МАКТАБХОИ КАМНУФУC ДАР ТОЧИКИСТОН

 

                                      Cинфҳои камнуфус: воқеият ва мушкилот

13 Ноябр 2015

Ба ин тариқа, баъзе нуктаҳои «Низомнома…» ба мисли муттаҳидсозии синфҳо, теъдоди хонандагон ва ғайраҳо ба нишондодҳои «Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф”, ки ба мактабҳо (синфҳо)-и камнуфус иртибот доранд, мувофиқат намекунанд.

Масалан, дар банди 39 омадааст, ки  дар сурати зарурат ба тариқи истисно гурӯҳбандии хонандагони синфҳои 1, 2, 3, 4 дар як синфи ибтидоии камнуфус иҷозат дода шуда, дар шакли таҳсилоти инфиродӣ амалӣ карда мешавад, вале ҳадди ақали хонандагон дар се ё чор синфи муттаҳидшудаи камнуфус оварда нашудааст. Ва он дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии  камнуфусе, ки дорои 1 нафари хонанда аз ҳар синф (5, 6, 7 ва 8) бошад, чӣ бояд кард, 4 нафар хонандаро дар як синф ё 2-нафарӣ дар ду синф гурӯҳбандӣ бояд кард ва дар ин ҳолат, маблағгузории он чӣ тавр сурат бояд бигирад, дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ наомадааст, ки ин ва омилҳои дигари ногуфта боиси ба вуҷуд омадани душвориҳо дар  муттаҳидсозии синфҳои камнуфус ва ташкили таълиму тарбия дар онҳо  гардидааст.

Бо назардошти номувофиқатии асноди меъёрии ҳуқуқӣ лозим меояд, ки онҳо таҷдиди назар гарданд. Ин аснод ба талаботи рӯз ҷавоб дода наметавонанд ва дар ташкилу муттаҳидсозии синфҳои камнуфус ва пардохти музди меҳнат нобасомониҳо ба бор овардааст. Аз ин рӯ, зарурати ба ҳам мувофиқ намудани ҳар ду санади номбурда ба миён овардааст.

 Ҳамзамон дар «Тартиби пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи маориф” омадааст, ки  “ҳангоми ҷой доштани ду, се ва чор синфи ибтидоӣ дар як синфи камкомплект ба онҳо як омӯзгор дар якуним басти корӣ вобаста аз шумораи соатҳои дарсӣ дар нақшаи таълим дарс медиҳад”.

  Дар ин ҳуҷҷат дар бораи пардохти музди меҳнати омӯзгорон дар синфҳои камнуфус бо назардошти душвории кор, масрафи вақт, таҳияи нақшаҳои дарсии ҳаррӯза, ки дар ду синфи муттаҳидшуда 8-10 нақшаи дарсӣ, дар се синф 14-16, дар   чор синф 19-20 нақшаи дарсӣ, пешбинӣ гардидааст, чизе гуфта нашудааст ва ё он дар доираи соатҳои дарсии нақшаи таълим ба назар гирифта шудаасту халос. Дар ин сурат хуб мебуд, ки синфи 1 бо дигар синфҳо дар давраи омӯзиши “Алифбо”  муттаҳид карда нашавад.

Бо назардошти мушкилоти давраи омӯзиши Алифбо муттаҳидсозии хонандагони синфҳои якум бо дигар синфҳо дар таълимгоҳ (синф)-ҳои камнуфуси дигар кишварҳо (ҷумҳуриҳои Россия, Қазоқистон, Белорус, Украина ва ғайра) тавсия дода намешавад. Сабабаш инҳоанд:

Якум, дар синфи 1 мутобиқшавии хонандагон ба муҳити нави таълимию тартиби қоидаҳои мактаб оғоз мегардад ва муттаҳидсозӣ бо синфи дигар метавонад боиси афзудани шиддати рӯҳию ҷисмонӣ ва тағйир ёфтани рафтори хонандагони ин синф гардад. Дуюм, давраи омӯзиши китоби “Алифбо”дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии  Тоҷикистон 4 моҳ муайян шудааст ва дар сурати муттаҳидсозии хонандагони синфҳои 1 бо синфҳои дигар хонандагони ин синф маҳорати хониш ва навиштанро ба пуррагӣ аз худ накарда, дар раванди омӯзиши фанни Забони тоҷикӣ ва таҳсил дар синфҳои минбаъда ба мушкилот рӯ ба рӯ мегарданд. Зеро дар синфҳои ибтидоии камнуфус вақти дарс (35 дақиқа) ба ду синф тақсим карда мешавад ва такмили маҳорати хониш, ҳусни хат ва рушди қобилиятҳои зеҳниро дар ин шароит ба таври дилхоҳ таъмин кардан хеле душвор мегардад. Сеюм, омӯзгор имконияти бештари вақт ҷудо намудан ба хонандагони ин синфи якро аз даст медиҳад  ва хоҳ,  нохоҳ шогирдон аз кумаки ӯ дар канор мемонанд. Чорум, хусусияти сохтори дарс дар синфҳои камнуфус аз омӯзгор истифодаи шаклу усулҳои гуногуни дарс ва интихоби супоришҳои фаъоли раванди тафаккурро дар шароити  бештар ворид сохтани хонандагон ба корҳои мустақилона ва тавассути он ба худсанҷию  якдигарсанҷӣ водор месозанд ва дар ин сурат хонандагони синфи якум дар давраи омӯзиши китоби “Алифбо” бояд дар алоҳидагӣ таълим гиранд.

Маълум аст, ки сатҳи ташаккули маҳорати мустақилонаи хонандагони синфҳои 1-4 дар сатҳи гуногун буда, аз омӯзгор талаб менамояд, ки дар вақти муттаҳидсозии синфҳо омилҳои зеринро ба инобат гирад:

- сатҳи инкишофи маҳорати мустақилонаи хонандагон (мустақилияти хонандагони синфҳои 1-2 нисбат ба хонандагони синфҳои 3-4 дар сатҳи пасттар қарор дорад ва муттаҳидсозии онҳо дар як синф душворӣ ба бор меорад);

- хонандагони синфҳои 1-2 ба кумаку дастгирии омӯзгор бештар ниёз доранд;

- хонандагони синфҳои 3-4 бошанд, баръакс, дорои маҳорати бештари кори мустақилона мебошанд;

- дар сурати муттаҳидсозии хонандагони синфҳои 1 бо 3 ва 4 бо 2, аввалан, омӯзгор имконияти бештари гузаронидани корҳои мустақилонаро бо хонандагон пайдо мекунад, баъдан, бо хонандагони синфҳои 3  метавонад дар сурати истифодаи усулҳои  инноватсионии таълим аз супоришҳои мустақилона самаранок истифода намояд ва  хонандагонро  ба гурӯҳҳо ҷудо  карда, дар ҳамкорӣ ва раванди омӯзиш аз ҳамдигар метавонанд  ҷавобҳои зарурӣ ба супориши омӯзгор дарёфт ва онро пешкаш намоянд.

Муттаҳидсозии хонандагони синфҳои 5-6 ва 7-8 бештар аз рӯйи номгӯи фанҳои таълимӣ, ки дар ҳарду синф қариб якхелаанд (бидуни фанни география, химия) сурат мегирад ва ба роҳ мондани таълим дар ин синфҳо аз рӯйи фанҳои ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ва фанҳои дақиқ мувофиқи ҷадвал бо навбат ба роҳ мондан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Мувофиқи мақсад будани чунин муттаҳидсозӣ қобили дастгирист. Масалан: агар синфи 1 бо синфи 3 муттаҳид шуда бошад, омӯзгор ба  синф 3 бештар шаклҳои гуногуни кори мустақилона супорида,  худ бевосита бо синфи I машғул мешавад. Дар ҳолати синфи 2-ро бо синфи 1 муттаҳид намудан  омӯзгор аз ин имконият маҳрум мегардад ва он ба раванди таълим ва кори омӯзгор монеаҳои муайян бунёд сохта метавонад, зеро  таълим дар ин синфҳо  ба омӯзгор бештар мушкилот меорад ва ҳатто баъзан таъмини таълим дар ин синфҳо ғайриимкон мегардад. Хонандагони ин синфҳо то ҳол маҳорати кори мустақилонаро дар худ ташаккул надодаанд ва омӯзгорро зарур меояд, ки дар раванди дарсҳо бо талабагони ин синфҳо (асосан) бештар машғул гардад. Бинобар ин ҳам хонандагони синфҳои поёниро бо синфҳои нисбатан болотари мактаби таҳсилоти ибтидоӣ  ва синфҳои 5 бо 6,  7 бо 8 якҷо кардан аз ҳар ҷиҳат кори таълимию тарбиявии омӯзгорро осон ва сабук карда метавонад. Қайд кардан зарур  аст, ки синфи 1-ро бо синфи 2 ва синфи  3-ро бо синфи 4, синфи 6-ро бо 7 ва 7-ро бо 8 ва  ғайра  муттаҳид кардан дар сурати мавҷуд набудани синфҳои дигар имконпазир  аст.

Албатта, дар сурати муттаҳидсозии хонандагони синфҳои 3-4 омӯзгор ба мушкилоти камтар дар раванди таълиму тарбияи рӯ ба рӯ мегардад. Дар ин сурат ӯ метавонад бо навбат ба як синф кори мустақилона супорида, бо синфи дигар мавзӯи нав гузарад. Аммо  омӯзгори синфҳои муттаҳидшудаи 1-2  ба душвориҳои раванди таълим бештар дучор гардида, дар сурати  маҳорати баланди касбӣ надоштанаш, шояд пешрафти муваффақонаи таълимии хонандагони синфро таъмин карда натавонад.

Шаклҳои зерини ташкил ва гузаронидани дарсҳои якҷояи омӯзгор бо якчанд синфи муттаҳидшуда имконпазир мебошад:

- тамоми вақти ҷудошудаи дарс ба кори дастаҷамъонаи хонандагони синфҳои муттаҳидшуда таҳти назорати омӯзгор равона мегардад. Дар раванди суҳбати умумӣ бошад, омӯзгор метавонад саволҳои  гуногун ба хонандагони ин синфҳо диҳад;

- қисмати дигари вақти асосии дарс метавонад ба баёни мавзӯи нав (гузориши вазифаҳои таълимӣ ва дарёфти роҳҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо дар таълими рушдёбанда), суҳбат доир ба мазмуну муҳтавои мавзӯъ тавассути саволҳои муҳим ва ҷамъбасти он, қисмати боқимондаи вақт ба иҷрои кори мустақилонаи хонандагон равона гардад;

- дар раванди дарс фаъолияти хонандагони синфҳои муттаҳидшударо метавон ба иҷрои корҳои мустақилона ё  машқҳои якхела бо назардошти иҷрои ҳатмии супоришҳои иловагии фардӣ равона намуд.

Дар рафти семинар- машварати «Ташкили  раванди таълим дар муассиса (синф)- ҳои камнуфус дар ноҳияҳои минтақаи Рашт бо ҷалби мудирони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва умумии асосии  камнуфуси ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара маълум гардид, ки дар ташкили раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии номбурда ба сифати проблемаҳо (мушкилот)-и асосии рушди  таълимгоҳ (синф) - ҳои камнуфус дар минтақаи мазкур  метавон масъалаҳои зеринро ворид намуд:

1. Суст будани пояи моддию техникии мактаб (синф)-ҳои камнуфус: нарасидани биноҳои таълимии мувофиқ ба талаботи замон бо имконоти истифодаи воситаҳои ёрирасони таълим (васоити аёнӣ ва техникӣ) ва ҷобаҷогузории синфҳо дар ду басти корӣ; мавриди истифода қарор нагирифтани  усулҳои муосири таълим; набудани имконияти истифодаи технологияи иттилоотию  иртиботӣ; фаъолият накардани  муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва марказҳои фарҳангӣ дар деҳаҳои хурду калон; ба талабот ҷавобгӯ  набудани масоҳат (ҳаҷм), тарзи ҷойгиршавӣ, таҷҳизот ва равшании дохили баъзе синфҳо;

2. Таъминоти кадрӣ:

нарасидани кадрҳои ихтисосманд, ки барои фаъолияти таълимию тарбиявӣ (дараҷаи нокифояи маълумотнокӣ, дараҷаи тахассусӣ, таҷрибаи корӣ) дар синфҳои камнуфус омодагии пурра нагирифтаанд;

доираи танги якихтисосӣ дар тайёр намудани омӯзгорон дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгории кишвар, ки дар шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва умумии асосии дурдасти деҳоти кӯҳистон ба таълими фанҳои ба ҳамдигар наздик ва фанҳои забони русӣ, англисӣ ва алифбои ниёгон омода нагардидаанд; омода ва ошно набудани омӯзгорон бо хусусиятҳои хоси ташкили раванди таълиму таҳсилот дар шароити муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои якум ва дуюми камнуфус; дар сатҳи нокифоя омода нагардидани барнома (модул) - ҳои махсуси таълимӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон, бахусус, барои синфҳои 5-6 ва 7-8- и ин муассисаҳои таълимӣ; дар шакли маҳдуд омода гардидани маводи ёрирасон дар шакли  раҳнамо ва дастур барои омӯзгорони синфҳои камнуфус;  сатҳи пасти ҳавасмандии омӯзгорон ба пешбурди муваффақонаи раванди таълим дар таълимгоҳҳои мазкур; ба инобат нагирифтани фаъолияти фарқкунандаи мураккаби таълимию тарбиявӣ  дар таълимгоҳҳои номбурда дар шароити муттаҳидсозии хонандагони ду ва зиёда синфҳои  гуногун нисбат ба синфҳои муқаррарӣ дар муайян сохтани маоши омӯзгорон. 

3. Мушкилоти раванди таълиму тарбия:

Миқдори хеле маҳдуди дастуру раҳнамоҳои омӯзгор барои синфҳои 1-4 ва тамоман мавҷуд набудани онҳо барои синфҳои 5-6, 7-8 дар шароити  синфҳои камнуфус; миқдори хеле маҳдуди маводи дидактикию методии ёрирасони таълимӣ, бахусус, маводи таълимии хушсифат барои омӯзгорон дар шароити муассисаҳои таълимии камнуфуси зинаи якум ва дуюми таҳсилот; нарасидани китобҳои дарсӣ (баъзан миқдори хеле зиёд, бахусус китоби  Алифбо) ва адабиёти  бадеии замони истиқлолияти ба синну сол мувофиқ; сатҳи нокифояи худомӯзии омӯзгорон ва хонандагон дар шароити мавҷуд набудани адабиёти бадеӣ, илмию таҳқиқотӣ, адабиёт роҷеъ ба дастовардҳои илмӣ, аз ҷумла, фаннӣ ва методии  замони муосир дар муассисаҳои таълимӣ; бо назардошти махсусиятҳои методикаи таълим аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нагузаштани омӯзгорони таълимгоҳ (синфҳо)-и камнуфус ё дар сатҳи нокифоя қарор доштани сифати онҳо (натиҷаи саволномаҳо); вазъи  пасти давомоти  хонандагон ба дарсҳо (вобаста ба иқлими маҳал, (фаслҳои сол) .

