Аъзо-корреспондент (узви вобаста)

Аминов Саидамир Ашурович (тав. 04.01.1946, деҳаи Турушбоғ, ноҳияи Ҳисор). Омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1995), узви вобастаи АТТ, хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар ноҳия Ҳисор (1962-2963), муаллими мактаби 8-солаи № 23-и ноҳияи Ҳисор (1963-1965), хатмкардаи ИПД ба номи Шевченко (1965-1969), муаллими мактаби №3 ноҳияи Ҳисор(1970-1971), хидмат дар қувваҳои мусаллаҳ (1970-1971), ходими илмии ИТИИП (1971-1972), методисти ИМТИ, ходими хурди илмӣ, ходими калон, мудири лабораторияи забон ва адабиёт, котиби илмӣ, муовини директориИТИИПТ(1975-2003), сардори идораи таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон (2003-2005), сардори бахши илмии нахустин Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон (2006-2008), саркотиби илмии АТТ (аз 2008 то ҳоло).

Аминов С.А. муаллифи беш аз 40 китоби дарсию дастурҳои методӣ ва беш аз 350 мақолаҳои илмию методӣ буда, инчунин муаллифи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои 5, 6, 7, 8,9(1983-1996) дар ҳаммуаллифӣ ва китобҳои дарсии забони тоҷикии синфҳои 7, 8, 9 (10) ва 11 (озмоишӣ)-и амалкунанда мебошад. Китоби забони тоҷикӣ барои синфи 9(10), ки бар асоси сохтори нав ва мутобиқи барномаи нави тартибдодааш таълиф шудааст, беҳтарин китоб дониста шуда, соли 1995 сазовори ҷоизаи Мавлавӣ гашт.

Китобҳои забони тоҷикӣ барои синфҳои7 ва 8-и Аминов С. аввалин маротиба дар 5 ноҳияи ҷумҳурӣ ба тариқи озмоиш қарор дода шуданд ва  пешкаши тамоми хонандагони кишвар гардид. Дар ин китобҳо беҳтарин матнҳо ҷой доранд ва омӯзиши забон бар асоси матн пешниҳод шудааст.

Фаъолияти илмии С. Аминов бо навиштани китобҳои дарсии забони тоҷикӣ маҳдуд намегардад, ӯ дар таҳияи барномаҳои таълими забони тоҷикӣ, стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-9, рисолаю дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмию методии марбути соҳаи маориф, таҳияи луғатҳои мактабӣ, таҳияи китобу дастурҳои дар алифбои арабиасос нашршуда, навиштани тақризҳо ба рисолаю китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, таҳрири китобҳои дарсию методии фаровон барои мактабҳои миёна ва олӣ фаъолона ширкат меварзад.

Аминов С.А. дар дастуру мақолаҳояш асосан аввалин шуда матраҳ кардани ин ё он масъаларо ба миён мегузорад: Таълими ибора дар синфи 6 (1972); Моҳияти бозиҳои грамматикӣ (1974, 1976, 1977); Системаи машқҳо аз забони тоҷикӣ дар синфҳои 4-8 (даст. мет., 1979); Матн ва таълими он дар мактаб (даст.мет.2012), Таълими ҳуҷҷатҳои расмӣ(1982);Таълими ҳуҷҷатҳои расмӣ дар мактаб (даст. мет.1992, 2008, 2011); Тарғиби касб дар дарсҳои забон (1982); Мақеи устод Рӯдакӣ, М. Турсунзода,Лоҳутӣ…дар китобҳои дарсии забон (1978,1988…); Грамматика ҳам зарур аст (1993); Чанд масъалаи шарҳи луғати «Одина»-и С. Айнӣ (1977); Луғати форсии Сино (2002-2003); Луғати фразеологии мактабӣ (2002, 2008); тезгӯяк (маводи дид., 2011) ва ғайраҳо.

Аминов С.А.китоби «Сарфу наҳви тоҷикӣ»-и Саидризо Ализодаи Самарқандӣ (2006), «Қоидаҳои забони тоҷикӣ»-и Фитрат (2008) ва дастури луғатомӯзии «Нисоб-ус-сибён»-и Абунасри Фароҳиро(1993,2004) баргардон кардааст. Беш аз 50 барномаи таълим, рисолаю китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методиро таҳрир кардааст, ки чанде аз онҳо инҳоанд: Программаи забони тоҷикии нашри солҳои 1981-1990, Барномаҳои методикаи таълими химия (2010), китобҳои дарсии Касбу ҳунар барои синфҳои 6 (2005), 7 (2005), Забони тоҷикӣ барои синфи 6 (озмоишӣ, 2007), Суруд барои синфи 5 (2005), Забони тоҷикӣ барои синфи 9 (озмоишӣ, 2007), Методикаи таълими химия (китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ,2011), Тафриқа-асоси таълим (2003), Равияҳо дар таълим- талаби замон (2007), Маърифати шаҳрвандӣ (курси лексия 2009), Асосҳои методикаи таълими химия қ.1 (2008), қ.2 (2009), Арзёбӣ-асоси пешрафт (дастури методӣ, 2010), Зи ғизо тан тавоно бувад (2011), Тафриқа-нерӯи пешбари раванди таълим (2003),Стандарти таҳсилоти ибтидоӣ (с.1-4, 2009), Стандарти фанни математика барои синфхои 5-9 ва роҳнамо (2012), Стандарти таҳсилоти ибтидоии забони модарӣ ва математика барои синфҳои 1-4 ва роҳнамо (2012), Стандарти фанни химия барои синфҳои 8-11 ва роҳнамо(2012), Стандарти фанни биология барои синфҳои 5-9 ва роҳнамо(2012), Маърифтаи таълим (дастур барои худомӯзии муаллимони синфҳои ибтидоӣ(2012),Таълими кӯдакони шашсола (дастур барои донишҷӯён, 2012), Педагогикаи башар (2008), Проблемаҳои таълими тафриқа (маҷ. мақолаҳо-308с,2009),Хониши ифоданок дар дарсҳои забони модарӣ (2012), Маҷмӯаи машқҳо аз забони тоҷикӣ барои синфи 9 (2010), Менеҷменти педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (2012) ва монанди инҳо.

Аминов С.А. дар конфронсҳои зиёди бахшида ба назария ва усули таълими забон дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ ширкат варзидааст. Масалан, дар нахустин маҷмаи байналмилалии устодони забони форсӣ соли 1995 дар Теҳрон дар мавзӯи «Мавқеи матн ва матнсозӣ дар омӯзиши забон» маърӯза кардааст, ки ба он шунавандагон мароқи калон зоҳир кардаанд.

Аминов С.А. аз соли 1999 то имрӯз дар таҳияи Нақшаҳои таълими мактабҳои таҳсилоти умумӣ, Низомномаи намунавии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, Низомномаи озмунҳои мактаббачагон аз фанни забони тоҷикӣ, Низомномаи муаллими соли Тоҷикистон ва ғайраҳо фаъолона саҳм гирифтааст. Дар таҳияи лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз аввал то охир фаъолона ширкат варзидааст.Солҳои зиёде ба сифати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии таълими забони тоҷикӣ фаъолият карда, аъзои Шӯрои миллии таҳсилоти назди Вазорати Маориф мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Барои хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон Аминов С.А. сазовори унвонҳои Аълочии маорифи Тоҷикистон (1981), Аълочии маорифи СССР (1988) мушарраф гардиадааст. Соли 1999 бо медали «Хизмати шоиста» ва соли 2017 Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида  шудааст.

