академик)
17-уми марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсил намудааст. Дар мактаби миёна тамоми фанҳо ба осонӣ ба ӯ даст медоданд, вале ба фанни химия таваҷҷӯҳи хоса дошт. Аз ин сабаб, ҳангоми хонданаш дар синфҳои болоии мактаби миёна бо роҳбарии устоди химияи мактабашон Абдусамадов Мансур фанни химияро чуқуртар ва васеътар омӯхт.
Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1977 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорид. Вале ҳангоми дохилшавӣ ноком шуд. Балҳои аз супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ гирифтаи ӯ барои ба шӯъбаи рӯзонаи факултети химия дохил шудан кифоягӣ накарданд.
Вале ӯро ба шӯъбаи шабонаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон қабул карданд. Дар ин ҷо бояд тазаккур диҳем, ки ин нокомии ӯ оғози комёбиҳои ояндааш гардиданд, зеро пас аз саршавии таҳсил дар шӯъбаи шабонаи факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ӯ дар яке аз озмоишгоҳҳои маъруф ва пешқадами кафедраи органикаи факултаи химияи донишгоҳ, озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» ба ҳайси ёвар ба кор шурӯъ намуд. Ёварӣ намудан дар корҳои амалии донишҷӯён аз химияи органикӣ ва омӯзиши назария дар дарсҳои шабона ба пешрафти ӯ хеле хуб мусоидат намуданд, зеро кори амалӣ барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ роҳи беҳтарин ва судмандтарини донишомӯзӣ аст.
Қобилияти фикрӣ, шавқи беандоза ба омӯзиши химия ба Бобизода Ғ.М. барои дар муддати кӯтоҳ аз худ намудани нозукиҳои таҷрибаҳои озмоишгоҳӣ аз химияи органикӣ имконият доданд. Ҳануз дар аёми донишҷӯӣ вай дар байни устодон ва донишҷӯёни факултаи химия ҳамчун донишҷӯи пешқадам ва озмоишгари соҳибсалиқа шинохта шуда буд. Аз ин сабаб ин ҷавони лаёқатманд аз ҷониби мудири кафедраи химияи органикӣ ва роҳбари озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» дотсент, номзади илмҳои химия Холиқов Ш. Х.(ҳоло доктори илмҳои химия, профессор) ба кори илмӣ ҷалб карда шуд. Дар пажӯҳишҳои илмии худ Ғуломқодири ҷавон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ў бо маърӯзаҳои илмии худ дар чандин конфронсу ҷамъомадҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқии олимони ҷавон иштирок намуд вадар онҳо гузоришҳои илмиаш қадр гардида, фишурдаҳояшон дар маводҳои ин конфронсу ҷамъомадҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқии олимони ҷавон чоп гардиданд.
Дар ин ҷо ба хонандагон шарҳ додан лозим аст, ки синтези пептидҳо ба синтези нозуки химиявӣ мансуб аст. Синтези нозукиҳои химиявӣ бо сифатҳои зерин тавсиф карда мешавад:
- Сарукор доштан бо гурӯҳҳои якчанд вазифадори (полифунксионалӣ) химиявӣ. Дар ин маврид дар реаксия ҳосил шудани чандин изомери модаи матлуб ва модаҳои иловагӣ имконпазир аст, ки ҷудо намудани онҳо кори басо сангин аст. Ҳол он, ки танҳо як изомери модаи матлуб мақсади гузаронидани реаксия аст.
- Ба миқдори ниҳоят ками модаҳо гузаронидани реаксияҳои химиявӣ. Ин талабот аз ду сабаб бармеояд: якум, модаҳои барои реаксия зарурӣ нисбатан қиматанд, дуюм, талафот дар ин маврид бисёр назаррас аст. Табиист, ки сарукор доштан бо миқдори хурди модаҳо аз озмоишгар малака ва маҳорати махсусро тақозо мекунад, зеро бо дар назардошти дар якчанд марҳилаҳо ҳосил намудани изомери муайяни модаи матлуб ва дар ин марҳилаҳо бо фоизи зарурӣ ҷудо карда гирифтани модаи натиҷавии марҳила ба дараҷаи даркорӣ ҳосил намудани модаи ниҳоӣ кори бисёр душвор аст. Бобизода Ғ.М. дар давоми донишҷӯиаш маҳз дар соҳаи синтези пептидҳо ба муваффақият ноил гардид. Бо дар назардошти малака, маҳорат ва дониши баланд андӯхтанаш, чанде пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Ғуломқодирро ба яке аз марказҳои илмию тадқиқотии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС), ба Маркази илмии кардиологии АИТ ИҶШС барои азхуд намудани услубҳои ҷадиди синтези пептидҳо фиристоданд. Ў дар ин маркази бонуфузи илмӣ таҳти сарпарастии яке аз олимони ҷавону тавоно, номзади илмҳои химия, ходими калони илмӣ Дейгин И. (ҳоло, доктори илмҳоибиология,профессор) ба омӯзиши услубҳои ҷадиди синтези пептидҳо машғул гардид. Дар давоми ду соли дар ин маркази бонуфузи илмӣ таҷриба омӯхтанаш, ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид. Якум, ӯ аз устодаш Дейгин И. нозукиҳои услубҳои синтези пептидҳоро омӯхт ва бо ин дар таҳияи яке аз доруҳои навтарини ба эътидоловаранда ва тақвиятдиҳандаи системаи масуният «тимаген» фаъолона иштирок намояд.
Малака ва маҳорати озмоишгарии Бобизода Ғ.М. аз тарафи олимони шинохтаи ин маркази илмӣ эътироф гардид. Дуюм, дар давоми кори худ дар маркази илмии мазкур ӯ қариб рисолаи номзади худро ба поён расонида буд. Пас аз бозгашт аз Москва Бобизода Ғ.М. тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» давом дод, вале бо баъзе сабабҳои айнию зеҳнӣ ин озмоишгоҳро тарк намуд ва барои шароити беҳтаре ёфтан дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотӣ кор кард. Билохира барои давом додани пажӯҳишҳои илмӣ ва амалӣ намудани натиҷаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотӣ зад. Дар натиҷа дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло,Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобизода Ғ.М. ба ӯҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмӣ дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиҷаи бурдани тадқиқотҳои васеъ дар ин соҳа Бобизода Ғ.М. ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 1996 ӯ дар мавзӯи «Структурно-функциональные исследования иммуноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина бурсина» бо ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои химия гардид.
Пас аз ин, Бобизода Ғ.М. пажӯҳишҳои илмии худро бо суръат идома дода, соли 2000-ум дар мавзӯи «Синтез и биологические свойства низкомолекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений» бо ихтисосҳои 03.00.04 — биохимия ва 14.00.25.-фармакология рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ гардид.
Бобизода Ғ.М. барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои васеи илмиаш низ кори зиёдеро анҷом дода, дар ин ҷода ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар Идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 патенти Бобизода Ғ.М. ба қайд гирифта шуда, ба 9 патент дархост мавҷуд аст.
Заҳматҳои Бобизода Ғ.М. дар ин соҳа қадр гардид. Соли 1999 лауреати конкурси Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон гардида, соли 2000 ғолиби ин конкурс шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалӣ мушарраф гардид.
Бобизода Ғ.М. дар баробари тадқиқотҳои илмӣ ба корҳои илмию методӣ ва педагогӣ низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба Бобизода Ғ.М. аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия унвони илмии профессор дода шуд. Худи ҳамин сол профессор Бобизода Ғ.М. барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусӣ ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид ва худи ҳамон сол (2004) бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуд. Солҳои 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур кор кард. Аз соли 2006 Бобизода Ғ.М. профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Дар соли 2013 Бобизода Ғ.М. дар мавзӯи «Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка» бо ихтисоси 14.04.02–химияи фарматсевтӣ, фармакогенезия рисолаи дуюми докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои фармасевтӣ низ гардид. Профессор Бобизода Ғ.М. инчунин дар ташкил ва инкишофи соҳаи дорусозӣ, назорати сифати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми босазое дорад. Аз соли 2000 ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ гузашт ва солҳои 2007-2015 дар вазифаи раиси Кумитаи фармакологии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасефтӣ фаъолият намуд. Ба гирифтани унвони «Аълочии тандурустӣ» соли 2009 мушарраф гардид. Бобизода Ғ.М. аз соли 2005 узви Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон мебошад.
Бобизода Ғ.М. 30 марти соли 2018 ба Қарори раёсати Академияи таҳсилотиТоҷикистон узви пайваста(академик)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид.
- ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ
Фаъолияти илмии академик Бобизода Ғ.М. басе домандор аст, ки аз он таълифоти сершумори илмии ӯ шаҳодат медиҳад. Академик Бобизода Ғ.М. муаллифи зиёда аз 304 кори илмӣ, аз он ҷумла 45 кори илмию педагогӣ мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштаҳои химияи органикӣ, биохимия, фармакология ва педагогика баҳои баланд гирифтаанд. Таҳти роҳбарии Бобизода Ғ.М. 6 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд. Чуноне, ки дар боло қайд карда будем, тадқиқотҳои илмии профессор Бобизода Ғ.М. ба яке аз шохаҳои душвори химияи органикӣ-синтези нозуки химиявӣ мансуб аст. Ин тадқиқотҳои пурмоя услубҳои ҳосил намудан ва омӯхтани хосиятҳои биохимиявии пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти масуниятии қатори тимопоэтин, тимозин ва бурсин ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳоро дар бар мегирифтанд.
Дар доираи ин пажӯҳишҳо масъалаҳои зерини илмӣ ҳал карда шуданд:
— хусусиятҳои сохтории тимопоэтин ва ҳаммонандҳои маркази фаъоли молекулааш омӯхта шуданд;
-усулҳои судманди синтези пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол, ки дорои фаъолияти тимозин 1, тимопоэтин ва бурсин мебошанд, таҳия шуданд ва бо ин усулҳо пептидҳои хурдмолекулаи мазкур синтез карда шуданд;
— фаъолияти ба ангезиш овардани масуният доштани пептидҳои синтез кардашуда чӣ дар invitro ва чӣ дар invivo омӯхта шуданд;
-қонуниятҳои биохимиявие муайян карда шудаанд, ки доштан ё надоштани фаъолияти масуниятии пептидҳои синтез кардашударо шарҳ медиҳанд;
— услубҳои ҳосил намудани пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол, пайвастагиҳои комплексии пептидҳои синтез кардашудаи хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол бо металҳои аз назари биологӣ фаъол чун оҳан, руҳ, кобалт, платина ва нуқра таҳия карда шуданд;
-фаъолияти масуниятии пайвастагиҳои биокоординатсионии синтезкардашуда омӯхта шуданд;
— дар асоси пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо бо металлҳои аз назари биологӣ маводи доруворӣ таҳия ва хосиятҳои фармакологӣ ва биологии онҳо омӯхта шуданд.
Дар натиҷаи ин тадқиқотҳо чандин навовариҳои илмӣ, ки дорои аҳамияти калон мебошанд, ба даст омаданд:
— як қатор дипептидҳои триптофандор, ки ба маркази фаъоли молекулаҳои тимопоэтин ва бурсин ҳаммонанданд ва пайвастагиҳои иокоординатсионии онҳо бо ионҳои руҳ, оҳан (II), мисс (II) ва нуқра (I) ҳосил кардашуданд;
— дар байни фаъолияти масуниятии ҳаммонандҳои тимопоэтин ва тағйирот дар сохтори дуюмаи қисми маркази фаъоли молекулаи тимопоэтин ҳангоми иваз намудани аминокислотаҳо алоқамандӣ муқаррар карда шуд, ки барои дарёфтиҳаммонандҳои мазкури тимопоэтин мусоидат намуд;
— нишон дода шуд, ки дар натиҷаи координатсия бо ионҳои металҳо фаъолияти масуниятии дипептидҳои триптофандор зиёд мешавад;
— нишон дода шуд, ки доруҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо таҳия кардашуда, дар истифодаи якҷоя бо ваксинаҳо дараҷаи аксуламали ҳуморалии масуниятро дар ҳайвонот ва паррандагон зиёд мекунанд, дар истифодаи якҷоя бо доруҳои химиотерепевтӣ муддати муолиҷаи бемориҳои гуногуни ҳайвонот ва паррандагонро кам намуда, самаранокии онро зиёд менамояд;
— нишон дода шуд, ки доруҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо ҳангоми муолиҷаи бемориҳои гуногун муддати муолиҷаро кам намуда, самаранокии муолиҷаро афзун мекунанд, нишондодҳои масуниятии ҳолати организмро ба эътидол меоранд;
-механизми имконпазири иштироки доруҳои таҳиякардашуда дар ҷараёни танзими ҷавоби масуниятӣ нишон дода шуд. Марҳилаи ибтидоӣ дар ҷавоби масуниятӣ фаъолшавии ҷараёнҳои метаболӣ дар сатҳи амалиёти сафедаҳои каталитӣ мебошад, ки ба ҳосилшавии унсурҳои сохтории зидди ҷисмҳо тақвият мебахшад.
Дар қатори ин тадқиқотҳои пурарзиш инчунин пажӯҳишҳо дар риштаи омӯзиши хосиятҳои оби электрофаъол ва таъсири он ба фаъолияти хоси пайвастагиҳои координатсионии аминокислотаҳо ва пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятӣ фаъол бо металлҳо зикршуда омӯхта анҷом дода шуданд.
II.ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГЇ
Солҳои тулониест, ки академик Бобизода Ғ.М. ба таълими курсҳои гуногуни кимиё дар макотиби олии ҷумҳурӣ машғул аст. Дар баробари ин фаъолияти амалӣ дар самтҳои гуногуни педагогика тадқиқотҳои илмию методӣ низ анҷом медиҳад.
Таълифоти академик Ғ. Бобизодаро дар соҳаи педагогика шартан ба 4 гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:
1) таҳияи барномаҳои таълимӣ барои факултаҳои химияи мактабҳои олӣ;
2) таълифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ;
3) баъзе масъалаҳои педагогикаи хусусӣ;
4) баъзе масъалаҳои умдаи педагогӣ.
Академик Бобизода Ғ.М. дар таҳияи барномаҳои таълимии зерини факултаи химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон саҳм гирифтааст: «Таҳлили пайвастагиҳои органикӣ (курси махсус), «Химияи биологӣ», «Методикаи таълими кимиё», «Таърих ва методологияи кимиё», «Усули истифодаи воситаҳои дидорӣ ва шунидорӣ ҳангоми омӯзиши кимиё»,«Методҳои омӯзиши кимиёи саҳеҳ»,«Проблемаҳои актуалии кимиё», «Беҳтарин раванди омӯзиши кимиё», «Таълимиқоидаҳои кор дар озмоишгоҳи кимиёвӣ», «Методҳои ҳалли масъалаҳо», «Корҳои берун аз синф аз кимиё».
Академик Бобизода Ғ.М. дар навиштани китоб ва дастурҳои таълимӣ низ даст доранд. Ў яке аз муаллифони китоби дарсии химия барои синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 2 дастури таълимӣ роҷеъ ба таҳлилҳои фармасевтӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ворид намудани навовариҳои намоён ба китоби дарсии химия барои синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ саҳми профессор Бобизода Ғ.М. ҳалкунанда аст. Дар мавриди 2 дастури таълимӣ роҷеъ ба таҳлилҳои фармасевтӣҳаминро зикр кардан кифоя аст, ки таълифи ин дастурҳои таълимӣ бо ташаббус ва роҳбарии ӯ анҷом дода шуданд.
Дар мақолаҳои илмию методии академик Бобизода Ғ.М. роҳҳо ва усулҳои баланд бардоштани дониши математикии талабагон дар дарси химия бо роҳи ҳал намудани масъалаҳои химиявӣ бо ҷалби усулҳои гуногуни математикӣ пешниҳод шудаанд. Дар ин тадқиқотҳо чун дигар тадқиқотҳояш профессор Бобизода Ғ.М.ҳалли аҷоиби ба худ хосро пешниҳод менамояд. Яке аз ин гуна роҳҳо тадқиқотҳо роҷеъ ба истифодаи муодилаҳои диофантӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳои химиявӣ мебошад.
Бахши дигари мақолаҳои методию илмии профессор Бобизода Ғ.М. ба масъалаҳои гуногуни педагогикаи хусусӣ ва умумӣ бахшида шудаанд.
III. ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЧИГЇ
Академик Бобизода Ғ.М. боз қобилияти баланди ташкилотчигӣ низ дорад. Ў метавонад барои иҷрои ин ё он кори илмӣ ё фаъолияти педагогӣ, ё дар амал татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ олимону мутахассисони гуногунсоҳаро муттаҳид созад. Дар интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо басо нишонрас аст. Фаъолияти ташкилотчигии Бобизода Ғ.М. ҳануз дар ташкили озмоишгоҳи материалҳои ғайриорганикӣ, сипас химияи амалӣ ва биотехнологӣ дар Фирмаи илмию тадқиқотии «Хайём» зоҳир гардид. Сипас ӯ тавонист, ки дар солҳои авали Истиқлол (1992) Корхонаи хурди «Занд»-ро (аз соли 2000 инҷониб Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Занд») ташкил ва ба он роҳбарӣ намояд.
Саҳми академик Бобизода Ғ.М. дар ташкили шуъбаҳои аттестатсия ва аккредитасияи озмоишгоҳҳои системаи тандурустӣ, шуъбаи экспертизаи ҳуҷҷатҳои озмоишҳои тодармонгоҳӣ ва дармонгоҳии маводи доруворӣ ва молҳои тиббии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва ба низом даровардани коргузории онҳо калон аст. Чандин сол мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, сипас солҳои 2006-2007 декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур буд. Ҳамагон дар донишгоҳи мазкур ба он дар иттифоқанд, ки профессор Бобизода Ғ.М. бо салиқаи ба худ хос роҳбарӣ менамуд ва факулта дар давраи роҳбарии ӯ ба дастовардҳои намоён ноил гардиданд. Солҳои 2005-2007 раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ буд. Дар ин давра профессор Бобизода Ғ.М. тавонист теъдоди аъзои ташкилотро ба беш аз 100 нафар расонад ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур бо низоми кор ва фаъолияти сиёсию ҷамъиятӣ дар байни 10 ташкилоти беҳтарини ҳизбии ноҳиявӣ ҷой гирифт.
Бояд иқрор шуд, ки академик Бобизода Ғ.М. роҳбарии кадом як сохторро ба ӯҳда гирад, ҳамавақт тамоми вазифаҳояшро бо нозукӣ иҷро намуда, ба иҷрои мақсадҳои гузоштааш комёб мегардад.
Осор:
1.«Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине».- Москва, Издательский дом «Русский врач», 2009.-228 с.;
2.«Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа» (учебно-методическое пособие). -Душанбе, 2009.-315с.;
3.Химия. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11.-Душанбе, ҶММ «XEROXLand», 2007.-240 с.;
4.«Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа» (учебное пособие).-Душанбе,ПК «Политкомп»,2006.-132с.;
5.«Антибактериальные свойства координационных соединений серебра и триптофана». Дар маҷ. «Химико-фармацевтический журнал», т.42, №11, 2008;.
6.«Получение и изучение состава координационных соединений серебра и триптофана». Дар маҷ. «Химико-фармацевтический журнал», т.42, №12, 2008;
7.«Изучение биологической активности природного и синтетических иммуностимуляторов». Дар маҷ. «Известия АН РТ.Отд-ние биологических и медицинских наук», № 1-2(140), 1999;
8.«Опыт применения тимогара при лечении осложненной сердечно-сосудистой патологии, сопровождающейся иммунозависимыми воспалительными заболеваниями». Дар маҷ. «Известия АН РТ. Отд-ние физико-математических, химических, геологических и технических наук», №4(133),2008;
9.«Антиаллергизирующие свойства натриевой соли изолейцил-триптофана». Дар маҷ.«ИзвестияАНРТ.Отд-ние физико-математических, химических и геологических наук», № 1(126), 2007;
10.«Экспериментальное изучение токсических свойств тимоцина». Дар маҷ.«Известия АН РТ. Отд-ние физико-математических, химических и геологических наук»,№1(126),2007,
11.«Разработка условий роматографического определения дипептида изолейцил-триптофан и его координационных соединений». Дар маҷ. «Фармация»,№7,2009;
12.«Тимоцин в терапии хронических диффузных заболеваний печени». Дар маҷ. «Проблемы гастроэнтерологии»,№1-2,2010;
13.«Механизм действия тимоцина». Дар маҷаллаи «Здравоохранение Таджикистана», №3,2010;
14.«Синтез потенциально иммуноактивных лизинсодержащих пептидов» Дар маҷ. «Доклады Академии наук Республики Таджикистан», Т.56, №6, 2013;
145.«Новая технологическая схема производства тимофера». Дар маҷ. «Доклады Академии наук Республики Таджикистан», Т.56, №11, 2013.
16.«Валидация методики количественного определения иммуномодулирующего препарата тимогар» [Текст]/ Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян// Вестник педагогического университета, № 2 (45).-С.126-130, соли 2012
17.Валидация методики количественного определения тимоцина[Текст]/ Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян// Вестник педагогического университета, № 2 (45).-С.130-134, соли 2012
18.Валидация метода количественного определения содержания железа в иммуномодулирующем препарате тимофер [Текст] / Б.М. Холназаров, М. Наботов, Бобиев Г.М., Н.Д. Бунятян [и др.] // Вестник педагогического университета, № 6 (49).-С.89-92, с.2012.
19.Иммунотерапия т-клеточного иммунодефицита препаратом тимоцин в сочетании с паллиативным лечением диссеминированного рака молочной железы/Мирзоева Д.С., Бобиев Г.М., Шахматов А.Н. Доклады Академии наук Р.Т., 2012,т.55.№10.с.838-841.
20.Коррекция т-клеточного иммунодефицита у онкологических больных с помощью иммуномодулирующего препарата тимоцин[Текст]/Мирзоева Д.С., Бобиев Г.М., Шахматов А.Н.//Доклады Академии наук Республики Таджикистан. 2012. Т. 5. № 11. С. 918-921.
21.Валидация спектрофотометрического метода определения количественного содержания тимофера [Текст]/ Б.М. Холназаров, М.Ш. Наботов, Г.М. Бобиев [и др.]//Доклады Академии наук Республики Таджикистан.-2013. -Т.56.-№ 1.-С. 54-59.
