КОНФРОНСҲО, СЕМИНАРҲО

                          Академияи тањсилоти Тољикистон, шањри Душанбе 30.10.2017

                          Гузориш оиди конференсияи љумњуриявї дар мавзўи:

“Гуманизм ва тарбияи маънавии кўдакон дар муњити љањонишавии тањсилот  дар муассисањои томактабї ва ибтидої”

        Дар Пажўњишгоњи рушди маориф ба номи Абдурањмони Љомї дар ҳамкорӣ бо Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва шуъбаи муассисањои томактабї ва тањсилоти ибтидоии Пажўњишгоњи рушди маориф конференсияи љумњуриявї дар мавзўи: “Гуманизм ва тарбияи маънавии кўдакон дар муњити љањонишавии тањсилот дар муассисањои томактабї ва ибтидої” баргузор гардид.

       Њадаф аз гузаронидани конференсия: Баррасии мушкилот ва дурнамои масъалањои тарбияи маънавии кўдакони муассисањои тањсилоти томактабї ва  синфњои ибтидої дар шароити љањонишавии тањсилот, омўзиши таљрибаи мутахассисони соњаи тањсилоти томактабї ва омўзгорони синфњои ибтидої.

       Дар конференсия Каримова И.Х. академик, Ноиби Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, Туронов С.-љонишини директори Пажўњишгоњи рушди маорифи ба номи Абдурањмони Љомии Академияи тањсилоти Тољикистон, Холов А.И.- љонишини директори Пажўњишгоњи рушди маорифи ба номи Абдурањмони Љомии Академияи тањсилоти Тољикистон,  Маљидова Б.-профессори кафедраи тањсилоти томактабии ДДОТ ба номи С.Айнї, Котибова Ш.-мудири шуъбаи муассисањои томактабї ва тањсилоти ибтидоии Пажўњишгоњи рушди маорифи ба номи Абдурањмони Љомии Академияи тањсилоти Тољикистон, Норова З.-директори маркази рушди истеъдодњои Раёсати маорифи ноњияи Рўдакї, Атоева Дилором-омўзгори муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №3-и шањри Вањдат, Саидова Њ.-љонишини мудири шуъбаи маорифи шањри Турсунзода, Табарова Салима – мудири ширхоргоњ - кўдакистони №8-и шањри Турсунзода, Њамдамова Музаффара мураббияи кўдакистони № 44-и ноњияи Шоњмансури ш.Душанбе иштирок  намуданд.

        Конференсияро Каримова И.Х.- академик, Ноиби Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон њусни оѓоз бахшида, оид ба гуманизм, тарбияи инсондўстї ва маънавии кўдакону љавонон андешањои хешро иброз доштанд.

       Дар конференсия маърўзањо оид ба  масъалањои тарбияи инсондўстї, гуманизм ва хештаншиносї дар замони љањонишавї шунида шуд.

Аз љумла баромади профессор Маљидова Б. дар мавзўи: “Мазмуни кор оид ба тарбияи хештаншиносї ва ватандўстї дар муассисаи томактабї”, Котибова Ш. дар мавзўи: “Тарбияи маънавии кўдакон дар замони муосир”, Норова З. дар мавзўи: “Ташаккули зењнияти кўдакон дар Марказњои инкишофи кўдакон”, Мирхонова Н.-дар мавзўи: “Анъанањои оилавї дар тарбияи маънавию ахлоќии кўдакони синни томактабї”, Атоева Д.-дар мавзўи: ”Гуманизм ва тарбияи маънавии кўдакон дар муњити љањонишавии тањсилоти ибтидої” оид ба тарбияи маънавї, инсондўстї, хештаншиносї ва ватандўстї дар кўдакони синни томактабї ибрози аќида намуда, масъалањои муњими марбути соњаи тањсилоти томактабї баррасї шуданд.

         Натиљаи кори конференсия дар шакли маљмўа барои нашр омода мешавад.

                                   Гузориши Б.Буриев аз 30.10.2017. ш.Душанбе АТТ

    

                                                                 

                                              КОНФРОНС ДАР АКАДЕМИЯ

 03.04.2017   Раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон ба иттилои Шумо мерасонад, ки тибќи банди 5-и Наќшаи чорабинињои Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 28.11.2016, №4583 бахшида ба 20 -солагии Рўзи Вањдати миллї (ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 23.08.2016, №383 ва дастури роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон аз 10.11.2016, 24/10-3.1), баргузории конференсияи љумњуриявии олимону муњаќќиќони љавон дар мавзўи «Мактаби сулњпарваронаи Пешвои миллат - роњнамои љавонон барои имрўзу ояндаи дурахшон» дар назар дошта шудааст.

