ТАЪРИХИ МАОРИФ
Маориф дар солҳои 1958-1991 (То истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар асоси қарорҳои анҷумани XX ҲКИШ 24 декабри соли 1958 Шӯрои Олии ИҶШС «Дар бораи мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт ва дар бораи минбаъд инкишоф додани низоми маорифи халқ дар ИҶШС» қонун қабул кард. Мувофиқи ин қонун дар мамлакат таҳсилоти умумии ҳатмии ҳаштсола муқаррар гардид. Дар натиҷаи ислоҳоти мактабҳои таълимоти умумӣ дар ИҶШС низоми нави маориф ҷорӣ шуд (4+4+3). Мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 4 сол, дар мактабҳои миёнаи нопурра 4 сол, дар мактабҳои миёна 3 сол муайян гардид. Низоми нави таҳсил бояд хонандагонро бо донишҳои нави замонавӣ мусаллаҳ ва алоқаи мактабро ба ҳаёт мустаҳкам намуда, мактаббачагонро ба рафти истеҳсолот ошно месохт. Мақомоти соҳаи маориф барои аз нав такмилдиҳию мустаҳкамкунии шабакаи мактабҳо ва ҷобаҷогузории қадрҳои омӯзгорӣ бисёр корҳоро ба анҷом расонид. Дар натиҷаи кори амалии кормандони соҳаи маорифи халқ соли таҳсили 1962-1963 тамоми мактабҳои ҳафтсола дар мамлакат ба мактабҳои ҳаштсола табдил дода шуда, алоқаи мактаб ба ҳаёт ва меҳнат хеле пурзӯр гашт.
Анҷумани XXI ҲКИШ (1959) дар қарорҳои худ бори дигар бозсозии мактабро дар самти мустаҳкамкунии алоқаи он ба ҳаёт, меҳнат ва инкишофи таълими политехникиро таъқид намуд. Ҳуҷҷатҳои анҷуман самтҳои асосии вазифаҳои рушду нумӯи соҳаи маорифо дар ИҶШС дар солҳои 1956 ва 1965 муайян намуд.
Масъалаҳои марбути соҳаи маориф дар анҷумани ХIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (феврали 1960) мавриди муҳокима қарор гирифт. Анҷуман қарор кард, ки сохтмони мактабҳоро вусъат дода, таълими ду ё сесменагии бачагонро то соли 1960 барҳам ва то оғози соли таҳсили 1963-1964 ба як смена гузаштани мактабҳоро анҷом диҳанд. Дар асоси қарорҳои анҷумаии ХIII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон сохтмони мактабҳо дар ҷумҳурӣ авҷ гирифта, аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва колхозҳо то саршавии соли таҳсили 1960-1961 19,2 ҳазор ҷои нишасти хонандагон сохта шуд. Бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ қариб 800 биноҳо барои 200 ҳазор нафар хонанда ба ихтиёри мактабҳо супорида шуд. Бо вуҷуди ин, қонун дар бораи таълими умумии ҳаштсола ва сохтмони мактабҳо хеле суст иҷро мегардид. Ин масъала Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии ҲКИШ-ро низ ба ташвиш оварда буд. Аз ин рӯ, масъалаи маорифи халқи Тоҷикистон мавриди муҳокимаи Кумитаи марказии ҲКИШ қарор гирифт. Дар қарори худ Кумитаи марказии ҲКИШ аз 6 феврали соли 1962 «Дар бораи роҳбарии ғайриқаноатбахши Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кори маорифи халқ»ба камбудиҳову масъалаҳои мушаххаси маорифи халқ диққати ташкилоти ҳизбии ҷумҳуриро ҷалб намуд. 23 феврали соли 1962 пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон қарори мазкурро муҳокима карда, қайд намуд, ки қонун дар бораи ҷорӣ намудани таълими ҳатмии умумӣ дар ҷумҳурӣ тибқи талабот иҷро намегардад. Ҳанӯз ҳам дар бисёр мактабҳои ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан деҳот, ба мактаб ҷалб намудани бачагон хеле кам ва мактабро тарк намудани онҳо хеле зиёд аст. Корҳои сохтмони мактабҳо ҳам хеле суст ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа қариб 40 % хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳанӯз ҳам дар 2-3 смена дарс мехонанд. Пленум аз мақомоти ҳизбию соҳаи маориф талаб намуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ кори сохтмони мактабҳои ҳаштсоларо дар ноҳияҳо васеъ намуда, пояи моддию техникии онҳоро мустаҳкам карда, дар муддати як ё ду сол сесменагӣ ва дар солҳои наздик дусменагии мактабҳоро барҳам диҳанд.
Соли таҳсили 1965-1966 дар ҷумҳурӣ 2518 мактаб вуҷуд дошт, ки ин нисбат ба соли таҳсили 1956-1957 29 мактаб кам аст. Бояд қайд намуд, ки кам шудани миқдори мактабҳо пеш аз ҳама аз ҳисоби табдил додани мактабҳои ҳаштсола ба миёна ба вуҷуд омад. Дар ин давра муассисаҳои томактабӣ ва миқдори тарбиягирандагон низ афзуданд. Соли 1964 дар ҷумҳурӣ 414 муассисаи томактабӣ вуҷуд дошт, ки 43620 нафар тарбиягирандагонро фаро мегирифтанд.
Дар ин давра Ҳукумати Тоҷикистон барои таъсиси мактаб-интернатҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ташкил ёфтани мактаб-интернатҳо ин талаботи замон буд, зеро ки баъди ҷанг бисёр бачагон бепарастор монда, даромади баъзе оилаҳои серфарзанд хеле кам буд. Аз ин рӯ, зарурат ба кушодани мактаб-интернатҳо пайдо шуда буд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, анҷумани XX ҲКИШ (1956) барои ташкил кардани мактаб-интернатҳо қарор қабул намуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар партави иҷрон ин қарор соли таҳсили 1956-1957 дар ҷумҳурӣ 2 мактаб-интернат (Шаҳринав ва ӯротеппа)-ро ташкил намуд, ки дар онҳо 827 нафар хонанда тарбия мегирифтанд.
Дар давраи аз соли 1956 то 1961 миқдори онҳо аз 2 то ба 31 расонида шуд. Соли таҳсили 1965-1966 дар ҷумҳурӣ 34 мактаб-интернат (13-то дар деҳот) вуҷуд дошт, ки дар онҳо 12844 хонанда, аз ҷумла 2775 нафар духтар таҳсил мекард.
Бояд қайд намуд, ки мактаб-интернатҳо дар байни аҳолии ҷумҳурӣ хеле машҳур гашта буданд. Дар онҳо таълиму тарбияи бачагон нисбат ба мактабҳои оддӣ хело хуб ба роҳ монда шуда буд. Дар мактаб-интернатҳо муаллимони баландихтисос кор мекарданд. Аксарияти интернатҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз шуда, биноҳои ҳозиразамон доштанд. Умуман, дар онҳо ҳамаи шароите, ки барои ташаккулу инкишофи ҳаматарафаи маишию мадании кӯдакон заруранд, муҳаё шуда буд.
Дар кори таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо усул ва равишҳои гуногуни пешқадами таълим истифода бурда мешуд. Хонандагон дониш, малакаю маҳорати заруриро аз бар намуда, онҳоро дар амал мустақилона ба кор мебурданд. Дар мактаб-интернатҳо таълиму тарбия бо меҳнати ҷамъиятӣ ва бо фаъолияти гуногуни меҳнатии хонандагон пайваста ба роҳ монда шуда буд.
Дар аксарияти мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ таълими хонандагон нисбат ба мактабҳои муқаррарӣ беҳтар буд, мувофиқи ҷамъбасти соли таҳсили 1968-1969 дарсазхудкунии хонандагон 95,8 %-ро ташкил медод.
Дар ин солҳо барои дар амал татбиқ намудани ягонагии равиши таълиму тарбия, ба ҳаёт наздик намудани мактаб ва дар нақшаю барномаҳои мактабӣ инъикос намудани талаботи пешрафти илму техника кормандони соҳаи маорифи халқ дар якҷоягӣ бо коллективи васеи омӯзгорон доир ба таҳияи нақшаҳои нави таълимӣ ва барномаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Нақшаю барномаҳои нави таълимӣ тартиб дода шуд. Дар давоми солҳои 1959-1963 тамоми мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз рӯи нақша ва барномаи нави таълимӣ машғулият мегузарониданд. Дар барномаҳои нав ба таълими амалии хонандагон диққати махсус дода мешуд. Ин имконият дод, ки хонандагон ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ бештар тайёр шаванд.
Дар нақшаи нави таълимӣ миқдори соатҳои дарсии забони модарӣ ва русӣ зиёд гардида, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷорӣ шуд. Дар давоми ин солҳо бисёр китобҳои нави дарсии доимӣ ва васоити таълимӣ-методӣ аз тарафи олимони тоҷик таҳия гардид.
Бо тақозои замон дар ин солҳо дар мундариҷаи таълиму тарбия тағйирот низ дохил шуданд. Дар рафти таълими фанҳо ба паҳлӯҳои фардии иикишофи хонандагон аҳамияти бештар медоданд. Муаллимон ба корҳои эҷодию мустақилонаи хонандагон диққат дода, аз воситаҳои техникӣ (радио, сабти забт, кино, слайд) истифода мебурданд.
Дар асоси қонуни қабулкардаи Шӯрои Олии ИҶШС аз 24 декабри соли 1958 «Дар бораи мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт ва дар бораи минбаъд инкишоф додани низоми маорифи халқ дар ИҶШС» рохҳои нави амалӣ гаштани тарбияи меҳнатию политехнкӣ дар мактаби шӯравӣ нишон дода шуд. Мактабҳои ҷумҳурӣ онро мавриди иҷро қарор дода, дар таълими полтехникӣ ва дар кори алоқаманд намудани таълим ба меҳнати истеҳсолии мактаббачагон корҳои зиёдеро анҷом дода, ба муваффақиятҳои бузург ноил гардиданд. Дар асоси ин қарор соатҳои дарси меҳнат зиёд шуд, таҷрибаи истеҳсолии хонандагои ҷорӣ гардид, бригадаҳои истеҳсолӣ ва устохонаҳои гуногуни истеҳсолӣ ташкил ёфт. Масалан, соли таҳсили 1962-1963 машғулиятҳои амалии хонандагони мактабҳои миёна дар 147 корхонаи саноатӣ, 193 колхозу совхозҳо, 65 корхонаю муассисаҳо гузаронида шуданд. 279 мактаб бо таълими истеҳсолӣ (94 мактаби шаҳр ва 185 мактаби кишлоқ) фаро гирифта шуда буд. Таълимоти истеҳсолии мактаббачагони синфҳои IX-XI аз рӯи зиёда аз 80 ихтисос, аз он ҷумла, аз рӯи 22 ихтисоси хоҷагии кишлоқ гузаронида мешуд. Вобаста ба ин 5243 нафар бо ихтисоси саноатӣ, 1004 нафар бо ихтисоси нақлиёт ва алоқа 14367 нафар бо ихтисоси хоҷагии халқ ва 819 нафар бо ихтисоси бинокорӣ таълим мегирифтанд. Таълими истеҳсолии худро хонандагони мактабҳои шаҳр дар корхонаю устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, мактаббачагони деҳот бошанд, дар колхозу совхозҳо ба воситаи бригадаҳои истеҳсолии талабагон мегузарониданд.
Соли 1964 дар ҷумҳурӣ 84 бригадаи истеҳсолии хонандагон вуҷуд дошт, ки 8578 нафар мактаббачагонро фаро гирифта буд. Бояд қайд кард, ки ташкил намудани таълими политехникӣ ва меҳнатӣ дар болоравии шуурнокии хонандагон таъсири мусбат расонид. Мактаббачагон дар ҳалли бисёр масъалаҳо, махсусан дар ташкили меҳнат ва дар иҷрои дигар корҳои истеҳсолӣ мустақилияти комил нишон медоданд. Бисёр хонандагон ҳанӯз дар вақти дар мактаби миёна таҳсил карданашон ихтисоси ояндаи худро муайян мекарданд. Умуман, ҷорӣ намудани таълими меҳнатию политехникӣ дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони ҷумҳурӣ аҳамияти калони тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатӣ дошт.
