Табрикот

ТАБРИКОТ

      17-уми МАРТИ соли 2019 рўзи мавлуди устоди гиромиќадр, президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, узви пайвастаи Академияи тањсилоти Тољикистон (академик), доктори илмњои биологї ва фармасевтї, проффессор БОБИЗОДА ЃУЛОМЌОДИР МУККАМАЛ мебошад!

      Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва кормандон, устод ва роњбари мењрубон, олими шинохтаи љумњурї БОБИЗОДА ЃУЛОМЌОДИР МУККАМАЛро  ба муносибати РЎЗИ МАВЛУДАШ   самимона табрик меномоянд.

 

       Муҳтарам  Ғуломқодир Бобизода!     Шумо, ки имрӯз шодбошии Рӯзи мавлуд дореду яке аз олимони забардасти тоҷик дар соҳаи биология, химия ва формасевтика (дорусозӣ) маҳсуб меёбед, дар авҷи камолот қарор дошта, мавқеи устувор ва имкониятҳои назаррас доред.

Дар урфият чунин бигӯянд, ки «Олим шудан осон, вале одам будан мушкил». Хоксориву таҳаммулпазирии Шумо мактабест омӯзанда, амалест савоб ва рафторест ибратбахш.     

    Мо, аҳли илм, ҳамкорон ва шогирдонатон бар онем, ки ояндаатон аз ин ҳам шуълавар аст. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама ба Шумо умри бобаракат, комёбиҳои илму эҷодӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаатон хушбахтиву хурсандӣ таманно дорем.

                                     Панҷоҳунўњумин баҳори умратон фирӯзу фархунда бод! 

          Бобизода Ѓуломќодир Муккамал 17-уми марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастї кушодааст. Дар мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсил намудааст. Дар мактаби миёна тамоми фанҳо ба осонї ба ў даст медоданд, вале ба фанни химия таваљљўҳи хоса дошт. Аз ин сабаб, ҳангоми хонданаш дар синфҳои болоии мактаби миёна бо роҳбарии устоди химияи мактабашон Абдусамадов Мансур фанни химияро чуқуртар ва васеътар омўхт.

       Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1977 ҳуљљатҳояшро ба факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон супорид. Вале ҳангоми дохилшавї ноком шуд. Балҳои аз супоридани имтиҳоноти дохилшавї гирифтаи ў барои ба шўъбаи рўзонаи факултети химия дохил шудан кифоягї накарданд.

       Вале ўро ба шўъбаи шабонаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон қабул карданд. Дар ин љо бояд тазаккур диҳем, ки ин нокомии ў оғози комёбиҳои ояндааш гардиданд, зеро пас аз саршавии таҳсил дар шўъбаи шабонаи факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон ў дар яке аз озмоишгоҳҳои маъруф ва пешқадами кафедраи органикаи факултаи химияи донишгоҳ, озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» ба ҳайси ёвар ба кор шурўъ намуд. Ёварї намудан дар корҳои амалии донишљўён аз химияи органикї ва омўзиши назария дар дарсҳои шабона ба пешрафти ў хеле хуб мусоидат намуданд, зеро кори амалї барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявї роҳи беҳтарин ва судмандтарини донишомўзї аст.

     Ќобилияти фикрї, шавқи беандоза ба омўзиши химия ба Бобизода Ѓ.М. барои дар муддати кўтоҳ аз худ намудани нозукиҳои таљрибаҳои озмоишгоҳї аз химияи органикї имконият доданд. Ҳануз дар аёми донишљўї вай дар байни устодон ва донишљўёни факултаи химия ҳамчун донишљўи пешқадам ва озмоишгари соҳибсалиқа шинохта шуда буд. Аз ин сабаб ин љавони лаёқатманд аз љониби мудири кафедраи химияи органикї ва роҳбари озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» дотсент, номзади илмҳои химия Холиқов Ш. Х.(ҳоло доктори илмҳои химия, профессор) ба кори илмї љалб карда шуд. Дар пажўҳишњои илмии худ Ѓуломқодири љавон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ў бо маърўзаҳои илмии худ дар чандин конфронсу љамъомадҳои љумҳуриявї ва умумииттифоқии олимони љавон иштирок намуд вадар онҳо гузоришҳои илмиаш қадр гардида, фишурдаҳояшон дар маводҳои ин конфронсу љамъомадҳои љумҳуриявї ва умумииттифоқии олимони љавон чоп гардиданд.

   Дар ин љо ба хонандагон шарҳ додан лозим аст, ки синтези пептидҳо ба синтези нозуки химиявї мансуб аст. Синтези нозукињои химиявї бо сифатҳои зерин тавсиф карда мешавад:

1. Сарукор доштан бо гурўҳҳои якчанд вазифадори (полифунксионалї) химиявї. Дар ин маврид дар реаксия ҳосил шудани чандин изомери модаи матлуб ва модаҳои иловагї имконпазир аст, ки људо намудани онҳо кори басо сангин аст. Ҳол он, ки танҳо як изомери модаи матлуб мақсади гузаронидани реаксия аст.

2. Ба миқдори ниҳоят ками модаҳо гузаронидани реаксияҳои химиявї. Ин талабот аз ду сабаб бармеояд: якум, модаҳои барои реаксия зарурї нисбатан қиматанд, дуюм, талафот дар ин маврид бисёр назаррас аст. Табиист, ки сарукор доштан бо миқдори хурди модаҳо аз озмоишгар малака ва маҳорати махсусро тақозо мекунад, зеро бо дар назардошти дар якчанд марҳилаҳо ҳосил намудани изомери муайяни модаи матлуб ва дар ин марҳилаҳо бо фоизи зарурї људо карда гирифтани модаи натиљавии марҳила ба дараљаи даркорї ҳосил намудани модаи ниҳої кори бисёр душвор аст. Бобизода Ѓ.М. дар давоми донишљўиаш маҳз дар соҳаи синтези пептидҳо ба муваффақият ноил гардид. Бо дар назардошти малака, маҳорат ва дониши баланд андўхтанаш, чанде пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тољикистон Ѓуломқодирро ба яке аз марказҳои илмию тадқиқотии Иттиҳоди Љумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистї (ИЉШС), ба Маркази илмии кардиологии АИТ ИЉШС барои азхуд намудани услубҳои љадиди синтези пептидҳо фиристоданд. Ў дар ин маркази бонуфузи илмї таҳти сарпарастии яке аз олимони љавону тавоно, номзади илмҳои химия, ходими калони илмї Дейгин И. (ҳоло, доктори илмҳоибиология,профессор) ба омўзиши услубҳои љадиди синтези пептидҳо машғул гардид. Дар давоми ду соли дар ин маркази бонуфузи илмї таљриба омўхтанаш, ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид. Якум, ў аз устодаш Дейгин И. нозукиҳои услубҳои синтези пептидҳоро омўхт ва бо ин дар таҳияи яке аз доруњои навтарини ба эътидоловаранда ва таќвиятдињандаи системаи масуният «тимаген» фаъолона иштирок намояд.

       Малака ва маҳорати озмоишгарии Бобизода Ѓ.М. аз тарафи олимони шинохтаи ин маркази илмї эътироф гардид. Дуюм, дар давоми кори худ дар маркази илмии мазкур ў қариб рисолаи номзади худро ба поён расонида буд. Пас аз бозгашт аз Москва Бобизода Ѓ.М. тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» давом дод, вале бо баъзе сабабҳои айнию зеҳнї ин озмоишгоҳро тарк намуд ва барои шароити беҳтаре ёфтан дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотї кор кард. Билохира барои давом додани пажўҳишҳои илмї ва амалї намудани натиљаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотї зад. Дар натиља дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло,Љамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобизода Ѓ.М. ба ўҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмї дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворї дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд. Дар натиљаи бурдани тадқиқотҳои васеъ дар ин соҳа Бобизода Ѓ.М. ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 1996 ў дар мавзўи «Структурно-функциональные исследования иммуноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина бурсина» бо ихтисоси 02.00.03-химияи органикї рисолаи номзадї ҳимоя намуда, соҳиби дараљаи илмии номзади илмҳои химия гардид.

      Пас аз ин, Бобизода Ѓ.М. пажўҳишҳои илмии худро бо суръат идома дода, соли 2000-ум дар мавзўи «Синтез и биологические свойства низкомолекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений» бо ихтисосҳои 03.00.04 - биохимия ва 14.00.25.-фармакология рисолаи докторї ҳимоя намуда, сазовори дараљаи илмии доктори илмҳои биологї гардид.

    Бобизода Ѓ.М. барои дар амалияи тиббї татбиқ намудани натиљаҳои тадқиқотҳои васеи илмиаш низ кори зиёдеро анљом дода, дар ин љода ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар Идораи патентии Ҷумњурии Тољикистон 8 патенти Бобизода Ѓ.М. ба ќайд гирифта шуда, ба 9 патент дархост мављуд аст.

   Заҳматњои Бобизода Ѓ.М. дар ин соҳа қадр гардид. Соли 1999 лауреати конкурси Ихтироъкори бењтарини Тољикистон гардида, соли 2000 ѓолиби ин конкурс шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти  интелектуалї мушарраф гардид. 

   Бобизода Ѓ.М. дар баробари тадқиқотҳои илмї ба корҳои илмию методї ва педагогї низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба Бобизода Ѓ.М. аз љониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия унвони илмии профессор дода шуд. Худи ҳамин сол профессор Бобизода Ѓ.М. барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусї ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тољикистон интихоб гардид ва худи њамон сол (2004) бо унвони «Аълочии маорифи Тољикистон» ќадрдонї карда шуд.Солњои 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур кор кард. Аз соли 2006 Бобизода Ѓ.М. профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї мебошад.

   Дар соли 2013 Бобизода Ѓ.М. дар мавзўи «Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка» бо ихтисоси 14.04.02–химияи фарматсевтї, фармакогенезия рисолаи дуюми докторї ҳимоя намуда, сазовори дараљаи илмии доктори илмҳои фармасевтї низ гардид.  Профессор Бобизода Ѓ.М. инчунин дар ташкил ва инкишофи соҳаи дорусозї, назорати сифати маводи доруворї дар Љумҳурии Тољикистон низ саҳми босазое дорад. Аз соли 2000 ба Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї гузашт ва солњои  2007-2015 дар вазифаи раиси Кумитаи фармакологии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасефтї фаъолият намуд. Ба  гирифтани унвони «Аълочии тандурустї» соли 2009 мушарраф гардид. Бобизода Ѓ.М. аз соли 2005 узви Ҳизби халқї демократии Тољикистон мебошад.

     Бобизода Ғ.М. 30 марти соли 2018 ба Қарори раёсати Академияи таҳсилотиТоҷикистон узви пайваста(академик)-и Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид.      

                                             

 ФАЪОЛИЯТИ ИЛМЇ

       Фаъолияти илмии академик Бобизода Ѓ.М. басе домандор аст, ки аз он таълифоти сершумори илмии ў шаҳодат медиҳад. Академик Бобизода Ѓ.М. муаллифи зиёда аз 304 кори илмї, аз он љумла 45 кори илмию педагогї мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштањои химияи органикї, биохимия, фармакология ва педагогика бањои баланд гирифтаанд. Тањти роњбарии Бобизода Ѓ.М. 6 нафар рисолаи номзадї њимоя карданд. Чуноне, ки дар боло қайд карда будем, тадқиқотҳои илмии профессор Бобизода Ѓ.М. ба яке аз шохаҳои душвори химияи органикї-синтези нозуки химиявї мансуб аст. Ин тадқиќотҳои пурмоя услубҳои ҳосил намудан ва омўхтани хосиятҳои биохимиявии пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти масуниятии қатори тимопоэтин, тимозин ва бурсин ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳоро дар бар мегирифтанд.

       Дар доираи ин пажўҳишҳо масъалаҳои зерини илмї ҳал карда шуданд:
- хусусият
ҳои сохтории тимопоэтин ва ҳаммонандҳои маркази фаъоли молекулааш  омўхта шуданд;

-усулњои судманди синтези пептидњои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол, ки дорои фаъолияти тимозин 1, тимопоэтин ва бурсин мебошанд, таҳия шуданд ва бо ин усулҳо пептидҳои хурдмолекулаи мазкур синтез карда шуданд;

- фаъолияти ба ангезиш овардани масуният доштани пептидҳои синтез кардашуда чї дар invitro ва чї дар invivo омўхта шуданд;

-қонуниятҳои биохимиявие муайян карда шудаанд, ки доштан ё надоштани фаъолияти масуниятии пептидҳои синтез кардашударо шарҳ медиҳанд;      

- услубҳои ҳосил намудани пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол, пайвастагиҳои комплексии пептидҳои синтез кардашудаи    хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол бо металњои аз назари биологї фаъол чун оњан, руњ, кобалт, платина ва нуќра таҳия карда шуданд;               

-фаъолияти масуниятии пайвастагиҳои биокоординатсионии  синтезкардашуда омўхта шуданд;     

- дар асоси пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо бо металлњои аз назари биологї маводи доруворї таҳия ва хосиятҳои фармакологї ва биологии онҳо омўхта шуданд.

