КАРОРХОИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЧТ

Маориф дар соли 2014 ва вазифаҳо дар соли 2015

23 Январ 2015

Дар маҷлисгоҳи Мактаби байналмилалии Президентӣ ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 баргузор гардид.

 

Дар он муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ, вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъули вазорат ва идораҳои тобеи он, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.

Нуриддин Саид оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 ва вазифаҳо барои соли 2015 маърӯза кард. Мавсуф дар оғоз аз соҳаи маорифро афзалиятнок ва калидӣ ном бурдани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли маориф эътимоди комил дорад.

-Зеро ба гуфти Сарвари давлат, инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки пайваста меомӯзад ва омӯхтаашро ба дигарон меомӯзонад, -гуфт вазир.- Ин баҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барномаи амалии ҳамаи мо - кормандони маориф табдил ёфта, роҳи аҳли маорифро ҳамчун раҳнамо равшан хоҳанд кард.

Зикр шуд, ки яке аз омилҳои баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманди омӯзгорӣ мебошад. Нуриддин Саид нахуст дар хусуси таъминоти мутахассисон дар муассисаҳои таълимии кишвар сухан карда, дар робита аз муносибати мутахассисони ҷавон доир ба масъалаи ҳозиршавӣ ба ҷойи кор изҳори нигаронӣ намуд.

-Талабот ба кадрҳои омӯзгорӣ раванди табиию таърихӣ аст, -гуфт вазир. –Аммо мо бояд ба назар гирем, ки ҳамасола теъдоди муайяни омӯзгорон ба нафақаи синнусолӣ, беморӣ, рухсатии ҳомиладорӣ, нигоҳубини кӯдак ва муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, қисме мефавтанд. Мутаассифона, ҳангоми таҳияи нақшаи дурнамо ин нуктаҳо дар мавриди талабот ба эҳтиёҷот аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ба пуррагӣ ба эътибор гирифта намешаванд. Аз тарафи дигар, хатмкардагони равияи омӯзгории тибқи квотаи Президентӣ бо сабабу баҳонаҳои гуногун ба шуъбаҳои аспирантураю магистратура дохил шуда, бар хилофи “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба корҳои дигар ҷалб мегарданд. Аз ин ҳисоб дар соли 2014 113 нафар (аз 365 нафар) ба ҷойи кор ҳозир нашуданд.

Ба таъкиди вазир, ҷалби ҳар чи бештари мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ва бартараф гардидани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини шуъбаҳои маориф вобастагии калон дорад. Мутаассифона, байни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва шаҳрванд (донишҷӯ) қарордод ба имзо ва уҳдадориҳои тарафҳо муайян карда намешавад ё қарордоди басташуда иҷро намегардад. Ҳамчунин, дар робита ба ин дар ҷойҳо барои мутахассисони ҷавон шароити одии зист муҳайё карда намешавад.

Вазир ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки сол то сол мавриди таваҷҷуҳи бештари раҳбарияти давлат қарор мегирад, дахл карда, иқдоми соҳибкоронро ҷиҳати бунёду таъмири кӯдакистонҳо ҷонибдорӣ намуд. Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муассисаҳои томактабӣ” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” ба тасвиб расид, ки ин ба афзоиши теъдоди кӯдакистонҳо таъсири хуб расонд. Феълан, миқдори кӯдакистонҳо дар ҷумҳурӣ ба 527 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 19 муассиса зиёд мебошад. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ Маркази инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд. Агар дар соли 2013 888 марказ фаъолият намуда бошад, пас, ин теъдод дар соли 2014 ба 1061 расидааст. Дар ҳамин ҳол аз вазъи фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ наметавон қаноатманд шуд.

Нуриддин Саид аз тартиби баргузории озмунҳои фаннӣ дар даврҳои дуюму сеюм изҳори нигаронӣ карда, низоми нави санҷиши дониши довталабони медалҳои тилло ва нуқраро аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қобили қабул донист. Ба андешаи вазир, ин тартиб имкон медиҳад, ки шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ довталабро дониста пешниҳод намоянд, яъне, мувофиқи сатҳи дониши онҳо, на он гунае ки мехоҳанд.

Вазир аз ширкати хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Аз ҷумла, таъкид дошт, ки дар маҷмӯъ хонандагони мо дар давоми соли 2014 дар давлатҳои Россия, Қазоқистон, Амрико, Туркия, Руминия, Булғория, Ветнам, Индонезия, Ҳиндустон, Тайван дар олимпиадаҳои байналхалқӣ сазовори 117 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 Вазир аз фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар баҳогузорӣ ба дониши хаттию шифоҳии хонандагон интиқод карда, нишондоди онҳоро дар мавриди муайян намудани сатҳи сифати таҳсилот ғайривоқеӣ шарҳ дод. Ин нукта ҳангоми озмуни медалҳои тилло ва нуқра ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи тестӣ баръало мушоҳида гардид. Аксари хонандагоне, ки дар аттестат баҳои аъло (“5”) доранд, дар ин озмунҳо баҳои паст гирифтанд.