Дар ин давра ташкилотҳои комсомолӣ ва пионерии мактабҳо фаъолияти худро хеле беҳтар карданд. Онҳо бо кори амалии худ иштироки фаъолонаи хонандагонро дар маҳфилҳои фаннӣ ва техникӣ таъмин карда, алоқаи мактабро бо истеҳсолот ва хоҷагии халқк мустаҳкам менамуданд.
Комсомол нисбат ба даҳсолаҳои гузашта дар ин давра таҷрибаи бое доир ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон андӯхта буд. Ташкилотҳои комсомолии мактабҳо дар кори тарбияи ғоявию сиёсӣ, башардӯстона, ахлоқӣ, эстетикӣ, таълимоти умумии ҳатмӣ фаъолона иштирок намуданд. Бо иштироку фаъолияти комсомол дар мактабҳо таъмиргоҳҳо, майдонҳои таҷрибавӣ ташкил ёфтанд. Дар байни ҷавонону наврасон корҳои оммавии меҳнати истеҳсолиро таблиғу ташвиқ намуда, онҳоро ба меҳнату мехнатдӯстӣ даъват мекарданд. Илова бар ин, онҳо дар ташкили лагерҳои меҳнатии хонандагони синфҳои болоӣ, клубҳо, бригадаҳои истеҳсолии хонандагон фаъолона иштирок намуданд.
Масъалаи боз ҳам баланд бардоштани кори ташкилотҳои комсомолӣ дар тарбияи ҷавонону наврасонро анҷуманҳои ҷавонони ҷумҳурӣ дида баромад. Аз ҷумла, анҷумани XVI комсомоли ҷумҳурӣ (январи 1964) кумитаҳои комсомолиро вазифадор намуд, ки роҳбариро ба кори комсомолии мактабҳо беҳтар карда, ҷавобгарии онҳоро нисбат ба кори мактабҳо баланд бардошта, фаъолият ва худфаъолиятии онҳоро ҳамеша рушд бахшанд. Анҷуман, инчунин, иштироки васеи комсомолро дар корҳои ҷамъиятӣ ва сиёсии мамлакат таъкид намуд. Анҷуман дар мактабҳо ташкил намудани маҳфилҳои агрохимия, биология, дӯсти ҷавони китоб, бригадаҳои тарғиботӣ, мактаби касбҳои ҷамъиятӣ ва ғайраро дастгирӣ кард.
Соли таҳсили 1965-1966 ташкилотҳои комсомолии мактабҳо 54770 аъзо дошт. Дар ин сол 21200 нафар мактаббачагон ба сафи комсомол қабул шуданд.
Кори ташкилотҳои пионерӣ низ дар ин давра низ дар маркази диққати мақомоти соҳаи маориф қарор дошт. Ташкилоти пионерии ҷумҳурӣ бачагонро дар рӯҳияи муносибати меҳнатӣ тарбия намуда, кӯшиш менамуд, ки дар онҳо донишҳои илмӣ, малакаю маҳоратҳои амалиро ба вуҷуд оварда, бачагонро ба фаъолияти меҳнатии оянда омода созад. Пионеронн ҷумҳурӣ дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, мусобиқаҳои меҳнатӣ, озмунҳо, намоишгоҳҳо, азназаргузаронии дусолаи «Пионерони Ватан» фаъолона иштирок карданд. Ин мусобиқаҳо дар амалиёти пионерон хело судманд буданд.
Дар 298 дастаи пионерӣ гӯшаҳои дӯстии интернатсионалӣ ташкил гардид, 297 даста соҳиби унвони фахрии «Дастаи ҳамсафари ҳафтсола» гаштанд ва 406 отряд бо принсипи «Бе бачагони қафомонда» дар таҳсил фаъолият мекарданд. Дар соли таҳсили 1961-1962 дар ҷумҳурӣ қариб 200 даста дар маҳалҳои амалиёти худ кор мекарданд. Пионерони ҷавон барои меҳнати фидокорона мубориза бурда, дар ноҳияю деҳоти худ ҳазорҳо майдончаҳои варзишӣ сохта, онҳоро бо асбобҳои лозимӣ муҷаҳҳаз гардониданд.
Барои ҷамъбаст намудани кори дастаҳои пионерии ҷумҳурӣ аз 19-21 май соли 1962 дар шаҳри Душанбе слёти V умумиҷумҳурии пионерони Тоҷикистои гузаронида шуд. Дар он бисёр дастаҳои пионерӣ ғолиб дониста шуданд. Ба муносибати қабул гардидани «Қонуни пионерони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ» ва «Номгӯи тахминии малакаю маҳорати пионерони ҷавон» кору амали пионерони ҷумҳурӣ боз ҳам пурқувват гардида, фаъолияти онҳо дар кори баланд бардоштани тарбияи насли наврас боз ҳам зиёд шуд. Дар аввали солҳои 60-ум ва ба муносибати ҷашни 50-солагии Инқилоби Октябр фаъолияти корҳои пионерӣ хеле беҳтар гардид. Барои баҳо додан ба кори онҳо дар ҷумҳурӣ азназаргузаронии дастаҳои пионерӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ дар соли таҳсили 1964-1965 130 дастаи пионерӣ ғолиби конкурс гашта, 18 даста ҷойҳои I, II ва III-ро ишғол намуданд.
Ҳамин тавр, ташкилоти пионерӣ дар ин давра аз ҷиҳати миқдор зиёд гашта, сифати кори он нисбат ба даҳсолаи гузашта дар тарбияи насли наврас хеле беҳтар гардид. Соли таҳсили 1965-1966 дар ҷумҳурӣ 2517 дастаи пионерӣ вуҷуд дошта, шумораашон 286386 нафар буд. Худи ҳамин соли таҳсил 21200 нафар хонанда ба сафи пионерӣ қабул шуданд.
Дар ии давра Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои зиёдеро доир ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ анҷом дод. Бо мақсади тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар низоми он тағйирот ворид гардид. Соли таҳсили 1954-1955 шӯъбаҳои ғоибонаи омӯзишгоҳҳои Ленинобод, Конибодом, Хоруғ, Орҷоникидзеобод ва соли таҳсили 1955-1956 омӯзишгоҳҳои Кӯлобу Ғарм барҳам ва омӯзишгоҳҳои занонаю мардонаи Конибодом муттаҳид гардиданд. Соли 1956 омӯзишгоҳи омӯзгории ӯротеппа ва дар давоми солҳои 1958-1960 омӯзишгоҳҳои Орҷоникидзеобод, Конибодом ва Қӯрғонтеппа барҳам дода шуданд. Умуман, дар охири соли таҳсили 1959-1960 дар ҷумҳурӣ 6 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ вуҷуд дошт. Аз онҳо омӯзишгоҳи омӯзгории Ғарм (Навобод), Кӯлоб, Панҷакент ва Хоруғ муаллимони мактабҳои ибтидоӣ, Душанбе мураббияҳои боғчаи бачагона, Ленинобод муаллимони расм, суруд ва нақшакашӣ тайёр менамуданд. Сабаби кам кардани миқдори омӯзишгоҳҳо ва бастани шӯъбаҳои ғоибона аз он иборат буд, ки муаллимони таҳсилоти миёнадор зиёд шуда буд ва дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии ҳатмии ҳаштсола омода намудани муаллимони баландихтисосро талаб менамуд. Аз ин рӯ, бастани баъзе омӯзишгоҳҳо ва шӯъбаи ғоибонаи онҳо тибқи талабот буд.
Ба ҷои омӯзишгоҳҳои басташуда қабули донишҷӯён дар донишкадаҳои омӯзгорӣ зиёд гардид. Соли таҳсили 1956-1957 Донишкадаи муаллимтайёркунии занонаи Ленинобод ва Институти педагогии Ленинобод, Институти муаллимтайёркунии Душанбе ба Институти педагогии Т.Г.Шевченко муттаҳид шуд. Соли таҳсили 1957- 1958 Институти занонаи педагогии Душанбе ба Институти педагогии ба номи Шевченко ҳамроҳ гардид. Ҳамроҳкунии институтҳои занона ва муаллимтайёркунӣ дар тайёр намудани кадрҳои омӯзгории баландихтисос нақши муҳим бозиданд. Илова бар ин, пояи моддию техникии донишкадаҳои омӯзгории Душанбе, Ленинобод ва Кӯлоб хеле мустаҳкам шуд. Донишкадаҳои мавҷудаи омӯзгорӣ ва пояҳои моддию техникии онҳо имконият доданд, ки то соли 1959 ҳар сол дар курсҳои якум то 1500-1600 довталабонро қабул намоянд. Дар тайёр намудани кадрҳои омӯзгории ихтисосманд дар ин давра Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон саҳми бузург гузошт. Ба мақсади тайёр намудани омӯзгорони ихтисосманд барои мактабҳои миёна барномаи баъзе факултаҳои донишгоҳ тағйир дода шуд. Мӯҳлати таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён дар мактабҳо ба 6 хафта расонида шуд.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда ҳанӯз ҳам дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ муаллимон намерасиданд. Ҳамаи инро Ҳукумати Тоҷикистон ба эътибор гирифта, соли таҳсили 1962-1963 аз нав Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро бо факултаҳои филологияи тоҷик, физика ва математика барқарор намуд. Соли таҳсили 1963-1964 барои таъмин намудани мактабҳои ибтидоӣ боомӯзгорон омӯзишгоҳҳои Конибодом, Қӯрғонтеппа аз нав барқарор гардид ва ҳамзамон Омӯзишгоҳи омӯзгории Ҳисор таъсис ёфт. Қабули донишҷӯён дар омӯзишгоҳҳои омӯзгорӣ бо ихтисоси муаллими мактаби ибтидоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёд гардид. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳо бо муаллимони забони русии мактабҳои миллӣ курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил шуд. Чунин курсҳо дар назди Донишкадаи тадқиқотии илмҳои педагогии шаҳри Душанбе, Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Ленинобод, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хоруғ низ ташкил дода шуданд. Ин курсҳо аз соли 1962 то соли таҳсили 1964-1965 амал карда, дар кори тайёр намудани муаллимони забони русӣ барои мактабҳои миллӣ саҳми бузур гузоштанд.
Дар кори таъмин намудани мактабҳои Тоҷикистон бо муаллимони ихтисосманд ҷумҳуриҳои бародар ёрии калон расониданд. Масалан, барои бо муаллимон таъмин намудани мактабҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна омӯзгорон даъват шуданд. Эҳтиёҷоти ҷумҳурӣ бо муаллимони забони русӣ аз ҳисоби хатмкардагони мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои омӯзгории Русия таъмин мегардид. Баъдтар тайёр кардани муаллимони забони русӣ дар ҷумҳурӣ сурат гирифт ва дар назди мактабҳои олӣ факултаи забон ва адабиёти рус кушода шуд. Илова бар ин, барои таъмин намудани мактабҳои ибтидоӣ ва боғчаҳои бачагона бо мутахассисони баландихтисос дар назди донишкадаҳои олии омӯзгории ҷумҳурӣ факултаҳои педагогика бо шӯъбаҳои педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ, педагогика ва психология ташкил гардид. Масалан, соли 1958 дар Донишкадаи омӯзгории Ленинобод ва Душанбе шӯъбаи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ кушода шуд.
Аз соли 1958 то соли 1965 мактабҳои олии ҷумҳурӣ 17470 муаллимони таҳсилоти олидор ва 4372 муаллимонро бо таҳсилоти олии нопурра тайёр намуд. Бо вуҷуди ин, ҳоло ҳам мактабҳои ҷумҳурӣ бо муаллимон таъмин набуданд.
