Кормандони илми

 

 

Неъматов Саъдуллољон Эргашевич 26 январи соли 1950 дар шањри Хуљанд дар оилаи хизматчї ба дунё омадааст. Азбаски аз хурдсолї зењни расо ва аќли комил дошт, хондан ва навиштанро тез ёд гирифт. Аз 6-солагї мактабхон шуда бо хониши хубу аъло байни њамсабаќон шуњрат пайдо мекунад. Фанњои забон ва адабиёти тољик, забон ва адабиёти рус, таърих, љамъиятшиносї, табиатшиносї, љуѓрофия ва суруду мусиќиро бағоят дўст медошт. Махсусан рағбати омўзиши адабиёти тољик, эљодиёти пурғановати шоирону адибони классики тољик дар вуљуди маънавии мавсуф туғёни хоса тавлид менамояд. Ҳамзамон ба забони русї ва адабиёти рус, эљодиёти Пушкин, Лермонтов, Есенин ва амсоли онҳо бо таваљљуҳ менигарист ва машќи тарљумаи шеъру асарҳои қироат намудаашро мекард.
Орзуҳо ўро соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии педагогии ш. Ленинобод ба номи С.М. Киров ба риштаи суханшиносї овард ва онро соли 1970 бо натиљањои назаррас ба итмом расонд. Соњиби тахассуси суханшинос ва муаллими фанни забону адабиёти тољик гардид.
Азбаски аъло мехонд, ўро назди кафедраи забони тољикии донишкада ба њайси ассистент ба кор ќабул карданд. Фаъолияти доманадораш чун устоди мактаби олї оѓоз ёфт.
Соли 1971 бо ибтикори мудири идораи забони тољикї, доктори илми суханшиносї, профессор Фарњод Қобилович Зикриёев Саъдуллољон Неъматов барои тањсили аспирантура ба шањри Душанбе, ба Донишкадаи омўзгорї роњхат мегирад. Пас аз имтињонњои ќабул забоншиноси маъруф, профессор Исматуллоев М. Ф. дониши хуби Саъдуллољонро махсус ќайд намуда, изњор дошт, ки ба шоњроњи илму тадрис муњаќќиќе ќадам мегузорад, ки ояндаи дурахшон дорад. Пас аз ним соли тањсили аспирантура ўро чун дигар фарзандони замон барои хизмати Ватан ба сафи Ќушунњои шўравї даъват намуданд. Саъдуллољон Неъматов дар шањри Ленински вилояти Ќизилўрдаи Љумњурии Ќазоќистон дар њайати ќисми артиллерии самти стратегї дошта ба хидмат шурўъ намуд. Њамзамон ба њамсафони худ бо супориши командири ќисми њарбї аз тайёрии сиёсї дарс њам мегуфт. Баъди анљоми хидмат барои идомаи тањсил ба Душанбе баргашт.
Соли 1976 Саъдуллољон аспирантураро бомуваффаќият хатм намуд ва ба зодгоњаш шањри Хўљанд, ба донишкадаи азизаш баргашт. Рисолаи номзадиаш пурра тайёр шуда бошад њам, дар Тољикистон Шўрои диссертатсионї аз ихтисоси методикаи таълими забон набуд. Таќдири илмї ўро ба шањри Маскав, ба даргоњи Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии мактабњои миллии Вазорати маорифи Федератсияи Руссия овард.
Пас аз муҳокимаи васеъ дар шуъбаи методикаи таълими забонњо рисолаи номзадиаш дар мавзўи «Асосњои илмии таълими забони тољикї дар шароити дузабонии миллї-русї» ба њимоя тавсия гардид. 25 сентябри соли 1980 Саъдуллољон Неъматов рисолаашро бомуваффаќият дифоъ намуда, ба дарёфти унвони номзади илмњои педагогї сазовор мегардад.
Рўзи њимояи рисола ректори онваќтаи донишкадаи омўзгории ш. Хўљанд шодравон Ќаюмов Саттор, ки он рўзњо дар шањри Маскав дар сафари хидматї буд, баромад намуда, ањамияти омўзиши забонњои миллиро дар ќаламрави Иттињоди Шўравї як падидаи хеле тозаи сиёсї ва идеологї дар робитаи забонњо ва тамаддунњо изњор медорад. Мавсуф ќайд мекунад, ки ташаккули дузабонии русї-миллї дар оянда ањамияти хосса касб хоњад кард ва қадами нахустини муҳаққиқи љавон Саъдуллољон Неъматов фоли нек хоҳад гардид.
Саъдуллољон Неъматов аз соли 1976 то соли 1980 дар кафедраи забони тољикии факултети филология ба њайси муаллим ва сармуаллим фаъолият мебарад. Соли 1981 ба сифати љонишини декани факултаи филологияи руси донишкадаи давлатии Хўљанд таъин мегардад. Ташаккули фаъолияти олим њамчун роњбар, мураббї ва устоди чандин насли шогирдон дар самти суханшиносии рус ва таълими забони русї дар муассисаҳои таҳсилоти кишвар оѓоз мегардад.
Доираи шуѓли илмї-назарї ва методии ў пайваста васеъ мегардад. Соли 1983 директори Пажўҳишгоҳи илмї-тадқиқотии илмҳои педагогии љумҳурї, шодравон Каримова Омина Баҳодуровна бо тавсияи Азиз Кенљаевич Каримов - мудири шуъбаи пажўҳишгоҳ, Саъдуллољон Неъматовро ба Душанбе даъват намуда, барои таҳияи Барномаи нави таълими забони давлатї (тољикї) дар мактабњои русї супориш медиҳад. Мавсуф даъватро бо љону дил пазируфта, соли 1984 нахуставвал барнома ва сипас солҳои 1984-1985 китобњои нави дарсии «Забони тољикї барои синфњои 3-4, 5-6 ва 7-8»-и мактабњои русро омодаи нашр менамояд Соли 1984 дар намоишгоњ-ярмаркаи китобҳои дарсии забонҳои миллї дар шаҳри Москва китоби забони тољикї барои синфҳои 3-4- и мактабҳои русї ба ифтихорномаи Вазорати маорифи собиқ Иттиҳоди Шўравї мушарраф мегардад.
Дертар, солҳои 1988-1989 ин китобҳо пас аз таҳриру иловаҳо бори дигар ба табъ мерасад ва то ҳол низ аз љониби бархе аз муаллимони забони давлатї истифода мешавад.
Байни солњои 1985-1991 Саъдуллољон Неъматов дар конфронсњои мухталифи илмї-назариявї, илмї-амалї дар шањрњои Маскав, Лвов, Ќазон, Астрахан, Самара, Бишкек, Санкт-Петербург, Минск оиди проблемањои мубрами дузабонии миллї – русї, русї-миллї, тањияи барномањои таълим ва китобњои дарсї маърўзаву гузоришњо пурмуњтаво мекунад. Тўли ин солњо тадриљан рисолаи докториашро низ њусни љараён мебахшад.
Мулоқоти Саъдуллољон Неъматов моҳи ноябри соли 1989 дар семинари байналхалқии шаҳри Лвови Украина бо донишманди маъруфи илми методикаи таълими забони русї дар мактабҳои миллї, профессор Елена Александровна Быстрова, ки он вақт љонишини директори Институти таълими забони русї дар мактабҳои миллї (ш.Москва) буд, саҳифаи дурахшони парвози баланди муҳаққиқи љавон гардид. Бо ҳидояти профессор Быстрова Е.А. Саъдуллољон Неъматов барои анљоми рисолаи докторї ба шаҳри Москва омад ва солњои 1991-1992 докторанти Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии мактабњои миллии назди Вазорати маорифи Федератсияи Русия гардид.
Саъдуллољон Неъматов 14 ноябри соли 1991 дар Шўрои диссертатсионии Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии таълими забони русї дар мактабњои миллии Академияи илмњои педагогии Федератсияи Руссия пеш аз анљоми муњлати тањсил рисолаи доктории худро дар мавзўи «Асосњои илмии таълими забони тољикї дар шароити ташаккули дузабонии русї-миллї» бомуваффаќият њимоя менамояд. Рўзи ҳимоя зимни суханрониаш раиси Шўрои диссертатсионї профессор Сабаткоев Рамазон Ботирович чунин мегўяд: «Рисолаи доктории Неъматов Саъдуллољон дар ќаламрави Иттињоди Шўравї аввалин тадќиќотест, ки ба тањияи модели нави ташаккули дузабонии русї-миллї бахшида шудааст. Дар Шўрои диссертатсионии мо то њол касе дар чунин синну соли љавон рисолаи докторї дифоъ накарда буд».
Бозгашти донишманди љавон Саъдуллољон Неъматов аз Маскав ба Тољикистон ба рўзњое мувофиќ омаданд, ки дар љумњурї падидањои нахустини соњибистиќлол гардидани Тољикистон ба назар мерасид. Ё ин муждаву пайки муборакро нек истиќбол намуд ва тамоми аќлу заковати хешро ба тарбияи маънавї, ахлоқї ва ватандўстии шогирдон сарф намуд.
Августи соли 1993 Саъдуллољон Неъматовро ба Раёсати Њукумати вилояти онваќтаи Ленинобод ба њайси љонишини раиси вилоят оид ба масоили иљтимої даъват карданд. «Сол хеле вазнин буд, - ба ёд меоварад ў. Љумњурии тозаистиќлол дар шароити вазнини муќобилияти мухолифин, вазъи ногувори иќтисодиву иљтимої ќарор дошт. Ман аз сарвари мамлакат, раиси Шўрои Олии ЉТ Эмомалї Шарифович Рањмонов супориш гирифтам, ки дар роњи тањкими пояњои устувори давлату миллат, бањри шукуфоии Ватани азиз содиќона хидмат намоям».
