КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А Ҷомии АТТ ва шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии N 71-и ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки олимон ва дигар кормандони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии АТТ, намояндагони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО, шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Иҷлосияи таърихии саодатофар» баргузор гардид.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суханронии ифтитоҳии президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Саломиён М.Қ., директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ Наҷмиддиниён А.  оғоз гардид.
Неъматов С.Э. — доктори илмҳои педагогӣ, профессор таҳти унвони «Иҷлосияи таърихии саодатофар»  ва Мусоҷонзода Ҷ.М. — мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур дар мавзуи «Иҷлосияи XVI — мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлатдорӣ» маъруза анҷом доданд.