4. Муттаҳидсозии хонандагони синну соли гуногун дар синфҳо чи аз нигоҳи миқдор ва чи аз нигоҳи ниёзу эҳтиёҷот ва мувофиқати онҳо ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии  ҳуқуқӣ;

5. Ҷойгиршавӣ ва таъмини шароити мусоид барои таълим дар синфҳои якҷоя. Дурии роҳ аз макони зист  то мактаб ва хатарнокии он барои ҳаёти хонандагон дар шароити иқлими кӯҳистон; 

6. Мавқеи ғайрифаъоли мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо дар ташкили синфҳои камнуфус ва маблағгузории онҳо.

7. Кам мавриди муҳокимаю таҳлил қарор додани фаъолият, дастовард ва мушкилоти таълимгоҳ (синф)-ҳои мазкур дар ҷаласаҳои шуъбаи маориф, шӯроҳои омӯзгорӣ.

С. Аминов,

саркотиби илмии АТТ, номзади илмҳои педагогӣ,

Д. Имомназаров,

мудири шуъбаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ПРМ АТТ

 

 

Баргузории конфронси байналмилалӣ дар Вазорати маориф

 

Душанбе,31.10.2014.(АМИТ«Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Конфронси байналмилалии «Мактаби таҷҳизоташ номукаммал дар фазои таҳсилоти муосир : ҳолат ва дурнамо»-и ташкилнамудаи Вазорати маориф ва илм ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  30 октябр кори худро оғоз намуд.

Тибқи иттилои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон , мақсади асосии конфронс  омӯзиш ва табодули таҷриба оид ба масоили кор кардани гурӯҳи мактабҳои хурд дар фазои пасошӯравӣ, имконияти истифода намудани иқтидори васеи илмию амалии дастовардҳои байналмилалӣ дар самти мазкур мебошад.

Дар кори конфронс намояндагони Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.

 

 

 

   Бо ќарори мушовараи
                                                      Вазорати  маорифи Љумњурии            
                                                         Тољикистон  аз 31.07.2013, №12/7
                            тасдиќ шудааст.                                                     
                                                                                                     
Низомномаи
намунавии мактабњои  камнуфус дар Љумњурии Тољикистон                                                                                                                                                                                                                                                                
1.  Муќаррароти умумї
     1.Низомномаи мактабњои камнуфус дар асоси  банди 2, моддаи 16 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф»  ва  Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ( бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 03.04.2007, №171 тасдиќ шудааст) тањия  гардидааст, ки  фаъолияти мактабњои  камнуфусро ба низом медарорад.
     2.Ба мактабњои  камнуфус дохил мешаванд:  - мактабњои дар дењот ташкил кардашуда, ки теъдоди хонандагони њамаи синфњояш аз меъёр каманд.  
    3.Мактабњои камнуфус  ба маќсади амалї намудани њуќуќњои шањрвандон барои гирифтани тањсилоти ройгон ва дастрасї доштан дар њамаи зинањои тањсилот таъсис дода мешаванд.    
    4.Мактабњои камнуфус муассисаи тањсилоти умумї ба њисоб рафта, фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї дар Љумњурии Тољикистон, Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрию њуќуќї ба роњ мемонанд.  
    5.Мактабњои камнуфус  шахси њуќуќии  мустаќил ба њисоб рафта, њуќуќ ва ўњдадорињои шахсони њуќуќиро тибќи тартиботи муќарраргардида амалї менамоянд.
   6.Мактабњои камнуфус  дар асоси Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти миёнаи умумии Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур  Оинномаи худро тањия менамояд, ки он аз љониби муассис тасдиќ карда мешавад.
      7.Мактабњои камнуфус  мувофиќи ќонунгузории љорї  барои сифати тањсилот ва мувофиќати он ба Стандарти давлатии тањсилот масъул буда, дар таъмини таълими босифат, интихоби воситањо ва шаклу усули таълими ба синну сол мувофиќ ва  хусусиятњои психологию физиологї, майлу завќ ва мањорати талабагон, бењдошти њифзи саломатии онњо  љавобгар мебошанд. 
      8.Фаъолияти таълимї  дар мактабњои камнуфус дар шакли тањсили рўзона ба роњ монда мешавад.  

2.Ташкили фаъолияти мактабњои  камнуфус
     9.Маќоми мактабњои камнуфус бо ќарори Муассис  дар мувофиќа Вазорати маориф  муќаррар карда мешавад. Номгўи мактабњои камнуфус бо пешнињоди маќомоти мањаллии њокимияти давлатї аз тарафи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
      10.Таъсис, азнавташкилкунї ва барњамдињии фаъолияти мактабњои камнуфус  аз тарафи Муассис тибќи тартиботи муќарраргардидаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба роњ монда мешавад.  
     11.Муносибати Муассис ва мактаби камнуфус тавассути Оиннома ва шартномаи тарафайн муайян карда мешавад.
    12.Иљозатнома (литсензия) ва аккредитатсияи давлатии мактабњои камнуфус  дар асоси ќонунгузории Љумњурии Тољикистон аз рўи тартиби муќарраршуда амалї мегардад.
      13. Мактабњои камнуфуси дењот, ки дар синфњо теъдоди хонандањои  аз меъёри муќарраргардида кам доранд, бо ќарори  Муассис дар мувофиќа бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистонтаъсис дода мешаванд. 
     14.Мактабњои камнуфус  њуќуќ доранд, ки  ба маќсади рушд ва пешбурди фаъолияти самарабахши таълиму тарбия иттињодияњои гуногунро  дар шакли Ассотсиатсияи падару модарон ва омўзгорон ташкил карда, фаъолияти онњоро аз рўи Низомнома ва Оинномаи худ ба роњ монанд.
     15.Ба мактабњои камнуфус   ба маќсади таъмини заминаи кадрї, хизматрасонии тиббї, шароити мусоиди молиявию моддї ва ташкили таъмини  хўрок барои  хонандагон иљозат дода мешавад.
    16.Миќдори хонандагон дар мактабњои камнуфус дар мањалњо аз рўи талабот ва эњтиёљоти ањолї муайян карда мешавад.
    17.Ба мактабњои камнуфус  мувофиќи дархости падару модарон (шахсони онњоро ивазкунанда) њуќуќи ташкил кардани гурўњи рўзаш бардавом ва гузаронидани машѓулиятњои иловагї  иљозат дода мешавад.
    18.Раёсат ва шуъбањои маорифи вилоят ва шањру ноњияњо дар мувофиќа бо Муассис дар мактабњои камнуфус метавонанд, ки  хонандагони  дорои имконияташон мањдудро ба тањсил фаро гиранд. 
    19.Мактабњои камнуфус  њуќуќ доранд, ки  ба маќсади рушд ва пешбурди фаъолияти самарабахш њангоми ба тањсил фаро гирифтани хонандагони имконияташон мањдуд Низомномаи намунавии муассисањои таълимии типи мактаб-интернат дар Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи тањсилоти фарогир (инклюзивї)-ро ба роњбарї гиранд.
   
3. Раванди таълим
    20.Раванди таълим дар мактабњои камнуфус мутобиќ ба барномањои таълимии муассисањои тањсилоти умумї дар зинаи аввал -тањсилоти умумии ибтидої, зинаи дуюм-тањсилоти умумии асосї  ва зинаи сеюм- тањсилоти миёнаи умумї амалї карда мешавад. 
   21.Вазифањои тањсилоти њамаи  зинањои тањсилоти мактабњои камнуфус  аз вазифањои тањсилоти миёнаи умумии дигар намуди муассисањои таълимї  фарќ намекунанд.  
  22.Мазмуни тањсилоти умумї  дар мактабњои камнуфус аз рўи барномањои таълимие, ки муассисањои тањсилоти умумї дар асоси стандартњои давлатии тањсилот амалї мекунад, муайян карда мешавад. 
   23.Мактабњои камнуфус тибќи Оинномаи худ њуќуќ доранд, барномањои тањсилоти иловагиро амалї намуда,  дар асоси муќаррароти муайяннамудаи ќонунгузорї тариќи шартнома машѓулиятњои иловагї, аз љумлатаълими иловагии пулакї гузаронад. 
24.Раванди таълим дар мактабњои камнуфус  тибќи  Наќшаи таълимии заминави(базавї)-и муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон тањия  гардида, бо љадвали дарсї ба низом дароварда мешавад. Дар Наќшаи таълимии  мактабњои камнуфус миќдори соатњои барои таълими фанњо људогардида, набояд аз миќдори соатњои дар Наќшаи таълимии заминавї (базавї) нишондода  кам бошад. Сарбории таълим ва рељаи машѓулиятњо дар асоси Оинномаи мактаб мутобиќ ба талаботи меъёрњои санитарї- гигиенї муайян 
карда мешавад.
    25.Дар мактабњои камнуфус раванди таълимро аз рўи барномањои њамгиро амалї намудан мумкин аст.
    26.Њангоми тањияи љадвали дарсњо вобаста ба мазмуни  барномањои таълимї ва малакањои фаъолияти таълимї (дар як синф)  таълими якљояи 2 синфи нопурра (комплект): дар зинаи якуми тањсилот барои синфњои як ва се, ду ва чор; дар зинаи дуюми тањсилот барои синфњои панљ ва шаш, њафт ва њашт иљозат дода мешавад. Якљоя (комплект) кардани хонандагони синфи 9 бо дигар синфњо ва дар зинани сеюми тањсилот якљоя кардани синфњои 10 ва 11 манъ аст.
      27.Наќшаи кори солона аз љониби мактабњои камнуфус мустаќилона тањия гардида, дар мувофиќа бо маќомоти мањалии идораи маориф тасдиќ карда мешавад. Соли хониш дар мактабњои камнуфус мисли дигар муассисањои таълимї 1 сентябр оѓоз гардида, 33-34 њафтаро ташкил медињад. Тибќи муќаррарот барои хонандагони синфи 1 як њафта таътили иловагї муќаррар карда мешавад.
    28.Мактабњои камнуфус   њамчун муассисаи таълимї дар муайян кардани меъёри бањо, намуд, тартиб ва фосилаи аттестатсияи хонандагон мутобиќ ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муасисањои тањсилоти умумї, Оинномаи он ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соња фаъолияташро ба роњ мемонад.


4. Иштирокчиёни раванди таълим
     29.Њуќуќ ва вазифањои иштирокчиёни раванди таълим (хонандагон, омўзгорон, кормандон, падару модари хонанда (ё шахсони  онњоро ивазкунанда) дар мактабњои камнуфус аз њуќуќ ва вазифањое, ки  ќонунгузории Љумњурии Тољикистон барои муассисањои тањсилоти умумї муайян кардааст, фарќ надоранд ва аз ягон љињат мањдуд карда намешаванд. 
    30.Бо назардошти хусусияти хос  доштани фаъолият дар мактабњои камнуфус њангоми ќабули омўзгорон ба кор ба онњое бартарї дода мешавад, ки 2 ва ё зиёда ихтисоси омўзгорї доранд.
    31. Ба омўзгорони мактабњои камнуфусе, ки ба курсњои такмили ихтисос ва бозомўзї сафарбар мегарданд, дар гирифтани  роњкиро ва харљу сарфи сафари хизматї  имтиёз дода мешавад.
   32.Њаљми сарбории омўзгорон дар мактабњои камнуфус аз рўи  миќдори соатњои дар   Наќша  ва Барномањои таълимии муассисањои тањсилоти умумї муайяншуда,  муќаррар карда мешавад.
    33.Дар давоми соли хониш њамагуна таѓйироти њаљми сарбории таълимии омўзгороне, ки дар аввали соли хониш муќаррар карда шудааст, бояд танњо бо розигии хаттии омўзгор амалї гардонида шавад, ба шарте ки ин амал ба миќдори соатњои дар Наќшаи таълимї пешбинишуда вобастагї надошта бошад.
  34.Тартиби ќабули хонандагон ба мактабњои камнуфус тибќи нишондоди   Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
  35.Гурўњбандї-муттањидкунии  хонандагон дар синфњои камнуфус тибќи   талаботи  Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї дар Љумњурии Тољикистон ва Низомномаи мазкур амалї мегардад.          
    36.Аз синф ба синфгузаронї ва аттестатсияи љамъбастии хонандагони мактабњои камнуфус тибќи муќаррароте, ки барои њамаи намуди муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон муайян карда шудааст, амалї карда мешавад.
37.Тартиби пуркунї ва додани њуљљати намунаи давлатї дар зинаи тањсилоти мактабњои камнуфус тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон амалї мешавад.    
 38.  Гурўњбандї-муттањидкунии хонандагони синфњои камнуфус ба тариќи  дар зинаи тањсилоти ибтидої  1 – 3 (1 + 3), 2 - 3 (2 + 3), 2 ва  4 (2 + 4), дар  зинаи тањсилоти умумии асосї 5-6 ва 7-8 муайян карда  мешавад.    
      39. Дар сурати зарурат ба тариќи истисно гурўњбандии хонандагони синфњои 1, 2, 3, 4 дар як синфи ибтидоии камнуфус иљозат дода шуда, дар шакли тањсилоти инфиродї амалї карда мешавад. 
40.Новобаста аз зинаи тањсилот миќдори хонандагон дар ду синфи муттањидкардаи камнуфус бояд аз 15 нафар зиёд набошад. 
  41.Фењристи мактабњои камнуфус дар асоси фармоиши вазири маорифи Љумњурии Тољикистон барои њар як соли хониш аз рўи натиљањои гурўњбандї то 1 сентябр муќаррар ва тасдиќ карда мешавад. 
  42. Маблаѓгузории сарикасии њар як муассисаи тањсилоти умумии камнуфусро  Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо вазоратњои дахлдор   муайян ва муќаррар мекунад. 
          43.Љалби хонандагон ба корњои иловагї, ки дар барномаи таълим пешбинї нашудааст, бе розигии хонандагон ва падару модари онњо (ё шахсоне, ки онњоро иваз мекунанд) манъ аст.
    
5. Идоракунии мактабњои камнуфус
44.Идоракунии мактабњои камнуфус мутобиќи Ќонуни  Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумї дар Љумњурии Тољикистон, Низомномаи мазку рва Оинномаи мактаб амалї карда мешавад. 
 45. Шакли асосии худидоракунї дар мактабњои камнуфус Шўрои педагогї, маљлиси умумї, маљлиси умумии падару модарон, Ассотсиатсияи волидон ва омўзгорон ба њисоб меравад. Тартиби фаъолияти сохторњои худидоракунї ва салоњияти онњоро Оинномаи муассисаи таълимї муайян мекунад.
 46.Роњбарии бевоситаи мактаби камнуфусро директори он амалї мекунад.
 47.Мудири мактаби тањсилоти ибтидоии камнуфус (филиал) бо фармоиши мудири шуъбаи маориф таъин ва озод карда мешавад.
 48. Директори мактаби камнуфус (мудири мактаби тањсилоти ибтидоии камнуфус (филиал) оид ба натиљаи фаъолияти худ мутобиќ ба вазифањои хидматї ва Оинномаи мактаб дар назди давлат, љомеа хонандагон, падару модарон) ва муассис барои ташкили корњои таълиму тарбия, натиљањои он, сифати таълим ва њолати молию хољагии муассиса масъул ва љавобгар мебошад.
  49.Таќсимоти вазифањо байни директор ва  сохторњои худидоракунии мактабњои ибтидоии камнуфусро Оинномаи он муайян мекунад.