Воќеан Саъдуллољон бо сухану каломи ширини ватандўстонаи худ, ифтихор аз давлату ватандорї, нангу номус ва виљдону шараф дар муддати кўтоњ назди халќи сарбаланду тољдораш, байни мардуми вилояти Суѓд, ба вижа шањри Хўљанд обрўю эътибори хосса пайдо мекунад.
Воқеаеро ҳамеша дар ёд дорад. Рўзи мотам ва видоъ бо олим, сиёсатмадор ва арбоби љамъиятиву давлатї Моёншо Назаршоев, ки дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнї баргузор шуда буд, Саъдуллољон Неъматов дар суханронии пурҳарорати худ қайд намуд, ки сўиқасд ба љони фарзандони шуљову далер моро водор месозад, ки дар атрофи Ҳукумати қонунї, сарвари мамлакат Э.Ш. Раҳмонов боз ҳам муттаҳидтар бошем. Мо бояд барои идомаи зиндагии онҳое, ки аз тири адў љон ба љаббор супурдаанд, мубориза барем, ватанро аз хоину лаъин тоза намоем.
Пас аз анљоми мотам ва суханронии самимї ба наздаш шодравон Муҳаммад Осимї ва љонишини сарвазири Ҳукумати Тољикистон Шокиров Љўра Раҳмонович омада, изҳори миннатдорї намуданд. Устод Осимї гуфтанд: «Писархон, умед дорам, ки дар вазифаи љонишини раиси вилоят ба халқу ватани маҳбуб монда нашуда хидмати шоиста менамоед. Аз умратон барака ёбед». Саъдуллољон ҳаргиз ин суханҳоро фаромўш намекунад.
Моњи ноябри соли 1994, интихоботи нахустини Президенти Љумњурии тозаистиќлоли Тољикистон. Саъдуллољон Неъматов ба њайси шахси боэътимоди номзад ба Президенти ЉТ Эмомалї Рањмон ба майдони умед ва олами шарафмандї ќадам мегузорад. Суханони гарму оташбори ўро дар шахсияти фарзанди љонсупору арзанда, такягоњ ва умеди мардуми тољик Эмомалї Рањмон дар кулли шањру ноњияњои вилояти Ленинобод бо љону дил истиќбол менамуданд. Саъдуллољон боварї ва ифтихори беандоза дошт, ки халќу кишвар ниёзи комил ба роњбари тавонову ояндабин, донову љасур, мењрубону ѓамхор дорад. Он рўзҳоро барояш аз даврањои таќдирсоз ва моломоли фарањ ва ќаноатмандии комил мењисобад.
Умуман, соли 1994 барои Саъдуллољон Неъматов соли татбиқи орзуву рисолатҳо буд. Ў моҳи октябр ба дараљаи илмии профессор (дипломи КОА (ВАК)- и Федератсияи Руссия) ва моҳи ноябр ба дарёфти унвони академики Академияи байналхалқии илми мактабҳои олї мушарраф мегардад.
Аз моњи феврали соли 1995 то 2000 вакили халќ дар Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон аз њавзаи интихоботии Сирдарё № 67, депутати Маљлиси вилоятї аз њавзаи интихоботии Мањрами ш. Конибодом интихоб мегардад. Аз соли 1996 то соли 2000 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон Сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Ќазоќистон таъин мегардад. Моҳи сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Љумњурии Тољикистон ба мартабаи дипломатии Сафири фавќулодда ва мухтори Љумњурии Тољикистон сарфароз мегардад.
Хидмати дипломатї саҳифаҳои тозабунёди мавсуфро ташаккул медиҳад. Лаҳзаҳои супоридани қабзулвусул (верительная грамота) ба Президенти Љумҳурии Қазоқистон дар маросими тантанавї ва расмї, ташкили мулоқотҳои гуногуни дипломатї дар қаламрави кишвари дўст ва бародар, таљлили љашнҳои миллї – Иди Истиқлолият, Наврўз, даҳаи адабиёт ва санъати тољик дар Қазоқистон ва амсоли ин аз рўйдодҳо ва маросимҳои хотирмони зиндагиномаи Саъдуллољон Неъматов маҳсуб меёбад.
Соли 1998, моҳи ноябр бо фармони Президенти Љумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Сафири Тољикистон Саъдуллољон Неъматов ба ифтихори таҳкими муносибатҳои ҳасанаи байни ду кишвар бо медали «Астана» мукофотонида мешавад.
Пас аз анљоми сафари хидмати дипломатї Саъдуллољон Неъматов аз соли 2001 то соли 2006 дар Созмони байналхалќї чун мушовир ва тарљумон адои хидмат намуда, аз моњи феврали соли 2007 ба вазифаи мудири кафедраи забоншиносии умумї ва типологияи муќоисавии забонњо ва декани факултаи филологияи руси Донишкадаи давлатии забонњои Тољикистон ба номи С.Улуѓзода ба фаъолияти илмї ва педагогї камар мебандад. Дар муддати кўтоҳ факултаи филологияи руси донишкада ба мақоми байналхалқї сазовор мешавад. Аввалин озмуни байналхалқї аз фанни забон ва адабиёти рус аз љониби Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) ба номи М.В.Ломоносов мањз дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад.
Соли 2008 Саъдуллољон Неъматов дар конфронси байналхалқї дар шаҳри Минск, ки ба проблемаи омодашавии мактабҳои олии кишварҳои ИДМ ба раванди љадиди таҳсилот (Болонский процесс) бахшида шуда буд, ҳамчун раиси сексияи таълими забонҳо дар шароити дузабонї ва бисёрзабонї саҳм мегирад. Гузориш илмии мавсуф дар саҳифаҳои маљмўаи мақолаҳои иштирокчиёни конфронс бо унвони «Лингвокультурный аспект обучения русскому языку в национальной школе» чоп мегардад.
Њамчун сарвари Маркази русии Хазинаи «Олами рус» дар татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон ва Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон нисбати чорањо оиди такмили таълим ва омўзиши забони русї дар давраи солњои 2004-2014 камари њиммат дорад. Танњо дар давоми солҳои 2008-2011 се конфронси байналмилалї тањти шиори «Забони русї дар робитаи тамаддунњо», зиёда аз 10 семинар, мизи мудаввар ва мањфилњои фарњангї доир намуда, њамчунин дар конфронсњои байналхалќии шањрњои Москва (2008, 2009, 2010), Минск (2007) бо маърўзањои илмї баромад намудааст.
Саъдуллољон Неъматов байни солњои 2007 – 2013 дар љаласаҳои Ассамблеяи анъанавии Хазинаи «Олами рус» (Фонд Русский Мир) 7 маротиба ширкат варзида, доир ба тарғиб ва ташвиқи забон ва фарҳанги рус саҳми арзанда дорад.
Моњи ноябри соли 2012 Саъдуллољон Неъматов дар Форуми 8 –уми «Робитаи забонҳо ва тамаддунҳо, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва дар кишвари Беларус, ш. Минск баргузор гардид, иштирок ва маърўза намуд. Моњи сентябри соли 2014 ба сифати намояндагї аз Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар љаласаи нахусти Шўрои љамъиятии ИДМ оид ба таълими забони русї дар ш. Москва иштирок ва баромад намудам.
Саъдуллољон Неъматов аз 1 декабри соли 2011 мудири шуъбаи арзёбии тањсилоти Академияи тањсилоти Тољикистон таъин мегардад. Аз соли 2010 дар Шўрои дифоъи назди Академияи тањсилоти Тољикистон њамчун котиби илмї ва узви Шўрои диссертатсионї фаъолият мебарад. Тањти рањбарии мавсуф 16 нафар унвонљўй, аз љумла 1 нафар доктори илм рисолањои илмии худро бомуваффаќият дифоъ намуданд, ки 8 нафари онњо аз равияи 13.00.02 – методикаи таълими забони русї дар мактабњои тољикї мебошанд.
Муаллифи 2 монография, 6 китоби дарсї аз фанни забони давлатї барои мактабњои русї (1984-1989), 4 рањнамои таълим, 2 дастури методї аз фанни забони русї, аз љумла «Интегрированное обучение русскому языку в таджикской школе» (2011), «Обучение глагольной системе русского языка в таджикской школе» (2011), зиёда аз 120 маќолаву гузоришоти илмї оид ба проблемањои типологияи муќоисавї, робитаи забон ва фарњанг (лингвокультурология), назария ва амалияи тарљума, методикаи таълими забони русї ва тољикї мањсуб меёбад. Дар айни замон китоби дарсї барои мактабњои олї – «Введение в языкознание» ва «Практическая грамматика русского языка» (дар њамкорї) бо ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ба нашр тавсия шудааст. Алњол 6 аспирант ва 8 унвонљўй тањти рањбарии ў рисолањои илмии худро ба анљом мерасонанд.
Соли 1978 бо Грамотаи Фахрии Президиуми Олии Љумњурии Тољикистон мукофотонида шудааст.

