ЭЪЛОН

Китоби узви вобастаи Академияи тањсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шербоев Саидбой таҳти унвони «САРАЗМ-ОИНАИ ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК» бо се забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ) бахшида ба 5500-солагии ҷашни Саразми бостонӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 дар Паёми навбатиашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа доштанд, аз чоп баромад.

                                 

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
                                   АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН                                     

   734013, шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ, 126, 225-84-22, 225-84-18
E-mail: aot_tjk@mail.ru URL: www.aot.tj

« 22 » январи 2020, № 28 /01

МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

 Вазорати маориф ва илми Ҷумњурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, №334) ва иҷрои нақшаи кор 16-уми апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе            бахшида ба Рӯзи илм Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “СИФАТИ МАЗМУНИ ТАҲСИЛОТ: мушкилот, технология ва коркарди меъёрҳои нишондиҳандаи сифат”-ро доир менамояд. Ҳадафҳои Конференсия:

  • Таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии рушди сифати таҳсилот;
  • Таҳлили раванди татбиқассисањои таҳсилоти умумии
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Масъалањои сифати технологияи инноватсионӣ ва баланд бардоштани сифати китобҳои дарсӣва маводи дидактикӣ;
  • Ошкор сохтани нуктањое, ки ба такмили сифати мазмуни тањсилот мусоидат мекунанд.

Самтҳои асосии фаъолияти Конференсия:

  1. Масъалаҳои назариявӣ ва амалии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  2. Муқаррар кардани меъёрҳои сифати мазмуни таҳсилот ва нишондиҳандаҳо;
  3. Роҳу усулҳои такмили барномаи таълим, китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ;
  4. Нақши технологияи муосир дар рушди сифати таҳсилот;
  5. Омилҳое, ки ба баланд шудани сифати таҳсилот мусоидат мекунанд.

Забони Конференсия: тољикӣ ва русӣ.

Тарзи иштирок дар Конференсия: мустақим (ҳузур доштан) ва ғоибона.Барои иштирок дар Конференсия олимон, кормандони илмӣ, методистон, муаллифони китобњои дарсӣ ва таҳиягарони роњнамоҳои омӯзгор, мутахассисоне, ки дар соҳаи назария ва амалияи муносибати босаҳият ба таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, коршиносон, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, аспирантон, магистрҳо, донишҷӯён ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ даъват мешаванд.Маҷмӯаи мақолаҳои Конференсия ба табъ мерасад. Маводе, ки дар маҷмӯаи мазкур ба нашр мерасад, дар сомонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон низ ҷой дода мешавад.                                            Нашри маводи Конференсия РОЙГОН аст.

Шартҳои иштирок дар Конференсия

Хароҷоти сафар ва будубоши иштирокчиён аз минтақҳои Тоҷикистон ба уҳдаи худи иштирокчии Конференсия аст.

Барои иштирок дар кори Конференсия то 20-уми марти соли 2020 ба Кумитаи тадорукот маводи зерин бояд пешниҳод шавад:

  • Дархост (Замимаи 1);
  • Мақола дар ҳаҷми 5-7 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи Конференсия мувофиқат дошта бошад (Замимаи 2).

Мақолаҳо барои иштирок дар Конференсия ба Кумитаи тадорукот ба нишонии электронии kamolzoda70@mail.ru фиристода мешаванд. Тасдиқи гирифтани мавод, интихоби он ва даъватномаи расмӣ ба воситаи нишонии электроние, ки мавод ба Кумитаи тадорукот ирсол гардидааст, фиристода мешавад.

Ба муаллифони мақолаҳо ва иштирокчиён Маҷмӯаи мақолаҳои Конференсия дар замони баргузории он супорида мешавад. Мақолаҳое, ки пас аз муҳлати муқарраргардида фиристода мешаванд, ё бе риояи талаботи пешниҳодшуда фиристода шудаанд, баррасӣ намешаванд. Аз муаллифон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки мақолаҳоро пас аз таҳрири ҷиддӣ ирсол намоянд.

Ҳамоҳангсози Конференсия:                                                                  Камолзода Сайфиддин – номзади илмҳои педагогӣ, мудири шуъбаи таҳсилот ва технологияи педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. e-mail: kamolzoda70@mail.ru

Тел.: (992) 918 23 28 22; (992) 905 06 06 35; (992-37) 22584 18.

Замимаи 1

ДАРХОСТ БАРОИ ИШТИРОК

 

Насаб, ном ва номи падар (пурра):  
Номи муассиса ё ташкилот ва вазифа (пурра):  
Тарзи иштирок (мустақиман ё ғоибона):  
Дараҷаи илмӣ, унвон:  
e-mail:  
Телефон (мобилӣ):  
Мавзӯи суханронӣ:  

 Замимаи 2

ҚОИДАҲОИ ПЕШНИҲОДИ МАҚОЛА:

Формати мақола– А 4, Андозаи ҳуруф 14 Times New Roman ё Times New Roman Tj (андозаи ҳуруфи фишурдаҳо (аннотатсияњҳо) ва вожаҳои калидӣ – 12), фосилаи байни сатрҳо – 1, ҳошияҳо аз њама тарафҳо – 2 см, бо риояи баробарии сатрҳо, фосилаи сархат (абзатс) – 1,0 cм.

Аз тарафи рост – насаб ва ҳарфҳои аввали ном ва номи падари муаллиф (он), номи муассиса (ташкилот) ва e-mail. Пас аз фосилаи яккарата – унвони мақола аз мобайн ва бо ҳарфҳои калон, дар сатри дигар – аннотатсияи мақола (проблемаи мавзўъ, ҳадаф, натиља, хулоса ва пешниҳод). Дар сатри дигар – вожаҳои калидї (5-7 калима).    Матни мақола бо риояи баробарии сатрҳо навишта мешавад. Номгӯйи адабиёти истифодашуда дар охири мақола аз рӯйи тартиби алифбо оварда шуда, аз матни асосӣ бо як сатри холӣ ҷудо мешавад. Овардани манбаи иқтибос дар поварақ мумкин нест. Дар охири мақола бо забонњои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ фишурдаҳо ва калидвожаҳо оварда мешаванд. Дар ҳолати ба мавзӯъҳои Конференсия мутобиқат надоштани матн ва риоя нашудани талаботи мазкур Кумитаи тадорукот ҳақ дорад мақоларо барои нашр тавсия надиҳад.