6. Фаъолияти молиявї-хољагидории мактабњои камнуфус
  50.Муассис тибќи муќаррароти ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ба мактабњои  камнуфус бо маќсади таъмини фаъолияти оинномавии дар Оиннома пешбинишуда бино, иншоот, таљњизот, инчунин дигар амволи заруриро вобаста менамояд.
51.Ќитъаи замин ба мактабњои камнуфус ба таври ройгон бе мўњлат барои истифода дода мешавад.
52.Иншооте, ки моликияти муассисаи мактабњои камнуфус мањсуб ёфта, тибќи муќаррарот ба он вобаста карда шудаанд, дар ихтиёри идораи оперативии  ин муассиса ќарор дода мешаванд.   Гирифтан ва ё бегона кардани онњо мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.   
53.Мактабњои камнуфус њамчун муассисаи тањсилоти умумї њуќуќи бастани шартномањоеро, ки эњтимоли ба ихтиёри шахси сеюм гузаштани фонди асосии мактабро ба миён меорад, надоранд.
  54. Фаъолияти мактабњои камнуфус аз љониби Муассис тибќи шартномаи тарафайнмаблаѓгузорї карда мешавад.
   55. Сарчашмаи ташкили амвол ва захирањои молиявии мактабњои камнуфус аз инњо иборат аст:
а) маблаѓгузории муассис;
б)буљети маќомоти иљроияи  мањаллии њокимияти давлатї;
в)маблаѓгузорињои буљетї ва ѓайрибуљетї;
 г)муассисаву ташкилотњо;
ѓ) падару модарон ва шахсони алоњидаи хайрхоњ;
д) барномањои давлатї ва ѓайридавлатии рушди соњаи маориф;
е) хадамоти иловагии пулакї;
ё)маблаѓњои ихтиёрии шахсони воќеї ва њуќуќї;
ж) манбаъњои дигар мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон
  56.Маблаѓгузории мактабњои камнуфус новобаста аз шумораи талабагон дар асоси  харољоти воќеї сурат мегирад.
57.Љалби маблаѓњои иловагї ба мактабњои камнуфус боиси кам намудани маблаѓгузорї аз хисоби буљети Муассис шуда наметавонад.    
58.Масъалањои дигари молиявию хољагии фаъолияти мактабњои камнуфус тибќи ќонунгузорї ва Низомномаи намунавии муассисаи тањсилоти умумї дар Љумњурии Тољикистон танзим карда мешаванд.
       59.Њаљми бастњои мактабї дар асоси миќдори соатњои таълимї ва меъёрњои муќарраршудаи сарбории таълимии омўзгорон дар як њафта њисоб карда мешавад. Миќдори соатњои таълимии њафта барои як синф мувофиќи Наќшаи таълимии такягоњї (базавї)-и муассисаи тањсилоти умумї муќаррар карда мешавад.
    60.Дар мактабњои камнуфус воњидњои кори омўзгорони синфњои 1-4  ба тартиби зерини муќаррар карда мешаванд:
- њангоми мављуд будани ду синфи ибтидоии дорои шумораи умумии талабагон то 15 нафар  дар Наќшаи таълимї нишон додашуда ба онњо дарс мегўяд;
- агар шумораи хонандагон дар ду синфи ибтидої аз 15  нафар зиёд бошад, он гоњ дар њар як синф муаллими алоњида дарс мегўяд.
61. Тартиби пардохти музди мењнати омўзгорони мактабњои камнуфус тибќи тартиби дар мувофиќа бо Вазорати молияи Љуњурии Тољикистон, 
Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон ба тасвиб расонидаи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон сурат мегирад.   
 

Маълумотнома  оид ба «Вазъи мактабњо (синфњо) – и камнуфус ва сифатитањсилот дар љумњурї»
 

 

ЌАРОРИ
МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ
ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

аз « 29» майи соли 2012 ш.Душанбе


Оид ба «Вазъи синфњои камнуфуси (камкомплекти)
мактабњои тањсилоти умумии вилояти
Хатлон ва сифати таълим дар онњо»

Мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон маълумотномаи Академияи тањсилоти Тољикистонро оид ба «Вазъи синфњои камнуфуси (камкомплекти) мактабњои тањсилоти умумии вилояти Хатлон ва сифати таълим дар онњо» баррасї намуда
ќ а р о р к а р д:
1.Маълумотномаи Академияи тањсилоти Тољикистон оид ба «Вазъи синфњои камнуфуси (камкомплекти) мактабњои тањсилоти умумии вилояти Хатлон ва сифати таълим дар онњо» ба инобат гирифта шавад.
2.Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон (Х.Ќурбонзода) вазифадор карда шавад:
2.1.Маълумотномаи мазкурро мавриди муњокима ќарор дода, онро дастраси њамаи шўъбањои маорифи шањру ноњияњо гардонад;
2.2. Маълумоти даќиќи омории мактабњои (синфњои) камкомплектии дар вилоят фаъолиятдоштаро то 20-уми июли соли 2012 ба Вазорати маориф манзур намояд;
2.3. Барои рафъи нуќсонњои дар ташкилу раванди таълим љойдошта ва таъмини мактабњои (синфњои) камнуфус бо омўзгорони салоњиятдор тадбирњои ќатъї андешида, мониторинги сифати дониши хонандагони мактабу синфњои мазкурро ба роњ монад;
2.4. Барои аз хонањои шахсї ва вагонњо баровардани талабагон дар њамкорї бо маќомоти мањаллии њокимияти давлатї чорањои зарурї андешад.
3.Мудири шўъбањои маорифи шањру ноњияњои вилоят, ба хусус ноњияњои санљидашуда вазифадор карда шаванд:
3.1. Маълумотномаро мавриди муњокима ќарор дода, тадбирњои мушаххас андешанд ва аз натиљааш то 20 июни соли 2012 ба Вазорати маориф ахбори хаттї ирсол намоянд.
3.2. Ба омўзгорони мактабњои (синфњои) камкомплект ёрии методї расонида, фаъолияти онњоро мавриди баррасї ќарор дињанд ва њамзамон барои таъмини хонандагон бо китобњои дарсии хушсифат чорањо андешанд;
3.3.Љадвали дарсњоро аз назар гузаронида, теъдоди фанњои таълимро бо наќшаи таълим муќоиса намоянд ва татбиќи стандарти тањсилоти ибтидоиро таъмин созанд.
3.4. Барои бо омўзгори забони русї, забони хориљї, забони давлатї ва алифбои ниёгон таъмин кардани мактабњои (синфњои) камкомплект тадбирњои зарурї андешанд.
3.5. Барои хонандагони хурдсоле, ки дар масофаи дур аз муассисаи тањсилотї сукунат дошта, имконоти њар рўз ба дарс омаданро надорад, аз тањсилоти инфиродї кор гиранд.
4. Академияи тањсилоти Тољикистон ва зерсохторњои он (ПРМ ва ДЉТИБКМ) вазифадор карда шаванд:
4.1. Махсусиятњои мактабњои (синфњои) камнуфусро мавриди тањќиќ ќарор дода, омўзгоронро бо асноди њуќуќии меъёрї ва илмию методї таъмин созанд:
4.2. Низомномаи намунавии мактаб (синф)-њои камнуфусро таљдиди назар карда, то 20-уми июни соли 2012 ба мушовараи Вазорати маориф љињати тасдиќ пешнињод намоянд;
4.3. Дар мавриди ташкилу гузаронидани курсњои такмили ихтисоси мушовирони синфњои ибтидої ва омўзгорони ин навъи мактаб (синф)-њо тадбирњои зарурї андешанд;
4.4. Намунањои бењтари љадвалњои дарсї ва наќшаи дарсњои тахминиро бо назардошти асосњои илмї тањия ва манзури омўзгорон гардонанд;
4.5. Дар шањру ноњияњое, ки мактабњои (синфњои) камнуфус фаъолият доранд, бо љалби кормандони лоиќ конференсияю семинар ва мизњои мудаввар доир намоянд.
4.6. Академияи тањсилоти Тољикистон ва зерсохторњои он дар ташкили маљалла тањти унвони «Синфњои ибтидої» тадбирњо андешанд.
5. Раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумї (А.Муллоев) вазифадор карда шавад:
5.1. Фаъолияти мактабњои (синфњои) камкомплект, бо омўзгорони салоњиятнок таъмин кардан ва аз хонањои шахсию вагонњо баровардани хонандагони муассисањои тањсилоти мазкурро зери назорат бигирад:
5.2. Њангоми таљдиди назари асноди меъёрии њуќуќии соња дар онњо ворид кардани масъалањои марбути чунин мактабњоро ба њисоб гирад.
6.Вазорати маориф вазифадор карда шавад, ки «Барномаи рушди мактаб (синф)-њои камнуфус дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2013-2023»-ро омода ва барои тасдиќ ба Њукумати Љумњурии Тољикистон манзур созад.
7.Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон (А.Зарифов) вазифадор карда шавад, ки барои дар наќшаи сохтмони асосї сохтани интернатњоро дар њар як вилоят ва минтаќа пешбинї намуда, тадбирњои зарурї андешад.
8.Шўъбаи низоми ахборотии идоракунии маорифи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон вазифадор карда шавад (Љумъахонова М.), ки маълумоти омории мактабњои (синфњои) камкомплекти љумњуриро омода намояд.
9.Раёсати тањсилоти олї ва баъдидипломї (Расулов А.) вазифадор карда шавад, ки барои дар оянда дар мактабњои олии омўзгорї бо назардошти шароити љумњурї аз рўйи ду-се ихтисос омода кардани омўзгорон тадбирњо андешад.
10.Дар назди Академияи тањсилоти Тољикистон Маркази рушди мактабњои камнуфус таъсис дода шавад ва Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон барои ташкили 5 љойи корї мусоидат намояд.
11.Маълумотнома ва ќарори мазкур ба Идорањо ва шўъбањои маорифи вилоят, шањру ноњияњо фиристода шаванд ва идораю шўъбањои маориф то 1 июли соли 2012 њисоботњои омории даќиќи мактаб (синф)-њои камнуфусро тањия ва ба Вазорати маориф манзур намоянд.
12. Назорати иљрои ќарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Вазири маориф (Ф.Рањимов) гузошта шавад.