Дар ин солҳо барои такмили ихтисоси муаллимон корҳои зиёде низ анҷом дода шуд. Ба мақсади баланд бардоштани ихтисоси муаллимон дар Душанбе, Ленинобод, Хоруғ, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа институтҳои такмили ихтисоси муаллимон ташкил ёфт. Ҳар сол ҳазорон муаллимон дар курсҳои ин институтҳо ихтисоси худро такмил медоданд. Илова бар ин, барои баланд бардоштани маҳорати омӯзгории онҳо корҳои зиёди методӣ ба анҷом расонида мешуд. Бо ин мақсад дар назди мактабҳо ва шӯъбаҳои маориф кабинетҳои методии байнимактабӣ ташкил гардида, дар онҳо семинарҳои назариявӣ ва сексияҳо барои муаллимон гузаронида мешуданд.
Дар ин давра муаллимон барои фаъолияти пурсамарашон аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бо мукофотҳои соҳавӣ қадр карда шуданд. Аз ҷумл, 3859 нафар муаллимон бо ордену медалҳои ИҶШС, бештар аз 3500 нафари омӯзгорон бо унвони «Аълочии маорифи халқ» ва 350 нафари онҳо бо номи фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардиданд. Соли 1964 Сессияи IV Шӯрои Олии ҶШС қонун баровард, ки мувофиқи он маоши муаллимон ва дигар кормандони соҳаи маориф аз 25 то 40 фоиз зиёд карда шавад. Хароҷоти давлат барои суғуртаи иҷтимоии муаллимон ва таъминоти нафақаи онҳо низ ҳар сол зиёд мегардид.
Ба кори минбаъдаи соҳаи маориф қарорҳои анҷумани ХХII ҲКИШ (1961) таъсири муфид расонид. Анҷуман таракқиёти маданӣ ва илму техникаро дар ҷаҳон ва ИҶШС ба эътибор гирифта, вазифаи минбаъд такмил додани низоми соҳаи маорифро ба миён гузошта, зарурати ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии миёнаро эълон кард. Анҷуман, инчунин, кодекси ахлоқии навро қабул намуд, ки дар тарбияи насли наврас хеле зарур буд. Бояд қайд намуд, ки баъди ин анҷуман моҳи августи соли 1964 Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС «Дар бораи тағйир додани мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии политехникию меҳнатии таълими истеҳсолӣ» қарор қабул намуданд. Мувофиқи ин қарор аз 1 сентябри соли 1964 сар карда, мактаби 11-солаи таълими истеҳсолӣ ба мактаби 10-сола табдил дода шуд. Дар натиҷаи ин қарор дар ИҶШС низоми зерини таҳсилоти умумӣ ҷорӣ гардид: (4+4 + 2)-4 сол таҳсили ибтидоӣ, 4 сол таҳсили миёнаи нопурра, 2 сол таҳсили миёна.
Бояд қайл кард, ки ин қарор кор ва таҷрибаи панҷсолаи мактабро доир ба тарбияи меҳнатии мактаббачагон барҳам дод. Талаботи барномаи ҲКИШ дар қарорҳои анҷумани ХХШ ҳизб (1966) ва нақшаи панҷсола барои солҳои 1966-1970 ифода ёфта буд. Анҷуман ташаккули минбаъдаи соҳаи маориф, баланд бардоштани дараҷаи таҳсилоти умумии аҳолӣ, сифати тайёр кардани мутахассисон ва ба анҷом расонидани таҳсилоти умумии миёнаи ҷавононро ба миён гузошт. Дар асоси қарорҳои анҷуман 10 ноябри соли 1966 Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС «Дар бораи тадбирҳои минбаъд беҳтар намудани кори мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ» қарор қабул намуданд. Ин қарор ба мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии мактабҳо (сохтмони мактабҳо, асбобҳои таълимӣ, таҷҳизонидани кабинету лабораторияҳои мактабҳо бо асбобҳои даркорӣ), дуруст ҷобаҷогузории шабакаи мактабҳо, саҳми донишгоҳҳо дар амалӣ гардонидани таҳсилоти миёна, тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ равон гардида буд.
Дар асоси қарорҳои анҷумани XXIV (1971-1975) КМ ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС 22 июни соли 1972 «Дар бораи ба охир расонидани гузариш ба таълими умумии миёнаи ҷавонон ва минбаъд ҳам тараққӣ додани мактаби таҳсилоти умумӣ» қарор қабул карданд.. Дар қарор ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, банақшагирии иқтисодиёт ва ташкили маориф, дурнамои тараққиёти мактаби миёна, сохт ва шаклҳои корҳои таълимию тарбиявӣ ва ғайра диққати махсус дода шудааст.
Масъалаи минбаъд такмил додани мактаб 17-19 июли соли 1973 дар сессия Шӯрои Олии ИҶШС мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Шӯрои Олии ИҶШС «Асосҳои қонуни ИҶШС ва ҷумҳуриҳои иттифокӣ дар бораи маорифи халқ»-ро тасдик намуд ва аз 1 январи соли 1974 шурӯъ намуда, барои амалӣ гардонидани он қарор қабул кард.
Августи соли 1971 Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тараққиёти минбаъдаи маорифи халқи ҷумҳурӣ дар солҳои 1971-1975 ба муносибати ба охир расидани таҳсилоти умумии миёна» қарор қабул намуд. Дар асоси ин қарор тамоми мақомоти дахлдор вазифадор гардиданд, ки барои беҳтар намудани низоми соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тадбирҳо андешанд.
Илова бар ин, дар ҷумҳурӣ дар асоси қарорҳои анҷумани ХVII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва қарори 22 июни соли 1972 Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС 27 июли соли 1972 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирон «Дар бораи ба охир расонидани гузариш ба таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон» қарор қабул намуданд. Ин қарор дар рушду нумӯи минбаъдаи таҳсилоти умумии миёна саҳми бузур гузошт.
Президиуми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ барои минбаъд тараққӣ додани таҳсилоти умумии миёна дар деҳоту ноҳияҳои Тоҷикистон 27 декабри соли 1974 «Қонун дар бораи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Дар қонун қайд шудааст, ки ҳуқуқи ҳар шаҳрванди ҶШС Тоҷикистон барои гирифтани таҳсилоти умумии ҳатмии ҳаштсола, миёна, касбӣ-техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ дар асоси алоқаи мактаб бо ҳаёт таъмин мешавад. Тараққӣ додани мактабҳои шабонаю ғоибона барои таъмин намудани коргарҷавонон ва ҷавонони деҳот низ аҳамияти калони иқтисодӣ ва сиёсӣ дорад.
Солҳои 1971-1975 миқдори мактабҳо ва фарогирии хонандагон ба мактаб афзоиш ёфт. Масалан, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 476 мактаби нав барои 158,5 ҳазор хонанда, аз ин миқдор 228 мактаб дорои 50418 ҷой бо маблағи колхозҳо сохта шуд. Шабакаи мактабҳои миёна дар деҳот аз 530 то 639 ва миқдори хонандагони синфҳои 9-11 аз 47,5 ҳазор ба 86,2 ҳазор расид. Дар охири панҷсола дар деҳот 2342 мактаби таҳсилоти умумӣ вуҷуд дошт, ки 80 % тамоми мактабҳои ҷумҳуриро ташкил медод.
Анҷумани XXV ҲКИШ ғояи муносибати комплексӣ ба кори тарбияро ба миён гузошт. Мувофиқи он ва дар асоси ба назар гирифтани хусусиятҳои табақаҳои гуногуни меҳнаткашон, таъмини ягонаи тарбияи ғоявию сиёсӣ, меҳнатӣ ва ахлоқии онҳо асоснок гардид. Дар ҳалли вазифаҳои таълим низ муносибати комплексиро пешниҳод намуд. Дар қарорҳои анҷуман, инчунин, гуфта шуда буд, ки дар мамлакат гузариш ба таҳсилоти миёнаи умумии ҷавонон асосан анҷом ёфтааст. Дар панҷсолаи даҳум (1975-1980) вазифа аз он иборат аст, ки ҳамаи одамони дорои таҳсилоти миёнаи нопурра ба таҳсили донишкадаҳои миёнаи мухталиф фаро гирифта шаванд.
Декабри соли 1976 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани маълумоти умумии ҷавонон дар корхона ва муассисаҳои вазоратҳои сохтмон, саноати маҳаллӣ, нақлиёт, роҳсозии ҶШС Тоҷикистон» қарор қабул намуд. Дар асоси ин қарор Вазорати маорифи халқ, вазорату идораҳои соҳавӣ барои беҳтар намудани меҳнат ва таҳсили коргарҷавонони шаҳру деҳот якчанд қарор қабул карданд. Ин қарорҳо ба беҳтар гардидани ҳалли масъалаи ҷорӣ намудани таҳсилоти умумии миёнаи ҷавонон кӯмак расонид.
Масъалаҳои тарбияи насли наврас, маорифи халқ дар Конститутсияи нави ИҶШС (октябри соли 1977) ва Конститутсияи нави ҶШС Тоҷикистон (апрели соли 1978) муайян гардиданд. Дар моддаҳои Конститутсия вазифа ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон ба гирифтани таҳсилот муайян гардидааст. Мувофиқи он ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад, ки таҳсилот гирад ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намояд.
Шӯрои вазирони ИҶШС 22 декабри соли 1977 «Дар барои такмили минбаъдаи таълиму тарбияи талабагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ба меҳнат тайёр кардани онҳо» қарор қабул намуд. Дар он баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ тайёр намудани мактаббачагон, боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаи мактаб бо ҳаёт махсус таъкид шудааст. Дар асоси ин қарор Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои вазирон 22 феврали соли 1978 «Дар бораи такмили минбаъдан таълиму тарбияи хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва ба меҳнат тайёр кардани онҳо» қарор қабул намуданд. Дар қарор масъалаи ба таври кулли дигаргун кардани тарбияи меҳнатӣ ва баланд бардоштани тайёрии меҳнатии хонандагон ба меҳнати фоиданоки истеҳсолӣ гузошта шуда буд. Барои амалӣ гардидани ин қарорҳо бисёр корҳо анҷом дода шуд. Масалан, нисбат ба соли 1975 миқдори комбинатҳои байнимактабии таълимию истеҳсолӣ 4,5 маротиба афзуд. Соли таҳсили 1979-1980 22 ҳазор нафар хонанда аз рӯи 44 касб тарбияи меҳнатӣ гирифт. Соли 1980 535 бригадаи истеҳсолии талабагӣ, 487 урдугоҳҳои меҳнатию истироҳатӣ ташкил гардид.
Дар соли таҳсили 1979-1980 дар ҷумҳурӣ 3033 мактаби таҳсилоти умумӣ (рӯзона, шабона, ғоибона) амал намуда, 1033 ҳазор нафар хонанда доштанд. Аз миқдори 2667 мактаби рӯзона 627-то ибтидоӣ, 732-то ҳаштсола, 1296-то миёна буда, дар онҳо 995809 нафар хонанда таҳсил мекард.
Анҷумани XXVI ҲКИШ (1981) комёбиҳои халқроо дар соҳаи маориф ҷамъбаст намуд, Дар асоси қарорҳои ин анҷумаи дар панҷсолаи ёздаҳум (1981-1985) вазифа гузошта шуд, ки рушду нумӯи минбаъдаи соҳаи маориф таъмин гардад. Талаботи мамлакат ба мутахассисон ва коргарони ихтисоснок пурра қонеъ шуда, барои қабул гардидани хонандагон аз синни шашсолагӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ замина муҳаё гардад.