Нуриддин Саид дар хусуси таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд, кӯдакони ятим ва фаъолияти таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таълимӣ сухан карда, таҳияи барнома, китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, таҳкими пояҳои кадрӣ ва моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷоннок намудани фаъолияти роҳбарияти мактаб-интернатҳои маҳаллӣ, омода намудани хатмкунандагони мактаб-интернатҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, таъмини таҷҳизоти нави техникӣ, тахтаҳои электронӣ, ба шабакаи интернет пайваст кардани мактаб-интернатҳоро аз шартҳои муҳими пешрафти кор таъкид намуд.

Яке аз масъалаҳои муҳими соҳа ҷалби хонандагон ба таҳсил баъди синфи 4 маҳсуб меёбад. Дар бораи ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ табдил додани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаҳои дурдаст ба тамоми мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ мактуб ирсол гардид. Танҳо дар ин сурат мо метавонем аз ҷараёни тарки мактаб намудани хонандагон ҷилавгирӣ намоем.

Таъкид шуд, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил намудани таълими як қатор фанҳо бо забонҳои русиву англисӣ айни муддаост. Ба хотири таъмини мутахассисон ташкили ихтисосҳои марбута дар муассисаҳои олии касбии омӯзгорӣ ногузир аст.

-Ба мақсади ҷилавгирӣ аз сарфи назар намудани қисмати мактабӣ ва судманд истифода бурдани он Вазорати маориф ва илм зарур донист ин бахшро ба бахши давлатӣ табдил диҳад, -таъкид намуд вазир.

Нуриддин Саид аз вазъи таъмини озмоишгоҳҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корношоям гаштани компютерҳо дар мактабҳо ва дар ин робита бетаваҷҷуҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳарф зада, ҷоннок намудани фаъолияти марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, марказҳои таҳсилоти иловагӣ, роҳандозӣ намудани тарзи дурусти интихоби касб, такмили ихтисоси омӯзгоронро шарти муҳими расидан ба ҳадаф арзёбӣ кард.

Қаноатмандии вазир аз натиҷаи кори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воқеан, дар соҳа дастоварди бузургест, изҳор гашт. Ҳозирин мутмаин гаштанд, ки барои дар ин самт натиҷаҳои боз ҳам дилхоҳро соҳиб шудан ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омили зарурист.

-Мутаассифона, тарғиби ихтисосҳо аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на ҳамеша мувофиқи мақсад аст, -таъкид кард вазир. – Дар ҳоле ки имсол 8 коллеҷи дигар кишвар ва филиалҳои муассисаҳои олии касбии Россия дар Тоҷикистон ҳам ба ин низом мегузаранд, раҳбарияти муассисаҳоро мебояд вобаста ба ҷалби довталабон талош варзанд.

Баҳри рушди раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Вазорати маориф ва илм як қатор тадбирҳоро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Вале иҷрои талаботи “Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020” дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Иҷро нагаштани бандҳои нақшаи чорабинии барномаи мазкур, аз ҷумла, дастрас нашудани маблағҳои пешбинишуда, ҷалб нашудани лоиҳа ва грантҳои соҳавӣ, ташкил нашудани паркҳои технологӣ, самаранок истифода нашудани маблағҳои суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимӣ, шароити номусоид барои ҷалби донишҷуёни хориҷӣ, тарҳрезӣ нашудани дурнамои бозори меҳнати ихтисосҳо, пешниҳод нашудани маълумотномаҳои таҳлилӣ аз муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Ба нигаронии вазир, имрӯз дар ҷумҳурӣ ниёзмандӣ аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои саноати сабук, маъдану энергетика, заминшиносӣ, муҳандисони роҳу нақлиёт, сохтмончиёну геологҳо, нақбканон, табибон, меъморону наққошон, технологҳо, муҳандисони барномасоз, ки омода намудани онҳо дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, эҳсос мешавад.

Вазир аз он ки қабули довталабон аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои хориҷи кишвар сол то сол меафзояд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар натиҷаи баргузории озмун дар соли хониши 2014-2015 дар маҷмӯъ 3675 нафар тибқи бурсияҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Украина ва Ҷумҳурии халқии Хитой, инчунин, аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар қабул гардиданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 1215 нафар зиёд аст.

Ба фаъолият пардохтани Муассисаи давлатии “Комиссияи олии аттестатсионӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз дастоварди муҳими дигари Вазорати маориф ва илм ба шумор меравад. Феълан, сохтори Комиссияи олии аттестатсионӣ ва воҳидҳои кории он муайян карда шуда, Низомнома ва Оинномаи он таҳия гардидааст ва дар мувофиқаи мақомоти дахлдор қарор дорад. Ин муваффақият имкон фароҳам меоварад, ки дар тайёр кардани мутахассисони дорои дараҷаи илмӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба комёбиҳо ноил гардем.