Раис Н.Саидов

Мактабњои камкомплект ва махсусияти онњо

Мактабњои (синфњои)-и камкомплект муассисањои тањсилотиеанд, ки бо сабаби кам будани теъдоди хонандагон дар дењањои хурди ањолинишин љињати татбиќи таълими умумии њатмї ташкил карда мешаванд. Њамчунин, ба сабаби кам сукунат доштани атфоли намояндаи ин ё он миллат дар љое чунин синфњо дар назди мактабњои тањсилоти умумии асосї ва миёна низ таъсис дода мешаванд. Як хусусияти фарќкунандаи мактабњо (синфњо)-и камкомплект аз мактабњои муќаррарї он аст, ки дар ин гуна синфњо хонандагони синну соли гуногун дар як синф фаро гирифта мешаванд ва як муаллим дарс медињад.
Дар ќадами аввал мехоњем, ки љињати чї тавр ном бурдани чунин мактаб ё синф чанд андешаи худро баён созем. Дар санадњои меъёрии њуќуќи ин гуна макотиб (ва синф)-ро бо вожањои камкомплект, нопурра, камплект ном мебаранд, ки, ба назари мо, чандон сањењ нест. Аз ин вожањо танњо «нопурра» тољикї буда, он њам мафњуми «камкомплект»-ро пурра ифода намекунад. «Камкомплект» бошад вожаест, ки як љузъаш тољикию љузъи дигараш хоси забони ѓайр аст. Ба назари мо, агар ба љойи вожањои зикршуда калимаи «камнуфус»-ро истифода кунем, бењтар аст, зеро њар ду љузъ фањмо гашта, маънои камодамро медињад.
Њамчунин нуктаи дигаре, ки шарњ мехоњад, ифодаи «Мактабњои камкомплект» мебошад, зеро баъзењо ифодаи мазкурро ќабул надоранд. Агар аз вазъи ташкил ва фаъолияти чунин мактабњое, ки дар кишварамон амал мекунанд, огањї медоштанд, чунин иддањоро пеш намеоварданд.
Мушоњидаю омўзиши таљрибаи ташкили мактабњои фаъолиятдоштаи кишварамон аз он шањодат медињанд, ки, воќеан, мактабњое вуљуд доранд, ки синфњои онњо камкомплектї буда, раќам ва сметаи људогона доранд ва њатман филиали мактаби тањсилоти асосї ва ё миёна мебошанд. Ногуфта намонад, ки баъзењо ба сифати мудири мактаби камкомплект маош мегиранд. Пас, маълум мегардад, ки ин гуна мактабњоро ба шакли «Мактабњо (синфњо)-и камкомплект ном бурдан сањењ аст. Ва мувофиќи матлаб мебуд, ки дар њисоботи оморї низ мушаххас зикр ёбанд.
Таъкид ба ёдоварист, ки таърихи чунин макотиб дар кишвари мо то ба имрўз аз назари илмї тањќиќ нагаштааст. Ба ќавли баъзе муњаќќиќон поягузори чунин мактаб Корф Н.А. будааст. Ў бори нахуст мактаби земствои (умумидавлатї) 3-соларо барои дењот таъсис дод, ки ба зудї он дар саросари Россия пањн гашта, то оѓози соли аввали Њокимияти Шўравї фаъолият намуд.
Бадењист, ки дар собиќ Иттињоди Шўравї чунин мактабњо вуљуд доштанд ва то андозае мушкилоти онњо њалли худро ёфта буд. Ва баъд аз ба даст овардани истиќлолияти давлатї љумњурињои собиќи шўравї масъалаи синфњои камкомплектро бо назардошти хусусияти миллию иќтисодиёташ њаллу фасл менамоянд.
Дар кишвари мо њам, чунон ки дар боло зикр кардем, ин гуна мактабњо ва синфњои камкомплект фаъолият доранд.
Њанўз њам мактаб-синфњои камкомплекте њастанд, ки дар хонањои шахсї ва ё вагонњо фаъолият мекунанд, вале миќдоран каманд. Сохтори синфњои мављуда чунин аст: 1+3; 2+4; 1,2, 3; 1+2+3+4.
Азбаски дењаи хурди камањолї аз дењањои мактаби асосї ва миёнадошта дар масофаи аз як то 10-15 км дур ќарор дорад, синфњо ба тариќи зикршуда ташкил гардидаанд.. Таъсису ташкили раванди таълим ба дўши маќомоти њокимияти мањал ва Раёсату шўъбањои маорифи вилояту шањр ва ноњияњо гузошта шудааст.
Аз њуљљатњои меъёрии њуќуќии соња Фармони Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 15.08.2002, №416 «Дар бораи тартиби бањисобгирии штатњо ва пардохти музди мењнати муаллимони синфњои I-IV-и мактабњои маълумоти њамагонии камкомплектї», Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон» (бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3.04.2007, №171 тасдиќ шудааст) ва «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф», ки Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати мењнат ва шуѓли ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон (аз 1.12.2010 тасдиќ шудааст) дастраси Раёсат ва шўъбањои маориф шудаанду бас.
Мактабњо (синфњо)-и камкомплект дар ин миён, яъне баъди соњибистиќлол гаштани љумњурї аз назари муњаќќиќони соњаи маориф дур мондаанд. Муассисоти илмию таълимї ва методии марбути соња барои омўзгорон умуман маќолае ва ё дастури методие, ки дар онњо тарзи ташкил ва раванди таълиму тарбия дар чунин мактаб ва синфњо матрањ шуда бошанд, пешкаш накардаанд. Њатто ба василаи конференсияю семинар ва мизњои мудаввар ба омўзгорони ин гуна мактабу синфњо ёрии методї расониданро ба дасти фаромўшї супоридаанд. Сахттар аз хама ин аст, ки барои омўзгорони чунин мактабу синфњо курсњои такмили ихтисос ба роњ намондаанд. Ногуфта намонад, ки аксари омўзгорони синфњои ибтидої чун мутахассиси синфњои ибтидої аз курс гузаштаанд, вале мањз барои муаллими мактабњо (синфњо)-и камкомплект буданашон омўзише надидаанд. Ин аст, ки омўзгорон махсусияти синфњои камкомплектро ба таври лозима дарк накардаанд, аз махсусиятњои хоси ташкили раванди таълимию тарбиявии дарсњо иттилои комил надоранд ва њангоми банаќшадарории дарсњо душворї мекашанд. Чї тавр бо ду, се ва чањор синф кор карданро ба таври лозима намедонанд. Аксари љадвалњои дарсии сохтаашон, ки аз рўйи он кор мекунанд, ба талаботњои педагогию психологї мухолифанд: Масалан, дарсњои тарбияи љисмонию суруд ва мењнатро ба дарсњои дуюму сеюм бурда, дар соатњои охир дарси забони модарию математикаро гузоштаанд. Њол он ки равоншиносон собит сохтаанд, ки бачагони хурдсол дар дарсњои охир хаста мешаванду таваљљўњашон паст ва нерўи дарккунї заиф мегардад. Аз ин рў, тавсия додаанд, ки дарсњои тарбияи љисмонию санъат ва мењнат бояд дар охир љой дода шаванд. Ва ё дар синфи камкомплекти 2-4 дар синфи 2-дарси забони модарї ва дар синфи 4 математика гузошта шудааст. Охир, чунин масъалагузорї на танњо кори хонандаро душвор месозад, балки омўзгорро низ дар њолати ногувор ќарор медињад, яъне фаврї аз як соњаи илм ба дигар гузаштан кори омўзгорро дарњамбарњам менамояд.
Муаллимони мактабњо (синфњо)-и камкомплект вазифадоранд, ки татбиќи стандарти тањсилоти ибтидоиро таъмин созанд.
Бар иловаи ин, ки кор дар чунин синфњо басо душвор аст ва аксари омўзгорон аз ўњдаи ба таври лозима таълим додани хонандагон намебароянд, фанњои забони русию хориљї, алифбои ниёгон ва забони давлатї таълим дода намешаванд. Њамзамон соатњои бахши мактабї дар муассисањои таълимие, ки мавриди санљиш ќарор гирифтанд, истифода намешаванд. Дар ин мактабњо (синфњо) корњои фориѓ аз дарс ба њоли худ гузошта шудааст. Пас, Стандарти тањсилоти ибтидої чї гуна татбиќи худро меёбад?
Сабаби асосиаш, ба андешаи мо, ин аст, ки омўзгорони ин гуна мактабњо (синфњо) ягон гуна ёрии методие ба љуз санљишњо намебинанд ва зери дасташон маводе ба љуз китоби дарсї чизи дигаре мављуд нест. Тасаввур кунед, ки агар омўзгор усулан кор карданї бошад, вай њар шаб бояд аз 16 то 24 наќшаи дарси яксола (конспект) нависад.
Ба хотири ин ки хонандаи мўњтарам аз ин гуфтањо ба хулосаи нодуруст наояд, як нуктаро барояш зикр менамоем. Арзи вуљуд кардани чунин макотиб (синфњо) танњо хоси љумњурии мо нест. Ин раванд мушкилотест, ки рўёрўи пеши кишварњои Аврупо низ ќарор дорад. Агар маводи дар Интернет бударо назар кунем, манзараи мутобењро мебинем. Танњо фарќ дар он аст, ки роњи аз мушкилот баромадан мухталифаст.
Масалан, аз рўйи маълумоти Вазорати маориф ва илми Украина аз соли 2011 сар карда дар он кишвар фаъолияти 951 мактабро боздоштаанд, ки 740 адади онро мактаби дењот ташкил медод. Аз соли 2000 дар муассисањои тањсилоти дењот теъдоди талабагон ба миќдори 553, 3 њазор кам гаштааст. Аз соли 2006 дар Украина мактабњои камнуфус танњо дар мувофиќа бо падару модар баста мешаванд, вале чунин шакли таълиме коркард шуда истодааст, ки як муаллим бояд њамаи фанњои таълимро бо гирифтани маоши ду баробар зиёд тадрис намояд.
Дар Финляндия барои нигоњ доштани мактабњои камнуфус созмони «Њаракати дењот» таъсис дода шудааст. Дар Лапландия, ки асосан мардуми бумии Финляндия-саамњо он љо зиндагї мекунанд, мактабњои камнуфус зиёданд. Њукумати Лапландия ба чунин мактабњо муносибати оќилона менамояд ва омадурафти талабагонро дар масофаи 100 км бо наќлиёт таъмин месозад. Тибќи маълумоти соли 2008 дар Лапландия 670 талаба дар 13 мактаби камнуфус тањсил дорад ва тамоми маблаѓи наќлиётро њукумати шањр пардохт менамояд.
Махсусияти сиёсати Амрико дар соњаи маориф айни замон чунин аст, ки њатто хурдтарин мактаби дењот нигоњ дошта шавад. Агар дар љое теъдоди мактаби дењот нигоњ дошта шавад. Агар љое теъдоди ками хонанда бошад, ками хонанда бошад, мактаби яксинфа таъсис карда мешавад. Як омўзгор бо бачагони синну солашон гуногун машѓулият мегузаронад ва асосан чандин фанро таълим медињад. Њар як хонанда аз рўйи барномаи инфиродї таълим мегирад. Ќадрдонии мактабњои камнуфус дар он зоњир мегардад, ки муаллимони ин гуна мактабњо дар Амрико ду баробар зиёдтар аз омўзгорони шањр бештар маош мегиранд.
Дар Россия мактабњои камнуфус омили иљтимоии муњим њисоб меёбад ва аз мактабњои муќаррарї як ќатор бартарї дорад. Асоситаринашон инњоанд:
-Тибќи маълумоти рўзномаи «Труд» мактабњои дењоти Россия 5,9 миллион кўдакро фаро мегирад ва дар онњо 68 њазор муаллим фаъолият менамояд. 67 фоизи мактабњои дењотии заминњои таљрибавї доранд ва 79 фоизи мактабњои дењот замини хусусигардонидашуда буда, аз он нисбат ба соњибкорон зиёдтар њосил гирифта, худро аз мањсулоти хўрокворї таъмин месозанд;
-табиат ва шароити мувофиќ ба омўзгорон имконият фароњам месозад, махсусиятњои инфиродї ва шароити зиндагии њар як хонандаро донанд ва раванди таълимию тарбиявиро дар сатњи баланд ба роњ монанд.
-дар маљмўъ мактаби дењот, боѓча ва хонаи фарњангро метавон чун маркази ягона њаёти маданї баррасї кард.
Дар љумњурии Ќазоќистон 7576 муассисаи тањсилоти умумї фаъолият менамояд, ки 4289-тои он мактаби камкомаплект буда, 56, 5 фоизро ташкил медињад. Дар 15 соли охир теъдоди мактабњои камкомплект ду баробар зиёд гаштааст.
Дар 1522 нуќтаи ањолинишини Ќазоќистон мактаб вуљуд надорад, ки дар онњо 36 960 мактаббачагон сукунат доранд. Аз ин миќдор ба 22899 (61,9%) хидмати наќлиёти расонида мешавад, 3559 нафар дар интернатњои наздимактабї љойгир кунонида шудаанд ва 10502 (28,4%) бо наќлиёт таъмин карда нашудаанд.
Чунон ки мебинем, дар њар кишвар муносибат бо мактабњои (синфњои) камнуфус гуногун аст.
Мушкилоти мактабњо (синфњо)-и камкоплект ба омилњои иљтимоию иќтисодии кишвар вобаста аст, ки метавон онњоро ба се гурўњ људо кард:
• Мушкилоте, ки ба ташкили раванди таълимию тарбиявї иртибот доранд;
• Мушкилоте, ки ба такмили ихтисоси омўзгорони ин гуна муассисањои таълим ва Низоми мављудаи он алоќаманданд.
• Мушкилоте, ки ба таъмини мактабњои мазкур бо дастурњои таълимию методї ва пояи моддию техникї онњо иртибот мегирад.
Мактабњои камкомплект аз мактабњои дигар бо махсусиятњои худ фарќ мекунад ва дар баъзе масъалањо аз муассисањои таълими муќаррарї бартарињо дорад:
• Азбаски теъдоди талаба кам аст, муаллим имконият дорад, ки хусусиятњои инфиродї ва шароити зиндагии њар як хонандаро амиќтар донад;
• Кор бурдани роњбари синф осон аст ва ў табиати њар як хонандаро мефањмад
• Хонандагони синну соли гуногунро ба њам наздик месозад;
• Санљиши дафтарњо ва интихоби корњои инфиродї ваќти камро талаб мекунанд;
• Масъалаи низому тартиб дар доираи муќаррарот нигоњ дошта мешавад;
• Хонандагони синфи болотар ба хурдсолон ёрї мерасонанд, зеро тамоми рўз дар як љо дарс мехонанд ва ѓайрањо.
Дар навбати худ мактабњои камкомплект якчанд пањлуњои манфї низ доранд, ки асоситаринаш зеринњоанд:
• Кам будани теъдоди омўзгор фаъолияти ононро шояд то андозае суст гардонад;
• Тайёрї дидан ба дарс ваќти зиёди омўзгорро мегирад;
• Муаллим имконият дорад, ки бо њар синф фаќат ним соат кор кунад, дар ваќти боќимонда кори мустаќилонаро ба роњ мемонад;
• Диќќати омўзгор ба ду ва беш аз он кору супориш ва гурўњ равона мегардад;
• Њангоми кори мустаќилона хонандагон ќариб аз кумаки муаллим мањруманд;
• Кори дастаљамъонаро душвор мегардонад, зеро дар он гурўњ синну соли гуногун њузур дорад;
• Хонандагон дар ваќти иљрои кори мустаќилона маљбуранд, ки мамониат ва халали синфи дигарро тањаммул кунанд;
• Ба хонандагони мактабњои камкомплект кам муяссар мешавад, ки дар дар зананд ва онро муњокима намоянд. Њамзамон андешаашонро баён ва дигаронро шунида наметавонанд.
Самаранокии дарс дар мактабњои камкомплект ба нуктањои зерин вобаста аст:
• Тањияи љадвали дарсии хуб
• Интихоби метод ва шаклњои тарбия ва таълим ва дар вобастакунию оќилона истифода бурдани онњо дар раванди таълим;
• Даќиќ интихоб кардани сохтори дарс вобаста ба њадафњои гузошташуда;
• Оќилона ба навбат гузаронидани кори мустаќилона тањти роњбарии омўзгор;
• Ташаккул додани мањорати мустаќилона ба даст овардани дониш дар талабагон;
• Назорати доимии дониш ва мањорати талабагон;
• Идораи оќилонаи бачагони синну соли гуногун
• Истифодаи воситањои техникї;
• Ба роњ мондани раванди таълимию тарбиявї дар асоси принсипи таълими ба шахс нигаронидашуда
Барои фаъолияти бонизоми мактабњо (синфњои) камкомплект лозим аст, ки њарчи зудтар Низомномаи чунин муассисањо ба тасвиб расида ба мактабњо дасрас шаванд. Сипас зарур аст, ки барои омўзгорон курсњои такмили ихтисос бо љалби мутахассисони донанда (на ифтихорї) ташкил гардад. Мутахассисон муќолањои илмию методї ба наќшагирии дарсњо, намунаи конспектњо бо муайян кардани ваќт, љадвалњои дарсии муносиб, равнади кори мустаќилона тарзи бањисобгирии ва арзёбии дониши хонандагон ва амсоли инњо барин маводро пешкаши омўзгорон намоянд.

С.Аминов
 

Маълумотнома
оид ба «Вазъи синфњои камнуфус (камкомплект)-и мактабњои
тањсилоти умумии вилояти Хатлон ва сифати
таълим дар онњо»

 


