РЎЙДОД

                Мақоми аввали толибилмони Суғд дар олимпиадаи байнулмилалии арифметикаи зеҳнӣ

0 0 0 95
Тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор»-и шаҳри Хуҷанд ва хонандагони мактабҳои шаҳри Бӯстон дар олимпиадаи байналхалқӣ аз арифметикаи зеҳнӣ, ки 2-3-юми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Москва баргузор шуд, иштирок намуда, соҳиби мақоми аввал гаштанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин олимпиадаи байналхалқӣ 20 нафар хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд ва 2 нафар хонандагони макотиби шаҳри Бӯстон иштирок намуда, 18 нафари онҳо мақомҳои аввалро дар синну соли аз 6 сола то 15 сола ба даст оварданд.
Ғайрат Усмонов, хонандаи синфи 8-и литсейи №1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаи мазкур 210 адад мисолҳоро давоми 25 дақиқа ҳал намуда, ба шарафи «Устоди арифметикаи зеҳнӣ» комёб гардид.
Қобили қайд аст, ки олимпиадаи мазкур байни 4 давлат - Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо шумули 66 шаҳрҳои ин кишварҳо сурат гирифта, тарбиятгирандагони Маркази инкишофи зеҳнии «Пифагор» бо гирифтани 5 Ҷом ва 18 мақоми якум, ба нишондиҳандаи олитарини олимпиада муваффақ гардиданд.
 

 


140- солагии аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ

«Садриддин Айнӣ мавҷудияти халқи тоҷикро ҳамчун миллати қадимаи Осиёи Марказӣ исбот намуда, ҳаққу ҳуқуқҳои қонунии ин миллатро барои ташкил додани давлатдории миллии худ ба миён гузошт, ки пойдевори истиқлолият ва худшиносии тоҷиконро ҷовидона сохт».

                                                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

12 апрели соли 2018 дар толори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бахшида ба 140 солагии аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон, президенти аввалини Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Зиндагиномаи устод Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои таълиму тарбия» баргузор гардид.

Бахшида ба санаи мазкур  рӯнамои китоби академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Муҳаммад Лутфуллозода «Тарбияи хислатҳои неки инсонӣ зимни мукотибаи устод С. Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ»(58 саҳ)  баргузор гардид.

                       Муҳаммад Лутфуллозода «Тарбияи хислатҳои неки инсонӣ зимни мукотибаи устод С. Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ»

   

ВОХӮРӢ  БО  НАВИСАНДАИ  ДИЛПИСАНД

5-уми марти соли 2018

 

           Дар арафаи Иди модарон, рўзи 5-уми марти соли 2018 дар толори мачлисго{и Академияи та{силоти Тоxикистон, бо ибтикори ноиби президенти Академия, академик Ирина Каримова вохeрии а{ли илми Академия ва Пажe{ишго{и рушди маорифи ба номи Абдура{мониXомb бо нависандаи боистеъдод Абдуѓаффор Абдуxаббор баргузор гардид.

         Ирина Каримова вохeриро ифтито{ дода, аз он xумла, тазаккур дод, ки Абдуѓаффори Абдуxаббор дар адабиёти муосири тоxик {амчун нависанда, тарxумон, драматург номдор аст. Хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишго{и давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги {озира, соли 1979) буда , пас аз адои хизмати {арбb фаъолияти эxодиашро дар рeзномаи «Вечерний Душанбе» оuоз намудааст. Аз соли 2004 ро{барии дастго{ ва аз соли 2015 сардори шуъбаи робита{ои байналмилалии Вазорати фар{анги Тоxикистон мебошад.

 

         Мудири шуъбаи фан{ои филология, забони давлатb ва кор бо аrrалият{ои миллии ПРМ Сало{иддин Амонb дар бораи эxодиёти нависанда чунин сухан{ои сазовор гуфт, ки бар{аr килки нависанда А. Абдуxаббор uайриодb ва дилангез аст. Чуноне, ки нависандаи бузурги рус А. П. Чехов гуфтааст «Куто{баёнb хо{арии истеъдод аст». E дар эxодиёташ бештар ба реза{икоя{о - {икоя{ои хурд даст зада хеле муваффаr {ам гаштааст. [икояи хурдакаки «Писараке, ки писта мефурeшад»дар чандин озмун{о сазовори xойи сазовор гардида аз тарафи хонандагонаш ба хубb истиrбол гаштааст.

         Дар самти тарxума низ нависанда ба муваффаrият{ои калон ноил гаштааст. Романи нависандаи Миср, барандаи xоизаи Нобел Наxиб Ма{фуз «Ро{», повест ва романи Габриел Гарсиа Маркес «Ба полновник касе наменависад», «Сад соли тан{оb», романи «Мо{ ва фулус»-и Семмерсет Моем, «Дарс{ои франсузb»- и Валентин Распутин, як силсила адибони шинохтаи олам ва uайра бо rалами Абдуuаффор тарxума шудаанд.

