ТАЪРИХИ ТАЪСИСИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар заминаи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маориф Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 482 таъсис ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи мазкур аз 29 апрели соли 2009, № 264 Муассисаи давлатии «Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст.

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи АТТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда фаъолияти хешро ба роҳ мемонад.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии зерсохторҳои худро ҳамоҳанг ва танзим менамояд:
— Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
— Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
— Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти   Тоҷикистон.
Дар фаъолияти худ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди таҳқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро ба роҳ мемонад.
Академия нерӯи бузурги илмиро дар ихтиёри худ дорад. Ҳамаи академикҳо ва аъзо-корреспонденҳои АТТ олимони варзида ва шинохта буда, дар ин ё он соҳаи илми педагогика мактаби худро доранд ва дар таҳқиқи масъалаҳои мубрами соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Инчунин, Академия олимони соҳаи илми педагогика, методикаи таълим, кормандони илмӣ ва мутахассисонеро, ки дар муассисаҳои зерсохтори Академияи таҳсилот фаъолият доранд, муттаҳид менамояд.
Аъзои Академия дар таҳияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Конепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта, стандартҳои давлатии таҳсилоти фанҳои синфҳои ибтидоӣ, Забони модарӣ, адабиёт, таърих, география, химия, биология, математика ва ғайраро мураттаб сохтанд, ки ҳамаи ин дар китобҳои «Стандарти давлатии таҳсилоти мактаби миёнаи умумӣ» (қисмҳои 1 ва 2) дарҷ ёфтааст ва алҳол аъзоёни Академия ба онҳо тағйироту иловаҳо ворид месозанд.
Таҳқиқотҳо оид ба масъалаи афкори педагогикаи ниёгон ҳусни оғоз ёфтаанд. Китобҳои М.Лутфуллоев — «Эҳёи педагогикаи Аҷам» «Шарафномаи миллат», «Тоҷикистон-Ватанам, ифтихорам», «Пандномаи Аҷам», «Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия», «Инсон ва тарбия»; Х.Афзалов — «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (дар ҳаммуаллифӣ), «Системаи маорифи халқ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба таррақӣ (дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи педагогикаи тоҷик»; Ф.Шарифзода — «Маърифат-асоси рушди ҷомеа (дар ҳаммуаллифӣ), «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» (дар ҳаммуаллифӣ), «Педагогикаи қарни XXI»; Қ.Қодиров — «Ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ», «Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз аҳди қадим то зуҳури ислом», «Самтҳои дидактикии истифодаи технологияҳои иттилоотии таълим дар мактаби олӣ»,«Таълимоти маорифпарварӣ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик», «Афкори педагогии ҳамасрони Рӯдакӣ», «Вожаномаи истилоҳоти педагогӣ-психологӣ», «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифӣ), инчунин «Анталогияи педагогии халқи тоҷик» (ба забони русӣ) ва ғайра аз ҳамин қабиланд.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар фаъолияти хеш ҳадафу вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ба проблемҳои мубрами таҳсилоти ҷумҳурӣ ва илми педагогика вобастаанд. Ҳалли ин вазифаҳо ба рушду такомули маорифи кишвар мусоидати комил менамояд.
Ҳадафу вазифаҳои Академияи таҳсилоти Тоҷкистон аз инҳо иборатанд:

— рушди пажуҳиши бунёдӣ дар самтҳои асосии илмҳои педагогика, методикаи таълим, психологияи педагогӣ, дидактика;

— таъмини таҳқиқоти илмии дурнамо, ки барои боло бурдани сатҳи мактаб ва маориф муҳиманд;

— ҳамоҳангсозии илми педагогикаи мактаб ва муассисаҳои олии таълим ба хотири рушди ҳамаҷонибаи илми педагогика ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таҳлили вазъи истифодаи дастовардҳои илми педагогика дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

— омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми педагогикаи ҷаҳонӣ ва мусоидат ба истифодаи ҳадафноки ин дастовардҳо дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— ҷустуҷӯ ва дастгирӣ намудани олимони боистеъдод, мусоидат ба рушди олимони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси педагогӣ;

— баррасии равияҳои асосии таҳқиқоти бунёдӣ;

— дар асоси шартномаҳои тарафайн бо Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ дар заминаи муассисаҳои тобеи Академияи таҳсилот дар таҳқиқотҳои илмию таълимӣ ширкат меварзад;

— барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини илми педагогика озмунҳо эълон менамояд;

— баҳри рушди муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки дастовардҳои илми педагогика тавсияҳо мекунад;

— барои ҳалли масъалаҳои педагогика, психологияи педагогӣ, дидактикаи умумӣ ва хусусӣ ва татбиқи натиҷаҳои коркарди илмӣ шӯроҳои илмӣ ва гурӯҳҳои эҷодии муваққатӣ ташкил менамояд;

— кадрҳои илмию педагогӣ тайёр мекунад ва такмили ихтисоси кормандони илмию педагогиро амалӣ месозад;
— ташхиси илмӣ доир мегардонад ва маслиҳатҳои илмӣ медиҳад;

— натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмию педагогиро нашр мекунад ва фаъолияти нашрии Академияи таҳсилотро ба роҳ мемонад;

— дар таблиғи дастовардҳои илми педагогика ва паҳн намудани донишҳои педагогӣ мусоидат мекунад.

Дар сохтори дастгоҳи марказии Академия шуъбаҳо ва бахшҳои зерин мавҷуданд:

— шуъбаи педагогика ва методикаи таълим;

— шуъбаи таълими фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ;

— шуъбаи инноватсия ва психологияи таҳсилот;

— осорхонаи маориф

— шуъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ

— бахши кадрҳо.

Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ оид ба ду ихтисоси илмӣ фаъолият мебарад.
Академикҳо ва мутахассисони варзида, олимони намоёни соҳаи илми педагогика И. Каримова, М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, С.Э. Неъматов, С. Шербоев ва дигарон таҳқиқи аспирантов ва унвонҷӯёнро раҳнамоӣ карда, мунтазам ба онҳо кӯмак мерасонанд, дар ташкил ва гузаронидани семинарҳои методологӣ фаъолона иштирок менамоянд ва ба онҳо маслиҳату тавсияҳои зарурӣ медиҳанд.
Фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон васеъ ва муҳити илмии он низ фарох мебошад. Академия бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Академияи тиб, донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ, раёсати идораи (шуъбаи) маорифи вилояту ноҳияҳо робита дошта, бо Академияи таҳсилоти Русия, Қазоқистон, Беларус дар асоси шартномаи тарафайн амал менамояд. Раёсати Академияи таҳсилот ҳар сол тибқи нақша 10-15 мизи мудаввару конфренсияҳои илмию амалӣ доир намуда, аъзои он дар конференсияҳои хориҷ аз Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ бобати беҳтар шудани сифати донишу таҳсил андеша меронанд, меҳмони доимии шабакаҳои телевизонӣ мебошанд.