Академияи тањсилоти Тољикистон барои ворид сохтан ба наќшаи кори љаласаи Мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон дар нимсолаи аввали соли 2012 баррасии «Вазъи синфњои камнуфуси (камкомплекти)-и мактабњои тањсилоти умумии вилояти Хатлон ва сифати таълим дар онњо»-ро пешнињод карда буд. Масъалаи мазкур ба наќшаи фаъолияти љаласаи Мушовараи Вазорати маориф ворид гардид.
Ба ин маќсад президенти АТТ ба унвони раёсати Пажўњишгоњи рушди маориф (ПРМ), Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф» (ДЉТИБКСМ) ва Маркази љумњуриявии таълимию методї (МЉТМ) аз 22.02.2012 номаи дархостї ирсол дошта, њамзамон хоњиш намуд, ки дар иљрои масъалаи мазкур, ки дар Мушовараи Вазорати маориф баррасї мегардад, њамкорї намоянд. Академияи тањсилот оид ба теъдоди мактабњои (синфњои камкомплект) маводе надошт, бинобар ин барои ба даст овардани маълумоти оморї ба Вазорати маориф тавассути мактуб аз 22.02.2012 №81/01 мурољиат кард. Мутаассифона, мактуб бе љавоб монд.
Дар робита ба ин фармоиши президенти АТТ, директори ПРМ (Ш.Исрофилов) ва МЉТМ (Ф.Партовов) содир гашт ва кормандони муассисоти мазкур љињати омўзиш ва баррасии вазъи синфњои (мактабњои) камнуфуси тањсилоти умумии вилояти Хатлон ва сифати таълим дар онњо сафарбар гаштанд. Кормандони АТТ ва МЉТМ ба ноњияњои Љомию Хуросон ва намояндагони Пажўњишгоњи рушди маориф ба ноњияњои Восеъ, Шўрообод, Мўъминобод, Фархор ва Њамадонии минтаќаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар карданд. Ба онњо лозим омад, ки дар ќадами аввал барои гирифтани маълумоти оморї ба Идораи маорифи вилоят мурољиат намоянд. Њисоботи оморї доир ба масъалаи матрањшаванда ба даст оварда шуд. (Замимаи 1) Ошної бо вазъи синфњои камнуфус ва сифати дониш аз рўи њисоботи оморї оѓоз гардид. Њангоми омўзиши вазъи синфњои камнуфус (камкомплект) ва сифати таълим дар онњо вазъи љисмонии мактабњо, тарзи ташкили синфњои камнуфус, тањияи љадвали дарсњо, шароити кори омўзгорон, тарзи ташкилу ба роњ мондани раванди таълим, бо мавод ва бо китобњои дарсї таъмин будани хонандагону муаллимон, тањсилоти омўзгорон, аз курсу семинарњо гузаштан ва ё нагузаштани омўзгорон, иштироки маъмурияти мактабњо ба дарс, аз кумаки методї бархурдор будани омўзгорон, татбиќи стандартњои давлатии тањсилоти ибтидої, мавриди муњокима ќарор гирифтан ё нагирифтани раванди таълим дар ин ё он љаласа ё шўро, иштироки хонандагон ба дарс, фосилаи дењањо ва ѓайрањо диќќат дода шуд.
Таъкид кардан бамаврид аст, ки мактабњои камнуфус дар тўли 20 сол аз назарњо дур мондаанд. Дар робита ба ин навъ мактабњо танњо ду санад мављуд аст: фармони Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 15 июли соли 2002, №416 «Дар бораи ба њисобгирии штатњо ва пардохти музди мењнати муаллимони синфњои I-IV-и мактабњои маълумоти њамагонии камкомплект ва «Тартиби пардохти музди мењнати корманди соњаи маориф», ки онро Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон дар мувофиќа бо Вазорати молияи Љумњурии Тољикистон, Вазорати мењнат ва њифзи иљтимоии ањолии Љумњурии Тољикистон ва Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон аз 1.12.2010 тасдиќ кардааст. Њар ду санад ба пардохти музди мењнат мутааллиќ аст.
Дар санадњои мављудаи меъёрии њуќуќии соња фаќат дар банди 26 Низомномаи намунавии мактабњои тањсилоти умумї, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 апрели соли 2007, №171 тасдиќ шудааст, оид ба синфњои камнуфус (камкомплект) чунин омадааст:
«Теъдоди хонандагони синфњои муассисањои тањсилоти умумиро, ки (синфњои нопурра низ дохил мешаванд) дар дењањо љойгиранд, аз рўи талаботи ањолї маќомоти мањаллии њокимияти давлатї муайян менамояд».
Натиљаи санљиши тарзи ташкилу вазъи синфњои камнуфус (камкомплект) ва мувофиќати онњо ба њуљљатњои меъёрии њуќуќї нишон дод, ки Идораи маорифи вилоят ва шўъбањои маорифи маќомоти иљроияи њокимияти давлатї, маъмурияти мактабњои (синфњои) камнуфус ба маќсади иљрои моддаи 41-и Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон (оид ба њуќуќи тањсил доштан), моддањои 6 (кафолати давлатии њуќуќи шањрвандони љумњурии Тољикистон дар соњаи маориф) ва 17 (тањсилоти умумї)-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф» ва банди 26-и Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон дар мавриди ба тањсил љалб кардани кўдакони синнусоли мактабї тадбирњои муайяне андешидаанд.
Бо назардошти кам будани теъдоди кўдакон ва ба хотири аз тањсил берун намондани онон дар дењањои хурду навбунёди ноњияњои Љомї, Хуросон, Восеъ, Шўрообод, Мўъминобод, Фархор ва Њамадонї синфњои ибтидоии камнуфусро дар мањалли зисташон ташкил кардаанд.
Шўъбањои маориф, сарварони мактабњо ва синфњои камнуфуси назди муассисањои тањсилоти умумии ноњияњои зикршуда мебоист тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 октябри соли 2010, №526 «Дар бораи тадбирњои татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6.09.2010, №923» ва «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф аз 1.12. 2010, ки Вазири маориф дар мувофиќа бо Вазоратњои молия, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї ва Кумитаи иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистон тасдиќ кардааст, тарзи ташкилу синфњои камнуфус ва пардохти музди мењнати омўзгоронро дар он муассисањои таълим ба роњ мемонданд.
Вале омўзишу санљиш ошкор сохт, ки аксари онњо ба сабаби дастрас нагаштани њуљљатњои меъёрии њуќуќї ва набудани Низомномаи махсус дар ташкилу ба роњ мондани фаъолияти таълимию тарбиявї ба душворињо мувољењ гаштаанд. Азбаски дар ноњияњо аксари сарварони мактабњои (синфњои) камнуфус аз рўи фармони Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 15.07.2012, №416 «Дар бораи тартиби бањисобгирии штатњо ва пардохти музди мењнати муаллимони синфњои I-IV-и мактабњои маълумоти њамагонии камкомплектї» амал намудаанд, дар баъзе нуктањо ба њуљљати меъёрии «Тартиби пардохти мењнати кормандони соњаи маориф (1.12.2010) мухолифат мекунад. Масалан, дар фармони мазкур омадааст, ки дар сурати будани ду синфи ибтидої то 30 нафар ду синф дар як синфи камкомплект њамроњ карда мешванд. Вале дар «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф» дар њамин гуна синф то 25 нафар зикр гаштааст.
Бояд зикр кард, ки баъзе ноњияњои санљидашуда ба хусус дар н.Љомї ва Хуросон ташкилу пардохти музди мењнатро дар мактабњои (синфњои камнуфус аз рўи «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф» ба роњ мондаанд, вале дар фаъолияти онњо гуногунии ташкилу пардохт мављуд аст.
Таълим дар мактабњои (синфњои) камнуфус тибќи фармоиши Вазири маорифи Љумњурии Тољикистон аз 06.06.соли 2011, №1219 «Оид ба амалї намудани ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 31.05.2011, №13/9 «Дар бораи ворид намудни таѓйиру иловањо ба ќарори мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 30.03.2009, №4/24 «Дар бораи тасдиќ намудани Наќшањои таълимии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон барои соли хониши 2009-2010 ва солњои минбаъда» ба роњ монда, иљрои барномањои таълимї асосан таъмин гардида истодаанд. Мутаассифона, бо ворид сохтани таѓйирот ба мўњлати таътил омўзгорон дар амалї сохтани барномањои таълим ба душворињои зиёде дучор шудаанд.
Бояд зикр кард, ки аксари мактабњое, ки дорои синфњои камнуфус (камкомплект) мебошанд, аз муассисањои тањсилоти асосї ва миёна дар масофаи аз 1,5 ва то 20 км дур ќарор доранд ва заминаи моддию техникї ва кадрии онњо ба кўмак ниёз доранд. Масоњат, тарзи љойгиршавии синфхонањо ва таљњизоти онњо, равшании дохили синфњои ба хусус дар хонањои шахсї буда ба талаботњои бењдоштию гигиенї љавобгў нестанд.
Ноњияи Љомї
Дар ноњияи Љомї аз рўйи њисоботи омории пешнињодкардаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон бояд 10 мактаби камнуфус фаъолият намояд (Замимаи 2). Шўъбаи маориф дар робита ба ин навъ мактабњо як кори хуб кардааст, ки намунаи љадвали дарсњоро тањия ва пешкаши омўзгорон гардонидааст (Замима 3). Омўзиши вазъи ин мактабњо ва санљиши дониши хонандагон нишон дод, ки дар ноњияи мазкур 8-то чунин мактабу синфњо будааст. Њамчунин дар њисоботи оморї омадааст, ки ин мактабњо дорои 18 синф буда, 297 хонандаро фаро мегиранд ва дањ нафар омўзгорон ба тадрис машѓуланд. Дар асл 279 нафар хонанда дар 15 синф мехонанд ва 17 муаллим ба таълиму тарбия машѓул аст. Ду нафар муаллим аз миќдори умумии синф зиёд мебошад. Сабабаш ин аст, ки дар ду синфи камкомплект мактаби №47 чор нафар омўзгор кор мекунад.
Њамаи мактабњои синфњои камкомплектдори ноњияи А.Љомї дида шуд. Вале имконият нашуд, ки дар ин мактабњо ба дарсњо иштирок карда шавад, зеро масофа дур буд ва дар басти дуюм ё якум будани дарс имкон надод.
Мактаби №47. Ин мактаб асосї буда, њамагї 90 талаба дорад, ки 48 нафар дар синфњои болої ва 42 нафар дар синфњои ибтидої тањсил мекунад.
Директори мактаб (Томадова Г.) дорои тањсилоти миёнаи махсус аст. Дар мактаб њамагї 10 муаллим ба фаъолияти омўзгорї машѓуланд. Аз ин миќдор танњо муаллими фанни математика ва варзиш тањсилоти олї доранд. Дар мактаб ду синфи камкомплект 1-3 (12+12=24) ва2-4 (7+11=18) фаъолият мекунад, вале дар ташкили синфњо «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф» ва банди 26-Низомномаи намунавии муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон ба инобат гирифта нашудааст. Њар чор синф муаллимони људогона доранд ва дар њаљми 14- соатї маош мегиранд.
Мактаб ба кадрњои омўзгории тањсилоти олии касбидошта ниёз дорад.
Мактаби ибтидоии камкомплекти №53. Дар ин мактаб ду синфи камкомплект-синфи 1-3 (13+8=21) ва 2-4 (13+8=21) фаъолият мекунад, ки дар маљмўъ 42 хонандаро фаро мегиранд ва се муаллим дарс медињад. Синфи 2-4 дар басти якум ва синфи 1-3 дар басти дуюм мехонад. Як хусусияти кори мактаб ин аст, ки дар синфи 1 аз соати 8.00, дар синфи 2 аз соати 10,00, дар синфи 3 аз соати 11.00 ва дар синфи 4 аз соати 10.00 дарсњо оѓоз меёбанд. Љадвали дарсњои мактаб пешнињод мегардад (Замимаи 4). Мудири мактаб (Гулмуродов А.) хатмкардаи омўзишгоњи мусиќии н.Рўдакї буда, фанњои мусиќї ва забони русиро дарс медињад. Дар ин мактаб се нафар кор мекунад.
Мактаб дар замини хољагии дењќонї бо њашар ва кумаки маќомоти њокимияти мањаллї бунёд шуда, аз мизу курсї таъмин аст. Вале атрофи он мањкам карда нашудааст ва майдончаи варзишию посбон надорад. Њанўз хати барќ њам кашида нашудааст. Мактаби ибтидоии камкомплекти мазкур раќами 53-ро доро буда, филиали мактаби миёнаи №52 мебошад. Мудир барои дар ин вазифа кор карданаш маош мегирад.
Иштироки хонандагон бад нест. Масалан, ваќте ки синфи чорум аз назар гузаронида шуд, аз 12 нафар 1 хонанда дар дарс иштирок надошт. Тарзи китобхонии хонандагон санљида шуд, аз 12 нафар 7 хонанда синфи 4 китобро бо њиљо мехонанд. Дафтарњои хонандагон санљида намешаванд.
Синфњои камкомплекти мактаби №23. Дар мактаби мазкур 18 нафар омўзгор фаъолият мекунад, ки аз онњо 7 нафар тањсилоти олї ва 11 нафар маълумоти миёнаи махсус дорад. Ин мактаб дар маљмўъ 503 хонандаро фаро гирифтааст.
Дар ин мактаб синфњои 1 (8н.)-3 (12 н.) ва 2 (14)-4 (6н) камкомплект буда, дар маљмўъ 40 нафар хонандагони ўзбекзабонро фаро мегиранд. Дар синфњои 1-3 Хољаёров Х. дарс медињад, ки дорои тањсилоти миёнаи махсус аст. Аз 12 нафар хонандагони синфи 3 њафт нафар китобро бо њиљо мехонанд. Дар синфи 1 њашт нафар тањсил мекунад, ки аз ин теъдод танњо 1 талаба дуруст мехонад, 4 нафар бо њиљо ва 3 нафари он њарфакї мехонад. Дафтарњои хонандагон бисёр рўякї санљида шуда, бањоњо тахминї гузошта шудаанд. Синфњо ба талабот љавобгў нестанд.
Синфњои камкомплекти мактаби №58. Ин мактаб ду синфи камкомплект дорад. Синфњои 1 (10 н) -3 (14 н.) ва 2 (12н) – 4 (6н) дар маљмўъ 42 талабаро фаро гирифтаанд. Муаллимони њар ду синф тањсилоти миёнаи махсус доранд. Дар синфи 1 шаш талаба њарфакї ва 4 нафар бо њиљо мехонад. Хонандагони синфњои 3 оид ба муодила тасаввурот надоранд. Муаллима (Ятимова Р) ягон дафтари хонандагонро насанљидааст ва конспекти яксоатаи дарс низ надорад. Дар синфи 2 бошад аз 12 хонанда танњо ду нафар равон ва боќимондањо њарфакї мехонанд. Вазъи китобхонии синфи 4 њам ба синфи 2 монанд аст. Аксари хонандагон (Арафамоњ, Њошим, Зиёвуддин…) бо њиљо ва њарфакї мехонанд. Дафтарњо аз тарафи муаллим (Ќизилбоев И.) умуман санљида нашудааст.
Синфњои камкомплекти мактаби миёнаи тањсилоти умумии №15. Дар мактаби мазкур 36 омўзгор ба тарбияю таълими 713 хонанда машѓул аст. Аз он миќдор 18 нафар омўзгор тањсилоти олї ва 18 нафари дигар тањсилоти миёнаи махсус дорад.
Дар ин мактаб синфњои камкомплекти 1 (7 н)-2 (8н.) – 3 (4н.) ба забони тољикї, 1 (8н) – 3 (5н.) ва 2 (4н.)-4 (8н.) ба забони ўзбекї фаъолият мекунанд. Љадвали дарсњои синфњои камкомплекти тољикї ва ўзбекї пешнињод мегардад. (Замимањои 4).
Дар ин мактаб синф намерасад, панљ синф дар вагонњо тањсил дорад.
Синфњои камкомплекти филиали мактаби миёнаи №45 -Мактаби мазкур 654 нафар талабаро ба тањсил фаро гирифта, дар он 30 нафар омўзгор кор мекунад, ки аз онњо 11 нафар тањсилоти олї, ду нафар тањсилоти миёнаи махсус ва 17 нафари боќимонда тањсилоти миёнаи умумї дорад. Дар ин љо ду синфи камкомплект – 1 (5 н.)-3 (6н.) ва 2 (15н.) – 4 (5н.) фаъолият мекунад, ки тањсил дар онњо ба забони ўзбекї аст. Дониши хонандагонашон дар сатњи паст ќарор дорад.
Дар мактаб муаллими забони хориљї намерасад.
Филиали мактаби миёнаи №20. Синфњои камкомплекти 1 (7н.) – 3 (6н.) ва 2 (6н.) – 4 (3н.) чун филиали мактаби №20 фаъолият доранд. Ду нафар омўзгор яке бо тањсилоти олї (Њасанов С.) ва дигарї бо тањсилоти миёнаи махсус кор мекунад. Бинои мактаб нав буда, ба тарзи њашар ва кумаки маќомоти иљроияи мањаллї сохта шудааст. Дар синфњои 1-3 муаллима Каримова Г. хониш ва забони модариро дар алоњидагї тадрис мекунад. Забонњои русї, хориљї ва алифбои ниёгон тадрис намешаванд. Дар синфи 2-4 њамагї 9 нафар талаба тањсил мекунад, вале муаллим (Њасанов С.) дафтарњои онњоро насанљида тахминї бањо гузоштааст.
Љадвали дарсњои синфњои камкомплекти ин мактаб пешнињод мешавад (Замима 5).
Синфњои камкомплекти мактаби миёнаи №9
Дар мактаби мазкур ду синфи камкомплект 1б (20н)- 3б (10 н) ва 2б (7н.)-4б (11н.) фаъолият дорад, ки тањсилаш ба забони ўзбекї мебошад. Њар ду омўзгор дорои тањсилоти миёнаи махсусанд. Чун дарсашон тамом шудааст, бо хонандагон имкони сўњбат нашуд.
Љадвали дарсии синфњои камкомплекти таълимашон бо забони ўзбекї пешнињод мегардад (Замимаи 6).
Тибќи талаботи «Тартиботи пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф» синфи 1-3 бо назардошти теъдоди хонандагон људо-људо бояд ташкил мешуд. Дар он санад омадааст: «Њангоми љой доштани ду синфи ибтидої бо шумораи умумии хонандагон то 25 нафар… хонандагон дар як синф –комплект муттањид карда мешаванд. Дар синфи 1-3 бошад, теъдоди хонандагон ба сї нафар мерасад.
Ноњияи Хуросон
Тибќи њисоботи оморие, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон пешнињод кардааст, дар ноњия хуросон 12 мактаби камкомплект мављуд буда, дар онњо 20 синф бо фарогирии 280 хонанда фаъолият мекунад. Дар 20 синфи камкомплект 15 муаллим ба кори омўзгорї машѓул мебошад.
Шўъбаи маориф њисоботи оморие пешнињод намуд, ки дар ноњия 9 мактаби камкомплект буда, дар онњо 13 муаллим ба фаъолияти омўзгорї машѓул аст. Дар маљмўъ дар ин синфњо 245 хонанда тањсил мекунад.
Маълумоти омории шўъбаи маориф оид ба синфњои камкомплект пешнињод мешавад (Замимаи 7).
Дар њамин ду њисоботи омории пешнињодшуда њељ яке аз раќамњо ба њам мувофиќ нестанд. Дар њисоботи омории вилоят пешнињодкарда 3 адад мактаб, 6 синф, 2 нафар омўзгор 35 хонанда зиёд нишон дода шудааст. Дар 20 синфи камкомплект чї тавр 15 омўзгор кор мекунад? Ин ихтилофот дар њисоботи омории вилоят низ мушоњида гардид.
Агар ин мактабњо дуруст аз назар гузаронида шаванд, шояд аз ин раќамњо боз таѓйир ёбанд.
Имкон фароњам омад, ки танњо вазъи мактаб ва синфњои камкомплекти 50, 13 ва 2-и ноњия дида шавад.
Мактаби ибтидоии №50, ки филиали мактаби асосии №44 аст. Њамагї ин мактаб 44 талаба дорад ва дар он 5 омўзгор кор мекунад, ки аз ин миќдор 2 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафари дигар маълумоти миёнаи умумї дорад. Дар ин мактаб забони давлатї дарс дода мешавад, омўзгори забони русї намерасад.
Њамзамон синфњои 5,6, 7,8 ва 9-и мактаби асосии 44 ба миќдори 82 нафар дар бинои ин мактаб дарс мехонанд.
Мудири мактаб маош мегирад сметааш алоњида аст, вале мўњру штампи мактаби №44 ќобили истифода мебошад. Дар ин мактаб танњо як синфи камкомплект – синфи 1б (4 н).-2б (13 н) фаъолият дорад, ки дар он 17 нафар тањсил мекунад. Муаллимаи синф (Ашурова Ф.) маълумоти миёнаи умумї дорад.
Синф намерасад, аз ин рў синфи 1б -2б тољикї ва 2-и ўзбекї дар вагон мехонанд. Аслан, омўзгорон аз курси такмили нагузаштаанд.
Мактаби миёнаи №13, ки ду синфи камкомплект-1-13 ва 2-4 дар назди он ташкил карда шудааст. Мактаби мазкур ба забони тољикї ва ўзбекї буда, бо омўзгорон таъмин аст. Љадвали дарсњо пешнињод мегардад (Замима 8).
Тањсил дар синфњои камкомплектии ин мактаб ба забони ўзбекї аст. Дар синфњои 1 (9н) -3 (15 н) 24 нафар ва 2 (7н.)-4 (10 н.) 17 нафар ва дар маљмўъ 41 нафар хонанда тањсил мекунад. Дафтарњои хонандагони њар ду синф дуруст санљида нашудааст ва агар баъзе аз дафтарњо санљида шуда бошанд њам, бањоњо ба меъёрњои бањогузорї мувофиќат намекунанд. Дониши забонї ва математикии хонандагон суст буда, чизи хондаашонро дуруст наќл карда наметавонанд. Корњои санљишї кам гузаронида мешавад. Ба омўзгорон маслињатњои касбї дода намешавад.
Мактаби ибтидоии камкомплекти филиали мактаби №2. Мактаби ибтидоии камкомплекти мазкур њамин сол ташкил шудааст. Муаллимаи мактаб (Њаќназарова Л.) тањсилоти миёнаи умумї дошта, махсусияти ин синфњоро умуман намедонад.
Азбаски тартиби корњо, яъне дар як вакт бо чор синф кор карданро намедонад, аз ин рў, дар синфи 1-3 ва 2-4 алоњида-алоњида дарс медињад. Дониши хонандагонаш суст аст. Омўзишу баррасии вазъи таълим ошкор сохт, ки хонандагони синфи 1 китоб хонда наметавонанд. Касе аз мактаби сарпараст ба дарсњои ў даромада маслињат њам надодааст.
Агар љадвали дарсии њамин мактабро бодиќќат нигарем, мебинем (Замимаи 9), ки теъдоди соатњо ба наќшаи таълим чандон мувофиќат надорад. Масалан, дар наќшаи таълим дар синфи 4 забони модарї 8 соат пешнињод шудааст, вале дар љадвали дарс 9 соат омадааст. Бар иловаи ин, забонњои русию хориљї ва алифбои ниёгон тадрис намегарданд. Магар стандарти тањсилоти ибтидої дар ин гуна мактабњо (синфњо) таъмин карда мешаванд.
Омўзиши вазъи мактабњои (синфњои) камкомплекти ноњияњои Љомї ва Хуросон нишон дод, ки дар кори ташкили чунин мактабњо (синфњо) ва ба роњ мондани раванди таълим нуќсонњои зиёде ба чашм мерасанд. Бар иловаи ин, аз лињози таъмин бо кадрњои омўзгорї низ нобасомонињо вуљуд дорад.
Корњои хаттии дар мактабњои н.Љомї ва Хуросон гузаронида гувоњи онанд, ки омўзгорон аз усули кор дар чунин мактабњо огањї надоранд. Љадвали натиљаи корњои хаттї замима мегардад (Замимаи 10).