Осор:
1. Научнные основы обучения лексике таджского языка в русских школах, М., 1991.
2. Преподавание таджиксого языка в 4 – 5 классах русских школ, Душанбе, 1991.
3. Президент Рахмонов: Человек и политик. - Алмаата, 1997.
4. Теория и практика перевода: описание терминосистемы (учебное пособие). - Душанбе, 2010. - 92 с.
5. Интегрированное обучение русскому языку в таджикской школе. Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе. Душанбе, 2011. – 102 с.
6. Обучение глагольной системе русского языка в таджикской школе. Методическое пособие для учителей русского языка в таджикской школе. Душанбе, 2011. – 72 с.
7. Аттестационные материалы для выпускников 9 класса общеобразовательных школ Республики Таджикистан. Душанбе. 2012. – 54 с.
8. Аттестационные материалы для выпускников 11 класса общеобразовательных школ Республики Таджикистан. Душанбе. 2012. – 64 с.
9. О когнитивной лингвистике // Известия Таджикского отделения Международной академии наук высшей школы, №2, 2010. Душанбе. – С. 49-57.
10. Учет лингвистического аспекта перевода как фактора повышения качества подготовки филологов - билингвов. Материалы Международной конференции «Определение проблем повышения качества образования в государствах- членах ЕврАзЭС». Душанбе. 2010.- С.28-36.
11. Розенталь Д.Э.- великий ученый и педагог (к 110-летию со дня рождения). Материалы Международной научно-практической конференции, посвященной Году образования и технической культуры в Республике Таджикистан и Году науки и инноваций в СНГ (28-29 декабря 2010 г.). Душанбе, 2011. – С.256-261.
12. Реалия в лингвистике. Материалы Международной научно-практической конференция «Актуальные проблемы русистики и компаративистики в современной лингвистической парадигме языков и культур» - Душанбе, 2010. – С.122-131.
13. Национально-культурный компонент в семантике слова. Материалы научно-практической конференции - Актуальные проблемы совершенствования преподавания русского языка в школах Таджикистана», посвященной 100-летию профессора Л.В.Успенской. Душанбе: ТГПУ им.С.Айни. 2010. – С. 36-42.
14. О взаимосвязи языка и культуры в переводе. //Известия Таджикского отделения Международной академии наук высшей школы, №1, Душанбе. 2011, С. 24-32.
15. Когнитивная лингвистика и ее становление в русском языкознании. Паёми Донишкадаи забонхо, № 1,(4) 2011. - С. 7-11.
16. Модальность с точки зрения академика В.В. Виноградова. Материалы Международной научно-практической конференции Кургантюбинского государственного университета им. Н.Хусрава. Кургантюбе. 2012. – С.45-54.
17. Сопоставительная лингвистика и проблемы обучения русскому языку в условиях билингвизма. Сборник материалов «Дни русского языка в Республике Таджикистан» (25-27 октября 2007 г. Москва – Душанбе - Курган-Тюбе), М., МГУ, 2007. С.51-55.
18. Лингвокультурологические единицы в практике обучения русскому языку в условиях двуязычия. Тезисы докладов Международной научно-практической конференции «Многоуровневая система подготовки специалистов в области межкультурной коммуникации: общеевропейский подход и проблемы ее адаптации в государствах – участниках СНГ». М., МГЛУ, 2007.С.49-51
19. Лингвокультурологическое описание терминов и понятий в учебных целях. Материалы Международной научно-практической конференции - «Актуальные проблемы русистики и компаративистики в современной лингвистической парадигме языков и культур (28-29 декабря 2009 г.). Душанбе, 2009. С. 180-187.
20. Сопоставительная лингвистика: проблемы обучения русскому языку в условиях билингвизма. Сборник научных статей «Ганчинаи сухан» (Сокровищница слова). Душанбе, ТГИЯ, 2008. С.56-62.
21. Забони тољикї. Учебник таджикского языка для 3-4 классов русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1984. - 180 с.
22. Забони тољикї. Учебник таджикского языка для 5-6 классов русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1985. – 192 с.
23. Забони тољикї. Учебник таджикского языка для 7-8 классов русской школы. - Душанбе: Ирфон, 1985. – 202 с.
24. Забони тољикї. Учебник таджикского языка для 2 класса русской школы. – Душанбе: Ирфон, 1989. – 164 с.
25. Китоб барои муаллим. Методическое руководство к учебникам таджикского языка для школ с русским языком обучения. - Душанбе, 1992. - 108 с.
26. Переводческий словарь в учебных целях. - Душанбе, 2010. - 88с.
27. Введение в языкознание. Учебное пособие для таджикских групп филологических специальностей (в соавторстве). - Душанбе, 2013. - 302с.
28. Стратегия развития психолого-педагогических наук в 21 веке в размышлениях академика РАО Д.И.Фельдштейна (в соавторстве) //Вестник Академии образования Таджикистана. №1 (12), 2013. – С.24-26.
29. Проблема модальности в русской и зарубежной лингвистике //Вестник Академии образования Таджикистана. - №1 (8), 2012. – С.93-99.
30. Русский язык в межкультурной и многоязычной среде. Материалы международной конференции «Актуальные вопросы обучения русскому и английскому языкам в условиях поликультурной и многоязычной среды» (27-28 февраля 2014 г.). – Душанбе: Матбаа, 2014. - С.12-18.