     Дар натиљаи ин тадқиқотҳо чандин навовариҳои илмї, ки дорои аҳамияти калон мебошанд, ба даст омаданд:

- як қатор дипептидҳои триптофандор, ки ба маркази фаъоли молекулаҳои тимопоэтин ва бурсин ҳаммонанданд ва пайвастагиҳои иокоординатсионии онҳо бо ионҳои руҳ, оҳан (II), мисс (II) ва нуқра (I) ҳосил кардашуданд; 

- дар байни фаъолияти масуниятии ҳаммонандҳои тимопоэтин ва тағйирот дар сохтори дуюмаи қисми маркази фаъоли молекулаи тимопоэтин ҳангоми иваз намудани аминокислотаҳо алоқамандї муќаррар карда шуд, ки барои дарёфтиҳаммонандҳои мазкури тимопоэтин мусоидат намуд;

- нишон дода шуд, ки дар натиљаи координатсия бо ионҳои металҳо фаъолияти масуниятии дипептидҳои триптофандор зиёд мешавад;
- нишон дода шуд, ки дору
ҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо таҳия кардашуда, дар истифодаи якљоя бо ваксинаҳо дараљаи аксуламали ҳуморалии масуниятро дар ҳайвонот ва паррандагон зиёд мекунанд, дар истифодаи якљоя бо доруҳои химиотерепевтї муддати муолиљаи бемориҳои гуногуни ҳайвонот ва паррандагонро кам намуда, самаранокии онро зиёд менамояд;

- нишон дода шуд, ки доруҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо ҳангоми муолиљаи бемориҳои гуногун муддати муолиљаро кам намуда, самаранокии муолиљаро афзун мекунанд, нишондодҳои масуниятии ҳолати организмро ба эътидол меоранд;

-механизми имконпазири иштироки доруҳои таҳиякардашуда дар љараёни танзими љавоби масуниятї нишон дода шуд. Марҳилаи ибтидої дар љавоби масуниятї фаъолшавии љараёнҳои метаболї дар сатҳи амалиёти сафедаҳои каталитї мебошад, ки ба ҳосилшавии унсурҳои сохтории зидди љисмҳо тақвият мебахшад.

       Дар қатори ин тадқиқотҳои пурарзиш инчунин пажўњишњо дар риштаи омўзиши хосиятҳои оби электрофаъол ва таъсири он ба фаъолияти хоси пайвастагињои координатсионии аминокислотањо ва пептидњои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол бо металлњо зикршуда омўхта анљом дода шуданд.

                                                           ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГЇ

      Солњои тулониест, ки академик Бобизода Ѓ.М. ба таълими курсњои гуногуни кимиё дар макотиби олии љумњурї машѓул аст. Дар баробари ин фаъолияти амалї дар самтҳои гуногуни педагогика тадқиқотҳои илмию методї низ анљом медиҳад.

      Таълифоти академик Ѓ. Бобизодаро дар соҳаи педагогика шартан ба 4 гурўҳ људо намудан мумкин аст:

1) таҳияи барномаҳои таълимї барои факултаҳои химияи мактабҳои олї;

2) таълифи китобҳои дарсї барои мактабҳои миёна ва олї;

3) баъзе масъалаҳои педагогикаи хусусї;

4) баъзе масъалаҳои умдаи педагогї.

        Академик Бобизода Ѓ.М. дар таҳияи барномањои таълимии зерини факултаи химияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон саҳм гирифтааст: «Таҳлили пайвастагиҳои органикї (курси махсус), «Химияи биологї», «Методикаи таълими кимиё», «Таърих ва методологияи кимиё», «Усули истифодаи воситаҳои дидорї ва шунидорї ҳангоми омўзиши кимиё»,«Методҳои омўзиши кимиёи саҳеҳ»,«Проблемаҳои актуалии кимиё», «Беҳтарин раванди омўзиши кимиё», «Таълимиқоидањои кор дар озмоишгоҳи кимиёвї», «Методҳои ҳалли масъалаҳо», «Корҳои берун аз синф аз кимиё».

        Академик Бобизода Ѓ.М. дар навиштани китоб ва дастурҳои таълимї низ даст доранд. Ў яке аз муаллифони китоби дарсии химия барои синфи 11-и муассисањои тањсилоти умумї, 2 дастури таълимї рољеъ ба тањлилњои фармасевтї мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ворид намудани навовариҳои намоён ба китоби дарсии химия барои синфи 11-и муассисањои тањсилоти умумї саҳми профессор Бобизода Ѓ.М. ҳалкунанда аст. Дар мавриди 2 дастури таълимї рољеъ ба тањлилњои фармасевтїҳаминро зикр кардан кифоя аст, ки таълифи ин дастурҳои таълимї бо ташаббус ва роҳбарии ў анљом дода шуданд.

        Дар мақолаҳои илмию методии академик Бобизода Ѓ.М. роҳҳо ва усулҳои баланд бардоштани дониши математикии талабагон дар дарси химия бо роњи њал намудани масъалањои химиявї бо љалби усулњои гуногуни математикї пешниҳод шудаанд. Дар ин тадқиқотҳо чун дигар тадқиқотҳояш профессор Бобизода Ѓ.М.ҳалли аљоиби ба худ хосро пешниҳод менамояд. Яке аз ин гуна роҳҳо тадќиќотњо рољеъ ба истифодаи муодилањои диофантї дар њалли баъзе масъалањои химиявї мебошад.
    Бахши дигари ма
қолаҳои методию илмии профессор Бобизода Ѓ.М. ба масъалаҳои гуногуни педагогикаи хусусї ва умумї бахшида шудаанд.

                                         ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЧИГЇ

      Академик Бобизода Ѓ.М. боз қобилияти баланди ташкилотчигї низ дорад. Ў метавонад барои иљрои ин ё  он  кори илмї ё  фаъолияти педагогї, ё дар амал татбиқ намудани натиљаҳои тадқиқотҳои илмї олимону мутахассисони гуногунсоҳаро муттаҳид созад. Дар интихоб ва љо ба љо гузории кадрҳо басо нишонрас аст. Фаъолияти ташкилотчигии Бобизода Ѓ.М. ҳануз дар ташкили озмоишгоҳи материалњои ѓайриорганикї, сипас химияи амалї ва биотехнологї дар Фирмаи илмию тадқиқотии «Хайём» зоҳир гардид. Сипас ў тавонист, ки дар солњои авали Истиќлол (1992) Корхонаи хурди «Занд»-ро (аз соли 2000 инљониб Љамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Занд») ташкил ва ба он роҳбарї намояд.

     Саҳми академик Бобизода Ѓ.М. дар ташкили шуъбаҳои аттестатсия ва аккредитасияи озмоишгоҳҳои системаи тандурустї, шуъбаи экспертизаи њуљљатњои озмоишњои тодармонгоњї ва дармонгоњии маводи доруворї ва молњои тиббии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї ва ба низом даровардани коргузории онҳо калон аст. Чандин сол мудири кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон, сипас солҳои 2006-2007 декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур буд. Ҳамагон дар донишгоҳи мазкур ба он дар иттифоқанд, ки профессор Бобизода Ѓ.М. бо салиқаи ба худ хос роҳбарї менамуд ва факулта дар давраи роҳбарии ў ба дастовардҳои намоён ноил гардиданд. Солҳои 2005-2007 раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқї демократии Тољикистон дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї буд. Дар ин давра профессор Бобизода Ѓ.М. тавонист теъдоди аъзои ташкилотро ба беш аз 100 нафар расонад ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур бо низоми кор ва фаъолияти сиёсию љамъиятї дар байни 10 ташкилоти беҳтарини ҳизбии ноҳиявї љой гирифт. 

       Бояд иқрор шуд, ки академик Бобизода Ѓ.М. роҳбарии кадом як сохторро ба ўҳда гирад, ҳамавақт тамоми вазифаҳояшро бо нозукї иљро намуда, ба иљрои мақсадҳои гузоштааш комёб мегардад.

     Бобизода Ѓ.М. аз соли 2015 президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, сармуњаррири маљаллаи «Паёми Академияи тањсилоти Тољикистон (аз соли 2015) мебошад.

Дараљаи илмї: доктори илмњои биологї, доктори илмњои фармасефтї

Номи пурраи рисолаи номзадї ва рисолањои докторї:

                                        Рисолаи номзадї

«Синтез и структурно-функциональное исследование иммунноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина и бурсина», специальность «органическая химия», соли 1996

                                       Рисолањои докторї

«Синтез и биологические свойства низкомелекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений, специальность «биохимия» и формокология», соли 2000

«Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка, специальность «формацевтическая химия, фармокогнозия», Москва, 2012

Унвонњои илмї: Профессор, Москва, 2004, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, соли 2004, академики Академияи тањсилоти Тољикистон 30 марти соли 2018.

                         Китоб ва дастурњои методии чопшуда:

1.  Нишондодњои методї доир ба кимиёи узвї.- Душанбе, 1997, -80 с.

2.  Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (дастури методї).-Душанбе, 2006, 132с.

3. Иммуноактивные пептиды  и их координационные соединения в медицине.- М.,2009.- 228 с.

4. Руководство по физических и физико-химических методам  фармацевтического анализа ( дастури таълимї-методї).-Душанбе 2009, 315с.

5.  Китоби дарсии «Химия» барои синфи 11, Душанбе, 2011,229 с.

6. Асосњои кимиёвї ва биологии экология.- Душанбе. Ирфон, 2014- 240 с.

7. «Химия» дастури методї (дар њаммуаллифї).-Душанбе.-2017, 172 с.

Мукофоту љоизањо:

Лауреати озмуни «Ихтироъкори бењтарини Љумњурии Тољикистон». Душанбе  соли 1999

Љоизадори медали тиллои Созмони байналмилалии моликияти интеллектуалї. Душанбе, соли 2000

Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, соли 2004

Аълочии тандурустии Тољикистон, соли 2009

Бобизода Ѓ.М. феврали соли 2016 бо медали љашнии 20-солагии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон ва соли феврал 2017 бо медали љашнии 20-солагии Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон  сарфароз  гардидааст.

 Муњимтарин дастовардњои илмї ва ихтироъоти академик Бобизода Ѓ.М.

-самти нави илмї кашф шуд: њосил намудан ва омўхтани хосияти аз назари биологї фаъоли пайвастањои координатсионии пептидњои хурдмолекулаи аз назари масуният фаъол бо ионњои биометаллњо;

- тањияи доруи танзимгари масуният тимогар;

- тањияи доруи танзимгари тимофер;

- тањияи доруи танзимгари тимотсин;

- «Способ получения иммуностимулирующего препарата ферунол». Патент Республики Таджикистан № TJ227, приоритет 24.04.1998

- «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимофер». Патент Республики Таджикистан № TJ255, приоритет 28.04.1998

- «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимоцин». Патент Республики Таджикистан № TJ282, приоритет 08.05.1998

- «Способ получения иммуностимулирующего препарата тимогар и его состав». Патент Республики Таджикистан № TJ283, приоритет 23.10.1998

- «Способ лечения чесотки». Патент Республики Таджикистан № TJ299, приоритет 18.12.1998

- «Способ вакцинации птицы против колибактероза и стафилококкоза. Патент Республики Таджикистан № TJ 304, приоритет 16.01.1999

- «Способ стимуляции иммунитета у крупного рогатого скота при иммунизации против тейлериоза». Патент Республики Таджикистан № TJ 305, приоритет 25.06.1999

- «Способ лечения псариаза». Патент Республики Таджикистан №TJ 382, приоритет 27.01.1999

- «Способ получения тимопентина».Патент Республики Таджикистан № TJ 453, приоритет 19.10.2006

      Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 17.03.2019


ЁДБУД

 САНАИ 15-УМИ МАРТИ СОЛИ 2019 АКАДЕМИК ЌОДИРОВ ЌОДИР БОЗОРОВИЧ (15.03.1951-24.07.2018) БА СИННИ 68 МЕРАСИДАНД.  

 

     Ќодиров Ќодир Бозорович -доктори илмњои педагогї (2000), профессор (2009), узви вобастаи АТТ (2005), узви пайвастаи АТТ(2012), Аълочии маорифи Тољикистон (2002).  Ќодиров Ќ.Б. хатмкардаи факултети шарќшиносии УДТ ба номи В. И. Ленин(1973), академики Академияи тањсилоти Тољикистон (2014). Ќодиров Ќодир Бозорович  солњои 1973-1975 дар Љумњурии Исломии Эрон ба сифати тарљумон, сипас муаллими калони ИДПК ба номи А. Рўдакї(1975–1979) фаъолият намудааст. Хизмат дар сафњои Армияи Шўравї (1979–1982). Аспиранти ИДПД ба номи Т.Г.Шевченко(1983–1986), муаллими калон, мудири кафедраи педагогикаи таълими ибтидоии ДДК ба номи А.Рўдакї(1987–1994) ва ходими калони илмии ДДОД ба номи Ќ.Љўраев (1994–1996), мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори идораи мактабњои олї ва миёнаи махсус, сардори раёсати кадрњо ва корњои махсус, сардори идораи мактабњои олї ва миёнаи махсуси ВМ ва илми ЉТ (1996–2006), ноиби аввали ректори Донишкадаи иќтисодии Тољикистон оид ба таълим (2006-2011). Ноиби президенти Академияи тањсилоти Тољикистон (2011-2015). Аз соли 2015 то 24.07.2018сардори шуъбаи АТТ.

