ТАБРИКОТ

                СУХАНИ ТАБРИКОТИИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН, БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

                              УСТОДОНИ МУҲТАРАМ,

бо як ҷаҳон умеду орзў, самимияту эҳтироми хоса Шуморо ва дар симои Шумо тамоми пайвандонатонро ба ҷашни фархундаву бостонии Наврўзи байналмилалӣ — оғози Соли нави аҷдодӣ шодбош мегўям.

        Наврўзи хуҷастапайро чун рамзи ҷавонии оламу одам, тантанаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ бо суруру шодмонӣ таҷлил намуда, сарфароз аз зиндагии ободу осоишта, бунёдкориҳои азим, рушди иқтисоду маънавиёт мебошем, ки саҳму хизмати Шумо дар ин ҷода назаррас аст.  

       Аз фурсати муносиб истифода карда ба Шумо дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, ба камол расонидани олимони ҷавон, таълиму тарбияи насли наврас ва рушду нумуъ бахшидан ба соҳаи ҳаётан муҳимми кишвари маҳбубамон барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунам.

        Аз Худованди мутаъол талаби онро дорам, ки ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва пирўзиҳоро дар кору зиндагӣ арзонӣ дорад!

 

 

 

 


СУХАНИ ТАБРИКОТИИ  ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН, БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

          Бисёр хушҳолем, ки дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни Шуморо табрик мегӯем.

        Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст.

        Ҳамзамон омадани ду ҷашн — Рӯзи Модар ва Наврӯзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон  мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. 

        Бо ин ҳама ниятҳои нек  Шуморо  ба  ифтихори бузургдошти  Рӯзи Модар, ки ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

        Рӯзи Модар ва истиқболи баҳори нозанин муборак бошад, бонувони гиромиқадр!

      Бо камоли эҳтиром, президенти

Академияи таҳсилоти

Тоҷикистон                                      Саломиён М.Қ.

                                                                                                                           

 

МАВЛУДАТОН МУБОРАК!

    Имрўз узви пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, академики   Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, устод

   КАРИМОВА И.Х.  зодрўз доранд.

     Бароямон гуворо ва боиси ифтихор аст, ки бо як ҷаҳон умеду орзў, самимияту эҳтироми хоса Шуморо ба рўзи мавлудатон, умри пурбор ва саршор аз меваҳои босамар дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику муборакбод менамоем. Аз фурсати муносиб истифода карда ба Шумо дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, ба камол расонидани олимони ҷавон ва рушду нумўъ бахшидани соҳаи ҳаётан муҳими кишвари маҳбубамон барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем.

     Аз Худованди мутаъол талаби онро дорем, ки ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва пирўзиҳоро дар кору зиндагӣ  арзонӣ дорад.

     Бори дигар бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва рўзгори ободу осударо таманно дорем!                                           

          БО БЕҲТАРИН ТАМАННИЁТ               

   маъмурият ва аъзоёни Кумитаи

  иттифоқи касабаи кормандони АТТ

 

     

МАВЛУДАТОН МУБОРАК!

    Имрўз узви пайвастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, академики   Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, устод

   ШАРИФЗОДА ФАЙЗУЛЛО  зодрўз доранд.

     Бароямон гуворо ва боиси ифтихор аст, ки бо як ҷањон умеду орзў, самимияту эҳтироми хоса Шуморо ба рўзи мавлудатон, умри пурбор ва саршор аз меваҳои босамар дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику муборакбод менамоем. Аз фурсати муносиб истифода карда ба Шумо дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, ба камол расонидани олимони ҷавон ва рушду нумўъ бахшидани соҳаи ҳаётан муҳими кишвари маҳбубамон барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем.

     Аз Худованди мутаъол талаби онро дорем, ки ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва пирўзиҳоро дар кору зиндагӣ  арзонӣ дорад.

     Бори дигар бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва рўзгори ободу осударо таманно дорем!                                           

          БО БЕҲТАРИН ТАМАННИЁТ               

   маъмурият ва аъзоёни Кумитаи

  иттифоқи касабаи кормандони АТТ

 

     

 

           МАВЛУДАТОН МУБОРАК!

Имрўз узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, устод

       ШЕРБОЕВ САИДБОЙ   зодрўз доранд.

        Бароямон гуворо ва боиси ифтихор аст, ки бо як ҷаҳон умеду орзу, самимияту эҳтироми хоса Шуморо ба рўзи мавлудатон табрику муборакбод менамоем. Аз фурсати муносиб истифода карда ба Шумо дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, ба камол расонидани олимони ҷавон ва рушду нумўъ бахшидани соҳаи ҳаётан муҳими кишвари маҳбубамон барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем.

        Аз Худованди мутаъол талаби онро дорем, ки ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва пирўзиҳоро дар кору зиндагӣ  арзонӣ дорад.

        Бори дигар бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва рўзгори ободу осударо таманно дорем!                                           

               БО БЕҲТАРИН ТАМАННИЁТ,  красивые букеты из живых цветов фото: 21 тыс изображений найдено в ...

      маъмурият ва аъзоёни Кумитаи

    иттифоқи касабаи кормандони АТТ

 

           

 

         МАВЛУДАТОН МУБОРАК!

Имрўз мушовири президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, академик, аввалин президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, устод Муҳаммад Лутфуллозода зодрўз доранд.

     Устоди муҳтарам, бароямон гуворо ва боиси ифтихор аст, ки бо як ҷаҳон умеду орзў, самимияту эҳтироми хоса Шуморо ба рўзи мавлудатон, умри пурбор ва саршор аз меваҳои босамар дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику муборакбод менамоем. Аз фурсати муносиб истифода карда ба Шумо дар фаъолияти илмиву эҷодӣ, ба камол расонидани олимони ҷавон ва рушду нумўъ бахшидани соҳаи ҳаётан муҳими кишвари маҳбубамон барору комёбиҳои нав ба нав таманно мекунем.

       Аз Худованди муттаъол талаби онро дорем, ки саломатӣ, тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рўзгор ва пирўзиҳоро дар кору зиндагӣ бароятон арзонӣ дорад.

      Бори дигар бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва рўзгори ободу осударо таманно дорем!

 

ҲАМКОРИ ГИРОМИҚАДР
НАБИЕВА ГУЛНОРА

Шуморо ба муносибати рўзи таваллудатон 9-уми феврал муборакбод менамоем.
Бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ таманно менамоем!
БО БЕҲТАРИН ТАМАННИЁТ,
маъмурияти
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Ниҳоли қоматат пурбор гардад,
Туро умри наку ҳамёр гардад.
Дар ин дунё бизи сад соли дигар,
Ки дунё аз паят гулзор гардад.

Устодони  гиромиқадр!

НУГМОНОВ МАНСУР ВА ШУКУРЗОД ТАҒОЙБОБО

Шуморо ба муносибати рўзи таваллудатон 10-уми феврал муборакбод менамоем.
Бароятон саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ,  сарбаландиву ифтихормандӣ таманно дорем!
БО БЕҲТАРИН ТАМАННИЁТ,
маъмурияти
Академияи таҳсилоти Тоҷикистон