 

Роњњои самарабахши баланд бардоштани сифати

тањсилот дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї 

 20.01.2017  Раёсати Академияи тањсилоти Тољикистон тибќи Наќшаи чорабинињои академия оид ба иљрои вазифањое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (22 декабри соли 2016) баён гардиданд, дар њамкорї бо шуъбаи маорифи шањри Роѓун конференсияи илмї - амалиро дар мавзўи «Роњњои самарабахши баланд бардоштани сифати тањсилот дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї» рўзи 20.01.2017, дар толори МТМУ №2-и ш. Роѓун баргузор менамояд.

Дар конференсия баррасии мавзўъњои зерин ва њалталаби соња назардошт гардидааст:

1. «Омилњои баландбардории сифати тањсилот дар шароити кунунї» (гузориши номзади илмњои педагогї, мудири шуъбаи арзёбии тањсилоти Академияи тањсилоти Тољикистон Файз Гулмадов).

2. «Роњу усулњои бењтар намудани сифати тањсилот дар муассисаи тањсилоти миёнаи умумї» (гузориши директори МТМУ №7-и ш. Роѓун Худойдод Давлатов).

3. «Муносибати навгонї дар инкишофи зењни хонандагон» (гузориши мушовири шуъбаи маорифи ш. Роѓун Бекназар Валиев).

4. «Наќши оила дар баланд бардоштани сифати тањсилоти хонандагон» (гузориши мудири кабинети методии шуъбаи маорифи ш. Роѓун Абдурањмон Назаров)


 

Сайфиддин КАМОЛЗОДА,

мудири шуъбаи илм ва татбиќи мавзўъњои

фармоишии Академияи тањсилоти

Тољикистон, номзади илмњои педагогї

 

НОМАИ ИТТИЛООТЇ

 

      КОНФРОНСИ    ИЛМЇ

                     «Маќоми инсонгарої дар таълиму тарбияти  љавонон»    (Бахшида ба  фаъолияти илмию педагогии  академик  Ирина Каримова (12 сентябри  соли 2016, шањри Душанбе, Љумњурии Тољикистон)

Самтњои илмии  конфронс:

           1.Хориќаи (феномен) инсонгарої дар њувияти миллии тољикон

             -инсонгарої дар суннатњои миллии тољикон;

             -тарбияти инсондўсти дар фарњанги миллии тољикон;

             -мавќеи муассисањои фарњангї дар тарбияти башардўстї;

             -љойгоњи мактаб дар тарбияти  инсонгароии донишомўзон;

             -хонаводаи тољик ва тарбияти башардўстии кўдакон.

2. Проблемањои назарии инсонгарої дар  педагогикаи муосир ва классикї.

-- пажўњишњои  илмї дар масъалаи    инсонгарої    ба унвони яке аз омилњои самараноки тањќиќи проблемањои педагогика ва маориф;

-масъалањои рушди    инсонгарої  дар  низоми тањаввулоти тањсилоти муосир;  

-самтњои асосии тањќиќи масоили инсонгарої;

  -таљрибаи Тољикистон дар  самти  тањќиќи проблемањои  инсонгарої;

-роњњои ташаккул ва такомули  инсонгарої дар њавзаи тамаддуни иронї;

        -мавќеи донишгоњњои педагогї ва марказњои илмию пажўњишї ва муассисањои       

       омўзишї  дар  тањќиќ ва амалисозии  масоили инсонгарої. 

3.Муносибати нав ба масоили инсонгарої дар шароити љањонишавии тањсилот

 -парадигмањои навин дар баррасии  таълими   масъалаи инсонгарої дар шароити љањонишавии тањсилот;

 -масъалањои  тањия, тарљума ва тањќиќи тазкирањо ва мероси ниёгон дар иртибот бо масоили инсонгарої;

-дидгоњњои нав дар пажўњиш ва баррасии  масъалањои   инсонгарої дар шароити љањонишавии тањсилот;

4.Роњњои самарабахши технологияи  истифодаи назарияњои  таълиму тарбияти инсонгарої

          - тањќиќи муќоисвї ва татбиќии дастовардњо ва таљрибаи кишварњо дар    пажўњишњои педагогї ва соњаи маориф дар иртибот  ;

        -рањёфти татбиќї ва муќоисавї дар  самти   таълиму тарбияти инсонгарої   дар кишварњои хориљї;

       -баррасии дастовардњои илмї дар самти  тарбияти инсонгарої;;

      -баррасии фаровардањои таљрибї дар самти тарбияти инсонгарої;;

     -муќоисаи низомњои омўзишї ва илмї ва љустуљўи роњњои нави  таълими  инсонгарої;

5.Осебшиносии масоили тарбият ва таълими инсонгарої

-баррасии осебшиносии таълими  масоили инсонгарої дар муњити љањонишавии омўзиш;

-мушкилоти тарбияти масоили инсонгарої дар шароити    имрўз;

-каљравињо дар таълим ва тарбияти инсонгарої;

мавќеи педагогикаи ѓайрихушунат дар тарбияти инсонгарої.