Корҳои асосӣ: Тартиби гузаронидани машқ аз забони тоҷикӣ барои синфи 4-8 (1979); Методикаи таълими матнсозӣ дар дарсҳои забони тоҷикӣ (1995); Олим ва педагоги шинохта(1995); Таълими ҳуҷҷатҳои расмӣ дар мактаб(1992, 2007, 2011); Матн ва таълими он дар мактаб (2002); Луғати мухтасари мактабӣ (2002, 2008), Муҳақиқи тавоно ва омӯзгори амиқандеш (2009,Луғати фразеологии мактабӣ (2002, 2007), Дастури методӣ ба китоби синфи 7 (2008), Барномаи забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 (1994), Барномаи забони тоҷикӣ (2001,2002,2006), Барномаи забони давлатӣ (2004, дар ҳаммуаллифӣ, 2010), Стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфи 5-9 ва роҳнамо (дар ҳаммуаллифӣ,2012), Барномаи забони тоҷикӣ барои шуъбаи дефектологияю педагогика ва психологияи томактабӣ (2003), Забони тоҷикӣ барои синфи 7 (2002, 2007, 2008,2013), китоби забони тоҷикӣ барои синфи 8(2007,2015), Забони тоҷикӣ барои синфи 11,272 саҳифа,11 ҷ.чопӣ,соли 2009,  Забони тоҷикӣ барои синфи 10 (2005, 2011,2014),Забономӯзӣ-асоси рушди тафаккур (маҷ. мак.,2010), Саёҳат ба кишвари саломатӣ (дастур барои муаллимон, дар ҳаммуаллифӣ),Саёҳат ба кишвари саломатӣ (дар ҳаммуаллифӣ (дафтари корӣ барои синфҳои 1, 2, 3 ва 4, 2004)), Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ, «Ирфон», соли 2015, 36 саҳифа,Барномаи забони давлатӣ барои синфҳои 2-11(дар ҳаммуаллифӣ), 2017, 120 саҳифа,Наврӯз дар фарҳангҳо, «Ирфон», 2017,99 саҳифа.

Унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони илм.

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон(2005), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАН ВШ) (2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012) Солҳои 1970-1972 муаллими кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко. Солҳои 1972-1975 аспиранти Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976-1982 муаллими калон, 1982-1993 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳи омӯзгории пойтахт, 1989-1992 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буд. Ҳамзамон солҳои 1979-1980 декани факултети биология-химияи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1980-1995 ҳамчун мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1995-1998 муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, 1998-2007 муовини ректори Донишгоҳ оид ба корҳои таълимӣ, 2007-2008 муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ кор кардааст. Аз соли 2008 Мушовири ректори донишгоҳ ва профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Тӯли зиёда аз 40 соли фаъолияти омӯзгориаш дар таълиму тарбияи ҳазорҳо мутахассисон барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзишманди худро гузоштааст. Ҳамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараҷаи илмӣ-методии раванди таълим хизмати бузурге кардааст.

Кафедраи химияи органикию биологӣ, ки солҳои 1980-1995 роҳбарии онро профессор Бандаев С.Г. ба ӯҳда дошт, яке аз пешқадамтарин кафедраҳои тахассусии донишкада ба ҳисоб мерафт ва ба натиҷаҳои назаррасӣ илмӣ ноил гардида буд. Донишҷӯён таҳти роҳбарии ӯ борҳо дар озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб омадаанд. Бандаев С.Г. муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ва мактаббачагон мебошад, ки онҳо ҳоло китобҳои рӯимизии хонандагон, донишҷӯён ва муаллимон мебошанд.

Тадқиқотҳои илмии профессор БандаевС.Г.ба омӯхтани қонуниятҳои(қобилиятиреаксионӣ, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанҳо бонамакҳои симоб(II) ва модификатсияи маҳсулотҳои реаксия ба пайвастагиҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ бахшида шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсолааш Бандаев С.Г. усули ҳосил кардани як силсила спиртҳо ва эфирҳои γ-мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда, роҳҳо ва нақшаҳои нави истифодаи синтетикии онҳоро нишон додааст. Бандаев С.Г. муаллифи 2 рисола, 5 китоби дарсӣ, 6 воситаи таълимӣ, 5 дастурҳои методӣ ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ- оммавӣ ва таҳиягарӣ «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ» аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ мебошад.

Бандаев С.Г. иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш. Москва (1986) ва ш. Қоҳира (1992) буда, дар як қатор анҷуману конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумиитифоқӣ ва байналхалқӣ бо мавзӯъҳои илмӣ баромад намудааст.

Бандаев С.Г.дар тарбияи даҳҳо мутахассисони баландихтисоси илмӣ-таълимӣ саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 10 нафар рисолаи номзадӣ тайёр намудаанд. Бандаев С.Г. солҳои тӯлонӣ аъзои шӯрои илмӣ-методии собиқ Вазорати макотиби олии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кимиё, кумитаи тадорукоти олимпиадаи умумииттифоқии (ИҶШС) мактаббачагону донишчӯён оид ба кимиё буд. Айни ҳол раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аъзои Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти химияи АИ ҶТ, раиси гурӯҳи коршиносони Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба химия мебошад.

Барои хизматҳои шоёнаш Бандаев С.Г. бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи ИҶШС», дипломҳои КМ ВЛКСМ ва Вазорати мактабҳои олии ИҶШС (1983 ва 1990), КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва Вазорати мактабҳои олии РСС Тоҷикистон (1982ва1985) ваВЦСПС (1986) сазовор гашт.

Бандаев С.Г. иштирокчии намоишгоҳӣ ВДНХ-и ИҶШС буда, бо «Медали биринҷӣ» сарфароз шудааст.Шӯрои роҳбарикунандаи муҳаррирони Пажӯҳишгоҳи биографии Амрико ӯро бо «Медали фахрии Амрико-2003» қадр кардааст.

ТАВСИФНОМА ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ

МЕҲНАТИИ  БАНДАЕВ С.Г.

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич(10.03.1945,деҳаи Лоҷирк, ноҳияи Тавилдара), кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми кимиё(1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи таҳсилот Тоҷикистон (2005), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАНВШ)(2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012).

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич соли 1962 мактаби миёнаи №7 ноҳияи Шаҳритусро хатм кард. Солҳои 1962- 1970 дар шӯъбаи химия-биологияи факултаи ҷуғрофия ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе (ДДОД) ба номи Т.Г.Шевченко таҳсил намуд.

Солҳои 1970-1972 муаллими кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишкадаи номбурда. Солҳои 1972-1975 аспиранти Донишгоҳи давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976-1982 муаллими калон, 1982-1993 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳи омӯзгории пойтахт, 1989-1992 докторанти Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов буд. Ҳамзамон солҳои 1979-1980 декани факултети биология-химияи донишкадаи омӯзгории пойтахт, 1980-1995 ҳамчун мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1995-1998 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ.Ҷӯраев оид ба корҳои илмӣ, 1998-2007 муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба корҳои таълимӣ, 2007-2008 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ кор кардааст. Аз соли 2008 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад.

Солҳои 1971-1972 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград, 1978-1979 дар Донишгоҳи шаҳри Лейпсиги Олмон ихтисоси худро такмил додааст. Тӯли зиёда аз 40 соли фаъолияти омӯзгориаш Бандаев С.Г. дар таълиму тарбияи ҳазорҳо мутахассисони соҳаи маорифи ҷумҳурӣ саҳми арзишманди худро гузоштааст.Ҳамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараҷаи илмӣ-методии раванди таълим хизмати бузурге кардааст. Ў аз химияи органикӣ ва синтези органикӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои «Химия» ва «Химия-биология» лексия мехонад ва дарсҳои амалӣ мебарад. Дарсҳои профессор Бандаев С.Г. ҳама вақт шавқовар ва пурмазмун мегузаранд, устод ба фаъолияти беруназдарсии шогирдон аҳамияти калон медиҳад, пайваста онҳоро ба корҳои илмӣ ва мустақилона ҷалб менамояд.

Донишҷӯён таҳти роҳбарии Бандаев С.Г. борҳо дар озмунҳои илмӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ғолиб омадаанд. Бандаев С.Г. дар ҳаммуаллифӣ бо донишҷӯён зиёда аз 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чоп кардааст.  Бандаев С.Г. муаллифи як қатор китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ва мактаббачагон мебошад, онҳо ҳоло китобҳои рӯимизии хонандагон, донишҷӯён ва муаллимон мебошанд. Аз ҷумла китоби «Химияи органикӣ» барои синфи 10 (Бандаев) аз рӯи «Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятӣ оид ба сифати китобҳои дарсии барои мактабҳо таҳсилоти умумӣ нашршуда» тибқи хулосаи экспертҳо, муаллимон ва талабагон, миқдори аз ҳама зиёди холҳоро дар байни китобҳои дарсии табиатшиносӣ-математикӣ гирифт.Талабагон ҳангоми арзёбии китобҳои дарсӣ бештар ба дастрасӣ ва фаҳмогии мавод, ба шавқовару диққатҷалбкунанда будани услуби баёни мавод, ба аҳамияти омӯзиши фанни омӯхташаванда дар ҳаёти ҳамарӯза, гуногун будани супоришҳо ва ғ. диққат додаанд. Аз рӯи ин меъёрҳо китоби «Химияи органикӣ» (Бандаев) барои синфи 10 беҳтарин китоби дарсӣ дониста шудааст.

