Таъиноти кадрӣ
дар мақомоти
судӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Аз 153 нафаре, ки ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин гардиданд, 58 нафарашон баъди таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат тариқи озмун ба Маркази таълимии назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун судя-коромӯз ба таҳсили яксола фаро гирифта шуда, бори нахуст ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд.

Дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо суханронӣ намуда, кадрҳои ҷавонеро, ки акнун дар системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявии худ даъват намуданд.

Пешвои миллат аз кумаку ғамхорӣ нисбат ба мутахассисони ҷавон, тарбия, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, бунёди садҳо бинову иншооти соҳавӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ барои беҳбуди шароити кору зиндагии кормандони мақомоти судии мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад.

«Мо дар замони соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини фаъолияти шаффофу мустақилияти судҳо ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба мутобиқати қонунгузорӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва талаботи замон тағйиру иловаҳо ворид намуда, ислоҳоти соҳаро давра ба давра амалӣ намуда истодаем,»- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Судяҳо ҳамчун намояндаи босалоҳияти давлат дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд одоби касбиро риоя намуда, вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияги баланд амалӣ намоянд, таъкид гардид зимни суҳбат.

«Ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбудии аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад»,- таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ вазифадоранд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва тоза намудани мақомоти судӣ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фарҷоми мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои таъйингардида дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақият орзу намуда, хизмат ба халқу Ватан ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрвандро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи онҳо арзёбӣ намуданд.