 Маќолот дар њаљми то 12 сањ. то 21 марти соли 2016  пазируфта мешавад.

 Дар назар аст маљмўаи илмї чоп шавад.

Тел./факс 992 372 – 274666     +992  918498927+992  918498927       irandost@yandex.ru    Сулаймонї С. Кумитаи тадорукот

 
                                                                                       СЕМИНАР ДАР ПАЖУХИШГОХ

  29 октябри соли 2015дар Пажўишгохи рушди маориф ба номи Абдурахмони Чоми Академияи тахсилоти Точикистон семинарии тахлили-омўзиши дар мавзўи «Чанбахои асоси ва тахияи кадрхои омўзгори барои тахсилоти фарогир (инклюзивї): тачрибаи Япония» баргузор гардид. Дар он олимон ва мутахассисони педагогикаи фарогир инчунин омўзгорони муассисаи тахсилоти миёнаи умуми ва мухаќиќон ширкат варзиданд.

Дар намоиши мазкур масъалахои зерин: Сиёсати давлати дар самти тахсилоти фарогир, низоми тахсилоти давлати Чопон, консепсияи тахсилоти фарогир, маблаѓгузори, дастгирии шахсони дорои махдудият: аз тифли то таъмин бар кор мухокима ва барраси шуданд.

Маърузахои Байзоев Азим-ходими калони илмии шуъбаи педагогика психология ва тахсилоти фарогири АПМ-и АТТ дар мавзўи: «Тахсилоти фарогир тачрибаи Чопон» ва Икромова Сарвиноз-сармутахассиси раёсати маорифи ш. Душанбе, дар мавзўи " Усулхои тайёр кардан ва бозомўзии омўзгорон дар низоми тахсилоти фарогир" шунида шуд.

   Ҷаҳонишавии таҳсилот ва мушкилоти таълими ҳамгиро дар низоми маориф

Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- «Ҷаҳонишавии таҳсилот ва мушкилоти таълими ҳамгиро дар низоми маорифи Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон 18 сентябр дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси илмӣ баргузор мешавад.
Тавре ки ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова хабар дод, дар конфронс масъалаҳое, чун мушкилоти назариявии таълими ҳамгиро дар низоми маорифи кишвар, муносибати нав ба таълими ҳамгиро дар шароити ҷаҳонишавии таҳсилот, роҳҳои самарабахши технологияи истифодаи назарияҳои таълими ҳамгиро баррасӣ мегарданд.

 


 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

               

 ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

 

ПАЖЎЊИШГОЊИ РУШДИ МАОРИФИ

 

АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН

734024, шањри Душанбе, кўчаи Айнї 45, 227-17-47, 227-17-29, 227- 58 - 44

С/њ: 20204972111010100001

 

 

НОМАИ ИТТИЛООТИИ КОНФЕРЕНСИЯИ

ИЛМЇ - АМАЛИИ ЉУМЊУРИЯВЇ

Шўъбаи муассисањои тањсилоти умумї, бахши фанњои табиию риёзї

Мавзуъ: “Асосњои назариявии стандарти тањсилоти миёнаи умумї ва технологияи

электронии таълими фанњои табиию риёзї дар шароити кунунї”

Муассисони конференсия–Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон.

Муњлати баргузорї: 29 апрели соли 2015, шањри Душанбе, Љумњурии Тољикистон

Забони конференсия: тољикї, русї

Макони баргузорї: Пажўњишгоњи рушди маорифи Академияи тањсилоти Тољикистон,

шањри Душанбе, кўчаи С.Айнї, 45.

Љараёни конференсия:

- љаласаи ифтитоњї;

Самтњои илмии конференсия:

1. Асосњои назариявии стандарти давлатии тањсилоти миёнаи умумї оид ба фанњои табиию риёзї.

2. Љанбањои илмию амалии технологияи электронии таълими фанни математика дар синфњои 5-11 дар шароити кунунї.

3. Истифодаи технологияи иттилоотию иртиботии таълим дар раванди таълими физика дар муассисањои тањсилоти умумї

4. Асосњои илмии истифодаи технологияи нави таълим дар раванди таълими дарсњои химия ва биология дар шароити кунунї.

5. Самараи истифодаи саволномањои тестии фанњои табиию риёзї дар ташаккули ќобилиятњои зењнї ва тафаккури техникии хонандагон дар шароити таъсиси Маркази миллии тестї.

Регламент: барои маърўза-то10даќиќа, музокира-то3-5даќиќа, барои гузоришњои кўтоњ дар доираи 3 даќиќа.