Анҷумани XIX Ҳизби комммунисти Тоҷикистон (1981) ба масъалаи рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ диққати махсус дод. Дар давраи солҳои 1981-83 дар ҷумқурӣ 75,4 ҳазор ҷой барои хонандагон сохта ба истифода дода шуд. Соли 1983 дар ҷумҳурӣ 3079 мактаби таҳсилоти умумӣ вуҷуд дошт, ки дар онҳо 1149,5 ҳазор нафар хонанда таҳсил мекард. Қарорҳои анҷуманҳои ҲКИШ ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба рафти таълими мактабии насли наврас ва ҷавонон низ таъсири судманде расонид. Барои дар амал татбиқ намудани ягонагии раванди таълиму тарбия ба Академияи фанҳои педагогии ИҶШС супорида шуд, ки нақшаю барномаҳои нави таълимӣ таҳия намояд. Дар натиҷа нақшаю барномаҳои нав таҳия гардиданд ва мувофиқи онҳо мӯҳлати таҳсил дар мактаби ибтидоӣ чор сол не, балки се сол муайян гардид. Нақшаҳои нави таълимӣ таносуби байни силсилаи фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ-илмӣ таркибёфтаи гузаштаро ба фоидаи фанҳои табиӣ-илмӣ тағйир дод. Ба мақсади инкишоф додани марому қобилияти фардии хонандагон дар баробари фанҳои ҳатмӣ дар синфҳои 9-10 машғулиятҳои факултативӣ ҷорӣ гардид.
Соли 1975 доир ба ҳамаи фанҳои таълимӣ ҷорӣ кардани барномаҳои нав дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба итмом расонида шуд.
Дар ин давра ба беҳтар намудани усулҳои таълим чораҳои судманде низ андешида шуд. Муаллимон дар равиши таълим бештар воситаҳои аёният ва техникиро истифода мекарданд ва ба усулҳои проблемавии таълим диққат медоданд. Дар байни муаллимон ба таълими барномавӣ ва дар рафти таълим кор фармудани мошинаҳои таълимдиҳанда шавқу ҳаваси зиёд пайдо гардид. Илова бар ин, ба такмили шаклу усулҳои нави тарбияи мактаббачагон низ диққат дода шуд. Муаллимон дар бобати дар амал татбиқ кардани ин вазифа саъю кӯшиш карда, роҳҳои самарабахши тарбияро ҳаматарафа ҷустуҷӯ намуданд.
Дар ин давра ба тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар ҷумҳурӣ диққати махсус дода шуд. Дар асоси қарорҳои анҷумани ХVII Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар пояи факултаи варзиши Донишқадаи омӯзгории шаҳри Душанбе Донишкадаи варзиш (1971) ташкил шуд. Донишкада дар тарбия намудани муаллимони варзиш, варзишгарон ва ташаккули варзиши тоҷик аҳамияти бузург дошт. Гузашта аз ин, баъди қабул гардидани қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС «Дар бораи ба охир расонидани гузариш ба таҳсилоти умумии миёнаи ҷавонон ва минбаъд ҳам тараққӣ додани таҳсилоти умумӣ» (1972) дар ҷумҳурӣ доир ба тайёр намудани муаллимони баландихтисос корҳои зиёде анҷом дода шуд. Дар асоси ин қарор бадонишкадаҳои омӯзгорӣ қабули донишҷӯён, махсусан аз деҳот зиёд гардид ва бо мақсади тайёр намудани муаллимон дар нақшаи барномаҳои донишгоҳҳо аз фанҳои психология ва педагогика тағйирот ворид гардид.
Ҳукумати Тоҷикистон эҳтиёҷоти минбаъдаи мактабҳои ҷумҳуриро дар таъмин намудани муаллимони ихтисосманд ба назар гирифта, дар шаҳри Душанбе Донишкадаи омӯзгории забони русӣ ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа Филиали донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченкоро таъсис дод. Ҳамаи ин тадбирҳо дар тайёр намудани муаллимони ихтисосманд ва зиёд шудани миқдори донишҷӯён дар ҷумҳурӣ нақши муҳим гузошт. Масалан, соли 1980 дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 61 ҳазор нафар муаллимон кор мекарданд, ки нисбат ба соли 1975 8 ҳазор нафар зиёд буд. Аксарияти онҳо дорои илми олии омӯзгорӣ буданд. Соли хониши 1979-1980 дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ 55 ҳазор нафар донишҷӯ ба донишомӯзӣ машғул буд. Соли 1983 дар 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 55 ҳазор нафар донишҷӯ таҳсил мекард. Барои беҳтар танзим намудани кори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ соли 1978 Вазорати мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Дар ин давра барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён қарорҳои дахлдор доир ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул гардид. Масалан, барои таъмин намудани мамлакат бо мутахассисони баландихтисос Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС 18 июли соли 1972 «Дар бораи чораҳои минбаъдаи баланд бардоштани таҳсилоти олӣ дар мамлакат» қарор қабул намуданд. Ин қарор ҳамаи кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро вазифадор намуд, ки ба ҷиҳати тайёрии назариявиву касбии мутахассисони оянда диққати махсус диҳанд. Иҷрои ин қарор моҳи феврали соли 1975 мавриди муҳокимаи бюрои Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикстон гардид. Дар қарори қабулгашта гуфта шудаст, ки дар ҳақиқат, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар рафти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Бо вуҷуди ин, дар кори тарбия намудани мутахассисони ихтисосманд ҳанӯз ҳам камбудиҳо зиёданд. Бо мақсади минбаъд такмил додани тайёрии мутахассисон Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС июли соли 1979 «Дар бораи тараққиёти минбаъдаи мактаби олӣ ва баланд бардоштани сифати тайёрии мутахассисон» қарор қабул кард.
Ба мақсади зиёд намудани шавқу ҳавас ва мунтазам баланд бардоштани ихтисосу маҳорати педагогии муаллимони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аттестатсияи мунтазами онҳо ҷорӣ шуд. Аз рӯи натиҷаҳои аттестатсия ба муаллимони беҳтарин номи «Муаллими калон» ва «Муаллими методист» дода мешуд.
Ҳамчунин, дар ин давра маоши муаллимон мунтазам баланд бардошта мешуд. Аз 1 сентябри соли 1972 маоши муаллимон 20 фоиз зиёд шуд. 30 декабри соли 1977 «Дар бораи муқаррар намудани номи фахрии «Муаллими халқии ИҶШС» фармони президиуми Шӯрои Олии ИҶШС нашр гардид. Ин унвони олӣ ба муаллимони беҳтарине, ки дар таълиму тарбияи хонандагон хизмати шоиста мекарданд, дода мешуд.
Барои қонеъ намудани масъалаҳои мушкилу ҳалталаби замони ҳозира ҲКИШ ва давлати шӯравӣ гузаронидани ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбиро лозим ва ҳатмӣ донист. Бо ин мақсад Кумитаи марказии ҲКИШ моҳи январи соли 1984 лоиҳаи «Самтҳои асосии ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ»-ро барои муҳокимаи умум интишор намуд. Ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ дар маҷлисҳои муаллимон, кормандони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, падару модарон, матбуоти даврӣ, радио ва телевизиони тоҷик мавриди муҳокима қарор дода шуд. Дар муҳокимаи ин масъала 6,5 ҳазор маҷлис гузаронида шуда, дар онҳо 720 ҳазор нафар одамон иштирок намуда, зиёда аз 8 ҳазор пешниҳоду дархостҳои худро арз доштанд. Натиҷаи муҳокимаи умумихалқии ислоҳоти мактабро Пленуми апрелии Кумитаи марказии ҲКИШ (1984) ҷамъбаст намуда, «Дар бораи самтҳои асосии ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ» қарор қабул кард. Мувофиқи ислоҳот бояд кори таълиму тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ба зинаи сифатан нав бардошта шуда, ба таври куллӣ тарбияи меҳнати истеҳсолӣ тағйир дода мешуд. «Самтҳои асосии ислоҳот» аз 8 қисми алоҳида иборат буд ва ҳар яке дар бораи тарафҳои муҳими баланд бардоштани тамоми кори соҳаи маориф дар ИҶШС равон шуда буд.
Мувофиқи он дар мамлакат чунин низоми соҳаи маориф муайян гардид:
Мактаби ибтидоӣ — синфҳои I -IV;
Мактаби таҳсилоти нопурра — синфҳои V-IX;
Мактаби таҳсилоти умумии миёна — синфҳои X-XI ва касбӣ.
Дар асоси тартиби нав мӯҳлати таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти умумии миёна 2 сол муқаррар шуд. Қабули бачагон ба мактаб аз синни 6 солагӣ муайян гардид ва соли таҳсили 1986-1987 мавриди иҷро қарор гирифт. Муддати таҳсили бачагон дар мактаби ибтидоӣ аз се сол ба чор сол табдил дода шуд.
Дар қисмати сеюм, чорум ва ҳафтуми ислоҳот дар бораи сифатан баланд бардоштани равиши таълиму тарбия, тарбияи меҳнатию касбинтихобкунӣ ва мустаҳкам намудани пояи моддию техникии мактабҳо сухан меравад. Мувофиқи ин қисматҳо дар солҳои наздик миқдори ҳонандагон дар синфҳои I-IX то 30 нафар, дар синфҳои X-XI то 25 нафар расонида мешавад.
Барои мустаҳкам намудани пояи моддию техникии мактабҳо аз тамоми имконияти ёрии молии корхонаю муассисаҳои давлатӣ, колхозу совхозҳо бояд истифода бурда мешуд.
Қисми панҷуми ислоҳот баланд бардоштани тарбияи ҷамъиятию оилавии кӯдакон ва наврасон дар марҳилаи нави тараққиёти ҷамъият буд. Мувофиқи он ташкилотҳои ҳизбию шӯравӣ, комсомолӣ, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо вазифадор шуданд, ки ғамхориро нисбат ба тарбияи кӯдакону наврасон пурзӯр намоянд. Дар қисми шашум ва ҳафтум дар бораи нақши муаллим дар ҷамъият ва баланд бардоштани роҳбарӣ ба кори маориф сухан меравад. Ҳукумат ба мавқеъ ва нақши муаллим дар тарбияи насли наврас баҳо дода, ба масъалаҳои тайёр кардан, беҳтар намудани ҷиҳатҳои маишиву маънавии онҳо минбаъд низ диққати махсус додааст.
Рӯзи 1 сентябр ҳар сол ба Иди умумихалқии «Рӯзи дониш» табдил дода шуд. Мувофиқи барномаи ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ин нақша бояд дар давраи панҷсолаҳои ёздаҳум ва дувоздаҳум (1984 -1990) ҷорӣ мегардид. Ҳар як ноҳия, шаҳр, вилоят, кишвар, ҷумҳурии худмухтор ва ҷумҳурии иттифоқ бо назардошти шароити маҳаллӣ бояд нақшаи мушаххаси гузаронидани ислоҳоти мактабро тартиб медод. Баъди қабул гаштани ислоҳот Кумитаи марказии ҲКИШ, Шӯрои вазирони ИҶШС ва КМ Иттифоқҳои касабаи ИҶШС аз 29 апрел то 23 майи соли 1984 шаш қарор доир ба соҳаҳои гуногуни соҳаи маориф қабул намуданд.