Кафедраи химияи органикию биологӣ, ки солҳои 1980-1995 роҳбарии онро профессор Бандаев С.Г. ба ӯҳда дошт, яке аз пешқадамтарин кафедраҳои тахассусии Донишкада ба ҳисоб мерафт ва ба натиҷаҳои назаррасӣ илмӣ ноил гардида буд. Соли 1982 ду нафар шогирдони Бандаев С.Г. дар озмуни корҳои илмии донишҷӯёни ИҶШС (ш.Ленинград) сазовори ҷои дуюм гардида, бо Дипломи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсусӣ ИҶШС мукофотонида шуданд, ки ин беҳтарин дастоварди донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ буд. Солҳои 1980-1990 устодони кафедра дар ҳалли Барномаи комплексии илмию техники (КНТП)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон («Коррозия») ва ду Барномаи комплексии илмию техникии ИҶШС («Реактив» ва «Тонкий органический синтез») сарбаландона иштирок намуданд. Соли 1986 кафедра бо дастовардҳои илмиаш дар ВДНХ-и ИҶШС иштирок намуда, сазовори ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардид. Донишкада бо Дипломи ВДНХ-и ИҶШС ва ду нафар донишҷӯ бо шаҳодатномаи иштирокчии ВДНХ сазовор гардиданд. Таҳти роҳбарии профессор Бандаев С.Г. дар озмоишгоҳҳо кафедра тайёр ва дифоъ кардани рисолаҳо номзадӣ ва докторӣ ба роҳ монда шуд. Базаи моддӣ–техникии кафедра ташаккул ёфт. Бо назардошти ин пешравиҳо солҳои 1985-1990 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе аз ҷониби Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС ҳамчун базаи ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи умумииттифоқӣ «Донишҷӯ ва прогрессии илмӣ-техникӣ» аз химия тасдиқ гардида буд. Раиси ҳакамони ин олимпиада, бо фармони Вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ИҶШС профессор Бандаев С.Г. таъин гардида буд, ки ин аз обрӯю эътибори Донишкада ва кафедра дар арсаи ИҶШС шаҳодат медиҳад. Ҳамчун муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба илм (1985-1997 ва 2007-2008) ва оид ба таълим (1997-2007) профессор Бандаев С.Г. барои ҷалб намудани ҷавонони лаёқатманд ба аспирантураву докторантура, ҷалб кардани омӯзгорони варзида барои таҳияи китобҳои дарсӣ (барои мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ), такмили раванди таълим дар донишгоҳ, аз ҷумла гузаштан ба таълими бисёрзинагӣ ва амалӣ гардонидани он дар факултаҳо, муайян намудани мазмун ва мундариҷаи таълим барои ихтисосҳои омӯзгорӣ, навиштани барномаву нақшаҳои нави таълимӣ барои зинаҳои бакалавр, мутахассис, магистр ва коллеҷҳои омузгорӣ хизмати арзанда кардааст.Тадқиқотҳои илмии профессор Бандаев С.Г.ба омӯхтани қонуниятҳои (қобилияти реаксионӣ, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанҳо бо намакҳои симоб (II) ва модификатсияи маҳсулотҳои реаксия ба пайвастагиҳои алкиларилӣ ва гетеросиклии бисёрфунксионалӣ бахшида шудаанд. Дар натиҷаи тадқиқоти бисёрсолааш усули ҳосил кардани як силсила спиртҳо ва эфирҳои γ-мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда, роҳҳо ва нақшаҳои нави истифодаи синтетикии онҳоро нишон додааст.

Бандаев С.Г. муаллифи 2 рисола, 5 китоби дарсӣ, 6 воситаи таълимӣ, 5 дастурҳои методӣ ва зиёда аз 250 мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ- оммавӣ ва таҳиягарӣ «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ» аз рӯи ихтисосҳои омӯзгорӣ мебошад. Бандаев С.Г. иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш. Москва(1986)ваш. Қоҳира (1992) буд, ӯ дар як қатор анҷуману конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, умумиитифоқӣ ва байналхалқӣ бо мавзӯъҳои илмӣ баромад намудааст.

Бандаев С.Г. дар тарбияи даҳҳо мутахассисони баландихтисоси илмӣ-таълимӣ саҳми арзанда дорад. Таҳти роҳбарии ӯ зиёда аз 10 нафар рисолаи номзадӣ тайёр намудаанд.  Ў солҳои тӯлонӣ аъзои шӯрои илмӣ-методии собиқ Вазорати макотиби олии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кимиё, кумитаи тадорукоти олимпиадаи умумииттифоқии (ИҶШС) мактаббачагону донишчӯён оид ба кимиё буд.

Айни ҳол Бандаев С.Г.раиси Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аъзои Шӯрои диссертатсионӣ доир ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадии Институти химияи АИ ҶТ, раиси гурӯҳи коршиносони Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба химия мебошад.

Барои хизматҳои шоёнаш Бандаев Сироҷиддин Гадоевич бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тоҷикистон», нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи ИҶШС», дипломҳои КМ ВЛКСМ ва Вазорати мактабҳои олии ИҶШС (1983 ва 1990), КМ ЛКСМ Тоҷикистон ва Вазорати мактабҳои олии РСС Тоҷикистон (1982 ва 1985) ва ВЦСПС (1986) қадрдонӣ карда шудааст.

Ў иштирокчии ВДНХ-и ИҶШС буда, бо «Медали биринҷӣ» сарфароз шудааст. Шӯрои роҳбарикунандаи муҳаррирони Пажӯҳишгоҳи биографии Амрико ӯро бо «Медали фахрии Амрико-2003» қадр кардааст.

Нугмонов Мансур

Нугмонов Мансур (Нӯъмонов) (10 феврали соли 1949 дар деҳаи Пағна, ноҳияи Панҷакент, РСС Тоҷикистон таваллуд ёфтааст) – узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар як вақт дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон фаъолият дорад, олими шинохтаи соҳаи методикаи таълими математика ба ҳисоб меравад.

Нугмонов М., маълумоти 7 соларо дар мактаби зодгоҳаш гирифта, маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби № 7 ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Панҷакент гирифтааст. Пас аз хатми мактаби 11 сола (с.1966) ба факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси муаллими математика-физика хатм кардааст.

Пас аз хатми донишкадаи педагогӣ Нугмонов М.бо роҳхати Вазорати маорифи РСС Тоҷикистон дар кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи педагогии ш. Душанбе, аввал ба сифати асистент (солҳои 1971-1973 ва 1974-1979), баъд ба сифати муаллими калони кафедраи номбурда (с. 1979-1986) кор кардааст. Солҳои 1973-1974 дар сафи Армияи Советӣ хизмат кардааст.

Нугмонов М. соли 1986, пас аз хатми аспирантура, дар ш. Москва рисолаи номзадӣ ҳимоя карда, аз соли 1988 то соли 1991 вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаро ба уҳда дошт.

Солҳои 1991-1993 ба сифати ходими калони илмии кафедра ва солҳои 1993-1996 вазифаи дотсенти кафедраи номбурдаро иҷро кардааст.

Солҳои 1996-2000 вазифаи ходими калони илмии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраевро иҷро кардааст. 14 феврали соли 2000, пас аз хатми докторантура, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия (Университети давлатии педагогӣ) рисолаи докторӣ ҳимоя карда, ба унвони доктори илмҳои педагогӣ муваффақ гардидааст. Нугмонов М. дар ҷумҳурӣ аввалин доктори илм дар соҳаи назария ва методикаи таълими математика мебошад. Нугмонов М. аз якуми апрели соли 2002 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессори ҳамин кафедраро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2003 дар натиҷаи озмун ӯро узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ (ҳоло Академияи таҳсилоти Тоҷикистон) интихоб намуданд.

Дар айни замон Нугмонов М. вазифаи сарходими Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад.

Мансур Нугмонов оид ба сохтори системаи методии таълим, фалсафа ва методологияи таҳсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаи байнифанӣ, проблемаҳои муосири дидактика, психологияи математика тадқиқот мебарад. Дар равандҳои номбурдаи тадқиқот муаллифи зиёда аз 500 номгӯй асарҳои илми-методӣ мебошад, ки қисми аз онҳо дар хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Дар байни онҳо7 монографияи илмӣ, 2 барномаи таълим барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 11 барномаи таълимӣ барои донишгоҳҳои омӯзгорӣ, 2 барномаи таълимӣ барои коллеҷи омӯзгорӣ, 27 воситаи таълимӣ ва маводи дидактикӣ барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумию донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгорӣ ва муаллимон, стандартҳои давлатӣ оид ба математикаи мактаби таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Таҳти назари Мансур Нугмонов 37 маҷмӯаи илмӣ ва дастурҳои методӣ ба чоп расидааст.