22.Выбор оптимальной технологии синтеза пептидов (Сравнительные исследования). 1.Синтез триптофансодержащих дипептидов [Текст] / Б.М. Холназаров, Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян [и др.]// Вестник педагогического университета.-2013.- №5(54).-С. 6-10.
23.Выбор оптимальной технологии синтеза пептидов (Сравнительные исследования).2.Конструирование оптимальной общей технологической схемы производства пептидов [Текст]/ Б.М. Холназаров, Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян [и др.]//Вестник педагогического университета.-2013.-№5(54).-С.10-13.
24.Новая технологическая схема производства тимофера[Текст]/Б.М.Холназаров,Г.М.Бобиев//Доклады Академии наук Республики Таджикистан.-2013.-Т.56, -№11.-С.898-902.
25.Разработка нового состава инъекционной лекарственной формы тимогара[Текст]/Б.М. Холназаров, Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян [и др.]//Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение физико-математических, химических, геологических и технических наук. -2013. —№ 3 (152). -С. 64-69.соли 2013
26.Development of an immunotropic drug based on coordination compounds of a synthetic low molecular weight thymus peptide with iron ions [Техт]/ Kholnazarov B.M., Bunyatyan N.D., G.M. Bobiev [et al.]// Pharmaceutical Chemistry Journal. Vol.48.-N9.-p.634-636.Соли 2014
27.Эффективность применения тимоцина при псориазе [Текст]/ КасымовО.И.,РаджабовФ.Ф.,ШахматовА.Н.,БобиевГ.М.//Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2014. № 1. С. 18-20
- Валидация методик количественного определения компонентов тимогара при совместном присутствии в растворе[Текст]Холназаров Б.М., Бобиев Г.М., Бунятян Н.Д., Меркулов В.А., Шахматов А.Н.Фармация. 2014. № 5. С. 13-16
29.Разработка иммунотропного лекарственного препарата на основе координационных соединений синтетического низкомолекулярного тимусного пептида с ионом железа. [Текст]/ Холназаров Б.М., Бунятян Н.Д., Г.М. Бобиев//. Химико- фармацевтический журнал. Том 48, № 9 с.54-56), соли 2014
30.Стандартизация нового состава тимогара[Текст]/Холназаров Б.М., Бобиев Г.М., Бунятян Н.Д. [и др.]// Фармация. 2014. № 4. С. 5-8.
31.Исследование координации иммуноактивных пептидов с ионами металлов как основы для разработки инновационных лекарственных препаратов[Текст]/Г.М. Бобиев, Бунятян Н.Д.// Фармация и фармакология.-№2.-С. 66-75.
32.Получение субстанции тимофера и ее количественное определение[Текст]/ Холназаров Б.М., Бунятян Н.Д., Г.М. Бобиев [и др.]// Химико-фармацевтический журнал.-Т.48, №11.- С.34-36.
33.Разработка нового иммуномодулирующего препарата тимофер[Текст]/ Холназаров Б.М.,Бунятян Н.Д., Г.М. Бобиев//Фармация. 2014. № 6. С. 6-8.
34.Разработка стандартного образца тимофера[Текст]/ Б.М. Холназаров, Г.М. Бобиев, Н.Д. Бунятян [и др.]// Фармация. 2014. № 8. С. 7-9.
35.Влияние тимоцина на показатели крови больных при комплексной терапии хронического простатита/ Одилов Б.Х., Джаборова Т.М., Бобиев Г.М., [и Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение физико- математических, химических, геологических и технических наук. 2014. № 2 (155). С. 77-81.
36.Исследование координации иммуноактивных пептидов с ионами металлов как основы для разработки инновационных лекарственных препаратов/Бунятян Н.Д., Бобиев Г.М.// Фармация и фармакология. 2014. № 2 (3). С. 66-75.36. Результаты применения тимофера при лечении анемии у детей[Текст]/ Файзуллаева М.М., Хафизов А., Г.М. Бобиев// Известия АН Республики Таджикистан.-2015. №1(189).-С.60-63.
37.Влияние иммуномодулятора «тимоцин» на уровень β-эндорфина у больных диссеминированным раком молочной железы[Текст] /Д.С.Мирзоева, З.Х. Хусейнов, Г.М. Бобиев [и др.]//Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение биологических и медицинских наук. 2015. № 3 (191). С. 90-94.
38.Современное состояние использования информационно-педагогических технологий в среднем профессиональном медицинском образовании Таджикистана Комилов Ф.С., Бобиев Г.М., Раджабов Б.Ф.//Вестник педагогического университета. 2015. № 5 (66). С. 73-78
39.Определение некоординированного серебра методом ионометрии/
Вахобова Р.У., Рачинская Г.Ф., Бобиев Г.М., .[и др.]//Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение физико-математических, химических, геологических и технических наук. 2015. № 2 (159). С. 68-73.
40.Влияние тимоцина на биохимические показатели крови кроликов при экспериментальном токсическом гепатите/Раджабов Ф.Ф., Шахматов А.Н., Бобиев .[и др.]//Вестник педагогического университета. 2015. № 2-1 (63). С. 38-41
41.Implementation of the teaching of mathematics in chemistry viii-ix class through solving problems with mathematical content/Makhmadaminov M., Bobiev G.M., Bandaev S.G.//В сборнике: Humanities and Social Sciences in Europe: Achievements and Perspectives 6th International symposium. 2015. С. 104-110.
Номгӯйи мақолаҳои нашршудаи Бобизода Ғ.М.
42.Определение серебра в координационных соединениях с изолейцином и триптофаном методом инверсионной вольтамперометрии Вахобова Р.У., Рачинская Г.Ф., Бобиев Г.М.[и др.].//Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение физико- математических, химических, геологических и технических наук. 2016. № 2 (163). С. 69-75
43.Выбор параметров стандартизации и разработка методик контроля качества координационного соединения дипептида изолейцил-триптофана с железом (II) [Текст]/ Бунятян Н.Д., Холназаров Б. М., Олефир Ю. В.// Химико-фармацевтический журнал.. – Т. 50.-№ 9.-С. 51-55.
44.Влияние тимофера на степень анемии при лечении диссеминированного рака молочной железы[Текст] /Зикиряходжаев А.Д., Мирзоева Д.С. Г.М. Бобиев// Вестник Таджикского национального университета.1/4(216)._С.172-175.
45.Сравнительное изучение влияния тимоарга и тимоцина на биохимические показатели крови кроликов при экспериментальном гепатите[Текст] / Раджабов Ф.Ф., Миразоров К.И., Юлдошев Х. Там же. –С. 265-268, соли 2016
46.Стандартизация пептидного препарата тимоцин[Текст]/Г.М. Бобизода, Н.Д. Бунятян, А.Н.Шахматов// Ведомости Научного центра экспертизы средств медицинского применения. -2016. —№ 1. С. 45-49.
47.Изучение комплексообразования триптофана и дипептида изолейцил-триптофан с ионом цинка методом рН-метрического титрования/ М.М. Файзуллаева,Г.М. Бобизода// Известия АН Республики Таджикистан.-2016. №4(195).-С.39-44.
48.Определение серебра в координационных соединениях с изолейцином и триптофаном методом инверсионной вольтамперометрии [Текст] /Р.У.Вахобова, Г.Ф.Рачинская, Г.М. Бобиев [и др.].//Известия Академии наук Республики Таджикистан. Отделение физико-математических, химических, геологических и технических наук. -2016. – № 2 (163). -С. 69-75.
49.Выбор параметров стандартизации и разработка методик контроля качества координационного соединения дипептида изолейцил-триптофана с железом (II) [Текст] / БунятянН.Д., ХолназаровБ.М.,ОлефирЮ.В., Бобизода Г.М.// Химико-фармацевтический журнал.-2016. -Т. 50.-№ 9.-С. 51-55.
50.Влияние тимофера на степень анемии при лечении диссеминированного рака молочной железы[Текст] / А.Д.Зикиряходжаев, Д.С.Мирзоева, Г.М. Бобиев// Вестник Таджикского национального университета.-2016.-1/4(216).-С.172-175.
51.Сравнительное изучение влияния тимоарга и тимоцина на биохимические показатели крови кроликов при экспериментальном гепатите[Текст] / Ф.Ф.Раджабов, К.И.Миразоров, Г.М. Бобизода, [и др.].Там же. –С. 265-268.
52.Стандартизация пептидного препарата тимоцин[Текст]/Г.М. Бобизода, Н.Д. Бунятян, .Н.Шахматов// Ведомости Научного центра экспертизы средств медицинского применения. -2016. —№ 1. С. 45-49.
53.Илми сулҳпазир ва ваҳдатофар [Матн]/Ғ.М.Бобизода//Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.-2016. № 1-2. -С.7-10.
54.Татбиқи қонун ва барномаи рушди забони давлатӣ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва серсохторҳои он [Матн] /С.Шербоев, Ғ.М.Бобизода// Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.-2016. № 3-4. -С.37-42.
55.Оформировании универсальных учебных действий при изучении темы «Электролиты и неэлектролиты» [Текст]/М. Джумаева, Г.М. Бобизода// Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.-2016. № 3-4. -С.59-62.
56.Пешвои миллат ва рушди мактабу маориф [Матн]/ Ғ. Бобизода// дар китоби Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат.-Душанбе: Маориф, 2016. -С. 193
Шарҳи мухтасари ҳоли академик Бобизода Ғулоқодир Муккамал
Таваллуд 17 марти соли 1960, д. Навободи Холмурод н. Ваҳдат, аз оилаи коргар.
Таҳсил: мактаби №43(1967-1977). Хатмкунандаи факултаи химияи УДТ(1977-83), ёвари калон, ходими хурди илмӣ, ходими калолни илмии УДТ(1983-1989), мудири озмоишгоҳи химияи ғайриорганикии фирмаи илмию таҳқиқотии «Хайём»(1989-91), мудири озмоишгоҳи химияи амалӣ ва галвонотехникаи фирмаи «Ховар» (1991-1992), мудири озмоишгоҳи биотехнология КМ «Тоҷик-Ҳинд»(1992), мудири кули ҶДММ «Занд» (1992-2001), мушовири илмии Маркази давлатии илмии экспертизаи доруҳо (2002-2005), декани факултаи химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (2005-2007), раиси Кумитаи фармокологии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасефтӣ (2007-2015).
Бобизода Ғ.М. аз соли 2015 Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (аз соли 2015) мебошад.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои биологӣ, доктори илмҳои фармасефтӣ
Номи пурраи рисолаи номзадӣ ва рисолаҳои докторӣ:
Рисолаи номзадӣ
«Синтез и структурно-функциональное исследование иммунноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина и бурсина», специальность «органическая химия», соли 1996
Рисолаҳои докторӣ
«Синтез и биологические свойства низкомелекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений, специальность «биохимия» и формокология», соли 2000
«Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка, специальность «формацевтическая химия, фармокогнозия», Москва, 2012
Унвонҳои илмӣ: Профессор, Москва, 2004, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, соли 2004, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 30 марти соли 2018.
Китоб ва дастурҳои методии чопшуда:
- Нишондодҳои методӣ доир ба кимиёи узвӣ.- Душанбе, 1997, -80 с.
- Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (дастури методӣ).-Душанбе, 2006, 132с.
- Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине.- М.,2009.- 228 с.
- Руководство по физических и физико-химических методам фармацевтического анализа ( дастури таълимӣ-методӣ).-Душанбе 2009, 315с.
- Китоби дарсии «Химия» барои синфи 11, Душанбе, 2011,229 с.
- Асосҳои кимиёвӣ ва биологии экология.- Душанбе. Ирфон, 2014- 240 с.
- «Химия» дастури методӣ (дар ҳаммуаллифӣ).-Душанбе.-2017, 172 с.
Мукофоту ҷоизаҳо:
Лауреати озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон». Душанбе соли 1999
Ҷоизадори медали тиллои Созмони байналмилалии моликияти интеллектуалӣ. Душанбе, соли 2000
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004
Аълочии тандурустии Тоҷикистон, соли 2009
Бобизода Ғ.М. феврали соли 2016 бо медали ҷашнии 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли феврал 2017 бо медали ҷашнии 20-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъоти академик Бобизода Ғ.М.
-самти нави илмӣ кашф шуд: ҳосил намудан ва омӯхтани хосияти аз назари биологӣ фаъоли пайвастаҳои координатсионии пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуният фаъол бо ионҳои биометаллҳо;
— таҳияи доруи танзимгари масуният тимогар;
— таҳияи доруи танзимгари тимофер;
— таҳияи доруи танзимгари тимотсин;
— «Способ получения иммуностимулирующего препарата ферунол». Патент Республики Таджикистан № TJ227, приоритет 24.04.1998
— «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимофер». Патент Республики Таджикистан № TJ255, приоритет 28.04.1998
— «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимоцин». Патент Республики Таджикистан № TJ282, приоритет 08.05.1998
— «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимогар и его состав». Патент Республики Таджикистан № TJ283, приоритет 23.10.1998
— «Способ лечения чесотки». Патент Республики Таджикистан № TJ299, приоритет 18.12.1998
— «Способ вакцинации птицы против колибактероза и стафилококкоза. Патент Республики Таджикистан № TJ 304, приоритет 16.01.1999
— «Способ стимуляции иммунитета у крупного рогатого скота при иммунизации против тейлериоза». Патент Республики Таджикистан № TJ 305, приоритет 25.06.1999
— «Способ лечения псариаза». Патент Республики Таджикистан №TJ 382, приоритет 27.01.1999
— «Способ получения тимопентина».Патент Республики Таджикистан № TJ 453, приоритет 19.10.2006
ЛУТФУЛЛОЗОДА Муҳаммад (таваллуд: 15.05.1935, д. Бошбулоқ (Рахшонзамин)-и ноҳияи Данғара, омӯзгор, донишманди маъруф ва ходими ҷамъиятӣ, доктори илмҳои педагогӣ (1990), профессор (1994), академики АТТ (2003). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008). Хатмкардаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1959). Муаллими мактаби миёна, ходими адабии маҷаллаи «Мактаби советӣ» (1961), ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, декани факултети педагогикаи Донишкадаи номбурда (1961–1978), мушовири вазири таълиму тарбия дар Афғонистон (1978–1984). Директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (1985-2002), аввалин президенти Академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон (ҳоло АТТ) (2002-2008).
Таҷрибаи бойи амалӣ ва кор дар вазифаҳои гуногуни масъули соҳаи маориф ба ӯ имкон дод, ки дар таҳияи муҳимтарин ҳуҷҷатҳои давлатии соҳаи маориф саҳмгузор бошад. Дар таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии таҳсилот”, “Консепсияи мактаби миллӣ”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Стандарти давлатии маълумот, Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ғ. саҳми арзанда дорад. Барои кишвари ҳамсояи Афғонистон оид ба мактабу маориф китобҳои дарсӣ ва дастурҳо ба табъ расонидааст. Номгӯи асарҳояш (бо ҳаммуаллифӣ) ба 62-то мерасад ва дар ин хусус аз ҷониби Сафорати давлати Советӣ дар Афғонистон тасдиқнома дорад. Муаллифи бештар аз 234 асари илмию таҳқиқотӣ, бештар аз 620 мақолаи илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 49 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намудааст. Тайи зиёда аз шаст соли фаъолияти омӯзгориаш садҳо шогирдонро ба камол расонидааст. Солҳои зиёд аъзои Шӯрои илмию методии назди Вазорати маорифи ИҶШС оид ба методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ фаъолият намудааст. Инчунин, аъзои ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Маърифат ва адаб”, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии масоили таълими синфҳои ибтидоӣ, раиси Шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ ва доктории ПИП (2000-2002) буданд. Дар семинару конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Москва, ҷумҳуриҳои Афғонистон, Покистон, Эрон, Маҷористон, Украина, Молдавия ва Эстония) иштирок ва суханронӣ намудааст. Хизматҳои бенуқсону бисёрсолаи устод Лутфуллозода бо нишони Корманди варзидаи мактаби олӣ ва миёнаи махсуси СССР (1976), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1980), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997). академики АТТ (2003). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2008) ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015 бо медали ҷашнии 10 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо медали ҷашнии 20 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017 бо медали ҷашнии 20 — солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст.
Аз 234 асари М. Лутфуллозода китобҳои “Инсон ва тарбия”, “Дидактикаи муосир”, “Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ”, “Педагогикаи миллии халқи тоҷик”, “Шарафномаи миллат”, “Фарзанд ҳадяи худованд”, “Дастури фаъолияти омӯзгор”, “Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маорифи навин”, “Лафзи ширин”(дар ҳаммуаллифӣ), “Маҷмӯаи имло дар синфҳои ибтидоӣ”, “Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ” (дар ҳаммуаллифӣ), “Тоҷикистон — Ватанам, ифтихорам”, “Педагогикаи башар”, “Тафсири Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (дар ҳаммуаллифӣ) бештар диққатро ҷалб мекунанд. Профессор С. Сабзаев асари калонҳаҷми устод “Инсон ва тарбия”-ро қомуси тарбия номида менависад, ки натиҷаи мушоҳидаҳои комилан эҷодкорона, мӯшокирона, диди ҷадиде ба рӯзгору зиндагӣ, ба ҷисмонии “Одам” аз ҷониби устод М. Лутфуллозода ба он боис гардидааст, ки тарбияро аз нуҳ қисмат ва чандин ормони дигар иборат доданд ва бо дарназардошти ин маҳсули чакидаҳои ҷадиди килки гуҳарбори хешро, ки “Инсон ва тарбия” унвонгузорӣ кардаанд, дар даҳ фасл фароҳам оваранд. Инсон офаридаи олии худованд бошад ҳам, аз лаҳзаи дар батни модар падид омадан то дами вопасини ҳаёт тарбиятпазир ва ниёзманди андарз шунидану зимни мундариҷаи онон зиндагӣ кардан аст. Он кас дар арсаи таърих мақому манзалату мартабаро сазовор шуда метавонад, ки шиори умри хеш ин фармудаҳои нахустпайғамбари олам Зардушти Спитамонро созад: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек. Зимнан иброз бояд дошт, ки муҳтавои рисолаи устод сар то бун тарғибу тавсияи татбиқи ин суханони бузургворона аст. Аз мундариҷаи рисолаи устоди гиромӣ бармеояд, ки воқеан Инсон ва тарбия тавъаманд, ҳамрикобу мӯнису ҳамдами азалию абадии ҳамдигаранд ва бидуни якдигар арзи вуҷуд карда наметавонанд. Асар ҷамъбасти ҳама афкори мардуми тоҷик, балки оммаи эронинажодон роҷеъ ба тарбияи инсон буда, қомусест, ки дар он кас ба кулли мушкилоту суолоти соҳаи тарбия посухи даркорӣ дарёфта метавонад, раҳнамоест, ки бояд ҳамсафари мудомии ҳар одам бошад, то ӯ аз он ба фарозу нишеби зиндагӣ, тазоду нобаробариҳою нобасомониҳои рӯзгор таҳаммул кардан ва дар ин ҷабҳа аз нотавонбинию нодидагирии зумрае аз афроди ҳасуду нушоди ҷомеа бурдборона дифоъ намуданро омӯзад.
“Инсон ва тарбия” дастури фаъолияти омӯзгорон, мураббиён, толибилмон, давлатдорону роҳбарон, сиёсатмадорон, кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг, тиб, хоса ҳар шахс, раҳнамои рӯзгору реҷаи фаъолияти ҳарлаҳзаинаю ҳарсоатаю ҳаррӯза, балки якумраи ҳар фарди равшанзамир аст.
Академик М. Лутфуллозода дар Афғонистон бобати ба роҳ мондани низоми нави таълиму тарбия, мураттаб намудани нақшаю барномаҳои таълим, оинномаи таҳсилоти умумӣ, низомномаи такмили ихтисоси муаллимон, ташкил ва гузаронидани курсу семинарҳо, омӯхтани таҷрибаи пешқадами мактабҳои Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, маҳви бесаводӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, бори аввал ҷорӣ намудани таълим бо забонҳои ӯзбекӣ, туркманӣ ва балучӣ ва навиштани Алифбо бо ин забонҳо хизмати босазое кардааст. Баъзе аз ин хизматҳо дар мақолаю очеркҳои муаллифони гуногун дарҷ ёфтанд. Масалан, устод Соҳиб Табаров менависанд: Вазорати таълиму тарбияи РДА “Алифбо”-ро ба забони дарӣ ҳамчун солрӯзи Инқилоби давронсози Савр аз чоп баровард, ки он натиҷаю маҳсули ҳамкории маорифпарвар ва олим, педагог ва шоири даризабони Афғонистон Абдуғафур Раҳим ва муаллиму олими тоҷик Маҳмадуллои Лутф ба шумор меравад. Руҷӯи таърихӣ: Дар солҳои бистум ва оғози солҳои сиюм қисме аз китобҳои таълимии мактабҳои тоҷикӣ, дар Тоҷикистон бо қалами Саидризо Ализода, Манофзода барин бисёр зиёиёни пешқадами эронӣ, турк ва дигар халқҳо навишта шуда буданд. Пас аз ташкили РАСС Тоҷикистон яке аз аввалин комиссарони халқии маорифи Тоҷикистон, муҳоҷири сиёсӣ аз Пешовар ба воситаи Кобул дар соли 1920 ба Тошкент омад ва ба инқилобчиёни Ҳиндустон аз он ҷумла бо Муҳандра Протап (қаҳрамони марказии достони М.Турсунзода “Аз ганг то Кремл”) ҳамроҳ шуд ва ҳамкорӣ намуд. Чунин аст решаҳои таърихӣ ва оғози интернатсионализми пролетарӣ дар байни халқҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар амал. Акнун, имрӯзҳо тоҷикон ёрии беғаразонаи худро баҳри саросар босавод намудани ҳамаи халқҳои Афғонистон қарзи бародаронаи худ меҳисобанд.