         Барандаи xоиза{ои Иттифоrи журналистони Тоxикистон ба номи А. Ло{утb, Асотсиатсияи публитсистон. Бо ордени «Шараф» дараxаи 2, ордени «Дили Данко» (Россия)ва дигар медал{о сарфароз шудааст.

 Узви Иттифоr{ои рeзноманигорон(1988), арбобони театр(1990), нависандагони Тоxикистон(1997), Асотсиатсияи публисистони Тоxикистон (2007) ва Иттифоrи байналмиллалии нависандагони Россия (2013) Абдуuаффори Абдуxаббор дар самти драматургия то ба зина{ои сазовор расидааст. Пйеса{ояш «Сe{они rазо», «Масал бигe, Эзоп!», «Зодрeзи рeбо{аки сода», «Суруди вопасин» дар театр{ои мамлакат та{ия шудаанд. Асар{ои нависанда ба да{{о забон{ои мамолики дигар тарxума ва нашр гардидаанд. Аз он чумла ба забон{ои русb, rазоrb, {индb, ўзбекb, англисb, немисb ва uайра повесту {икоя{ои нависандаи тоxик А. Абдуxаббор интишор гардидаанд.

      Доир ба {усн ва rуб{и эxодиёти нависанда {амчунин академики Академияи та{силоти Тоxикистон R. Б. Rодиров, доктори илм{ои филологb Саидбой Шербоев муло{иза{ояшонро гуфтанд.

                                  Гузориши У.Раҳимов ва Б.Бўриев, 5 марти соли 2018

 

Шўрои њимояи рисолањои номзадї ва докторї дар Академияи тањсилоти Тољикистон амал мекунад

          2 марти соли 2018 дар толори Академияи тањсилоти Тољикистон љамъомад бахшида ба оѓози  фаъолияти Шўрои якљояи њимояњои рисолањои номзадї ва докторї баргузор гардид.

     Тибќи Фармоиши Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз 20 феврали соли 2018 № 222/нк дар базаи Академияи тањсилоти Тољикистон ва Донишгоњи Миллии Тољикистон Шўрои якљояи њимояњои рисолањои номзадї ва докторї аз рўїи ихтисоси Д 999.208.02 аз рўйи ихтисосњои илмии

  13.00.01- педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва илм (илмњои педагогї);

 13.00.02- назария ва методикаи таълим ва тарбия (забони модарї, дараљањои умумї ва касбии илм; забони русї, дараљањои умумї ва касбии илм) (илмњои педагогї)  кушода шуд.

 

                                                Њайати Шўро:

1. Каримова И.Х.-раиси Шўро,доктори илмњои педагогї, профессор

2. Ќодиров Ќ.Б.-љонишини раиси Шўро,доктори илмњои педагогї, профессор   

3. Миралиев А.М.-љонишини раиси шўро,доктори илмњои педагогї, профессор

4. Њољиматова Г.М.-котиби Шўро,доктори илмњои педагогї, профессор

                                              Аъзоёни Шўро:

5. ГусейноваТ.В.- доктори илмњои педагогї, профессор

6. Иматова Л.М.- доктори илмњои педагогї, профессор

7. Ќодиров К.- доктори илмњои педагогї, профессор

8. Лутфуллозода М.- доктори илмњои педагогї, профессор

9. Мирзоев А.Р. доктори илмњои педагогї, дотсент

10. Муњаметов Г.Б.- доктори илмњои педагогї, профессор

11. Наѓзибекова М.Б.- доктори илмњои филологї, профессор

12. Неъматов С.Э.- доктори илмњои педагогї, профессор

13. Саидов Њ.А.- доктори илмњои филологї, профессор

14. Хољаев Давлатбек - доктори илмњои филологї, профессор

15. Шамбезода Х.Љ.-  доктори илмњои филологї, профессор

16. Шаропов Ш.А.- доктори илмњои педагогї, профессор

17. Шарипов Файзулло доктори илмњои педагогї, профессор

18. Шарипов Ф.Ф.- доктори илмњои педагогї, дотсент

19. Шербоев Саидбой - доктори илмњои педагогї, профессор

20. Шукуров Т.А.- доктори илмњои педагогї, профессор

21. ЮлдошеваМ.Р- доктори илмњои педагогї, профессор

22. Юнусова Н.М. -доктори илмњои педагогї, профессор

                                                     Гузориши Б.Бўриев аз 02.03.2018