Ноњияи Восеъ


Дар рафти санљиш маълум гардид, ки ноњияи Восеъ дорои 7 мактаби зинаи якуми тањсилот, 12 мактаби тањсилоти умумии асосї ва 49 мактаби тањсилоти миёнаи умумї буда, аз љумла мактабњои №№ 65, 66,67,13,36 ноњия њамчун мактабњои тањсилоти ибтидоии камкомплектї буда, дорои 12 синфанд бо фарогирии 137 хонанда фаъолият мекунанд (Замимаи 11). Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 13, дар се баст кор мекунад ва дар шароити зимистони кўњистон ва танќисии барќ ба маъмурият ва хонандагони синфњо дар равшан намудани синфњо ва худи раванди таълиму тарбия душворињо эљод месозад. Илова бар ин, теъдоди муайяни хонандагони худи таълимгоњи № 13 аз масофаи тахминан се километр ба мактаб меоянд, ки омадурафти онњоро дар рўзњои борон ва хунукї хеле душвор мегардонад. Мактаби мазкур филиали мактаби нопурра (камкомплект) дар дењаи Хољаѓалтон мебошад,ки бинои замонавии хуб дорад ва он соли 2007 ба истифода дода шудааст. Мактаби номбурда 2 синфи нопурра(камкомплект) дорад ва аз 29 хонандагон ва се синфхона иборат аст, вале бо сабаби нарасидани омўзгор дар ду баст фаъолият менамояд.
Хонандагони мактабњои номбурдаи ноњия баъди хатми синфи 4 ба мактабњои дигар (дар масофаи аз 1 то 5 км) барои идома додани тањсил мераванд.
Натиљаи санљиши сифати таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони мактабу синфњои нопурра (камкомплект) дар шўрои шўъба ба таври алоњидагї мавриди санљишу муњокима ќарор дода нашудааст.
Теъдоди омўзгорони синфњои камкомплектї њамагї 13 нафарро ташкил дода, маълумоти олї 9 нафар,миёнаи махсуси омўзгорї 2 нафар, миёнаи умумї 2 нафар, аз онњо дорои тахассуси олї 2 нафар, якум 7 нафар, дуюм 2 нафар, умумї 2 нафар мебошанд. Омўзгорони номбурда аз курси такмили ихтисос аз рўи ихтисоси хеш (математика, география, забони русї, забон ва адабиёти тољик ва ѓайра) гузаштаанд ва теъдоди зиёди онњо дар курси такмили ихтисоси омўзгорони синфњои ибтидої ширкат варзида, ба ташаккули мањорати касбии хеш низ мусоидат намудаанд. Омўзгорони фанњои забони русї, англисї ва алифбои ниёгон дар бештари мактабу синфњои камкомплектї намерасанд ва баъзан дарсњои забони англисї тамоман то синфи 4 таълим дода намешаванд, сабаби он дурии масофаи љойгиршавии мактабњо ва синфњои камкомплект мањсуб меёбад.
Мутаассифона, муассисањои тањсилоти ибтидоии нопурраи (камкомплект) №№ 65, 66, 67 ва филиалњои мактабњои № 13, 36 љамоатњои Пахтаобод, Мењнатобод ва Мичурин то ба имрўз шиноснома надоранд. Бинои мактаби тањсилоти ибтидоии 65- соли 1980, № 66- соли 1980, № 67- соли 2008 бинои филиали мактаби № 13- соли 2010 сохта шудаанд ва дар њолати ќаноатбахш ќарор дорад.
Мактабњои номбурда бо мизу курсї,китобњои дарсї таъмин гардидаанд (ба истиснои китоби Алифбо,Забони модарї ва Математика, ки ќисман намерасанд), шароит барои таъмини раванди таълиму тарбия то андозае фароњам оварда шудааст
Натиљаи санљиши вазъи тайёрии омўзгорон ба дарсњо дар муассисањои тањсилоти ибтидоии камкомплектии №№,66,67 собит сохт, ки аксарияти омўзгорон то њанўз бо истифода аз усулњои муќаррарии таълим дарс мегузаронанд, ки таъсири он ба ташаккули ќобилиятњои зењнию тафаккурии хонандагон назаррас нест. Омўзиши вазъи дафтарњои хонандагон нишон дод, ки дар интихоби супоришњои фаъолкунандаи раванди тафаккур низ кўшишњои муайян ба назар мерасанд (№№ 13, 36,65), вале онњо кофї набуда, омўзгорон бояд бештар аз мазмун ва моњияти усулњои инноватсионии таълим огањї пайдо намоянд ва аз онњо истифода намоянд.
Тањлили натиљаи мониторинги сатњи сифати дониши хонандагони мактабњои синфњои камкомплектии №№ 65,66,67 ва филиалњои мактабњои № 13, 36 бори дигар собит сохт, ки аз меъёр баланд гузоштани бањо имрўз дар фаъолияти омўзгорони њамаи муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ба мушоњида мерасад. Њамзамон бояд иброз намуд, ки натиљаи мониторинги сатњи сифати дониш, мањорат малака ва камолоти маънавии хонандагони ин намуди таълимгоњњо нишон медињад, ки тањкурсии дониши хонандагони тамоми синфњо дар самти назарияи маълумот то андозае бењтар гардида истодааст, аммо мустаќилият дар иљрои супоришњо њанўз дар сатњи паст ќарор дорад. Хонандагони муассисањои мазкур дониши назариявии худро дар бисёр мавридњо бо факту далел (овардани мисолњо) шарњу тафсир дода наметавонанд. Раванди таълим дар таълимгоњњо (синфњои)-и номбурда бештар ба њифзи маълумоти назариявї нигаронида шудааст на ба амалияи он. Омўзгорон мебоист ба љустуљў ва дарёфти роњњои љалби хонандагон ба раванди ташаккули истеъдоду ќобилиятњои зењнї (тањлил, муќоисаи факту далелњо, маънї, мустаќилият, эљодкорї) бештар таваљљўњ мекарданд ва хонандагонро ба корњои амалї љалб намуда, тавассути онњо шогирдонро ба худомўзї, мустаќилият дар иљрои супоришњои беруназсинфї водор месохтанд.
Давомоти хонандагони мактабњои санљидашуда ќаноатбахш арзёбї гардид, зеро санљиши вазъи давомоти хонандагони мактабњои мазкур собит сохт, ки хонандагон ба донишомўзї майлу хоњиш доранд (мактабњои №№ 65,13,36).
Сарварони мактаб (синфњо)-и камкомплект ва муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ки дорои синфњои камкомплектанд, ба дарсњои омўзгорон кам иштирок мекунанд ва теъдоди ночизи он њам аз нигоњи сифати тањлили онњо ба талабот љавобгў нест.
Таљрибаомўзї дар таълимгоњњои номбурда дар мадди назари маъмурият ќарор дошта, асосан аз иштирок ба дарсњо ва гузаронидани дарсњои кушод ва соатњои тарбиявї баргузор мегардад ва коллективњои педагогї тавассути онњо таљрибаи якдигарро меомўзанд. Инчунин дар сатњи иттињодияњои методї иштирок ба дарсњои якдигар, мубодилаи афкор ба наќша гирифта шудаанд ва амалияи онњо дар шакли наќшањои кушоди дарс ва соатњои тарбиявї дар таълимгоњ нигоњ дошта шудаанд, аммо сифати онњо хуб нест.. Натиљањои таљрибаомўзї асосан дар тамоми таълимгоњњо мавриди баррасї ва тањлил ќарор дода шуда, иљрои онњо ба ќайд гирифта шудааст.
Њамзамон бояд ќайд намуд, ки худомўзию таљрибаомўзии ќариб аксарияти омўзгорони таълимгоњњо ба бою ѓанї гардидани донишњои илмию замонавї, педагогию психологї ва такмили мањорати касбии онњо ба таври дилхоњ мусоидат карда наметавонад, зеро дафтарњои таљрибаомўзии аксарияти омўзгорон танњо аз сабти амалиёти муаллимон ва хонандагон дар раванди дарсњо иборат буда, ба тањлили сифати онњо, зарурати истифодаи шаклу усулњои таълими босифат, сатњи мураккабии интихоби супоришњои фаъолу эљодї, корњои мустаќилонаю коллективона кам таваљљўњ зоњир карда шудааст.
Дар синфхонањои таълимгоњњои санчидашуда гўшаю овезањо ва теъдоди муайяни воситањои таълимию методии чопї ва худсохт, воситањои дидактикї гирд оварда шуда, омўзгорон онњоро дар раванди дарсњо истифода мебаранд, аммо теъдоди онњо хеле кам мебошанд.

