ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР

   МАЪЛУМОТНОМА

ОИД БА ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНИДАНИ КОНФЕРЕНСИЯИ III БАЙНАЛМИЛАЛӢ “ТАҲСИЛОТИ ФАРОГИР: МУШКИЛОТ ВА ҶУСТУҶӮЙИ РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОНҲО”

ДУШАНБЕ, 29 НОЯБРИ СОЛИ 2017

Дар доираи нақшаи фаъолият ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии рушди маориф барои солҳои 2012 – 2020, мавзӯи фармойишии “Ташкили низоми таҳсилоти кӯдакон ва хонандагони талаботи махсусдошта дар шароити муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2016 – 2010) Академияи таҳсилоти Тоҷикистон якҷоя бо Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомӣ 29 ноябри соли 2017 Конференсияи III байналмилалиро таҳти унвони “Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо” доир намуд.

Марҳилаи омодагӣ. Аввали моҳи октябри соли 2017 Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон барои пайдо намудани шарикони баргузории Конференсия ба Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон бо мактуби расмӣ муроҷиат намуд. Нимаи дуюми моҳи октябр аз ҷониби Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон номаи ҷавобӣ оид ба дастгирии молиявии баргузории Конференсия дастрас гардид. Ин созмон хароҷоти даъвати меҳмонон ва будубоши онҳоро дар ш. Душанбе, кирояи толор ва таъмини иштирокчиёни Конференсияро бо хӯрок ба уҳда гирифт. Ҳамзамон чопи маводи Конференсия ба уҳдаи АТТ ва хароҷоти маводи канселярӣ ба уҳдаи ПРМ вогузор гардид.

20 октябри соли 2017 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иҷозати гузаронидани Конференсия бо имзои муовини якуми вазир – Мирбобоев Р. гирифта шуд. 7 ноябри соли 2017 бо фармойиши президенти АТТ – Бобизода Ғ. ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо” Гурӯҳи кор (Кумитаи тадорукот) дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:

1. Каримова И.Х. (раис);

2. Зиёӣ Х.М. (ҷонишини раис);

3. Байзоев А.М. (узв);

4. Камолзода С. (узв);

5. Боқиева Л. (узв);

6. Бобоёров Х.Х. (узв);

7. Ҳакимова Б. (узв);

8. Мирбобоева Б. (узв);

9. Абдулов Ҷ. (узв);

10. Окимшоева Р. (узв);

11. Хушқадамова Ш. (узв).

Роҳбарии умумиро президенти АТТ – Бобизода Ғ. ба уҳдаи худ гирифт.

Дар ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот вазифаҳои ҳар як аъзои Гурӯҳи кор муайян гардиданд. Дар марҳилаи омодагӣ корҳои зерин анҷом дода шуданд:

1. Мактуби иттилоотӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ба нишонии ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (мактаб-интернатҳо), муассисаҳои таълимии инклюзивӣ ва мутахассисони соҳа фиристода шуданд. Барои ҷалби мутахассисон аз кишварҳои узви ИДМ тавссути сомонаи АТТ ва нишониҳои академияҳои таҳсилоти он кишварҳо мактуби иттилоотӣ ирсол гардид.

2. Барои чопи маводи Конференсия бо нашриёти “Нигор” мувофиқа ба даст омад.

3. Барои иштирокчиёни Конференсия маводи зарурии канселярӣ харидорӣ гардид.

4. Бо раёсати Маҷмааи “Душанбе Плаза” барои иҷораи ду толор ҷиҳати баргузории Конференсия мувофиқа ба даст омад.

5. Бо хоҳишмандони иштирок дар Конференсия – муаллифони мақолаҳои илмӣ робитаи доимӣ тавассути нишонии электронӣ ба роҳ монда шуд.

6. Барои оройиши толор банер ва намойиши осори олимони АТТ омода карда шуд.

7. Даъватнома ва Барномаи конференсия бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ таҳия гардида, ба иштирокчиён дастрас карда шуд.

Баргузории Конференсия

   Конференсия тибқи нақша 29 ноябри соли 2017 дар яке аз маҷлисгоҳҳои Маҷмааи “Душанбе Плаза” соати 09.00 оғоз гардид. Дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Н., сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобомуродов М., президенти АТТ Бобизода Ғ., директори барномаҳои таҳсилотии ИҶК – БМ Дастамбуев Н., мутахассисон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Арманистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ (ЮНИСЕФ, Хазинаи Оғохон, ЮСАИД, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра), созмонҳои ҷамъиятӣ, мутахассисон аз зерсохторҳои ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии миёна ва олии касбӣ, коршиносони соҳаи маориф ширкат намуданд.