Китоби дарсии “Алифбо”-и А. Раҳим ва М. Лутф дар асоси талаботи илми педагогикаи пешқадами ҳозиразамони олам, мувофиқи қонун ва принсипҳои фонетика, фонема ва грамматикаи забони дарӣ навишта шудааст. Алифбо бо забони дарӣ дар Афғонистон, ояндаи калон дорад. Дар ин рӯзу моҳҳо ва дар солҳои минбаъда даҳҳо ҳазор фарзандони ҳамаи синфу табақаҳо аз он на танҳо хату саводро меомӯзанд, балки алифбои инсону инсондӯстӣ, меҳнату ҳунар, тарбияву ахлоқ, сулҳу ватанпарварӣ ва амсоли онҳоро аз худ мекунанд.“Алифбо” сароғози инқилоби маданӣ дар РДА ба шумор меравад. Онро дар роҳи оянда ба вуҷуд овардани даҳҳо китобҳои дарсӣ оид ба ҳамаи соҳаҳои илму фан барои мактабҳои миёна, омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои олии Афғонистон роҳбалади аввалин шуморем, хато нахоҳад шуд. Боварии комил дорем, ки чӣ тавре ки дар соли 1981 халқи тоҷик 50 — солагии “Алифбои”-и худро қайд намуд, дар соли 2030 даризабонони Афғонистон 50-солагии табъи якумин “Алифбо”-и худро низ ҷашн хоҳанд гирифт. Муаллиф Лев Пичурин дар мақолааш “Киштиҳои доктор Лутф”(“Учительская газета, 1. июли 1982”) менависанд:Одамони асил зуд ба чашм намерасанд. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолашонро донистану дар бораи ҳодисаи рӯзгорашон шунидан аз худи онҳо кори қариб ношуниданист. Ҳеҷ чиз набуд, кор буд. Одамони нағз буданд, ана ин аст ҷавоби онҳое, ки ҷузъиёташро ҳаргиз фаҳмидан мумкин нест. Ва фақат тасодуфан мефаҳмӣ, ки дӯш ба дӯши ту одами ғайриоддие кор мекунад. Қариб ним сол ман ҳамроҳи Муҳаммад Лутфуллозода Мушовири Вазорати маорифи Республикаи Демократии Афғонистон кор кардам ва фақат пеш аз сафараш фаҳмидам, чӣ гуна шахс аст…Майдони ҳавоии байналхалқии Кобул ҳамеша серодам аст, аммо рӯзҳои чоршанбе ҷунбуҷӯл бештар мешавад. Аз Москва тайёраи Аэрофлот меояд…Аз ҳама бештар одамон дар атрофи М. Лутфуллозода гирд омаданд – кормандони вазорат, қариб тамоми коллективи Институти марказии такмили ихтисоси директорони мактаб, муаллимон, мутахассисони шӯравӣ, ки дар системаи маориф кор мекунанд. “Боз меҳмони мо шавед, дар ёд дошта бошед. Муаллим, ки дар Афғонистон ҳама дарҳо ва дилҳо ба рӯи шумо бозанд”, — ин сухани вазири маориф доктор Ф.М. Яъқубӣ фақат аз рӯи лутфу марҳамат нест; афғонҳо мардуме ҳастанд, ки ҳиссиёти худро пинҳон карда метавонанд, вале имрӯз ман дар чашми бисёр касон ашк мебинам. Барои чӣ ӯро тамоми Афғонистон медонанд? Барои чӣ ӯро ин қадар эҳтиром мекунанд ва дӯст медоранд? Барои чӣ қариб ҳеҷ кас ӯро ном намегирад, балки ҳама Муаллим мегӯянду ин калимаро бо эҳтиром ба забон меоранд ва ба гирифтани номи шарафманди муаллимӣ фақат ин марди шармгини хуштабассум хуқуқ дорад?Садоқат ба кор, хоксорӣ барин фазилатҳоро дар ҳама ҷо эҳтиром мекунанд, вале дар ин ҷо нисбат ба дигар мамлакатҳо бештар. Маҳз ҳамин фазилатҳо Муаллимро обрӯманд ва номашро вирди забони хосу ом кардаанд…
Аз накӯкориҳое, ки Муаллим дар арзи чаҳор сол дар Афғонистон кард, флотилияи томе метавон барпо кард. Ҳазорҳо омӯзгорони Афғонистон ӯро устоди хеш медонанд ва аз рӯи методи ӯ дарс медиҳанд. Дар рӯи муқоваи даҳҳо китоб исми доктор Лутф (ҳамчун муаллиф ё муҳаррир) навишта шудааст. Садҳо ҳазор бачаҳову калонсолон аз алифбои ӯ сабақ мегиранд. Дар паҳнои Афғонистон “киштиҳо”-и доктор Лутф дар шиноянд. Онҳоро бӯи мурод сӯи равшаниву нур раҳнамун аст.Узви вобастаи АТТ Саидамир Аминов, ки бештар аз даҳ сол бо академик М. Лутфуллозода ҳамкор ва дӯсти наздиканд, хислатҳои накӯи устодро чунин навишта кардаанд: Дарсҳои устод М. Лутфуллозода замзамаи муҳаббат буда, шогирдони гурезпоро низ сӯи худ мекашанд. Зеро М. Лутфуллозода аз зумраи олиму муаллимонеанд, ки ба тамоми хислатҳои неки инсонӣ соҳибанд. Бар иловаи ин, аз тамоми шеваҳои навини таълим бархӯрдор буда, тадрисро бар асоси ҷустуҷӯйҳои илмӣ анҷом медиҳанд. Устод М. Лутфуллозода дарсро, яъне мавзӯъро бо вуҷуди он ки мушкил аст, чунон сода ташреҳ мекунанд, ки матлабро сомеъ ба хубӣ дарк менамояд.Ҳини шарҳу маънидоди ягон масъала ва тадриси мавзӯъ аз асли матлаб дур намешаванд. Дар аснои суханронӣ ҳамеша доираи дониш ва истеъдоди сомеон мадди назари М. Лутфуллозода аст. Баёни гарму ҷӯшон, посугӯии самимона ба саволот ва босабру ҳавсалагӣ зоҳир кардан дар шунидан диққати толибони илмро чун оҳанрубо ба худ ҷазб менамоянд. Аз баски таълифоти устод М. Лутфуллозода бисёр судманд ва хонданӣ аст, зуд мавриди истифода қарор мегиранд. Дар таълифу пешкаши умум гардонидани ақидаю афкорашон М. Лутфуллозода ҳеҷ гоҳ ба саросемагӣ роҳ намедиҳанд. Дар ин кор бар асоси мақоли “сад бор андоза гиру як бор бибур” амал мекунанд.Ҳангоми интиқод ба коре ва ё аз корашон ба эҳсосот дода намешаванд. Бисёр оромона ва бидуни тағйири чеҳра масъаларо ба миён мегузоранду ба баҳс мепардозанд. Агар аз мусоҳиб дар баҳс тундмизоҷие руҳ диҳад, М. Лутфуллозода фаврӣ домони баҳсро қатъ менамоянд, зеро ба сахту сардгӯӣ ва бе далел ҳарф задан одат накардаанд.Устод шахсеанд бисёр рознигоҳдор. Сирру асрори касеро бар касе ба ҳеҷ ваҷҳ нагуфтаанд ва намегӯянд. Ҳамеша аз ин кор парҳез карда бар муаллимони ҷавон чунин таъкид мекунанд: “Бузургтарин шикаст барои ҳар як муаллим он аст, ки баъзе масоили зиндагии шогирдро донаду онро барои тамасхур истифода намояд. Агар муаллиме ба ин амали нораво даст занад, зарбае хоҳад буд барои шогирд, ки авфнопазиру беҷуброн. Муаллимӣ дар ин тоифа суқут бояд бикунад”.Устод Лутфуллозода дар таҳқиқ тақлидро намеписанданд ва дорои шеваи хоси таҳқиқанд. Ақидаҳои беҳтарини дигаронро меписанданд, онро ба таҳлил кашида мабнои он фикри хешро риоя менамоянд.
Адабиёт: Боронов Б., Равшангари омӯзиш ва парвариш (бахшида ба 70- солагии аввалин президенти АИП), Душанбе, 2005; Афғонов М., Роль педагогических идей академика М. Лутфуллозода в модернизации национальной школы, монография, Душанбе, Ирфон, 2011; Мирзоева А., Дарёи илму дониш (оид ба олими пуркор Муҳаммад Лутфуллозода) // омӯзгор № 6 — Душанбе, 2010. — 5- уми феврал.
Осор: Алифбо (Кобул, 1980); Забони модарӣ дар синфи 1 (Кобул, 1980); Методикаи таълими Алифбо (Кобул, 1980); Методикаи таълими забони дарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Кобул, 1982); Асосҳои омӯзиш (ба забонҳои дарӣ ва пушту, Кобул, 1982); Алифбо барои калонсолон (Кобул, 1982); Ҷумлаҳои сода дар забони дарӣ (Кобул, 1982); Дастури забони дарӣ (Синтаксис) (Кобул, 1982). Инчунин, китобҳои Забони модарӣ дар синфи 1 (Душанбе, 1972); Забони модарӣ барои синфи 2 (Душанбе, 1972); Забони модарӣ барои синфи 3 (Душанбе, 1973); Алифбо (Душанбе, 1980); Субҳи дониш (Душанбе, 1983); Дастурамал оид ба таълими Субҳи дониш (Душанбе, 1983); Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ (Душанбе, 1985); Забони модарӣ барои синфи 4; Таълим дар синфи 1 (Душанбе, 1992); Педагогикаи шафқат (Душанбе, 1994); Дарс (Душанбе, 1995); Эҳёи педагогикаи Аҷам (Душанбе, 1997); Дидактикаи муосир (Душанбе, 2001); Асосҳои таълими ибтидоии забони модарӣ (2007); Лафзи ширин (дар ҳаммуаллифӣ); Тафсири Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (дар ҳаммуаллифӣ), Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин (Душанбе, 2006); Оғози қиссаи тарбия (Душанбе, 2007); Педагогикаи башар (Душанбе, 2008); Арӯси Имом Ҳусайн (Душанбе, 2010); Забон ва масъалаҳои таълимӣ (Душанбе, 2011); Андешаи миллӣ ва тарбияи он. Педагогикаи миллии халқ тоҷик, Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ (воситаи таълимӣ, Душанбе, 2012), Фарзанд ҳадяи Худованд, китоби 1 ва 2 (Душанбе, 2014), Асосҳои таҳқиқоти илмӣ (Душанбе, 2014), Мавлоно Ҷомӣ – рамзи хоксорӣ ва дастархондории тоҷикон (Душанбе, 2014), Педагогика /Барномаи таълимӣ барои ихтисосҳои омӯзгории таҳсилоти кредитӣ ва ғ.
ШАРИФЗОДА Файзулло 18.08.1940 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи ҳозира Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Шарифзода Файзулло педагоги маъруфи тоҷик, доктори илмҳои педагогӣ (1998), профессор (2000), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2003), узви пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2004), ноиби Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2006–2009), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002) маҳсуб меёбад.Соли 2016 бо медали ҷашнии 20 — солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Шарифзода Файзулло хатмкардаи факултети таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнии имрӯза (1964) мебошад. Солҳои 1958–1965 дар вазифаҳои муаллими мактаби миёнаи № 81-и ноҳияи ҳозира Рӯдакӣ, 1965–1967 методисти Кабинети методии ҷумҳуриявии Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1967–1973 муовини директори Кабинети методии ҷумҳуриявӣ, 1973–1976 аспирант, 1976–1984 ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Садриддин Айнии имрӯза фаъолият кардааст. Солҳои 1984 – 1987 ба ҳайси котиби дуюми сафорати ИҶШС дар Ҷумҳурии демократии Афғонистон, 1987 – 2000 дотсент, профессори кафедраи педагогикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, солҳои 2000-2002 корманди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ ва муаллими литсейи “Некӣ”–и Донишгоҳи славянии Руссия ва Тоҷикистон иҷрои вазифа кардааст.
Аз соли 2003 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи илм ва инноватсия кор мекунад. Академик Файзулло Шарифзода силсилаи монография ва китобҳо амсоли Таълими муштарак – асоси инкишоф ва тарбия (1995), Таълими лексика дар синфи 2 (1982); Дарсҳои забони модарӣ дар синфи 4 (дастур барои муаллимон) (1990); Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна (1997), Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо (қисми 1, 1999), Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо (қисми 2, 2000), Очеркҳои афкори педагогӣ (ҳаммуаллиф) (2005); Актуальные проблемы современной педагогики (2 қисм) (2009), (2010); Ҳакими маърифат (2009); Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ (2010); Учитель творец добра и прогресса (ҳаммуаллиф) (2011); Педагогикаи ҳамгиро (2011); Ҳикмати афкори педагогии ниёгон (2012); Педагогикаи қарни ХХI (бо ҳуруфоти арабӣ), Теҳрон (2012); Педагогикаи умумӣ ва касбӣ (2013); Педагогикаи ибтикорӣ (2013); Методикаи таълими забони модарӣ дар синфи 2 (2014) — ро ба табъ расондааст.
Дар таълифи китобҳои дарсии Алифбо, Забони модарӣ (барои синфи 4) (1989-2012),Одобнома (барои синфҳои 5-6) (1995) Педагогика ва барномаи таълими он (2008), Забони модарӣ барои синфи 2 (2012) ҳаммуаллифӣ кардааст. 45 нафар аспирант ва унвонҷӯён зери роҳбарии ӯ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд. Нақши академик Файзулло Шарифзода дар рушду нумӯи педагогикаи муосири тоҷик ва эҳёи анъанаҳои деринаи педагогикаи халқи тоҷик хеле серсоҳа ва густурда мебошад. Маҳз бо кӯшиш ва пажӯҳишҳои асосноки академик Файзулло Шарифзода таълими ҳамгиро дар синфҳои ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Дар ин ҷода асарҳои гаронарзиши олим ба табъ расидаанд, ки мавриди истифодаи кормандони соҳаи мактабу маорифи кишвар қарор доранд. Ба ин асос дар саҳифаҳои таърихи мактаб, маориф ва педагогикаи муосири тоҷик академик Файзулло Шарифзода ҳамчун асосгузори таълими ҳамгиро дар Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Дар раванди рушду такомули илму фарҳангу маънавияти тоҷик нафароне ҳастанд, ки дар радиову телевизион ва минбарҳои умумии таблиғотие, ки ҳамарӯза пешорӯямон қарор доранд, хеле кампайдоянд. Онҳо ҳамчунон, ки шоиставу хоси ҳар инсони бошарофат аст, ҳамеша дар сари дастгоҳи коранд ва дар андешаву хиёлашон ба ҷуз хидмати асливу воқеӣ ба нафъи миллату сарзамин — ҳамон гуна хидмате, ки фарзанди солеҳ барои модари худ бояд бикунад — чизи дигаре намегунҷад ва ғайр аз ин ҳадаф марому маслаке надоранд. Баъзе соҳибназарон аҳли илму хирадро ба занбӯри асал мушобеҳ медонанд, ки аз гул ба гул гаштану шира ҷамъ карданаш на барои худ, балки барои дигарон аст. Талошу заҳмати мудовими аҳли илм низ бештар баҳри адои рисолати муқаддасе, ки бо амри сарнавишт ба уҳдаи эшон вогузор гардида — ҳидояту роҳнамоии аҳли ҷомеа ба ҷодаи рӯшани хираду маърифат ва ҳақиқату адолат — сарф мешавад. Нигоҳе гузарон ба зиндагинома, шахсият ва осору афкори доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви пайваста (академик)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода ба таври возеҳу рӯшан собит месозад, ки ӯ низ аз зумраи ҳамин гуна афроди хуштолеъ буда, умри азизу хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ ва таҳқиқу пажӯҳиш дар соҳаи педагогика намудааст.
Шарҳи ҳол
Дар нимаи дуюми моҳи августи соли 1940 дар деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Ленин (алъон ноҳияи Рӯдакӣ) дар хонаводаи деҳқони хокпоши камбағал Шариф бо файзу инояти Илоҳӣ тифли маъсуме чашм ба олами ҳастӣ кушод ва шодиву нишоти аҳли ин даргоҳро интиҳое набуд. Бо шукргузорӣ аз ин лутфи сарнавишт ба он умед тифли навзодро Файзулло номиданд, то ҳамвора дар манзилашон бо зикри ин ном файзу карам, раҳмату шафоату мағфирати Яздони пок ҷорӣ бишавад ва аҳли хонадон ва бахусус, ин тифли фаррухпайро дар паноҳи худ нигоҳ дорад. Баъди як сол Ҷанги Дуввуми Ҷаҳон оғоз ёфт ва айёми кӯдакии Файзуллову ҳамсолонаш ба ҳамин давраи душвору тақдирсози мардуми собиқ Иттиҳоди шӯравӣ рост омад.
Чун садҳо ҳазор фарзандони содиқи Ватан Шарифи ҷавонмардро низ ба майдони набард сафарбар намуданд ва ӯ дар арсаи корзор бо душман ҷоми шаҳодат нӯшид. Ҳамин тавр Файзулло аз дидани рӯи гарми падар ва навозишҳои ӯ барои ҳамеша ҷудо шуд ва шояд онро дар ёд ҳам надошта бошад. Чун дар айёми тифлӣ, ба қавли Шайх Саъдӣ, «аз сар бирафташ падар», кашидани бори пурмашаққати рӯзгори ятимӣ ба зиммааш вогузор шуд. Вале модар ҳаргиз намегузошт, ки писаракаш дар назди ҳамсолон тангдастиву бепадариро ҳис намояд ва мекӯшид вобаста ба вазъи давру замон барояш шароити лозимро баҳри такомули бемайлони ҷисму рӯҳ ва омӯзишу парвариш муҳайё созад. Замони наврасии Файзулло ба солҳои барқароркунии оқибатҳои он ҷанги, ба таъбири устод Лоҳутӣ, дар таърих «беҳамто ва хунину бераҳмона», рост омад. Новобаста ба ҳама душвориҳои ондавраина давлати шӯравӣ ба таълиму тарбияи насли ҷавон аҳамияти хосса медод, муаллимон бо нерӯву ғайрати беандоза баҳри саводнокии толибилмон мекӯшиданд. Файзулло низ ба мактаби миёнаи №81-и ноҳияи Ленин рафт ва ба омӯхтани дониш шавқу завқу беандоза зоҳир намуда, дар андак муддат дар сафи аълохонҳо ҷой гирифт. Ба қавли яке аз муаллимони ӯ дар мактаб Раҳматулло Саидов, «маъмулан муаллимон ҳар гоҳ бо шогирдон дар хусуси одобу интизом сӯҳбат намоянд, мақоли «Одоб ҳусни инсон аст»-ро ба ёд меоранд, вале ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини дарсхонии Файзулло муаллимон ба хубӣ эҳсос намуданд, ки ин ҷавон на танҳо чеҳра ва қаду қомати зебо, балки рафтору гуфтор ва муносибату муомилаи шоиста дорад. Ба осонӣ пай бурдан мумкин буд, ки дар симои ӯ ҳусни зоҳирию ботинӣ ба ҳам омезиш ёфта, наққоши азал тамоми некӯию зебоиро ба ин ҷавон бахшидааст.Тозагиву озодагӣ, ақлу фаросат ва илова бар он дониши хубу сӯҳбати боодобонаи ин ҷавони зебо, ки тарзи гуфтораш аз сӯҳбати лаҳҷавӣ ва баъзан кӯчагии баъзеҳо фарқ дошт, ӯро аз байни талабагон ҷудо месохт».
Чун дар он солҳо дар мактабҳо муаллимон намерасиданд, соли 1958 баъди хатми мактаби миёна Файзуллои ҷавонро масъулини маорифи ноҳия бо назардошти савияи донишу маърифат ва интизоми намунавиаш дар ҳамин таълимгоҳ аввал ба сифати сарпешоҳанг ва пасон муаллими синфҳои ибтидоӣ ба кор қабул карданд. Бо оғози кори ӯ дар мактаб ҳаёти коллективи муаллимон ва шогирдони мактаб ҷилои тоза ёфт. Бо ташаббуси Файзулло дар мактаб маҳфили дӯстдорони шеъру адаб бештар равнақ гирифт. Шогирдон ба омӯзиши каломи бадеъ ва хондани осори ниёгону адибони муосир шавқу рағбати бештар пайдо карданд. Маҳфилу ҷамъомадҳои хонандагон ҷолибу шавқовар мегузаштанд. Иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ обрӯю эътибори ин ҷавони накӯкорро дар байни муаллимони мактабҳои ноҳия афзуд.
Ҳамзамон бо фаъолияти педагогӣ ин ҷавонмарди ташнаи дониш солҳои 1959-1964 дар шуъбаи шабонаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко таҳсили илм намуда, соҳиби ихтисоси муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёна гардид. Соли 1964 ҳайати нозирони кабинети илмию методии Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маориф фаъолияти ҳайати педагогии мактаби №81-и ноҳияи Ленинро санҷида, ба ҷаҳду талошҳои муаллими ҷавон Файзулло Шарифзода (он вақт Шарифов) дар ҷодаи таълиму тарбияи шогирдон баҳои баланд доданд ва ӯро ба ҳамкорӣ даъват намуданд. Ҳамин тавр, ӯ соли 1965 ба ҳайси мушовири ин даргоҳи илмию методӣ ба кор омад. Вазири вақти маориф Рустамбек Юсуфбеков баъди шиносоӣ бо ҳолномаи Файзулло дар аввалин вохӯриашон ҳангоми ба кор қабул кардан дар симои ин ҷавони хушсимову босалобат ояндаи некӯро ба мушоҳида гирифта, барояш маслиҳати падарона дод: -Бо коллектив аҳл бошед, бо маслиҳат кор кунед. Ҳар чизеро, ки нафаҳмидед, аз мудири кабинети илмӣ-методӣ, нашавад аз сардори Идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ва агар зарур бошад, аз ман омада пурсед. Ҳаргиз шарм накунед. Шумо методисти кабинети илмӣ-методии вазорат мебошед ва кори мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ҷумҳуриро, ки дар онҳо муаллимони унвони илмидор ва таҷрибаи зиёди коридошта кор мекунанд, месанҷед, баҳо медиҳед. Хоҳед, ки ба ҳамин қабил одамон маслиҳате дода тавонед, бисёртар мутолиа кунед, омӯзед, бештар адабиёти илмию методиро хонед.Дар давраи тайёрӣ ба Анҷумани V-уми муаллимони ҷумҳурӣ кумитаи тадорукот таъсис ёфт ва ба ҳайати он Файзулло Шарифзодаро низ шомил намуданд. Бо пешниҳоди вазир Р.Юсуфбеков маърӯзаи асосӣ бояд ба забони тоҷикӣ таҳия мегардид. Баъди таълифи маърӯзаи мазкур таҳрири охирини онро ба уҳдаи Файзулло вогузор карданд. Маърӯзаи вазир дар анҷуман аз ҷиҳати мундариҷаву ғоя, забон ва услуби баён баҳои баланд гирифт.Соли 1967 ба Файзулло иҷрои вазифаи нав — муовини директори Кабинети методии ҷумҳуриявиро пешниҳод намуданд ва ин бор ҳам вазири маориф Р.Юсуфбеков, ки марди хайрхоҳу закӣ ва дурандешу бомулоҳиза буд, ӯро ба назди худ хонду гуфт: -Файзуллоҷон! Фармонро имзо гузоштам. Ту аз ҳамин рӯз муовини директори Кабинети методии ҷумҳуриявӣ ҳастӣ. Дар ин вазифа ман аз ту як чизро талаб дорам: дар муносибат бо кормандон ҳамеша боадолат бош, серталабӣ нисбат ба худ ва методистон шарти муҳими роҳбарист: супоришҳоро дар вақташ иҷро мекунӣ ва ҳамин тартибро дар коллектив нигоҳ медорӣ. Масъулиятшинос бош, ба бемасъулиятии дигарон низ роҳ мадеҳ.
