МИЗҲОИ МУДАВВАР

МИЗИ МУДАВВАР

«Инкишофи илми педагогика дар партави

Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат

муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

(толори љаласањои Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон, 05.01.2017)

 

05.01.2017. Бо ибтикори раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон ба таърихи 05.01.2017 бо иштироки беш аз 60 нафар олимону мутахассисони Академияи тањсилоти Тољикистон ва Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи А. Љомї, тањти унвони «Инкишофи илми педагогика дар партави Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Мизи мудавваро бо сухани ифтитоњї ноиби президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, академик Каримова Ирина Холовна њусни оѓоз бахшида, њадаф аз баргузории чорабинии мазкурро мухтасаран чунин баён дошт:

Мизи мудаввари имрўза дар њошияи Паёми барномавии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї баргузор мегардад. Аз унвони чорабинї бармеояд, ки њадафи он дарки васеи масъалањои бањсталаб, камбуду норасоињои соња аз нигоњи Пешвои миллат ва ба ин васила ба вуљуд овардани эњсоси дўст доштани Ватан, эњтирому гиромидошти муќаддасоти миллї ва бењбуд бахшидани фаъолияти самарабахши муассисањои таълимї мебошад.

Ќобили зикр аст ки баргузории чунин чорабинињо имконият медињад, ки шахс худро яке аз љузъњои таркибии љомеа, миллат ва ањли башар эњсос кунад. Дар мизи мудаввар таъкид гардид, ки Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон нисбат ба соњаи маориф таваљљуњи њамешагї зоњир намуда, рушду нумуи соњаи таќдирсози љомеа - «маориф»-ро аз њадафњои аввалиндараљаи Њукумати ЉТ мешуморад.

Умедворем, ки натиљањои мизи мудаввар барои пешрафти соња сањми муњим мегузорад.

Дар мизи мудаввар ба сифати намоянда аз Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, муовини вазири маориф ва илм н.и.п. Назирї Л. Ќ. ва сардори Раёсати кадрњо ва корњои махсус С. Ќодиров ширкат ва суханронї карда, мавзўи чорабиниро зарурї ва бамаврид шуморид ва ба кори он барору муваффаќият таманно намуд.

Тибќи барнома академики Академияи тањсилоти Тољикистон, Муњаммад Лутфуллозода дар мавзўи «Дурнамои вазифањои илми педагогика», узви вобастаи АТТ Саидамир Аминов дар мавзўи «Ташкили синфњои камнуфус ва љадвали дарсњо» ва доктори илмњои филологї, профессор Шарифмурод Исрофилниё рољеъ ба мавзўи «Муњтавои баёнияи Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон дар робита бо дурнамои масъалањои инкишофи маориф» маърўза намуданд.

Дар бахши музокира узви пайвастаи АТТ, профессор Ќодир Ќодиров, ходими калони илмии Пажўњишгоњи рушди мориф ба номи А.Љомии АТТ, н.и.п. Иззатулло Давлатшоев ва дигар мутахассисон вобаста ба мавзўи мизи мудаввар ибрози андеша намуданд.

Даъватнома - Барномаи мизи мудаввар ба теъдоди 20 нусха нашр ва дастраси узви раёсати АТТ ва Пажўњишгоњи рушди маориф, мењмонону иштирокдорони чорабинї гардонида шуд.

Дар хотимаи чорабинї љињати бартараф сохтани камбуду норасињои љойдошта пешнињоду маслињат барои омўзгорон, муњаќќиќон ва масъулони соњаи маориф манзур гардид.

Љараёни баргузории мизи мудаввар тавассути АМИТ «Ховар», нашрияњои соњавї инъикос хоњад шуд.

Мудири шуъбаи илм ва татбиќи  мавзўъњои фармоишии АТТ   С. Камолзода


 

 

МИЗИ МУДАВВАР

 

 

Рўзи 22  феврали  соли 2016  дар толори Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи Абдурањмони Љомї, Осорхонаи маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон мизи мудаввар бахшида ба 120 - солагии Арбоби намоёни сиёсї  ва давлатии ЉумњурииТољикистон Нисормуњаммад Юсуфзиё баргузор намуд.

         Љамъомадро Каримова И. Х. ноиби президенти Академияи тањсилоти Тољикистон ва Шарифмурод Исрофилниё директори Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи Абдурањмони Љомї њусни оѓоз бахшида, мавќеъи Нисормуњаммад Юсуфзиёро дар бунёди маорифи Тољикистон муњим арзёбї намуданд.  