 

 

ПАЖЎЊИШ ДАР ПАЊНОИ  ИБТИКОРОФАРИНЇ

 


Профессор Сафар Сулаймонї. Ин номи шариф дар Тољикистон ва Ирону Афѓонистон ниёзе ба муаррифї надорад. Дар њамин се кишвари њамзабон ўро родмарди ибтикорофар дар пањнои пажўњиш ном мебаранд. Љои муболиѓа њам нест, ки ин родмарди ибтикорофар дар пањнои пажўњиш дар баробари як пажўњишгоњ зањмат мекашад. Муњим аз њама ин дар баробари тањќиќу пажўњишњои бунёдї дар дастгирии ањли муњаќќиќони љавони тољику ирону афѓон њам беназир аст.
Зиндагинома ва корномаи илмиаш низ ба мисли пажўњишњояш як пањнои бузурге дорад. Омўзишгоњи омўзгории шањри Конибодом (1972), Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон (1976), аспирантура ва докторантураи Донишкадаи фарњанги Маскав (1985, 1990), Донишгоњи миллии Тољикистонро (1997) хатм намудааст. Њамзамон солњои 1976-1985 дар Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон дар вазифањои муаллими калон, дотсент ва мудири кафедраи китобхонашиносї ифои вазифа намудааст. Солњои 1990-1995 дар Донишгоњи Исфањони Ирон, солњои 1999-2004 директори Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоот фаъолияти кор намудааст. Хидмати шоиста ва ибтикорофари профессор Сафар Сулаймонї дар Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоот дар солњои 1999-2004 хеле муассир будааст, новобаста аз он, ки ибтикоротофарии эшонро дар тўли як дањсола дар ин самт «фаромўш»-е њам карда буданд.
Профессор Сафар Сулаймонї дар як навишти хеш бо унвонии «Мулоќот бо вазир созанда буд» (Бањори Аљам.- 2014.-№2.- 28. 01.-С.3.) чунин овардааст: «Дар мулоќот бо вазири фарњанг сўњбат танњо аз роњкорњои навин, ки пажўњишу тањќиќи масоили фарњанг ба он бештар ниёз дорад, анљом гирифт. Чунин мулоќот бори аввал бо ходимони илмии Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоот дар тўли беш аз 3 соат идома ёфт, омўзанда ва дилгармкунанда буд. Ходимони илмии Пажўњишгоњ гуфтанињои зиёд ва таклифу пешнињодњои бештареро матрањ карданд, ки барои рушди дурнамои соња мўхим ва муфид буд. Муњимтар аз њама, ходимони илмї ва мутахассисон аз он ризоятмандї карданд, ки чунин як шахси мутахассису кордон, љавону болаёќат ва ибтикорофар, ки аз љониби Президенти кишвар ба ин самти муњими иљтимоъ пешнињод гардидааст, воќеан арзанда ва умедволркунанда аст, ки соати аввали мулоќот њама онро хуб дарк карданд. Љараёни мулоќот бо чењраи кушоду хандон, бо орзую умедњои илњомбахш, дар фазои худию худмонї ва њамдигарфањмї сурат гирифт.
Воќеан, кадрњои чашми кордону пурталош имрўз бештар аз њама ба чунин шахсњои содиќу мутахассис ва ботаљриба ниёз дорад, ки дар мулоќоти аввалин ин хеле равшану возењ муайян гардид ва дилгармиро ба кору фаъолият бештар намуд». Зеро он, корњоеро професор Сафар Сулаймонї тўли солњои 1999-2004 дар Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоот ба антом дод, он кори як дањсолае буд. Тањияи «Консепсияи руди фарњанги Тољикистон» ва нашри садњо маќолоту китоб перомуни фарњангшиносї, ташкили њамоишу симпозиумњои байналмилалї нуфўз ва эътибори Пажўњишгоњи фарњанг ва иттилоотро баланд намуд.Дар доманаи мамин соло професор Сафар Сулаймонї тавассути роњкорњои навин дар самти фарњангшиносї ва китобшиносии тољик як гардиши тозаеро ба миён овард.
Профессор Сафар Сулаймонї дар њар љабњае, ки фаъолият мекунад бо ибтикорофарї дар пањнои пажўњиш роњкорињи наверо роњандозї менамояд. Масалан, бо даъвати равоншод, профессор Худойназар Асозода солњои 2004-2007 ба њайси мудири кафедраи педагогикаи умумї дар Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї як њавзаи пажўњиширо миёни муњаќќиќони љавони тољику ирону афѓон роњандозї намуд. Аз соли 2007 то ин љониб дар Пажўњишгоњи рушди маорифи ва солњои охир дар Академияи Тањсилоти Тољикистон машѓул ба тањќиќу пажўњиш мебошад..
Дар тўли кору фаъолият дар Академия професор Сафар Сулаймонї дар радифи тањия ва омодасозии маљаллоти илмї, тарбияи мутахассисони илмї, баргузории њамоишу конфронсњои илмї, пажўњиши масоили мубрами пањлўњои тозаву тањќиќнашудаи педагогика љиддан машѓул гардид ва нињоят китову маќолоти сирфан илмию академикиро таълиф намудааст.
Устод Сафар Сулаймонї бештар фаъолиятњои илмии муштаракро роњандозї менамояд. Мегўяд, ки чунин фаъолият бештар бороваранд. Бо таваљљуњ ба ин дар натиљаи њамкорї бо академикон Каримова И.Х. ва Шарифзода Ф. ва номзади илмњои педагогї Булбулов Љ. китоби "Педагогикаи ибтикорї"дар њаљми 542 с. барои чоп омода гардад. Дар тањќиќи мазкур масъалањои бунёдии педагогикаи ибтикорї, методологї ва назарии он, омилњо ва сабабњои рушду аќибафтодагї, мавзўъ ва фанни педагогикаи ибтикорї, њадафњо ва заминањои бунёдии педагогикаи ибтикорї, ибтикоршиносї, проблемањои омўзиш ва дарки навоварињои педагогї, марњилањои фаъолияти педагогикаи ибтикорї, масъала ва њалли масъала дар педагогикаи ибтикорї мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст.
Дар фасли дувуми китоб масоили педагогикаи ибтикорї дар мактаби олї ва дар фасли савум масъалањои методологї ва назарии омўзиши суннатї бо ёдгирии электроникї дар донишгоњњо мавриди бањрабардорї ќарор гирифтааст.
Санаи 28-уми декабри соли 2013 рўнамоии китоби профессор Сафар Сулаймонї «Педагогикаи фарњанг» дар Академияи тањсилоти Тољикистон баргузор гардид. Дар ин рўнамої ишора гардид, ки С.Сулаймонї аз љумлаи олимони шинохта ва сермањсули соња аст, ки тавонистааст тўли солњои зиёд дар ин соња хидмати шоиста намояд. Академикон Мањмадулло Лутфуллоев, Ирина Каримова, Файзулло Шарифзода, профессор Бибињафизи Маљидова ва чанде муњаќќиќону донишмандон ва хабарнигорон дар ин маљлис пањлуњои илмї ва ањамияти ин китобро баррасї намуданд. Ишора гардид, ки педагогикаи фарњанг ба унвони бунёди пайвастани педагогика ва фарњангшиносї мазмун ва шаклу рушди педагогикаи фарњангро аз дидгоњи фарњангшиносї баррасї ва муаррифї менамояд.