Мушкили асосӣ, ки тайи чанд соли ахир атрофи тақсимоти иҷоравии китобҳои дарсӣ вуҷуд дорад, ба бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мушовирони китоби шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо вобаста аст. Дархост ба китобҳои дарсӣ аз ибтидо хеле сатҳӣ ва бе назардошти теъдоди умумии хонандагон ва дурнамои он барои солҳои оянда пешниҳод мегардад.

Бо тавсия ва дастгирии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия 7 марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соҳиби иҷозатномаи ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат гардиданд. Ҳамзамон, зиёда аз 160 номгӯй китоби дарсӣ ба шакли электронӣ гардонида, дар ҳаҷми 4000 адад “Раҳнамои довталаб” нусхабардорӣ гардид. Мавҷуд набудани Стандартҳои давлатии муҳлати истифодаи компютерҳо дар муассисаҳо мушкили асосӣ дар ин самт таъкид гардид.

Вазир аз фаъолияти Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, аз ҷумла, аз аттестатсия ва аккредитатсия гузарондани муассисаҳои таълимӣ ва муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид намуд, ки Хадамотро мебояд дар якҷоягӣ бо раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо тибқи талаботи иҷозатнома-диҳӣ амал намуда, муроҷиати ташкилоту муассисаҳои таълимиро ҷиҳати кушодани касбу ихтисосҳои нав сари вақт баррасӣ намоянд ва дар баробари ин, риояи замимаи иҷозатномаро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.

Нуриддин Саид фаъолияти Академияи таҳсилот, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, МҶТМ, ДҶТИБКМ, раёсатҳои сохтмони асосӣ, иқтисод ва банақшагирӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ, шуъбаи аудит, КВД “Комбинати полиграфӣ” ва “Маърифат”, шуъбаҳои маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ ва дигар сохторҳои вазоратро низ ба риштаи таҳлил кашида, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. ӯ бо ҷонибдорӣ аз барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди такмили ихтисос, ҳамчунин мутамарказ гардондани маблағгузорӣ дар низоми такмили ихтисосро аз ҳисоби буҷаи давлат дар соли 2015 амри зарурӣ донист. Зикр шуд, ки таъмини сиёсати давлат дар муассисаҳои таълимӣ ва ба воситаи асноди меъёрӣ, инчунин, нашрияҳои соҳавӣ сурат мегирад. Аз ин рӯ, ташкили дурусти обуна, бевосита ба суратҳисоб гузарондани маблағҳо, ҳамкории судманд бо нашрияҳо аз вазифаҳои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф маҳсуб меёбад.

Баъди маърӯзаи вазир сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳамидуллохон Фақеров ба музокира баромада, аз фаъолияти хуби соҳа, аз ҷумла, бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ, дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулиятшиносии ҳамкасбон суханронӣ намуд. Ҳамзамон, мавсуф аз мавҷудияти як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла, бамаротиб афзудани теъдоди аҳолӣ дар шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи беандозаи мардум ба гурӯҳҳои забони русӣ, таъмини мутахассисон барои чунин гурӯҳҳо ва боз ҳам нокифоя будани захираи моддӣ-техникӣ барои фаъолият дар зинаи томактабӣ изҳори андеша кард.

Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ фаъолияти Вазорати маорифро дар соли сипаришуда қаноатбахш арзёбӣ карда, ба кори аҳли соҳа баҳои сазовор дод. Ҳамчунин, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳа ва афзудани маблағгузорӣ ба он сухан кард.

-Дар соли 2014 барои соҳаи маориф 2 млрд. 516, 9 млн сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли қаблӣ 18,1% зиёд мебошад,-гуфт ӯ. – Бунёду таъмири муассисаҳои нави таълимӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳо бо технологияи нав, ташкили курсу семинарҳо аз самтҳоеанд, ки вазорат ба онҳо диққати ҳамешагӣ медиҳад.

Марҳабо Ҷабборӣ ба ҷалби донишҷӯёне, ки аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таҳсил доранд, ба ихтисосҳои зарурӣ ҳидоят ва ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишварро дар соли таҳсили 2014-2015 аз ин ҳисоб хатм намуданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда, назоратро ба ин гурӯҳи донишҷӯён зарур донист. Ба гуфти ӯ, бо донишҷӯёни ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар муаррифигардида қарордодҳоро таҷдиди назар карда, ҳамзамон таҳсил, шароити зисту зиндагонӣ, омодагии касбӣ ва ба ҷумҳурӣ баргаштани онҳоро назорат кардан амри зарурист. Муовини Сарвазир дар робита ба фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, тибқи эҳтиёҷот пешниҳод накардани талабот ба квотаҳои Президентӣ ва риоя накардани тартиби он, фаъолияти омӯзгорони ғайри ихтисоси омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамкории нокифояи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, беэътиборӣ ба сифати дарсҳои забони давлатӣ, гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфии мақсаднок ибрози назар намуда, таъкид кард, ки омӯзгорон қишри аз ҳама фаъол ва рӯшанфикри ҷомеа, таъминкунандаи сиёсати давлат дар кишвар ба ҳисоб мераванд.