       Ќодиров Ќ.Б. ба сифати намояндагї аз Вазорати маорифи ЉТ иштирокдори якчанд конфронсу семинарњои байналмилалї дар љумњурињои Ќирѓизистон (1991), Ќазоќистон (1998), Ўзбекистон (2001), Япония (2002), Хитой (2005), Туркия (2009) оид ба масъалањои низоми кредитии тањсилот, идоракунии муассисањои тањсилоти олї, маблаѓгузории сарикасии муассисањои таълимї, њифзи њуќуќи кўдакон буданд ва бо маърўзањои илмї баромад намудааст.

       Профессор Ќодиров Ќ.Б. аз соли 2002 инљониб узви Шўроњои дифои рисолањои докторї ва номзадии Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, Пажўњишгоњи рушди маориф ва Академияи тањсилоти Тољикистон аз рўи ихтисоси 13.00.01–педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот (илмњои педагогї), инчунин муовини раиси Шўрои њамоњангсозии мавзўъњои илмї-тањќиќотии илмњои педагогї мебошад. 

         Кор дар вазифањои масъули соња, аз љумла дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон имкон дод, ки академик Ќодиров Ќ.Б. дар тањия намудани њуљљатњои муњими соњаи маориф сањм гузорад. Ў дар тањия намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи маориф”, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи тањсилоти касбї ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимї”, Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2017”ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маориф фаъолона иштирок намудааст.

          Академик Ќодиров Ќ.Б. муаллифи 8 монографияи илмї, китоби дарсии“Забони тољикї”барои донишљўёни факултетњои ѓайрифилологии мактабњои олї ва муаллифи зиёда аз 120 маќолањои илмию методї ва оммавї мебошад. Тањти роњбарии ў зиёда аз 20 нафар рисолањои номзадї ва докторї дифоъ намуданд.

       Асару маќолањои зиёди академик Ќодиров Ќ.Б. ба пањлуњои гуногуни илми педагогикаи муосир, инкишофи соњаи маориф дар солњои истиќлолият, ворид намудани технологияњои нави иттилоотию коммуникатсионї ба љараёни таълиму тарбия дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, муассисањои тањсилоти ибтидої, миёна ва олии касбї, амалї намудани низоми кредитии тањислот, зарурати гузариш ба низоми нави бањогузорї ба дониш, мањорат, ва малакањои хонандагон ва ѓайра бахшида шуданд.

         Агар дар тањќиќоти бунёдии ў “Таърихи тарбия аз ањди бостон то замони Сомониён”. -Душанбе: Матбааи Вазорати маорифи ЉТ. -2012.–240 с., “Масъалањои таълиму тарбия аз ањди бостон то ба баъд” барои муайян намудани роњу усули тарбия мавриди баррасї ќарор гирифта бошанд, дар монографияи дигари ў “Дирўз ва имрўзи маорифи Љумњурии Тољикистон”.– Душанбе: Маориф, 2012 дастовардњо ва камбудињои низоми маорифи љумњурї, инчунин дурнамои инкишофи маорифи љумњурї тањлил ва баррасї гардиданд.     

        Академик Ќодиров Ќ.Б. ањамияти ворид намудани технологияњои нави иттилоотї ва коммуникатсиониро ба љараёни таълиму тарбияи донишљўён дар асараш “Љанбањои дидактикии истифодаи технологияњои иттилоотї дар мактаби олї”. –Душанбе, 2006, тањќиќ намудааст. Ин асар аз як тараф маљмўи шароитњои дидактикии истифодаи самараноки воситањои иттилоотиву коммуникатсиониро дар раванди таълими муассисањои олии касбї ба низом дароварда, љамъбаст менамояд. Аз тарафи дигар тамоми воситањои иттилоотиву коммуникатсионии таълимиро дар як низоми ягона алоќаманд менамояд.
   Дар баробари ин масъалањои таъмини методии иштирокдорони раванди таълим дар муассисањои тањсилоти олї дар асар мавриди баррасї ќарор дода шудааст.  

          Омўзиши таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тољикон низ таваљљуњи профессор Ќ.Б. Ќодировро љалб намудааст. Ин масъалањо дар асарњои ў “Таълимоти маорифпарварї дар таърихи афкори иљтимоии халќи тољик”.– Душанбе, 2006, “Афкори тарбиявии њамасрони Рўдакї”.- Душанбе, ДИТ, 2008 ва “Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тољикон аз замонњои ќадим то зуњури ислом”.– Душанбе: Ирфон,1988 мавриди тањќиќу омўзиш ќарор гирифтанд.  Аз љумла дар рисолаи ў “Таърихи тарбия аз ањди бостон то замони Сомониён”(Душанбе, 2012, 240 сањ.) аз ќаъри анбўњи донишњои гузаштагон мањз марворидњоеро ба гунаи ганљи нодир ба риштаи тањќиќ кашидааст, ки дар тарбияи насли башар сањим њастанд. Китоби мазкур як навъ рисолати иршод ва рањнамоеро ба уњда гирифтааст.

    Профессор Ќодиров Ќ.Б. њар як давраро берун аз раванди умумии инкишофи он, сањењтараш, дар шакли даврањои алоњидаи ба њамдигар иртиботнадошта мавриди баррасї ќарор медињад. Аз њамин боис бисёр масъалањо на танњо ба давраи тозардуштї, балки ба давраи њахоманишинї ва хусусан ба айёме, ки онњоро аз давраи Сосонињо људо мекунад тааллуќ дорад. Муњаќќиќи пуркор дар асараш ба хулосае омадааст, ки тарбия дар “Авасто” ду самт дорад: самти теосентристї ва антропосентристї, ки инсонро мавриди таваљљуњ ќарор медињад. Муаллиф дар китобаш њаёти сиёсї, фарњангї ва вазъи таълиму тарбия дар давраи њахоманишињоро баъди тавзењи мухтасари вазъи сиёсиву фарњангї, ба пажўњиш кашидааст.

      Дар маљмўъ, ин рисолаи муњаќќиќи шинохта пажўњиши арзандаву мондагор дар тањќиќи сањфањои норўшани афкори педагогии ниёгон ва дастури муњиме барои донишљўён, мактабшиносон, ањли илму маориф шуда метавонад. Маќолањои зиёди ў оид ба масъалањои низоми кредитии тањсилот, ислоњоти соњаи макориф, дастовардњо ва мушкилоти он дар сањифањои маљаллањои илмию методии соњавї  ба  табъ расиданд.

     Академик Ќодиров Ќодир Бозорович роњбари гурўњи озмоишї оид ба гузариш ба низоми нави бањогузорї ба дониш, мањорат ва малакањои хонандагон буда, бо маърўзаю гузоришњои зиёди илмї дар конференсияњои байналмилалї ва љумњуриявї баромад мекард.  

  Ањамияти таълими забони давлатиро дар тарбияи хештаншиносї, худогоњї ва њуввияти миллии донишљўёни мактабњои олї ба назар гирифта, дастури таълимии “Забони тољикї”-ро Ќодиров Ќ.Б барои донишљўёни факултањои ѓайрифилогии мактабњои олї” тањия намуда, соли 2014 ба табъ расонид. Дастури мазкурро устод бо дарназардошти ањамияти масъалаи мазкур ва бо маќсади баланд бардоштани сатњи саводи хаттиву шифоњии донишљўёни факултетњои ѓайрифилологии мактабњои олии љумњурї бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон тањти раќами 5/8 аз 3.05.2001 “Барномаи забони тољикї барои гурўњњои тољикии факултањои ѓайрифилологии мактабњои олии љумњурї” тањия кардааст. 

     Узви пайвастаи Академияи тањсилоти Тољикистон Ќодиров Ќ.Б. бо вуљуди дар вазифањои масъул дар Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Донишкадаи иќтисодии Тољикистон ва Академияи тањсилоти Тољикистон фаъолият карданаш пайваста дар мактабњои олии љумњурї ба донишљўёну аспирантон аз фанњои назария ва таърихи педагогика, муќаддимаи педагогика, мањорати педагогї, психология ва забони тољикї дарс гуфтааст. 

   Хизматњои шоёни сермањсули академик Ќодиров Ќодир Бозорович аз љониби њукумати љумњурї, Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Академия тањсилоти Тољикистон муносиб ќардонї шудааст. Академик Ќодиров Ќ.Б. бо ифтихорномањои Шўрои Олии собиќ Иттињоди Шўравї, Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Академияи Илмњои Љумњурии Тољикистон,  Академияи тањсилоти Тољикистон, соли 2015 бо медали 10-солагии  Ќуввањои   мусаллањи  Љумњурии Тољикистон, соли 2016 бо медали 20-солагии Ќуввањои  мусаллањи Љумњурии Тољикистон, моњи феврали соли 2017 бо Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон ва моњи августи соли 2017 академик Ќодиров Ќодир Бозорович ба гирифтани унвони  "Корманди шоистаи Љумњурии Тољикистон" мушарраф гардида буд.

                  24 июли соли 2018 академик Ќодиров Ќодир Бозорович нобањангом аз олам чашм пўшид.

      Осор:

1.     Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тољикон аз замонњои ќадим то зуњури ислом, Душанбе, 1998;

2.     Тарбияи шахсият ва ташаккули сифатњои ахлоќї дар «Шоњнома»- и Фирдавсї, Душанбе, 2001;

3.     Таълимоти маорифпарварї дар таърихи афкори иљтимоии халќи тољик, Душанбе, 2006;

4.     Аспектњои дидактикии истифодаи технологияњои иттилоотї дар мактаби олї, Душанбе, 2006;

5.     Вожаномаи истилоњоти психологї, Душанбе, 2008;

6.     Афкори педагогии њамасрони Рўдакї, Душанбе, 2008;

7.     Дирўз ва имрўзи маорифи Љумњурии Тољикистон, Душанбе: Маориф, 2011;

8.    Таърихи тарбия аз ањди бостон то замони Сомониён, Душанбе: Маориф, 2012;

9.     Социально-экономические показатели наркомании//Вестник Академии образования Таджикистана, № 1/8, Душанбе ,2012 с 23-31;

10.  Необходимость и трудности системы и критерии оценивания знаний, умений и навыков // Маорифи Тољикистон, № 4 Душанбе, 2012 с 4-18;

11.  Педагогическая мысль предков таджиков в древности// Наука и инновация, №1-2, Душанбе, 2012.с 20 -28;

12.   Под национальным знаменем для реализации целей независимости // Маърифати омўзгор, №9-10, Душанбе 2013,с 23-26;

13.  История воспитания с древнейших времён до эпохи Саманидов. Душанбе, Маориф, 2012 -239 с;

14.Роль педагогические мысли арийских племен в развитии цивилизации современного мира/Сборник научных статей «Научно педагогические и технические достижения сферы образования в годы независимости» Душанбе: Маориф, 2009 с 51-59;

15. Распространение наркомании среди детей и подростков //Вестник Академии образования Таджикистана ,№2(4), Душанбе, 2013 с 29-37;

16.  Достижения и проблемы образования Таджикистана //Вестник Академии образования Таджикистана ,№2(13), Душанбе, с 78-90;

17. Нравственные идеи в религиозной учении Мир Сайида Али Хамадони/Сб.статьей посвященной 700-летию Мир Сайида Али Хамадони/ Душанбе,2014 с 17-21;

18.   Проблема семейного воспитания в творчестве Мир Сайида Али Хамадони //Вестник Академии образования Таджикистана//,№4, Душанбе, 2014 с 33-41;

19.   Нравственные идеи Мир Сайида Али Хамадони статьей посвященной 700 летию Мир Сайида Али Хамадони Душанбе, 2014 с 28-32;

20.  Учебное пособие для студентов нефилологических факультетов .Душанбе, 2014 -128с.;

21. «Тарњрезї ё борони санги маломат?!» (Љумњурият, 4 июли соли 2015,№136 (22698))

22.Роњњои тарбияи фарзандон ва ташаккули оила аз нигоњи Мир Сайид Али Њамадонї //Вестник педагогического университета, Душанбе 2015, №5-2 (66);

23. Тарбияи њуќуќї ва ањамияти он дар љомеаи муосир //Вестник педагогического университета, Душанбе 2015, №5-2 (66);

24. Тафсири Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» Душанбе, «Империал - групп», 2017 -272 с (дар њаммуалифї).

 

 

РУЊАТ ШОДУ ХОНАИ ОХИРАТ ОБОД БОД, УСТОДИ ЗИНДАЁД!

          Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 14.03.2019


 ТАБРИКОТ!

  10-уми МАРТИ соли 2019 рўзи мавлуди устоди гиромиќадр, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, проффессор БАНДАЕВ СИРОЉИДДИН ГАДОЕВИЧ аст!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон  ба муносибати РЎЗИ МАВЛУДАШ  устоди мењрубон, олими шинохтаи љумњурї БАНДАЕВ СИРОЉИДДИН ГАДОЕВИЧ ро самимона табрик меномоянд.

     

      Бандаев Сирољиддин Гадоевич (10.03.1945, дењаи Лољирк, ноњияи Тавилдара), кимиёшиноси маъруфи тољик, доктори илми кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон (2005), академики Академияи илмњои байналмилалии мактабњои олї (МАН ВШ) (2000), Корманди шоистаи Тољикистон (1998), барандаи Љоизаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар соњаи маориф (2012).