Китоби «Педагогикаи фарњанг» аз њафт ќисм иборат буда, дар аввал масъалањои назариявии педагогикаи фарњанг, фарњангшиносии омўзишу парвариш ва проблемањои муосири фарњанги мардум, мушкилоти пажўњиш дар педагогикаи фарњангшиносї, пажўњиши масоили тамаддунњо дар контексти педагогикаи муосир; дар ќисми дувум: мактабњои педагогї: мактаби асолатгарої дар пажўњишњои педагогї, ташаккули андешаи педагогї дар ислом, таълиму тарбият дар мактаби эгзистенсиализм (асолатгарої), равишњои навини пажўњиш дар педагогикаи фарњангшиносии муосир: бахши савум; педагогикаи фарњанг дар амалия, истилоњи «фарњанг» дар педагогикаи муосир, чашмандозњои тозаи педагогикаи фарњанг, масоили умдаи тавсиаи фаъолияти иљтимоиву фарњангї, фарњанги мардум ба унвони мавзўи фарњангшиносї, сиёсати омодасозии кадрњо дар риштаи педагогикаи фарњанг: вазъият ва проблемањо, рањёфти ибтикорї (инноватсионї) дар буёдматни консепсияи рушди фарњанг, педагогикаи фарњангшиносї ва мушкилоти пажўњиш дар он; бахши чањорум афкори педагогии ниёгон, ки дар он дидгоњњои Шањиди Сонї дар бораи одоб ва вазоифи муаллим дар љаласаи дарс, афкори педагогии Бурњониддини Зарнуљї, проблемањои яксонсозии истилоњоти педагогика дар ќаламрави забони форсї: зарурият ва чашмандозњо, илоњиётшиносии педагогикаи фароѓат, андешањои муањаќќиќони исломї дар бораи фароѓати донишомўзон, педагогикаи ислом дар низоми таълими донишгоњї, омилњои таълиму тарбият аз дидгоњи устод Мутањњарї яке аз дигар мавзўъњои пажўњиш ин китоб мебошанд.
Дар њамин давраи фаъолият профессор Сафар Сулаймонї дар пажўњиши педагогикаи ислом як роњкории тозаро ба мине овард. Бояд њам эътироф намуд, ки профессор Сафар Сулаймонї дар кишварњои пасошўравии Осиёи Миёна яке аз аввалин муњаќќиќи ибтикорофар дар пањнои пажўњиш аст, ки дар заминаи педагогикаи ислом маќолоту китобњои арзишмандеро рўи чоп овард.
Дар пажўњишњои мавридии хеш перомуни педагогикаи ислом усулњои навини фаъолиятњои иљтимої-фарњангии ислом дар контексти парадигмањои навини педагогї мавриди баррасї ќарор дода, њадафмандии фаъолиятњои иљтимоию фарњангї, фаврї, мушаххас ва силсилавї будани равандњои фаъолиятњои иљтимої-фарњангиро аз нигоњи ислом тањќиќ намудаст.
Њамчунин китобшинос низ китобнигорї ва китобхонањои исломиро мавриди тањќиќ ќарор дода, дар замина низ дар як навишти хеш сари њамин мавзўъ ќайд намудааст, ки китобхонањои исломї воќеан маркази илмию пажўњишии љањони ислом буда, манбаи илњомбахши фарњанг ва маънавиёти исломї будааст. Дар замони хилофати араб иттилоот, ки он ќадар нуфузи густарда надошт, танњо китобхонањо маркази аслї ва ќонунї дар дарки ислом ба њисоб мерафт, Дар он давра бањс пиромуни китоб ва љойгоњи он дар љомеа густариш пайдо карда ва дар натиља яке аз шохањои он «китобшиносї» ташаккул ёфт. Дар њамин замина китобњои “Педагогикаи Ислом” (2009), “Афкори педагогикаи Имоми Аъзам” (2009), “Таълиму тарбият дар Ислом” (2010) ва дањњо маќолањои мавридии арзишманд перомуни педагогикаи ислом аз хидматњои шоистаи эшон дар пажўњиш ва муаррифи педагогикаи Ислом дар замони Истиќлол мебошад.
Дар ќиболи пажўњиши педагогигї, професор Сафар Сулаймонї нияти неки таълифи «Педагогикаи татбиќї (муќоисавї)»-ро дар андеша дорад. Дар ин маврид профессор Сафар Сулаймонї мегўяд, мавзўи педагогикаи татбиќї шинохти сањењи тамоми ќисматњо ва масъалањои таълиму тарбият дар кишварњои љањон, љамъоварии охирини иттилооти марбут ба таълиму тарбият ва муќоисаи онњо дар љињати ёфтани роње барои мушкилоти омўзишии кишвари мавриди назар аст, ки мо ба он даст задаем. Тибќи барномарезии илмии соли љорї тањќиќи масоили педагогикаи татбиќї (муќоисавї) дар назар дошта ва дар ин самти пажўњиши гурўњї академикон Ирина Каримова ва Файзулло Шарифзода дар њамкорї ба тањќиќ оѓоз намуданд. Педагогикаи татбиќиро метавон иборат аз як низоми тањќиќї донист, ки моро барои дастёбї ба шинохти љадиди назария ва амалия аз тариќи муќоисаи ду ё чанд системаи тарбиятї дар кишварњои мухталиф ва ё даврањои таърихии гуногун ёрї медињад. Дар назар аст, натиљаи тањќиќ дар як куллиёти вижа дастрас гардад.
Дар ин росто чапнд сол ќабл аз љониби ишон “Донишномаи педагогикаи навин” чоп гардида буд, ки ин силсила луѓатњо дар чанд маќолоту гузоришњои иомї мавриди баррасї ќарор гирифта буд.
Устод дар тарбияи мутахассисони илмии тољику ирону афѓон дар риштаи педагогика наќши муассир дорад, дањњо нафар муњаќќиќони ватанию хориљї бо њидоят ва роњбарии ишон рисолањои номзадї ва доктории хешро дифоъ намуда ва ќисме аз онњо дар арафаи дифоъи рисолањои илмии хеш мебошанд.
Ба андешаи эшон тавоної ва ќудрати муњаќќиќони љавон ба истифода аз равиши илмї дар тафаккур ва тањќиќ нишондињандаи рушди илмии онњо мебошад, ки равишњои илмиро хубтар донанд ва зудтар ба маќсад бирасанд.
Хидмати шоистаи ин пажўњишгари тавоно бояд намуна ва ибрати њар як донишвар гардад, ин тањияи корномањо мебошад. Дар корномањои нашрнамудааш профессор Сафар Сулаймонї фаъолиятњои илмии хешро мавриди баррасї ќарор дода, кўшиш ба харљ дода аст, ки кулли маводи мунташираро тибќи меъёрњои пазируфташуда тањия нам ояд. Ин кори судманди эшон барои намуна дар тањияи библиографињо, рўйхати китобњо барои кормандони китобхонањо ва муњаќќиќон як дастури муфид мебошад ва њам як гузорешу як роњкорњои оянда дар тўли як сол
Дигар самти ибтикорофарии эшон ин ба сифати дабир, ташкили конфронсњо ва нишастњои илмї мебошад, ки тавассути он фаъолиятњои илмї шинохта ва мавриди бањрабардорї ќарор мегиранд. Хислати барљастагии ин родмарди корофарин дар њамин самт боз дар он аст, ки ба њар гўшаи Тољикистон чї сафари корї ё фароѓатї дошта бошад, бо истифода аз фурсати муносиб њатман як нишасти илмиеро доир менамояд, ки ин хислати неки эшон бояд шоистаи ќабули дигар донишмандони тољик гардад.
Дар атрофи ин родмарди ибтикорофари пањнои пажўњиш метавон чанд дафтар корнома навишт, зеро муаллифи бештар аз 800 асару маќолањои илмї ва илмию методї мебошад, ки масоили педагогика, омўзишу парвариш, таълиму тарбият, китобу китобдорї, китобшиносї, фарњангшиносї, иттилоотшиносї, забоншиносї, масоили эроншиносию афѓоншиносї ва равобити фарњангиро фарогир аст, ки номгўи якояки онњо дар корномањои ин родмарди ибтикорофари пањнои пажўњиш сабт гардидаанд.
Мањмадулло РАЉАБОВ
номзади илмњои педагогї, дотсент,
декани факултаи забон ва адабиёти
русии ДДОТ ба номи С.Айнї
тел.917021663