-Аз ин рӯ, дар шароите, ки хатари ифротгароӣ дар ҷаҳон таҳдид мекунад ва ҳамчунин дар арафаи интихоботи намояндагон ба Парлумони кишвар маҳз шумо метавонед, насли имрӯзро аз воқеият ва ҳифзи арзишҳои миллию ҳуқуқӣ огаҳ намоед, - қайд кард Марҳабо Ҷабборӣ.

Дар анҷом вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриидин Саид ба пешниҳоду саволҳои воридшуда посухҳои саҳеҳ дод. Вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм дар соли 2015 қарорҳои дахлдор қабул гардид. 

Саида НАБИЕВА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

Аз 29.12.2014

 

ФАРМОИШИ
вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба вазифаҳо дар давраи таътили зимистона

Бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти таътили зимистона аз ҷониби хонандагон ва омӯзгорон мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:

1. Сардорони раёсати маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шаванд:

1.1. Барои ташкил намудани омӯзиши забони давлатӣ дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии ақаллиятҳои миллӣ чораҷӯӣ намоянд.

1.2. Барои ташкил ва ба роҳ мондани омӯзиши китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар байни омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

1.3. Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ машғулиятҳои иловагӣ ҷиҳати дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ба таври ройгон ба роҳ монанд.

1.4. Барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ташкил намудани курсҳои омӯзиши компютерро ба роҳ монанд.

1.5. Дар давоми таътил диққати хонандагонро ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб намоянд (рӯйхати китобҳо барои хониши бадеӣ аз синфи 1 то 11 замима мегардад).

1.6. Озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро дар байни хонандагон эълон намоянд.

2. Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф (Назирова Л.) вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос дар давоми як моҳи таътили зимистона тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ (Ёрмухамедов Ш.) вазифадор карда шавад, ки семинарҳои омӯзиширо бо мудирони кабинетҳои методӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.

4. Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (Назаров К.) вазифадор карда шавад, ки таъмири компютерҳои корношоями муассисаҳои таълимиро ба роҳ монад.

5. Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти иловагӣ (Холназаров Х.) вазифадор карда шавад, ки ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Китобхони беҳтарин» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои зарурӣ андешад.

6.Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (Алиев А.) вазифадор карда шавад, ки иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намояд.

7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазири маориф ва илм Т. Маҳмадова гузошта шавад.

 

Вазир                                                       Нуриддин Саид

29.12.2014            № 3099                    ш .Душанбе

 

 

 

Замима ба Фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон,№ 3099, 29.12.2014, ш .Душанбе

барои хониши бадеӣ аз синфи 1 то 11 дар давраи таътили зимистона

 

 

 

Синфи 1

1. О.Аминзода:«Ман ҳам шудам мактабхон»

2. Н.Бақозода: «Алифбои дилкушо»

3. Н.Бақозода. «Озода шав»

4. А.Бобоҷон: «Мусича»

5. А.Шарифӣ: «Тӯбча»

6. Б.Насриев: «Гурги ланг ва бузичаи доно»

7. «Афсонаҳо», №1, соли 2007

8. С.Айнӣ: «Дар зимистон»

9. С.Султон: «Тоҷи сари мо модар»

10. Б.Раҳимзода: «Муштоқи наврӯз»

 

 

 

Синфи 2

1. А.Баҳорӣ: «Себи тиллоӣ»

2. А.Зулфия: «Зочаи хушрӯи ман»

3. Г. Келдӣ: «Девори сабз»

4. Г. Сулаймонӣ: «Лолаҳои дасти ман»

5. А.Воситзода: «Бачаҳои Баҳор»

6. С.Ҳасанзода: «Шодии Гулбаҳор», ҳикояҳо

7. «Афсонаҳои мардуми Чин», Гулгун, 2003

8. «Ватанам-Тоҷикистон», маҷмӯаи шеърҳо

9. Л.Кеҷаева: «Сандуқчаи марворид»

10. «Чистонҳо», нашри 2004

11. У.Раҷаб: «Нинӣ чӣ ном дорад?»

12. А. Баҳорӣ: «Тирамоҳи зарин»

13. Г. Сулаймонӣ: «Очам хамир мекунад»

 

 

 

Синфи 3

1. Г. Келдӣ: «Борони бесаранҷом»

2. Г. Сулаймонӣ: «Чил кокули бозингар»

3. М.Ғоиб: «Афсона сесона се мурғи дари хона»

4. Н.Розиқ: «Гулбоғ»

5. А.Сидқӣ: «Олимҷон мактабхон шуд»

6. «Парчами Тоҷикистон», маҷмӯаи шеърҳо

7. А.Маҳмадшоҳ: «Моҳак ва Бобоҷон»

8. А.Азиз: «Баҳор омад», маҷмӯаи ҳикояҳо, 2012

9. Нашрияҳои бачагона «Боғи дониш», «Гулгун», 2012

10. «Рангинкамон», моҳномаи адабию фарҳангӣ барои мактаббачагон, 2013

11. А.Лоҳутӣ: «Дӯстӣ» (ду ҳикоя)