      Бандаев Сирољиддин Гадоевич соли 1962 мактаби миёнаи №7 ноњияи Шањритузро хатм кардааст. Солњои 1962-1970 дар шуъбаи химия-биологияи факултаи љуѓрофия ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе (ДДОД) ба номи Т.Г. Шевченко тањсил намудааст. Солњои 1970-1972 муаллими кафедраи химияи органикї ва биологии донишкадаи номбурда. Солњои 1972-1975 аспиранти Донишгоњи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов, 1976-1982 муаллими калон, 1982-1993 дотсенти кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгории пайтахт, 1989-1992 докторанти Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буд. Њамзамон солњои 1979-1980 декани факултети биология-химияи донишкадаи омўзгории пойтахт, 1980-1995 њамчун мудири кафедраи химияи органикї ва биологї, 1995-1998 муовини ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Ќ.Љўраев оид ба корњои илмї, 1998-2007 муовини ретори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї оид ба корњои таълимї, 2007-2008 муовини ректори донишгоњи номбурда оид ба корњои илмї кор кардааст. Аз соли 2008 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгорї мебошад. Солњои 1971-1972 дар Донишгоњи давлатии шањри Ленинград, 1978-1979 дар Донишгоњи шањри Лейпсиги Олмон ихтисоси худро такмил додааст.

Тўли зиёда аз 40 соли фаъолияти омўзгориаш дар таълиму тарбияи њазорњо мутахассисон барои соњаи маорифи љумњурї сањми арзишманди худро гузоштааст. Њамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараљаи илмї-методии раванди таълим хизмати бузурге кардааст. Ў аз химияи органикї ва синтези органикї ба донишљўёни ихтисосњои «Химия» ва «Химия-биология» лексия мехонад ва дарсњои амалї мебарад. Дарсњои профессор Бандаев С.Г. њамаваќт шавќовар ва пурмазмун мегузаранд, устод ба фаъолияти беруназдарсии шогирдон ањамияти калон медињад, пайваста онњоро ба корњои илмї ва мустаќилона љалб менамояд. Донишљўён тањти роњбарии ў борњо дар озмунњои илмї ва олимпиадањои љумњуриявию байналмилалї ѓолиб омадаанд. Дар њаммуаллифї бо донишљўён зиёда аз 20 маќолаи илмї дар маљаллањои љумњуриявї ва байналмилалї ба нашр расонидааст. Бандаев С.Г. муаллифи як ќатор китобњои дарсї барои донишљўён ва мактаббачагон мебошад (замимаи 1), онњо њоло китобњои рўимизии хонандагон, донишљўён ва муаллимон мебошанд. Аз љумла китоби «Химияи органикї» барои синфи 10 (Бандаев) аз рўи «Натиљањои экспертизаи љамъиятї оид ба сифати китобњои дарсии барои мактабњо тањсилоти умумї нашршуда» тибќи хулосаи экспертњо, муаллимон ва талабагон, миќдори аз њама зиёди холњоро дар байни китобњои дарсии табиатшиносї-математикї гирифт. Талабагон њангоми арзёбии китобњои дарсї бештар ба дастрасї ва оммафањм будани мавод, ба шавќовару диќќатљалбкунанда будани услуби баёни он, ањамияти омўзиши фанни омўхташаванда дар њаёти њамарўза, гуногун будани супоришњо ва ѓайра диќќат додаанд. Аз рўи ин меъёрњо китоби «Химияи органикї» (муаллиф С.Бандаев) барои синфи 10 бењтарин китоби дарсї дониста шудааст.

Кафедраи химияи органикию биологї, ки солњои 1980-1995 роњбарии онро профессор Бандаев С.Г. ба уњда дошт, яке аз фаъолтарин кафедрањои тахассусии Донишкада ба њисоб мерафт ва ба натиљањои назарраси илмї ноил гардида буд. Соли 1982 ду нафар шогирдони Бандаев С.Г. дар озмуни корњои илмии донишљўёни ИЉШС (ш.Ленинград) сазовори љои дуюм гардида, бо Дипломи Вазорати маълумоти олї ва миёнаи махсуси ИЉШС мукофотонида шуданд, ки ин бењтарин дастоварди донишљўёни Љумњурии Тољикистон дар соњаи илмњои табиатшиносї буд. Солњои 1980-1990 устодони кафедра дар њалли Барномаи комплексии илмию техники (КНТП)-и Љумњурии Тољикистон («Коррозия») ва ду Барномаи комплесии илмию техникии ИЉШС («Реактив» ва «Тонкий органический синтез») сарбаландона иштирок намуданд. Соли 1986 кафедра бо дастовардњои илмиаш дар ВДНХ-и ИЉШС иштирок намуда, сазовори ду медали нуќра ду медали биринљї гардид. Донишкада бо Дипломи ВДНХ-и ИЉШС ва ду нафар донишљў бо шањодатномаи иштирокчии ВДНХ сазовор гардиданд. Тањти роњбарии профессор Бандаев С.Г. дар озмоишгоњњо кафедра тайёр ва дифоъ кардани рисолањои номзадї ва докторї ба роњ монда шуд. Базаи моддї - техникии кафедра ташаккул ёфт. Бо назардошти ин пешравињо солњои 1985-1990 Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе аз љониби Вазорати маълумоти олї ва миёнаи махсуси ИЉШС њамчун базаи ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи умумииттифоќї «Донишљў ва прогресии илмї-техникї» аз химия тасдиќ гардида буд. Раиси њакамони ин олимпиада, бо фармони Вазири маълумоти олї ва миёнаи махсуси ИЉШС профессор Бандаев С.Г. таъин гардида буд, ки ин аз обрўю эътибори Донишкада ва кафедра дар арсаи ИЉШС шањодат медињад.

Њамчун муовини ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї оид ба илм (1985-1997 ва 2007-2008) ва оид ба таълим (1997-2007) профессор Бандаев С.Г. барои љалб намудани љавонони лаёќатманд ба аспирантураву докторантура, сафарбар намудани омўзгорони варзида ба тањияи китобњои дарсї (барои мактабњои олї ва тањсилоти њамагонї), такмили раванди таълим дар донишгоњ, аз љумла гузаштан ба таълими бисёрзинагї ва амалї гардонидани он дар факултањо, муайян намудани мазмуну мундариљаи таълим барои ихтисосњои омўзгорї, навиштани барномаву наќшањои нави таълимї барои зинањои бакалавр, мутахассис, магистр ва коллељњои омузгорї хизмати арзанда кардааст.

Тадќиќотњои илмии профессор Бандаев С.Г. ба омўхтани ќонуниятњои (ќобилияти реаксионї, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанњо бо намакњои симоб (II) ва модификатсияи мањсулотњои реаксия ба пайвастагињои алкиларилї ва гетеросиклии бисёрфунксионалї бахшида шудаанд. Дар натиљаи тадќиќоти бисёрсолааш усули њосил кардани як силсила спиртњо ва эфирњои γ-мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда  роњњо ва наќшањои нави истифодаи синтетикии онњоро нишон додааст. Муаллифи 2 рисола, 5 китоби дарсї, 6 воситаи таълимї, 5 дастурњои методї  ва зиёда аз 250 маќолаи илмї, илмї-методї ва илмї- оммавї  ва тањиягари «Стандартњои давлатии тањсилоти олии касбї» аз рўи ихтисосњои омўзгорї мебошад. Иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш.Москва (1986) ва ш. Коњира (1992) буд, дар як ќатор анљуману конференсияњои љумњуриявї, минтаќавї, умумиитифоќї ва байналхалќї бо мавзўъњои илмї маърўза намудааст.

Сирољиддин Бандаев дар тарбияи дањњо мутахассисони баландихтисоси илмї-таълимї сањми арзанда дошта, тањти роњбарии ў 10 нафар унвонљўён рисолаи номзадї тањия ва дифоъ намудаанд. Солњои тўлонї аъзои Шўрои илмї-методии собиќ Вазорати макотиби олии ИЉШС ва Љумњурии Тољикистон оид ба кимиё, кумитаи тадорукоти олимпиадаи умумииттифоќии (ИЉШС) мактаббачагону донишљўён оид ба кимиё буд. Айни њол раиси Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои номзадї аз рўи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аъзои Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои докторї ва номзадии Институти химияи АИЉТ, раиси гурўњи коршиносони Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон оид ба химия мебошад.

    Барои хизматњои шоёнаш бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тољикистон», нишонњои ифтихории «Аълочии маорифи Тољикистон», «Аълочии маорифи ИЉШС», дипломњои КМ ВЛКСМ, Вазорати мактабњои олии ИЉШС (1983 ва 1990), КМ ЛКСМ Тољикистон ва Вазорати мактабњои олии РСС Тољикистон (1982 ва 1985), ВЦСПС (1986), инчунин иштирокдори ВДНХ-и ИЉШС буда, бо «Медали биринљї» сарфароз шудааст Шоёни тањсин аст, ки Шўрои роњбарикунандаи муњаррирони Пажўњишгоњи биографии Амрико ўро бо «Медали фахрии Амрико-2003» ќадр кардааст.

 Эй дӯсти азиз ҷашни зодрӯз муборак,

Ин рӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодрӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат нур пошад, эй дўст!

               Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 10.03.2019




                                         

        Аз соли 2010 рӯзи 8-уми март бо хати сурх нишон дода шуда, дар кишвар рӯзи таътил аст. 

       То моҳи марти соли 2009  8-уми мартро дар Тоҷикистон ба унвони “Рӯзи озодии занон” ё “Рӯзи байнулмилалии занон”, ки аз Шӯравӣ ба мерос монда буд, таҷлил мекарданд. Аммо 6-уми марти соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ҳаштуми мартро рӯзи модарон эълон карданд ва гуфтанд, ки ин иқдом “бо ҳадафи бузургдошти зан-модар ва офарандаи ҳаёт” гирифта шудааст. 

                       

ТАБРИКОТ!

  Муҳтарам модарон, занону гулдухтарони азизу дилоро!
Ба Шумо Иди модарон, ки ҳамасола санаи 8-уми март ҷашн гирифта мешавад, муборак гуфта, бароятон саодатмандӣ, саломатии бардавом, умри дарози пурбаракатро аз парвардигори олам хоҳонем.

Бигузор то идҳои дигар хушҳолу хушбахт бошед ва бо ҷигарбандони худ дар ободии оилаву ватани худ фаъол бимонед. 

****

Биҳишт, эй ҳамдилон, зери қудуми модарон бошад,
Ҳама дарди ҷаҳон дар қалби модарҳо ниҳон бошад.
Дуъои ҷони фарзандаш кунад дар ҳар ибодат ӯ,
На дар фикри ғами дунё, на дар моли ҷаҳон бошад.


 ИД МУБОРАК, МОДАРОН, ХОЊАРИ АЗИЗ, ЊАМКОРОНИ МЕЊРУБОН!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон.    07.03.2019


   ТАБРИКОТ!

 7-уми МАРТИ соли 2019-ум РЎЗИ МАВЛУДИ  њамкори муњтарама, сармуњосиби Академияи тањсилоти Тољикистон САИДОВА СУРАЙЁ аст!

 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва њамаи ҳамкорон бонуи мењрубон, САИДОВА СУРАЙЁро  бо муносибати РЎЗИ МАВЛУДАШ   самимона табрик меномоянд.

 

*** 

Толеъи накўи бемисолат хоҳем,

Иқболу хушӣ дар ҳама ҳолат хоҳем.

Хушбахтиву фирузиву ҳам барноӣ,

Эй дўсти азиз дар ҳама ҳолат хоҳем.

  ***

Рӯзи мавлудат муборакбод, гӯён ин дуо,

Аз Худои меҳрубони хеш кардем илтиҷо.

Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,

Ишқ бошад ҳамрадифи зиндагиат доим

 ***

Эй дўсти азиз ҷашни зодрўз муборак,

Ин рўзи хучаставу дилафрўз муборак.

Муборак зодрўзат бошад эй дўст,

Ситора бар сарат гул пошад эй дўст.

  ***

Ҳамеша шодмону хушнаво бош,

 Барои дўстон обу ҳаво бош.

Бихоҳем сарбаландӣ байни ёрон,

Ба умри сад ба мо ҳамчун даво бош!  

  

ЗОДРЎЗ МУБОРАК, ХОЊАРИ АЗИЗ, ЊАМКОРИ МЕЊРУБОН!

 Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон.    07.03.2019


        ЁДБУД.     5-УМИ МАРТИ СОЛИ 2019 АКАДЕМИК ЗУБАЙДОВ У.З. БА СИННИ 80 МЕРАСИДАНД! 

             (05.03.1939-17.12.2017)

Сањми академик Убайд Зубайдов дар рушди педагогикаи миллї

(ба ифтихори 80-солагии доктори илмњои педагогї, академики АТТ, профессор Убайд Зубайдов)

Корманди шоистаи Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор, академики Академияи тањсилоти Тољикистон Убайд Зубайдов 5 марти соли 1939 дар дењаи Томчии хољагии Гулистони ноњияи Вањдати Љумњурии Тољикистон дар оилаи дењќон ба дунё омадааст.

Убайд Зубайдов баъди хатми муассисаи тањсилоти асосї соли 1953 ба омўзишгоњи педагогию тарбияи љисмонии ноњияи Вањдат дохил шуда, онро соли 1957 бо бањои аъло хатм мекунад. Худи њамон сол ба факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи педагогии ба номи Т. Г. Шевченко (њоло Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї) дохил шуда, онро соли 1962 бо дипломи аъло хатм менамояд. Убайд Зубайдов ба аспирантураи маќсаднок дохил шуда, як сол пеш аз муњлат, яъне соли 1969 дар мавзўи «Сафедањои донањои чойљуворї» рисолаи номзадї дифоъ кардааст.