Эзоњ: Сарфу харљи сафари хидматии иштирокчиёни конференсия аз њисоби кори доимї пардохта мешавад.

Ба таваљљуњи муаллифон !

Ба хотири бењбудии нашри маљмўаи илмии конференсия, зарур мешуморем, ки маќолањоро дар шакли зерин пешнињод намоянд:

- њатман бо хулосаи мухтасар (резюме) ба забонњои тољикї, русї ва иттилооти мухтасар дар бораи муаллиф (ном ва насаб- пурра, унвони илмї, вазифа ва љойи кор) адабиёт дар маќола ба таври љамъї дар охир бо меъёрњои пазируфташудаи тасвири библиографї дар диск ё аз тариќи почтаи электронї ирсол гардад.

Маводи маќола бояд ба шакли компютерии Times New Roman Tj -14 тањия шавад.

Андозаи коѓаз: А- 4. Њошия: аз боло ва поён-2,5 см., тарафи чап-3см., аз рост-1,5

см., њуруф-14.

Маќолањо то 20 апрели соли 2015 пазируфта мешаванд.

Њайати тањрир њаќ дорад маќоларо бо назардошт талаботи конференсия ќабул ва кўтоњ намояд ва ё рад намояд.

Маќолањое, ки ќаблан дар дигар нашрияњо ба табъ расидаанд, ќабул карда намешаванд.

Дастхатњо барои таќриз арзёбї мешаванд ва муаллиф дар мавриди зарурият бо муњтавои он ошно мегардад.

Њаљми маколаи илмї набояд аз 10 сањифа (0,62 љ.чопї) бештар бошад.

Маводи маќола бояд њаматарафа санљидашуда бошад.

Матни электронии баромадњо то 23 апрел ба Кумитаи тадорукот пешнињод мегарданд.

Телефонњо барои тамос ва пешнињоди матни электронии баромадњо:

2 27 04 96, 918 834 425918 834 425, 903 00 46 11, 915 475 078915 475 078

e-mail: buriiev 1956 mailru@mail.ru

Нашри маводи конференсия дар маљаллаи “Илм ва инноватсия”-и ПРМ-и АТТ ва

ё дар шакли маљмуаи алоњида дар назар аст.

   Кумитаи тадорукот

OSCE High Commissioner on National Minorities facilitates regional co-operation on multilingual education in Central Asia                                                                                                                                                            

11 December 2014

 
Irina Karimova, President of the Academy of Education of the Republic of Tajikistan (r), addresses participants at a roundtable meeting on multicultural and multilingual education, Dushanbe, 5 December 2014. (OSCE/Jennifer Croft)
  Баргузории конфронси байналмилалӣ дар Вазорати маориф

  Душанбе,31.10.2014.(АМИТ«Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Конфронси байналмилалии «Мактаби таҷҳизоташ номукаммал дар фазои таҳсилоти муосир : ҳолат ва дурнамо»-и ташкилнамудаи Вазорати маориф ва илм ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  30 октябр кори худро оғоз намуд.

Тибқи иттилои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон , мақсади асосии конфронс  омӯзиш ва табодули таҷриба оид ба масоили кор кардани гурӯҳи мактабҳои хурд дар фазои пасошӯравӣ, имконияти истифода намудани иқтидори васеи илмию амалии дастовардҳои байналмилалӣ дар самти мазкур мебошад.

Дар кори конфронс намояндагони Қазоқистон ва Русия иштирок менамоянд.

                                                                                   Маълумотнома

                                                    дар бораи конференсияи чумњурияви илми- амалии бахшида

                                          ба 600- солагии бузургдошти Мавлоно Абдуррањмони Чоми

 29-уми октябри соли 2014 бо ташаббуси   Академияи тахсилоти Точикистон бахшида ба 600- солагии бузургдошти Мавлоно Абдуррахмони Чоми конференсияи илми- амали дар мавзўи «Масъалахои таълим ва тарбия аз дидгохи Чоми» гузаронида мешавад.

Дар барномаи   конференсияи мазкур ќироат  ва мухокимаи 18 маърўза дар мадди  назараст. Маърўзагарон, асосан, кормандони Академияи тахсилотиТочикистон ва    Пажўхишгохи рушди маорифи Точикистон, инчунин, омўзгорони бо тачриба аз шахру нохияхои Чкаловск, Хучанд, Ѓончи, Истаравшан ва Вахдат  мебошанд. Зимни баромади маърўзагарон, пеш аз х ама, думасъала- чанбахои тарбиявии осори Чомїиаз диди педагогика ва методу усулхои  таълими хаёт   вафаъолияти эчодии ў дар муассисахои тахсилоти миёнаи умумии Точикистон мавриди баррасии ќарор мегиранд. Хамзамон, бояд  таъкид намуд, ки дар иртибот ба масъалаи дувум, на фаќат роху усулхои таълими Чоми дар чараёни таълими фанни адабиёти точик, њамчунин, назари методистон марбут ба наќши осори Чоми дар китобхои дарсии забони точики ва истифодаи осори ў хамчун васоити дидактики дар чараёни таълими забони тоиикї матрах хохад гашт.