Ноњияи Шўрообод

Рафти омўзиш ва тањлили вазъи таълиму тарбия ва дигар масъалањои марбут ба фаъолияти шўъбаи маориф,роњбарону омўзгорони мактаб(синфњо)-и камкомплектии ноњияи Шўрообод маълум намуд, ки ноњия дорои 9 мактабњои зинаи якуми тањсилот, 11 мактабњои тањсилоти умумии асосї ва 33 мактабњои тањсилоти миёнаи умумї, 1 мактаб-интернат ва 1 боѓча мебошад. Мактабњои тањсилоти умумии ибтидоии камкомплектии №№ 13,17,41,44,46,48,51,52, мактабњои тањсилоти миёнаи умумии дорои синфњои камкомплектї №№ 3,10,18,19,21,22,26,30,36,49,43, 47,50, 53-и буда, 47 синф ва 565 нафар хонандагонро ташкил медињад (Замимаи 12). Теъдоди зиёди хонандагон баъди хатми синфи 4 ба мактабњои умумии асосї ва миёнаи умумї ,ки дар масофаи аз 1- 15 км ва баъзан аз он њам зиёд аз мањали зист дур љойгиранд, барои идома додани тањсил дар мактабњои тањсилоти умумї ба хонањои хешу табор ва ё ба мактаб-интернатњо рў меоранд. Мактабњо (синфњо)-и номбурда аз сабаби нарасидани омўзгор ва синфхонањо дар ду баст кор мекунанд. Дар шароити сардии њавои фасли зимистон ва камбудии барќ маъмурият ва хонандагони синфњо дар раванди таълиму тарбия ба душворињо дучор мегарданд.
Мактабњо (синфњо)-и номбурда дорои биноњои сохташудаи соли 1993 (мактаби № 41),1994 (мактабњои №№ 17,48), 2002 (мактаби № 44), 2004 (мактаби № 46), 2008 (мактабњои №№13,51,52) буда, дигар муассисањои тањсилоти умумии дорои синфњои камкомплект низ асосан дар биноњои сифатан ќаноатбахш фаъолият менамоянд. Дар ноњияи Шўрообод 3 мактаби камкомплект дар хонањои шахсї љой гирифтаанд, ки гарчанде шароит ва имконияти пешбурди таълиму тарбия дар онњо то андозае таъмин гардидааст, равшанї ва љобаљогузории мизу курсї дар онњо мувофиќи матлаб нест.
Ба таълиму тарбияи хонандагони мактабњои (синфњои) камкомплект 49 нафар омўзгорон фаро гирифта шудаанд, ки аз онњо 16 нафар дорои маълумоти олї, 20 нафар миёнаи махсуси омўзгорї, 8 нафар олии нопурра ва 5 нафар миёнаи умумї буда, 4 нафар дорои тахассуси дараљаи олї, 10 нафар якум, 33 нафар дуюм ва 2 нафар умумї мебошанд. Собиќаи кории омўзгорони ин мактабњои (синфњои) камкомплект аз 20 сол зиёд, 6 нафар аз 10 сол зиёд, 13 нафар аз 5 сол зиёд 30 нафарро ташкил медињад.
Омўзгорони ба таълиму тарбия вобасташудаи ин синфњо аз курси такмили ихтисоси омўзгорони синфњои ибтидої гузаштаанд. Фанњои англисї дар бештари мактабу синфњои камкомплектї ба сабаби набудани шароит ва дурии масофа на дар њамаи синфњои 3-4 таълим дода мешаванд, таълим фанни забони англисї бошад, ќариб дар њамаи таълимгоњњо ба пуррагї таъмин нагардидааст.
Давомоти теъдоди муайяни хонандагони таълимгоњњои номбурда аз сабаби яхбандї ва пайдо гардидани хавф барои саломатї баъзан ќатъ мегардад.
Вазъи таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони мактабу синфњои камкомплектии синфњои 3-4 аз фанни математика дар шўрои шўъбаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњияи Шўрообод 2.06.2011,№6 тањлили натиљаи санљиши сатњи сифати дониши хонандагони аз 26.12.2011,№11 мактабњои тањсилоти умумии ибтидоии № 13, 51 љамоати Даштиљум) мавриди баррасї ва муњокима ќарор дода шуда, тадбирњои зарурї оид ба бартараф намудани норасоињо андешида шудаанд.
Мактабњои номбурда бо мизу курсї,китобњои дарсї таъмин карда шуда, шароити зарурї барои таъмини раванди таълиму тарбия дар онњо асосан фароњам оварда шудааст.
Наќшањои дарсиро омўзгорон тањия менамоянд вобаста ба синфњо ва бештар ба истифодаи усулњои муќаррарии таълим таваљљўњ менамоянд, ки натиљааш нисбатан паст арзёбї мегардад.
Хонандагони синфњои камкомплекии ноњия асосан бо китобњои дарсї таъмин гардидаанд. Давомоти хонандагони мактабњои №№ 13, 52 ва филиалњои он дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумии дорои синфњои камкомплектии №№ 3, 30 њамаи хонандагонро ба тањсил фаро гирифтаанд.
Сарварони мактаб (синфњо)-и камкомплект ва сарварони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї, ки дорои синфњои камкомплектанд, ба дарсњои омўзгорон кам медароянд ва теъдоди муайяни онњо њам аз нигоњи сифати тањлили дарси њозиразамон ниёз ба бењбудї дорад.
Таљрибаомўзї дар таълимгоњњои номбурда асосан аз иштирок ба дарсњо ва гузаронидани дарсњои кушод ва соатњои тарбиявї иборат буда, коллективњои педагогї тавассути онњо таљрибаи якдигарро меомўзанд. Инчунин дар сатњи иттињодияњои методї иштирок ба дарсњои якдигар, мубодилаи афкор, омўзиши таљрибаи якдигар ба наќша гирифта шудаанд ва амалияи онњо дар шакли накшањои кушоди дарс ва соатњои тарбиявї дар таълимгоњ нигоњ дошта шудаанд.
Њамзамон санљиш нишон дод, ки кормандони раёсат, шўъбањои маориф ва муттассадиёни ба мактабњо(синфњо)-и вобасташуда ба ин таълимгоњњо кам мераванд ва тавсияю пешнињодњои методии муфид низ кам ба мушоњида мерасанд. Танњо мудири шўъбаи маорифи ноњия ба мактаби тањсилоти миёнаи умумии № 17,46,52 дорои синфњои нопурра (камкомплект) рафтааст ва тавсияю пешнињоди методии зарурї ба омўзгорон ирсол намудааст.

Ноњияи Мўъминобод

Натиљаи тањлили вазъи таълиму тарбия ва дигар масъалањои вобаста ба фаъолияти шўъбаи маориф,роњбарону омўзгорони мактаб(синфњо)-и камкомплектии ноњияи Мўъминобод зимни санљиш маълум гардид, ки дар ноњия 3 мактаби зинаи якуми тањсилот, 19 мактаби тањсилоти умумии асосї ва 30 мактаби тањсилоти миёнаи умумї, 2 гимназия, 1 мактаб-интернат, мактаби тањсилоти иловагї ва як боѓча фаъолият менамоянд. Дар ноњия мактабњои зинаи якуми тањсилоти камкомплектии №№ 22,24,42-и љамоати Чилдухтарон ва синфњои камкомплектии филиали мактабњои тањсилоти миёнаи умумии №№ 3,9,19-и љамоати Ѓуломобод дорои 9 синфњои 1-4 бо фарогирии 128 хонанда фаъолият мекунанд. (Замимаи 13).
Вазъи сифати таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони мактабу синфњои камкомплект дар шўрои шўъба ва љаласањои назди мудири шўъбаи маориф ягон бор мавриди баррасї, тањлил ва хулосабарорї ќарор дода нашудаанд
Теъдоди омўзгорони мактаб(синфњо)-и камкомплект њамагї 9 нафарро ташкил дода, аз онњо дорои маълумоти олї 9 нафар, дорои тахассуси олї 1 нафар, якум 2, дуюм 3 ва умумї 3 нафар мебошанд. Омўзгорони номбурда аз курси такмили ихтисос аз рўи ихтисос ва аз курси методикаи таълими омўзгорони синфњои ибтидої гузаштаанд. Омўзгорони фанњои забони русию англисї дар бештари мактабу синфњои камкомплект намерасанд. Сабаби он, албатта, дурии масофаи љойгиршавии мактабњо ва синфњои камкомплект ва теъдоди ками соатњои таълимї мањсуб меёбад. Мактабњо (синфњо)-и мазкур асосан дар ду баст кор мекунанд.
Хонандагони муассисањои тањсилоти ибтидоии нопурра камкомплектии №№ 22,24,42 ва синфњои камкомплектии филиали мактабњои тањсилоти миёнаи умумии №№ 3,9,19 бо китобњои дарсї асосан таъмин карда шудаанд, вале бояд иброз дошт,ки баъзе китобњои забони модарї, мутаассифона, нусхабардорї шудаанд, ки њаљми њуруфњои онњо нисбатан хурд ва вараќњояшон хира мебошанд.
Бинои мактаби тањсилоти ибтидоии №19,24 дењаи Ѓуломобод, Хиргатарош дар хонаи хусусї љой гирифтаанд, масоњати он хурдњаљм буда, равшании дохили синфхона низ ба ба дараљаи кофї нест.
Натиљаи санљиши вазъи таълиму тарбия дар муассисањои тањсилоти ибтидоии камкомплектии №№ 22,24,42 ва филиалњои мактабњои тањсилоти миёнаи умумии №№ 3,9,19-и ноњия ошкор сохт, ки омўзгорон ба дарсњо тайёрии муайян мебинанд, вале он ба дараљаи кофї набуда, ба рушди ќобилиятњои инфиродии зењнию тафаккурї ба дараљаи лозима таъсир расонида наметавонад. Омўзиши вазъи дафтарњои даврии хонандагон нишон дод, ки дар интихоби супоришњои фаъол низ кўшишњои муайян ба назар мерасанд (мактабњои №№ 22,19,3), вале омўзгорон бояд бештар аз усулњои анъанавии таълим истифода менамоянд. Бештар ба риояи ќоидањои хатнависї,такмили мањорати хушнависї, баланд бардоштани суръати дарсњо, инфиродикунонии раванди дарсњо ва супоришњо, аз љумла супоришњои хонагї таваљљўњи худро равона созанд, зеро ин самтњои фаъолияти омўзгорон дар сатњи зарурї ба роњ монда нашудааст.
Тањлили натиљаи мониторинги сатњи сифати дониши хонандагони мактабњо (синфњо)-и якљоя (камкомплект)-и №№ 22,24,42 ва синфњои нопурра(камкомплект)-и филиали мактабњои тањсилоти миёнаи умумии №№ 3,9,19 нишон доданд, ки сатњи дониши хонандагон дар дараљаи кофї нест, мањорати хониш ва суръати он ба талабот љавобдода наметавонад. Дар бисёр мавридњо омўзгорон ба суръати хониш бештар ањамият дода, ба дарки мазмун ва мўњтавои матни он камтар таваљљўњ менамоянд, ки боиси ташаккул наёфтани мањорати хониши ифоданоки хонандагон гардидааст. Инчунин аз меъёр баланд гузоштани бањо ба дониши хонандагон дар фаъолияти омўзгорон ба мушоњида мерасад.
Натиљаи санљиши сатњи сифати дониш, мањорат малака ва камолоти маънавии хонандагони таълимгоњњои камкомплектї нишон медињад, ки мањорат ва малакаи кори мустаќилонаи хонандагон дар сатњи паст ќарор дорад. Шогирдон чи дар раванди донишомўзї ва чи дар иљрои супоришњои хонагї мустаќилият кам нишон дода,дар њалли мисолу масъалањо, супоришњои хонагї ба душворињо дучор мегарданд. Омўзгоронро зарур аст,ки бештар ба љустуљўю дарёфти роњњои љалб намудани хонандагон ба раванди ташаккули истеъдоду ќобилиятњои зењнї таваљљўњ намоянд ва хонандагонро ба корњои амалї љалб намоянд.
Хонандагони синфњои камкомплектии ноњияи Мўъминобод асосан бо китобњои дарсї таъмин гардидаанд.
Давомоти хонандагони мактабњои санљидашуда ќаноатбахш арзёбї гардид, зеро санљиши вазъи давомоти хонандагони мактабњои мазкур собит сохт, ки аксарияти хонандагон ба донишомўзї майлу раѓбат доранд (мактабњои тањсилоти умумии ибтидоии №№ 22,42 ва синфњои камкомплектии филиали мактабњои тањсилоти миёнаи умумии №№ 3,19).
Директорони мактаб(синфњо)-и камкомплектї ва сарварони муассисањои тањсилоти миёнаи умумие, ки дорои синфњои камкомплектианд, ба дарсњои омўзгорон кам даромадаанд ва теъдоди ками сифати тањлили дарсњо ниёз ба бењбудї дорад.
Наќшаи худомўзии аксарияти омўзгорон сатњї тањия гардида, ба бою ѓанї гардонидани донишњои илмию замонавї, педагогию психологї ва такмили мањорати касбї кам мусоидат хоњад кард.
Санљиш нишон дод, ки кормандони раёсат, шўъбањои маориф ва муттассадиёни ба мактабњо (синфњо)-и камкомплектии вобасташуда ба таълимгоњњои дар масофаи дур љойгирбуда кам мераванд ва тавсияю пешнињодњои методии муфид ба мушоњида нарасиданд.
Њамзамон бояд иброз намуд,ки барномањои таълимї, бидуни фанњои забонњои англисию русї, ки дар бисёр мактабњо (синфњо)-и камкомплектї таълим дода намешаванд, иљрои худро наёфта истодаанд. Албатта, душворињои ѓайричашмдошт низ ба иљрои барномањои таълимї бо таѓйиротњои воридшуда ба тартиб ва мўњлати таътил дар муассисањои тањсилоти умумї,аз љумла таълимгоњњои камкомплект таъсири худро гузоштанд.