Баъдтар, аниқтараш, соли 1972 вазири маориф Р. Юсуфбеков зимни суҳбат ба Ф.Шарифзода пешниҳод намуд, ки дар баробари анҷоми корҳои рӯзмарра ба кори илмӣ низ машғул бишавад. Худи Файзулло низ кайҳо дар дил ҳамин орзуро мепарварид, вале ба кӣ ва чӣ гуна муроҷиат карданашро намедонист. Бо тавсияи Р. Юсуфбеков барои роҳнаварди ҷодаи илм дар аспирантураи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко, кафедраи таълими ибтидоӣ як ҷой ҷудо гардид ва ҳамин тавр аз соли 1973 сарнавишти Ф. Шарифзода бо илму амал пайванди ногусастанӣ ёфт. Роҳбарии илмиашро номзади илмҳои педагогӣ Маҳмадулло Лутфуллозода ба уҳда гирифт ва мавзӯи пажӯҳиш ҳам муайян гардид: «Оптималигардонии таълими лексика ва нақши он дар инкишофи нутқи мактабиёни синфҳои I-II». Баъди хатми аспирантура Ф. Шарифов тайи солҳои 1976-1984 ба ҳайси муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи умумии Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе фаъолият намуд. Муҳаққиқи ҷавон кори илмиашро ҳанӯз дар давраи таҳсил дар аспирантура (1973-1976) ба поён расонд, вале ба хотири такмили ҷузъиёти он ва баъзе мушкилоти коргузорӣ ҳимояи он андаке дертар, дар соли 1980 дар шаҳри Маскав сурат гирифт.Тайи солҳои 2002-2003 Файзулло Шарифзода мудирии лабораторияи мактабҳои олии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогиро ба уҳда дошт. Соли 2002 чун Академияи илмҳои педагогӣ таъсис ёфт, ӯро мудири шуъбаи дидактика ва баъдан моҳи августи соли 2006 ноиби Президенти ҳамин академия интихоб намуданд. Ҳамакнун ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи илми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон машғули фаъолияти илмию таҳқиқӣ мебошад.
Соли 1995 рисолаи «Таълими муштарак — асоси инкишоф ва тарбия»-и эшон чоп шуд ва ҳадафи аслии он ба талаботи давру замон ва дархосту ниёзҳои ҷомеа мутобиқу ҳамоҳанг намудани таълими каломи модарӣ буд. Ба қавли муаллиф, вазифаи дарсҳои забону хониш ва ҳусни хату машқи хат дар синфҳои ибтидоӣ якест. Ҳадафи асосии ин дарсҳо аз он иборат аст, ки хонандагон бояд беғалат хонда ва навишта тавонанд. Аҳамияти таълими муштарак аз он иборат аст, ки хонандагонро аз якрангии фаъолият дар синф раҳоӣ бахшида, онҳоро ба омӯхтани луғату беғалат навиштан, хуб қироат кардану имлоро риоя намуда, маълумоти назарӣ оид ба грамматика гирифтан ҳидоят мекунад. Дар ҷодаи илм низ мутаассифона, нафароне ҳастанд, ки сахт ба ақидаи худ пойбанданд ва эшон мулоҳизаву эрод ва пешниҳоди каси дигарро, ҳатто агар ҳаққониву бомаврид ҳам бошад, қабул надоранд. Вале ин хислат барои донишманди воқеӣ Файзулло Шарифзода билкулл бегона аст. Ў ҳар мулоҳизаи ҳамкоронро роҷеъ ба таълифоташ бо тааммулу шикебоии ба худ хосу зебанда меомӯзад, аввалан хушнуд мешавад, ки самараи қаламу андешаашро нафаре хондаву дар хусуси он ибрози назар намудааст. Баъдан пешниҳоди муқарризон агар дурусту бомавқеъ ва ба манфиати кор бошад, чаро бояд онро напазирад? Аз ин рӯ, Файзулло Шарифзода бо пешниҳоди дӯстони сухансанҷи худ, алалхусус, М.Лутфуллозода, Ш.Имомов, С.Аминов ва дигарон ба ҷои мафҳуми «таълими муштарак» ифодаи «таълими ҳамгиро»-ро пазируфт ва минбаъд дар таълифоташ ин мафҳумро истифода бурд ва ҳамакнун дар илми педагогикаи муосири тоҷик ба ҳайси бунёдгузор ва нахустин пажӯҳишгари таълими ҳамгиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст.
Пажӯҳишгари амиқназар соли 1997 дар мавзӯи «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар мактаби миёна» рисолаи илмиашро сарбаландона ҳимоя намуда, сазовори унвони баланди доктори илми педагогика гардид. Минбаъд дар асоси ин рисола асарҳои бунёдиаш «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳалаи ибтидоии мактаби миёна»(1997)ва «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо» (иборат аз ду қисм, солҳои 1999-2000) таълиф ва чоп шуданд, ки дар таҳқиқи назарияи таълими ҳамгиро аз иқдомоти аввалин мебошанд.
Мактабшиноси варзида Маҳмадулло Лутфуллозода бар ин назар аст, ки гузориши ҷиддии масъалаи таълими ҳамгиро ва зарурати таҳқиқ ва ҳалли он ба номи Файзулло Шарифзода марбут аст. Дар таҳқиқи ӯ чор паҳлӯ ё самти таълими ҳамгиро баррасӣ шудааст: 1) ҳамгироии мазмуни маълумот; 2) ҳамгироии усулҳои таълими ҳамгиро; 3) муносибати ҳамгиро; 4) ҳамгироии таълиму тарбия ва нақши онҳо дар рушди мактабиён. Ҳар яке аз ин паҳлӯҳо таҳқиқест алоҳида ва суханест тоза. Файзулло Шарифзода таҳқиқи худро дар мисоли як фан — забони модарӣ анҷом дода, таъкид мекунад, ки таълими ҳамгиро «дар ҷаҳонбинии насли наврас доир ба табиату ҷамъият» тасаввуроти тому яклухт ва ба ҳам алоқаманд» ҳосил менамояд. Ин чунин маъно дорад, ки қатъи назар аз робита ва бо ҳам қарин буданашон ҳамгироӣ ҳамсафари доимии ҳамаи фанҳои таълимист.
Маҳаки ҳамгироии забон ва хониш (дар синфҳои ибтидоӣ имло ва хониш) инкишофи нутқ аст. Тамоми фаъолияти таълимии муаллиму талабаҳо дар раванди омӯзиш ва фориғ аз он доир ба забону адабиёт ба ҳамин мақсад — инкишофи нутқ равона карда мешавад. Моҳияти асарҳои Файзулло Шарифзода ҳам аз ҳамин иборат аст, ки маводи хонишро ба имло ва баръакс имлоро бо хониш бисозем ва ҳамгиро намоем, то ки нутқи мактабиён инкишоф ёбад. Инкишофи нутқ маҳакест, ки на танҳо фанни забони модарӣ, инчунин тамоми фанҳои таълимиро дар синфҳои ибтидои ҳамгиро месозад. Бинобар он муҳаққиқ пешниҳод менамояд, ки таълими ҳамгироии фанҳои дигар низ ба миён гузошта шавад. Моҳияти дарсҳои ҳамгиро аз он иборат аст, ки ин қисмҳо ҳамчун дарсҳои пештараи муқаррарӣ алоҳида-алоҳида сурат намегиранд, балки дар шакли ҳамгиро мегузаранд. Ин дарсҳоро метавон хониш — имло — грамматика ва имло — грамматика — хониш ва инкишофи нутқ номид. Ин чӣ маъно дорад? Маънояш он аст, ки вобаста ба мақсаду вазифаҳои дидактикии дарс баъзан имло ба ҷои аввал мебарояд.Бисёр мушоҳида мекунем, ки баъзе намояндагони доираҳои расмии илм баъди ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ мисли ин ки қуллаеро фатҳ намуда бошанду рисолаташонро дар назди миллат ва ҷомеа анҷом дода бошанд, ба танаффуси эҷодӣ мебароянд ва дигар аз пайи ковишу ҷустуҷӯйҳои илмӣ намешаванд. Вале Файзулло Шарифзода, ҳамчунон ки аз рисолати олими ростин бармеояд, баъди ҳимояи рисолаи докторӣ ба таҳқиқи масъалаҳои ҷиддии соҳаи омӯзишу парвариш даст зад ва боиси хушнудист, ки туфайли меҳнати ҳалолу шабзиндадорӣ, ҷаҳду талоши пайваста ба комёбиҳои бештаре муваффақ гардид. Маҳз дар ҳамин давра ӯ асарҳои калонҳаҷму пурмӯҳтавои «Масоили актуалии педагогикаи муосир» (иборат аз ду китоб, солҳои 2009-2010), «Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ» (2010), «Педагогикаи ҳамгиро» (2011)-ро таълиф намуд. Илова бар ин, ӯ яке аз муаллифони китобҳои пурарзиши «Очеркҳои афкори педагогӣ» (2005), «Педагогика (курси лексияҳо)» (2006), «Ҳакими маърифат» (2009), «Муаллим — офарандаи накӯӣ ва пешравиҳо», «Педагогика» (2010), «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» (2012) мебошад. Устод Файзулло Шарифзода дар таълифи китобҳои дарсии «Алифбо», «Забони модарӣ» (барои синфи 2), «Забони модарӣ» (барои синфи 4), «Одобнома» (барои синфҳои 5-6) низ ҳаммуаллифӣ карда, муаллифи чандин дастуру барномаҳои таълимӣ мебошад. Зимни таълифи китобҳои дарсии забони модарӣ Файзулло Шарифзода барои дарёфти матни мувофиқ ба завқу салиқаи хонандаи синфҳои ибтидоӣ хеле азият кашид ва пай бурд, ки насри адабиёти муосири бачаҳо заиф аст. Аз ин рӯ, худ ба таълифи афсонаву ҳикояҳои кӯтоҳ пардохт ва онҳоро дар китоби дарсӣ ҷой дод. Матни афсонаву ҳикояҳои мазкур аз ҷониби муҳаққиқони мактабшинос, омӯзгорону хонандагон ва аҳли қалам мақбул дониста шуданд. Бо пешниҳод ва кӯшиши яке аз ихлосмандонаш ин нигоштаҳо дар як маҷмӯа гирдоварӣ шуда, соли 2011 таҳти унвони «Айнаки мӯъҷизакор» дар ҳаҷми қариб 4 ҷузъи чопӣ ба нашр расиданд. Аз фазилати дигари ӯ ин аст, ки дар баробари забони модарӣ аз назокату фасоҳати забони русӣ низ ба сурати комил огаҳӣ дорад. Ба ҳамин ваҷҳ аст, ки аксарияти асару мақолаҳояшро сараввал ба забони русӣ таълиф менамояд, ки ин аз савияи баланди забондониаш гувоҳӣ медиҳад.
Файзулло Шарифзода инсони басо шикастанафс, хайрхоҳ ва дарёдил аст. Зимни шиносии чандинсола ба мушоҳида гирифтаам, ки пурҳарфиро дӯст намедорад, вале зимни сӯҳбат каломаш пухтаву маънидор, бомантиқу қавӣ ва бунёдист. Сухан андар баёни ӯст гавҳар. Дар бораи худ сухан гуфтан барояш хушоянд нест, вале чун сухан аз боби устодон меравад, чеҳрааш мешукуфад. Ў аз тақдир сипосгузор аст, ки ӯро бо собиқ вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамбек Юсуфбеков ва донишманди шинохта Муҳаммад Лутфуллозода ошно намуд ва нақши ин ду марди наҷибро дар зиндагиномаву шахсияти хеш басо сарнавиштсоз арзёбӣ мекунад. Ў аз Р. Юсуфбеков дарси одамият — муомилаву муносибати инсонӣ, масъалагузорӣ, ташкили кор, эҳтироми ҳамсӯҳбат ва муҳаққиқони соҳа, риояи анъанаву суннатҳои миллиро омӯхт ва маҳз ҳамин марди фарзона ба ҷодаи илм раҳнамоиаш кард.
Академик Муҳаммад Лутфуллозода бошад, бешак, аз шоҳсутунҳои илми педагогикаи муосири тоҷик мебошад, ки аз файзу шафоату хазинаи маърифаташ ҳамаи кормандони соҳаи маориф ва омӯзгорону толибилмони кишвар баҳраҳо бурдаву минбаъд ҳам аз эшон хоҳанд омӯхт.
Зубайдов Убайд (05.03.1939 — 17.12.2017)
Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор,академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ Убайд Зубайдов, 5 марти соли 1939 дар деҳаи Томчии хоҷагии Гулистони ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи деҳқон ба дунё омад.У.Зубайдов баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи нопурра соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогию тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳон) дохил шуда, онро соли 1957 бо баҳои аъло хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (собиқ Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко) дохил мешавад ва онро соли 1962 бо дипломи аъло бомуваффақият хатм менамояд. У.Зубайдов ба аспирантураи мақсаднок дохил шуда, як сол пеш аз мӯҳлат, яъне соли 1969 дар мавзӯи «Сафедаҳои донаҳои чойҷӯво»рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.Академик У.Зубайдов ҳамчун муҳаққиқ дар доираи фанҳои биологӣ (химияи биологӣ) рисолаҳои илмию корҳои назарии фаровоне таълиф кардааст. Баъзе мақолаҳои илмии ӯ аз доираи кишвари мо берун рафта, дар Москваю Олмон, Чехославакия, Руминия, Туркия ва дигар ба табъ расидаанд.Солҳои баъдӣ таваҷҷуҳи ӯро як соҳаи таҳқиқнагаштаи илми педагогика-таълими тафриқа ба худ ҷалб кардааст. Ин буд, ки соли 1999 Убайд Зубайдов дар мавзӯи «Асосҳои назарӣ ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, заминаи асосиро гузошт ва барои таҳқиқоти паҳлуҳои гуногуни он фарзияҳои дақиқи илмии хешро баён дошт.
Бояд такид кард, ки таҳқиқоти анҷомдодаи У.Зубайдов дар доираи фанни химия сурат гирифтааст, яъне таҳқиқотҳои анҷомдодаи ӯ ҳам ба илми химия ва ҳам ба соҳаи педагогика иртибот доранд.Солҳои 1962-66 мудири шӯъбаи кор бо донишҷӯён ва ҷавонони КМ комсомоли ҶТ ва муаллими кафедраи химияи умумии Ин-ти хоҷагии қишлоқи Тоҷ., 1966–69 аспиранти кафедраи химияи умумӣ, 1969–70 муаллими калон, 1970–71 мудир ва ҳамзамон, аз с. 1973 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1971–76 декани фак-ти табиатшиносию география, 1976–91 декани фак-ти биологияю химия, мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев (аз с. 1998), ҳамзамон солҳои 1991 96 корманди калони илмӣ ва мудири лаборатория, 1996 2002 ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ, 2002–05 директори ПИП. Аз с. 2005 мудири шӯъбаи мактабҳои таҳсилоти умумии АТТ. Ҳамзамон аъзои Шӯроҳои илмии ДДОТ, АТТ, ҷонишини раиси Шӯрои дисертатсионии ДДОТ оид ба методикаи таълими химия ва биология аъзои Шӯрои диссертатсиони ДДОТ, АТТ узви ҳайати таҳририяи маҷалаи «Маърифати омӯзгорон», Паёми ДДОТ, АТТ узви Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъияти Тоҷикистонро низ ба душ дорад. Мавсуф дар таҳияи нақшаҳои таълим, барномаҳои таълими химияю биология, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ фаъолона ширкат варзидааст. Аввалин барномаи таълими тафриқа, монография, китобҳои дарсию дастурҳои методии марбути он ва консепсияи маълумоти химияю стандарти давлатии маълумоти фанни химия ба қалами
Зубайдов У. мансуб аст.Навоварии олим Убайд Зубайдов аллакай дар таҳқиқотҳои солҳои 70 уми қарни ХХ анҷомдодааш ба назар мерасад.
Инро метавон дар мисоли мазмуну мундариҷаи ду рисолаи илмиаш «Тараққиёти химияи полимерҳо» ва «Химия ва биохимияи сафеда» исбот кард. Бояд гуфт, ки дар он давра проблемаи омӯзиши полимерҳо ва сафеда аз ҷумлаи самтҳои муҳимми илми химия ба шумор мерафт. Даст задан ба таҳқиқи ин проблемаҳои бунёдии биохимия аз қобилияти баланди ӯ дарак медиҳад. Рисолаи «Витаминҳо ва пайвастагиҳои фаъоли биологӣ», ки соли 1996 рӯи чопро дидааст, натиҷаи таҳқиқоти тӯлонӣ ва навоварии ин олими химияшинос буда, он саҳифаи навест дар соҳаи химияи биологии тоҷик.
Агар мо фаъолияти илмию педагогии профессор Убайд Зубайдовро даврабандӣ кунем, пас он аз ду марҳала иборат аст - марҳалаи якум солҳои 1962 – 1990 ва марҳалаи дуюм аз соли 1991 то имрӯзро дар бар мегирад.Марҳалаи аввали фаъолияти илмию педагогии олим бештар бо он хос аст, ки мавсуф дар баробари ҳамчун олим, омӯзгор ва роҳбар ташаккул ёфтан ба таҳқиқи проблемаҳои муҳимми назарияи соҳаи илми химияи биологӣ шуғл варзида, дар ин ҷода ба дастовардҳои шоён муваффақ гардидааст. Ин марҳалаи фаъолияти илмию педагогии Убайд Зубайдов дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст. Марҳалаи дуюми фаъолияти илмию педагогии профессор Убайд Зубайдов баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ба кор омадани ӯ оғоз ёфтааст. Самтҳои асосии фаъолияти олим дар ин марҳала аз таҳқиқи проблемаи педагогии таълими тафриқа дар мактаби таҳсилоти умумӣ, мазмуни таҳсилоти мактабӣ аз химия ва биология (дар барномаҳои таълим ва стандартҳои давлатии таҳсилот аз ин фанҳои таълимии мактабӣ инъикос гардидааст), таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аз ин фанҳо барои мактабҳо ва омӯзгорони фанҳои химия ва биология, кор аз болои рисолаи докторӣ, идомаи фаъолияти омӯзгорӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ иборат мебошанд. Маҳз дар ҳамин марҳалаи фаъолияти илмию педагогӣ ҷасурӣ, қавииродагӣ, навоварӣ, пухтакорӣ ва фидокории профссор Убайд Зубайдов баръало ошкор гардида, маҳсули калон ба бор овардааст, ки он, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ равона карда шудааст.
Вале дар маркази диққати корҳои таҳқиқотии олим дар ин марҳала таълими тафриқа ва татбиқи он дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар меистод. Ҳалли ин проблемаи илмӣ дар шароити Тоҷикистон дар рисолаҳои калонҳаҷми илмии олим «Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият» ва «Тафриқа»нерӯи пешбари таълим» инъикос ёфтааст. Олим дар ин рисолаҳои илмии худ моҳияти таълими тафриқа ва бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ роҳ ва воситаҳои татбиқи ин шакли ташкили таълимро дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон исбот намудааст. Дар баробари ин, муҳаққиқ хуб дарк мекунад, ки дар ин марҳала исбот кардану роҳ нишон додани татбиқи таълими тафриқа, таҳияи нақшаю барномаҳои марбутаи таълим ҳанӯз кам аст. Барои ҳамин, ӯ дар татбиқи таҳсилоти тафриқавӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон шахсан ширкат меварзад. Дар оғози ин роҳ, албатта, монеаҳои зиёд мавҷуд буданд, вале профессор Убайд Зубайдов бо истодагарию фидокории худ ва бо дастгирии Вазорати маориф, сохторҳои илмию методии он, қисме аз роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, сарварону омӯзгорони мактабҳо, тавонист натиҷаҳои таҳқиқоти худро оид ба таълими тафриқа дар амалияи фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Натиҷаи ҳамин фидокории олим аст, ки имрӯз нақшаҳои таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфҳои 10-11 аз назари таҳсилоти тафриқавӣ таҳия карда шудааст ва дар мактабҳо ҷорӣ кардани онҳо натиҷаи хуб дода истодааст.У. Зубайдов дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълимӣ ва дар маҷмӯъ беш аз 300 номгӯи асарии илмию методӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 15нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд (Эрон, Туркия, Тоҷикистон) ва чанди дигар омодаи дифоанд. Муаллифи китобҳои дарсии химия синфҳои 8, 10, 11 мактабҳои таҳсилоти умуми ва Методикаи таълими химия, Методикаи таълими биология ва Химияи биологӣ барои мактабҳои олӣ мебошад.У.Зубайдов олими ташаббускор аст. Маҳз бо саъю талошҳои ӯ соли 1970 дар ДДОТ кафедраи химияи органикию биологӣ таъсис дода шуд. Ў дар тайёр кардани як гурӯҳи калони олимони соҳаи химия раҳнамоӣ карда, ҷавононро ба аспирантураи мақсаднок ба шаҳрҳои Москваю Ленинград, Кишинёв фиристода, аз як тараф, теъдоди устодони унвондорро афзуда бошад, аз тарафи дигар, ҷойҳои холи кафедраро пурра сохта ва ниҳоят, неруҳои илмии химияи тоҷикро дар тамоми кишвар муаррифӣ кардааст.Дар кори роҳбарӣ ҳам У.Зубайдов истеъдоди хоссае дорад. Мавсуф қудрати фитрие дорад, ки неруҳои илмию ақлониро мутамарказонида, ба ҳалли масоили пешомада равона сохта метавонад. Ў ҳамеша кӯшидааст, ки ҳам донишҷӯёни пешқадаму аълохон ва ҳам омӯзгорону кормандони покизакорро дар вақти зарурат дастгирӣ намояд.Соли 1976 дар Симпозиуми химиядонҳои ИҶШС- Германия, солҳои 1969 ва 1976, 1998 дар анҷумани биохимикҳо дар шаҳрҳои Москва ва Тошканд ширкат ҷӯста маърӯзаҳои илмӣ кардааст.Хидматҳои академик У.Зубайдовро дар инкишофи илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр кардааст. Инчунин фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва методию омӯзгории ӯ бо як қатор ифтихорномаю раҳматномаҳои Вазорати маориф, Аълочии маорифи СССР, Ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи СССР, Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Академик У.Зубайдов баъди беморӣ 17 декабри соли 2017 аз олам даргузашт.
