ШАНБЕГӢ

Маълумотнома

ҷиҳати баргузории ҳашар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи ҳар ҳафта бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассиса дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ.

Рўзи 8-9 -уми августи соли 2020 кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомии АТТ оид ба иҷрои мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.07.2020, №03/2-668 бо мақсади тозаву озода намудани гирду атрофи муассиса бо иштироки кормандон ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дастаҷамъона ҳашар ташкил намуданд. Дар ҳашар иштирокдорон ба рӯбучину тоза кардани гирду атрофи бино ва роҳравҳои дохили муассиса, нарм кардани бехи дарахтон машғул гардиданд.

Инчунин,  дар ҳаҷми 85 метри мураббаъ новаҷўйборҳо тоза ва ба тартиб дароварда шуданд.