Солњои 1962-1966 ба њайси мудири шуъбаи кор бо донишљўён ва љавонони Кумитаи марказии комсомоли Тољикистон ва муаллими кафедраи химияи умумии Институти хољагии ќишлоќи Тољикистон, 1966-1969 аспиранти кафедраи химияи умумї, 1969-1970 муаллими калон, 1970-1971 мудир ва аз с. 1973 дотсенти кафедраи химияи органикї ва биологї, 1971-1976 декани факултети табиатшиносию география, 1976-1991 декани факултети биологияю химия, мудири кафедраи методикаи таълими химияи ДДОТ ба номи С. Айнї, солњои 1991-1996 корманди калони илмї ва мудири лаборатория, 1996-2002 љонишини директор оид ба корњои илмї, 2002-2005 директори Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон (АТТ) фаъолият кардааст. Аз соли 2005 мудири шуъбаи муассисањои тањсилоти умумии АТТ. Њамзамон аъзои Шўроњои илмии ДДОТ ба номи С. Айнї, АТТ, љонишини раиси Шўрои диссертатсионии ДДОТ оид ба методикаи таълими химия ва биология, аъзои Шўрои диссертатсионии АТТ, узви њайати тањририяи маљаллањои «Маърифати омўзгор», «Паёми ДДОТ», «Паёми АТТ», узви Шўрои куњансолони Њаракати љамъиятии Тољикистонро низ ба дўш дошт. Мавсуф дар тањияи наќшањои таълим, барномањои таълими химияю биология, китобњои дарсї ва дастурњои методї фаъолона ширкат варзидааст. Аввалин барномаи таълими тафриќа, монография, китобњои дарсию дастурњои методии марбути он ва консепсияи маълумоти химияю стандарти давлатии маълумоти фанни химия ба ќалами Зубайдов У. мансуб аст.

Академик У. Зубайдов њамчун муњаќќиќ дар доираи фанњои биологї (химияи биологї) рисолањои илмию корњои назарии фаровоне таълиф кардааст. Баъзе маќолањои илмии ў дар кишварњои дунё – Россия, Олмон, Чехославакия, Руминия, Туркия ба табъ расидаанд. Навоварии олим Убайд Зубайдов аллакай дар тањќиќотњои солњои 70-уми ќарни ХХ анљомдодааш ба назар мерасад. Инро метавон дар мисоли мазмуну мундариљаи ду рисолаи илмиаш «Тараќќиёти химияи полимерњо» ва «Химия ва биохимияи сафеда» исбот кард. Бояд гуфт, ки дар он давра проблемаи омўзиши полимерњо ва сафеда аз љумлаи самтњои муњими илми химия ба шумор мерафт. Даст задан ба тањќиќи ин проблемањои бунёдии биохимия аз ќобилияти баланди ў дарак медињад. Рисолаи «Витаминњо ва пайвастагињои фаъоли биологї», ки соли 1996 рўи чопро дидааст, натиљаи тањќиќоти тўлонї ва навоварии ин олими химияшинос буда, он сањифаи навест дар соњаи химияи биологии тољик...

Солњои баъдї таваљљуњи ўро як соњаи тањќиќнагаштаи илми педагогика - таълими тафриќа ба худ љалб кардааст. Ин буд, ки соли 1999 Убайд Зубайдов дар мавзўи «Асосњои назарї ва амалияи таълими тафриќа дар мактабњои Љумњурии Тољикистон» рисолаи докторї њимоя карда, заминаи асосиро гузошт ва барои тањќиќоти пањлуњои гуногуни он фарзияњои даќиќи илмии хешро баён дошт.

Бояд таъкид кард, ки тањќиќоти анљомдодаи У.Зубайдов дар доираи фанни химия сурат гирифтааст, яъне тањќиќотњои анљомдодаи ў њам ба илми химия ва њам ба соњаи педагогика иртибот доранд.

Фаъолияти илмию педагогї, љасурї, ќавииродагї, навоварї, пухтакорї ва фидокории академик Убайд Зубайдов дар солњои Истиќлолияти давлатии Љумњурии Тољикистон баръало ошкор гардида, натиљањои назаррас ба бор овардааст, ки он, пеш аз њама, ба соњаи маориф ва муассисањои тањсилоти миёнаи умумї равона карда шудааст. Таълими тафриќа ва татбиќи он дар муассисањои тањсилоти умумии кишвар дар рисолањои калонњаљми илмии олим «Таълими тафриќа: проблема, мулоњиза, воќеият» ва «Тафриќа-неруи пешбари таълим» инъикос ёфтааст. Олим дар рисолањои илмии худ моњияти таълими тафриќа ва бо назардошти таљрибаи пешќадами љањонї роњ ва воситањои татбиќи ин шакли ташкили таълимро дар муассисањои тањсилоти умумии Тољикистон исбот намудааст. Дар баробари ин, муњаќќиќ хуб дарк мекунад, ки дар ин марњала исбот кардану роњ нишон додани татбиќи таълими тафриќа, тањияи наќшаю барномањои марбутаи таълим њанўз кам аст. Барои њамин, ў дар татбиќи тањсилоти тафриќавї дар муассисањои тањсилоти умумии Тољикистон шахсан ширкат меварзад. Дар оѓози ин роњ, албатта, монеањои зиёд мављуд буданд, вале профессор Убайд Зубайдов бо истодагарию фидокории худ ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илм, сохторњои илмию методии он, ќисме аз мудирони шуъбањои маорифи шањру навоњї, сарварону омўзгорони муассисањои таълимї, тавонист натиљањои тањќиќоти худро оид ба таълими тафриќа дар амалия татбиќ намояд.

Таълими тафриќа яке аз намудњои самаранок ва сермањсули раванди таълим ба њисоб рафта, тавассути он амалњои таъсиррасонии бомаќсадро ба роњ мондан мумкин аст. Љорї кардани воситањо ва намудњои сермањсул дар таълими тафриќа аз љониби педагогњо ва психологњо имконият медињад, ки дар муддати кўтоњ ба сарфи оќилонаи ваќт самаранокии сифати таълим ба роњ монда шавад.

Мафњуми тафриќа тамоми кўшишњои ташкилї ё методиеро, ки барои ба њисоб гирифтани истеъдоди фардї, ќобилият, майлу таваљљуњи њар як хонанда ё гурўњи хонандагон дар дохили як мактаб ё як синф равона шудааст, дарбар мегирад.

Дар китоби «Таълими тафриќа ва мактаби муосир» (Душанбе, 2013) ќайд гардидааст, ки таълими тафриќа ба ќобилият ва истеъдоди шахс такя карда, шароит фароњам меорад, ки онњо аз имкониятњои табиї ва шахсии худ истифода баранд. Ин шакли омўзиш ќабл аз њама дар асоси талаботи њаматарафаи ќобилияту истеъдодњо ба даст меояд. Таълими тафриќа барои интихоби касб ва тарбияи мутахассисони варзида шароити зењнї ва рўњї муњайё месозад.

Дар китоб зикр мегардад, ки тадќиќотњои сершумори проблемањои таълими тафриќа аз он шањодат медињад, ки моњияти таълими тафриќа бо робитаи мутаќобилаи принсипњои дидактикї бо принсипњои тафриќа вобаста мебошад. Робитаи мутаќобилаи принсипњои умумидидактикї ба талаботи бо ташкили раванди таълим пешнињодшуда, ки ба ќадри кофї омўхтани маводи базавии таълим, мувофиќати малакањои касбии хонандагон бо имкониятњои воќеии онњо, ислоњи шаклњои таълим ва баланд бардоштани дараљаи касбии кадрњои педагогиро дарбар мегирад, низ таъкид мегардад.

Натиљаи њамин фидокории олим буд, ки имрўз наќшањои таълим барои муассисањои тањсилоти умумї (МТУ) дар синфњои 10-11 аз назари тањсилоти тафриќавї тањия карда шудааст ва љорї кардани онњо натиљаи хуб дода истодааст.

Убайд Зубайдов дар давоми фаъолияти илмию педагогї ва методиаш 10 монография, 19 дастури таълимї, 13 китоби дарсї, 65 барномаи таълим ва дар маљмўъ беш аз 200 номгўи асару маќолањои илмию методї таълиф кардааст. Тањти роњбарии бевоситаи ў 20-нафар унвонљўёни ватанию хориљї (аз Тољикистон, Эрону Туркия) рисолаи номзадї дифоъ намудаанд ва чанд нафари дигар омодаи дифоанд. Муаллифи китобњои дарсии «Химия» синфњои 8, 10, 11 муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва методикаи таълими химия, методикаи таълими биология ва химияи биологї барои муассисањои тањсилоти олии касбї мебошад.

Убайд Зубайдов аз љумлаи олимони ташаббускор буданд. Мањз бо саъю талошњои ў соли 1970 дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон кафедраи химияи органикию биологї таъсис дода шуд. Ў дар тайёр кардани гурўњи калони олимони соњаи химия рањнамої карда, барои ба аспирантураи маќсаднок ба шањрњои Москваю Санкт-Петербург ва Кишинёв фиристодани љавонон мусоидат карда, бо ин амали хайр теъдоди омўзгорони унвондорро афзуда бошад, аз љониби дигар, воњидњои кории кафедраро бо олимони соња ва мутахассисони соњибтаљриба пурра гардонида, неруњои илмии химияи тољикро дар тамоми кишвар муаррифї кардааст.

Дар амали роњбарї ба унвонљўёну аспирантон Убайд Зубайдов истеъдоди хоса дошт. Мавсуф ќудрати фитриеро молик буд, ки неруњои илмию аќлониро мутамарказонида, ба њалли масоили пешомада равона сохта метавонист. Ў њамеша кўшидааст, ки њам донишљўёни пешќадаму аълохон ва њам омўзгорону кормандони поквиљдонро дар ваќти зарурат дастгирї намояд. Бо ибтикори бевоситаи ў аз таърихи 1.11.2014 то рўзњои охири њаёташ барои донишљўёни аълохони факултаи химияи ДДОТ ба номи С. Айнї идрорпулї (стипендия) таъсис дода шуда, њармоња аз њисоби музди маоши хеш ба ду нафар донишљўи аълохони факулта ба андозаи 120 сомонї (ба њар кадом) идрорпулї пардохт менамуд. Ин иќдом аз саховатмандии мавсуф гувоњї дода, амали басо нек, яъне дастгирии илмомўзон кори хайр мањсуб меёбад.

Соли 1976 дар Симпозиуми химиядонњои ИЉШС - солњои 1969 ва 1976, 1998 дар анљумани биохимикњо дар шањрњои Москва ва Тошканд ширкат варзида бо маърўзањои илмї суханронї намудааст.

Хидматњои академик Убайд Зубайдовро дар инкишофи илм ва тайёр кардани кадрњои илмї ба эътибор гирифта, Њукумати Љумњурии Тољикистон бо унвони Корманди шоистаи Тољикистон ќадр кард. Инчунин фаъолияти илмию тањќиќотї ва методию омўзгории ў бо як ќатор ифтихорномаю рањматномањои Вазорати маориф, бо унвонњои Аълочии маорифи ИЉШС, Аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, бо Ифтихорномаи Вазорати мактабњои олї ва миёнаи ИЉШС, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ќадр шудааст.

 

Ѓуломќодир Бобизода,

президенти Академияи

тањсилоти Тољикистон

Сайфиддин Камолзода,

мудири шуъбаи тањсилот ва

технологияи педагогии АТТ

 

РУЊАТ ШОДУ ХОНАИ ОХИРАТ ОБОД БОД, УСТОДИ ЗИНДАЁД!

          Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 4.03.2019


 ТАБРИКОТ!

  1-уми МАРТИ соли 2019-ум РЎЗИ МАВЛУДИ устоди гиромиќадр,  доктори илмњои педагогї, мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи  Академияи тањсилоти Тољикистон ГУЛМАДОВ ФАЙЗ аст!

    Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва кулли шогирдон устоди мењрубон, олими шинохта ГУЛМАДОВ ФАЙЗро  бо муносибати РЎЗИ МАВЛУДАШ   самимона табрик меномоянд.

    Устоди азиз, Гулмадов Файз! Шуморо бо љашни 66- СОЛАГИИ рўзи таваллудатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияти илмиятон комёбиҳои беназирро таманно дорем. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд! Шумоки яке аз инсонҳои несиришт, хоксору фурутан, поквиҷдону некном ҳастед, орзуи онро мекунем, ки тамоми умратон бо хушиву хурсандӣ дар гирди наздикону пайвандон ва дӯстони ҷонӣ хуш гузарад.  Бароятон сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, саодати зиндагӣ ва хайру баракатро ба  хонадони шумо таманно дорем.

 

Рӯзи мавлудат муборак бод, гӯён ин дуо,
Аз Худои меҳрубони хеш кардем илтиҷо

Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,
Ишқ бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.
 

ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

 Мо туро табрик гўем Бародар!

Мо дуогўи шумоем, то зиндаем!

        ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

Муборак, зодрӯзат ҳар сари сол,

Ало эй марди дурандешу хушфол.

Пас аз 66 ҳам натарс аз ҳеҷ сахтӣ,

Ба гардун мисли уқобон бизан бол!  

      ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

                                

        

Рўзи зодрўз муборак, устоди гиромї, њамкори мењрубон! 

 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон.   01.03.2019


 ТАБРИКОТ!

           1-уми МАРТИ соли 2019-ум РЎЗИ МАВЛУДИ њамкори гиромиќадр корманди техникии  Академияи тањсилоти Тољикистон ЭЛЧИБЕКОВА САРВИНОЗ аст!

          Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон корманд ЭЛЧИБЕКОВА САРВИНОЗро  ба муносибати РЎЗИ МАВЛУДАШ самимона табрик меномоянд.

                                                      ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

 

                                 Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон.    01.03.2019


 ТАБРИКОТ

                                 

             Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва иттифоқи касаба њамаи кормандонро бо Рўзи Артиши Миллї табрик менамояд.   23-феврал Рўзи таъсисёбии Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон аст.  Аз таъсиси Артиши миллї 26 сол пур мешавад. Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон зодаи истиќлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиќлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон сањми хешро гузорем .  Бо фарорасии ин рўз њамаи кормандони гиромиќадрро табрик менамоем. Хонаи њамаи мову Шумо њамеша обод бошад.  Бори дигар ба муносибати фарорасии Рўзи таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон табрику таҳният мегўем!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба.

 


 ЉАШН МУБОРАК!

         10-уми ФЕВРАЛИ соли 2019-ум рўзи мавлуди устоди гиромиќадр, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор Нуъмонов Мансур аст!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба ва ҳамкорон   устоди мењрубон, олими шинохтаи љумњурї Нуъмонов Мансурро бо муносибати 70 - СОЛАГИИ РЎЗИ МАВЛУДАШ самимона табрик меномоянд.

       

               Олими тавоно ва султони шеваи таълим

   Дар њар давру замон атфоле ба дунё меоянд, ки бо мурури замону гузашти айём бузург мешаванду ба ватану шањрвандони он ва дар маљмўъ барои башарият корњои шоистаеро анљом медињанд. Иддае ба касбу кор шуѓл варзида, бо њунари волои хеш ва гурўње нуктањои илмиеро тањќиќу  кашф карда, роњи мардумро чун чароѓ равшан месозанд. Ба таърихи дањуми феврали соли 1949 дар дењаи Паѓнаи ноњияи Панљакенти Тољикистон тифле ба дунё омад, ки волидайн ўро Мансур ном гузоштанд. Дар чењраи ин тифли навзод як нуре, як равшание, як љозибае эњсос карда мешуд. Бо мурури замону гузашти айём Мансур бузург шуду ба синни мактабї расид. Падар ўро ба мактаби дењаашон бурда аз омўзгорон хоњиш кард, ки ба таълими Мансур таваљљуњи хосса зоњир намоянд. Падар бо назардошти њушёрию зиракии писараш  ин таъкидро зарур донист. Мансур мактаби њафсолаи дењаашонро ба итмом расонид ва барои идомаи тањсил мактаби раќами  7- уми љамоати Рўдакиро интихоб намуд. Пас аз хатми мактаб волидайнаш даст ба дуо бардошта, аз худои мутаол пешомади неку кори бобарори Мансурро таманно карданд. Мансур, ки мактаби миёнаро бо бањои «аъло» хатм карда буд, роњи Душанберо пеш гирифт ва њуљљатњояшро ба факултаи физика- математикаи ДДОТ супорид. Ў метавонист, ки ба факултаи забон ва адабиёти тољик њуљљат супорад. Бо назардошти се нукта: аввалан, дар ноњияашон муаллимони забону адабиёти номдор зиёданд; дувум, ба муаллимони математика эњтиёљ њаст ва, нињоят, майлу шавќаш ба математика бештар аст, яъне риёзиро, ки бештар риёзат кашиданро талаб мекунад, дўст медошт. Њангоми хонандаи мактаб буданаш муаллими забон ва адабиёт барояш ишора карда буд, ки шахс бояд ба омўзиши илме сари кор гирад, ки дўсташ медорад ва дар оянда барои љомеаю худ нафъе меорад. Аз мавлоно Љомї ин порчаро ёдрас карда буд.

                                                                        

         … Илм дорад туруќи гуногун,

             Марав аз њадди зарурат берун.

             Умр кам, фазлу адаб бисёр аст,

             Касби он кун, ки туро ночор аст.                                                           

     Соли 1966 Мансур имтињоноти вурудиро супорида, донишљўи факултаи физика – математикаи ДДОТ гардид. Шавќи илмомўзиро  дар нигоњу гўш кардану муњокимаронињои ў омўзгорон пай мебурданд, яъне дар њалли мисолу масъалањои математикї мањорат дошт. Бинобар ин њангоми зарурат љойи омўзгоронро иваз мекард, яъне ба њамкурсони худ дарс медод, мисолу масъалањои математикиро њал мекард. Пас аз хатми донишгоњ ўро ба сифати ассистенти кафедраи методикаи таълими математика ба кор таъин карданд. Фаъолияти омўзгорию илмии Мансур дар Донишгоњи азизаш оѓоз ёфт, ки то имрўз дар њамон муассиса  идома дорад. Ў тамоми марњилањоро тай кардааст. Яъне Мансур Нугмонов аз ассистенти кафедраи методикаи таълими математика то ба дараљаи доктори илмњои педагогї, профессор, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон бо талошу зањмати бевоситаи худаш расидааст.

      Азбаски дар Тољикистон Шўърои дифоъ оид ба методикаи таълими математика вуљуд надошт, Мансур Нуъмоновро лозим омад, ки озими ш. Москва гардад ва соли 1986 дар собиќ Институти педагогии ба номи В. И. Ленини ш. Москва рисолаи номзадї дифоъ намояд. Ва баъдтар  соли 2000 низ Мансур Нуъмонов дар Москва дар мавзўи «Асосњои назариявию методологии таълими математика њамчун илм» рисолаи докторї дифоъ кардааст. Ба хотири ин ки то чи андоза муњим будани тањќиќоти анљомдодаи М. Нугмонов бароямон рўшан гардад, чанд порчаеро ба шакли мухтасар аз навиштаи муќарризони рисолаи доктории ў меорем, то ки њам нодирияти кор ва њам олими худодод будани ўро дарк карда бошем.

    «Оид ба кори бузург ва комилан муњимми Мансур Нугмонов дар мавриди масъалагузорї ва тањќиќот проблемаи вазифаи методикаи таълими математика анљом додааст, зикр карданї њастам, ки М. Нугмонов аввалин муњаќќиќест, ки назарияи (консепсияи) методикаи таълими математикаро чун соњаи мустаќили илм бо назариёти методологии хеш асос гузошт ва пешнињод кард». (Сарансев Г.И. – узви вобастаи Академияи тањсилоти Россия).

      «Дар тасаввури ин љониб чунин менамояд, ки кори (рисолаи доктории М. Нугмонов), воќеан, сазовори таваљљуњ аст, ки намояндаи собиќ Тољикистони мо ва њоло кишвари Тољикистон ба њалли чунин як масъалаи мураккаб камар бастааст, ки дар ин кор олимони соњаи методикаи марказњо (ман олимони москвагию петроградиро дар назар дорам) љуръат накардаанд» (Колягин Ю.М., академики Академияи тањсилоти Россия, ш. Москва).

  «Мансур Нугмоновро дар илми соњаи мо кайњо боз мешиносанд. Ў, ба андешаи ман, поягузори парадигмаи нав дар методика, бахусус дар методикаи таълими математика мањсуб мегардад» (Крупич В. И., профессор, ш. Москва).

«Ман пешнињод мекунам, ки Мансур Нугмонов њуќуќи арзи њастї кардани методикаи таълими математикро њамчун илм собит намуд» (Леднев В.С., академики Академияи тањсилоти Россия, ш. Москва).

Аз ин бањои додаи донишмандон – султонони методикаи таълими математикаи кишвари Россия маълум мегардад, ки Эзид ба Мансур Нугмонов фаросати олии ба таълими математика хосбурдаро эъто кардааст. Устоди фаќиду зиндаёд Азиз Карим мегуфт ва борњо таъкид мекард, ки барои методикаро донистан фиросат// фаросат доштан даркор. Аксарият шояд илмро донанд, вале аз фаросати таълим додан бебањраанд. Аммо дар Мансур  Нугмонов ин њарду – илм ва фаросат тавъаманд. Воќеан, бубинем, ки вожаи «Фаросат» чї маънињо доштааст. Доктор Муњаммад Муин дар «Фарњанги форсї» (Тењрон, 1375) калимаи мазкурро чунин шарњ бастааст: фиросат (фаросат): 1 – дарёфтани ботини чизеро ба василаи нигаристан ба зоњири вай; 2 – идрок, дарёфт, андарёфт; 3 – зиракї, њушёрї; 4 – илме аст ба василаи он аз рўйи диќќат дар сурат ва њайати шахсї ба рўњиёт ва ахлоќи ў пай баранд; илми ќиёфа, ќиёфашиносї, бо фаросат донистан – бо њушмандї аз зоњир пай ба ботин бурдан (љ.2, сањ. 2501).

       Ќариб дар њамаи фарњангномањо вожаи фиросат (фаросат) ба маънии суръати фањм ва идроку зиракї ва доної, дарёфт ва идроки ботини чизе аз назар кардан ба зоњири он, њушёрї, зиракї, тезњушї, зуддарёбии чизеро бо аломатњои он шарњ дода шудааст.

     Воќеан, бояд донист, ки аќлу дониш аз атои Эзид њам њаст, ки дар яке камтару дар дигарї зиёдтар. То ба њол байни педагогону психологњо бањсњо идома дораду то ба њол ба хулосаи ягона наомадаанд, зеро истеъдодњо ва воситањои мушаххас сохтани исътедодро балад нестанд. Андешањои олимони бегонаро кўр - кўрона меоранду андешањои дар асарњояшон баёнкардаи мутафаккирони тољикро сањифа намезананд. Бубинед, ки дар «Маснавии маънавї» чунин омадааст:

                 Аќл ду аќл аст: аввал – максабї,

                 Ки даромўзї чу дар мактаб сабї.

                 Аз китобу устоду фикру зикр

                 Аз маъонї ва – аз улуми хубу бикр.

                 Аќли ту афзун шавад бар дигарон,

                 Лек ту бошї зи њифзи он гарон

                 Аќли дигар бахшиши Яздон бувад

                 Чашмаи он дар миёни љон бувад

                 Чун зи сина оби дониш љўш кард.

                 На шавад ганда дар дерина, на зард

                 В –ар рањи набъаш бувад баста, чї ѓам?

                 К – ў њамељўшад зи хона дам ба дам.

                 Аќли тањсилї мисоли љўйњо,

                 К – он равад дар хонае аз кўйњо.

                 Роњи обаш баста шуд, шуд бенаво,

                 Аз даруни хештан љў чашмаро.

                      Аќлу фиросати Мансур Нуъмонов атою бахшиши Яздон аст. Аќлу дониши бахшидаи яздонї њамеша дар фикру зикри ўст, зеро он њамеша  дар шахс ва бо шахс аст. Агар чунин намебуд, ба анљоми чунин як тањќиќоти нуктаи илмии то ў нокушуда даст намезад ва љуръат намекард. Эътироф шудани ў аз тарафи олимони намоёни соњаи методикаи таълими математикаи кишвари бузург – Россия аз нуктаи зикршуда гувоњї медињад. Ва агар монографияи ўро, ки ба забони русї тањти унвони «Асосњои назариявї – методологии таълими математика њамчун илм» нашр шудааст, бодиќќат аз назар гузаронем, гуфтањои фавќ тасдиќ мешаванд. Рисола аз чањор фасл таркиб ёфтааст ва њар фасл зербандњо дорад. Дар фасли аввал мафњуми методологияи методикаи таълими математика ва номи илме, ки масъалаи раванди таълими математикаро фаро мегирад, мавриди баррасию тањќиќ ќарор гирифтаанд.

                     Дар фасли дуюм методикаи таълими математика чун фанни њамгиро (интегративї), муносибати ин илм бо дидактика, робитаи он бо психология тањќиќ гашта, ба таълими математика аз нуќтаи назари махсусиятњои илми математика ва мураттабию муназзамии назарияи математика равшанї андохта шудааст. М. Нуъмонов дар фасли сеюм  вижагињои хоси методикаи таълими математика њамчун илмро тањќиќ кардааст, ки аз панљ зербанд иборат аст. Банди сеюми онро «Забони методикаи таълими математика» ном нињодааст. Дар ин зербанд ба наќши забон бањо дода, њамзамон таъкид месозад, ки «махсусияти асосии забони методикаи таълими математика  истифодаи забони математикї мањсуб мегардад, ки он ќодир аст ахборро аз соњањои математика ва соњањои дигари дониш яксон истифода намояд ва табдил дињад.

                      Фасли чорум фарогирии «Махсусияти тањќиќоти илмиро оид ба методикаи таълими математика» буда, аз зербандњои аппарати методии тањќиќот, принсип ва методњои тањќиќот ва дурнамои корњои татќиќот дар робита ба ѓояњои асосии тањќиќоти мазкури методикаи таълими математика таркиб ёфтааст.

                      М. Нуъмонов аз оѓози фаъолияти тањќиќотиаш танњо ба масъалаи таълими математика машѓул гашта, дар робита ба он оид ба пайдарпайии курсњои математикаи синфњои 6-8 ва 9-10 дар муассисањои тањсилоти умумї, асосњои назариявию методологии методикаи таълими математика њамчун илм, сохтори методии таълими фалсафа ва методологияи тањсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитањои байнифаннї, масоили муосири дидактика, психологияи омўзиши математика асарњои тањќиќотї тањия ва таълиф кардааст. Ба ќалами ў беш аз 650 номгуй рисолаю дастурњои методї, стандарти фаннию барномањои таълим ва маќолањои илмию методї тааллуќ доранд. Ногуфта намонад, ки маќолањои М. Нуъмонов дар маљаллањои илмии кишварњои дуру наздик ба табъ расидаанд ва мерасанд. Аз љумла асарњои илмии ўро 7 монография, 8 барномаи таълим барои муассисањои тањсилоти умумї, 18 барномаи таълими математика барои донишгоњњои омўзгорї, 2 барномаи таълим барои коллељњои омўзгорї, 89 дастури методию маводи таълим барои хонандагони муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ташкил медињад.

