МАВЗУИ РӮЗ

Семинари назариявӣ-амалӣ дар мавзуи «РАВАНДИ АТТЕСТАТСИЯ ВА ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯ: ТАҲЛИЛИ ТАЛАБОТ ВА ТАҶРИБА»

Имрӯз 20.09.2024 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон семинари назариявӣ-амалӣ дар мавзуи «РАВАНДИ АТТЕСТАТСИЯ ВА ҲИМОЯИ ДИССЕРТАТСИЯ: ТАҲЛИЛИ ТАЛАБОТ ВА ТАҶРИБА» бо иштироки Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, кормандони КОА, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Сафаров Ш А., раисони шуроҳои диссертатсионӣ ва котибони шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.



НЕЪМАТОВ С.Э., профессор, сармутахассиси

шуъбаи педагогика ва методикаи таълими

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТ – ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ!

9 сентябр дар қаламрави ҷумҳурии азизамон ҳама сола чун рӯзи таърихӣ, чун рӯйдоди сарнавиштсоз, чун саҳифаи дурахшони озодию ободӣ ва ҳуррияти комил, ки кишвари тозаистиқлоли тоҷикро ба тамоми оламиён ва абнои башар рӯйнамо кард, таҷлил мегардад. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун рӯйдоди бемисл ва тақдирсоз рамзи пирузиву хушбахтӣ, рамзи дастовардҳои нодир ва беназир дар таърихи давлатдорӣ ва тақдири миллати овозодори тоҷик маҳсуб ёфта, истиқболи даврони навини ҳаёти мамлакат, рушду нумӯи он, шукуфойии кишвари ободу озоди Тоҷикистонро дар самти бунёдкорӣ ва созандагӣ, ягонагӣ ва якдилӣ таъмин намуд.

Истиқлоли миллии кишвари Тоҷикистон ҳамчун неъмати бузургу безаволи халқи тоҷик ва дастоварди беназири таърихӣ ба шумор рафта, дар муддати начандон тулонӣ собит кард, ки он самараи меҳнатҳои диловаронаи халқу миллат, кӯшишу талошҳои ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвар мебошад.

Ҳамчун узви ҷомеа ва як тан шаҳрванди Тоҷикистон, олим ва мураббии насли ҷавонони муҳассил ифтихори хешро аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, паёмовари сулҳу субот ва нерубахши саодати кишвар, Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор карданиам. Ин шахсияти воқеан шуҷоъ ва далер бо сиёсати пешгирифтаи давлатдории навин, таҷассуми унсурҳои олии адолат ва асолати инсондӯстӣ, фарҳанги волои миллӣ бори дигар изҳор намуданд, ки халқи тоҷик дар масири таърих ва тамаддуни умумибашарӣ соҳиби анъанаҳои бузурги давлатдорӣ буда, ҳамчун кишвари сулҳпарвар, башардӯст ва таҳаммулпазир шинохта шудааст.

Туфайли заҳматҳои бемислу монанди хеш сарвари оқил ва хирадпешаи халқи қадимбунёди тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими сулҳ ва якдиливу ягонагии кишвар ормонҳои хешро ҷасурона ва хирадмандона рохандозӣ намуданд. Таҷрибаи сулҳофаринии сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паҳнои олам тимсоли ибрат ва намуна гардида, кишварҳои гуногуни дунёро рӯ ба густариши ҷомиаи дӯсту бародар илқо менамояд.

Тавассути талошҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тӯли 33 соли истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои комили сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, маърифатӣ ва маънавӣ ноил гардид. Имрӯз фазои бунёдкорона ва созандагӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ тозаву озода буда, мардуми аҳл ва тифоқи Тоҷикистонро ба ҷониби меҳнати фидокорона ва ризқу рӯзии ҳалол раҳнамун месозад.

Агар аз нигоҳи рушду такомули мактабу мориф ва илму фарҳанг ҳарф занем, Тоҷикистон пайваста ба қатори давлатҳои пешқадам ворид мегардад. Ҷавонони тоҷик солҳои охир дар озмунҳои гуногуни илмӣ-адабӣ, форуму олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзиш, чорабиниҳои фарҳангӣ натиҷаҳои баланд ва дилхоҳ ба даст оварданд, ки ин ҳама шоистаи ифтихор ва таҷассуми сиёсати хирадмандонаи сарвари миллат дар соҳаҳои афзалиятноки мактабу маориф ва илму фарҳанг маҳсуб меёбад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо ёдовар шудаанд, ки пешравиҳо дар соҳаи маориф ба таҳкиму такмили самтҳои моддию техникии муассисахои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва кордон нигаронида мешавад. Дар замони муосири мутобиқ ва мувофиқ шудан ба рақобатхои бозори меҳнат ва истифодаи оқилонаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионӣ қадамҳои устувори махсусан ҷавонони муҳассил мақоми хосса пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, тайёр кардани мутахассисони баландпоя аз самтҳои баргузидаи сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, хонандагони макотиб ва муҳассилини мактабҳои олӣ дар роҳи аз бар намудани барномаҳои таълимӣ, иштирок дар маҳфилхои илмӣ-таҳқиқотӣ, фарогирии донишҳои бунёдӣ бояд қадамҳои наҷиб гузоранд.