Конференсияро бо суханҳои ифтитоҳӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқилзода Н., сармутахассиси Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобомуродов М., президенти АТТ Бобизода Ғ., ҷонишини директори ПРМ ба номи А. Ҷомӣ Каримзода М., директори барномаҳои таҳсилотии ИҶК – БМ Дастамбуев Н. оғоз намуданд.

Барандаи ҷаласаи умумӣ ноиби президенти АТТ, академик Каримова И.Х. номаи табрикотии президенти Академияи таҳсилоти Россия, академик Вербитская Л.А.-ро ба иштирокчиёни Конференсия қироат намуд.  

Кори Конференсия тибқи барнома аз ҷаласаҳои умумӣ (пленарӣ) ва кор дар бахшҳо иборат буд.

Дар ҷаласаи умумӣ ноиби президенти АТТ, академик Каримова И.Х. дар мавзӯи “Қонунгузории миллӣ оид ба таҳсилоти фарогир: вазъи кунунӣ ва роҳҳои беҳтар намудани он” суханронӣ намуда, роҷеъ ба қонунҳо ва асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки ба ҳимояи кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (КИМ) ва таъмини таҳсили онҳо равона шудаанд, муфассал суханронӣ намуд. Номбурда нақши Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2011-2015 дар муайян намудани ҳадафҳои асосии таъмини КИМ бо таҳсили босифат дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ махсус қайд намуда, таҳияи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳоло дар марҳилаи баррасӣ ва такмилу таҳрир қарор дорад, ҳамчун яке аз падидаҳои муҳим дар соҳаи маориф арзёбӣ намуд. Ӯ ёдовар шуд, ки дар лоиҳаи Кодекси маориф ба масъалаи таҳсилоти фарогир таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.

Маърӯзаи директори Маркази таҳсилоти фарогири Академияи миллии таҳсилот ба номи И. Алтинсарина, Ҷумҳурии Қазоқистон, Исмагулова С.К. ба мавзӯи “Вазъият ва дурнамои рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида шуд. Тибқи иттилои номбурда ҳоло дар 44,4% муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии Қазоқистон шароитҳо барои рушди таҳсилоти фарогир фароҳам оварда шудаанд. Дар доираи татбиқи марҳилаи дуюми Барномаи давлатии рушди маориф ва илм барои солҳои 2016 – 2019 дар назар дошта шудааст, ки то соли 2019 дар 30% муассисаҳои таълимии томактабӣ, 70% муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 40% коллеҷҳо шароити мусоид барои ҷалби КИМ фароҳам оварда мешаванд.

Назаретян Р. – намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Мост надежды”  (Пули умед), Ҷумҳурии Арманистон оид ба вазъи таҳсилоти фарогир дар Арманистон ва ҳамкориҳои судманди сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар ин самт суханронӣ намуд. Таҷрибаи Арманистон, махсусан, дар соҳаи такмили механизми маблағгузории таҳсилоти фарогир мавриди таваҷҷуҳи аҳли нишаст қарор гирифт. Қобили қайд аст, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Арманистон ҳамаи мафҳумҳои марбут ба таҳсилоти фарогир ва роҳҳои таъмини ҳуқуқи КИМ ба таҳсил пурра тавсиф ёфтаанд. Тибқи қонунгузории ҷорӣ муассисаҳои таълимии махсус (мактаб-интернатҳо) дар ҳоли гузариш ба Марказҳои ҷумҳуриявии дастгирии педагогикӣ ва психологӣ барои гузаронидани арзёбии талаботи кӯдакон дар шароити махсуси таҳсил қарор доранд.

Директори барномаҳои таҳсилотии ИҶК – БМ Дастамбуев Н. дар суханронии худ бештар ба масъалаи ҷараёни таҳия ва баррасии лоиҳаи Кодекси маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи ин созмони байналмилалӣ сурат мегирад, таваҷҷуҳ намуд. Ӯ мутахассисон ва масъулони сохторҳои идораи маориф ва ҳамаи алоқамандони соҳаи маорифро даъват намуд, ки дар такмилу таҳрири  матни Кодекс саҳми арзанда гузоранд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи умумӣ кори Конференсия дар бахшҳо идома ёфт.

Дар бахши якум, ки бо роҳнамоӣ (модераторӣ)-и Бобомуродов М. сурат гирифт, масъалаҳои марбут ба заминаҳои қонунгузорӣ, таҷрибаи байналмилалӣ, фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.