                          Як нуктаро бояд зикр кард, ки М. Нуъмонов дар ду забон  - тољикї ва русї асару маќолањо меофарад. Забонњои ўзбекию олмониро низ фаро гирифтааст. Ин, аз як тараф, имкон медињад, ки маќолањояш берун аз Тољикистон ба забонњои дигар, бахусус русї нашр гарданд. Аз тарафи дигар, шароити мусоид фароњам меоварад, ки дар симпозиуму конфренсияњои байналмилалї ширкат намояд ва бо маърўзањо баромад кунад. Ин аст, ки дар беш аз 22 симпозиуму конфренсияњои илмии байналмилалї дар шањрњои Москва, Черноголовка, Сарянск, Саратов, Самара, Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Толятти, Арзамас ва ѓайрањо доиргашта ширкат ва маърўзањо кардааст. Њар як маърўзаи М. Ниъмоновро иштирокдорон басо хуб мепазируфтанд. Њамзамон мавсуф бо бисёр донишгоњњои кишварњои собиќ Иттињоди Шуравї, бахусус ба донишгоњњои Россия робитаи ќавї ба роњ модааст. Ин барояш имкон медињад, ки дар заминаи ДДОТ конфренсияњои байналмиллалї оид ба масъалањои гуногуни таълими математика дар муассисањои тањсилоти умумї ва олї доир намояд. Дар муддати кўтоњ бо ибтикор ва роњбарии ў дар ДДОТ беш аз 9 конфренсияи байналмилалї ва љумњуриявї бахшида ба таълими математика гузаронида шуд.

                     М. Нуъмонов дар баробари дорои истеъдоди баланди илмию тањќиќотї доштан омўгори мумтоз њам њаст. Ў масъалањои илмии математика ва усули таълими онро чунон шарњ медињад, ки донишљўён љумла муштоќи шунидани маърўзањои ўянд. Воќеан, њамин тавр њам  њаст. Чаро? Мавсуф забони тољикиро хуб медонад ва дар тамоми раванди дарс аз он хуб ва мавќеъшиносона истифода мебарад, яъне њам забони математикиро медонад ва њам дар мавриди шарњи масъалаю мисолњо ба меъёри забони адабї риоя мекунад ва гуфтаи М. Ломоносов: «Њамаи фанњо ба грамматика эњтиёљ дорад. Бе грамматика нотиќї бебалоѓат, назм беназокат, фалсафа бе далел, таърих ногувор, адлия шубњаангез аст» амал мекунад. Абёти њикматомези адибони пешину муосирро зимни тадриси методикаи таълими математика  ба таври фаровон истифода мебарад. Ва агар иштибоњ  накунему муболиѓа  нашавад, забону адабиёти  тољикро аз баъзе  омўзгорони  забону адабиёт бењтар медонад. Ин њама  имконият додаанд, ки навиштањояш ба донишљўёну  омўзгорон фањмою дастрас бошанд. Гумон мекунем, ки дар сиришти М. Нуъмонов омўзгориро Эзид љой додааст ва ўро  барои  кашфи илму таълими  он офаридааст. Дар ин хусус барњак Мавлонои Балхї гуфтааст: «Њар касеро  бањри коре сохтанд, Майли онро  дар дилаш андохтанд»

М. Нуъмонов дар кори  тайёр кардани  неруњои илмии соњаи  таълими  математика низ сањми босазо дорад. Дар ин муддат  тањти роњбарии ў беш аз 35 нафар аспирантону  унвонљўён  рисолањои  номзадї ва 4 нафар докторї њимоя  кардаанд, ки дар ќатори онњо  шањрвандони кишварњои  дуру наздик кам нестанд. Мавсуф олимест, ки мактаби худро дорад. Мактаби ў ташнагони илмро аз тамоми гўшаю канори  кишвар  ва хориљ фаро мегирад ва он ба тарбияи  неруњои илмии љавон машѓул аст. Айни њол тањти роњбарии М. Нуъмонов 3 нафар рисолаи докторї ва 21 нафар рисолањои номзадї таълиф карда, омодаи дифоанд.

Барои анљоми корњояш ва роњбаладї ба шогирдон ваќти худро дареѓ намедорад. Аз соати панљи субњ то беваќтии шаб ўро дар љойи кор мебинед.

Дар корњои ташкилї низ ў дастболост. Ќаблан дар факулта кафедраи мустаќили таълими математика мављуд набуд. Шўрои илмии барои дифои рисолањои диссертатсионї оид ба методикаи таълими математика умуман дастнорас буд. Аспирантони ин соња солњои сол овораю сарсон мегаштанд. Бо ташаббуси М. Нуъмонов дар ДДОТ Шўрои дифоъ оид ба методикаи таълими математика ифтитоњ гардид. Њамин тариќ, дар тайёр кардани неруњои љавони илмї оид ба методикаи таълими математика сањми босазо гузошт. Айни њол дар назди кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ Шўрои дифои рисолањои докторї  ва номзадї аз ихтисосњои педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот ва назария ва методикаи таълими математика таъсис дода шудааст, ки раисии онро М. Нуъмонов ба зимма дорад. Чунон ки мебинем, М. Нуъмонов дар корњои тањќиќоти илмию таълими шогирдон ва тарбияи неруњои илмии љавон содиќ аст. Аз хатми мактаб ба илму таълим дилбастагї дошт ва ањд карда буд, ки танњо ва танњо ба кашфи асрори математика ва шеваи таълими он машѓул мегардад, то ки хонандагони кишварро ба омўзиши математика шавќманд созад. Ягон душворию мушкилот ва монеањои сунъї садди роњи ў шуда натавонистаанд. Паёмбар саллалоњу алайњи ва саллам фармудаанд: «Худованд ба фариштагони вай ба ањли осмонњо ва заминњо, њатто мўрча дар хонааш ва њатто моњї дар об бар муаллими мардумон, ки хайр (илми нофеъ) меомўзонад, дуруду салавот мефиристанд». Њамин нукта њамеша вирди забони ўст.

Лозим медонем, ки доир ба шахсияти М. Нуъмонов баъзе бардоштњоямонро бар асоси мушоњида дар нишасту хест, суњбатњо, чорабинињо, њамкорї  ва ѓайра зикр кунем. Зеро баёни ин нуктањо симои олимї ва инсонии мавсуфро барљастатар мегардонанд.

Аввалан, ў ба њељ ваљњ дар њаёт ва зиндагиву кор бетарафиро интихоб намекунад. Ба њодисањои номатлубу амалњои ношоистаи нобакорону нокасу номардон бетараф буда наметавонад. Борњо шунидаем, ки одамони бетарафро бешараф номида аз буданашон набудани онњоро  бењтар мењисобад.

Сониян, ба илму олимї хиёнат карданро намеписандад. Таъкид месозад, ки њар кас дар таълифи корњои илмї рисолаю маќола бояд зањмат кашад. Мегўянд, ки моликияти зењнии дигаронро аз худ кардану ба чашми мардум хок пошида, худро олими «воќеї» вонамуд кардан камоли аблањиву беномусї аст.

Сеюм, ростгўиву њаќиќатпарастї пањлуи асосии  шахсияти ўст. Аз ростгўињо бисёр зарбањо дидааст дар њаёт, вале ин хислати табиатан ба ў бахшидаи Эзид аст ва ба њељ ваљњ онро тарк наменамояд. Агар дўсти бењтаринаш њам бошад, аз рост гуфтан барнамегардад.

Чањорум, азбаски росткору ростгўю рострав аст, софдилї низ хоси ўст. Њамин ки рафиќи давраи љавониаш ва ё њамкори наздикаш пайдо шуд, рози дилашро ба ў ифшо менамояд.

Панљум, олимест нуктасанљ, беасос дар хусуси ин ё он масъалаи илмї сухан намегўяд. Масоили илмиро хуб месанљад, баъд онро дар миён мегузорад. Ин хислати ўро донишљўён ва махсусан аспирантону унвонљўён бахубї пай бурдаанд. Њатто баъзе аз шогирдон агар интихоби мавзўъ ва ё баррасии маводашон тўл кашад, як андоза маълўл мегарданд. Чун аз ин сирр огоњ гаштанд, узрхоњї менамоянд.

Шашум, ў олимест басо шикастанафс буда, њељ гоњ ба пурхўриву «хушпўшї» хў нагирифтааст. Камхобиву камхўрї одати доимии ўст, бинобар ин метавонад бо пораи нони хушке рўзњоро сипарї намояд. Аз њисоби мењнати њалоли худ озода мепўшаду мегардад.

Њафтум, мавсуф олимест бо фаросати худодод. Ниёзњои ба математика доштаи мактаббачагону донишљўёнро бахубї дарк мекунад. Бо назардошти он ки математика дар рушди тафаккур наќши муњим дорад, њангоми тањияи стандарти фаннї, барномаи таълим, китобњои дарсии математика ва маводи дидактикї ба масъалањои рушди тафаккур, мисолу масъалањои рушддињанда ва ѓайрањо, ки аз талаботи замон бармеоянд, таваљљуњи хосса зоњир менамояд.

Њаштум, аз хушомадгўиву чоплусї ва хабарбариву хабарбиёрї дур аст ва ба ин тоифа одамон нафрат дорад. Бале, олими воќеиву инсони комил будан ба њељ кас имкон намедињад, ки ба чунин амалњои нољавонмардона даст бизанад.

Нуњум, олимест покдилу нияташ соф. Ин хислатњо имкон намедињанд, ки дар фаъолияти ў  мањалгарої зуњур ёбад.  Аз ин амале, ки ба решаи вањдати миллї теша мезанад, нафрат дорад, Шогирдони ў аз тамоми манотиќи Тољикистон мебошанд ва ўро дўст медоранд ва эњтиромаш мекунанд. Аз Эзид таманно мекунем, ки сафи чунин олимон бештар гардад.

Дањум, дар рафоќату дўстї содиќ буда, њамсанг надорад. Ба дўстону шогирдон муносибати хубу муомилаи малењ дорад ва ба онон мушфиќу ѓамхор аст. Сирру асрори дўстону шогирдонро нигањ медорад, яъне рознигањдор аст.

Ёздањум, њамеша омода аст, ки ба корафтодагон дасти ёрї дињад ва холисона дастгирї намояд.

Дувоздањум, бо вуљуди серкор буданаш дар тамоми чорабинињое, ки Вазорати маориф ва илм, ДДОТ, АТТ ва дигар муассисањо, оид ба масъалањои маводи таълиму сифати тањсилот  доир менамоянд, ширкат меварзад. Дар суњбатњо ва вохўрињо бо дўстон хушгўињо мекунад ва аксаран бо лутф њарф мезанад.

Инњо чанде аз хислатњои ў, ки мавсуфро ба дилњо наздик кардаанду њама эњтиромаш мекунанд ва њангоми мурољиат яке ба номаш ако, дигарї домулло, севумї устод, чорумї пири кор, панљумї љонро илова менамоянд. Аз мањбубияти дўстону шогирдон бархўрдор аст.

Имрўзњо М. Нуъмонов ба њайси профессори кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи С. Айнї, раиси Шўрои дифои рисолањои докторї ва номзадї оид ба ихтисосњои педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот ва назария ва методикаи таълими математикаи назди ДДОТ, сармутахассиси Шўъбаи педагогикаи муќоисавї ва мактаби муосири Академияи тањсилоти Тољикистон фаъолият дорад.

Дўсту бародар ва њамкори азиз, Мансур. Ба ќавле 70 - сола шудаед. Њафтод  синни камолоти олими соњаи педагогї – шеваи таълими математика ва давраи рушду нумўи истеъдоди шумост, ки барои бењбудии усули таълим ва рушди дониши математикии хонандагони муассисањои тањсилоти умумии кишвари мањбуб – Тољикистон бахшида шудааст.

Мо - њамкорон аввалин доктори илмњои педагогї дар Тољикистон оид ба таълими математика, профессори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон  ба номи С. Айнї, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон Мансур Нуъмоновро самимона ва сидќан ба муносибати 70 – солагиашон  табрик намуда, барояшон саломатї, некрўзї, комёбињои тозабатозаи илмї ва фатњи ќуллањои боз њам баландтарро дар кашфи асрори таълими математика таманно дорем:

        

Боз як бори дигар табрик мегўем мо,

 Њар куљо бошї, ба дил наздик мегўем мо.

Сарфарозии ту бошад сарфарозии њама

Ифтихори миллати тољик мегўем мо.

              Бо камоли эњтиром, президенти Академияи тањсилоти Тољикистон,

               академик Ѓ. Бобизода

               Узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон,

               саркотиби АТТ С. Аминов 

   Мудири кафедраи методикаи таълими математикаи ДДОТ ба номи С. Айнї,

              А. Раззоќов

               Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон.    10.02.2019


ЉАШН МУБОРАК! 