Осор: Развитие химии и биохимии биополимеров, «Ирфон», Душанбе, 1976; Химия и биохимия белка, т. 1 –, «Дониш», Душанбе, 1976; Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои VIII – IX (бо ҳаммуаллифӣ), «Вазорати маориф ва фарҳанг», Душанбе, 1994;Химия ва биохимияи полимерҳои биологӣ. «Ирфон», Душанбе, 1997; Омӯзиши материалҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна (бо ҳаммуаллифӣ). «Ирфон», Душанбе, 1997; Теоретико-практические основы дифференцированного обучения в школах Республики Таджикистан. «Ҳумо» Душанбе, 1999; Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият. «Хаём», Душанбе, 2001; Таълими тафриқа – нерӯи пешбари раванди таълим. «Сарпараст», Душанбе, 2003; Саёҳат ба кишвари саломатӣ (синфҳои 1, 2, 3, 4). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР», Душанбе, 2004; Саёҳат ба кишвари саломатӣ (дастур барои муаллимон). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР», Душанбе, 2004; Равияҳо дар таълим–талаби замон. «Статус», Душанбе, 2007; Асосҳои методикаи таълими биология (бо ҳаммуаллифӣ). «Дизайн ва Принт», Душанбе, 2008; Асосҳои методикаи таълими химия, қисми I – II. «Дизайн ва Принт», Душанбе, 2008–2009; Биохимия. «Вазорати хоҷагии қишлоқ», Душанбе, 2009; Ташаккули фикрронии хонандагон дар дарси химия, Хоруғ, 2009; Иқтисодиёт ва экология. «Шарқи озод», Душанбе, 2011; Методикаи таълими химия. «Шарқи озод», Душанбе, 2011; Инсоният ва экология. «Вазорати Маориф», Душанбе, 2011; Химияи органикӣ. Китоби дарси барои синфҳои X. «Сарпараст», «Маориф ва фарҳанг», Душанбе, 2006 –2011; Химияи умумӣ. Китоби дарси барои синфҳои XI. «Ноширон», Душанбе, 2006 – 2011; Химия. Китоби дарси барои синфҳои VIII. «Шарқи озод», Душанбе, 2005 – 2011; Стандарти фанни химия ва роҳнамои омӯзгор, Душанбе, 2012. Таълими тафриқа ва мактабҳои муоссир. «Ирфон», Душанбе, 2013; Химияи биологӣ «Бухоро». Душанбе, 2013; Тавсияҳои методӣ оид ба ташакили корҳои мустақилонаи беруназаудитории донишҷӯён. Матбаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Душанбе, 2014.
2. Доктори илмҳои педагогӣ.
- Мудири кафедраи «Методикаи таълими химия»-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ. Сармутахассиси АТТ.
- Номзадӣ: «Химия ва биохимияи сафедаи чойҷуворӣ» (1969),докторӣ: «Назария ва амалияи Таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1999)Дотсент (1973) Профессор (2000)
- Узви пайвастаи АТТ (2005)
6. Аълочии маорифи Ҷумҳурии шуравии сотсиалистииТоҷикистон (1966), Аълочии маорифи СССР(1975), Ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи СССР(1976), Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон(1965, 2002) Корманди Шоистаи Тоҷикистон (1999)
7. Китобҳои дарсӣ:
— Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои VIII-IX. (ҳаммуаллифи). Душанбе, Маориф 1994, 12 ҷ.ч.
— Химияи биологӣ барои синфҳои X-XI. Душанбе, матбааи Вазорати хоҷагии қишлоқ, 1996. 6 ҷ.ч.
— Китоби дарсии химияи барои синфи VIII. Душанбе, Маориф 1996, 1998, 2002, 2010, 25 ҷ.ч.
— Маҷмӯаи машқ ва масъалаҳо аз химияи органикӣ (дар зери назари У.Зубайдов). Душанбе, 2005, 194с.
— Китоби дарсии химияи органикӣ барои синфҳои Х. (ҳаммуаллифи). Душанбе,«Сарпараст», 2006, 2011. 30 ҷ.ч. 31ҷ.ч
— Китоби дарсии химия барои синфи XI. ҶММ «Xeroxland», 2007. 30 ҷ.ч.
— Асосҳои методикаи таълими биология. (ҳаммуаллифи). Душанбе 2008, 15 ҷ.ч.
— Асосҳои методикаи таълими химия. (қисми I). (Зери назари У. Зубайдов) Душанбе, 2008, 14 ҷ.ч.
— Асосҳои методикаи таълими химия (қисми II). (Зери назари У. Зубайдов) Душанбе, 2009. 20 ҷ.ч.
— Химия биологӣ (Зери назари У. Зубайдов), Душанбе 2010. 40 ҷ.ч
-Химия биология, Душанбе, 2011, 26 ҷ.ҷ.
-Методикаи таълими химия. Душанбе, «Шарқи Озод», 2011, 30 ҷ.ч
— Химияи биологӣ, Душанбе, 2013.
Рисолаҳо:
— Развитие химии и биохимии биополимеров Душанбе, Ирфон 1976. 5,3 ҷ.ч. (ҳаммуаллифи).
-Химия и биохимия белка, т. 1-2. Душанбе, Дониш 1976. 36,5 п.л.
-Химия ва биохимияи полимерҳои биологӣ. Душанбе, Маориф 1997. 10 ҷ.ҷ.
-Витаминҳо ва пайвастагиҳои фаоли биологӣ. Душанбе, Маориф 1995.6,5 ҷ.ч.
— Теоретико – практические основы дифференцированного обучения в школах Республики Таджикистан. Душанбе, Дониш 1999. 12 п.л.
— Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон 70-сола шуд. 2006. 6 ҷ.ч. (мураттиб).
— Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият. Душанбе, Хайём 2001.6 ҷ.ч.
-Таълими тафриқа неруи пешбарии раванди таълим. Душанбе, «Сарпараст», 2003. 12 ҷ.ч.
— Проблемаҳои рӯзмарраи беҳдошти таълиму тарбияи хонандагон дар шароити кунунӣ. Душанбе, Сино 2004. 5 ҷ.ч.
— Равияҳо дар таълим – талаби замон. Душанбе 2007. 7,5 ҷ.ч.
— Ташаккули фикрронии хонандагон дар дарси химия. Хоруғ. 2009, 6 ҷ.ч.
-«Иқтисодиёт ва экология». Душанбе, Маориф 2011,25ҷ.ч
— Инсоният ва экология. Душанбе, Маориф, 2011, 25 ҷ.ч.
Дастурҳои таълимӣ: —
-Таълими химия барои синфҳои X-XI. Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1992. 2,6 ҷ.ч.
— Роҳнамои муаллим №2. Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1992. 5,5 ҷ.ч.
— Химия роҳнамои муаллим. Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1993. 4,5ҷ.ч.
-Омӯзиши матриалҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна. (ҳаммуаллифи). Душанбе 1997. 5 ҷ.ч.
— Соврещенствование преподавания иностранного языка в педагогических вузах Таджикистана (Ответ редактор У. Зубайдов), Душанбе, Ирфон 2002 24ҷ ч.
-Саёҳат ба кишвари саломатӣ. Синфи 1. Душанбе, Юнисеф, ЧШП,«Сапфир», 2004. 12 ҷ.ч. (ҳаммуаллифӣ).
— Саёҳат ба кишвари саломатӣ. Синфи 2. Душанбе, Юнисеф, ЧШП, «Сапфир», 2004. 13 ҷ.ч. (ҳаммуаллифӣ).
— Саёҳат ба кишвари саломатӣ. Синфи 3. Душанбе, Юнисеф, ЧШП, «Сапфир», 2004. 14 ҷ.ч. (ҳаммуаллифӣ).
— Саёҳат ба кишвари саломатӣ. Синфи 4. Душанбе, Юнисеф, ЧШП, «Сапфир», 2004. 15 ҷ.ч. (ҳаммуаллифӣ).
— Саёҳат ба кишвари саломатӣ. (дастур барои муаллим). Душанбе, Юнисеф, ЧШП, «Сапфир», 2004. 5 ҷ.ч.
— Стандарти таълими химия. Стандарсти давлатии маълумоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, «Сино», 2004,саҳ. 54-64.
— Стандарти давлатии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Китоби 2. Душанбе, «Хайём», 2005. 26 ҷ.ч. (муратиб).
— Стандарти давалти оид ба химия. Стандарти давлатии таҳсилоти умумии ҶТ. Душанбе, 2005, «Поликон» с. 75-92
— Кӯдак ва ҳуқуқ. «Ваҳдат» 2006. 4 ҷ.ч.
— Меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати ҳуқуқии ноболиғон. Ваҳдат 2005. 4,5 ҷ.ч.
— Маводҳои дидактики аз химия. Қурғонтеппа (зери назари У. Зубайдов). 2007. 7 ҷ.ч.
-Научно-педагогические исследования педагогической культуры в национальной школе. (Зери назари У. Зубайдов). Душанбе,«Нақлиёт» 2007, 30с.
— Формирование познавательных интересов учащихся в условиях дифференцированного обучения (Зери назари У. Зубайдов) Душанбе,«Дониш» 2008 124 с.
— Таҳлили равоншинохтии худшукуфоӣ аз дидгоҳи Мавлоно ва Роҷерз. Теҳрон. Нашри «Донже». 2010, 120с.
— Воспитывать, изучая личность. Куратору на размышление часть I, (под общ редак. У. Зубайдов) Душанбе, «Матбуот» 2011, 171 с.
— Куратору на карандаш Материалы к кураторские часам часть II, (под общ редак. У. Зубайдов) Душанбе, «Матбуот» 2011, 200 с.
— Тарбияи комил хазинаи бузурги ҷамъияти (Зери назари У. Зубайдов), Душанбе 2011, 16,5 ҷ.ч
— Стандарти фанни химия ва роҳнамои омӯзгор, Душанбе, 2012.
Барномаҳо:
— Барномаи химия барои синфҳои X-XI. (ҳаммуаллифӣ). Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1992. 2,3 ҷ.ч.
-Барномаи биологияи умумӣ барои синфҳои X-XI. (ҳаммуаллифӣ). Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1992. 2,5 ҷ.ч; 1995. 4ҷ.ч.
— Барномаи курси факултативӣ аз химия барои синфҳои VIII-IX. Душанбе, матбааи Вазорати кишоварзӣ. 1992, 2001. 3 ҷ.ч; 2004. 4 ҷ.ч.
— Барномаи химия ва биология барои ҳунаристонҳо. Душанбе 1993. 2 ҷ.ч.
— Барномаи химия ва биология барои синфҳои X-XI. (ҳаммуаллифӣ). Душанбе, Маориф 1995. 4.ҷ.ч. (равияи табиию риёзӣ).
— Барномаи химия барои синфҳои X-XI. (ҳаммуаллифи). (равияи химияю биология). Душанбе, Маориф 1996. 4 ҷ.ч.
— Барномаи химия барои синфҳои VIII-XI. (равияи табиию риёзӣ), (ҳам- муаллифи). Душанбе, Маориф 1995. 4 ҷ.ч.
— Барномаи биология барои литсейҳои тоҷикию – туркӣ. Душанбе, ПИПТ 1997, 3 ҷ.ч.
-Барномаи химия барои литсейҳои тоҷикию – туркӣ. Душанбе, ПИПТ 1997, 2011. 3 ҷ.ч.
-Барномаи химиявии таълими тафриқа дар ахборномаи ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Дониш 1998. 0,3 ҷ.ч.
-Барномаи химия барои мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ. Душанбе, Матбуот 2002. 5 ҷ.ч.
-Барномаи химияи биологӣ ДДОТ. Душанбе 2003, 2010,0,3ҷ.ч.(ҳаммуаллифӣ).
-Барномаи методикаи таълими химия. (каф. метод. таълими химия). ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 1,5 ҷ.ч.
-Барномаи таърихи химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5 ҷ.ч.
-Барномаи усулҳои истифодаи воситаҳои дидорӣ ва шунидорӣ ҳангоми омӯзиши химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5ҷ.ч.
-Барномаи омӯзиши химияи саҳеҳ. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,4 ҷ.ч.
-Барномаи проблемаи актуали химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,4 ҷ.ч.
-Барномаи усулҳои истифодаи воситаҳои дидорӣ ва шунидорӣ ҳангоми омӯзиши химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5 ҷ.ч.
-Барномаи беҳтарин раванди омӯзиши химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,3 ҷ.ч.
-Барномаи таълими қоидаҳои кор дар озмоишгоҳи химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5 ҷ.ч.
— Барномаи методҳои ҳалли масъала. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5 ҷ.ч.
— Барномаи корҳои берун аз синф аз химия. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5 ҷ.ч.
— Барномаи усулҳои тайёр намудани асбобҳои аёнӣ. ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев. Душанбе 2003. 0,5ҷ.ч.
— Барномаҳои методикаи таълими химия. (14 барнома), ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Душанбе, 2010, 6,8 ҷ.ч.
— Методикаи таълими химия. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 2 ҷ.ч.
— Методикаи таълими биология. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 1ҷ.ч.
-Таърих ва методологияи химия. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010.1ҷ.ч.
— Воситаҳои муосири баҳодиҳии натиҷаи омӯзиш. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,9 ҷ.ч.
— Методикаи ҳалли масъалаҳо аз химия. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,8 ҷ.ч.
— Корҳои берун аз синфӣ аз химия. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,9 ҷ.ч.
— Усулҳои тайёр намудани асбобҳои аёнӣ. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,7 ҷ.ч.
— Беҳтарин раванди омӯзиши химия ва самаранокии он (курси махсус). ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,6 ҷ.ч.
— Проблемаҳои актуалии химияи мактабӣ. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,8 ҷ.ч.
— Методҳои омӯзиши химияи саҳеҳ. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 0,9 ҷ.ч.
— Таълими қоидаҳои кор дар лабораторияҳои химиявӣ. ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2010. 1 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Асосҳои методии таълими химия». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 1 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Таърихи илми химия». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,6 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Асосҳои назариявии системаи таълими химия». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 1,5 ҷ.ч.
— Барномаи магистри аз «Усулҳои амиқи омӯзиши методикаи таълими химия дар мактаби олӣ». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 2 ҷ.ч.
-Барномаи магистрӣ аз «Методҳои инноватсионӣ дар таълими химия». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Технологияи химиявӣ ва экологӣ». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,8 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Методологияи фанни методикаи таълими химия». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,8 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Методикаи ҳалли масъалаҳои химиявӣ». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,9ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Пайдарҳамии таълими химия дар мактаби миёна». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,5 ҷ.ч.
— Барномаи магистрӣ аз «Хусусиятҳои таҳлили химиявӣ». ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Душанбе 2013. 0,7 ҷ.ч.
- Мақолаҳои илмӣ:
— Муайян кардани аминокислютаҳои навъҳои ҷудогонаи ҷуворимакка. Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. 1965.–№ 9 саҳ.–39–41.
— Влияние сорта и условий вегетации на азотосодрежащие вещества семян сорго. Сборник научных докладов. Кишиниёв: КГУ.–1967, стр. 55–56.
— Разделение солерастворимых белков семян сорго на ДЭАЭ–целлюлозе.Сб. научных докладов.–Кишиниёв:Кишиневский госуниверситет, 1968-с.92-92
— О глобулинов семян некоторых сортов сорго. Доклады АН Тадж. ССР 1968,-№ 1, с. 70–73.
— Об альбуминах семян некоторых сортов сорго. Доклады АН Тадж. ССР 1968, -№3, с. 57–60.
— О белковых и небелковых веществах семян сорго. Известия АН Тадж. ССР, 1968, -№2, -с. 31–37.
— О составе глотелина семян сорго. Сб. научных докладов.–Кишинёв: КГУ, 1969, -с. 133–135.
— Хромотография глобулинов семян сорго на сефадексе Г–200 Биоогия–М.: Наука, 1969, -№8, -с. 99–102.
— О составе альбуминов семян сорго. Труды по химии природных соединений.–Кишинёв: КГУ, -№8, 1969, -с.122–128.
— Раздение праламинов семян сорго хромотографие КМ–целлюлозе, гелевой фильтрацией на сефадексе Г–200 и электрофорезом на бумаге. Доклады АН Тадж. ССР, 1969, -№4, -с. 59 – 63.
— Хромотография глобулинов семян сорго на ДЭАЭ–целлюлозе и электрофорезом на бумаге. Доклады АН Тадж. ССР, 1969, -№2,-с. 83–90.
— Выделение и хроматографическое исследование проламинов семян сорго. Тезисы Всесоюзного биохимического съезда–Ташкент, 1971, -с.82–83
— Белки семян сорго. Автореф.дисс.канд.биол.наук. Кишинёв: 1969, 22 саҳ.
— Азотосодеражащие вещества семян некоторых сортов сорго. Известия АН Тадж. ССР, 1970, -№1, -с.24–30.
-Исследование глобулинов семян сорго хромотографией на гидроксилапатие и электрофорезом на бумаге и в аквиламидномгеле. Известия Ан. Тадж. ССР, 1971, -№4, -с. 47–53.
— О плотном остатке семян некоторых сортов сорго. Растительные белки. Кишинев, КГУ.: 1971, -№2, -с. 35–42.
-Хромотографическое и электрофоритическое исследование белков глотелинов семян сорго. Доклады Ан Тадж. ССР. 1971, -№1, -с.67–71.
-О плотном составе семян сорго. Сб. Молодых учёных.–Душанбе: «Дониш», 1971, с.25.
— Выделение и хромотографическое исследование проламинов семян сорго. Тезисы Всесоюзн. биохимиическ. съезда. Тошкент, 1969 -с. 20-23.
— Электрофорез белков некоторых злаков в акриламидном геле. Сб. Молодых учёных.–Душанбе, 1971, -с.26.
— Исследование глютелинов семян сорго методами хроматографии и электрофореза. Известия АН Тадж. ССР. 1971, -№1, -с. 65–72.
— Исследование глобулинов семян сорго на КМ–целлюлозе. /Доклады АН Тадж. ССР. Душанбе: 1971, -№2, -с. 30–35.
-Хромография белков на ДЭАЭ целлюлозе гидроксилапатите и электрофорезом на бумаге и в акриламидном геле. Тезисы конференции молодых учёных.–Душанбе: 1974, -с. 30–31.
-Предисловие. Химия в вузе, т.99.–Душанбе, 1976,-с.1–5.
-Исследование растительных белков электрофорезом на бумаге и в акриламидном геле (обзор литературы).Химия в вузе, т.99, Душанбе:1976, -с. 5–20.
-Методы синтеза простейщих углеводородов ряда циклопропана. Химия в вузе, т. 99–Душанбе: 1976, -с. 20–60.
-Исследования глобулинов семян масленичных культур. Тезисы симпозиума СССР–ФРГ по пептидам.–Душанбе, 1976, -с. 111–112. (на английском языке).
-Аҳамияти ферментҳо дар ҳаёт. Мактаби советӣ, 1976, -№1, -с. 51–54.
-Хромото–электрофоретическое исследование суммарных солерастворимых белков семян бобовых на гидросилипатите. Тезисы докладов институт химии Ан Тадж. ССР.–Душанбе: 1977, -с. 17–18.
-Баъзе мулохизахо оид ба омӯзиши ферментҳо дар синфи VIII. Мактаби советӣ.–1977, -№3, -с. 41–44.
-Хроматографическое и электрофоретическое исследование альбуминов семян масляничных культур. Тезисы конференции молодых учёных.–Душанбе: 1977, -с. 35–36.
-Омӯзиши ферментҳо дар синфи Х. Мактаби советӣ, 1978, -№10, -с. 39–41.
-Химия и биохимия белка. Московское отделение ВБО. М.: 1978,-с. 8–9.
-Омӯзиши таркиби сафедаҳо. Мактаби советӣ, 1979, -№3, -с. 25–30.
-Гормонҳо Таджикская советская энциклопедия, Т.2 Душанбе: «Ирфон», 1980, -с. 125–126.
-Некоторые проблемы исследования белков в работе В.С. Садикова. Историка–биологические исследования, вып. 8.–М.: «Наука», 1980,-с. 188–202.-Дар ҷустуҷӯи усулҳои нав. Маърифат,1992,-№4,-с.40–43.
-Таълими кимиёро чӣ гуна бояд ба роҳ монд. (Консепсияи химия) Маърифат, 1992, -№5, -с. 46–52.
-Ифодаи ҳолати мувозинаи фазагӣ дар системаҳои секомпонента. Маърифат, 1993, №9–10 -с. 44–46.
-Омӯзиши витаминҳо дар синфҳои X–XI. Маърифат, 1994, -№2–3, -с.45–53.
— Мураттаб намудани барномаҳои компютерӣ оид ба ҳалли масъалаҳо аз фанни химия. /Маърифат, 1995, № 5–6, -саҳ 28–31.
-25 лет кафедры органической и биологической химии Таджикского государственного педагогического университета им. К.Ш. Джураева. /Материалы научной конференции «Теоретические и прикладные проблемы химии».–Душанбе: 1995, -с. 3–9.
— Химияи пайвастагиҳои фаъоли биологӣ. Маърифат, 1996, №1–2, -с. 48–52.
-Осори ниёгон дар таълими кимиё. /Маърифат, 1997,-№5–6, -с.45–54.
-Проблемы введения государственного стандарта образования. Вестник педуниверситета 1998 №3, -с. 151.
— Омӯзиши таҳлили физико–кимиёвӣ дар мактаб. Маърифат, 1998, №1–2, -с. 59–61.