Нугмонов М. иштирокчии фаъоли зиёда аз 22 конференсияҳои илмии байналхалқӣ (Москва, Черноголовка, Саранск, Саратов, Самара,  Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Толятти, Арзамас, Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа), 22 конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ ва раиси зиёда аз 7 конференсияи илмии ҷумҳуриявии «Проблемаҳои муосири математика» буд. Аз ҷумла: «Таълими математика ва информатика дар мактабҳои миёнаю олӣ» (с.2003), «Робитаи математика бо фанҳои табиӣ дар мактабҳои миёнаю олӣ» (с.2004), «Асосҳои психологию педагогии методикаи таълими математика» (с.2005), «Методологияи методикаи таълими математика» (с.2006), «Назария ва амалияи китоби дарсии математикаи мактабӣ» (с.2006), «Методологияи таълими математика» (с.2007), «Проблемаҳои таълими таърихи математика дар мактабҳои миёнаю олӣ» (с.2011), ва яке аз ташкилотчиёни конференсияи илмии байналмилалии «Математика (физика, информатика) ва таҳсилоти математикӣ (физикӣ, информатикӣ) дар мактабҳои таҳсилоти миёнаю олӣ» (с.2013) мебошад.

Мансур Нугмонов — дар тайёр кардани кормандони соҳаи илм саҳми калон дорад. Бо роҳбарии бевоситаи ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 28 нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ дифо карда, ҳоло роҳбарии 7 нафар аспирант,12нафар унвонҷӯёни дараҷаҳои илмии номзадӣ ва докториро ба ӯҳда дорад. Аз соли 2009 раиси шӯрои дифои рисолаҳои номзадӣ оид ба назария ва методикаи таълими математика дар назди Донишгоҳи Давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Ҳиссаи Нугмонов М. ҳамчун олим, омӯзгор, ташкилотчӣ дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, такмили ихтисоси муаллимон, сохтори маърифати илмӣ, ташаккули донишандӯзӣ ва ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён дар мактабҳои миёнаю донишгоҳи омӯзгорӣ калон аст. Ў, борҳо ба ҳайси раис ва ҳайати ҳакамони озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявии мактаббачагон аз математика, раиси озмунҳои минтақавию ҷумҳуриявии муаллими сол ширкат варзида,7сол ба ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Маърифат» шомил буд. Солҳои зиёд дар курси марказии такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ бо лексияҳо баромад кардааст. Номбурда узви Шӯрои илмии Назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни замон Нугмонов М. мактаби илмиро дар соҳаи методикаи таълими математика сарварӣ мекунад. Нугмонов М. роҳбари семинари илмӣ доир ба маълумоти математикӣ мебошад, ки дар Донишгоҳи омӯзгорӣ амал мекунад.

Хизматҳои профессор М. Нугмоновро ҳамчун омӯзгори варзида ва мураббии ҷавонон ба назар гирифта, ӯро соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» қадр намуданд. Борҳо бо ифтихорномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ мукофотонида шудааст.

Намунаҳо аз осори Мансур Нугмонов (Нӯъмонов):

  1. Омӯзиши амалҳои мантиқӣ дар курси математикаи мактабӣ.–Д, 1982;
  2. Муқаддимаи методикаи таълими математика. – Москва: «Прометей»,  1998;
  3. Асосҳои назариявию методологии системаи тайёрии методии муаллими  математика дар мактабҳои олии педагогӣ.–Москва: «Прометей», 1999;
  4. Асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм. – Душанбе, 1999;
  5. Дарси математикаи мактабӣ.– Душанбе, 2004 ва 2011;
  6. Гуфтор дар ситоиши математика ва омӯзиши он.–Душанбе,2005;
  7. Пайдарҳамии таълими математика дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ. –Душанбе, 2005;
  8. Мухтасари методикаи таълими математика.–Душанбе: 2005:
  9. Корҳои курсӣ аз методикаи таълими математика.-Душанбе,2007 (дар ҳаммуалифӣ);
  10. Маводи дидактикӣ аз математика барои синфи 5. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  11. Маводи дидактикӣ аз математика барои синфи 6. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  12. Маводи дидактикӣ аз алгебра барои синфи 7. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  13. Маводи дидактикӣ аз алгебра барои синфи 8. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  14. Маводи дидактикӣ аз алгебра барои синфи 9. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  15. Маводи дидактикӣ аз алгебра барои синфи 10. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  16. Маводи дидактикӣ аз алгебра барои синфи 11. — Душанбе, 2010 (дар ҳаммуалифӣ);
  17. Асосҳои назариявию методологии методикаи таълими математика ҳамчун илм (аз нав коркардашуда).–Душанбе:«Ирфон»,2011;
  18. Маърифати таълим: ҷустуҷӯ ва бозёфт.-Душанбе,2012(дар ҳаммуалифӣ);
  19. Стандарти фанни математика барои синфҳои 5-9 ва роҳнамои омӯзгор. – Душанбе,2012 ва 2017 (дар ҳаммуалифӣ);
  20. Стандарти таҳсилоти ибтидоии забони модарӣ ва математика барои синфҳои1-4 ва роҳнамои омӯзгор. -Душанбе, 2012 (дар ҳаммуалифӣ);
  21. Тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳои геометрӣ.– Душанбе: «Сифат», 2013 (дар ҳаммуалифӣ);
  22. Супоришҳои тестӣ аз математика. Душанбе:«Сифат»,2013 (дар ҳаммуаллифӣ); Асосҳои математикаи мактабӣ.- Душанбе: «Сифат», 2013 (дар ҳаммуалифӣ).

Шербоев Саидбой

Шербоев Саидбой –узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор (соли таваллуд 22.05.1944), зодаи деҳаи Ѓарибаки ноҳияи Панҷакент буда, дар байни аҳли фарҳангу бомаърифати ҷумҳурӣ чун як омӯзгори пухтакор, ҳамчун олим, забоншинос ва методисти шинохтаи соҳаи таълими забони тоҷикӣ эътироф шудааст. Дар ибтидо фаъолияти меҳнатии ӯ пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ш. Панҷакент ба номи В. И. Сталин (1961) ду сол (1961-1963) дар колхози «Съезди ХХII партия» ба сифати колхозчӣ сурат гирифтааст.

Солҳои 1963-1967 давраи таҳсили С. Шербоев дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои ш. Душанбе  (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) маҳсуб меёбад.

Тайи солҳои 1967-1980, яъне сездаҳ сол, дар ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) ва дар шаҳри Душанбе дар вазифаи муаллими забон ва адабиёт, ҷонишини директор оид ба таълим ва дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ба ҳайси мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷик фаъолият варзида, ҳамчунин, дар ин давра, солҳои 1971-1974, дар аспирантураи ғоибонаи назди Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номиТ.Г.Шевченко аз рӯи ихтисоси забоншиносии тоҷик таҳсил намудааст. Бахусус, солҳои фаъолият дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ш.Душанбе мақолаҳои методии С.Шербоев дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (ҳоло «Омӯзгор») пайиҳам ба табъ мерасиданд. Ин буд, ки собиқ мудири кафедараи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, дотсент Н. Бозидов, ки аз мазмуну мундариҷаи мақолаҳои методии С.Шербоев огоҳӣ доштааст, аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба озмуне, ки донишкада барои ишғоли вазифаи муаллими калони кафедраи номбурда эълон намудааст, ҳуҷҷат пешниҳод намояд. С.Шербоев бе ягон дудилагӣ таклифи мудирро, ки аз ӯ тайи чор сол аз курси забони адабии ҳозираи тоҷик таълим гирифта буд, қабул намуд. Даҳуми сентябри соли 1980 С. Шербоев аз рӯи озмун ба ҳайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик интихоб мегардад, ки он рӯз гӯё ба рӯйи мавсуф дари наверо боз намуда буд: зеро то ин вақт, гарчи ӯ аспирантураи ғоибонаро хатм намуда бошад ҳам, марбут ба таҳқиқи мавзӯи рисолаи номзадии худ ҷиддӣ машғул шуда наметавонист.
Натиҷаи заҳмати тӯлонӣ ва ҳатто метавон гуфт, ки бедорхобиҳои қариб ҳамешагии С.Шербоев, махсусан, дар ҷодаи баррасии рисолаи илмӣ дар тӯли 5 соли аввали фаъолияти омӯзгориаш дар мактаби олӣ самар овард: ӯ 16-уми майи соли 1985 таҳти роҳбарии профессор М. Исматуллоев рисолаи илмиашро дар мавзӯи: «Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик» бомуваффақият дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ноил гардид.

