НАВРӮЗ-2019


  

Наврӯзатон муборак бод!

 

Ҳамкорони азиз!  Њамаи шумоёнро аз номи Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо иди Миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ- Иди Наврӯз табрик гуфта, дар ин иди баҳорон  ба шумоён ва ањли оилаатон умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно менамоем. 

 

 

Ҳамкорони азиз!

             Инак боз баҳор меояд-баҳори нозанину дилрабоки паёмовари рӯзи наву соли навяъне ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи дилафрӯзу оламафрӯзи тоҷикон аст. 

          Бо фарорасии ҷашни Наврўзи аҷам табиат бедор ва аз нав эҳё мегардадНаврўз ҷашноинанъана ва мероси бузургестки аз ниёгон ба мо мерос мондааст.Дар байни ҷашнҳоеки дар миёни миллатҳои гуногуни ҷањон боқӣ мондаастяке аз онҳо Наврўз астки эътибори мардумии худро нигаҳ доштабо назардошти арзишҳои сунатии худ то замони мо расидаастАз ҳамин сабабон аз ҳудуди ҷуғрофии худ берун рафтабо ташаббуси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣПешвои миллат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ пазируфта шудааст.
       Мувофиқи анъанаҳои гузашта дар арафаи иди Наврўз бояд мардум бо ҳам ҷамъ шудакинаву адоватро аз дилҳо берун сохта дар ҳар як хонадон хурсандиҳо барпо намоянд. 
       Чунонеки шиори бузургвори тоҷик шодравон Лоиқ Шералӣ чунин гуфтааст:

Дар гирди хони Наврўз хешу табору ёрон,

Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

 РАЁСАТИ АКАДЕМИЯИ ТАҲСИЛОТИ ТОҶИКИСТОН  

  


Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 тасдиқ шуд

22.02.2019 14:26

 

            Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ тасдиқ гардид.

Он аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Рамзи мазкур арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамоянд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид. Минбаъд суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи миллӣ барои ҷашнгирии Соли нави миллӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ истифода хоҳад гашт.

Донишмандон бар он ақидаанд, ки суманак дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон маъмул буда, ҳамчун рамзи сарсабзӣ ва хуррамӣ дар арафаи Соли нави миллӣ ва ҷашни Наврӯз омода мешавад. Суманак инчунин ифодагари пайдо шудани заминдорӣ ва кишоварзӣ дар миёни қабилаҳои ориёӣ буда, муносибату муҳаббати деҳқонро ба гандум, ки ризқу рӯзии одам аст, ифода менамояд. Дар зарфи гирд омода кардани суманак рамзи коиноту замин буда, ҷовидонагии табиату инсонро тасвир месозад.

Баъди ҷаҳонӣ шудани иди Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид ва созмони ЮНЕСКО суманак дар кураи заминро бо навиштаҷоти “Рӯзи Наврӯзи байналмилалӣ” ҳамчун рамзи наврӯзӣ интихоб карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Ба вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо тавсия дода мешавад, ки рамзи мазкурро ба ҷойи арча дар назди идораҳо, кӯчаву хиёбонҳо, иншооту хонаҳои истиқоматӣ ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯз ва таҷлили Соли нави миллӣ аз 19 то 25 марти соли 2019 насб намоянд.

Сохти (конструксияи) гузоштани суманак ва гули наврӯзӣ дар хиёбону кӯчаҳо низ омода гардида, манзури шумо мегардад.

Дизайнерон дар ҳар шаҳру ноҳия метавонанд барои назди ҳавлиҳо, муассисаю корхонаҳо шаклҳои мақбултари конструксияҳоро тарҳрезӣ намоянд.

 Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 (дар формати JPEG)

Сохти (конструксияи) рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2019 (дар формати PDF)

 


Ангораи «Наврӯз – 2019» тасдиқ шуд

21.02.2019 17:51, шаҳри Душанбе

 

 

 

 

 

 

 

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2019» бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

 Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз – 2019» васеъ истифода намоянд.