-Таълими тафриқавӣ–талаботи замон. Вестник педуниверситета. Им.К.Джураева1998, №3, -с. 150.
-Этапы развития дифференцирорванного обучения в педагогике. Фушурдаи маърӯзаҳои конфронсӣ илмии методии «Тайёр намудани мутахассисони омӯзгори тибқи таълимӣ бисёрзинагӣ». ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев, Душанбе 1998, -с. 14–15.
— Проблемаи ҷорӣ намудани стандарти давлатии маълумот оид ба кимиё. Фишурдаи маърӯзаҳои конфронсӣ илмии методии «Тайёр намудани мутахассисони омӯзгори тибқи таълими бисёрзинагӣ». Душанбе 1998,-с. 11–12.
— Абӯалӣ ибни Сино–донишманди илми биология. Тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ.–Душанбе: ПИПТ, 1999, -с. 64–66.
— Нақшаи осори ниёгон дар барномаи нав. Тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ.–Душанбе: ПИПТ, 1999, -с. 107–113.
-Омӯзиши осори ниёгон дар дарсҳои кимиё. Тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ.–Душанбе: ПИПТ, 1999, -с. 69–72.
-Ингибиторные белки растительного происхождения. Вестник педагогического университета №1, Душанбе, 1999, -с. 13–17.
-О направленьях дальнейшего совершенствования содержания химического образования в Республики Таджикистан. Вестник педагогического университета -№3, Душанбе 1999, -с. 17–25.
-Асосҳои педагогии таълими кимиё дар мактабҳои Тоҷикистон, Вестник пед.университета им.К.Джураева, №1, 2000, -с. 2–5
-Мавқеи осори ниёгон дар мазмуни маълумот мувофиқи барномаи нави кимиё (синфи 8), Маърифат 1–2, 2000, -с. 55-64.
-Таълими тафриқа дар мактабҳои мамолики мутараққӣ. Англия. Маърифат, №5-6, 2000, -с. 15–23.
-Таълими тафриқа дар мактабҳои ИМА. Маърифат, №7-8, 2000, -с. 10-19.
-Таълими тафриқа дарр Ҷумҳурии Федералӣ Олмон. Маърифат, №9-10, 2000, -с. 17–27.
-Таълими тафриқа дар Фаронса. Маърифат, №11-12, 2000, -с. 10-16.
— Проблемаҳои таълими тафриқа ва дурнамои он. Душанбе, Адаб, -№1-2,-с. 36-40
— Таҷрибаи ибратбахш. Вестник педуниверситета им.К.Джураева, №3, 2000, -с. 21-23.
-Зинаҳои такмили инкишофи таълими фанҳои риёзӣ Душанбе, Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, Душанбе 70-сола шуд, 2000, -с. 25-34.
-Ақоиди ниёгон дар дарс (синфи 9). Маърифат, -№3-4,2001,49-55-с.
-Мавқеи педагогии тарбияи эстетикии хонандагон дар рафти корҳои беруназсинфӣ дар таълими биологӣ. Душанбе, Вестник педуниверситета им.К.Джураева -№3, 2001, 91-93-с.
-Аҳамияти педагогии интихоби касб дар таълими биология, Душанбе, Вестник педуниверситета им.К.Джураева -№3, 2001, 93-95 -с.
-Таълими тафриқа дар педагогика ва дурнамои он. Душанбе, Вестник педуниверситета им.К.Джураева №3, 2001, -с. 31-32.
-Омӯзиши ферментҳо дар синфи 11. Душанбе, Вестник педуниверситета им.К.Джураева №3, 2001, с. 82-83.
— Асосҳои педагогии ба курси кимиёи мактабӣ ворид сохтани мафҳумҳои маълумоти илмӣ оид ба ферментҳо ва витаминҳо. Душанбе, Вестник педуниверситета им.К.Джураева №3, 2001, -с. 57-60.
— Таълими тафриқа ва мазмуни маълумот. Тайёр кардани кадрҳои педагогӣ: таҷриба, проблема ва роҳҳои ҳалли он (конф.б.-халқӣ 18-19 сентябр) ДДОТ, Душанбе, 2001, -с. 28-30.
— Таълими тафриқа дар шароити такмили мазмуни маълумот. Матер. н.-прак.конф. 24-25. Окт. Душанбе, Сино, ДДМТ, 2001, -с. 55-57.
-Удаление Nps-групи с триптофосфоросодержащих дипетидов со свободной индольной группы. Сарватҳои табии Тоҷикистон. Душанбе, Конф Ҷумҳур. ДДОТ, 2001, -с. 22–25.
-Таълими тафриқа-талаботи замон. Таҷадуди раванди таълим дар мактаби олӣ, Хуҷанд., 2002, -с. 147-150.
-Асосҳои назарӣ, меъёрҳои хусусиятҳои интихоб ва сохтори мазмуни маълумоти химиявӣ. Вестник педуниверситета им.К.Джураева, №4. 2002, -с. 170-172.
-Материалы научного симпозиума Душанбе ТГНУ, «Актуальные проблемы спектроскопии водородной связи 2002, -с. 147-150.- Маводи муходира ва организм. Маърифат №5-6, 2002, -с. 48-31.
-Содержание образование в дифференцированном обучении. Вестник педуниверситета им.К.Джураева, №1, 2002, -с. 84-85.
-Баъзе масъалаҳои таълими тафриқа. Об сарвати бебаҳои кишвар. Душанбе, ДДОТ, 2003, -с. 82-84.
-Оби тоза-манбаи ҳаёт. Оби тоза проблемаи глобалии асри XXI. ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев, Душанбе, 2003, -с. 13-15.
-Оби тоза ва моҳиятӣ он. Оби тоза проблемаи глобалии асри XXI. ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев, Душанбе, 2003, -с 15-18.
-Управление учебной работой студентов над лекционный курсом. Душанбе, ТГМИ «Сино», 2003, -с. 73-80.
-Хосияти оби тоза. Маърифат №5-6, 2003, -с. 19-21.
-Усули тадриси курси «Саёҳат ба кишвари саломатӣ» (даст.методӣ барои омӯзгорон). Душанбе ҶШП, «Сапфир», 2003, 33 -с.
-Изучение комплексообразования триптафан с ионами цинка. Вклад биохимиков Тад.в раз.биол.науки. Труды республ.научн.конф биохимиков РТ. Душанбе, 2003, -с.117–119.
-Таълими тафриқа. Мактаб ва ҷомеа№1,2003,-.53-54.
-Ёвару ҳамқадами мактабу маориф Душанбе, 2004. Маърифат -№3–4 -с.4–9.
-Талабот ба китоби дарсӣ. Паёми ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев, Конфронси илмии омӯзгорон ва донишҷӯён. с.2004.с 33-34.
-Системаи даврии элементҳо аз диди муосир. Маърифат, 2004 №9-10, саҳ.37-41.
-Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон. Душанбе поягузори маорифи Кишвар. Душанбе, ДДОТ, 2004, саҳ. 16-19.
-Талабот ба ташкили таълими тафриқа дар мактаб. Илми педагогика — пояи уствори мактабу маориф. Душанбе, «Сино», 2004, саҳ. 10-13,
-Нақши Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ дар пешрафти соҳаи маориф. Душанбе, 2004. Адаб, №6 саҳ. 30.35.
-Ёвару ҳамқадами мактабу маориф. Маърифат №3-4. 2004. саҳ. 4-9.
-Талабот ба тайёр намудани омӯзгори химия дар шароити таълими равияҳо. Проблемаҳои рӯзмараи беҳдошти таълиу тарбияи хонандагон дар шароити кунунӣ. Душанбе, «Сино», 2004, саҳ. 5-8.
-Фаъолияти илмию методи. Энсиклопедия.Главн.науч.редакция. Таджикская энциклопедия Душанбе, 2004, саҳ.269.
-Пешгуфтори. Стандарти давлатии тахсилоти умумии ҶТ, Душанбе «Поликон» с. 3-11.
-Фазои ягонаи экологӣ ва масъалаи истифодаю муҳофизати сарватҳои обии Осиёи Маркази. Душанбе, Маърифат № 78 2005, с.39-42
— Шогирд ва дӯсти ҷонии ман. Кимиёшиноси барҷаста, Душанбе, 2005, с.42-43
-Талабот ба омӯзгорони таълими тафрика Вести педунвер. Конференсияи илмии солонаи ДДОТ, Душанбе 2005, с. 37-38
-Шаклҳои таълими тафрика ва татбиқи онхо дар мактаб Вест педунвер ДДОТ, Душанбе, 2005. № 2, с.75-81
— Ислоҳоти курикулум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мактаб ва ҷомеа, 2005, 2 (7)с.12-18.
-Реформа курикулума в Республики Таджикистана Международная конференсия по реформа Курикулум. Истамбул, 8-11 июнь, 2005, с. 2-3
-Ҳалли масъалаҳои ҳисобӣ аз химияи органикӣ. Душанбе: Паёми ДДОТ, 2005, №4, с.49-54.
-Меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳолати ҳуқуқии кӯдакон (дар зери назариУ.Зубайдов). Ваҳдат, 2005, 40с.
-Развитие познавательных интересов учащихся. Фаъолияти эҷодии донишҷӯёну хонандагон, ташаккулёби ва тамоюли онҳо дар ҷараёни таълим. Кан.Ҷумҳ. 23-24 ноябри 2005с. Душанбе, ДДМТ, 2005, с.106-107.
-Таълими тафриқа дар тарбияи экологии хонандагон. Фаъолияти эҷодии донишҷӯёну хонандагон, ташаккулёбӣ ва тамоюли онҳо дар ҷараёни таълим. Кан.Ҷумҳ. 23-24 ноябри 2005с. Душанбе, ДДМТ, 2005, с.108-109.
— Инсони хушгил ва омили равшандил. Равшангари омӯзиш ва парвариш. Душанбе, 2005, с 77-78.
— Ҳуқуқ ва кӯдак. ш,Ваҳдат, 2006, саҳ.3-49.
-Нақши математика дар таълими химия. Маърифати омӯзгор №3, 2006, саҳ. 26-28.
-Таълими тафриқа (конфронсияи илмии солонаи донишгоҳ) Душанбе, ДДОТ, 2006, саҳ. 16-18.
-Ба роҳ мондани таълими тафриқа, (конфронсияи илмии солонаи донишгоҳ) Душанбе, ДДОТ, 2006, саҳ. 15-16
-Гузаронидани бозиҳои шавқовар дар дарсҳои химия (конфронсияи илмии солонаи донишгоҳ) Душанбе, ДДОТ, 2006, саҳ. 14-15.
-Ташаккули фикронии мантиқии хонандагон. Маърифати омӯзгор, №3, 2006, с44-48.
-Ташкили таълими тафриқа. Паёми Донишгоҳи Давлатии Омӯзгорӣ (ПДДОТ), Душанбе, 2007, с 3-4.
-Намудҳои таълими тафриқа ва ташкили он омили сифати дониш. Маърифати омӯзгор, №10, 2007. с.34-45.
-Омӯзиши мавзӯи «Реаксияҳои оксидшавӣ ва барқароршавӣ» дар курси химияи органикӣ. Маърифати омӯзгор, №5, 2007, с.34-41.
— Дар бораи таълими тафриқа. Мактаб ва ҷомеъа, №3 (14), 2007, с.7-13.
-Тафриқаи ихтисосмандон. Паёми ДДОТ, 2007. с.4-5.
-Ҳалли баъзе масъалаҳои химиявӣ бо истифода аз муодилаҳои диофантӣ. Паёми ДДОТ, Душанбе, 2007, с.5-6.
— Основные знания и умения студентов по осуществлению межпредметных связей в средней школе. Паёми ДДМТ, №7, 2007, с.41-52.
— Назария ва амалияи равияҳои таълими тафриқа. Маорифи Тоҷикистон, №5, 2007, с.8-18.
-Асосҳои методикаи таълими тафриқаи химия дар мактабҳои миёна. Маводи конференсияи илмӣ-амалӣ. Дастовардҳои илми химия ва мисоли таълими он. Душанбе, ДДМТ 2007. с.14-22
-Химия ва таълими тафриқа дар мактабҳои мо. Душанбе, Мактаб ва ҷомеъа. 2008, с.33-39.
-Маърифати омӯзгор ва таълими экологӣ. Конфронси илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ «Вазъи кунуниӣ, проблема, дурнамоҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табии Тоҷикистон». ТГПУ. Душанбе, 2008, с.68-70.
-Таълими тафриқа ва равияҳои он. Материалы научно-практической конференции «Актуальные проблемы технологического образования высших, средних, специальных и средних учебных заведениях». Душанбе «Ирфон» — 2008. с.158-160.
-Таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурӣ Тоҷикистон. Материалы научно-теоретической конференции «Использование новых форм и методов обучения в современных условиях». ТГНУ, Душанбе – 2008, №211, с.12-15
-Тафриқа омили баланд бардоштани сифати таълим. Душанбе, Паёми ДДОТ 2008, с.97-104.
-Таълими тафриқа ва ташкили он омили сифати таълим. Материалы международной конференции «Повышения качества образования информационных и коммуникационных технологий». Душанбе – 2008,с.119-123
-Асосҳои методикаи таълими биология. Душанбе, ДДОТ 2008, с.231
-Асосҳои методикаи таълими химия. Қисми 1(зери назари У.Зубайдов), Душанбе ҶДММ «Авесто» — 2008, с.191.
-Маърифати педагогӣ ва шартҳои муайян кардани дониш. Материалы научно-теоретической конференции «Использование новых форм и методов обучения в современных условиях». ТГНУ, Душанбе – 2008, с.119-123
-Мақсад ва вазифаҳои таълими тафриқавӣ дар мактабҳои муосир. Душанбе, Паёми ДДОТ, 2008, с.28-34
-Формирование позновательных интересов учащихся в условиях дифференцированного обучения. (Зери назари У. Зубайдов). Душанбе, «Дониш» — 2008, с.124
-Таълими тафриқа ва равияҳои он. Материалы научно-практической конференции «Актуальные проблемы технологического образования высших, средних специальных учебных заведениях». Душанбе «Ирфон» — 2009. с.158-160
-Ташкили таҷрибаи педагогӣ дар шароити таълими тафриқа. Материалы научно-практической конференции «Проблемы дифференцированного обучения». Душанбе «Ирфон» — 2009, с.36-41
— Асосҳои методии таълими тафриқавии химия. Масъалаҳои маориф, № 4, 2009. с. 32-37.
— Аттестация средних профессиональных образовательных учреждений и её проблемы. Вестник Таджикского национального университета, 6(54) Душанбе 2009, с 214-219.
-Равияҳо беҳтарин омили инкишофи таълим. Паёми академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Душанбе, 2009. с24-32.
-Асосҳои методикаи таълими тафриқа барои муаллимони оянда. Маводи конференсияи илмии байналхалқии «Системаи методии таълим».
Математика, физика, информатика ва технология» Душанбе «Ирфон» 2009,27-31.
-Чакидаҳои устодон, ҳаммаслакон, дӯстон, дӯстон ва шогирдон. Пас аз 60 сол. Душанбе «Ирфон» 2009 с. 58-62.
-Асосҳои методии таълими тафриқа барои муаллимони ояндаи химия. Ахбороти шуъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ. № 2, Душанбе 2009, с 68-72.
-Андешаҳо перомуни ташхиси лаёқат. Паёми АТТ – 2010, № 1-2, с. 26-31.
-Муносибати тафриқавӣ дар таълим. Ахборот шӯъбаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ. 2010, № 2. с. 37-43.
-Олим ва педагоги навҷую навовар. Таълими ҳамгиро падидаи педагогӣ миллӣ. Душанбе, 2010. с. 12-16.
-Дифференциация обучения как необходимые условия повышения эффективности обучения в школах республики Таджикистана, изд. Акад. наук РТ № 2. Душанбе – 2010, с 5-11.
— Состояние проблемы использования дифференцированных самостоятельных работ по химии в школах горного региона. Вестник ХоГу им. М. Назаршоева, № 1. Хорог – 2010. с 20-25
-Бачаҳои лаёқатманд. Конференсияи ҷумҳуриявӣ. Тадқиқотҳои навини назариявӣ ва амалияи химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷ.Т. Душанбе – 2010, с 234-244
-Конференсияи ҷумҳуриявӣ. Тадқиқотҳои навини назариявӣ ва амалияи химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷ.Т. Душанбе . Кори методӣ дар мактаб ҳамчун омили баланд бардоштани сифатнокии таълими тафриқа. Душанбе, 2010, с 194-197
-Талаботи таълими тафриқа. Конференсияи ҷумҳуриявӣ. Тадқиқотҳои навини назариви ва амалияи химиявӣ дар мактабҳои олии Ҷ.Т Душанбе, 2010, с 197-201
-Равияҳо ва хонандагони лаёқатманд. Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи Рушти маориф дар давраи истиқлолияти давлатӣ. Душанбе – 2010, с 201-205
-Развитие социкультурной компетентности учителя как социально- педагогическая проблема. Респуб. науч. практич. конференции. Физика конденсированных сред. Душанбе – 2010, с 15-19 — Омодасозии муаллимони ояндаи химия барои фаъолият дар шароити таълими тафриқа. Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои мукамалгардонии омодагии технологии муаллимони оянда». Душанбе – 2010, с. 24-29
— Меъёрҳои баҳогузорӣ ба хонандагон аз химия. Меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои 1- 11. Маориф, Душанбе- 2010, с. 97-102
— Меъёрҳои баҳогузорӣ ба хонандагон аз биология. Меъёрҳои баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагони синфҳои 1-11. Маориф, Душанбе- 2010, с 102-106.
-«Нақша технологияҳои омӯзиши навин дар мадорис». Конференсияи илмӣ-методи байналхалқӣ дар мавзӯи «Такмили мазмун, методҳо ва восоити омӯзиш дар раванди таълими фанҳои табиию риёзӣ». Душанбе – 2011, с 207-209.
-«Типи дифференцированного обучения». Конференсияи илмӣ-методии байналхалқӣ дар мавзӯи «Такмили мазмун, методҳо ва васоити омӯзиш дар раванди таълими фанҳои тапбиию риёзӣ». Душанбе -2011, с 207-209
-Баъзе масоили кимиё дар асарҳои Муҳаммад Закариёи рози ПДМТ, Душанбе-2011 с.334-337
-Муносибати фардӣ бо бачагонӣ лаёқатманд дар таълими тафриқа. Проблемаҳо тарбияи ҷавонон дар замони муосир. ДДОТ, Душанбе-2011, с.132-134
— Муқоисаи мизони короҳои муаллимони омӯзиш дидаи давраи ибтидоии мадориси Эрон. Паёми донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи С. Айнӣ. Душанбе, 2011, №3 (39) с 165-170.
— Назарияи Мазло ва хусусияти инсони шукуфои комил. Паёми донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба номи С.Айнӣ. Душанбе, 2011, №3 (39) с 178-182
— Дарёфти бачаҳои лаёқатманд ДДОТ. шӯъбаи Тоҷикистонни Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ. Душанбе, 2011, №3 с 84-91
— Ақидаи Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибн Сино дар бораи таснифи моддаҳо Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «кимиёи ҳосилаҳои глисерин: тавлиф, хосиятҳо ва ҷабҳаҳои истифодаи онҳо», бахшида ба «Соли байналмилалии кимиё» ва 70-солагии ёдбуди д.и.к., узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Кимсанов Бӯрӣ Ҳакимович ДМТ, Душанбе, 2011, с 20-25
— Воспитывать, изучая личность. Куратору на размышление часть I, (под общ редак. У.Зубайдов) «Матбуот» Душанбе, 2011, 171 с.
— Куратору на карандаш Материалы к кураторским часам часть II (под общ редак.У.Зубайдова) «Матбуот» Душанбе, 2011, 200с.
-Барномарезии стратегӣ дар омӯзиш. ПДМТ, Душанбе, 2011, с 334-337
-Муносибати фардӣ ба бачагони лаёқатманд дар таълими тафриқа. Проблемаҳои тарбияи ҷавоно дар замони муосир. ДДОТ, Душанбе, 2011, с 132-134
-Омӯзиши мероси илмии олимони химияшиноси тоҷик дар шароити таълими тафриқа ДДОТ, Душанбе, 2011, с 158-162.
-Таълимоти ниёгон воситаи муҳими ташкили дарсҳои химия. Конференсияи байналмиллалии илмӣ -назариявии «Ислоҳоти соҳаи маориф ва шаклгирии муносибатҳои бозоргонӣ». ҶДММ «Сармад компания» ДДОТ, Душанбе, 2011, с 162-167.
-Здоровая индивидуальность (психологически здоровый человек) с точки зрения Аврама и Маслоу. Вестник ТНУ, 3 (67), Душанбе, 2011, с 306-311.
— Назарияи Камол дар таълиму тарбият ва равоншиносии фитратгаро. Паёми Донишгоҳи Омӯзгорӣ. ДДОТ, №(44), 2012, с 258-261.
— Муқоисаи афкор ва додгоҳҳои Мавлавӣ ва Маслув. Паёми Донишгоҳи Омӯзгорӣ. ДДОТ, №(44) 2012, с 382-387.
— Қобилият ва рушди истеъдодҳо. Маводи конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули фаъолияти маърифатии хонандагону донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ» бахшида ба 20-солагии иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ). Душанбе, 2012, с 8-22.
— Талаботҳо ва ташаккули корҳои мустақилонаи талабагон дар асоси таълими тафриқавӣ. (Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули фаъолияти маърифатии хонандагону донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ» бахшида ба 20-солагии иҷлосияи 16-уми таърихии шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ). Душанбе, 2012, с 250-258.
— Элементҳои таълими тафриқавӣ дар таълими хонандагони хурдсол.
(Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ташаккули фаъолияти маърифатии хонандагону донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бахшида ба 20-солагии иҷлосияи 16-уми таърихии шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии Ваҳдати миллӣ). Душанбе, 2012, с 265-270.
— Таълими тафриқа дар синфҳои ибтидоӣ. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Душанбе, 2012 с, № 1-2,
— Таълим ва тарбия дар асри Сосониён дар Эронзамин. Паёми ДДОТ, Душанбе, 2012 с. 20-25с.
— Таълиму тарбия пеш аз Ислом дар Эрони бостон. Паёми ДДОТ, Душанбе, 2012 с.70-75с.