                                                  ИСФАРА гузориш ба Президенти АТТ

      Рӯзи 19.03.2014 дар толори Литсейи №5 шаҳри Исфара бо иштироки муовинони директорҳои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба синфҳои ибтидоӣ, устодони Коллеҷи омӯзгории ш. Конибодом, устодони филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара ва донишмандону соҳибназарони соҳаи таълиму тарбият конфронс баргузор гардид.

         Дар гузориши худ академик Маҳмадулло Лутфуллоев «Паҳлуҳои фаъолияти муаллим ва талабаҳо дар ҷараёни дарс»мавриди рӯнамоӣ қарор дода, роҷеъ ба зарурат, мушкилот ва роҳу услубҳои таълими ҳамфаъол ибрози андеша намуд. Аз ҷумла роҳу равиши ҷӯянда, кунҷков ва водор сохтани талабагон ба баён доштани фикру андешаҳои худ маърӯза мавриди таҳлил қарор гирифт. Инъикоси манзара ва расмҳои эҷоднамудаи хонандагон дар самти ҳамфаъол гардонидани онҳо амали зарурӣ дониста шуда. 

     Академик Файзулло Шарифзода дар мавзӯи «Дарсҳои ҳамгиро омили муҳими рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури мантиқӣ ва манфиатҳои иқтисодӣ» баромад намуд ва чанде аз тартиботро мавриди баррасӣ қарор дод: хондану фикр кардан; навиштану фикр кардан, қонунияти инкишофи нутқ ҳамчун ҷавҳари таълими ҳамгиро. Зимни баромад ишора гардид, ки ин қонуният ва тартиботи таълими ҳамгиро рушди инкишофи нутқи хонандаро таъмин менамоянд.

       Профессор Сафар Сулаймонӣ дар гузориши илмии худ ба яке аз дигар масоили мубрами мавзӯи фавқ «Маҳоратҳои ҷустуҷӯӣ дар раванди ҳамгиросозии таълим ва ё эҷоди руҳияи пажӯҳишгарӣ дар донишомӯзон» дахл намуда, маҳорати пажӯҳишӣ ва тафаккури интиқодии  толибилмонро мавриди баҳс қарор дод.   

        Дар гузориши  профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров  Шавкат Шаропов масъалаи ҳамгиро ва зарурату корбурдии он ёдоварӣ гардид.

      Дар ҷараёни конфронс иштирокчиён бештар бо такя ба таҷриба ва биниши худ роҳҳалҳои ин масъаларо матраҳ намуданд.

                                           Конфронси илмию амалӣ дар Қӯрғонтеппа

      Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муштаракан бо Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва идораи маорифи вилояти Хатлон 7 май дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Хонаводаи солим – гарави саломатӣ ва тарбия» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир менамояд.
    Тавре ки аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни конфронс силсилаи мавзуъҳои мавриди назар баррасӣ ва пешниҳодоти ҷолиб натиҷагирӣ хоҳанд шуд, ки ба татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нигаронида шудаанд. Доир ба ин мавзӯъ маърӯзаҳои сардори идораи маорифи вилояти Хатлон Х. Қурбонзода, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Маҳмадулло Лутфуллоев, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Файзулло Шарифзода, доктори илми педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илми педагогӣ, профессор Қ. Абдураҳмонов дар назар аст.
Баргузоии ҳамин гуна чорабинӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафурови вилояти Суғд низ ба нақша гирифта шудааст

 

Иттилоия барои ахбори умум
(Пресс - релиз)