Мувофики қарори аввал «Дар бораи минбаъд баланд бардоштани таҳсилоти умумии миёнаи ҷавонои ва беҳтар намудани шароити кории мактабҳои таҳсилоти умумӣ», ки 29 апрели соли 1984 қабул гардид, тамоми кумитаҳои ҳизбии ҷумҳуриҳо, ҷумҳуриҳои худмухтор, Шӯрои депутатҳои вилоятҳо ва кишварҳо, кормандони ҳизбию шӯравӣ, хоҷагӣ, мақомоти соҳаи маориф, коллективҳои омӯзгории мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълиму тарбиявӣ вазифадор шуданд, ки баҳри амалӣ гардидани ислоҳоти мактаб тадбирҳои мушахаас андешида, барномаи мушаххас доир ба иҷрои он таҳия намоянд. Ба Вазорати маорифи халқи ИҶШС супорида шуд, ки дар муддати се моҳ нақшаҳои нави таълимӣ тартиб дода, тарзи ҷорӣ намудани онро соли таҳсили 1986-1987 муайян карда, чунин миқдори соатҳои таълимиро дар ҳафта муқаррар намояд, барои синфҳои I 20 соат, II 20 соат, III-IV 24 соат, дар синфҳои V-VIII 30 соат, IX-XI (XII) 31 соат. Барои гузаронидани дарсҳои факултативӣ барои синфҳои VII-IX 2 соат, X-XI (XII) дар як ҳафта 4 соат дар назар гирифта шавад. Ҳамчунин, дар мактабҳои миллии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои омӯхтани забони русӣ дар синфҳои II-XI аз 2 то 3 соат дар ҳафта дар назар гирифта шавад. Барои беҳтар намудани тарбияи меҳнатии мактаббачагон дар синфҳои II-IV 1 соат, синфҳои V-VII 2 соат, синфҳои VIII-IX 3 соат, синфҳои X-XI (ХП) 4- соати дарсӣ дар ҳафта ҷорӣ гардад. Барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолии ҳафтсола дар синфҳои V-VII 10 рӯз, дар синфҳои VIII-IX 16 рӯз ва дар синфҳои X (XI) 20 рӯз ҷудо шавад.
Вазорати маорифи халқи ИҶШС ва Шурои вазирони ҷумҳуриҳо вазифадор шуданд, ки солҳои 1986-1990 қабули бачагонро ба мактаб аз синни 6-солагӣ анҷом дода, пояи моддию техникии мактабҳоро мувофиқи ислоҳот таъмин кунанд ва шумораи хонандагонро дар синфҳо мувофиқи ислоҳот ба танзим дароранд.
4 майи соли 1984 қарор «Дар бораи беҳтар намудани таълиму тарбияи меҳнатӣ, касбинтихобкунии мактаббачагон ва ташкили меҳнати ҷамъиятию фоиданоки онҳо» қабул гардида, роҳҳои беҳтар намудани тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунии мактаббачагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва амалӣ гардидани онро нишон дод. Мувофиқи ин қарор соатҳои дарсӣ барои тарбияи меҳнатӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёд гардида, рӯйхати касбҳо муайян шуд.
Қарори сеюм «Дар бораи тараққиёти минбаъдаи системаи маълумоти касбию техникӣ ва баланд бардоштани нақши он дар тайёр намудани кадрҳои моҳири коргарӣ» (11 майи соли 1984) мебошад. Ин қарор масъалаҳои минбаъдаи рушду нумӯи соҳаи маориф ва аз лиҳози сифат беҳтар намудани тарбияи кадрҳои коргариро дар мактабҳои касбию техникӣ муайян намуд.
Қароре, ки 15 майи соли 1984 қабул гардид «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани тайёрии касбии кадрҳои педагогии системаи маорифи халқ мактабҳои касбию техникӣ ва беҳтар намудани шароити меҳнатию зиндагонии онҳо» ном дошта, дар он оид ба роҳҳои тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани тайёрии касбии онҳо, зиёд намудани маоши муаллимон, стипендияи донишҷӯён, беҳтар намудани шароити зиндагию маишии муаллимон ва ғайраҳо масъала гузошта шудааст.
Қарори чорум «Дар бораи минбаъд беҳтар намудани тарбияи ҷамъиятии томактабӣ ва тайёр намудани бачагон ба таълимоти мактаб» 19 майи соли 1984 ба тасвиб расида, масъалаҳои ҷорӣ намудани барномаи нав, сохтани боғчаҳои нави замонавӣ, зиёд намудани маоши кормандони соҳаи тарбияи томактабӣ, беҳтар намудани тайёрии касбии онҳо баланд бардоштани корҳои таълиму тарбия, беҳдоштӣ ва ғайраҳоро пеш мегузорад.
Қарори шашум ба зиёд намудани маоши муаллимон ва коркунони маорифи халқ (23 майи 1984) бахшида шудааст. Қарор зиёд намудани маоиши ҳамаи муаллимон ва кормандони соҳаи маорифи халқ, муаллимони унвондор, хизматнишондода, роҳбарони синф ва ғайраро пешбинӣ намудааст. Ҳукумати Тоҷикистон дар асоси ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ-касбӣ ва қарорҳои зикршуда дар ҷумҳурӣ нақшаҳои мушаххас таҳия карда, онҳоро мавриди иҷро қарор доданд. Масалан, масъалаи амалӣ гардидани ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар сессияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1984) мавриди муҳокима карор гирифт. Сессияи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон доир ба ислоҳот қарори дахлдор қабул намуд.
Пленуми апрелии соли 1985 масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании ИҶШС-ро дида, бозсозиро эълон намуд. Дар асоси қарорҳои пленум сессияҳои Шӯрои Олии ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон (1985) шуда гузашт, ки онҳо дар соҳаи маориф тағйирот ворид намуданд. Мувофиқи онҳо қонуни таҳсилоти умумии ҳатмӣ лозим дониста шуд. Ин қарор ба ҷавонон имконият медод, ки баъди хатми синфи 9-ум таҳсилоти худро дар мактаби миёнаи пурра ва ё омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ давом диҳанд.
Масъалаҳои рафти бозсозии низоми соҳаи маориф дар анҷуманҳои XXVII ҲКИШ ва XX Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (1986) мавриди муҳокимаи ҳаматарафа қарор гирифт. Дар ҳуҷҷатҳои анҷуман қайд гардидааст, ки ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ ва касбӣ бо сабабҳои гуногун иҷро нагардида истодааст. Анҷуман ташкилотҳои ҳизбию шӯравӣ, иттифоҳҳои касаба, комсомолӣ, коллективҳои омӯзгорӣ ва мақомоти маорифи ҷумҳуриро вазифадор намуд, ки доир ба амалӣ гардидани ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ тадбирҳо андешида, амалӣ шудани онро таъмин намоянд.
Масъалаҳои амалӣ гардидани ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ дар пленумҳои февралии соли 1988 ҲКИШ ва марти соли 1988 Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд. Пленуми февралӣ рафти ислоҳоти мактабро баъд аз эълон шудани ислоҳот ва бозсозӣ мавриди муҳокима қарор дода, раванди иҷрои ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва касбиро таҳлил намуда, онро ғайриқаноатбахш ҳисобид. Пленум ба таври маҷбурӣ аз ҳисоби ҳонандагонн синфҳои IX пур кардани сафи хонандагони синфҳои Х омӯзишгоҳҳоро маҳкум намуда, тартиб додани консепсияи нави таҳсилотро дар ИҶШС ба миён гузошт. Пленум мақомоти маорифро вазифадор намуд, ки нақшаю барномаҳо, китобҳою дастурамалҳои нав таҳия карда, дастраси мактабу хонандагон гардонад. Дар асоси қарорҳои пленум доир ба беҳтар гардидани кори маорифи халқ якчанд қарор қабул карда шуд.
Барои боз ҳам беҳтар гардидани кори маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон пленуми мартии соли 1988 Ҳизби коммунист нақши бузург бозид. Ин пленум масъалаи тартиб додани консепсияи мактаби миллӣ, аз нав сохтани нақшаю барномаҳои таълим, тартиб додани китобу дастурҳои нав ва ба таври куллӣ тағйир додани таълиму тарбияро дар ҷумҳурӣ ба миён гузошт.
Дар ин давра шумораи ҳамаи зинаҳои таҳсилот афзоиш ёфт ва дар раванди таълиму тарбия низ тағйирот ба амал омад. Масалан, соли таҳсили 1990-1991 дар ҷумҳурӣ 840 муассисаи томактабӣ, қариб 115 муассисаи берун аз мактабӣ, бештар аз 3100 мактаби таҳсилоти умумӣ, 790 омӯзишгоҳи ҳунарҳои техникӣ, 42 мактаби миёнаи махсус, 10 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вуҷуд дошт. Дар муассисаҳои томактабӣ 158 ҳазор нафар тарбиягиранда, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1,2 ҳазор нафар хонанда, дар омӯзишгоҳу техникумҳо 15 ҳазор нафар хонанда ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар аз 58 ҳазор нафар донишҷӯ ба таҳсил машғул буд.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ беш аз 495 ҳазор нафар хонанда соҳиби таҳсилоти миёна (умумӣ ва махсус) шуданд, ки аз ин 407 ҳазор нафараш мактабҳои таҳсилоти умумии рӯзонаро хатм карданд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсусро дар ин давра 104 ҳазор мутахассис, аз он ҷумла 42 ҳазор мутахассисони таҳсилоти олидор ба итмом расонданд.
Соли 1989 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ барои 39 ҳазор хонанда мактабҳои таҳсилоти умумӣ сохта шуд. Дар буҷети ҷумҳурӣ хароҷот барои соҳаи маориф дар соли 1989 664,2 миллион сумро ташкил медод, ки нисбат ба соли 1985 8,7 % зиёд буд.
Бо вуҷуди ин дар рушду нумӯи соҳаи маорфи ҷумҳурӣ камбудӣ ва норасоиҳо хеле зиёд буд, ки ба раванди амалӣ гардидани ислоҳот халал мерасониданд. Масалан, муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ дар шаҳрҳо ва шаҳракҳо зиёд буданд (ба ҳар сад ҷой 115-122 нафарӣ кӯдак рост меомад). Навбат дар боғчаҳои кӯдакон ва яслиҳо сол аз сол зиёд мешуд (беш аз 54,3 ҳазор оилаҳо дар навбат буданд). Дар ҷумҳурӣ ба як кӯдак танҳо 4,4 метр (5,75 метри мураббаъ) рост меомад. Бештар аз 30% муассисаҳои томактабӣ дар биноҳои фарсуда ҷоӣ гирифта буд ва таъмиру тармими ҷиддиро талаб мекарданд. Онҳо қубури об, гармии мутамарказ ва барои машғулияти мусиқӣ ва тарбияи ҷисмонӣ ҷои мувофиқ надоштанд. Дар нимаи якуми соли 1990 нақшаи ба кор андохтани муассисаҳои томактабӣ танҳо 10% иҷро шуда буд. Таҳлили вазъияти пояи моддию техникии мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки аз маҷмӯи мактабҳои ҷумҳурӣ дар шаҳрҳо 55,7% ва дар деҳот 13,7% онҳо дар биноҳои шакли нав воқеъ гардида, бештар аз 60 ҳазор хонанда дар биноҳои вайрона таълим мегирифтанд ва 39,2% онҳо дар бастҳои дуюм ва сеюм таҳсил мекарданд. Илова бар ин 70,8% мактабҳои шаҳрҳо, 62,3% мактабҳои деҳот то соли 1970 бунёд гардиданд. Дар солҳои панҷсолаи дувоздаҳум (1986-1990) Ҳукумати ҷумҳурӣ нақшаи сохтмони мактабҳоро ягон маротиба иҷро накард. Вазъияти иҷрои нақшаҳои сохтмони асосии мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ аз ин беҳтар набуд.
Дараҷаи бо таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз будани мактабҳо ба талаботи рӯзафзуни донишомӯзӣ ҷавоб дода наметавонист. Танҳо 8,1% мактабҳои рӯзонаи таҳсилоти умумӣ кабинети информатика ва техникаи ҳисоббарор, 67,6% кабинетҳои муҷаҳҳази биология, 84,3% кабинетҳои махсуси физика доштанд.
Дар асоси ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар мундариҷа, нақшаю барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид гардид. Дар нақшаҳои таълиме, ки соли таҳсили 1986-1987 ҷорӣ шуд, соатҳои зиёд барои омӯзиши фанҳои ҷамъиятшиносӣ, тарбияи меҳнатӣ, меҳнати ҷамъияию истеҳсолӣ ва тайёр намудани хонандагони синфҳои болоӣ ба касбҳои гуногун ҷудо гардида буд.