-Таълими тафриқа ва омӯзиши химия дар синфҳои гуногунравия. «Проблемаҳои тарбияи ахлоқии насли наврас дар шароити ҷаҳонишавӣ».Душанбе, 2012, 20-25с.- Андешаҳои роҷеъ ба таълими тафриқа. Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Душанбе, 2012, .№4,180-120с
-Омадасозии омӯзгорони ояндаи химия барои фаъолият дар шароити таълими тафриқа. «Проблемаҳои тарбияи ахлоқии насли наврас дар шароити ҷаҳонишавӣ». Бахшида ба 80-солагии таъсисёбии факултаи Педагогика. Душанбе, 2013, 102-105с.- Дидгоҳи нав ба таълими тафриқа. Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯъи мақоми педагогикаи халқӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ. Душанбе, 2013, 300-304с.
9.Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот
— Таҳти роҳбарии ӯ зиёда 15 нафар оиди фанни педагогика ва методикаи таълими химия рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд. Аввалин маротиба зарурати таълими тафриқа ва барномаи онро ба Вазорати маориф пешниҳод карда, ҳоло дар 400-мактаби таҳсилоти умумӣ таълим дода шуда истодаанд. Инчунин оид ба ин намуди таълим дастурҳо ва маводҳои таълимӣ пешниҳод намудаанд.
- Шарҳи мухтасари ҳоли Убайд Зубайдов
Фаъолияти илмию педагогии академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Убайд Зубайдов
Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ Убайд Зубайдов 5 марти соли 1939 дар деҳаи Томчии хоҷагии Гулистони ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.Убайд Зубайдов баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи нопурра соли 1953 ба омӯзишгоҳи педагогию тарбияи ҷисмонии ноҳияи Ваҳдат (Кофарниҳон) дохил шуда, онро соли 1957 бо баҳои аъло хатм мекунад. Худи ҳамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (собиқ Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко) дохил мешавад ва онро соли 1962 бо дипломи аъло бомуваффақият хатм менамояд. Убайд Зубайдов ба аспирантураи мақсаднок дохил шуда, як сол пеш аз муҳлат, яъне соли 1969 дар мавзӯи «Сафедаҳои донаҳои чойҷӯворӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Академик У. Зубайдов ҳамчун муҳаққиқ дар доираи фанҳои биологӣ (химияи биологӣ) рисолаҳои илмию корҳои назарии фаровоне таълиф кардааст. Баъзе мақолаҳои илмии ӯ аз доираи кишвари мо берун рафта, дар Москваю Олмон, Чехославакия, Руминия, Туркия ва дигар ҷумҳуриҳо ба табъ расидаанд. Солҳои баъдӣ таваҷҷуҳи ӯро як соҳаи таҳқиқнагаштаи илми педагогика-таълими тафриқа ба худ ҷалб кардааст. Ин буд, ки соли 1999 Убайд Зубайдов дар мавзӯи «Асосҳои назарӣ ва амалияи таълими тафриқа дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, заминаи асосиро гузошт ва барои таҳқиқоти паҳлуҳои гуногуни он фарзияҳои дақиқи илмии хешро баён дошт.Бояд таъкид кард, ки таҳқиқоти анҷомдодаи У.Зубайдов дар доираи фанни химия сурат гирифтааст, яъне таҳқиқотҳои анҷомдодаи ӯ ҳам ба илми химия ва ҳам ба соҳаи педагогика иртибот доранд.Солҳои 1962-1966 мудири шуъбаи кор бо донишҷӯён ва ҷавонони КМ комсомоли ҶТ ва муаллими кафедраи химияи умумии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷоҷикстон, 1966-1969 аспиранти кафедраи химияи умумӣ, 1969-1970 муаллими калон, 1970-1971 мудир ва ҳамзамон, аз с. 1973 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1971-1976 декани факултети табиатшиносию география, 1976-1991 декани факултети биологияю химия, мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ ба номи Қ.Ҷӯраев (аз с. 1998), ҳамзамон солҳои 1991-1996 корманди калони илмӣ ва мудири лаборатория, 1996-2002 ҷонишини директор оид ба корҳои илмӣ, 2002-2005 директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (ПИП). Аз с. 2005 мудири шуъбаи мактабҳои таҳсилоти умумии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ). Ҳамзамон аъзои Шӯроҳои илмии ДДОТ, АТТ, ҷонишини раиси Шӯрои диссертатсионии ДДОТ оид ба методикаи таълими химия ва биология аъзои Шӯрои диссертатсионии ДДОТ, АТТ узви ҳайати таҳририяи маҷалаи «Маърифати омӯзгор», “Паёми ДДОТ”, “Паёми АТТ” узви Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракати ҷамъияти Тоҷикистонро низ ба душ дорад. Мавсуф дар таҳияи нақшаҳои таълим, барномаҳои таълими химияю биология, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ фаъолона ширкат варзидааст. Аввалин барномаи таълими тафриқа, монография, китобҳои дарсию дастурҳои методии марбути он ва консепсияи маълумоти химияю стандарти давлатии маълумоти фанни химия ба қалами Зубайдов У. мансуб аст. Навоварии олим Убайд Зубайдов аллакай дар таҳқиқотҳои солҳои 70-уми қарни ХХ анҷомдодааш ба назар мерасад. Инро метавон дар мисоли мазмуну мундариҷаи ду рисолаи илмиаш «Тараққиёти химияи полимерҳо» ва «Химия ва биохимияи сафеда» исбот кард. Бояд гуфт, ки дар он давра проблемаи омӯзиши полимерҳо ва сафеда аз ҷумлаи самтҳои муҳимми илми химия ба шумор мерафт. Даст задан ба таҳқиқи ин проблемаҳои бунёдии биохимия аз қобилияти баланди ӯ дарак медиҳад. Рисолаи «Витаминҳо ва пайвастагиҳои фаъоли биологӣ», ки соли 1996 рӯи чопро дидааст, натиҷаи таҳқиқоти тӯлонӣ ва навоварии ин олими химияшинос буда, он саҳифаи навест дар соҳаи химияи биологии тоҷик…. Агар мо фаъолияти илмию педагогии профессор Убайд Зубайдовро даврабандӣ кунем, пас он аз ду марҳала иборат аст — марҳалаи якум солҳои 1962-1990 ва марҳалаи дуюм аз соли 1991 то имрӯзро дар бар мегирад.
Марҳалаи аввали фаъолияти илмию педагогии олим бештар бо он хос аст, ки мавсуф дар баробари ҳамчун олим, омӯзгор ва роҳбар ташаккул ёфтан ба таҳқиқи проблемаҳои муҳимми назарияи соҳаи илми химияи биологӣ шуғл варзида, дар ин ҷода ба дастовардҳои шоён муваффақ гардидааст. Ин марҳалаи фаъолияти илмию педагогии Убайд Зубайдов дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сурат гирифтааст.
Марҳалаи дуюми фаъолияти илмию педагогии профессор Убайд Зубайдов баъди истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ба кор омадани ӯ оғоз ёфтааст. Самтҳои асосии фаъолияти олим дар ин марҳала аз таҳқиқи проблемаи педагогии таълими тафриқа дар мактаби таҳсилоти умумӣ, мазмуни таҳсилоти мактабӣ аз химия ва биология (дар барномаҳои таълим ва стандартҳои давлатии таҳсилот аз ин фанҳои таълимии мактабӣ инъикос гардидааст), таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ аз ин фанҳо барои мактабҳо ва омӯзгорони фанҳои химия ва биология, кор аз болои рисолаи докторӣ, идомаи фаъолияти омӯзгорӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси педагогӣ иборат мебошанд. Маҳз дар ҳамин марҳалаи фаъолияти илмию педагогӣ ҷасурӣ, қавииродагӣ, навоварӣ, пухтакорӣ ва фидокории профессор Убайд Зубайдов баръало ошкор гардида, маҳсули калон ба бор овардааст, ки он, пеш аз ҳама, ба соҳаи маориф ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ равона карда шудааст.Вале дар маркази диққати корҳои таҳқиқотии олим дар ин марҳала таълими тафриқа ва татбиқи он дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар меистод. Ҳалли ин проблемаи илмӣ дар шароити Тоҷикистон дар рисолаҳои калонҳаҷми илмии олим «Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият» ва «Тафриқа-нерӯи пешбари таълим» инъикос ёфтааст. Олим дар ин рисолаҳои илмии худ моҳияти таълими тафриқа ва бо назардошти таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ роҳ ва воситаҳои татбиқи ин шакли ташкили таълимро дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон исбот намудааст. Дар баробари ин, муҳаққиқ хуб дарк мекунад, ки дар ин марҳала исбот кардану роҳ нишон додани татбиқи таълими тафриқа, таҳияи нақшаю барномаҳои марбутаи таълим ҳанӯз кам аст. Барои ҳамин, ӯ дар татбиқи таҳсилоти тафриқавӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон шахсан ширкат меварзад. Дар оғози ин роҳ, албатта, монеаҳои зиёд мавҷуд буданд, вале профессор Убайд Зубайдов бо истодагарию фидокории худ ва бо дастгирии Вазорати маориф, сохторҳои илмию методии он, қисме аз роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ, сарварону омӯзгорони мактабҳо, тавонист натиҷаҳои таҳқиқоти худро оид ба таълими тафриқа дар амалияи фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон амалӣ намояд.
Таълими тафриқа яке аз намудҳои самаранок ва сермаҳсули раванди таълим ба ҳисоб рафта, тавассути он амалҳои таъсиррасонии бомақсадро ба роҳ мондан мумкин аст. Ҷорӣ кардани воситаҳо ва намудҳои сермаҳсул дар таълими тафриқа аз ҷониби педагогҳову психологҳо имконият медиҳад, ки дар муддати кӯтоҳ ба сарфи оқилонаи вақт самаранокии сифати таълим ба роҳ монда шавад. Мафҳуми тафриқа тамоми кӯшишҳои ташкилӣ ё методиеро, ки барои ба ҳисоб гирифтани истеъдоди фардӣ, қобилият, майлу таваҷҷуҳи ҳар як хонанда ё гурӯҳи хонандагон дар дохили як мактаб ё як синф равона шудааст, дарбар мегирад. Дар китоби “Таълими тафриқа ва мактаби муосир” (Душанбе, 2013) қайд гардидааст, ки таълими тафриқа ба қобилият ва истеъдоди шахс такя карда, шароит фароҳам меорад, ки онҳо аз имкониятҳои табиӣ ва шахсии худ истифода баранд. Ин шакли омӯзиш қабл аз ҳама дар асоси талаботи ҳаматарафаи қобилияту истеъдодҳо ба даст меояд.
Таълими тафриқа барои интихоби касб ва тарбияи мутахассисони варзида шароити зеҳнӣ ва рӯҳӣ муҳайё месозад. Китоби «Таълими тафриқа ва мактаби муосир» аз 7 боб иборат буда, дар он кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки дар боби якуми он «Инкишофи ақидаи таълими тафриқа дар дидактикаи муосир» проблемаи таълими тафриқа боз ҳам аниқтар омӯхта шуда аз диди илмӣ баён карда шавад. Боби дуюм, ки «Раванди таълими тафриқа дар мазмуни таҳсилот» унвон шудааст, ҳалли масъалаи муҳим ва нозукро дар замони муосир фаро мегирад. Дар бобҳои 3, 4, 5, 6 ва 7, ки масъалаҳои ташкили таълими тафриқа ва дурнамои он дар мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти бачаҳои лаёқатманд, таълими тафриқа дар мактабҳои мамолики ҷаҳон, стандарти таълими химия ва рӯзномаи омӯзгорро фаро мегиранд, саҳеҳ, фаҳмо, васеъ ва дастрас ба хонанда маълумот пешкаш гардидааст. Дар китоб қайд мегардад, ки тадқиқотҳои сершумори проблемаҳои таълими тафриқа аз он шаҳодат медиҳад, ки моҳияти таълими тафриқа бо робитаи мутақобилаи принсипҳои дидактикӣ бо принсипҳои тафриқа вобаста мебошад. Робитаи мутақобилаи принсипҳои умумидидактикӣ ба талаботи бо ташкили раванди таълим пешниҳодшуда, ки ба қадри кофӣ омӯхтани маводи базавии таълим, мувофиқати малакаҳои касбии хонандагон бо имкониятҳои воқеии онҳо, ислоҳи шаклҳои таълим, баланд бардоштани дараҷаи касбии кадрҳои педагогиро дарбар мегирад, низ таъкид мегардад. Натиҷаи ҳамин фидокории олим аст, ки имрӯз нақшаҳои таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар синфҳои 10-11 аз назари таҳсилоти тафриқавӣ таҳия карда шудааст ва дар мактабҳо ҷорӣ кардани онҳо натиҷаи хуб дода истодааст.
Убайд Зубайдов дар давоми фаъолияти илмию педагогӣ ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимӣ, 13 китоби дарсӣ, 65 барномаи таълимӣ ва дар маҷмӯъ беш аз 300 номгӯи асари илмию методӣ таълиф кардааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 20-нафар унвонҷӯёни ватанию хориҷӣ (аз Тоҷикистон, Эрону Туркия) рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд ва чанд нафари дигар омодаи дифоанд. Муаллифи китобҳои дарсии “Химия” синфҳои 8, 10, 11 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Методикаи таълими химия, Методикаи таълими биология ва Химияи биологӣ барои мактабҳои олӣ мебошад. Убайд Зубайдов олими ташаббускор аст. Маҳз бо саъю талошҳои ӯ соли 1970 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кафедраи химияи органикию биологӣ таъсис дода шуд. Ў дар тайёр кардани як гурӯҳи калони олимони соҳаи химия раҳнамоӣ карда, ҷавононро ба аспирантураи мақсаднок ба шаҳрҳои Москваю Ленинград, Кишинёв фиристода, аз як тараф теъдоди устодони унвондорро афзуда бошад, аз ҷониби дигар, воҳидҳои кории кафедраро бо олимони соҳа ва мутахассисони соҳибтаҷриба пурра гардонида, неруҳои илмии химияи тоҷикро дар тамоми кишвар муаррифӣ кардааст. Дар амали роҳбарӣ ба унвонҷӯёну аспирантон Убайд Зубайдов истеъдоди хоса дорад. Мавсуф қудрати фитрие дорад, ки неруҳои илмию ақлониро мутамарказонида, ба ҳалли масоили пешомада равона сохта метавонад. Ў ҳамеша кӯшидааст, ки ҳам донишҷӯёни пешқадаму аълохон ва ҳам омӯзгорону кормандони покизакорро дар вақти зарурат дастгирӣ намояд. Бо ибтикори бевоситаи ӯ аз таърихи 1.11.2014 барои донишҷӯёни аълохони факултаи химияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ идрорпулӣ (стипендия) таъсис дода шуда, ҳармоҳа аз ҳисоби музди маоши хеш ба ду нафар донишҷӯи аълохони факулта ба андозаи 120 сомонӣ (ба ҳар кадом) идрорпулӣ пардохт менамояд. Ин иқдом аз саховатмандии мавсуф гувоҳӣ дода амали басо нек, яъне дастгирии илмомӯзон кори хайр маҳсуб меёбад.
Соли 1976 дар Симпозиуми химиядонҳои ИҶШС — Германия, солҳои 1969 ва 1976, 1998 дар анҷумани биохимикҳо дар шаҳрҳои Москва ва Тошканд ширкат варзида бо маърӯзаҳои илмӣ суханронӣ намудааст.
Хидматҳои академик Убайд Зубайдовро дар инкишофи илм ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр кардааст. Инчунин фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва методию омӯзгории ӯ бо як қатор ифтихорномаю раҳматномаҳои Вазорати маориф, Аълочии маорифи СССР, Ифтихорномаи Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи СССР, Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудааст.
Академик У.Зубайдов баъди беморӣ 17декабри соли 2017 аз олам даргузашт.
Осор: Развитие химии и биохимии биополимеров. –Душанбе: Ирфон, 1976; Химия и биохимия белка,т.1-2.- Душанбе: Ирфон, 1976; Корҳои амалӣ аз химия барои синфҳои VIII,– IX (бо ҳаммуаллифӣ), «Вазорати маориф ва фарҳанг».- Душанбе, 1994; Химия ва биохимияи полимерҳои биологӣ. – Душанбе: Ирфон, 1997; Омӯзиши материалҳои маҳал дар курси химияи мактаби миёна (бо ҳаммуаллифӣ). – Душанбе: Ирфон, 1997; Теоретико-практические основы дифференцированного обучения в школах Республики Таджикистан. – Душанбе: Ҳумо, 1999; Таълими тафриқа: проблема, мулоҳиза, воқеият. — Душанбе: Хайём, 2001; Таълими тафриқа нерӯи пешбари раванди таълим. — Душанбе: Сарпараст, 2003; Саёҳат ба кишвари саломатӣ (синфҳои 1, 2, 3, 4). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР».- Душанбе, 2004; Саёҳат ба кишвари саломатӣ (дастур барои муаллимон). «ЮНИСЕФ ЧИП САПФИР».- Душанбе, 2004; Равияҳо дар таълим талаби замон. – Душанбе: Статус, 2007; Асосҳои методикаи таълими биология (бо ҳаммуаллифӣ). — Душанбе: Дизайн ва Принт, 2008; Асосҳои методикаи таълими химия, қисми I, II. – Душанбе: Дизайн ва Принт, 2008,–2009; Биохимия. /Вазорати хоҷагии қишлоқ. — Душанбе, 2009; Ташаккули фикрронии хонандагон дар дарси химия. — Хоруғ, 2009; Иқтисодиёт ва экология. — Душанбе: Шарқи озод, 2011; Методикаи таълими химия. — Душанбе: Шарқи озод, 2011; Инсоният ва экология /Вазорати Маориф. — Душанбе, 2011; Химияи органикӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои X.- Душанбе: Сарпараст, Маориф ва фарҳанг, 2006,–2011; Химияи умумӣ. Китоби дарсӣ барои синфҳои XI. — Душанбе: Ноширон, 2006, 2011; Химия. Китоби дарсӣ барои синфҳои VIII. — Душанбе: Шарқи озод, 2005, 2011; Стандарти фанни химия ва роҳнамои омӯзгор. — Душанбе, 2012; Таълими тафриқа ва мактабҳои муоссир. — Душанбе: Ирфон, 2013; Химияи биологӣ — Душанбе: Бухоро, 2013; Тавсияҳои методӣ оид ба ташкили корҳои мустақилонаи беруназаудитории донишҷӯён. — Душанбе: Матбааи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, 2014. Барномаи таълими босуръати фанни химия зинаҳои 2-4. Душанбе, 2014. – 100с.
КАРИМОВА Ирина Холовна. Омӯзгор, доктори илмҳои педагогӣ (2000), профессор (2002), академики АТТ (2009). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1998), дотсент ва профессори кафедраи фарҳангшиносӣ, педагогика ва психологияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (аз соли 1998 то имрӯз), декани факултаи омодагӣ ба муассисаҳои таълимоти олӣ (1996-2005), муовини вазири маорифи Тоҷикистон (2005-2008), президенти АТТ (аз соли 2008 – 2015), ноиби президенти АТТ аз соли 2015
Шарҳи ҳол. КАРИМОВА Ирина Холовна 9 сентябри соли 1956 дар шаҳри Қурғонтеппа дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Ирина аз хурдӣ ба мутоилаи китоб ва нашрияи дӯстдоштаи кӯдакон шавқу рағбати хоса дошт. Вале бештар падарро пайравӣ намуда, мехост ба мисли падараш Хол Каримов корманди ҳарбӣ шавад. Воқеан, қаду комати волояш ба ин касб мувофиқ буд. Маълум аст, ки барои корманди ҳарбӣ танҳо ҷусса басанда нест, қалби баҳар гапу кори сахт тобовар ҳам зарур аст.Чун падараш инро хуб эҳсос менамуд, ин нияти ӯро тавассути устодон пешгирӣ менамуд.
Ирина баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онро бомуваффақият хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ бо роҳҳати Вазорати маорифи ҶТ ба ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) сафарбар мегардад.
Каримова И.Х.оғози фаъолияти меҳнатии худро ба сифати муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби таҳсилоти умумии №81-и ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, тайи солҳои 1978-1992 аз вазифаи муаллими синфҳои ибтидоӣ, муовини директор то ба сарварии мактаби таҳсилоти умумии номбурда ифои вазифа намудааст. Тавре пайхас намудед, таҷрибаи педагогии худро бою ғанӣ гардонидааст. Ў аз касби интихобнамудааш меболиду ифтихор менамуд. Ана ҳамин дилбастагиву муҳаббати самимӣ нисбати ба соҳаи маориф ӯро ба таҳқиқу пажӯҳиши тарбияи маънавии талабагон ҳидоят намуд. Хушбахтона, дар ин самт низ комёб шуду, оид ба масъалаи тарбияи маънавӣ рисолаи номзадӣ навишта, аз он бо муваффақитят дифоъ намуд. Маълум аст, ки як қатор муассисаҳои олии таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ таҷрибаи бою ғанӣ ва олимии ӯро ба инобат гирифта, ба кор даъват менамуданд. Вале, ӯ аз муҳити дилхоҳ берун шудан намехост.
Меҳнати чандинсолаи педагогияш хело сайқал ёфт, нақшаҳояш бобати корҳои илмӣ зиёд шуданд ва ниҳоят ба мақсади рушди фаъолияти педагогӣ аз равзанаи мактаб ба муҳити фаррохтар – ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба кор гузашта, аз соли 1992 то 1998 дар кафедраи педагогика ва психология ба сифати омӯзгор фаъолият намуд. Соли 1998 Ирина Холовна фаъолияташро дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия идома медиҳад. Муҳити хуби илмию таҷрибавӣ ва шавқу рағбати беандоза ба омӯзиши дастовардҳои илмии олимони ватанию хориҷӣ роҷеъ ба илми педагогика ӯро ба таҳқиқу баррасии рисолаи докторӣ ҳидоят намуд, дар мавзӯи «Тарбияи инсондӯстӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд.Ирина Холовна баъди ҳамаи муваффақиятҳо ором намеистод, бо ташаббуси ӯ дар назди донишгоҳ «Литсей» ташкил ёфт. Бо таассуроти аз «Авесто» гирифтааш шиори худро дар зиндагӣ интихоб карда буд: «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» ва вобаста ба ин, ба литсей номи «Некӣ» гузошт. Агарчи барои бисёриҳо мақсад нофаҳмо буд, муаллима ин номро аз самимияти қалби хеш интихоб карда буд.