            Бо маърўзањо оид ба  «Њаёт ва фаъолияти Нисормуњаммад Юсуфзиё».   Неъматов Бењрўз -  ассистенти кафедраи таърихнигорї ва архившиносии факултети таърихи ДМТ ва «Наќши Нисормуњаммад Юсуфзиё дар таъсиси ЉШС Тољикистон». Фозил Абдурашитов - д.и.т. сарходими илмии институти таърих, бостоншиносї ва мардумшиносии ба номи Ањмади Дониши  АИЉТ баромад намуданд.

Корманди Осорхонаи миллии Тољикистон Темирзода Бахтовар расму наворњои таърихиро оид ба њаёт ва фаъолияти Нисормуњаммад Юсуфзиё намоиш дода, лањзањои муњимро ёдрас шуд.   

Хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумии №33 ва № 94 – и  н. Синои шањри Душанбе ќањрамонињо дар васфи Арбоби намоёни сиёсї ва давлатии Љумњурии Тољикистон Нисормуњаммад Юсуфзиёро оид ба барќарор намудани Љумњурии Шўравии Сусиолистии Тољикистон ва сањмашон дар соњаи маориф ќироат намуданд.

            Арбоби намоёни сиёсї ва давлатии Љумњурии Тољикистон Нисормуњаммад Юсуфзиё (1897 - 1937) омўзгор, яке аз фаъолони барпо намудани њокимияти шўравї дар Тољикистон. Дар њаракатњои озодихоњї дар Пешовар, Балуљистон ва Афѓонистон иштирок намуда, соли 1920 ба Тошкант омада, шањрвандии шўравиро дарёфтааст. Дар факултаи шарќшиносии Университети давлатии Осиёи Миёна (САГУ) омўзгорї намудааст. Дар Комиссариати маорифи Туркистон раиси комиссияи илмї оид ба тољикон будааст.

Солњои 1926 – 1931 аввал  муовини якум, сипас Комиссари маорифи Тољикистон.

Солњои 1933 – 1936 директори Институти илмї–тањќиќотии  педагогикаи Тољикистон. Муаллифи ду китоби дарсии тољикї – «Роњнамои њисоб» (1923) ва «Алифбо» (1924)мебошад.

Дар хотима Мудири Осорхонаи маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон Ќурбоналї Зиёев ба њозирин минатдории гарму љушон изњор намуда онњоро ба сайри Осорхона даъват намуд.      

 

АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТ ТОЉИКИСТОН
Пажўњишгоњи рушди маорифи АТТ

 

Б А Р Н О М А И
мизи гирд «Рањёфти ибтикоротї (инноватсионї)
дар тањќиќи проблемањои педагогикаи муосир»
бо иштироки донишмандон, устодон ва муњаќќиќон
(бахшида ба 10-солагии таъсиси Академияи тањсилоти Тољикистон)

28 май, соати 10. 00 Толори Академияи тањсилоти Тољикистон

Мизи гирд ба масъалањои зерин бахшида мешавад:
1. Ибтидои ибтикороти педагогї.
Заминањои ташаккул, пайдоиш ва рушди ибтикороти педагогї дар соњаи маориф. Њадафњо, ва вазифањои ибтикороти педагогї; мафњумњо ва масоили назарии ибтикороти педагогї; навъи ибтикороти педагогї; механизми амалисозии ибтикороти педагогї (Шарифзода Ф., Лутфуллоев М.,Ќодиров Ќ.Б.,)
2. Ибтикороти раванди тањсилот
Ањамият ва сохтори равандњои ибтикоротї; Ибтикороти фаъолиятњои тањсилї; лоињасозї ва амалисозии навгонињои педагогї; омилњое, ки љараёни навгониро боз медорад (Сулаймонї С.,Неъматов С.)
3. Навсозї ва озмоиш дар тањсилот
Баррасии илмии ибтикорот дар навгонињои соњаи маориф. Лоињасозии навини соњаи маориф. Ибтикороти педагогї дар доираи мактабњои илмї (Каримова И.Х. Зубайдов У.).
4. Фаъолиятњои ибтикоротї дар мактаб
Навгонињо дар сатњи идеяњои таълим(дидактика). Навгонињо дар раванди таълим. Навгонињо дар курсњои таълимї.Навгонињо дар мактаби суннатї. Навгонињо дар макотиби ибтикоротї. Навгонињо дар фаъолиятњои муаллимон ( Шербоев С. Аминов С.).

Гузоришњо 3-5 даќиќа