 
                                                                

Эњдо ба 70-солагии олими шинохтаи тољик, Узви Вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор Мансур Нуъмонов

 

    Эй, ки аз мулки малак бар хоки инсон омадї,

Ахтари рахшони илмиву бад ин сон омадї.

Сар як асту тан яку бори маонї сад њазор,

Ё чун Афлотуни сонї худ зи Юнон омадї?

Афсари илми њисобиву ба лаб шеъру сухан,

Њамчу шоир бинамат ин дам ѓазалхон омадї.

Хоксору поктинат, дилкушоду мењрубон,

Ошиќи илму сухан бо ёди љонон омадї.

Шаб нахуфта чун ситора, рўз чун хуршеди илм,

Ё магар бар сар хаёли илму ирфон омадї?

Бар фалак аз Паѓна, гўё нардбон афрохтї,

Эй, зи хоки Паѓнаат бар сўи Кайњон омадї.

Ташнагони илмро шодоб бинмуда аљаб,

Дар дили сањрои фан мисли Зарафшон омадї.

Дар талоши илм рафтї аз Ватан бар хоки Рус,

Дар дифо монанди Рустам аз Сиистон омадї.

Дар усули таълим устоди замон гардидаї,

Дар тани илми усул монандаи љон омадї.

Њамчу занбўри асал шањди маонї мекашї,

Ё ки аз боѓи фунун, ё аз гулистон омадї.

Махзани илми љањонро дурру гавњар суфта, пас

Сарбаланд, боифтихор бар Тољикистон омадї.

Мисли ту кам дида олам ростгўву њаќталаб,

Рост гўям, њам ту олим, њам ту инсон омадї.

Эй, ки худ Мансури сурї, суру шодї њамрањат,

Дилљавону некном, хандону шодон омадї.

Резахўри хони илмат чун мурид Раззоќ гуфт:

Эй ту, устоди замон, бо амри Яздон омадї…

                          Абдураззоќи РАЗЗОЌ

        Номзади илмњои педагогї, дотсент, мудири кафедраи

       МТМ-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнї 


  ЉАШН МУБОРАК! 

10-уми ФЕВРАЛИ соли 2019-ум рўзи мавлуди устоди гиромиќадр, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, узви вобастаи Академияи илмњои педагогї ва иљтимоии Федератсияи Русия, доктори илмњои педагогї, профессор Таѓойбобо Абдуалими Шукурзод аст!

 

   

 Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва кулли шогирдон бо муносибати 65- СОЛАГИИ РЎЗИ МАВЛУДИ  устодони мењрубон, олимони шинохтаи љумњурї  Таѓойбобо Абдуалими Шукурзодро самимона табрик меномоянд.

 


                                                                                     ТАБРИКОТ!

   3 - уми ФЕВРАЛИ соли 2019-ум РЎЗИ МАВЛУДИ устоди гиромиќадрномзади илмњои педагогї, мудири шуъбаи Академияи тањсилоти Тољикистон КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН аст!

 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва кулли шогирдон устоди мењрубон, муњаќќиќи шинохта КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН-ро бо муносибати РЎЗИ ТАВАЛЛУДАШ самимона табрик меномоянд.

Њамкори азиз, КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН! Шуморо бо  рўзи таваллудатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияти илмиятон комёбиҳои беназирро таманно дорем.

    Дўст ва њамкори азиз КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН!  Ин рўзи неки зиндагиро бароятон аз номи  ањли кормандони Академияи тањсилоти Тољикистон, Пажўњишгоњи рушди маориф тахният мегўем! Бароятон тансињатї , хонаободї, хушбахтї , бурдборї,умри дарози пурбаракату бенуќсон, амалигардии тамоми орзуву ниятњои неки дунявї ва осмони соф, дар зиндагї роњи сафедро аз даргохи худованди бузург талаб дорем!

                                                               Мо туро табрик гўем Бародар!

                                                               Мо дуогўи шумоем, то зиндаем!

        ЗОДРЎЗ МУБОРАК!

Муборак, зодрӯзат ҳар сари сол,

Ало эй марди дурандешу хушфол.

Пас аз чилу нуњ ҳам натарс аз ҳеҷ сахтӣ,

Ба гардун мисли уқобон бизан бол!

       

  Рўзи зодрўз муборак, њамкори мењрубону хушгуфтор, бародари гиромиќадр!

  Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 03.02.2019


                            ТАБРИКОТ!

1- уми ФЕВРАЛИ соли 2019  60-СОЛАГИИ РЎЗИ ТАВАЛЛУДИ устоди гиромиќадрномзади илмњои филологї, дотсент, сармутахассиси Академияи тањсилоти Тољикистон БАЙЗОЕВ АЗИМ МУЊИДДИНОВИЧ! 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва кулли шогирдон БАЙЗОЕВ АЗИМ МУЊИДДИНОВИЧро бо 60-СОЛАГИИ рўзи таваллудаш самимона табрик меномоянд.

                                                                    

Устоди азиз, БАЙЗОЕВ АЗИМ МУЊИДДИНОВИЧ! Шуморо бо 60- СОЛАГИИ рўзи таваллудатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияти илмиятон комёбиҳои беназирро таманно дорем. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд! Шумоки яке аз инсонҳои несиришт, хоксору фурутан, поквиҷдону некном ҳастед, орзуи онро мекунем, ки тамоми умратон бо хушиву хурсандӣ дар гирди наздикону пайвандон ва дӯстони ҷонӣ хуш гузарад.  Бароятон сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, саодати зиндагӣ ва хайру баракатро ба  хонадони шумо таманно дорем.

 

Толеъи накўи бемисолат хоњем,

Иқболу хушӣ дар ҳама ҳолат хоҳем.

Хушбахтиву фирӯзиву ҳам барноӣ,        
Эй д
ӯсти азиз дар ҳама ҳолат хоҳем.

Рӯзи мавлудат муборак бод, гӯён ин дуо,
Аз Худои ме
ҳрубони хеш кардем илтиҷо

Тансиҳат бошиву хандон, хотират ҷамъ, ҳамчунон,
Иш
қ бошад ҳамрадифи зиндагиат доимо.

Эй дӯсти азиз ҷашни зодрӯз муборак,
Ин р
ӯзи хуҷаставу дилафрӯз муборак.
Муборак зодр
ӯзат бошад, эй дӯст,
Ситора бар сарат нур пошад, эй дўст!

  

                   60 - солагии рўзи таваллуд муборак, устоди азизу гиромиќадр!

 

  Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 01/02/2019


                                                                                       ТАБРИКОТ!

 26- уми ЯНВАРИ соли 2019 Рӯзи мавлуди Устоди гиромиќадрдоктори илмњои педагогї, профессор, сармутахассиси Академияи тањсилоти Тољикистон,

НЕЪМАТОВ САЪДУЛЛОЉОН ЭРГАШЕВИЧ! 

                                             

 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва кулли шогирдон бо муносибати ин санаи муборак (26.01.2019)  устоди мењрубон, олими муваффаќ Неъматов Саъдуллољон Эргашевичро самимона такрик меномоянд.

         Устоди азиз, Саъдуллољон Эргашевич! Шуморо бо Рўзи мавлудатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолияти илмиятон комёбиҳои беназирро таманно дорем. Бигузор ҳамеша чун кӯҳҳои помир сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бимонед! Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд! Шумоки яке аз инсонҳои несиришт, хоксору фурутан, поквиҷдону некном ҳастед, орзуи онро мекунем, ки тамоми умратон бо хушиву хурсандӣ дар гирди наздикону пайвандон ва дӯстони ҷонӣ хуш гузарад.  Бароятон сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, саодати зиндагӣ ва хайру баракатро ба  хонадони Шумо таманно дорем.    

 

                                                                      

         

                                                 Њамеша бахтиёру шод бошед,                                          

        Зи дарду ѓам озод бошед.

         Зи гулзори муњаббат гул бичинед,

 Рухи зарди људоиро набинед!

ЗОДРЎЗ МУБОРАК устози азизу гиромиќадр!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон. 26.01.2019.ш.Душанбе.


                                                                                                        ТАБРИКОТ!

4 уми январи соли 2019 Рӯзи мавлуди устоди муњтарам, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, номзади илмњои филологї, Саркотиби Академияи тањсилоти Тољикистон, Устоди гиромиќадр Аминов Саидамир Ашурович мебошад.

                            Устоди муњтарам, Аминов Саидамир!         

       Раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон, олимон, њамкорон ва кулли шогирдон зодрўзи инсони шариф,  ғамхору меҳрубон, шахси хоксору самимӣузви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, номзади илмњои филологї, Саркотиби Академияи тањсилоти Тољикистон, Устоди гиромиќадр Аминов Саидамир Ашуровичро самимона шодбош мегӯянд.

       Шумоки яке аз инсонҳои несиришт,хоксору фурутан, поквиҷдону некном ҳастед, орзуи онро мекунем, ки тамоми умратон бо хушиву хурсандӣ дар гирди наздикону пайвандон ва дӯстони ҷонӣ хуш гузарад.

Бароятон сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, саодати зиндагӣ ва хайру баракатро ба  хонадони шумо таманно дорем.

Аз забони шоир, гуфтанием:

                              Хоҳем мисли Саъдӣ, сад сол умр бубинӣ,

                             Аз домани умедат, гулдастаҳо бичинӣ.

                             Туро орзу дорем давлату ганҷ,

                             Бубини сад сол умр, бе дарду бе ранҷ.

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва кумитаи иттифоқи касабаи АТТ, 04 январи соли 2019, шаҳри Душанбе 


 

ТАБРИКОТ!

9-сентябр Рӯзи мавлуди шахсияти арзандаи соҳаи маорифи кишвар, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Ноиби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон КАРИМОВА  ИРИНА  ХОЛОВНА  мебошад! 

 

Раёсати Академия таҳсилоти Тоҷикистон, иттифоқи касаба, ҳамкорон ва шогирдон бо муносибати ин санаи муборак, модари мушфиқ, устод, олимаи муҳтарама Ирина Холовнаро самимона такрик меномоянд.

 Њамкорон ва кулли шогирдон барояшон дар ин рӯз аз даргоҳи Парвардигор ба МУАЛИМАИ АЗИЗУ МЕЊРУБОН саломатии бардавом, умри пурбаракат, шодиву нишоти аз ин ҳам бештар, давлати поянда, обрӯву нуфузи ҷовидонаро таманно дорем. Шумоки яке аз инсонҳои несиришт, хоксору фурутан, поквиҷдону некном ҳастед, орзуи онро мекунем, ки тамоми умратон бо хушиву хурсандӣ дар гирди наздикону пайвандон ва дӯстони ҷонӣ хуш гузарад. 

Бароятон сарбаландӣ, хушиҳои рӯзгор, саодати зиндагӣ ва хайру баракатро ба  хонадони шумо таманно дорем.

                 

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва кумитаи иттифоқи касабаи АТТ, 8 сентябри соли 2018, шаҳри Душанбе

 


ТАБРИКОТ

 22 уми май рӯзи мавлуди устоди муњтарам, узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор Саидбой Шербоев  

                                                   

                        Устоди муњтарам, Шербоев Саидбой!


       Раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон, олимон ва кули шогирдон зодрўзи инсони шариф,  ғамхору меҳрубон, шахси хоксору самимӣузви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор Шербоев Саидбойро самимона шодбош мегӯяд. Дар соҳаи илму эҷод ваҳамчунин, зиндагиву ҳаёт сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва комёбиҳои нав ба навро барояшон орзу дорем. 

 Ё раб камоли офиатат бардавом бод,

Иќболу давлату шарафат мустидон бод.

Солу моњат мубораку рўзу шабат ба хайр,
Бахтат баланду давлати дунё ба ком бод.

                  ЗОДРЎЗ МУБОРАК устози азизу гиромиќадр!

Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва кумитаи иттифоқи касабаи АТТ, 21 майи соли 2018, шаҳри Душанбе 

                                                                            ТАБРИКОТ

Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.                                   Эмомалӣ Раҳмон

     15 май рӯзи мавлуди яке аз шахсони барӯманди маорифиТоҷикистон, аввалин Президенти  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор, устоди гиромӣ Муҳаммад Лутфуллозода мебошад

                                                              

    Осоиши умри мо шумоед,

Бар риштаи меҳри мо вафоед.

 Дар ҳар нафасе шумо бо моед,

Дар дидаву дил ҳамеша ҷоед.

      Таманно мекунем бо қалби саршор,

    Шуморо бод бахти хуш мададгор.

 

         Устоди муњтарам, академик  Муњаммад Лутфуллозода!


        Раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон ва кули шогирдон рўзи фархундаи мавлудро бо эњтирому муњаббати рўзафзун бароятон шодбош мегӯяд. Бароятон аз Худои бузургу офаридгор умри дароз, танисињативу бахти безаволро талабгорем. Њамеша ба тамоми орзуњоятон бирасед. Бигзор њама сол мавлуди Шумо тавлиди орзуву ниятњо ва шодињои нав бароятон гардад. 

                            ЗОДРЎЗ МУБОРАК устози азизу гиромиќадр!

 

Умри хуш аз лутфи эзид, љумла дар куйи ту бод!

Дасти мавлои замон чатри сару рўйи ту бод!
Кам нагардад лутфи мавло њеч гоњ аз љони ту! 
Давлату иќболи  рањмат, доимо суйи ту бод!

          

  Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва кумитаи иттифоқи касабаи АТТ, 15 майи соли 2018, шаҳри Душанбе