Академияи тањсилоти Тољикистон (минбаъд АТТ) мувофиќи наќшаи чорабинињои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон љињати дар амал татбиќ намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муштаракан бо Донишгоњи давлатии Ќўрѓонтеппа ба номи Н. Хусрав ва Идораи маорифи вилояти Хатлон дар мавзўи «Хонаводаи солим – гарави саломатї ва тарбия» конференсияи илмию амалии љумњуриявиро доир менамояд. Конференсияи мазкур 7 – майи соли 2013 соати 900 дар толори ба номи Лоњутии ш. Ќўрѓонтеппа баргузор мегардад.
Дар љараёни конфронс силсилаи мавзўъњои мавриди назар баррасї ва пешнињодоти љолиб натиљагирї хоњанд шуд, ки њамагї ба татбиќи амалии Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нигаронида шудаанд:
- Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва љараёни татбиќи он дар мактабњои тањсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон (гузоришисардори идораи маорифи вилояти Хатлон Х. Ќурбонзода);
- «Хонаводаи солим, мењр ва фарњанги тарбия» -академики АТТ Мањмадулло Лутфуллоев;
- «Хонаводаи фарњангї ва имконоти тарбиявии он» - академики АТТ Файзулло Шарифзода;
- «Аз таљрибаи фарзандон дар хонаводањои Эрон» - доктори илми педагогика, профессор Сафар Сулаймонї;
- «Масъалаи хонаводаи солим ва тарбия дар эљодиёти Мирсайид Алии Њамадонї» - доктори илми педагогика, профессор Ќ. Абдурањмонов ва ѓайра. Инчунин дар ќисмати хотимавї тањти унвони «Мурољиати фарзандон ба падару модарон» аз љониби гурўњи талабагон аз эљодиёти адибон мисрањои шеърї ќироат гардида, ќадрдонии хонаводањое, ки дар таълиму тарбияи фарзандон муваффаќ шудаанд аз љониби раёсати маорифи вилоят, АТТ ва ДДЌ ба номи Н. Хусрав баргузор мегардад.
Њамзамон, ба таваљљуњи Шумо мерасонем, ки њамин гуна чорабинї дар нимаи дуюми моњи майи соли равон дар ДДХ ба номи Б. Ѓафурови вилояти Суѓд ба наќша гирифта шудааст.
 

Китоби маорифпарвари фаронса Жан жак Русо "Эмиль ва е Дар бораи тарбият"

16 январи соли равон дар толори Академияи тањсилоти Тољикистон муаррифии китоби маорифпарвари фаронса Жан Жак Русо "Эмил ва ё Дар бораи тарбият" бо ширкати донишмандон ва олимони шинохта баршузор мегардад. Китоби мазкур аз љониби Академияи тањсилоти Тољикистон, бо ташаббуси академики Академияи тањсилоти Тољикистон Ирина Каримова ва профессор Сафар Сулаймонї ба табъ расидааст. Китоб барои муаллимон, муњаќќиќон ва онњое, ки ба кори таълиму тарбият машѓул мебошанд ва дар роњи иљрои "Барномаи миллии рушди тањсилот" армуѓони арзанда аст.

 


Муаррифии китоб:
Русо, Жан Жак. Эмил ва ё Дар бораи тарбият / Бо кўшиши профессор Ирина Каримова; тањия ва тањќиќи профессор Сулаймонї С.; Душанбе: Ирфон, 2012. - 412 с.

Жан Жак Русо (1712-1778) яке аз бузургтарин мутафаккирони олами илми маърифат мањсуб меёбад. Аќидањои ин марди бузург љањонбинии илмиро чунон таконе додааст, ки осори он њанўз боќист. Њар рўз дар мактуботи ў матолиби љадиде кашф мешавад, ки пешбинии ўро дар масоили сиёсї, иљтимої ва фарњангї собит мекунад. Шояд рўзе бирасад, ки баъзе аз фарзияњои вай, ки акнун печида ё ѓалат ба назар мерасанд, равшан шавад ё таъйид гардад. Метавон гуфт, аз тамоми файласуфони ќарни њаждањум Русо ба мо наздиктар аст, яъне афкори ў бештар бо афкори мардуми ќарни бисту якум њамоњангї дорад.
Китоби мазкур аз љониби Академияи тањсилоти Тољикистон дар чопхонаи "Контраст" ба табъ расидааст. Китоб барои муаллимон, муњаќќиќон ва онњое, ки ба кори таълиму тарбият машѓул мебошанд, дастовези ва армуѓони хубест барои такмили "Барномаи миллии рушди тањсилот".
 Конфронси байналмилалӣ рушди таҳсилоти инклюзивиро баррасӣ мекунад 

Фардо, 21-уми ноябр дар Китобхонаи Миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Таҳсилоти инклюзивӣ: проблемаҳо ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли онҳо» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии принсипҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад.

Тавре аз шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба «Навид» иттилоъ доданд, дар конфронс баррасии проблемаҳо ва имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ матраҳ мешавад.

Ҳамзамон таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии психологӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задании монеаҳо ва таъсиси шароит барои ниёзи кӯдакони талаботи таҳсил дошта тавассути такмили базаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва базаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар назар аст.

Бояд гуфт, барои ширкат ба конфронс 80 нафар аз ҷумлаи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазоратҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ, мушовирони психологӣ ва тиббиву педагогӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ даъват шудаанд.