12. Г.Сулаймонӣ: «Шаддаи марҷон»

13. М.Миршакар: «Баҳори тобистон»

Синфи 4

1. К.Латофат: «Лолаарӯсак»

2. Б.Мирзо: «Достак»

3. Шайх Баҳоӣ: «Муш ва гурба»

4. Н.Бақозода: «Дафтари мо кони 5»

5. Г. Келдӣ: «Калоба», маҷмуаи ҳикояҳо, 2014

6. Б.Собир: «Хӯша-хӯша, аз ҳар гӯша барои Анӯша», 2013

7. М.Пришвин: «Сӯзанаки кабуд», 1986

8. Латифаҳои халқи тоҷик «Кӯзаи равған», 2010

9. У.Раҷаб: «Чистонҳо», 2013

10. Даниэл Дефо: «Саёҳати Гулливер»

11. М.Бахтӣ: «Қиссаҳои соҳили Сурхоб»

12. А.Шукуҳӣ: «Қиссаи об»

 

 

 

Синфи 5

1. С.Айнӣ: «Аҳмади Девбанд»

2. С.Айнӣ: «Ятим»

3. Ф.Ниёзӣ: «Димаи диловар»

4. А.Самадов: «Паррончакҳо»

5. Ҷ.Суҳайлӣ: «Гилеми кабуд»

6. Афсонаи «Алибобо ва чил роҳзан»

7. Ф.Муҳаммадиев: «Сози мунаввар»

8. «Подшоҳ ва духтари оҳангар», афсона

9. «Кӯзаи равған», афсона

10. Гулчине аз «Гулистон»-и Саъдӣ

11. А. Баҳорӣ: «Аҷоиботи Нодар»

12. «Насиҳат гӯш кун, ҷоно!» Маҷмуаи панду ҳикмат

13. Эраҷ Мирзо: «Қадри модар»

 

 

 

Синфи 6

1.Унсурулмаолӣ Кайковус: «Қобуснома»

2.Ҷумъа Одина: «Иншо дар мавзӯи озод»

3.Даниэл Дефо: «Робинзон Крузо»

4. Ҳ. Карим: «Маҷмӯаи ҳикояҳо»

5. Саъдии Шерозӣ: «Гулистон» (порчаҳо)

6. Носири Хусрав: «Сафарнома»

7. С.Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома», ҷилди 1-2

8. «Синбоди дарёгард» (барои бачагони синни миёна ва калони мактабӣ)

9. «Дувоздаҳ афсонаи халқҳои ҷаҳон» (барои бачагони синни мактабӣ)

10. Р. Киплинг: «Маугли»

11. Восифӣ: Ҳикоятҳо аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

12. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

13. Фаридуддини Аттор: «Панду андарзҳо»

14. Низомии Ганҷавӣ: «Хайр ва Шар»

15. Ф.Муҳаммадиев: «Тири хокӯрда»

 

 

 

Синфи 7

1. С.Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома»

2. Сайидои Насафӣ: «Баҳориёт»

3. Восифӣ: Ҳикояҳо аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

4. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

5. С. Улуғзода: «Ривояти суғдӣ»

6. Сорбон: «Ҷӯгӣ»

7. Достони «Бӯрондӯхт ва Искандар»

8. «Саргузашти Ҳотами Той»

9. Ғ. Мирзо: «Шеърҳои бачагона»

10. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Рустам ва Сӯҳроб»

11. С.Улуғзода: «Марги Ҳофиз»

12. Р.Ғамзатов: «Доғистони ман»

13. Ч.Айтматов: «Муаллими нахустин»

14. А.Баҳорӣ: «Сунбула»

15. Л. Шералӣ: «Хоки Ватан», «Забонгумкарда»

16. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Баҳористон»

 

 

 

Синфи 8

1. С.Айнӣ. «Исёни Муқаннаъ»

2. С.Айнӣ: «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик»

3. С.Улуғзода. «Қисмати  шоир»

4. А.Баҳорӣ: «Маҷмӯаи ҳикояҳои фантастикӣ»

5. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ: «Ашъор»

6. Низомии Ганҷавӣ: «Хусраву Ширин»

7. С. Турсун: «Се рӯзи як баҳор»

8. М. Турсунзода: «Қиссаи Ҳиндустон»

9. С. Улуғзода: «Достонҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ.