Дар нақшаи нави таълимӣ фанҳои нав «Шиносонидани бачагон ба муҳити атроф» (дар синфҳои I-II), «Асосҳои истеҳсолот», «Интихоби касб» (дар синфи VIII-X), «Ахлоқ ва психологияи ҳаёти оилавӣ» (дар синфҳои IX-X), «Асосҳои информатика ва техникаи ҳисоббарорӣ» (дар синфҳои IX-X) ҷорӣ шуд. Барномаи нав аз санҷиши Академияи фанҳои педагогӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ, муаллимон ва кормандони соҳаи маориф гузашт. Бояд қайд кард, ки нақшаю барномаҳо аз камбудиҳо низ холӣ набуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, хусусиятҳои миллии ҳар як халқҳои Иттиҳоди шӯравиро таҷассум карда натавонист. Дар асоси ин камбудӣ ва бо назардошти қарорҳои пленуми февралии соли 1988 ҲКИШ ва марти соли 1988 Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, анҷумани умумииттифоқии коркунони маорифи халқ (1988), тавсияҳои Кумитаи ИҶШС доир ба маорифи халқ (1989), лоиҳаҳои Консепсияи маълумоти умумии миёнаи ИҶШС ва ҶШС Тоҷикистон (июли 1989) ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Баъди муҳокимаи Консепсияи маълумоти умумии миёна бо назардошти пешниҳодоти аҳли ҷамъият, муаллимон ва кормандони соҳаи маориф Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмҳои педагогии Тоҷикистон бо ҳамкории методистону олимон ва муаллимони пешқадам нақшаю барномаҳои нави таълимиро таҳия намуданд, ки дар асоси онҳо китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимию методии нав таълиф гардиданд
Ислоҳоти мактабҳои таҳсилоти умумии миёна ва бозсозӣ ба низоми тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва ҷиҳатҳои моддию маишии онҳо таъсири мусбат расонид. Қарори Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС аз 15 майи соли 1984 роҳҳои беҳтар тайёр намудани кадрҳои омӯзгориро дар мамлакат нишон дод. Мувофиқи он ба ҷиҳатҳои тайёрии педагогию психологӣ ва касбии муаллимони оянда диққати махсус дода, мӯҳлати таҳсилро дар факултаҳои забони русӣ ва адабиёт, забони модарӣ ва адабиёт, таърих, математика, физика як сол зиёд намуд.
Баъди эълон шудани бозсозӣ (апрели 1985) дар мамлакат доир ба баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон, аз он ҷумла муаллимон якчанд қарорҳои дахлдор, аз ҷумла қарори Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани тайёрӣ ва истифодабарии қарорҳои илмию педагогӣ» (марти 1987), карори Кумитаи марказии ҲКИШ ва Шӯрои вазирони ИҶШС «Дар бораи чораҳои ба таври куллӣ беҳтар намудани сифати тайёрӣ ва истифода бурдани мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ дар ҳоҷагии халқ» (марти 1987) қабул шуд. Гарчанде ин қарорҳо аз рӯи мазмуну мундариҷаашон дуруст буданд, вале бо захираҳои зарурии молиявӣ ва моддию техникӣ таъмин карда нашуда буданд ва дар онҳо мувофиқати ба амал омадаи дараҷаи тараққиёти соҳаи маориф дар ҷумҳуриҳо ба эътибор гирифта нашуда буд, ки он боиси иҷро нашудани онҳо гардид.
Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ба рушду нумӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва омузишгоҳҳои омӯзгорӣ аҳамияти калон дода шуд. Барои таъмин намудани ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ Филиали дар шаҳри Қӯрғонтеппабудаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба донишкадаи мустақил табдил ёфт (соли таҳсили 1990-1991). Дар ноҳияи Ленин омӯзишгоҳи омӯзгорӣ кушода шуд. Қабули донишҷӯён дар баъзе ихтисосҳои донишкадаҳои омӯзгорӣ зиёд гардид. Нақшаи кабули берун аз озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии берун аз ҷумҳурӣ низ зиёд гардид.
Дар ҷумҳурӣ омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар як донишгоҳ, 5 донишкада ва 9 омӯзишгоҳи омӯзгорӣ тайёр карда мешуд. Дар соли хониши 1990-1991 дар мактабҳои рӯзонаи таҳсилоти умумӣ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон қариб 95 ҳазор муаллим машғул буданд. Барои беҳтар ба роҳ мондани соҳаи маориф моҳи майи соли 1988 бо фармони президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Вазорати иттифоқию ҷумҳуриявии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфта, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон барҳам дода шуд.
Мувофики Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ва Қонуни ҶШС Тоҷикистон оид ба забон (22 июли соли 1989) забони давлатӣ дар ҷумҳурӣ забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад. Ба ҳамин муносибат таълими забони тоҷикӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба куллӣ тағйир дода шуд. Ҳолати онрӯзаи соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва вазифаҳои гузаштани мамлакат ба низоми бозори иқтисодӣ кори ҷиддиро тақозо мекард.
ПРЕСС — РЕЛИЗ
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар заминаи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маориф Љумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2002 № 482 таъсис ёфтааст. Бо қарори Њукумати Љумҳурии Тоҷикистон муассисаи мазкур аз 29 апрели соли 2009, № 264 Муассисаи давлатии «Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» номгузорӣ шудааст.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Љумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Љумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи АТТ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Љумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда фаъолияти хешро ба роҳ мемонад.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти муассисаҳои илмию таълимии зерсохторҳои худро ҳамоҳанг ва танзим менамояд:
— Пажӯҳишгоҳи тадқиқотӣ-илмии илмҳои педагогӣ;
— Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ;
— Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
— Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ;
— Маркази омӯзиши таърихи маорифи Тоҷикистон.
Дар фаъолияти худ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди таҳқиқотҳои афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисосро ба роҳ мемонад.
Академия нерӯи бузурги илмиро дар ихтиёри худ дорад. Њамаи академикҳо ва аъзо-корреспонденҳои АТТ олимони варзида ва шинохта буда, дар ин ё он соҳаи илми педагогика мактаби худро доранд ва дар таҳқиқи масъалаҳои мубрами соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Инчунин, Академия олимони соҳаи илми педагогика, методикаи таълим, кормандони илмӣ ва мутахассисонеро, ки дар муассисаҳои зерсохтори Академияи таҳсилот фаъолият доранд, муттаҳид менамояд.
Аъзои Академия дар таҳияи қонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Конепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Љумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта, стандартҳои давлатии таҳсилоти фанҳои синфҳои ибтидоӣ, Забони модарӣ, адабиёт, таърих, география, химия, биология, математика ва ѓайраро мураттаб сохтанд, ки ҳамаи ин дар китобҳои «Стандарти давлатии таҳсилоти мактаби миёнаи умумӣ» (қисмҳои 1 ва 2) дарҷ ёфтааст ва алҳол аъзоёни Академия ба онҳо таѓйироту иловаҳо ворид месозанд.
Таҳқиқотҳо оид ба масъалаи афкори педагогикаи ниёгон ҳусни оѓоз ёфтаанд. Китобҳои М.Лутфуллоев — «Эҳёи педагогикаи Аҷам» «Шарафномаи миллат», «Тоҷикистон-Ватанам, ифтихорам», «Пандномаи Аҷам», «Тоҷикистони соҳибистиқлол ва масъалаҳои тарбия», «Инсон ва тарбия»; Х.Афзалов — «Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (дар ҳаммуаллифӣ), «Системаи маорифи халқ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба таррақӣ (дар ҳаммуаллифӣ), «Таърихи педагогикаи тоҷик»; Ф.Шарифзода — «Маърифат-асоси рушди ҷомеа (дар ҳаммуаллифӣ), «Њикмати афкори педагогии ниёгон» (дар ҳаммуаллифӣ), «Педагогикаи қарни XXI»; Қ.Қодиров — «Ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ», «Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тоҷикон аз аҳди қадим то зуҳури ислом», «Самтҳои дидактикии истифодаи технологияҳои иттилоотии таълим дар мактаби олӣ»,«Таълимоти маорифпарварӣ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик», «Афкори педагогии ҳамасрони Рӯдакӣ», «Вожаномаи истилоҳоти педагогӣ-психологӣ», «Дирӯз ва имрӯзи маорифи Љумҳурии Тоҷикистон» (дар ҳаммуаллифӣ), инчунин «Анталогияи педагогии халқи тоҷик» (ба забони русӣ) ва ѓайра аз ҳамин қабиланд.
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар фаъолияти хеш ҳадафу вазифаҳоеро анҷом медиҳад, ки ба проблемҳои мубрами таҳсилоти ҷумҳурӣ ва илми педагогика вобастаанд. Њалли ин вазифаҳо ба рушду такомули маорифи кишвар мусоидати комил менамояд.
Њадафу вазифаҳои Академияи таҳсилоти Тоҷкистон аз инҳо иборатанд:
— рушди пажуҳиши бунёдӣ дар самтҳои асосии илмҳои педагогика, методикаи таълим, психологияи педагогӣ, дидактика;
— таъмини таҳқиқоти илмии дурнамо, ки барои боло бурдани сатҳи мактаб ва маориф муҳиманд;
— ҳамоҳангсозии илми педагогикаи мактаб ва муассисаҳои олии таълим ба хотири рушди ҳамаҷонибаи илми педагогика ва амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи маориф ва стандарти давлатии таҳсилот дар Љумҳурии Тоҷикистон;
— таҳлили вазъи истифодаи дастовардҳои илми педагогика дар муассисаҳои таълимии Љумҳурии Тоҷикистон ;
— омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илми педагогикаи ҷаҳонӣ ва мусоидат ба истифодаи ҳадафноки ин дастовардҳо дар муассисаҳои таълимии Љумҳурии Тоҷикистон;
— ҷустуҷӯ ва дастгирӣ намудани олимони боистеъдод, мусоидат ба рушди олимони ҷавон, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисоси педагогӣ;
— баррасии равияҳои асосии таҳқиқоти бунёдӣ;
— дар асоси шартномаҳои тарафайн бо Вазорати маорифи Љумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои олии таълимӣ дар заминаи муассисаҳои тобеи Академияи таҳсилот дар таҳқиқотҳои илмию таълимӣ ширкат меварзад;
— барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини илми педагогика озмунҳо эълон менамояд;
— баҳри рушди муассисаҳои таълимии Љумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноки дастовардҳои илми педагогика тавсияҳо мекунад;
— барои ҳалли масъалаҳои педагогика, психологияи педагогӣ, дидактикаи умумӣ ва хусусӣ ва татбиқи натиҷаҳои коркарди илмӣ шӯроҳои илмӣ ва гурӯҳҳои эҷодии муваққатӣ ташкил менамояд;
— кадрҳои илмию педагогӣ тайёр мекунад ва такмили ихтисоси кормандони илмию педагогиро амалӣ месозад;
— ташхиси илмӣ доир мегардонад ва маслиҳатҳои илмӣ медиҳад;
— натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмию педагогиро нашр мекунад ва фаъолияти нашрии Академияи таҳсилотро ба роҳ мемонад;
— дар таблиѓи дастовардҳои илми педагогика ва паҳн намудани донишҳои педагогӣ мусоидат мекунад.
Дар сохтори дастгоҳи марказии Академия шӯъбаҳо ва бахшҳои зерин мавҷуданд:
— шӯъбаи арзёбии таҳсилот;
— шӯъбаи омӯзиши масъалаҳои сиёсати таҳсилот;
— шӯъбаи илм ва татбиқи мавзӯъҳои фармоишӣ;
— бахши назорати аспирантура ва докторантура;
— шӯъбаи муҳосибот ва хоҷагӣ
— бахши кадрҳо, ҳуқуқ ва коргузорӣ.