Гулмадов Файз

      Санаи таваллуд 1 марти соли 1953.  Љойи таваллуд ноњияи Шурообод. Гулмадов Файз хатмкунандаи Донишкадаи давлатии омўзгории ш. Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакй (тањсили рўзона соли 1973) бо ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидої мебошад. Дараљаи илмї- (номзади илмњои педагогї соли 1987 ш. Ќазон, доктори илмњои педагогї соли 2016.

     Мукофотњо-аълочии маорифи Љумњурии Тољикистон, (2004)

      Ифтихорномаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон (2002)

      Ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Љумњурии Тољикистон (2017).

                                              Фаъолияти кор ва собиќа:

      Солњои 1969-1973 -донишљўи Донишкадаи давлатии омўзгории ш.Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї.

      Солњои1973-1975 -омўзгори синфњои ибтидоии мактаби тањсилоти миёнаи умумии №7, шањри Норак.

      Солњои1975-1979 -омўзгори синфњои ибтидоии мактаби тањсилоти миёнаи умумии №34, ноњияи Москва, њоло Мир Сайид Алии Њамадонї

      Солњои1979-1982-ходими хурди илмии шуъбаи педагогикаи Институти тадќиќоти илмии илмњои педагогии Тољикистон

      Солњои1982-1985-аспиранти шакли рўзонаи таълими назди кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко.

       Солњои 1985-1987 -ходими хурди илмии шуъбаи педагогикаи Институти тадќиќоти илмии илмњои педагогии Тољикистон.

    Солњои 1987-1997 -омўзгори калон, иљрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи педагогика ва психология, муовини декани факултети педагогї оид ба тарбияи Донишгоњи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї.

       Солњои 1978-1998-ходими калони илмии кафедраи педагогикаи  Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Ќ. Љўраев.

       Солњои1998-2001-ходими калони илмии лабораторияи синфњои ибтидоии пажўњишгоњи илмњои педагогии Тољикистон.

      Солњои2001-2002-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии тањсилоти олии касбии Идораи аттестатсияи муассисањои таълимии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон.

         Солњои2002-2006-мудири шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии тањсилоти олии касбии Идораи аттестатсияи муассисањои таълимии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон.

         Солњои2006-2007-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии тањсилоти олии касбии Департаменти аттестатсияи муассисањои таълимии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон.

       Солњои2007-2009-сардори раёсати аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф.

       Солњои2009-2014-сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иљозатномадињии муассисањои таълимии тањсилоти олии касбї ва баъд аз муассисањои олии касбии Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф.

     Аз моњи марти соли 2014 -сармутахассиси Раёсати ташкили назорати давлатї ва бањодињї ба сифати тањсилоти Хадамоти давлатии назорат дар соњаи маориф.

    Аз моњи августи соли 2014 то моњи октябри соли 2015- мудири шуъбаи муассисањои тањсилоти олї ва баъдидипломии Маркази љумњуриявии таълимию методии назди ВМ ЉТ.

        Аз моњи октябри соли 2015 то ин љониб- мудири шуъбаи арзёбии тањсилоти Академияи тањсилоти Тољикистон.

 Осори Гулмадов Ф.