Бо дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Вазорати маориф ва илми мамлакат пайваста кӯшиш менамояд, ки низоми таълимро ҳамқадами замон гардонда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад. Дар робита ба ин амалҳои хайрандеш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2030»-ро қабул ва ба тасвиб расонд. Тибқи ин ҳуҷҷат то соли 2030 стандарту барнома ва китобҳои дарсӣ ҳамчун асоси донишомӯзӣ, сарчашмаи боэътимоди тарбияи насли наврас ва ҷавонон дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ, садоқат ба арзишҳои умумибашарӣ ва инсонӣ, парвариши ҳисси ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ хидмат намуда, низоми ҷадиди “муносибати босалоҳият ба таълим” бомуваффақ роҳандозӣ гардад.

Муроҷиати Президенти кишвар инчунин, дар самти такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ҷолиби диққат аст. Алҳол дар ҷумҳурӣ «Барномаи давлатии таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ то давраи соли 2030» амал мекунад. Он ҳадафҳои мушаххас ва пайгиронаи ташаккули фазои бисёрзабонӣ ва гуногунфарҳангиро дар бар мегирад ва баҳри тайёр намудани шахсиятҳои сохибзабон ва сохибфарҳанг роҳ мекушояд. Чунон ки Президенти кишвар иброз намудаанд, дар ҷаҳони муосири робитаҳои байнифарҳангӣ ва бисёрзабонӣ бе донистани забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият кардан басо душвор аст. Ҳамзамон фаромӯш набояд кард, ки донистани забони модарӣ (тоҷикӣ) аз суннатҳои азалӣ ва аҷдодӣ аст. Ва бесабаб нагуфтааанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Ногуфта намонад, ки бо дастгирии Пешвои миллат ва ташаббусу ибтикороти Вазорати маориф ва илми ҶТ имсол хонандагони кулли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо китобҳои насли нави “Забони русӣ” таъмин гардиданд, ки дар заминаи муносибати босалоҳият ба таълим таҳия шудаанд. 21 китоби дарсӣ дар ҳамкорӣ аз ҷониби ҳайти муаллифони ҳам Тоҷикистон ва ҳам Федератсияи Русия дар муддати 4 моҳ ба анҷом расонида шуд ва изҳор медорам, ки китобҳо дар сатҳи баланди илмӣ-методӣ ба анҷом расиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тозагии забони тоҷикӣ ҳамчун забони модарӣ ва забони давлатӣ, эхтирому пос нигоҳ доштани одоби муошират аҳамияти махсус дода, борҳо ибрози назар намудаанд, ки пуштибонӣ ва таҳкими пояҳои забони давлатӣ, баланд бардоштани мақому манзалати он дар пойгоҳи забони зиндаи халқ, адабиёти бадеӣ, суфтаву ғанӣ гардонидани забони муосири адабӣ, таҳияи китобҳои хушсифат аз вазифаҳои нахустдараҷаи аҳли илм ва ҷомиаи педагогӣ маҳсуб меёбад.

Президенти кишвар махсусан ба китоб ва китобхонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, мегӯянд: китоб беҳтарин ганҷинаи олами маърифат ва хирад аст. Маҳз китоб инсонро ба мартабаҳои баланди шинохти хеш, фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш раҳнамоӣ мекунад. Дар ёд бояд дошт, ки асрори китобхонӣ, амиқу равшан фаҳмидани чизи хонда, ба маънӣ сарфаҳм рафтан меҳнату машаққатро тақозо мекунад.

Дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ҳар як шахси ватандӯст ва андешапарварро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохта, барои рушду нумӯи кишвари маҳбубамон замина мегузорад. Ба таъбири Пешвои миллат, “танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олӣ расонад”.

Алъон бо ҳисси ифтихор ва сарбаландӣ метавон гуфт: Ин ҳама дастовард ва бозёфт ба шарофати тантанаи мактаби бузурги сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, идеологияи гуманистӣ-башардӯстонаи сарвари муаззами мамлакат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

Баҳри татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои сарвари муаззами тоҷикону Тоҷикистон мо, тамоми мардуми кишвар, аҳли илму маориф, ҳар як устоду мураббӣ, омӯзгору муҳассил, волидону фарзандон камари ҳиммату созандагиро маҳкам баста, баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат тамоми донишу заковат, ақлу хирад ва маҳорату малакаи касбию илмии худро бояд равона созем.

Ҷашни истиқлолияти давлатӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!