ОСОРХОНАИ МАОРИФИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН

Мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Зиёев Қурбоналӣ 

Одинаевич

Зиёев Қурбоналӣ Одинаевич 12.05.1960 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллатт тоҷик,   таҳсилот олӣ

Солҳои 1977-1979 омӯзишгоҳи техникии № 5-и шаҳри Душанберо бо ихтиссоси «Муаҳдиси молҳои саноатӣ» бо дипломи мумтоз хатм намудааст.

Соли 1979 ба факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1984 бо муваффақият ба итмом расонидааст.

Аз соли 1984 то 1990 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раҒами 11-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус ва роҳбари ҳарбӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 1991 то  1996 дар  шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба ҳайси мушовири фанҳои забон ва адабиёти рус ва омодагии ҳарбӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 1997 то 2005 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии раҒами 11-и ноҳияи Файзобод ба ҳайси роҳбари ҳарбӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2006 то 2016 дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба ҳайси мудири Шуъбаи технологияи меҳнат, санъат, варзиш ва асосҳои бехатарии хонандагон, мудири Бахши фанҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ ва ҳамчун ходими пешбари илм оид ба фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаъолият намудааст.

Аз соли 2016 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамчун мудири Осорхонаи маориф ва мутахассиси фанни Омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаъолияти худро идома дода истодааст.

Бо мукофоти Аълочии маорифи Тоҷикистон аз 01.11.2013 сарфароз гардонида шудааст.