                                                    Монография

      1. Гулмадов Ф. Единство формирования нравственных знаний и поведения младших школьников. Душанбе: Ирфон, 2014. 206 с.

     2. Гулмадов  Ф.   Теоретические    основы    формирования    духовно-нравственных убеждений учащихся начальных классов. Душанбе:                                           Ирфон, 2015.340 с.

                                                   Маќолањои нашршуда

    1. Гулмадов Ф. Роль и место этических бесед в формировании духовно-нравственных качеств личности младших школьников /[Текст]// Ф. Гулмадов Вестник педагогического университета. Душанбе: ТГПУ им. С. Айни, 2013. – №2 (51).  С.178-186.

     2.Гулмадов Ф. Актуальные вопросы духовно-нравственного воспитания младших школьников на современном этапе / [Текст] // Ф. Гулмадов Учёные записки Худжандского государственного университета имени Б. Гафурова. Гуманитарные науки.  №1 (28). Худжанд, 2015.С. 242 248.

  3. Гулмадов Ф. Формирование духовно-нравственных ценностей у младших школьников в процессе внеклассной работы /[Текст] // Ф. Гулмадов Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С.Айни, 2013. – №6 (55, Ч. II). – С. 228 – 235.

  4. Гулмадов Ф. Семья основа духовно-нравственного воспитания младших школьников [Текст]/Ф.Гулмадов//Вестник педагогического университета. Душанбе: ТГПУ им. С.Айни, 2014.№3 (58 1). С.224 230.

   5.Гулмадов Ф. Место народных традиций в воспитании нравственных ценностей у младших школьников [Текст] / Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук.– Душанбе: Сино. 2014. №3/7 (148) С. 240 245.

  6.Гулмадов Ф. Воспитание чувства человеческого долга как важного средства воспитания у младших школьников духовно-нравственных ценностей [Текст] Ф. Гулмадов// Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. – Душанбе: Сино. 2014. №3/7 (124). С. 269-273.

  7. Гулмадов Ф. Совместная работа школы, семьи и общественности в формировании духовно-нравственных качеств личности младших школьников [Текст] /Ф.Гулмадов// Вестник Таджикского национального ниверситета. Серия гуманитарных наук. Часть I. Душанбе: Сино. 2014. №3/8 (150). С. 238 244.

  8.Гулмадов Ф. Воспитание культуры общения у младших школьников в учебновоспитательном процессе /[Текст]//Гулмадов Ф. Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть I. Душанбе: Сино. 2012 №3/8 (101). С. 234 239.

  9.Гулмадов Ф. Педагогические основы воспитания у младших школьников нравственной смелости /[Текст]Ф.Гулмадов// Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть  II. Душанбе: Сино. 2014. №3/8 (150). С. 234 244.

 10. Гулмадов Ф. Коллективная деятельность как основное средство формирования у младших школьников единства нравственных знаний и поведения / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. – Душанбе: Сино. 2014. №3/2 (132).С. 156 163.

 11. Гулмадов Ф. К теории воспитания духовно-нравственных ценностей у младших школьников / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Российско- Таджикского (славянского) университета. – 2013. – №3 (42). – С. 252 – 259.

 12. Гулмадов Ф. О воспитании у младших школьников духовно-нравственных качеств личности / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Российско-Таджикского (славянского) университета. – 2014. – №2 (45). – С. 292 – 299.

 13.Гулмадов Ф. Отражение образа учителя в литературно-педагогическом наследии таджикских мыслителей / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник  ТГУПБП. 2015. №4 (60). С. 263 270.

14.Гулмадов Ф.Учитель начальных классов как классный руководитель/ [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник педагогического университета. – Душанбе: ТГПУ им. С. Айни. 2013. – №2 (51). С.178 – 186.

15.Гулмадов Ф. Значение единства нравственных знаний и поведения в формировании духовно-нравственных ценностей младших школьников / [Текст] Ф. Гулмадов // Вестник Таджикского национального университета. Серия гуманитарных наук. Часть  II. Душанбе: Сино. 2015. №3/8 (150). С. 234 244.

 16. Гулмадов Ф. Опыт использования реальных воспитывающих педагогических ситуаций в формировании единства нравственных знаний и поведения младших школьников. // Сб. статей межвузовской конференции к проблеме обучения и воспитания младших школьников: Белгород, 1990. С. 6770.

 17. Гулмадов Ф. Использование возможности учебного процесса в формировании нравственных знаний младших  школьников [Текст]  / Ф. Гулмадов // Просвещение учителей.  1990.  №10. С. 45 50.

 18. Гулмадов Ф. Роль семьи в интернациональном воспитании младших школьников [Текст] /Ф.Гулмадов //Национальное отношение и интернациональное воспитание учащихся и молодежи на этапе демократизации общества: Сборник материалов научно-практической конференции: Душанбе. 1992 С.15 17.

 19. Гулмадов Ф. Экология и вопросы нравственного воспитания младших школьников [Текст] / Ф. Гулмадов // Экология и культура: Тезисы выступлений на научно-практической конференции. Куляб, 1992. С. 92 94.

 20. Гулмадов Ф. Некоторые пути и средства организации коллективной деятельности младших школьников [Текст]  / Ф. Гулмадов // Сборник материалов научно-практической конференции профессорско-преподавательского состава Кулябского государственного университета имени А. Рудаки. Куляб, 1993. С. 100 101

 21. Гулмадов Ф. Психолого-педагогические основы формирования нравственных знаний и поведения младших школьников [Текст] /Ф. Гулмадов //Сборник материалов научно-практической конференции преподавателей и студентов Кулябского государственного университета имени А. Рудаки. Куляб.1994,  С. 41 43.

 22. Гулмадов Ф. Взгляды Мир Сайида Али Хамадони на вопросы нравственного воспитания [Текст] /Ф. Гулмадов// Сборник республиканской научно-практических конференций. Куляб, 1994. С. 3133.

 23. Гулмадов Ф. Педагогика сотрудничестваважное средство обучения и воспитания учащихся [Текст]  /Ф. Гулмадов// Просвещение учителей.2001. №10 12.С. 15 22.

 24. Гулмадов Ф. Эффективность подготовки  будущих учителей на основе педагогики сотрудничества и педагогичечких общений [Текст]  / Ф. Гулмадов // Совершенствование преподавания общественных дисциплин: проблемы и перспективы. Куляб, 2001. С. 3740.

 25. Гулмадов Ф. Компетентный подход школы  и семьи   к нравственному воспитанию учащихся  начальных классов /[Текст] // Ф. Гулмадов  // Миграционный мост между Центральной Азией и Россией в условиях экономического развития: Материалы второго международного симпозиума. (Москва Худжанд, 14 ноября  2010 г.).  Худжанд, 2010.С. 292 295.

 26. Гулмадов Ф. Инновационное поведение как составная часть профессиональной компетентности учителей начальных классов  / [Текст] Ф. Гулмадов//Миграционный мост между Центральной Азией и Россией: Роль миграции в модернизации и инновационном развитии экономики стран, посылающих и принимающих мигрантов: Материалы третьего международного симпозиума (Москва Худжанд, 28-30 ноября  2011 г.) Худжанд, 2011.С. 277 289.

