Низомномахо

Низомнома
дар бораи тартиби ташкили тањсилоти фарогир (инклюзивї) барои кўдакони имкониятњояшон мањдуд дар муассисањои тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон

 

Низомномаи Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

 

Бо қарори мушовараи
Вазорати маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 02.2012, № 3/23
тасдиқ гардидааст



I. Қоидаҳои умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии-ҳуқуқӣ таҳия шудаааст.
2. Мақсади асосии Олимпиада
2.1. Дарёфт ва ташаккули малакаҳои эҷодӣ, бедор намудани шавқу ҳавас ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотии мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои дастгирии хонандагони болаёқат;
- дар байни хонандагон тарғиб ва паҳн намудани донишомўзӣ дар роҳи илм;
- раҳнамоӣ ба хонандагон дар интихоби касб ва ҷалб намудани онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он.
3. Ташкили Олимпиада
3.1. Олимпиада дар асоси фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста таҳти роҳбарии Кумитаи тадорукоти он баргузор мешавад.
Олимпиадаи номӣ ба ифтихори олимон, шоирони классику муосир, нависандагон, ходимони давлатӣ ва илм, рўзноманигорон, ки дар рушду нумуи Тоҷикистон ва муаррифии миллат саҳми босазо гузоштаанд, бахшида мешавад.
3.2. Олимпиада аз олимпиадаҳои алоҳидаи фаннӣ (маҷмуи фанҳо) иборат аст: математика, физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва фанҳои ҷамиятӣ-гуманитарӣ.
3.3. Супоришҳои олимпиада дар асоси барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва берун аз он тартиб дода мешаванд.
3.4. Забони кории Олимпиада забони тоҷикӣ ва русӣ аст.
3.5. Таъминоти молиявии ташкил ва гузаронидани Олимпиада дар асоси маблағҳои пешбиникардаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
4. Тартиби гузаронидани Олимпиада
4.1. Олимпиада дар ду давр доир карда мешавад:
Даври аввали олимпиада моҳи январ дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир мегардад;
- давраи дуюм (ҷумҳуриявӣ) моҳи феврал гузаронида мешавад.
4.2. Дар Олимпиада хонандагоне, ки барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумиро аз худ кардаанд, иштирок карда метавонанд.
4.3. Барои иштирок дар даври дуюми Олимпиада хонандагоне, ки дар даври аввал ҷойҳои 1, 2 ва 3-юмро ишғол намуда, ҳамчун ғолиб ба қайд гирифта шудаанд, роҳ дода мешаванд. Аз ҳар як вилоят ва минтақа то 5 -нафарӣ ғолибони даври аввал аз ҳар як фанни таълимӣ иштирок менамоянд.
4.4. Даври ниҳоии Олимпиада дар асоси натиҷаи ҷавобҳои инфиродӣ ҷамъбаст карда мешавад. Пеш аз эълони натиҷаҳои ҳар як давр иштирокчиёни Олимпиада метавонанд бо натиҷаи баҳои доварон шинос шаванд.
5. Вазифаҳои Кумитаи тадорукоти Олимпиада
5.1. Роҳбарӣ, ташкил ва гузаронидани Олимпиадаро Кумитаи тадорукоти он ба уҳда дорад, ки он тибқи фармоиши вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва тасдиқ карда мешавад.
5.2 Ҳайати кумитаи тадорукот ҳар сол бо фармоиши Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
5.3 Кумитаи тадорукоти Олимпиада:
- чорабиниҳо ва тартиби гузаронидани Олимпиадаро тасдиқ мекунад;
- ҳайати комиссияи координатсионӣ ва доварони Олимпиадаро таъсис медиҳад;
- ҳисоботи ҳайати доваронро аз рўи фанҳо (маҷмуи фанҳо) муҳокима ва қабул мекунад;
- дар якҷоягӣ бо ҳайати доварон аппелятсияҳои иштирокчиёнро меомўзад ва оид ба натиҷаи онҳо қарори ниҳоиро қабул мекунад;
- рўйхати ғолибони Олимпиадаро аз рўи фанҳо (маҷмуи фанҳо) тасдиқ мекунад;
- ғолибони Олимпиадаро ҳавасманд мегардонад;
- дигар фаъолиятҳоро дар асоси низомномаи мазкур амалӣ месозад.
6. Ҳайати доварони олимпиада
6.1. Ба ҳайати доварони фаннӣ (маҷмуи фанҳо) профессорон, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мутахассисони фанҳои алоҳида шомил мешаванд:
- супоришҳои олимпиадаро таҳия ва дигар шаклҳои санҷиши дониши иштирокчиёни олимпиадаро мегузаронад;
- ба корҳои иҷрокардаи хонандагон баҳогузорӣ менамоянд;
- аппелятсияи хонандагонро қонеъ мегардонанд;
- оид ба беҳтар намудани фаъолияти ташкилии Олимпиада дастуру пешниҳод медиҳанд;
- дигар фаъолиятҳоро дар асоси Низомномаи мазкур амалӣ месозад.
7. Ҷамъбасти Олимпиада
7.1. Ғолибони даврҳои Олимпиада дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи иштирокчиён муайян карда мешаванд.
Шумораи ғолибони даври ниҳоӣ аз рўи фанҳо (маҷмуи фанҳо) аз ҳисоби шумораи умумии иштирокчиён, 1 ҷойи 1, 2 ҷойи 2 ва 3 ҷойи 3 муайян карда мешавад.
Ғолибони Олимпиада бо дипломҳои дараҷаи 1,2 ва 3 мукофотонида мешаванд. Дипломҳо аз тарафи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, бо медали рамзӣ ва туҳфаи хотиравӣ ба ғолибон супорида мешавад.
7.2. Рўйхати ғолибони Олимпиада ва иттилоот дар бораи ғолибон тавассути ВАО дарҷ мегарданд.
7.3. Имтиёзҳои ғолибони олимпиадаро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи тадорукоти олимпиадаи мазкур муайян месозанд.
7.4 Маблағгузории даври аввали Олимпиада аз ҳисоби раёсатҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, даври ниҳоӣ (ғайр аз роҳкиро) аз ҳисоби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сметаи хароҷот, ки онро Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста пешниҳод менамояд сурат мегирад.

 

 

Низомномаи докторантура аз руи ихтисос (PhD)

Низомномаи намунавии корхои илми - тахкикотии донишчуени муассисахои тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон

Низомномаи литсей дар Чумхурии Точикистон

Низомномаи гимназия дар Чумхурии Точикистон

Низомномаи намунави оид ба бюрохои конструктори, тахкикоти, лоихакаши, технологи ва иктисодии донишчуен дар муассисахои тахсилоти олии касби

Намунаи «Барномаи идораи сифати тахсилот дар муассисахои тахсилоти умумии Чумхурии Точикистон"