Дар таълифи рисолаи мазкур муҳаққиқ кӯшиш ба харҷ додаст, ки, аввалан, мавқеъ ва роҳҳои ифодаи хабарҳои феълиро дар забони адабии тоҷик муқаррар сохта, ҳамзамон, фарқияти хабарҳои феълиро аз хабарҳои номӣ, ки дар ин бобат дар забоншиносии тоҷик баъзе ихтилофҳо ба назар мерасиданд, зимни омӯзиши таҳқиқотҳои навини забоншиносии солҳои 70-80-уми собиқ Давлати Шӯравӣ ва зиёда андешаҳои шахсии профессор Р.Ѓаффоров («Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ», ҷ.111, с.1979)-ро, ки дар заминаи равияи забоншиносии ба ном семантикию сохторӣ сурат мегирифт, асоснок намуда, дақиқ муайян сохтааст. Чунон ки таъкид гардид, ба С.Шербоев лозим меомад, ки дар баробари ба таълифи рисолаи номзадиаш машғул шудан, зимни нақшаи илмӣ-методии кафедра, ки дар он мавзӯъҳои тадқиқотии фардии ҳар яке аз аъзои он дақиқ пешниҳод шудааст, низ кор барад. Дар ин давра мақолаҳои методии ӯ бештар ба таълими масъалаҳои марбут ба калима (луғат) ва синтаксиси ҷумлаҳои содда (асосан, доир ба ибора ва сараъзоҳо) ба табъ мерасиданду аз натиҷаи чунин пажӯҳишҳо дар конференсияҳои анъанавии донишкада, конференсия ва хонишҳои педагогии ҷумҳуриявии муаллимони забон ва адабиёти тоҷик маърӯзаҳо менамуд. Мақолаҳо ва маърӯзаҳои методии ӯ чи аз тарафи хонандагон ва чи шунавандаҳо, асосан, хуб пазируфта мешуданд. Ин буд, ки бо пешниҳоди шӯрои олимони донишкада барои хизматҳояш дар таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ, рушду нумӯи илми забоншиносии тоҷик ва методикаи таълими забони тоҷикӣ соли 1990 ба С.Шербоев унвони илмии дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик дода шуд.

Мушарраф шудан ба унвони дотсентӣ С. Шербоевро илҳоми нави эҷодӣ эҳё гардида, диққати ӯро пурра масъалаҳои таълими ибора ва сараъзоҳо, зиёда аз ин, тадқиқи таълими ҷумлаҳои содда аз рӯи мақсади баён бештар ҷалб намуданд. Ў бо мақсади ба пажӯҳиши масъалаҳои мазкур ҷиддӣ машғул шудан Институти давлатии педагогии ш. Москва ба номи В. И. Ленинро макони коромӯзии чормоҳаи худ интихоб менамояд, то ки дар он ҷо бо мутахассисони варзидаи соҳаи методикаи забони модарӣ марбут ба ҳайси мавзӯи рисолаи докторӣ мувофиқат доштан ва ё надоштани нуқтаҳои зикршуда маслиҳат намояд.

Дотсент С. Шербоев дар интихоби мавзӯи ояндаи рисолаи докториаш хато накарда буд. Методистони шинохтаи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии Москва, аз қабили Ладиженская Т. А., Баранов М. Т., Максимов Л. Ю., Шанский Н. М. мавзӯи рисолаи доктории ӯро на танҳо маъқул донистанд, ҳамчунин, дар шакли илмӣ гирифтани унвони он мусоидат ҳам намуданд. Ва бо дархости чандинкаратааш бо қарори шӯрои олимони донишкада С. Шербоев ба ҳайси ходими калони илмӣ ба Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии дузабонии назди Академияи илмҳои педагогии СССР ба мӯҳлати ду сол фиристода мешавад. Директори институти мазкур акад. Шанский Н. М. профессор Е. В. Котокро барои пешбурди рисолаи доктории С. Шербоев мушовири илмӣ таъин мекунад,ки таҳти маслиҳатҳои ӯ (Е. В. Коток) корро дар мӯҳлати муқарраршуда ба итмом расонида, соли 1993 бо таъсиси додани шӯрои доктории яккаратина (разовый совет) дар заминаи шӯрои махсусгардонидашудаи ҳимояи рисолаҳои номзадии соҳаи педагогикаи умумии назди Донишкадаи давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко рисолаи худро бо номи «Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактаби миёна» ҳимоя намуда, ба унвони дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ комёб мешавад.

Чуноне ки аз унвони рисолаи мазкур бармеояд, дар он объекти таҳқиқот, ки дар маркази диққати таҳқиқгар аз оғоз то интиҳои кор ибора, ҷумла, хелҳои ҷумла аз рӯйи мақсади баён ва сараъзоҳо маҳсуб меёфтанд, аз ду мавқеъ – аз ҷиҳати забоншиносӣ ва аз ҷиҳати роҳҳои баррасии методикаи таълими онҳо дар мактаби миёна мавриди пажӯҳиш қарор дода шудааст.    Нуктаи олии тадқиқу таҳқиқи муҳаққиқ дар ин рисолаи докторӣ чунин аст, ки дар он масъалаҳои марбут ба назарияи ибора, ҷумла, хелҳои ҷумла аз рӯи мақсади баён ва сараъзоҳо, ки дар забоншиносии тоҷик ва дар забоншиносии умумии собиқ Давлати Шӯравӣ инъикос ёфта буданд, ҷамъбаст гардида, усулҳои таълими нуктаҳои мубрами онҳо дар мактаби миёна аз ҷиҳати методӣ, бахусус, дар заминаи таъсиси се эксперимент (озмун)-и педагогиву методӣ–муқарраркунӣ, таълимӣ ва санҷишӣ асоснок карда шудаанд.

Бисту панҷуми сентябри соли 1995 шӯрои олимони донишгоҳ (Донишкада аз соли 1992 ба донишгоҳ табдил дода шуда буд) аз тариқи овоздиҳӣ доктори илмҳои педагогӣ С. Шербоевро ба вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик таъин намуд, ки ин вазифа 17 сол ба ӯҳдаи ӯ буд. Дар ду-се соли дар вазифаи мудирӣ будан ба дотсент С.Шербоев муяссар гардид, ки нуфузи кафедраи номбурдаро на танҳо дар байни се кафедраи факултет, балки то ба дараҷаи кафедраҳои беҳтарини донишгоҳ баланд бардорад. Бо ташаббуси ӯ дар факултет нахустин кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода мешавад, ки он бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ аз 30-юми марти соли 1998 бо унвони Муаллими хизматнишондодаи мактабҳои Тоҷикистон Абдулғанӣ Эшонҷонов номгузорӣ карда шудааст. Аз ин ваҷҳ, хизматҳои дар ҷодаи таълиму тарбияи донишҷӯён ва дар инкишофи илми методикаи таълими забони тоҷикӣ ба субут расонидаи С.Шербоевро ба назар гирифта шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев (ҳоло ба номи С. Айнӣ) ӯро соли 2000 ба унвони илмии профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик пешниҳод намуд,ки ин амал аз 28.03.2001 бо қарори Вазорати маорифи Федератсияи Россия таҳти №122-п ба ҳукми қонун дароварда шудааст.

Тайи солҳои 2000-2004 яке аз давраҳои пурмаҳсули эҷодиёти проф. С. Шербоев ба шумор меравад.  Муҳимтар аз ҳама ин, ки дар ин давра соли 2003 монографияи рисолаи докторӣ ва соли 2004 монографияи рисолаи номзадии ӯ дастраси хонандагон гардонида мешавад. Ин аст, ки аз 30-юми марти соли 2004 тамоми хизматҳои проф. С. Шербоевро ба инобат гирифта, дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) аз тариқи озмун ва райъдиҳии пинҳонӣ ӯро ба ҳайси узви вобастаи академия интихоб менамоянд.