Ноњияи Њамадонї

Натиљањои санљиши вазъи таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони муассисањои зинаи якуми тањсилот, аз љумла мактабњо (синфњо)-и камкомплектї нишон дод, ки шўъбаи маориф, маъмурияту омўзгорон дар амалї намудани Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон оид ба мактабу маориф корњои муайян ба сомон расонидаанд ва фаъолияти хешро дар бењбудї бахшидан ба он идома медињанд.
Дар ноњияи Њамадонї њамагї 48 муассисањои тањсилоти умумї аз онњо; муассисањои тањсилоти умумии ибтидої- 5 адад, муассисањои тањсилоти умумии асосї- 4 адад, муассисањои тањсилоти миёнаи умумї- 36 адад, гимназия-1 адад ва литсей – 1 ададро ташкил медињанд.Теъдоди синфњои камкомплект 5 адад буда,дар онњо 78 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. (Замимаи 14).
Теъдоди омўзгорони мактабњо(синфњо)-и тањсилоти умумии ибтидоии камкомплект њамагї 5 нафарро ташкил дода, аз онњо дорои маълумоти олї 3 нафар,миёнаи махсуси омўзгорї 2 нафар мебошанд. Теъдоди зиёди омўзгорони аз курси такмили ихтисоси омўзгорони синфњои ибтидої гузаштаанд. Омўзгорни фанњои забони англисї дар бештари мактабу синфњои камкомплектї намерасанд ва баъзан ин дарсњо то синфи 4 таълим дода намешаванд, сабабњои он асосан дурии масофаи љойгиршавии мактабњо, микдори ками соатњои дарсї мањсуб меёбад.
Масъалањои вазъи сифати таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони мактабу синфњои камкомплектї дар шўрои шўъба ба таври алоњидагї мавриди санљишу муњокимагузорї ќарор дода нашудааст.
Санљиши вазъи таълиму тарбия, сатњи сифати дониши хонандагони мактабњо (синфњо)-и камкомплектии №№ 11-и љамоати Мењнатобод, 53 ва 58-и љамоати Чубек бо фарогирии 79 хонандагон маълум намуд, ки муассисањои тањсилоти номбаршуда дар ду баст кор мекунанд. Илова бар ин, хонандагони таълимгоњњои дар боло нишондодашуда баъди хатми синфи 4 барои идомаи тањсил роњро тай мекунанд.
Санљиши саводнокї ва мањорати хониши хонандагони синфњои 1-3, 2- 4-и синфњои камкомплектии №№22,9 нишон дод, ки сифати дониши аксарияти хонандагон дар маљмўъ ќаноатбахш бошад њам, ба талабот љавобгў нест. Њамаи хонандагон хонда ва навишта метавонанд, аз нутќи гуфторї ва навишторї аксаран бархурдор мебошанд. Хонандагони мактаби тањсилоти умумии ибтидоии №11 аз 17 нафар хонандагони синфи се 5 нафар бурро, 8 нафар миёна ва 4 нафар бо њиљо, дар синфи 4 -и мактаби тањсилоти умумии ибтидоии № 53 аз 16 нафар 4 нафар бурро, 8 нафар миёна ва 4 нафар бо њиљо, дар синфи 2-и мактаби тањсилоти умумии ибтидоии № 58 аз 13 нафар хонанда 4 нафар равон, 3 нафар миёна, 4 нафар бо њиљо ва 2 нафар њарфакї мехонанд. Хонандагони њамаи синфњо задаи мантиќї ва аломатњои китобатро дар раванди мутолиаи матнњо риоя намекунанд, мазмун ва мўњтавои матнро бо душворї њифз мекунанд.
Тањлили натиљаи мониторинги сатњи сифати дониши хонандагони мактбњо (синфњо)-и камкомплектии №№ 11, 53, 58 инчунин собит намуд, ки дар ин таълимгоњњо низ аз меъёр баланд гузоштани бањо мавќеи устуворро касб кардааст. Натиљаи санљиши сатњи сифати дониш, мањорату малакаи хонандагони таълимгоњњои мазкур нишон медињад, ки хонандагон ба саволњои пешнињодшуда то андозае љавоб медињанд, аммо дар исботи фикри хеш душворї мекашанд.
Мактабњои номбурда бо мизу курсї,китобњои дарсї таъмин гардидаанд, шароит барои пешбурди раванди таълиму тарбия то андозае фароњам оварда шудааст.
Натиљаи санљиши вазъи таълиму тарбия дар муассисањои тањсилоти ибтидоии камкомплектии №№ 11, 53, 58 собит сохт, ки омўзгорон ба дарсњо тайёрї дида, дарсњояшонро асосан бо истифода аз усулњои анъанавии таълим мегузаронанд ва дар доираи супоришњои китобњои дарсї мањдуд гардидаанд. Омўзиши дафтарњо(журналхо)-и синфї ва дафтарњои даврию корњои санљишии хонандагон нишон дод, ки сифати дарсњо, теъдоди супоришњои инфиродї дар раванди таълими фанњо тибќи меъёр набуда, ба онњо вусъат бахшидан аз ањамият холї нахоњад буд (№№11, 53, 58 ).
Сарварони мактаб (синфњо)-и камкомплект ва муассисањои тањсилоти миёнаи умумии дорои синфњои камкомплект ба дарсњои омўзгорон кам медароянд. Сифати тањлили дарсњои мушоњидашуда низ аз талаботи имрўза ќафо мондааст.
Таљрибаомўзї дар таълимгоњњои номбурда то андозае ба роњ монда шудааст, аммо бештари омўзгорони ин синфњо ба он ањамияти лозима намедињанд. Ин сатњи фаъолият асосан аз иштирок ба дарсњо ва гузаронидани дарсњои кушод ва соатњои тарбиявї иборат буда, коллективњои педагогї тавассути онњо таљрибаи якдигарро меомўзанд.
Њамзамон бояд ќайд намуд, ки дар аксарияти мактабњо(синфњо)- и камкомплект фанњои забонњои русию англисї таълим дода намешаванд. Сабаби асосии он дурии роњ, миќдори ками соатњо таълим арзёбї мегардад. Хонандагон, аз ин рў,дар баёни фикри хеш ба забони русї ба мушкилот дучор мегарданд, зеро захираи луѓавии онњо барои ибрози аќидаи хеш кофї нест.


Ноњияи Фархор

Дар ноњияи Фархор 8 адад синфњои камкомплект дар мактабњои тањсилоти ибтидоии №№ 46, 48, 49, 50, 65 бо фарогирии 61 хонанда фаъолият менамоянд (Замимаи 15).
Санљиш нишон дод, ки шўъбањои маориф, сарварони таълимгоњњои синфњои камкомплектии назди муассисањои тањсилоти умумии ноњия мебоист аз рўи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 октябри соли 2010, № 526 «Дар бораи тадбирњои татбиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон аз 6.09.2010, 923» ва љињати иљрои ќарор мазкур њуљљати меъёрии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон оид ба “Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф”аз 1.12.2010 дар мувофиќа бо вазоратњои молия, мењнат ва њифзи иљтимоии ањолї, Кумитаи љумњуриявии иттифоќњои касабаи кормандони соњаи маорифи Љумњурии Тољикистони ба тасвибрасида бояд истифода менамуданд. Мутаассифона, мактаб (синфњо)-и камкомплект тибќи ин њуљљат ташкил карда нашудаанд. Мактабњои ибтидоии №№ 46, 49, 65 бо сертификати истифодаи замин таъмин буда, мактабњои № 48 ва №50 ба сабаби мављуд будани бањси замин њанўз сертификат надоранд. Биноњои мактабњо(синфњо)-и камкомплектии №№ 48 ва 49 замонавї буда, бинои мактаби ибтидоии № 46 дар њолати садамавї ќарор дорад. Дар њамаи мактабњо барои таълиму тарбия шароити мўътадил муњайё карда шуда, бо мизу курсињо ва тахтањои синфї таъмин гардиданд. Мактабњои номбурда бо мутахассисони соњибмаълумот асосан таъмин гардида, аз курсу семинарњои доимоамалкунанда мегузаранд. Маъмурияти мактабњои №№ 46, 49 ва 65 раванди таълиму тарбияро назорат бурда, натиљаи онро дар шўроњои омўзгорон мавриди муњокима ќарор медињанд.
Њамаи хонандагони мактабњои ноњия бо китобњои дарсї таъмин мебошанд. Барои гузаронидани дарсњо маводи таълим, асбобњои аёнии худсохту чопї ва расмњо љамъоварї шудаанд, муаллимон аз онњо то андозае истифода мебаранд.
Вазъи сифати дониши хонандагон пурра ба талабот љавоб дода наметавонад. Барои суст будани кори таълиму тарбия директори мактаби тањсилоти ибтидоии № 48 Њусайнова Рухшона аз вазифааш озод карда шудааст. Натиљаи таълиму тарбия ва сифати дониши хонандагони мактаби камкомплектии № 49 30.12.11 дар љаласаи шўрои шўъбаи маориф, №12 мавриди баррасї, ќарор дода шудааст.
Теъдоди омўзгорон дар баъзе мактабњои камкомплектї аз меъёри муќарраргардида зиёд ба назар мерасад ва хилофи фармони Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон доир ба пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф мебошад. Барои мисол:дар мактаби камкомплектии № 49-и љамоати дењоти Комсомол, дењаи Маданият 28 нафар хонандагонро бо шумораи 12 нафар дар як синф якљо кардаанд(1-3), синфњои 2 ва 4 бошад, бо 8-нафарї дар синфњои алоњида таксимбандї карда,дар онхо 4-нафар омўзгорон фаъолият менамоянд.
Теъдоди зиёди омўзгорони мактабњо(синфњо)-и номбурда аз курси такмили ихтисоси омўзгорони синфњои ибтидої гузаштаанд. Омўзгорони фанњои забони русї, англисї дар таълимгоњњои зиёд аз сабаби дурии масофаи љойгиршавии мактабњо ва синфњои нопурра(камкомплектї) намерасанд.
Хонандагони мактабњои номбурдаи ноњия баъди хатми синфи 4 ба мактабњои дигар дар масофаи аз 1 то 5 км барои идома додани тањсил мераванд.
Бинои мактаби тањсилоти ибтидоии №46- соли 1963, № 48-соли 2010, №65-бинои кўњна, № 49- соли 2008 бинои филиали мактабњои 13- соли 2010 сохта шудаанд.
Мактабњои номбурда бо мизу курсї,китобњои дарсї аз љумла мактабњо (синфњо)-и нопурра (камкомплект) асосан таъмин гардидаанд, шароит барои пешбурди раванди таълиму тарбия то андозае фароњам оварда шудааст.
Натиљаи санљиши вазъи таълиму тарбия дар мактабњои дар боло зикргардида собит сохт, ки гарчанде омўзгорон ба дарсњо тайёрии муайян мебинанд, вале дарсњояшонро аксаран бо истифода аз усулњои муќаррарии таълим мегузаронанд, ки ба ташаккули ќобилиятњои зењнию тафаккури хонандагон ба таври дилхоњ таъсири мусбат расонида наметавонад.
Мушоњидаи дафтарњои хонандагон нишон дод, ки њусни хати хонандагон ба талабот пурра љавобгў набуда, интихоби супоришњо,маданияти дафтардорї, риояи ќоидањои хатнависї ва ѓайра низ ниёз ба бењгардонї дорад.
Омўзиши вазъи мактабњои (синфњои) камкомплект ва санљиши дониши хонандагони ноњияњои номбурда нишон дод, ки ин навъ мактабњо аз лињози ташкилї ва ба роњ мондани раванди таълим бисёр камбудињо доранд. Бар иловаи ин, бо кадрњои омўзгорї таъмин кардани чунин мактабњо мушкилот ба бор овардааст. Корњои хаттии аз хонандагони мактабњои н.Љомї ва Хуросон гирифта гувоњї медињанд, ки дониш аксар хонандагони синфњои камкомплект љавобгўи стандарти тањсилоти ибтидої намебошад.
Вобаста ба вазъи мактабњо синфњо, теъдоди синфњою омўзгорон, љадвалњои дарсњо ва ѓайрањо дар охири маълумотнома замима пешнињод мегардад.



Пешнињодот:
1.Дар ќадами аввал Идораи маорифи вилоятро зарур аст, ки:
-маълумоти омории даќиќи мактабњо (синфњои) камкомплектро тањия ва ба Вазорати маориф гардонад;
-санади «Тартиби пардохти музди мењнат…»-ро дастраси њамаи шўъбањои маориф гардонад;
-бо назардошти асноди меъёрии њуќуќї, ба хусус «Тартиби пардохти музди мењнати кормандони соњаи маориф» тарзи ташкили чунин мактабњоро таљдиди назар намояд;
-раванди таълими мактабњои камкомплектро дар шўрои хеш мавриди муњокима ќарор дињад.
-тарзи пардохти музди мењнати мудирони мактабњои (синфњои) камкомплектро ба низом дарорад;
-донишкадањои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маорифи гурўњи шањру ноњияњои Ќўрѓонтеппа ва Кўлобро вазифадор намояд, ки барои муаллимони чунин мактабњо курсњои такмили ихтисос доир намоянд;
- Шўъбањои маорифро лозим аст, ки:
-њар чи зудтар тарзи ташкилу пардохти музди мењнати мудирони мактабњои камкомплектро ба низом дароранд;
-мушовиронро љињати кўмаки назарию методї расонидан ба мактабњои зикршуда сафарбар намоянд;
-љадвали дарсњоро бо наќшањои таълим муќоиса карда, љињати фаро гирифтани тањсилоти босифат дар доираи стандарт чорањо андешанд;
-тадбирњоеро рўйи даст бигиранд, ки таълими забонњои давлатї, русї, хориљї ва алифбои ниёгон дар ин гуна мактабњо (синфњо) ба роњ монда шаванд;
-ба дарсњои омўзгорон ширкат намуда, машваратњои касбї дињанд;
-барои таъмини кардани хонандагон бо китобњои хушсифат кўшиш намоянд;
-дар маљлисњои назоратию шўроњои кабинетњои методии назди шўъбањои маориф раванди таълиму тарбия ва дониши хонандагонро ба муњокима гузоранд;
-дар њамкорї бо маќомоти њокимияти мањал мактабњоро аз хонањои шахсї ва вагонњо берун бароранд;
-барои бењбуд бахшидан ба раванди таълиму тарбия робитаро бо ассотсиатсияи падару модарон, сарапарастон ќавї намоянд.
3.Академияи тањсилоти Тољикистон ва зерсохторњои он (ПРМ ва ДЉТИБКМ, Маркази љумњуриявии таълимию методиро лозим аст, ки:
-дар ќадами аввал асноди меъёрии њуќуќии ин навъ мактабњоро омода ва ба Вазорати маориф љињати тасдиќ пешнињод намоянд. (Зеро то Низомнома тасдиќ нагардад, фаъолияти ин гуна мактабњо бенизом боќї хоњад монд);
-конференсия, семинар, мизњои мудаввар ва курсњои такмил гузаронида, нозукињои ташкили раванди таълимро ба омўзгорон шарњ дињанд.
-ба хотири осон кардани кори омўзгорони ин навъ мактабњо хуб мебуд, ки маљаллае тањти унвони «Мактаби ибтидої» таъсис дода, маводро пеш-пеш дар ихтиёри омўзгорон ќарор дињанд. Тасаввур кунед, ки ба баъзе омўзгорон лозим меояд, ки њар шаб аз 16 то 24 наќшаи дарсї бинвисанд;
-мулоњизањои омўзгорони ин навъ мактабњоро оид ба таълими њамгиро мавриди омўзиш ќарор дињанд.
4. Ин гуна мактабњо (синфњо) ба воситањои техникию адабиёти бадеї (китобхона) ниёз доранд. Мутаассифона, дар ягон мактабњои дидашуда кампютеру китобхона ва ѓайрањо дида нашуд.
5. Директорони мактабњои сарпараст вазифадоранд, ки раванди таълимро зери назорат бигиранд.
6. Дар шароити имрўза аз як љой ба љойи дигар кўчидани мардум равандест, ки дар дањ бистсолањо хотима наёфта, балки шояд зиёд гардад. Аз ин рў, мушкилоти нав пеш омадан мегирад, ки њаллу фасли онњо ба дўши Вазорати маориф хоњад буд. Бинобар ин, барои дар назди АТТ таъсиси додани «Маркази рушди мактабњои камкомплект» тадбирњои таъхирнопазир андешида, ин Марказро бо 4-5 нафар коргари доимї бояд таъмин кард.
7. Замони он расидааст, ки дар мактабњои омўзгории љумњурї аз рўйи ду-се ихтисос мутахассис тарбия карда шавад. Ва ё то њол дар Донишкадаи љумњуриявии такмили ихтисос умуман бозомўзї фаъолият надорад. Шояд дар назди муассисаи мазкур додани тахассуси дуюм ба роњ монда шавад, чунон ки дар Љумњурии Ќирѓизистон кайњо ин таљриба амалї гаштааст.
8. Хуб мебуд, ки љињати рафъи мушкилот дар ташкилу раванди таълими мактабњои (синфњои) камкомплект як гурўње барои омўзиши таљрибаи Љумњурии Ќазоќистон ба сафари хидматї фиристонида шавад, зеро дар он кишвар ин мушкилотро то андозае њал кардаанд. Гувоњи ин он аст, ки Маркази рушди МКК таъсис дода, Барномаи давлатии рушди ин навъ муассисањои тањсилотро дар сатњи њукумат тасдиќ кардаанд.