 

 

 

 

 

Баррасии таҳсилоти инклюзивӣ ва мушкилоти он дар Душанбе


Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсон Солиев).-21 ноябр бо дастгирии барномаҳои таҳсилотӣ ва тандурустии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, бо ҳамшарикии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Дафтари ЮНИСЕФ дар ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллӣ оид ба рушди таҳсилоти инклюзивӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи конфронс омӯзиши масоили таҳсилоти инклюзивӣ, табодули таҷриба ва ҳамкорӣ, имконияти баррасии ҷараёнҳои сиёсати таҳсилотӣ оид ба пешниҳоди имкониятҳои баробари таҳсилоти босифат ва рушди иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналхалқӣ мебошад.

Дар конфронс баррасии мушкилот ва имкониятҳои ниҳоӣ барои рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хизматрасонии иҷтимоӣ, дастгирии равонӣ ва тиббиву педагогӣ, барҳам задани монеаҳо ва фароҳам овардани шароит барои кӯдаконе, ки ба таҳсил ниёз доранд, тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, шабакаи омода кардани мутахассисону омӯзгорон, таҳияи равишҳои нави илмӣ ва заминаи таълимиву методӣ, афзун кардани иттилоърасонӣ ба аҳолӣ дар назар аст.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти кушод» -Бунёди мадад дар Тоҷикистон иттилоъ дод.

 

ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
АКАДЕМИЯИ ТАЊСИЛОТИ ТОЉИКИСТОН
_____________________________________________________________________________________________
734024, шањри Душанбе, кўчаи Айнї,45, 227-46-66, 227-59-81
E-mail: aot. tj
_____________________________________________________________________________________________

«20» 11 2012 469/01
Иттилоия барои ахбори умум
(Пресс - релиз)
Академияи тањсилоти Тољикистон мувофиќи наќшаи чорабинињои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон љињати татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2011, №640 «Дар барои тасдиќи Наќашаи баргузории машваратњои илмї ва илмию техникї, конфронсњо, симпозињумњо, анљуманњо ва семинарњо дар Љумњурии Тољикистон барои соли 2012» дар якљоягї бо Институти љомеаи озоди Хазинаи мусоидат ба Тољикистон таърихи 21 ноябри соли 2012 баргузории конфронси байналмилалии илмиро дар мавзўи «Таълими фарогир: мушкилот, љустуљў, ва роњњои њалли он» - ро ба наќша гирифтааст. Дар чорабинии мазкур иштироки мутахассисони варзидаи соња барои кўдакони истисної аз Љумњурии Тољикистон, Федератсияи Россия, Љумњурии Ќарѓизистон, Туркманистон ва созмонњои байналмилалї дар назар аст.
Маќсади асосии Конфронс омўзиш ва табодули таљриба дар њалли масоили тањсилоти фарогир на танњо дар миќёси кишварњои Осиёи Марказї, балки имкони татбиќи таљрибаи пешќадами фазои байналмилалї мањсуб меёбад.
Кори Конфронс дар шакли маљлиси пленарї ва фаъолияти якчанд бахшњо ба наќша гирифта шудааст. Шумораи умумии иштирокчиён беш аз 80 нафар аст.
Президенти АТТ И. Каримова
 

 

Дастовардҳои педагогика аз манзари Иҷлосияи таърихӣ


Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Дастовардҳои педагогикаи навин дар партави истиқлол аз манзари Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таҳти чунин унвон дар шаҳри Исфара ба ифтихори Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии ҷумҳурӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (АТТ) дар хамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Ирина Каримова- президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар конфронс профессорон Маҳмадулло Лутфуллоев, Файзулло Шарифзода, Сафар Сулаймонӣ ва Шавкатҷон Шарофов дар мавзуъҳои Дастовардҳои педагогикаи миллӣ ва мушкилоти маорифи Тоҷикистон», «Рушди педагогикаи миллӣ дар шароити имрўз», «Таҳқиқоти мушкилоти педагогикаи миллӣ дар шароити имрўза» «Таҳаввули таълиму тарбия дар мактаб дар солҳои истиқлол» табодули назар карданд. Зикр шуд, ки бори аввал дар кишвар муассисаи нави илмӣ – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки рисолати он таъмини илмии муассисаҳои таълимӣ, таҳқиқи афкори педагогии ниёгон, омўзиши бумӣ (этнопедагогика), омўхтан ва паҳн намудани таҷрибаи судбахши муассисаҳои омўзишӣ мебошад. Дар натиҷаи фаъолиятҳои пажуҳиши педагогӣ иқдоми тоза ба вуҷуд омад ва дар бунёди тафаккур ва фалсафаи миллӣ китобҳо таълиф гардиданд.