Нахустин супориш аз тарафи аввалин президенти АТТ, академик М. Лутфуллоев ба С. Шербоев ин буд, ки ӯ бояд барои факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон ба таълифи китоби дарсии «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» машғул мегардид. Иҷрои супориши мазкур барои проф. С. Шербоев дар навбати аввал басо осон менамуд. Зеро ӯ 25 сол ин ҷониб аз курси мазкур дар донишгоҳ лексия мехонду дар таълифи асарҳои калонҳаҷм таҷрибаи кофӣ ҳам андӯхта буд. Аммо ӯро як навъ ташвишу изтиробе ҳам фаро гирифта буд. Гап дар сари он аст, ки дар Тоҷикистон чунин китоби дарсӣ то ҳол аз тарафи касе ҳам навишта нашуда буд, то ки дар асоси такя бар он варианти дигари он бо фаро гирифтани навигариҳои солҳои охири дар илми методика бавуҷудомада, яъне бо мазмуну мундариҷаи беҳтар аз китоби аввал, таълиф карда шавад. Ба ҳар ҳол, иҷрои супориши мазкур, ки бо боварии кул аз тарафи президент ба узви нави академия С. Шербоев дода шуда буд, ӯро рӯҳбаланд намуда, дар муддати чор сол таълифи китобро бо унвони «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» ба субут расонида, ба ВМҶТ пешниҳод намуд. Баъд аз тақризу санҷишҳои мутахассисон китоби мазкурро ҳайати Мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.12.2008 ба ҳайси китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олии Тоҷикистон ба чоп пешниҳод намуд, ки дар охирҳои моҳи январи соли 2009 бо дастгирии раёсати ДДОТ ба номи С. Айнӣ аз тарафи нашриёти «Шуҷоиён» рӯйи кор омад, ки «Сарсухан»-и он ба қалами академик М. Лутфуллоев мансуб аст.

Китоб, яъне нахустин китоби дарсии «Методикаи таълими забони тоҷикӣ», аз тарафи мутахассисони соҳа хуб пазируфта шуд, то ҳол доир ба он 9 тақризи мусбат – мақола дар матбуоти даврӣ ба чоп расид. Имрӯз аз рӯи ин китоб дар факултетҳои филологии 8 мактаби олӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд. Бо таклифу дархости омӯзгорони мактабҳои оливу касбӣ ва миёнаи умумӣ китоби мазкур боз чаҳор маротиба (солҳои 2012, 2014, 2015, 2016) бо таҳриру иловаҳо рӯйи чоп омаду дар нашри охир саволномаҳои тестӣ низ ворид гардидааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз дар кабинети методии ҳар як мактаби таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон як нусхаи он вуҷуд дораду аз он омӯзгорон истифода мебаранд. Гузашта аз ин ҳама, проф. С. Шербоев бо муаллими калон Ҳ. Саидов тайи солҳои 2009-2010 низ ба таълифи нахустин китоби дарсии «Практикуми забони тоҷикӣ» машғул шуда, ниҳоят, онро ҳам ба ВМҶТ пешниҳод намуданд. Китоб бо қарори Мушовараи Вазорат аз 30.06.2010 ба ҳайси китоби дарсии донишҷӯёни курси 1-и факултетҳои филологии мактабҳои олӣ тасдиқ карда шуда, дар охирҳои ҳамон сол дастраси донишҷӯён гардонида шуду то имрӯз устодон такя ба он ба шогирдон таълим медиҳанд.

Бояд тазаккур дод, ки хизматҳои проф. С. Шербоев дар бобати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи педагогика ва методикаи таълими забони тоҷикӣ басо арзишманд мебошад. Ў аз соли 1994 то ба имрӯз аъзои фаъоли ду шӯрои ҳимояи рисолаҳои доктории соҳаи педагогика ва методикаи таълими забони тоҷикӣ (дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ДДОТ ба номи С. Айнӣ) буда, дар ин шӯроҳо борҳо ба сифати муқарризи расмӣ ва ғайрирасмии унвонҷӯён талош варзидааст.

Бевосита таҳти роҳбарӣ ва мушовирии ӯ ду нафар ба дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ ва се нафар ба дараҷаи номзадии илмҳои педагогӣ комёб шудаанд. Проф. С.Шербоев олими сермаҳсул буда, ба қалами ӯ 4 монография, 3 китоби дарсӣ, 2 дастури методӣ, 4 барнома ва зиёда аз 150 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва илмию оммавӣ ба чоп расидаанд.  Хизматҳои дар ҷодаи таълиму тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ ва рушду нумӯи илмҳои забоншиносӣ ва методикаи таълими забони тоҷикӣ кардаи узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор С. Шербоев борҳо аз тарафи Вазорати маориф ва Ҳукумати Тоҷикистон қадршиносӣ карда шудааст. Соли 1989 Вазорати маориф ба ӯ унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»-ро муносиб дониста, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро соли 1999 бо ордени «Шараф» ва соли 2007 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мушарраф гардонидааст.
Монографияҳо:

Осори асосӣ: 

  1. Асосҳои илмӣ-методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5ва 8.–Душанбе: Деваштич, 2003.-300с.
  2. Хабарҳои феълӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷик.–Душанбе: Деваштич, 2004. — 146с.
  3. Асосҳои илмию методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5 ва 8.– Душанбе: Деваштич, 2006.- 303с. (Бо таҳриру иловаҳо).
  4. Асосҳои методии таълими синтаксиси ҷумлаҳои соддаи забони тоҷикӣ дар синфҳои 5 ва 8. – Душанбе, 1992. — 117с. (ба забони русӣ).
  5. Китобҳои дарсӣ:
  6. Китоби хониш (Барои синфи V–и мактабҳои ёрирасон).–Душанбе: Маориф, 1992-112 с.
  7. Методикаи таълими забони тоҷикӣ. – Душанбе: Шуҷоиён, 2009.- 456с.
  8. Практикуми забони тоҷикӣ. –Душанбе: Ирфон,2010.–206с. (бо  ҳаммуаллифӣ)
  9. Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 2, бо таҳрир ва иловаҳо). –
  10. Душанбе:Сабрина,2012.-458с.
    Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 3, бо таҳрир ва иловаҳо). – Душанбе: Бухоро, 2014. — 460 с.
  11. Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 4, бо таҳрир ва иловаҳо). —  Душанбе: Бухоро, 2015. — 460 с.
  12. Методикаи таълими забони тоҷикӣ (Нашри 5, бо таҳрир ва иловаҳо). – Душанбе: Бухоро, 2016. — 488 с.

Тағойбобо Абдуалими Шукурзод

Тағойбобо Абдуалими Шукурзод баъди хатми мактаби миёнаи №3 — и ноҳияи Восеъ (1971) Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро аз рӯи ихтисоси физика ва математика солҳои 1971-1976 хатм карда, фаъолияти омӯзгории худро ба ҳайси муаллими физика ва математика дар мактабҳои миёнаи №3 ноҳияи Панҷ (солҳои 1976- 1978), №22 ноҳияи Восеъ (солҳои 1978 -1979) оғоз намуда, солҳои 1979-1994 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар вазифаҳои сарлаборанти кафедраи физикаи умумӣ, ассистент, омӯзгор, саромӯзгори кафедраи усули таълими физика, муовини декани факултаи физика, идома додаам. Солҳои1986-1988 аспиранти таҳсили рӯзонаи кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Ҷумҳурии Украина буда, моҳи апрели соли 1991 дар ин донишкада рисолаи номзадии худро дифоъ намудам. Соли1991то1994 мудири кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба ӯҳда доштам. Соли1993«ВАК»-и Федератсияи Русия ба унвони дотсентӣ манро мушарраф гардонид.

Аз соли 1994 то соли 2000 ба таври интиқол ба ҳайси декани факултаи физика адои вазифа намуда, соли 1997 манро барои самараи хуб доштани асарҳои илмӣ ва тадқиқотии соҳаи омӯзгориам, Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия ба унвони узви вобастаи ин академия қабул намуд. Солҳои 2000-2003 ба таври интиқол Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон манро ба вазифаи муовин, сипас муовини аввали сардори идораи аттестатсия ва аккредитатсияи назди Вазорати маориф ба кор гирифт. Дар ин муддат мустақиман иҷрои тадқиқоти рисолаи доктории худро ба сомон расонида, дифои онро соли 2003 адо намудам.