27. Гулмадов Ф. Формирование нравственных знаний младших школьников в процессе разнообразных видов деятельности [Текст] / Ф. Гулмадов // Вклад академика Ибрагима Обидова в исследование  и развитие школы и образования: научный сборник, посвященый 90-летию академику Обидову И.; (сост. М. Обидова; ТГПУ им. С. Айни; Академия образования Таджикистана). Душанбе: Ирфон, 2013. С. 165 169.

28. Гулмадов Ф. Воспитание нравственных убеждений младших школьников / [Текст] / Ф. Гулмадов // Развитие образования в условиях государственной независимости Республики Таджикистан: Сб. материалов Душанбе. 2014 г. С. 35-40.

29. Гулмадов Ф. Формирование единства нравственных знаний и поведения младших школьников  / [Текст] // Гулмадов Ф. Наставники  –  Международного симпозиума, посвященного 700 - летию Мир Сайида Али Хамадони и 600-летию Мавлана Абдурахмана Джами. Душанбе, 2014.С. 67 72.

30. Гулмадов Ф. Воспитание духовно-нравственных ценностей младших школьников в малокомплектной школе / [Текст] // Гулмадов Ф. Малокомплектные школы в современном образовательном пространстве: состояние и перспектива:  Сб.статей Международной конференции.–   Душанбе, 2014. С. 52 56.            

31. Гулмадов Ф. Персидско-таджикские мыслители о воспитании духовно-нравственных качеств подрастающего поколения / [Текст] / Ф. Гулмадов // Вопросы образования.2014.№6.  С. 25 31.

32. Гулмадов Ф. Формирование у младших школьников опыта и привычек нравственного поведения /[Текст] //Ф.Гулмадов // Просвещение учителей.2014.  №1112.С. 17 22.

33. Гулмадов Ф. Значение национальных традиций и обрядов в воспитании нравственных ценностей младших школьников//Материалы республиканской научно-практической конференции, посвященной 70- летию Кулябского государственного университета имени А. Рудаки.Куляб, 2015. С. 123126.

Камолзода Сайфиддин (3.02.1970, дењаи Элоки ноњияи Файзобод) китобхонашинос, номзади илмњои педагогї (2010), Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи М.Турсунзодаро хатм кардааст (1992). Адои хизмати њарбї дар Шарќи дур, ш. Комсомолск-на-Амуре (1988-1989), мудири китобхона ва омўзгори Мактаби тањсилоти асосии №39 (1992-1993), мудири китобхона (филиал)-и №15-и шуъбаи фарњанги н.Файзобод (1993-1994), Омўзгори кафедраи китобхонашиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (1994-2011), љонишини сардори раёсати фарњанги Вазорати фарњанги ЉТ (1999-2004), котиби илмии Осорхонаи миллии ЉТ ба номи К. Бењзод (2004-2005), унвонљўи Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон (2008-2010), ходими калони илмї, (аз 1.04.2010) мудири шуъбаи китобшиносї, китобхонашиносї ва библиографишиносї ва узви Шўрои олимони Пажўњишгоњи илмї-тадќиќотии фарњанг ва иттилоот, инчунин дар асоси шартномаи мењнатї масъулияти мудири шуъбаи масъалањои тарбияи наврасон, љавонон ва робита бо оилаю љомеаи Пажўњишгоњи рушди маорифи АТТ (2010-2011), аз с. 2012 то с.2015 котиби масъули маљаллаи илмї, маърифатї ва таълимию методии “Паёми Академияи тањсилоти Тољикистон” ва аз моњи январи соли 2015 то имрўз масъулияти директори Осорхонаи маорифи Академияи тањсилоти Тољикистонро ба зимма доранд.
Камолзода С. дар мавзўи «Китобхонањои бачагона ва мактабї дар низоми тањсилоти Тољикистон: таърих, вазъият мушкилоти рушди он» (2010) тањти роњбарии доктори илмњои педагогї, профессор С. Сулаймонї аз рисолаи номзадии худ дифоъ намуд.
Камолзода С. дар тањия ва такмили лоињаи Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Абонементи байникитобхонавии кишварњои аъзои ИДМ», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорї», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи осорхонањо ва фонди осорхонањо», «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорї дар ЉТ барои солњои 2006-2015» ба сифати мутахассис сањм гузоштааст.
Камолзода С. дар таълиму тарбияи донишљўён низ наќши созгор дошта, дар тањияи стандартњои миллии тањсилоти миёнаи умумї, барномањои фаннї, дастурњои таълимї-методї фаъолона ширкат варзидааст.
Камолзода С. муаллифи беш аз 50 дастуру маќолањои илмї-методї аз љумла: “Воспитательные идеи о книге и чтении” (1997), “Чароѓи њидоят – њидоят намуд”, “Дониш талабу бузургї омўз” (2000), “Наќши фарњанг дар љомеаи мустаќил” (2001),“Наќши муассисањои фарњангї дар тарбияи ватанпарастии љавонон” (2002),“Имкониятњои педагогии китобхонањои мактабї: вазъият ва мушкилињо” (2007), “Китобшиносии осори Сафар Сулаймонї” (2008 ва 2011),барномаи таълимии «Менељменти китобдорї»: барои донишљўёни факултаи китобдорї ва иттилоотшиносї тахассуси 052700 «Китобдор, библиограф-омўзгор» (2009), “Мавќеи китобхонањои кўдакон дар пешравии дониш” (2010), “Мавќеъ ва манзалати «китобдор» дар љомеаи имрўз”, “Пути совершенствования деятельность школьных библиотек в условиях информатизация образования” (2011),“Библиотечное обслуживание детей”, “Китоб рањнамо ва ганљинаи пурњикмати илму адаб” (2012), “Китобхонањои кўдакона ва мактабї дар низоми муассисоти омўзишї: вазъият ва мушкилот» (2014), инчунин мураттиб ва муњаррири китобњои илмию таълимии: «Китобхонашиносї» (с.2011), “Китобшиносї” (2012), “Таърихи китобдории кишварњои хориљї” (2013) «Педагогикаи фарњанг» (с.2013), “Гулчини панду њикматњо” (ба ифтихори 600-солагии Мавлоно Љомї) дар њаммуаллифї бо Љ. Саидзода ва ѓ. мебошад.
Камолзода Сайфиддин барои хизматњояш дар рушди фарњанги миллї ва тарбияи мутахассисони касбї бо нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тољикистон” (№576 аз 14.12.2000) ва “Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон» (№37-УК аз 19.03.2004), «Ифтихорнома»-њои Вазорати фарњанг (13.09.2011) ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон (10.12.2012) сарфароз гардонида шудааст.

Адабиёт:
1. Файзобод Энсиклопедия /бахшида ба 80-солагии таъсисёбии ноњия. – Душанбе: ЭР-граф, 2011. - С.111-112.
2. Донишномаи Пажўњишгоњи рушди маориф /бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии ПРМ АТТ. – Душанбе: Бебок, 2013. - С. 118.
3. Махзани маърифат (дастури таълимї барои донишљўён). - Душанбе: Ирфон, 2014. - С.51-53.
4. Олимони педагоги тољик. – Душанбе: Ахмедов Рўзї, 2015. – С. 116.