— шӯрои дифоъ
Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои дифоъ оид ба се ихтисоси илмӣ фаъолият мебарад: Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (рамзи соҳаи илм — 13.00.01); Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рӯи фанҳои алоҳида, забони тоҷикӣ) (рамзи соҳаи илм; 13.00.02); Назария ва методикаи таҳсилот (аз рӯи фанҳои алоҳида, забони русӣ) (рамзи соҳаи илм; 13.00.02).
Шӯрои дифоъ соли 2010 таъсис ёфтааст. Қобили қайд аст, ки Шӯро аз рӯи тахассуси «Назария ва методикаи таҳсилот (забони тоҷикӣ ва русӣ) дар кишвар бори аввал таъсис ёфтааст, ки барои унвонҷуён ва аспирантони соҳаи мазкур аҳамияти хеле калон дорад.
Академикҳо ва мутахассисони варзида, олимони намоёни соҳаи илми педагогика И. Каримова, М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, У. Зубайдов, Қ.Б. Қодиров, С.Э. Неъматов, С. Шербоев, Д. Латипов, С. Сулаймонӣ ва дигарон таҳқиқи аспирантов ва унвонҷӯёнро раҳнамоӣ карда, мунтазам ба онҳо кӯмак мерасонанд, дар ташкил ва гузаронидани семинарҳои методологӣ фаъолона иштирок менамоянд ва ба онҳо маслиҳату тавсияҳои зарурӣ медиҳанд.
Танҳо тайи солҳои 2010 – 2012 дар Шӯрои дифоъ беш аз 55 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ намуданд. Дар назар аст, ки доираи рамзи дифои ҳимоя дар шӯро аз ҳисоби тахассусҳои нави барои ҷумҳурӣ зарур васеъ гардонида мешавад.
Дар айни ҳол дар Шӯрои мазкур унвонҷӯён аз Ирон, Афѓонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ рисолаҳои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуданд, ки нишонгари ҳусни таваҷҷӯҳи кишварҳои ҳамзабон ба дастовардҳои илми педагогикаи ватанӣ мебошад.
Фаъолияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон васеъ ва муҳити илмии он низ фарох мебошад. Академия бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Академияи тиб, донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ, раёсати идораи (шуъбаи) маорифи вилояту ноҳияҳо робита дошта, бо Академияи таҳсилоти Русия, Қазоқистон, Беларус муассисаҳои илмию фарҳангии Эрон, Афѓонистон, мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси шартномаи тарафайн амал менамояд. Раёсати Академияи таҳсилот ҳар сол тибқи нақша 4-5 мизи мудаввару конфренсияҳои илмию амалӣ доир намуда, аъзои он дар конференсияҳои хориҷ аз Тоҷикистон фаъолона иштирок менамоянд. Онҳо тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ бобати беҳтар шудани сифати донишу таҳсил андеша меронанд, меҳмони доимии шабакаҳои телевизонӣ мебошанд.
Ба истиқболи 10-солагии АТТ
Даҳ соли ҷустуҷӯ
Ирина КАРИМОВА,
Маҳмадулло ЛУТФУЛЛОЕВ
Сухане чанд перомуни таърихчаи ташкили Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) ва номгузории он
Имконияти давлати абарқудрати шӯравӣ пас аз солҳои 50-уми асри XX хеле васеъ буд, ки дар тамоми ҷумҳуриятҳои собиқ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон Академияи илмҳои педагогӣ таъсис диҳад. Вале бо як муассисаи илмии Академияи илмҳои педагогии СССР қаноат карда, ба ин амри хайр қадам намегузошт. Он замон гоҳ ошкор ва гоҳе ҳам пинҳонӣ дастур садо медод, ки проблемаҳои назарияи педагогика дар академияи мавсуф таҳлилу таҳқиқ шаванд, кифоя аст. Пажӯҳишгоҳҳое, ки дар ҷумҳуриятҳои алоҳида ташкил ёфта буданд, асосан масъалаҳои амалии таълиму тарбияро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор диҳанд. Албатта, ин тамоил, аз як тараф, дуруст буд, зеро нерӯҳои асосии илми педагогика дар маркази ягона ва умумӣ-Академияи илмҳои педагогии СССР гирд оварда шуда буданд. Вале тарафи дигар, ба назари мо, ба эътибор нагирифтани қонуниятҳои биологию табиӣ, хусусиятҳои психологии насли наврас, имконият ва вазъи таърихию маънавии халқу миллатҳо хатои маҳз ба ҳисоб мерафт.
Педагогика ҳамчун илм вақте ба дархости ҷомеа ҷавоб медиҳад, ки ҳамаи ин қонунияту принсипҳо, хусусияту имкониятҳо ба назар гирифта шаванд. Дар акси ҳол аз амалия дур хоҳад шуд.
Солҳои 90-уми асри гузашта бараъло эҳсос мешуд, ки амалияи низоми таълиму тарбия дар мактабҳои Тоҷикистон ба назария эҳтиёҷ дорад. Барои коркард ва таҳқиқи назарияи боэътимод муассисаи илмие лозим буд, ки гурӯҳи олимони соҳаро муттаҳид созад. Дар Тоҷикистон шароитҳои айнию зеҳнии ташкили чунин муассиса пухта расида буд. Ин ва дигар омилҳо моро водор намуд, ки тавассути маҷлису суҳбатҳо, вохӯрию рӯзномаҳо фикрамонро изҳор намоем. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кору фаъолияти худ маорифу таълиму тарбияро самти асосӣ ва стратегӣ эълон дода, онро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат номид. Сарвари кишвар хуб дарк мекард, ки бе таҳқиқи масъалаҳои назарӣ ва омӯхтани таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ кори таълиму тарбияро пеш бурдан амри муҳол аст.
Бинобар он, дастур дод, ки барои таъмиру сохтмони биноҳои нави таълимӣ, таълимгоҳҳои типпи нав, марказҳои илмию тарбиявӣ, варзишгоҳҳо, таҷҳизоти компютерию таълимӣ, аз ҷумла, ташкили Академияи илмҳои педагогӣ тамоми чораҳо андешида шаванд. Ин даъват тамоми ходимони илми соҳаи таълиму тарбияро руҳбаланд намуда, баҳри таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурӣ камари ҳиммат бастанд.
Бояд эътироф намуд, ки дар ин хусус саҳми вазири маорифи вақт Сафаралӣ Раҷабов (Рӯҳаш шод бод!) кам нест. Гурӯҳи кор маҳз бо роҳбарии ӯ ҳуҷҷатҳои асосиро омода ва ба ҳукумат пешниҳод намуд.
Инак, баъди баррасии ҳуҷҷатҳо 3 декабри соли 2002, таҳти рақами 482 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо имзои Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.
Дар муддати як моҳ масъалаҳои тасдиқи Оиннома, сохтори дастгоҳи академия, раёсати он ва дигар масъалаҳои ташкили ҳуқуқиеро, ки ба таъсис ва фаъолияти академияи илмҳои педагогӣ ва муассисаҳои ба сохтори он воридгашта вобастаанд, ҳаллу фасл намояд. Моҳиятан ин қарор аз оғози ибтидои фаъолияти академия дарак медод, ки зодаи истиқлоли Тоҷикистони азиз аст. Нахустпрезиденти академия академик Муҳамаддуло Лутфуллоев (Муҳаммадуллои Лутф) интихоб гардид. Пас аз ин вобаста ба фаъолияти Академия боз як амри Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ва як қарори дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ содир шуданд. Дар амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 июли соли 2004 таҳти рақами АП-1496 содир шуда буд, масъалаи унвонпулӣ ҳал гардидааст. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, рақами 264 бобати ивази номи академия содир шуд.
Алҳол дар ҳайати раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 4 узви пайваста ва 7 узви вобаста фаъолият мекунанд. Сохтори Академия аз шуъбаҳои арзёбии таҳсилот, илм ва татбиқи мавзӯъҳои фармоишӣ, омӯзиши масъалаҳои сиёсати таҳсилот, бахшҳои аспирантураю докторантура (дар назди Пажӯҳишгоҳи рушди маориф), кадрҳо, шуъбаҳои муҳосиботу хоҷагидорӣ иборат аст. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ, роҳбарии илмию методии рушди таҳқиқоти афзалиятноки бунёдӣ ва амалии соҳаи маориф, истифодаи пурсамари дастовардҳои илм ва тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос машғул аст. Дар назди академия Шӯрои дифои рисолаи докторӣ доир ба тахассуси педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (13.00.01) ва тахассуси методикаи таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (13.00.02) фаъолият мекунанд. Маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилот» нашрияи Академия мебошад.
Қобили қайд аст, ҳамаи онҳое, ки узви Академияи таҳсилотанд, педагогҳои асил буда, мактаби бузурги илмӣ ва роҳбариро паси сар кардаанд. Ҳамин аст, ки бисёр проблемаҳоро, ки ҷомеа ба миён мегузорад, бомуваффақият анҷом медиҳанд. Бомаврид аст чанде аз онҳоро хотиррасон намоем.
Якум. Баробар пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ таҳияи тамоми ҳуҷҷатҳои мактабу маориф, аз қабили нақшаҳои таълим, барномаҳои таълим ва ҳатто китобҳои дарсӣ, ки пеш аз марказ (Маскав) ворид мешуданд,ба дӯши худамон афтод. Вале мо аксаран таҷриба надоштем. Зарур омад, ки кадрҳои маҳаллиро барои таҳияи ин мавод тарбия ва пешбарӣ намоем. Нақшаю барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ, ки бо андаке тағйирот имрӯзҳо дар мактабҳо истифода мешаванд, асосашон ҳамон вақт аввал аз ҷониби кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ (ҳоло Пажӯҳишгоҳи рушди маориф) ва баъдтар аз тарафи аъзои Академияи илмҳои педагогӣ гузошта шудаанд.
Аъзои академия дар таҳияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Консепсияи мактаби миллӣ, Консепсияи миллии таҳсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта, худ стандартҳои давлатии таҳсилоти фанҳои синфҳои ибтидоӣ, забони модарӣ, адабиёт, таърих, география, химия, биология, математика ва ғайраро мураттаб сохтанд, ки ҳамаи ин дар китобҳои «Стандарти давлатии таҳсилоти мактаби миёнаи умумӣ» (қисмҳои 1 ва 2) дарҷ ёфтаанд ва ҳоло боз худи аъзоёни академия ба онҳо тағйирот ворид месозанд.
Дуюм. Дар робита ба соҳибистиқлолии ҷумҳуриямон масъалаи эҳёи педагогикаи ниёгон ба миён омад. Қариб аксарияти аъзои академия вобаста ба мавзӯи таҳқиқотии худ ба ин масъала дахл карданд. Хуб шуд, ки имрӯз ҳар як муҳаққиқ кори худро аз афкори педагогии ниёгонамон оғоз менамояд. Таҳқиқотҳо оид ба масъалаи афкори педагогикаи ниёгон оғоз карданд, ки дар натиҷа чанд асари муҳим рӯи кор омад.
Муаммои таълими ҳамгиро ва тафриқа. Дар аксарияти кишварҳои гуногун силсилаи фанҳо, ки мақсаду вазифаҳои дидактикиашон бо ҳам наздиканд, ба тариқи ҳамгиро, яъне, ҳамроҳ, махлут таълим дода мешаванд, ки инро дар забонҳои дигар интегратсия меноманд. Интегратсия аз калимаи лотинии интегратион гирифта шуда ба маънои барқарорсозӣ, мукаммалсозӣ, пайвастсозӣ, комил кардан, пурра кардан меояд. Масалан, агар ба нақшаи таълимии синфҳои ибтидоӣ назар андозем, дар сатри аввал як фанни умумии «Забони модарӣ» навишта шудааст. Дар мактабҳои мо ба сохти таълими мактабҳои Россия тақлид карда, ин фанни умумиро пора-пора намуда, дар шакли «забони модарӣ» (грамматика ва имло), «хониш» «ҳусни хат» ва «машғулиятҳои инкишофи нутқ» пешниҳод намуданд, яъне, аз як фанни барои мо муҳим чор фан сохтанд. Дар натиҷа, талабаҳо чор сол хонда, на дуруст хонда метавонистанд, на навишта. Ҳалли ин муамморо академик Файзулло Шарифзода ба зимма гирифта, гиреҳи онро кушод. Агар талабаҳои синфҳои I-IV ҳафтае 4-5 соат хониш мехонданд, ҳоло 8-10 соат хониш мехонанд. Ба китобҳои дарсии «Забони модарӣ», ки мувофиқи таълимоти ҳамгиро таълиф шудаанд, як назар андозед. Ҳамаи дарсҳо (ба ҷуз имло) аз хониш сар мешаванд: матнро мехонем; оид ба мазмуни матн саволу ҷавоб мегузаронем; қаҳрамонони мусбату манфиро муайян мекунем; ҷонибдории худро изҳор менамоем.