Моҳи феврали соли 2003 бо тавсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи гуманитарии байналмилалӣ таъин шудам. Декабри соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав таъин гардидам. Моҳи январи соли 2006 барои эҷоди асарҳои илмиам дар соҳаи илми педагогика ва усули таълими физикаи мактабӣ, Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федратсияи Русия манро ҳамчун узви пайвастаи ин академия қабул намуда, ба унвони академикӣ мушарраф гардонид. Моҳи феврали соли 2008 барои фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорӣ ва меҳнатҳои илмию методӣ бо Қарори «ВАК»-и Федератсияи Руссия ба унвони профессорӣ ноил гаштам ва соли 2009 узви вобастаи Академияи таҳсилоти Точикистон интихоб гардидам.

Мунтазам ба тадқиқоти илмӣ дар соҳаи усули таълим машғул шуда, як қатор масъалаҳои проблемавиро ҳал намудам. Аз натиҷаи тадқиқотҳои худ дар Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа маркази тестии имтиҳонгирии компютерӣ ташкил намудам, ки дар он ҳама намуди имтиҳонҳо ба таври тестӣ қабул карда мешаванд. Ин натиҷа дар соҳаи маорифи чумҳурӣ ҳамчун дастоварди бехтарин ба шумор меравад. Аз натиҷаҳои тадқиқоти худ бо маърузаҳои ҷолиби диққат дар конфронсҳои байналмилалӣ солҳои 2005, 2006 дар Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ), соли 2006 дар Донишгоҳи штати Монтанаи ИМА, Донишгоҳи Гаухатии вилояти Асами давлати Ҳиндустон, Донишгоҳи байналмилалии Венаи кишвари Австрия, Донишгоҳи Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Донишгоҳи миллии Ҳиндустон, Донишгоҳи давлатии Харкови Ҷумҳурии Украина, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Москва ва дигар давлатҳо маърузаҳо намудам.

Банда муаллифи китоби дарсии физика барои синфи 10 ва якчанд монографияи илмӣ буда, зиёда аз 110 китобу дастурҳо ва мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ омода намудам.

Намунаи онҳо: «Теоретико-методическая система игровых форм организации познавательной деятельности в физическом образовании школьников (монография), Душанбе: Дониш, 1998.-245с.»;

«Воспитание молодежи в литературной памяти таджикского народа (монография), Москва: МПСИ, 2006.- 64с. (ҳаммуалифон: Кадыров К.Б., КомиловА.Ш.)»;

«Воспитание молодежи в литературнойПамяти таджикского народа(монография), Москва:МПСИ,2006.-64с. (ҳаммуалифон: Кадыров К.Б., КомиловА.Ш.)»;

«Творческие игры на уроках и во внеклассной работе на первой ступени обучения физике в средней школе. Теоретические основы: (монография), Куляб: МНО Тадж.ССР,ХЗИУУ,1989.-62с.»;

«Использование исторических материалов при изучении физики. (монография), Душанбе, МНО Тадж.ССР, ЦМК, 1991.-143с.»;

«Развитие творческого потенциала учащихся, их интерес к игровой форме обучения по физике.Теоретические основы:(монография), Куляб: МНО Тадж.ССР, ДГПИ,1998.-56с.»;

«Технология формирования познавательных возможностей учащихся на занятиях по физике (дастури методӣ), Курган-Тюбе, КТГУ, 2006.- 68с. (ҳаммуаллиф ҚараевИ.)»;

«Теоретические основы разработки общих положений при выполнении научно — исследовательских работ по педагогическим дисциплинам в области методики преподавания физики, Курган-Тюбе,  КТГУ,  2006.-60с. (ҳаммуаллифС.К.Таваров)»;

«Теоретические основы метод построения физической модель ситуации, Курган-Тюбе, КТГУ, 2008.-60с. (ҳаммуаллиф К.К.Мирзоева)»;

«Формирование исследовательских умений и технология подготовки студентов к научной работе, Курган-Тюбе :КТГУ, 2009.- 132с. (ҳаммуалифон С.К.Таваров, А.Ш.Комилов)»;

Банда муаллиф ва мураттиби зиёда аз 100 китобу дастурҳо ва мақолаҳо ва гузоришҳои илмӣ аз ҷумла:

«Решение задач по физике (Оптика, атом и ядро) Учебное пособие.Ч.З., Душанбе, МНО Тадж.ССР,ТНИИП Таджс.ССР,1991.-163с.»; «Решение задач по физике (Механика).Учебное пособие.4.1,Душанбе,МНОТадж. ССР, ТНИИП Таджс.ССР, 1991.- 210с.»;

«Организация и постановка игровой формы познавательной деятельности учащихся при совершенствовании обучения физике. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН,1996.-63с.»;

«Организация игровой формы обучения физике с позиции привлечения учащихся к творческой работе в условиях средней школы. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1997.- 36с.»;

«Теоретические основы игровых форм познавательной деятельности учащихся. Теоретические основы. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1997.-14с.»;

«Творческие игры на кружковых занятиях по физике. Методическое пособие, Куляб: ИУУ, 1986.-36с.»;

«Творческие игры на уроках физики. Методическое пособие для учителя, Куляб: ИУУ, 1988.- 44 с.»;

«Учебные материалы по физике для 7 класса. Методическое пособие, (на тадж.яз.), Душанбе: НИИП РТ, 2005.-206с.»;

«Учебные материалы для решения задач по физике 9-10 классы. Методическое пособие, (бо забони тоҷикӣ),Душанбе:НИИПРТ,2005.-315с.»;

«Технологияформирования ознавательных возможностей учащихся на занятиях по физике (методическое пособие), Курган-Тюбе, КТГУ,2006.-68с. (ҳаммуаллиф Қараев И.)»;

«Теоретические основы понятия познавательно-учебной деятельности учащихся методическое пособие),Курган-Тюбе, КТГУ,2007.-62с.(ҳаммуаллиф И.Н.Қараев)»;

«Характеристика развития способностей школьников (Методические пособие),Курган-Тюбе,КТГУ,2008.-56с.(ҳаммуаллифР.А.Қурбонова)»;    «Теоретические основы состояния проблемы методики обучения учащихся решению физических задач (Методическое пособие), Курган-Тюбе, 2009.- 58с. (ҳаммуаллиф Суяров Т.Х.)»;

«Определение объема знаний учащихся по физике с помощью игровых заданий. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1986.- 25с.»;

«Применение творческих игр при решении физических задач с помощью микрокалькуляторов. Методические рекомендации,      Куляб:ИУУ,1986.-25с.»;

«Творческие игры-средства активизации пособностей учащихся на физических вечерах. Методические рекомендации, Куляб:ИУУ,1987.-40с.»;

«Развитие способности учащихся с помощью творческих игр на кружковых занятиях по физике. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1987.-18с.»;

«Психолого-дидактические представления о применении игровых форм познавательной деятельности учащихся при обучении (Методические рекомендации), Киев, КГПИ,1992.-18с.»;

«Внеурочная работа по физике в средней школе. Методические рекомендации, Киев, КГПИ, 1993.-28с.»;

«Индивидуализация учебной деятельности учащихся как средство развития их творческой активности (мақола), Сборник статей. Запорожье,      ЗГПИ, 1991.- С.72-76»,

«Специальные дидактические модельные устройства как средство обучения техническому творчеству(мақола),Сборник статей. Запорожье,  ЗГПИ, 1991.- С.59-62. (ҳаммуаллиф Коршак Е.В.)»;

«Творческая деятельность учащихся при работе с учебной книгой (мақола), Сборник статей. Запорожье,ЗГПИ,1991.- С.76-82»;

«Составление физических задач учащимися- важное средство развития их творческих способностей (статья),Сборник статей. Запорожье,    ЗГПИ, 1991.-С.85-88(ҳаммуаллиф КоршакЕ.В.)»;

«Творческое использование коллективных органов ученического самоуправления (мақола), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ,1991.- С.91-95»;

«Методика обучения учащихся решению физических задач (мақола), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1992.- С.12-27»;

«Тестовая проверка знаний, умений и навыков учащихся по физике (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1992.-С.51-63»,

«Дидактические игры на уроках физики(мақола), Сборник статей. Запорожье,ЗГПИ,1994.-С.16-22»;

«Игра-беседа на тему»Современная научная картина мира»(мақола), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1994.- С.54-61»;

«Использование игры во внеклассной работе по физике в средней школе (мақола), Сборник статей,МОРТ,КГУ,Курган-Тюбе,1997.-С.4-5»;

«Применение игр с использованием исторических материалов при изучении физики (мақола), Сборник статей, МОРТ,КГУ,Курган-Тюбе,  1997.- С.7-8»;