10. Носири Хусрав: «Сафарнома»

11. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Сиёвуш»

12. Хоқонӣ «Харобаҳои Мадоин» (маҷмӯаи қасоид ва ғазалиёт)

13. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Рустам ва Сӯҳроб»

14. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Ҷанги Рустам бо Исфандиёр»

15. Фирдавсӣ: Достони «Марги Рустам»

16. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Сиёвуш» (бо расмҳои ранга)

17. Абулқосим Фирдавсӣ: Достони «Ҷанги Рустам бо Деви сапед»

18. Умари Хайём: «Наврӯзнома»

19. Амир Хусрав: «Дувалронӣ ва Хизрхон»

20. Низомии Ганҷавӣ: «Ҳафт пайкар»

21. Умари Хайём: Рубоиёт

22. Носири Хусрав: «Ашъори баргузида»

23. Абдураҳмони Ҷомӣ: Ғазалиёт

24. Хусрави Деҳлавӣ: «Гулчини ғазалиёт»

25. Саноии Ғазнавӣ: «Маҷмӯаи ашъори панду ахлоқии шоир»

 

 

 

Синфи 9

1.Саъдии Шерозӣ: Куллиёт (иборат аз чаҳор ҷилд)

2. Саъдии Шерозӣ «»Бӯстон»

3. Саъдии Шерозӣ: Гулчине аз «Гулистон»

4. Саъдии Шерозӣ: «Гулистон»

5. Камоли Хуҷандӣ: «Девон»

6. Шамсиддин Шоҳин: Гулчини асарҳо

7. Ҳусайн Воизи Кошифӣ: «Анвори Суҳайлӣ»

8. С.Улуғзода: «Ривояти суғдӣ»

9. Ҳикояҳо аз «Маснавии Маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

10. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Баҳористон»

11. Абдураҳмони Ҷомӣ: «Юсуф ва Зулайхо»

12. Ҳофизи Шерозӣ: «Куллиёт»

13. Убайди Зоконӣ: «Рисолаи дилкушо»

14. Убайди Зоконӣ: «Мӯш ва гурба»

15. Убайди Зоконӣ: «Мутоибот»

16. С. Улуғзода: Достонҳои «Шоҳнома»

17. А. Афсаҳзод: «Абдураҳмони Ҷомӣ»

18. С. Улуғода: «Восеъ»

19. Ҷалолиддини Рӯмӣ: «Девони кабир»

20. А. Самад: «Паррончакҳо»

21. Алишер Навоӣ: «Хасат-ул-мутаҳайирин»

 

 

 

Синфи 10

1. Аҳмади Дониш: ҳикояҳо аз «Наводир-ул-вақоеъ»

2. Аҳмади Дониш: ҳикоят дар бораи «Шукурбеки дузд»

3. Аҳмади Дониш: Ҳикояҳо аз рӯзгори адибон

4. Аҳмади Дониш: Ҳикояҳо аз сафарҳои Россия

5. Суҳбатҳои Дониш бо донишмандони Россия

6. С.Айнӣ: Восифи ва хулосаҳои «Бадоеъ-ул-вақоеъ»

7. Нақибхон Туғрал: «Ғазалиёти шоир»

8. Шамсиддин Шоҳин: Гулчини ғазалиёти шоир

9. Шамсиддин Шоҳин: Бадоеъ-ус-саноеъ»

10. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ: достони «Комде ва Мадан»

11. Камолиддин Биноӣ: Достони «Беҳрӯзу Баҳром»

12. Абдураҳмон Мушфиқӣ: «Ғазалиёт»

13. Абдураҳмон Мушфиқӣ: «Девони мутоибот»

14. Соиби Табрезӣ: «Девони ғазалиёт»

15. Сайидои Насафӣ: «Мухаммас ва ғазалиёти баргузида»

16. Шавқати Бухороӣ: «Девони ғазалиёт»

17.Фитрати Зардӯзии Самарқандӣ: Достони «Толибу Матлуб»

18.Фахриддини Гургонӣ: «Вис ва Ромин»

19. Муҳаммад ибни Яъқуб: «Барзунома»

20. Мухтори Ғазнавӣ: «Шаҳриёрнома»

21. Абдулқодири Бедил: достони «Комде ва Мадан»

22. Абдулқодири Бедил: Гулчини рубоиёт

23. Абдулқодири Бедил: «Тасвири табиати кӯҳистони Байрот»

24. Зебуннисо: Ғазалиёт

 

 

 

Синфи 11

1. С.Айнӣ: «Ёддоштҳо», қисми 1-2

2. С.Айнӣ: «Ёддоштҳо», қисми 3-4

3. С.Айнӣ: «Қаҳрамони халқ тоҷик Темурмалик»

4. С.Айнӣ: « Исёни Муқаннаъ»

5. С.Айнӣ: повести «Марги судхӯр»

6. С.Айнӣ: «Мактаби куҳна»

7. С. Айнӣ: «Одина»

8. А.Лоҳутӣ: «Ашъори шоир»

9. М.Турсунзода: Достони «Ҷони ширин»

10. Шеърҳои бачагонаи А.Лоҳутӣ

11. А.Лоҳутӣ: «Ёддоштҳо»

12. А.Лоҳутӣ: «Ашъор»

13. М. Турсунзода: «Қиссаи ҳиндустон»

14. М. Турсунзода: «Ман аз шарқи озод»

15. М. Турсунзода: «Садои Осиё»

16. М. Турсунзода: «Модарнома»