Агар муаллифе ин талаботро нагузошта бошад ва муаллиме онро анҷом надиҳад, пас, ин айби таълими ҳамгиро нест! Пояҳои илмию амалии таълими ҳамгиро дар чанд асари академик Ф.Шарифзода, аз ҷумла «Таълими ҳамгиро-асоси инкишоф ва тарбия», «Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна», «Таълими ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо (ду китоб), «Педагогикаи ҳамгиро» асоснок карда шудаанд.
Яке аз роҳҳои дигари интихоб дар таҳсилот рӯ овардан ба таълими тафриқа аст, ки дар кишвари мо ривоҷ наёфта, дар Европаи ғарбӣ ва Амрико макон касб намуд. Пас аз ташкили Давлати Шӯравӣ дар кишвари мо то солҳои 30-и асри гузашта (ХХ) то андозае таъсир дошт. Солҳои 30-юм як қисм педагогҳо ва роҳбарони маорифи халқ моҳияти таълими тафриқаро баррасӣ намуда, дар бобати татбиқи амалии он андешаҳои худро баён кардаанд. А.В. Луначарский «Принсипҳои асосии мактаби ягонаи меҳнатӣ»-ро омода карда қайд мекунад, ки «Мактаби ягона ин маъно дорад, ки ҳама бачаҳо ба ин ё он типпи мактаб дохил шуда, зина ба зина пеш мераванд ва то зинаи охирин қадам мегузоранд».
Дар сурате ки Луначарский дар мактаб гурӯҳҳо ва зергурӯҳҳоро пешниҳод менамуд, пеш аз ҳама, қобилият ва истеъдоди гуногуни бачаҳоро дар назар дошт ва нағз мефаҳмид, ки дар ҳамаи солу замонҳо «ба давлат мутахассисон лозиманд… на онҳое, ки ҳама чизро каму беш мефаҳманду ягон чизро то охир намедонанд».Ҳалли проблемаи таълими тафриқа дар замони истиқлолият ба зиммаи академик У.Зубайдов афтод. ӯ оид ба таълими тафриқа кори бунёдӣ ба анҷом расонд ва дар чанд мақолаю китоби худ, аз ҷумла «Тафриқа –нерӯи пешрави раванди таълим» исбот кард, ки таълими тафриқа дар асоси қобилият, лаёқат, дониш, пешрафт, имконият ва шавқу ҳаваси бачаҳо ба роҳ монда мешавад.
Азбаски таълими ҳамгиро ва тафриқа доманадоранд, олимони пуркори Академияи таҳсилот Ф.Шарифзода ва У.Зубайдов мактабҳои илмии худро таъсис додаанд, ки солҳои охир чанде аз шогирдони онҳо оид ба паҳлуҳои ҷудогонаи ҳамгиро ва тафриқа рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд ва баъзеи дигарҳо таҳқиқ менамоянд.
Аъзои Академияи таҳсилот-муаллифони китобҳои дарсӣ ва дигар воситаҳои таълим. Олимони зиёдеро медонем, ки китобҳояшон дар мағозаю ҷевони китобҳо зери чанг мондаанд. Ин, албатта, боиси таассуф аст. Аммо натиҷаи илми олимони педагогӣ, ки бештар дар рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълим, дастурҳои методӣ, хрестоматия ва дигар маҷмӯаҳо ифода меёбад, харидор доранд. Бозори илми аъзои академияи таҳсилот ҳамеша тафсон аст. Хушбахтона, ҳамаи аъзои академия муаллифи китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ мебошанд. Як бартарии муаллифон-аъзои академияи таҳсилот ҳамин аст, ки онҳо китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимро дар асоси назарияи коркардаи худ таҳия менамоянд. Чунончи, китобҳои дарсии Саидамир Аминов «Забони модарӣ»-синфҳои 7,8,9. Муаллифи ин китобҳо назарияи дар асоси матн (на калимаю ҷумлаҳои пароканда) омӯхтани қоида ва таърифоти грамматика ва имлоро таҳқиқ намуда, дар ҳамин асос китобҳои дарсии худро пешниҳод намуд.
Китобҳои дарсии академик М.Лутфуллоев, Ф.Шарифзода, У.Зубайдов, С.Бандаев, Ғ.Бобиев,, М.Нуъмонов, С.Шербоев, Т.Шукурзода, С.Неъматов, С.Сулаймонӣ низ дорои аҳамиятҳои хоси худанд.
Лозим ба ёдоварист, ки сохторҳои тобеи Академия мувофиқи нақшаҳо асосан ба офаридани дастурҳои таълимӣ, илмию методӣ машғул буда, баъзе корҳои илмию таҳқиқотиро низ анҷом медиҳанд. Ҳоло дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф як гурӯҳ олимони ҷавон даст ба корҳои илмӣ задаанд, ки мо аз онҳо умеди калон дорем. Ҳамин тавр, дар Донишкадаи такмили ихтисос ғайр аз вазифаи асосии худ ба офаридани дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, ба масъалаҳои таҳқиқоти илм низ машғуланд.
Фаъолияти АТТ васеъ аст. Муҳтавои таҳлилу таҳқиқи педагогикаи миллии моро бояд масъалаҳои тарбияи шахсияти фаъол, созанда ва эҷодкор, ватану ватандорӣ, эҳсоси худогоҳии миллӣ, равнақ ва ташаккули андешаи миллӣ, худшиносии таърихӣ, ҳамгироии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, педагогикаи мардумӣ, сифат ва самаранокии дониш ва таҳсилот, хусусиятҳои таълиму тарбияи бачаҳои лаёқатманд, созмонҳои талабагӣ, фаъолияти марказҳои эҷодӣ, ташкили кӯдакистонҳои оилавӣ, тарбияи самараноки кадрҳои педагогӣ, нақш ва мавқеи хадамоти аттестатсионӣ, омӯхтан ва паҳн намудани таҷрибаи судбахши педагогӣ, роҳҳои самараноки ҷалби падару модарон ба мактабу тарбияи фарзандон, тарбияи тафаккури эҳёгарона ва офаранда, ба назар гирифтани омилҳои ботинӣ ва зоҳирии мактаби миллӣ, методикаи таълими самараноки забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, адабиёт, таърих, силсилаи фанҳои дақиқ, тарбияи сиҳатию саломатӣ ва покии инсон, инсони соҳибмаърифат, роҳ ва тарзҳои самараноки такмили ихтисоси муаллимони мактабҳои ёрирасон, зарурият ва хусусиятҳои ҷорӣ намудани таҳсилоти миёнаи умумии 12-сола дар шароити Тоҷикистон ва ғайраро фаро бигиранд.
Ғайр аз ин педагогикаи мактабҳои олӣ, миёнаи касбию техникӣ, мактаб — интернатҳо, дефектология (тифлопедагогика, сурдопедагогика, олигофренопе-дагогика), педагогикаи антропологӣ, валеология ва дидактикаи хусусиро лозим аст, ки дар робита бо дархости ҷомеаи муосир вазифа ва масъалаҳои хоси худро таҳия ва таҳсилу таҳқиқ намоянд.
Чи тавре ки мебинем, вазифаҳо, муаммою масъалаҳои илми педагогика кам ва саҳл нестанд, вале муҳим он аст, ки онҳо ҳалшаванда ва марбут ба мақсаду хоҳиш, ҳиммату ғайрати муҳаққиқон мебошанд. Ба истиқболи 10-солагии АТТ
Таърихи пайдоиш ва ташаккули мактабу маориф то ибтидои қарни XX (то инқилоби октябр)
а). Пайдоиш ва инкишофи мактабҳо то зуҳури ислом
Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ, ки дар бораи Осиёи Марказӣ маълумот медиҳанд, собит менамоянд, ки дар асрҳои VII-VI пеш аз милод дар ин сарзамин қавму халқҳои эронинажод, гузаштагони халқи тоҷик-суғдиён, бохтариҳо, марғиёнҳо, хоразмиҳо, портҳо, қабилаҳои мухталифи сакҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд. Тоҷикон, ки яке аз қабилаҳои шарқии эронинажод ба шумор мерафт, роҳи тӯлонии тараққиёти таърихиро, ки ба ҳамаи халқҳои дунё хос аст, аз cap гузаронида, сарчашмаҳои таърихӣ ба вуҷуд овардаанд Яке аз сарчашмаҳои аввалин ин «Авесто» аст, ки аз маҷмӯи матнҳои пайравони оини зардуштӣ иборат буда, муҳимтарин маъҳаз оид ба таърихи халқи тоҷик ба шумор меравад.
Аммо аз ин пеш низ халқҳои эронинажод, аз ҷумла тоҷикон соҳиби дониш мактаб ва ҳунар буданд.
Дар давраи ҷамоаи ибтидоӣ дар ин сарзамин коммунаҳои ибтидоӣ ба тартиби қавмию насабӣ пайдо мешаванд. Муносибатҳои оилавӣ бошад ҳам, вале дараҷаи тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ниҳоят паст буд. Қувваҳои истеҳсолкунанда тадриҷан пеш мерафт. Тараққиёти беш аз пеши қувваҳои истеҳсолкунанда ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ боиси мураккабшавии шаклҳои фарҳанг, аз ҷумла тарбияи инсонӣ мегардад.
Дар давраи мезолит ва неолит олоти истеҳсолот нисбат ба давраи гузашта мукаммал ва беҳтар гардид. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ, монанди парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн ме¬шаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолгарӣ, зироаткорӣ ва чорводорӣ пайдо мешаванд. Дар ҳамин марҳила дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ тағйироти таърихӣ рӯй медиҳад. Ҷои шикор ва неъматҷамъкуниро зироат ва чорводорӣ ишғол менамояд. Аз навъҳои зироат бештар ҷаву гандум кошта мешуд. Барои обёрӣ ҷӯйҳо меканданд ва палҳо месохтанд. Чорводорӣ хеле тараққӣ мекунад. Дар натиҷа қабилаҳои алоҳида ба вуҷуд меоянд.
Дар давраи асри биринҷӣ дар сохти иҷтимоии ҷамъият нисбат ба гузашта тағйироти ҷиддӣ ба вуқӯъ меояд. Дар ин аҳд ниёгони мо ба дараҷаи хеле баланди тараққиёти моддӣ ва маънавӣ расида буданд. Онҳо ба истихроҷ ва гудозиши маъдан ва сохтани асбобҳои фулузӣ шурӯъ намуда, олоти истеҳсолотро такмил медоданд, дар киштукор обёрии сунъиро ҷорӣ карда, масканҳои мисгудозӣ месохтанд, аз мӯҳрачаву сӯзан то ханҷарҳои мисӣ истеҳсол мекарданд ва маҳорати кулолгарӣ ва меъмории худро такмил медоданд. Дар натиҷаи ин нобаробарии молумулкӣ ва иҷтимоӣ авҷ гирифта, заминаи дар оянда ба ҷамъияти синфӣ гузаштанро фароҳам овард ва ба рафти низоми ташаккули тарбия, таъсири зиёд расонид.