Бо шогирдони литсей ҷашни Наврӯзро дар Донишгоҳ аҷаб хотирмоне ташкил карда буд. Дар рангорангии барнома ба ӯ беҳтарин ҳунармандониҶумҳурӣ кӯмак намуданд. Дар давраи сарвари литсеи мазкур будани профессор КаримоваИ.Х. чандин муҳассилин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ доир ба фанҳои гуногун ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд. Ба ин тариқ ҳисси масъулиятшиносиву ташкилотчигиаш камол меёфт.
Соли 2005 ӯро ба вазифаи муовини вазири маориф таъин карданд. Беҳтарин таассурот аз ин давра барояш боқӣ мондааст. Тавре, ки худи муаллима иброз медорад: «Ростӣ, то ин вақт ба ҳеч куҷо сафар накарда будам ва маҳз ба шарофати соҳибистиқлоли кишвар ва амну суботи ҷомеа ва масъулияти бар душ доштаам қариб ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ сафар намуда, ба вазъи соҳа аз наздик шинос шудам, омӯхтам ва омӯзондам, бо муаллимоне вохӯрдам, ки корашон сарупо омӯхтанист ва ҳам муаллимоне, ки ба омӯхтан ниёз доранд. Қобили зикр аст, ки кулвори хотираҳоям аз ҳисоби сафарҳои хориҷа низ вазнин гардид».Моҳи ноябри соли 2008 Ирина Каримова ба вазифаи президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъин гардид. Муаллима ба хубӣ эҳсос менамуд, ки идора намудани бузургтарин муассисаи илмии соҳа, аз ҷониби дигар, таҳқиқу омӯзиши мавзӯҳои ҳалталаб ва сафарбар намудани муҳаққиқони ҷавону болаёқат ба дарёфти роҳҳои илмомӯзӣ ва беҳтар муайян кардани сатҳи сифати таҳсилот бештар гаштаанд.
Бояд таъкид намуд, ки ба сифати президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба кор шуруъ намудани профессор Каримова И.Х. дар академия як навъ руҳи дигар гирифтани фаъолият ва ё худ самтҳои кори кормандони илмии он дақиқтар гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами таълиму тарбия, таҷлили конференсияҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, семинару мизҳои мудаввар ба ҳукми анъана дароварда шуд. Илова бар ин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии педагогиву методии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои Россияву Қозоқистон, Туркманистону Қирғизистон ва бо Эрону Афғонистон яке аз хизматҳои шоистаи мавсуф маҳсуб меёбад. Натиҷаи чунин ҳамкориҳо буд, ки аз ҷумҳуриҳои, бахусус, Қазоқистон ва Эрону Афғонистон дар тӯли 5-6 соли охир зиёда аз 20 нафар лаёқатмандон дар шӯрои ҳимояи диссертатсияҳои докториву номзадии назди Академия, ки раисии онро низ академик Каримова И.Х. ба ӯҳда дорад, рисолаҳои худро дифоъ намуда ба дараҷаи илмии номзадии илмҳои педагогӣ сазовор гардидаанд. Ниҳоят, китобхонаи АТТ зимни чунин ҳамкориҳо бо китобҳои илмии соҳаи педагогика ва методикаи таълим, бахусус, аз тарафи сафоратхонаи Федератсияи Россия басо ғанӣ гардонида шуд.
Фаъолияти илмиву педагогии академик Каримова И.Х.доираи васеъро фаро мегирад. Ў ба ҷуз машғул шудан ба тадқиқотҳои илмию педагогӣ, ҳамчун донандаи беҳтарини кори мактабу маориф, дар талифу баррасии чандин барномаҳои давлатӣ ва консепсияҳои таълим, стандартҳои давлатии фанҳои таълимӣ, таъсисдиҳандаи саволномаҳои тестии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, яке аз роҳбарон ва ҳам муаллифони стандарти таҳсилоти миёнаи умумӣ, яке аз роҳбарон ва ҳам муаллифони сермаҳсул эътироф шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки тайи 40 сол аст, ки Ирина Холовна дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маориф бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ташаббускориву созандагароӣ пурмаҳсул фаъолият дорад. Барояш аз ҳама ифтихоромез «Муаллима!» гуфта муроҷиат кардани шогирдон аст. Имрӯз падар ҳам аз мавқеи фарзанд меболад. Ирина дар хонадон меросбари бобояш – аввалин мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Карим Юсуфов шудааст. Агарчӣ тақдир ба қасди орзуҳояш кор кард. Ў хеле қаноатманду болида аст. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Тақдир ба хости касон не, ба хости худ кор дорад» .
Академик Каримова Ирина Холовна тӯли фаъолияти президентиаш дар Академия чандин маротиба дар сафарҳои хизматӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ буда, дар конференсияву съездҳои муаллимони давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) ширкат варзида, аз минбари чунин ҷамъомадҳои бошукӯҳ ҳамчун донандаи закии кори маориф маърӯзаҳои пурумуҳтаво намуда, баҳри дар оянда беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбияи муҳассилини чӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва чӣ мактабҳои олӣ пешниҳодҳои ҷолиб намудааст.
Самти бо ҳам назарраси фаъолияти академик Каримова И.Х.ин аст, ки ӯ омода намудани мутахасисони баландихтисоси соҳаи педагогикаи тоҷик ба шумор меравад.Дар ин ҷода низ хизмати пурзаҳматаш баръало эҳсос карда мешавад.
Таҳти роҳбарии Ирина Каримова беш аз 20 нафар унвонҷӯёну аспирантон рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Акдемик Каримова И.Х. дар офаринаш асарҳои пурарзиши соҳаи педагогика лаёқати баланд дорад. Ба қалами ӯ ду китоби дарсӣ, 3 монография ва беш аз 100 мақолаи илмӣ мансуб буда, иштирокдори даҳҳо семинару конфронсҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва минтакавӣ дар соҳаи маориф мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бенуқсон ва созандаи Ирина Холовна Каримоваро ба инобат гирифта, соли 2001 ӯро бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонид. Соли 2013 Ирина Каримова бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон», 6 июни соли 2014 бо Нишони фахрии «Барои дӯстӣ ва ҳамкорӣ»-и «Россотрудничество»-и Федератсияи Россия, соли 2014 бо медали» Дӯстӣ»-и ҷумҳурии Қазоқистон ва соли 2015 аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Россия бо «Медали Пушкин» сарфароз гардонида шуд. 11 уми феврали соли 2015 бо медали «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 17 уми феврали соли 2016 бо медали ҷашнии 20-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2017 бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Ин буд, ки дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эъҷодӣ ва қобилияти кордониву ташкилотчигии академик Каримова И.Х. мақолаҳои зиёде тайи солҳои гуногун ба таъб расидаанд. Месозад, ки баъзе аз онҳоро дар зери баррасӣ намоем, то ки алоқамандону хоҳишмандон он маъхазҳоро ҷустуҷӯ намуда, бо фаъолияти меҳнатии ин зани сермаҳсул боз ҳам бештар шиносоӣ пайдо намоянд:
1.Меваи шаҳдрези истиқлол // Фирӯза №4-8, 2001 –С.5
2.Бонувони соҳибвазифа// Фирӯза 2005- С.11.
3.Ман «Некиро» аз «Авасто» гирифтаам// Гуфтугу, 2005.
4.Испытание фартуной // Студенчиские вести, 2005, №1
5.Симои зани рӯз // Гуфтугу, 2006.
6.Как слово русское отзовется //Куръер Таджикистана, 2007,№49
7.Ба муаллим пул не, гул тӯҳфа кунед //Омӯзгор, 2007,№3
8.Руҳ аст мактаб//Омӯзгор, 2008,№15
9.Академик Каримова //Бонувони Тоҷикистон,2011, №10.
10.Медаль за супружескую любовь и верность //Куръер Таджикистана,2011, №28.
11.Мулоқот бо олим //Омӯзгор,2013, №24.
12.Россия-Тоҷикистон;ҳамкориҳо вусъат меёбанд//Омӯзгор, 2014, №14.
ОСОР:
1.Влияние политической информации в формировании убеждений школьников.- Душанбе: Знание, 1990- 19 с.
2.Организация практических занятий с директорами образовательных школ. Методические рекомендации.– Душанбе: ДГПУ.,1994 -2 п.л.
3.Проблемные задачи для руководителей школ.- Душанбе:ДГПУ,1994-2 п.л
4.Культура– источник гуманизма.Монография.-Душанбе:1998- 7,6 п.л.
5.Гуманистические воззрения средневековых мыслителей таджикского народа: воспитательный потенциал и трансвормация в современную жизнь.-Душанбе, 2000.-2,5 п.л
6.Программа по дисциплине «Педагогика», составитель Душанбе, РТСУ -0,5 п.л
7.На волнах любви к человеку.Монография,- Душанбе,2002 -7 п.л
8.Нести добро детям.Монография,- Душанбе, 2005-3.5 п.л
9.ВИЧ/СПИД и образование, информционный сборник – Душанбе,2006,- 182 с.(в соавторстве)
10.Здоровый образ жизни – Тарзи ҳаёти солим// (Методическое пособие для учителей 7-9 классов). В соавторстве, на русском и таджикском языках-Душанбе, 2008- 195с. и 195 с.
11.Здоровый образ жизни – Тарзи ҳаёти солим//Тренинг жизненных навыков на таджикском и русском языках (Учебное пособие для учащихся 7 классов). В соавторстве, -Душанбе, 2008- 90 с.И 90 с.
12.Здоровый образ жизни – Тарзи ҳаёти солим//Тренинг жизненных навыков на таджикском и русском языках (Учебное пособие для учащихся 8 классов). В соавторстве, -Душанбе, 2008- 90 с.И 90 с.
13.Здоровый образ жизни – Тарзи ҳаёти солим//Тренинг жизненных навыков на таджикском и русском языках (Учебное пособие для учащихся 9 классов). В соавторстве, -Душанбе, 2008- 80 с.и 80 с.
14.Педагогика (курс лекций). Учебное пособие в соавтортсве –Душанбе, 2008.-284 с.
15.Учитель- творец добра и прогресса. Монография- Душанбе, 2008.- 180 с.
16.Рангинкамон. Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони сини то мактабӣ (Роҳбари гурӯҳ).- Душанбе -2013- 126 с.
17.Педагогикаи ибтикорӣ (Иновационная педагогика) Монография,-Душанбе.«Ирфон», 2013. -544 с (бо хаммуалифӣ).
- Здоровый образ жизни – 10 класс (Пособие для учителя ). -Душанбе, 2014- 70 с.и 80 с. (В соавторстве)
- Здоровый образ жизни – 11 класс (Пособие для учителя ). -Душанбе, 2014- 70 с.и 80 с. (В соавторстве)
20.Здоровый образ жизни–Тарзи ҳаёти солим//Тренинг жизненных навыков (Учебное пособие для учащихся 10 классов)., -Душанбе, 2008- 92 с.( В соавторстве)
21.Здоровый образ жизни–Тарзи ҳаёти солим//Тренинг жизненных навыков (Учебное пособие для учащихся 11 классов)., -Душанбе, 2008- 90 с.( В соавторстве)
22.Русский язык – 3 класс ((Учебник для 3 –го класса ср.шк. с таджикским яз. обучения) // под Ред.Шарипова Ф. – Душанбе, 2006-288 с.
ҚОДИРОВ Қодир Бозорович (15.03.1951 — 24.07.2018)
Қодиров Қодир Бозорович -доктори илмҳои педагогӣ (2000), профессор (2009), узви вобастаи АТТ (2005), узви пайвастаи АТТ(2012), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002). Қодиров Қ.Б. хатмкардаи факултети шарқшиносии УДТ ба номи В. И. Ленин(1973), академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2014) мебошад. Қодиров Қодир Бозорович солҳои 1973-1975 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сифати тарҷумон, сипас муаллими калони ИДПК ба номи А. Рӯдакӣ(1975–1979) фаъолият намудааст. Хизмат дар сафҳои Армияи Шӯравӣ (1979–1982). Аспиранти ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко(1983–1986), муаллими калон, мудири кафедраи педагогикаи таълими ибтидоии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ(1987–1994) ва ходими калони илмии ДДОД ба номи Қ.Ҷӯраев (1994–1996), мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, сардори идораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси ВМ ва илми ҶТ (1996–2006), ноиби аввали ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон оид ба таълим (2006-2011). Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2011-2015). Аз соли 2015 сардори шуъба дар АТТ.
Қодиров Қ.Б. ба сифати намояндагӣ аз Вазорати маорифи ҶТ иштирокдори якчанд конфронсу семинарҳои байналмилалӣ дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон (1991), Қазоқистон (1998), Ўзбекистон (2001), Япония (2002), Хитой (2005), Туркия (2009) оид ба масъалаҳои низоми кредитии таҳсилот, идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ, маблағгузории сарикасии муассисаҳои таълимӣ, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон буданд ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.
Профессор Қодиров Қ.Б. аз соли 2002 инҷониб узви Шӯроҳои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 13.00.01–педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), инчунин муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мавзӯъҳои илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ мебошад.
Кор дар вазифаҳои масъули соҳа, аз ҷумла дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки академик Қодиров Қ.Б. дар таҳия намудани ҳуҷҷатҳои муҳими соҳаи маориф саҳм гузорад. Ў дар таҳия намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017”ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолона иштирок намудааст.
Академик Қодиров Қ.Б. муаллифи 8 монографияи илмӣ, китоби дарсии“Забони тоҷикӣ”барои донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологии мактабҳои олӣ ва муаллифи зиёда аз 120 мақолаҳои илмию методӣ ва оммавӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуданд.
Асару мақолаҳои зиёди академик Қодиров Қ.Б. ба паҳлуҳои гуногуни илми педагогикаи муосир, инкишофи соҳаи маориф дар солҳои истиқлолият, ворид намудани технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ ба ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, амалӣ намудани низоми кредитии таҳислот, зарурати гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат, ва малакаҳои хонандагон ва ғайра бахшида шуданд.
Агар дар таҳқиқоти бунёдии ӯ “Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён”. -Душанбе: Матбааи Вазорати маорифи ҶТ. -2012.–240 с., “Масъалаҳои таълиму тарбия аз аҳди бостон то ба баъд” барои муайян намудани роҳу усули тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифта бошанд, дар монографияи дигари ӯ “Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”.– Душанбе: Маориф, 2012 дастовардҳо ва камбудиҳои низоми маорифи ҷумҳурӣ, инчунин дурнамои инкишофи маорифи ҷумҳурӣ таҳлил ва баррасӣ гардиданд.
Академик Қодиров Қ.Б. аҳамияти ворид намудани технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсиониро ба ҷараёни таълиму тарбияи донишҷӯён дар асараш “Ҷанбаҳои дидактикии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар мактаби олӣ”. –Душанбе, 2006, таҳқиқ намудааст. Ин асар аз як тараф маҷмӯи шароитҳои дидактикии истифодаи самараноки воситаҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар раванди таълими муассисаҳои олии касбӣ ба низом дароварда, ҷамъбаст менамояд. Аз тарафи дигар тамоми воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии таълимиро дар як низоми ягона алоқаманд менамояд.
Дар баробари ин масъалаҳои таъмини методии иштирокдорони раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар асар мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Омӯзиши таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон низ таваҷҷуҳи профессор Қ.Б. Қодировро ҷалб намудааст. Ин масъалаҳо дар асарҳои ӯ “Таълимоти маорифпарварӣ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик”.– Душанбе, 2006, “Афкори тарбиявии ҳамасрони Рӯдакӣ”.- Душанбе, ДИТ, 2008 ва “Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз замонҳои қадим то зуҳури ислом”.– Душанбе: Ирфон,1988 мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар рисолаи ӯ “Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён”(Душанбе, 2012, 240 саҳ.) аз қаъри анбӯҳи донишҳои гузаштагон маҳз марворидҳоеро ба гунаи ганҷи нодир ба риштаи таҳқиқ кашидааст, ки дар тарбияи насли башар саҳим ҳастанд. Китоби мазкур як навъ рисолати иршод ва раҳнамоеро ба уҳда гирифтааст.
Профессор Қодиров Қ.Б. ҳар як давраро берун аз раванди умумии инкишофи он, саҳеҳтараш, дар шакли давраҳои алоҳидаи ба ҳамдигар иртиботнадошта мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аз ҳамин боис бисёр масъалаҳо на танҳо ба давраи тозардуштӣ, балки ба давраи ҳахоманишинӣ ва хусусан ба айёме, ки онҳоро аз давраи Сосониҳо ҷудо мекунад тааллуқ дорад. Муҳаққиқи пуркор дар асараш ба хулосае омадааст, ки тарбия дар “Авасто” ду самт дорад: самти теосентристӣ ва антропосентристӣ, ки инсонро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад. Муаллиф дар китобаш ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва вазъи таълиму тарбия дар давраи ҳахоманишиҳоро баъди тавзеҳи мухтасари вазъи сиёсиву фарҳангӣ, ба пажӯҳиш кашидааст.
Дар маҷмӯъ, ин рисолаи муҳаққиқи шинохта пажӯҳиши арзандаву мондагор дар таҳқиқи саҳфаҳои норӯшани афкори педагогии ниёгон ва дастури муҳиме барои донишҷӯён, мактабшиносон, аҳли илму маориф шуда метавонад. Мақолаҳои зиёди ӯ оид ба масъалаҳои низоми кредитии таҳсилот, ислоҳоти соҳаи макориф, дастовардҳо ва мушкилоти он дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмию методии соҳавӣ ба табъ расиданд.
Академик Қодиров Қодир Бозорович роҳбари гурӯҳи озмоишӣ оид ба гузариш ба низоми нави баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва малакаҳои хонандагон буда, бо маърӯзаю гузоришҳои зиёди илмӣ дар конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад мекунад.
Аҳамияти таълими забони давлатиро дар тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ба назар гирифта, дастури таълимии “Забони тоҷикӣ”-ро Қодиров Қ.Б барои донишҷӯёни факултаҳои ғайрифилогии мактабҳои олӣ” таҳия намуда, соли 2014 ба табъ расонид. Дастури мазкурро устод бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводи хаттиву шифоҳии донишҷӯёни факултетҳои ғайрифилологии мактабҳои олии ҷумҳурӣ бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 5/8 аз 3.05.2001 “Барномаи забони тоҷикӣ барои гурӯҳҳои тоҷикии факултаҳои ғайрифилологии мактабҳои олии ҷумҳурӣ” таҳия кардааст.
Узви пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Қодиров Қ.Б. бо вуҷуди дар вазифаҳои масъул дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият карданаш пайваста дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба донишҷӯёну аспирантон аз фанҳои назария ва таърихи педагогика, муқаддимаи педагогика, маҳорати педагогӣ, психология ва забони тоҷикӣ дарс гуфтааст.
Хизматҳои шоёни сермаҳсули академик Қодиров Қодир Бозорович аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академия таҳсилоти Тоҷикистон муносиб қардонӣ шудааст. Академик Қодиров Қ.Б. бо ифтихорномаҳои Шӯрои Олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, соли 2015 бо медали 10-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2016 бо медали 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи феврали соли 2017 бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи августи соли 2017 академик Қодиров Қодир Бозорович ба гирифтани унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф гардид.
24 июли соли 2018 академик Қодиров Қодир Бозорович нобаҳангом аз олам чашм пӯшид.
Осор:
- Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз замонҳои қадим то зуҳури ислом, Душанбе, 1998;
- Тарбияи шахсият ва ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар «Шоҳнома»- и Фирдавсӣ, Душанбе, 2001;
- Таълимоти маорифпарварӣ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик, Душанбе, 2006;
- Аспектҳои дидактикии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар мактаби олӣ, Душанбе, 2006;
- Вожаномаи истилоҳоти психологӣ, Душанбе, 2008;
- Афкори педагогии ҳамасрони Рӯдакӣ, Душанбе, 2008;
- Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе: Маориф, 2011;
- Таърихи тарбия аз аҳди бостон то замони Сомониён, Душанбе: Маориф, 2012;
- Социально-экономические показатели наркомании//Вестник Академии образования Таджикистана, № 1/8, Душанбе ,2012 с 23-31;
- Необходимость и трудности системы и критерии оценивания знаний, умений и навыков // Маорифи Тоҷикистон, № 4 Душанбе, 2012 с 4-18;
- Педагогическая мысль предков таджиков в древности// Наука и инновация, №1-2, Душанбе, 2012.с 20 -28;
- Под национальным знаменем для реализации целей независимости // Маърифати омӯзгор, №9-10, Душанбе 2013,с 23-26;
- История воспитания с древнейших времён до эпохи Саманидов. Душанбе, Маориф, 2012 -239 с;
14.Роль педагогические мысли арийских племен в развитии цивилизации современного мира/Сборник научных статей «Научно педагогические и технические достижения сферы образования в годы независимости» Душанбе: Маориф, 2009 с 51-59;
- Распространение наркомании среди детей и подростков //Вестник Академии образования Таджикистана ,№2(4), Душанбе, 2013 с 29-37;
- Достижения и проблемы образования Таджикистана //Вестник Академии образования Таджикистана ,№2(13), Душанбе, с 78-90;
- Нравственные идеи в религиозной учении Мир Сайида Али Хамадони/Сб.статьей посвященной 700-летию Мир Сайида Али Хамадони/ Душанбе,2014 с 17-21;
- Проблема семейного воспитания в творчестве Мир Сайида Али Хамадони //Вестник Академии образования Таджикистана//,№4, Душанбе, 2014 с 33-41;
- Нравственные идеи Мир Сайида Али Хамадони статьей посвященной 700 летию Мир Сайида Али Хамадони Душанбе, 2014 с 28-32;
- Учебное пособие для студентов нефилологических факультетов .Душанбе, 2014 -128с.;
- «Тарҳрезӣ ё борони санги маломат?!» (Ҷумҳурият, 4 июли соли 2015,№136 (22698))
22.Роҳҳои тарбияи фарзандон ва ташаккули оила аз нигоҳи Мир Сайид Али Ҳамадонӣ //Вестник педагогического университета, Душанбе 2015, №5-2 (66);
- Тарбияи ҳуқуқӣ ва аҳамияти он дар ҷомеаи муосир //Вестник педагогического университета, Душанбе 2015, №5-2 (66);
- Тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» Душанбе, «Империал — групп», 2017 -272 с (дар ҳаммуалифӣ).