Таъкид гардид, ки тафаккури ҷомеа оид ба мактабу маориф тағйир ёфтааст. Зикр гардид, ки педагогика ба фанни муҳими кулли донишгоҳҳо табдил гардидааст. Дар муддати 20- соли истиқлоли кишвар педагогикаи тоҷик фарозу нишебҳоро паси сар намуд ва алҳол бунёди миллию истиқлоли он устувор гардидааст, ки метавон аз манзари истиқлол онро беҳтарин дастоварди миллии кишвар арзёбӣ кард. Ба сохтори таҳсилотӣ тағйироти куллӣ дохил гардида, дар таркиби муассисаҳои он шаклҳои нави таълимгоҳҳо- коллеҷ, литсей ва тахассусҳои нав ва дар таркиби таълимгоҳҳои олӣ бакалавр, магистр арзи вуҷуд намуданд.

Дар охир ишора гардид, ки байни идораҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамкориҳои судманд таҳким меёбанд.
 

 

Баргузории конфронси илмию амалӣ дар Исфара


Душанбе, 13 ноябр . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ)- 14 ноябри соли равон дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Дастовардҳои педагогикаи навин аз манзари Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ» баргузор мегардад.

Чорабинӣ бо дастгирии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Исфара доир мешавад ва дар он олимону донишмандон ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи иттилои расида, мақсад аз баргузории конфронс баррасии дастовардҳои педагогикаи навин дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти таълиму тарбия дар шароити имрӯз унвон мешавад.

 

Муаррифии «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон»


Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Афкор ва ақидаҳои педагогии арзишманди шоирону нависандагон, олимону мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик, ки дар такя ба аҳкоми дини мубини ислом, Қуръони маҷид, суннатҳо ва ҳадисҳои Пайғамбар Муҳаммад (с) эҷод шудаанд, барои устувор сохтани пояҳои Ислом, дастраси умум гардонидани ҳикмати маънавӣ ва зиндагисозии он хизмати босазо намудаанд. Имрӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби академик Файзулло Шарифзода «Ҳикмати афкори педагогии ниёгон» доир гардид. Ҷамъомадро академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуд. Дар ҷамъомад олимони намоён, намояндагони донишкадаҳои олӣ, муаллимон, муҳаққиқон ва зиёиён иштирок намуданд. Доир ба китоби мазкур андешаҳои худро профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илмҳои педагогӣ Ҷамолиддин Саидзода, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф Шарифмурод Исрофилиён ва дигар олимони соҳа баён намуданд. Муаллифи асар зимни муаррифии он аз ҷумла изҳор дошт: «Дар рисола, ки ҳикмати исломӣ тавассути сура ва оёти Қуръони маҷид, суннат ва ҳадисҳои Муҳаммад (с) иқтибос мешаванд ва баъдан ҷовидон ва ҳаётӣ будани онҳо тавассути иқтибоси ҳикоёту ривоятҳо, байту мисраъ ва порчаҳои шеърӣ исбот мегарданд, афкори педагогии ниёгонамон ҷамъбаст гардидааст. Ақидаҳои тарбиятӣ-педогогии эшон ба он далолат мекунад, ки мардум аз мантиқ, мафҳум ва мазмуни ҳақиқатан созандаи ислом воқиф гарданд, донанд, ки ислом ҳам покии руҳ ва ҳам покии танро аз инсонҳо тақозо дорад ва дини созанда ва ҳаётӣ мебошад».
Китоб барои олимон, омӯзгорон, муҳаққиқони соҳаи фалсафаи педагогӣ, аспирантон ва оммаи васеи дилбохтагони афкори педагогии ниёгон пешкаш мегардад.
 

 

Вижагихои ташаккули фарханги муошират

Бо иқдоми Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рӯзи 26 майи соли 2012, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Вижагиҳои ташаккули фарҳанги муошират ва сухангӯйии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз забони русӣ» баргузор мегардад.
Мақсади асосии конференсия такмили омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули дузабонии миллӣ ва русӣ, мусоидат ба робитаҳои забонҳо ва тамаддунҳо, дарёфти роҳу усули самараноки баланд бардоштани фарҳанги сухангӯӣ, дурнамои фаъолият дар самти инкишофи малакаҳои муоширати муҳассилин мебошад.
«Зимни баргузории конференсия мо ният дорем, ки роҳу усулҳои инноватсионии таълими забони русиро дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон мавриди баҳс қарор диҳем. Ҳамчунин дар рафти конференсия масъалаҳои робитаи забон ва фарҳанг дар ташаккули одоби муошират ва сухангӯйии муҳассилин, омӯзиши муқоисавии забонҳо ҳамчун заминаи лингвистии таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ, ташаккули ҳавасмандгардонии муҳассилин ба омӯзиши забони русӣ чун воситаи муоширати байналмилалӣ муҳокима карда мешаванд» - иброз дошт президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон И. Каримова.
Дар кори конференсия иштироки олимону муҳаққиқони шинохта, омӯзгорону мутахассисони варзидаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистону хориҷи кишвар дар назар аст.