Пасткардани хавфи фалокатхо

27 March 2015

 

Коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ бо назардошти ҷинсият, синну сол ва маъюбият

Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҷмааи давлатии «Душанбе-Плаза» мизи мудаввар дар мавзӯи «Коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ бо назардошти ҷинсият, синн ва маъюбият» бо иштироки намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва зерсохтори он дар шаҳри Кӯлоб, ташкилоти байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории мизи мудаввар густариши доираи ҳамкориҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ташкилоти байналмилалӣ дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ буд.
Зикр  шуд, ки барои дар ҳолати омодабош қарор доштани занону ҷавондухтарон дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ гурӯҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби занону ҷавондухтарон ташкил  шуда, байни аҳолии маҳаллаҳои осебпазир корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.
Дар мизи мудаввар миёни иштирокдорон саволу ҷавоб ба вуқӯъ пайваста, таклифу пешниҳодҳои судманд барои таҳияи заминаи  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиш додани хатарҳои офати табиӣ  ба миён гузошта шуданд.

 

 

Ҷашни Рӯзи байналмилалии кумак ба амалиёти зидди минаҳо дар Душанбе

27/03/2015

Рӯзи 4 апрели соли 2015 дар бинои нави Маркази миллии Тоҷикистон оид масъалаҳои минаҳо воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 121 Рўзи байналмилалии кумак ба амалиёти зидди минаҳо ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо хабар доданд, дар ин чорабинӣ муваффақиятҳои дурнамои Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо ва ҳамшарикони он (ташкилотҳои Кӯмаки Мардуми Норвегия ва Фонди швейтсарии безарарсозии башардӯстонаи минаҳо ва гурӯҳи поксозии башардӯстонаи минаҳо аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла гурӯҳи минаҷӯии занони тоҷик) дар мавриди аз поксозии заминҳои олуда ва коҳиши таҳдиди хатари минаҳо/муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ ва дастгирии шахсоне, ки аз онҳо зарар дидаанд, намоиш дода мешаванд. Дар кори ин ҷамъомад намояндагони вазоратҳои  мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ, Гвардияи Миллӣ, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, дигар ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ ва воситаҳои ахбори омма ширкат меварзанд.

Дар рафти чорабинӣ баромадҳои масъулони расмии сохторҳои ҳукуматӣ, ташкилотҳои маблағгузор шунида шуда, натиҷаҳои фаъолиятҳои кўмак ба ҷабрдидагони минаҳо ва ташвиқоти ҳаматарафа алайҳи пешгирии таҳдиди хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ, инчунин наворҳои ҳуҷҷатӣ, иттилоот доир ба амалиёти минаҷуёни  ММТММ ва ҳамшарикон  дар ҳудуди Тоҷикистон ва минтақаҳои ҳаммарзии он бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 узви Конвенсияи Оттава оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо буда, саҳми худро дар кҳиши таҳдиди хатари минаҳо ва маводҳои нотаркидаи ҷангӣ баҳри амният, солимӣ ва ҳаёти мардуми кишвар гузошта истодааст.

Рӯзи 4 апрел тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз  8 декабри соли 2005, расман Рўзи Байналмилалии Кўмак ба Амалиёти Зидди Минаҳо эълон гардида, ҳар сол дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон ин маърака аз соли 2006 бо тантана ҷашн гирифта шуда, бо ин восита сатҳи огоҳкунӣ аз таҳдиди хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ баланд бардошта мешавад.

Тибқи иттилооти нопурра, дар Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб, аз минаҳо ва муҳимоти нотаркида қариб 482 нафар одамон маҷруҳ ва 369 нафар ҳалок шудаанд, ки 30%-и онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд. Конвенсияи байналмилалии ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдудро то ин дам 127 давлати ҷаҳон тарафдорӣ ва имзо карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳалаи шиносоӣ ва омӯзиши ин Конвенсия қарор дошта, эҳтимол аст дар солҳои наздик ба он ҳамроҳ мегардад.

Дар тўли фаъолияти барнома (дар давоми солҳои 2003-2014) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳати замини баробар ба 14,5  млн. метри мураббаъ аз минаҳо тоза карда шуда,  55773 адад минаҳои зидди пиёдагард, 22 адад минаҳои  зиддитанкӣ, 8454 адад муҳимоти нотаркидаи ҷангӣ ва 501 адад бомбаҳои кассетӣ ошкор ва нобуд карда шуданд.

Аз соли 1999  инҷониб Аҳдномаи Оттаваро 161 ва Конвенсияи манъи муҳимоти хӯшавиро 111 кишвари дунё имзо намудаанд. Чорабинии мазкур имконият медиҳад тарғиби манъи минаҳои зиддпиёдагард ва муҳимоти хӯшавӣ тавассути табодули маълумот ва изҳори якдилӣ бо ҷабрдидагон ҷиҳати дастгирии конвенсияҳои байналмилалии дахлдор (аз он ҷумла Конвенсияи Оттава, Конвенсияи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд ва  Конвенсия оид ба муҳимоти хӯшавӣ) дар сатҳи баланд  гузаронида шавад.