«Использование элементов эстетического воспитания при обучении физики (мақола),Сборник статей,МОРТ, Курган-Тюбе, 1997.- С.12-13»; «Побуждение интереса детей с помощью игры при изучении физики (мақола),Сборник статей.-Душанбе,МОРТ,ТНИИПН,1998.-С.3-8»;   «Использование чайнвордов в элементах уроков физики (мақола), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН,1998.-С.8-11»;

«Применение игр при организации уроков решения задач по физике (мақола),Сборник статей.-Душанбе,МОРТ,ТНИИПН, 1998.-С.11-14»;

«Игры в процессе уроков повторений и обобщений (мақола), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.-С.12-15»;

«Использование игр в процессе уроков контроля и учета знаний учащихся (мақола),Сборник статей.-Душанбе,МОРТ,ТНИИПН,1998.-С.15-18»;

«Применение загадок на уроках физики (мақола), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.20-26»;

«Роль игры во внеурочных занятиях для обучения физики в средней школе (мақола бо забони тоҷикӣ), ж.Ирфон. Выпуск 4 (естественные науки), 2000.-С.35-37, (ҳаммуаллифон Турақулов Э.,Қосимов М.)»;

«Организация кружков с использованием игр (мақола бо забони тоҷикӣ), ж.Ирфон.Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.38-40»;  «Организационные проблемы урока физики в средней школе (мақола), ж.Ирфон. Выпуск4 (естественные науки),2000.- С.4-(ҳаммуаллиф РаҳимовБ.)»;

«Пути привлечения учащихся в школе для приобретения знаний (мақола),ж.Ирфон.Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.9-11 (ҳаммуаллиф  — Курбонов И.)»;

«Использование исторических материалов для обучения физики в 7-8 классах (мақола), ж. Ирфон. Выпуск 4 (естественные науки), 2000.-С.26-  27,(ҳаммуаллифон-ГулаевИ.,ФаттоевҲ.)»;

«Система активизации познавательной деятельности школьников средствами игры (мақола), Душанбе: МОРТ, РТСУ, «Ступени мудрости»,    №2(4) 2002.- С.22-27»;

«Авиценна и Эйнштейн-два великих мировых гения(мақола),Вклад Авиценны и Эйнштейна в развитии мирового естествознания (Материалы  Международной конференции, посвященной 1025-летию Абу Али ибн Сино и 100-летию специальной теории относительности Альберта    Эйнштейна).-Курган-Тюбе,2005.-С.11-13»;

«О педагогической идеи Абу Бакра Рази (мақола), Сино и мировая цивилизация. МатериалыМеждународнойнаучно-практической      конференции,Курган-Тюбе,2006.-С.3-9(ҳаммуаллиф-Меҳрдод Киа)»;

«Потенциал реки Вахш и развитее гидроэлектрических станций в Таджикистане(мақола),Развитие энергетики в Таджикистане.- Курган-Тюбе, 2007.-С.3-10»;

«Место и содержание физических знаний в учебних заведениях средневекового Мавераннахра и Хорасана, М., Наука и школа 2010, №2»;  «Метод комментарий некоторых физических терминов (тезис доклада), тезисы докладов научно-методической конференции на тему «Язык и  культура речи».- Куляб, 1989»;

«Понятие и доступные физические термины (тезисы докладов), Тезисы докладов научно-методической конференции на тему «Язык и культура  речи».- Куляб, 1989.- С.2»; «Некоторые соображения о стилистике учебников физики средних школ(тезиси мақола),Тезисы докладов научно-  методической конференции на тему «Язык и культура речи».-Куляб.1989.-С.З»;

«Игра-одно из средств межпредметной связи в преподавании физики (Тезиси мақолаҳо), Конференция «Межпредметные связи и совершенствование уроков физики»,Луцк,1990.-С.41-42»;Взаимосвязь показательных функций в обучении физики(Тезиси мақолаҳо), Тезисы докладов научно-методической конференции на тему»Организация урока математики в школе». Куляб, 1990.-С.2»;

«Игра — как один из факторов реализации математики в обучении физики, Тезисы докладов научно-методической конференции на тему  «Совершенствование урока математики в обучении физики».-Куляб,1990.- С.2»; «Содержание и средство разъяснения «Основы динамики» в  учебнике (тезиси мақола), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава КГПИ.-Куляб, 1992.- С.3»;

«Рассуждения об учебнике физики для IX класса (тезиси мақола), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского  состава КГПИ.-Куляб,1992.- С.4»;

«Использование исторических материалов при обучении школьников физике (тезиси баромад),Тезисы докладов научно-теоретической  профессорско-преподавательскогосостава.КГПИ.-Куляб,1992.-С.2»;

«Средство пополнения темы колебаний и волны с использованием исторических материалов (тезиси баромад),Тезисы докладов научно-    теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб,1993.-С.117»;

«Требование к побуждению интересов учащихся во внеклассной работе (тезиси баромад),Тезисыдокладов научно-теоретической профессорско-  преподавательскогосостава.КГПИ.-Куляб,1993.-С.178»;

«Воспитательный характер исторических материалов по физике (тезиси мақола),Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-    преподавательского состава. КГПИ.-Куляб,1993.-С.179»;

«Методы и средства формирования творческих способностей учащихся, при обучении физике (тезиси баромад),Тезисы докладов научно- теоретической профессорско-преподавательского состава.КГПИ.-Куляб,1993.-С.180» мебошад.

Банда иштирокчии зиёда аз 46 конфронсҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошам. Мақолаҳо ва маърӯзаҳои ӯ ба раванди сифатан беҳтаршавии усули таълими физика ва математика самт дошта, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаи усули таълими физика ва математика нақши арзанда мебозад.

Айни замон заҳматҳои ман дар пешбурди тадқиқотҳо барои тайёр кардани шогирдон саҳми худро ёфтааст. Бо дастгирии ман дар донишгоҳ се Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои13.00.01-педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот,13.00.02-назария ва усули таълим ва тарбияи физика, 13.00.02-назария ва усули таълим ва тарбияи математика барои дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ кушода шуд, ки раисии се шӯроро «ВАК»-и Федератсияи Русия ба уҳдаи ман вогузор шудааст. Бояд қайд намуд, ки ин шӯроҳо бори аввал дар Ҷумҳурии Точикистон кушода шудааст. Таҳти роҳбарии ман аз се ихтисос аспирантону унвонҷӯён ва доктарантон корҳои илмии худро иҷро намуда, имрӯз 37нафар шогирдон рисолаҳои номзадӣ ва 5-нафари дигар рисолаҳои доктории худро дифоъ намуда, ба унвони номзади илмҳо ва докторҳои илми омӯзгорӣ ноил гаштанд. Ҳоло бошад зиёда 12-унвонҷӯи дигар таҳти роҳбарии ман корҳои илми тадқиқотии худро идома дода истодаанд.

Банда бори аввал вакили мардуми вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии № 9 ш. Сарбанд (солҳоӣ 2005 — 2010) ва маротибаи дуюм вакили мардуми вилояти Хатлон аз ҳавзаи интихоботии №13ноҳияи Бохтар интихоб шудааст. Ман мунтазам дар байни донишҷӯён, омӯзгорон, олимон ва мардуми Тоҷикистон бо тариқи воситаҳои ахбори умум: телевизион, радио, рӯзномаю маҷалаҳо оиди татбиқи сиёсати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон гузоришҳо дода барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф, масъалаҳои таълиму тарбияи ҷавонон, ваҳдат ва инсондӯстӣ пайваста гузоришу суҳбатҳо менамоям.

Хизматҳои ман дар соҳаи таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ аз тарафи давлат ва дигар давлатҳои хориҷ бо мукофотҳои давлатӣ (Ордени «Дӯстӣ»-Ҷумҳурии Тоҷикистон,«Ситораи тиллоии олими байналмилалӣ»-и Англия, Оксфорд, Ордени «Дӯстии» дараҷаи дуюми Федератсияи Русия, «Ҷоизаи ҳазорсола»-и Австрия, Ордени «Лаврӣ Слава»-и Англия, Ҷоизаи байналмилалӣ «Золотой Ягуар»-и Англия, Оксфорд, Ҷоизаи байналмилалӣ «Голден Миркурӣ»-и Шветсария, Ордени байналмилалӣ «Интелект нации»-и Украина, Ордени СНГ «За заслуги») қадршиносӣ гардонида шудааст.

Банда кӯшиш менамояд, ки худро шахси инсондӯст, поксиришт, олими хоксор, устоди ғамхору серталаб дар байни омӯзгорону донишҷӯён ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон диҳад.