17. М. Турсунзода: достони «Духтари муқаддас»

18. М. Турсунзода: Гулчини ашъор

19. Пулод Толис: «Тобистон»

20. Т. Асирӣ: «Гулчини ашъор»

21. С. Айнӣ: «Марги судхӯр»

22. Ҷ. Икромӣ: «Духтари оташ»

23. Ҷ. Икромӣ: «Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро»

24. Ҷ. Икромӣ: «Тахти вожгун»

25. Ҷ. Икромӣ, Ҳ.Назаров «Саргузашти Сафармахсум»

26. С. Улуғзода: «Восеъ»

27. А.Лоҳутӣ: «Ғалабаи Таня»

28. Р.Ҷалил: «Шӯроб»

29.      Л. Шералӣ: «Модарнома

30.      А. Самад: «Гардиши девбод»

 

 

Се мохи пурбори маориф.

 

24 апрели соли равон мушовараи ҷамъбастии фаъолияти Вазорати маориф дар семоҳаи авали сол бо иштироки сардорони раёсат, мудирони шўъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи вазорат, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат, сардорони раёсати маорифи вилоятҳо, мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, дар толори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотию технологӣ (Донишкадаи пўлод ва хўлаи Маскав – МИСиС) баргузор гардид. Дар он вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов, мудири шўъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамид Нозимов, намояндагони як қатор вазорату идораҳо иштирок доштанд. Дар оғоз маърўзаи вазири маориф дар бораи фаъолияти семоҳаи Вазорати маориф дар соли 2012 ва нақшаҳои минбаъда шунида шуд. Нуриддин Саидов дар маърўзааш аз Паёми имсолаи Президенти кишвар ёдовар шуда, доир ба мавқеъ ва фаъолияти Вазорати маориф дар заминаи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла, робитаи устувори он бо алоқамандони соҳа ва қонеъ гардонидани талаботи онҳо, инчунин меҳнату заҳмати аҳли маориф дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз ва баргузории конфронсҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Сипас, таҳлили вазири маориф атрофи самтҳои фаъолияти Вазорати маориф сурат гирифт.
Н.Саидов дар муқоиса ба кишварҳои собиқ Шўравӣ аз ҷалби кўдакони кишвар ба муассисаҳои томактабӣ изҳори нигаронӣ кард.
-Бубинед, ки дар кишварҳои дигар, масалан, дар Ўзбекистон 23 фисад, дар Россия 68 ва дар Белоруссия 100 фисади кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд, вале дар мо ҳамагӣ 7 фисад асту халос, – бо изтироб таъкид кард вазир. -Бояд роҳи ҳалли масъаларо муайян намоем. Фикр мекунам, имрўз вақти он расидааст, ки ба ислоҳи нуқсонҳои ҷойдошта ҷиддан машғул шуда, дар мукаммал гардонидани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои томактабӣ, таъмини мутахассисон, таҳияи дастуру маводи таълимӣ, ҳамчунин, дар таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии марказҳои инкишофи кўдакон тадбирҳои зарурӣ андешем.
Яке аз масъалаҳое, ки имсол бо ташаббуси вазир ба он таваҷҷўҳи хос зоҳир шуда истодааст, рў овардан ба ҳаракати олимпист. Тавре Нуриддин Саидов зикр кард, омили асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот мақсаднок гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ дар шаклҳои гуногун, яъне, рушди ҳаракати олимпӣ, ташкил намудани озмунҳои гуногун, инчунин хушнависон аст. Вазир ба паҳлўҳои дигари сифати таҳсилот, аз ҷумла, тавассути телевизион фароҳам сохтани муҳити илму маорифро дар ҷомеа, дигаргун сохтани стандарту барномаҳои таълимӣ, пешниҳоди беҳтарин дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, интихоб ва риояи беҳтарин меъёри баҳогузорӣ, иҷрои ҳадафҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро аз шартҳои муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, зикр шуд, ки минбаъд таваҷҷўҳ ба фаъолияти мактаб-интернатҳо, ҷалби кўдакони маъюб ба таҳсил, таъмини китобҳои дарсӣ барои кўдакони фаъолияташон маҳдуд бояд зиёдтар гашта, эҳтиёҷи онҳо аз ҳар ҷиҳат ба инобат гирифта шавад.
-Бояд таъкид кард, ки аз соли 2014 қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад, – изҳор намуд вазир. – Бинобар ин, зарур аст, ки низоми тестиро дар мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ, бахусус, дар синфҳои 10-11 ҷорӣ намоем.
Н.Саидов дар робита ба Паём таъкид кард, ки то соли 2020 мо бояд коре кунем, ки теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 200 расад.
