Фармоиши Вазири маориф

Бо фармоиши вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз « 26 » 06 соли 2014, №1304
тасдиқ шудааст

 


ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

 


Қоидаҳои рафтори корманди соҳаи маориф ва илм (минбаъд – Қоидаҳои рафтор), маҷмӯи меъёрҳои рафтори корманди соҳаи маориф ва илм буда, хислати ахлоқии фаъолияти касбии соҳавии онро таҷассум менамояд ва аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият бармеояд.
Қоидаҳои рафтор - ин маҷмӯи фаъолияти корманди соҳаи маориф ва илм мебошад, ки меъёрҳои ахлоқии фаъолияти хизматӣ, муносибату рафтор ва ҳисси масъулиятшиносии ғайрихизматии онҳоро танзим намуда, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, ки дар асоси он фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматии корманди соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда мешавад, иборат мебошад.
Қоидаҳои рафтор бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбии кормандони соҳаи маориф ва илм, расидан ба ҳадафҳои Вазорати маориф ва илм, дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, баланд бардоштани эътибор ва нуфузи Вазорати маориф ва илм ва кормандони ин соҳа дар ҷомеъа, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда қабул гардидааст.

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тибқи нишондоди Қоидаҳои рафтор корманди соҳаи маориф ва илм фаъолияти худро бояд дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фармоишҳои вазир ва қарорҳоимушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои фитрии аз тарафи ҷомеъа эътирофшудаи ахлоқӣ ба роҳ монад.
2.Корманди соҳаи маориф ва илм вазифадор аст, ки ҳангоми адои вазифаҳои хизматӣ ва берун аз он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,
санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст, пос дорад.
3.Корманди соҳаи маориф ва илм баҳри баланд бардоштани обрӯю эътибори Вазорати маориф ва илм ва кормандони он саъю кӯшиш намуда, уҳдадориҳои хизматӣ ва ғайрихизматии худро содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба роҳ монад.
4.Корманди соҳаи маориф ва илм бояд эътибори фаъолияти худро дар соҳаи маориф ва илм пос дошта, аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубе, ки метавонад боиси паст гардидани шаъну шарафи Вазорати маориф ва илм ва кормандони он мегардад, канораҷӯӣ намояд.
5.Ҳангоми беасос айбдор намудани корманди соҳаи маориф ва илм дар содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои бадномкунанда, ӯ метавонад барои ҳифз ва нигоҳ доштани шаъну эътибор ва мақому мартабаи худ ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд.

II. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМҲАНГОМИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБӢ

6.Корманди соҳаи маориф ва илм хангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва берун аз доираи фаъолияти хизматиаш бояд:
6.1.Забони давлатиро донад, ба забони адабии расмӣ озодона сухан ронда тавонад, дар фаъолияти касбиаш ҳуҷҷату коргузориро дар асоси меъёрҳои забони давлатӣ ба роҳ монад ва барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) қӯшиш намояд;
6.2.Ҳамеша ба такмили малака ва маҳорати касбии худ ҷаҳд намуда,
донишҳои айнӣ ва зеҳнии худро барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш нигоҳ дорад;
6.3.Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳое, ки вобаста ба Қонуни мазкур қабул мегарданд, донад. Аз дигар санадҳои меъёрии хуқуқӣ бархурдор бошад;
6.4.Барои пешгирӣ ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намудааст, инчунин дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ, риояи қатъӣ ва иҷрои дақиқу якхелаи қонунҳо тарбия намудани шаҳрвандон ва таълимгирандагон чораҳо андешад;
6.5.Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, дар доираи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд;
6.6.Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ принсипҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро ба инобат гирад;
6.7.Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ корманди соҳаи маориф ва илм содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро иҷро намуда, ба унвони баланди корманди ин мақомот иснод наоварад;
6.8.Дар муошират бо муроҷиаткунандагон, падару модарон, ҳамкасбон ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳо хушмуомила бошад;
6.9.Аз гирифтани музди муқаррарнагардида (ба истиснои дастгирии молиявӣ ва маоши мансабӣ, ки аз ҷониби корфармо бо мақсадҳои гуногун пардохт карда мешавад) барои иҷрои уҳдадориҳои худ, чи дар шакли моддӣ (пул, туҳфаҳо) ва чи дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасониҳо) худдорӣ намояд;
6.10.Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт ва дар муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷрои талабу дархости онҳо чораҳои зарурӣ андешад;
6.11.Аз иҷрои амалиёте, ки дар он фаъолияти шаффофи ӯ метавонад зери шубҳа қарор гирад, вақте ки ба ин амалиёт пайвандони ӯ алоқаманд мебошанд ё ҳолатҳое, ки бавосита ва ё бевосита оид ба натиҷаи ин кор манфиатдор шуморидани ӯ боис мегарданд, худдорӣ намояд;
7.Корманди соҳаи маориф ва илм, ки дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият менамояд, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ки ба зуҳуроти маҳалгароӣ ва таъини кадрҳо аз рӯи нишонаҳои садоқати шахсӣ роҳ надиҳад.
8.Дар баробари вазифаи асосӣ (танҳо он корманде, ки дар мансаби хизмати давлатӣ кор мекунад) ҳамзамон ба иҷрои дигар кори музднок (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ) машғул нашавад.
9.Ба фаъолияти муроҷиаткунанда доир ба масъалаҳое, ки ба мавзӯи санҷиш ё назорат алоқаманд нест, дахолат нанамояд.
10.Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баёнот ва маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надорад, талаб нанамояд.
11.Иттилоот ва маълумоти дар ҷараёни санҷиши муассисаҳои соҳа бадастовардаро бо мақсадҳои шахсӣ ё ғайрихизматӣ истифода набарад ва паҳн нанамояд.
12.Корманди соҳаи маориф ва илм дар сурати бо муроҷиаткунанда доштани алоқаи хешу таборӣ ва ё бо хеши вай доштани муносибати молиявӣ, набояд вазифаи хизматии худро анҷом диҳад.
13.Дар ҳолати пайдо кардани маълумот дар бораи он, ки ҳамкорони ӯ ё муроҷиаткунандагон кирдори ҷиноӣ ё хусусияти коррупсионидоштаро содир кардаанд ва ё содир карданианд, фавран ба роҳбари бевоситааш ва ё ба мақомоти дахлдор хабар диҳад.
14.Дар вақти муқарраргардида ба кор ҳозир шавад, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад ва интизоми меҳнатро аз рӯи меъёрҳое, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.
15.Ҳангоми гузаронидани корҳои назоратию санҷишӣ ташаббускорона рафтор намуда, баҳри дарёфти муваффақиятҳои нави таълимӣ чораҳо андешад ва барои мукаммал намудани қонунгузории соҳа ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм пешниҳод манзур намояд.
16.Тарзи либоспӯшии худро тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ монад.

III. ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИХИЗМАТИИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

17.Корманди соҳаи маориф ва илм уҳдадор аст:
17.1. Тавсияномаи «Мақоми омӯзгор»-ро раҳнамои фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятии худ қарор дода, дар татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад;
17.2.Урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ва анъанаҳои намояндагони халқу миллатҳои гуногунеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, эҳтиром намояд, барои дӯстӣ ва ҳамбастагии ин халқу миллатҳо саҳмгузор бошад;
17.3.Ҳангоми гузаронидани тӯй, анъана, ҷашн ва маъракаҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо пуррагӣ риоя намояд;
17.4.Берун аз адои вазифа аз мавқеи ҷойгиршавӣ ва мансаби хизматиаш сӯистифода нанамояд ва шахсони дигарро ба таҳлука наандозад;
17.5.Дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии ғайриқонунӣ, ки боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мегардад, иштирок накунад;
17.5.Фарзандон ва шогирдонашро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ба халқу миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намуда, баҳри дар сатҳи дахлдор таълим гирифтани онҳо кӯшиш намояд.

IV. МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ҲАМИН ҚОИДАҲОИ РАФТОР

18.Риояи номатлуби Қоидаҳои рафтор боиси дар тавсифномаи корманди соҳаи маориф ва илм қайд гардидани кирдори ӯ мегардад, ки хангоми аз атестатсия гузаштан, додани рутбаи  тахассусӣ ва ба мансаби дигар гузаронидани корманд ба инобат гирифта мешавад.
19.Барои содир намудани кирдорҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ корманди соҳаи маориф ва илм мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
20.Дар сурати зарурат тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қоидаҳои рафтор тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

 

Тавсиянома доир ба макоми омўзгор дар муассисахои таълимии Чумхурии Точикистон 

Барномаи рушди инноватсионии Чумхурии Точикистон барои солхои 2011-2020

Дар бораи тасдики Накшаи баргузории машваратхои илми ва илмию техники, конфронсхо, симпозиумхо, анчуманхо ва семинархо дар Чумхурии Точикистон барои соли2012

Дар бораи тасдики Коидахои имлои забони точики

Дар бораи тасдики хайати Кумитаи тадорукоти тачлили Иди байналмилалии Навруз дар соли 2012 ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврўз-2012