- Зеро маҳз фаъолияти бонизоми ин муассисаҳо на танҳо бозори меҳнати дохилӣ, балки бозори меҳнати хориҷаро низ таъмин карда метавонанд, – гуфт ў. – Мутаассифона, алҳол фаъолияти ин муассисаҳо дар ҳоли хеле ташвишовар қарор дорад. Сатҳи пасти дониши устоҳои таълимӣ, набудани шароити мусоид, мақсаднок истифода набурдани аёнияти мавҷуда аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки дар рушди ин муассисаҳо монеа эҷод мекунанд. Мо метавонем, бозори меҳнати ҳудуди ИДМ-ро омўхта, вобаста ба он то 300 ихтисосро ҷорӣ намоем. Боиси нигаронист, ки аксари мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам дучор шудан мумкин аст.
Вазир аз ташкили филиали нав дар Душанбе (МИСиС) изҳори қаноатмандӣ карда зикр намуд, ки маҳз ташкили чунин мактабҳо метавонанд дар барҳам додани ҳама гуна монеаҳои иқтисодӣ ба ҷомеа кўмак намоянд.
Таъкид шуд, ки дар шароити кунунӣ беҳтарин дастрасӣ дар масъалаи ташаккули касбияти омўзгор фаъолияти мақсадноки курсҳои такмили ихтисос аст. Ба андешаи вазир, барои низоми фаъолиятро дар ин самт ҷоннок гардондан тамоми марказу донишкадаҳои такмили ихтисосро ба филиали ДҶТИБКМ табдил додан амри зарурист. Сипас, вазир нақши матбуоти соҳавиро дар инъикоси масоили мубрами рўз таъкид карда, монеаҳои таъминоти китобҳои дарсӣ, сохтмони мактабҳо ва дигар норасоии кори масъулонро ошкор ва эҳсоси баланди масъулиятро дар ин маврид таъкид намуд. Вобаста ба камбудиҳои зикршуда вазири маориф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар музокира ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Н.Шоев, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ А.Муллоев, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Х.Қурбонзода андешаву пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд. Аз ҷумла:
Н.Шоев: – Хуб мешуд, донишгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳо намояндаи худро дошта бошанд. Зеро мо имкони ба тамоми минтақаҳо рафтаву тарғиб намудани донишгоҳҳои худ ва ҷалби довталабонро надорем. Ин ҳам барои мо, ҳам барои довталабон ва ҳам барои тарғиботчиён манфиатовар аст. Пешниҳоди дигари ман ба масъалаи таҳсил дар гурўҳҳои буҷавӣ иртибот дорад. Аз нигоҳи мо, беҳтар он аст, ки таҳсили донишҷў дар гурўҳи буҷавӣ бо назардошти фаъолияташ сурат гирад. Барои мисол, донишҷў дар даври дуюм фаъолият нишон надиҳад, ба гурўҳи шартномавӣ гузаронида шавад ва ё баръакс. Ҳамзамон, ба донишҷўёни фаъол имкон дода шавад, ки дар дилхоҳ мактаби дигар ва дар гурўҳи буҷавӣ як сол таҳсил намоянд.
Бештар вақт дар мактабҳо аз норасоии омўзгорон шикоят мешунавем. Фикр мекунам, дар чунин ҳолатҳо аз дастпарварони донишгоҳи мо ҳангоми норасоии омўзгорони асосҳои технологӣ ва технологияи информатсионӣ истифода бурдан бар манфиати кор аст. Дар анҷом мехоҳам изҳор намоям, ки вобаста кардани чанд муассисаи таълимии шояд як шаҳр ё ноҳия ба донишкадаву донишгоҳҳо барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот аз фоида холӣ нест.
А.Муллоев: – Аз нигоҳи ман, мактаб ва маориф бе дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва ҷомеа инкишоф ёфта наметавонанд. Масалан, як омили паст будани сифати таҳсилот ба омода набудани кўдакон ба мактаб вобаста аст, ки аз ин ҷиҳат эҳтиёҷ ба дастгирӣ хеле зиёд эҳсос мешавад.
Чизи дигаре, ки барои мо имрўз воқеан зарур аст, ташкил намудани шабакаи ягонаи иттилоотист.
Х.Қурбонзода: – Ба бисёр саволу муаммоҳои пешорў аз баромади вазири маориф посух ёфтам.
Фикр мекунам, яке аз омилҳои рушди соҳа ба таҷрибаи пешқадам такя намудан аст, яъне ташкили мактабҳои таҷрибаи пешқадам. Дар вилоят мо чандин чунин мактаб ташкил кардем. Аз ҷумла, мактаби математикони ҷавон дар Ховалинг, китобдори ҷавон дар Фархор, рассомони ҷавон дар ноҳияи Панҷ ва дигар. Ҳамчунин, ташкили озмунҳо бо интихоби марказ, масалан, озмуни «Беҳтарин хаттот» дар шаҳри Кўлоб, «Луғатдони беҳтарин» дар Бохтар, ки дар он хонанда аз ноҳияи Ховалинг 4000 луғатро аз бар кардааст…
Вазири маориф ҳозиринро ба дарки бештари масъулият водор намуда, таъкид кард, ки танҳо дар ҳамбастагӣ ва ҷиддият дар марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа муваффақ шуда метавонем. Дар анҷом вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.