Паҳлуҳои гуногуни дастгирии кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд аз ҷониби давлат ва Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои устоди Донишоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Юнусова О. ва устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (Хуҷанд) баррасӣ гардиданд.

Назария ва амалияи таҳсилоти фарогир, ҷанбаҳои педагогӣ ва психологии тарбияи КИМ мавзӯи баҳси маърӯзаҳои илмии доктори илми педагогика Юлдашева М.Р. ва номзади илми педагогика Қодирова М.Б. (ҳар ду – аз Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон) буд.    

Дар ин бахш ҳамчунин ҳамоҳангсозони барномаҳои таҳсилотии ИҶК – БМ Қобилова Г. ва Бобоева Л. оид ба саҳми ин созмон дар рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон, бахусус, таҳсилоти фарогир маълумоти муфассал доданд. Сипас намояндагони созмонҳои дигари байналмилалӣ, аз ҷумла, ЮНИСЕФ (Валиҷонбекова Ш.) ва ЮСАИД (Терри Ҷ.) оид ба лоиҳаҳои созмонҳо сухан ронда, дастгирии минбаъдаи сохторҳои давлатии идораи маорифи Тоҷикистонро дар ин самт таъкид намуданд.

Дар охири кори бахш муҳокимаи умумии масъалаҳои баррасишуда доир гардид, ки дар он аксари иштироккунандагон, аз ҷумла, меҳмонони хориҷӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Фаъолияти бахши дуюм, ки роҳнамоӣ (модераторӣ)-и онро номзади илми филология, сармутахассиси АТТ Байзоев А.М. ба уҳда дошт, ба проблемаҳои омода сохтани муассисаҳои таълимӣ, тайёр кардани кадрҳо, нақши оила ва ҷомеа, маблағгузорӣ, арзёбии қобилиятҳо ва имкониятҳои КИМ бахшида шуд.

Қодиров Ш. – директори ТҶ “Иқтисод ва таҳсилот” роҷеъ ба низоми маблағгузории сарикасӣ дар Тоҷикистон ва зарурати такмили он дар робита ба таҳсилоти фарогир суханронӣ намуд. Вобаста ба ин масъала таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла, Гурҷистон ва Арманистон ба тарзи муқоиса таҳлил ёфта, аз ҷониби иштирокчиёни Конференсия пешниҳодҳои муфид ироа гардиданд.

Масъалаи тайёр кардани кадрҳо ва бозомӯзии омӯзгорон мавзӯи баҳси маърӯзаҳои мутахассиси ДҶТИБКСМ Файзуллоева З., устоди Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон (Хуҷанд) Хӯҷамов Ш. ва муҳокимаи васеи он аз ҷониби профессори ДДОТ Маҷидова Б. буд. Маҷидова Б. оид ба мушкилоти ҷалби ҷавонон ба ихтисосҳои тозабунёди ДДОТ, ки ба дастгирии бевоситаи рушди таҳсилоти фарогир равона гардидааст, пешниҳодҳои муфид иброз дошт, ки онҳо дар матни Қатънома инъикос ёфтанд. Хӯҷамов Ш. пешниҳод намуд, ки падару модарони дорои КИМ низ бо курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ дар сохторҳои марбута фаро гирифта шаванд ва барои онҳо низ дастурҳои методӣ таҳия ва нашр гарданд.

Нақши оила дар таълиму тарбия, робитаи мактаб бо оила ва ҷомеа ва ҳамчунин тайёр кардани муассисаҳои таълимӣ ба қабули КИМ аз ҷониби дотсенти ДДҚ ба номи Н. Хусрав Қурбонов Ф., директори ТҶ “Рушди инклюзия” Набиева З., унвонҷӯйи ПРМ Баротова Г., ходими пешбари илмии ПРМ Бобоёров Х. баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, Набиева З. қайд намуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи ГПО-4 ҳоло дар 49 муассисаи таълимии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон синфхонаҳои захиравӣ боз гардида, бо маводи техникӣ ва таълимӣ муҷаҳҳаз гардидаанд. Масъалаи асосӣ, ки дар ин самт бояд пайгирӣ шавад, таъмин намудани фаъолияти босамари ин синфхонаҳо мебошад. Барои ин зарур аст, ки аз ҷониби масъулони ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони соҳа ҳар чӣ зудтар Низомномаи фаъолияти синфхонаҳои захиравӣ дар муассисаҳои таълимии инклюзивӣ таҳия ва тасдиқ гардад.

Ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим ва дар ин замина таҳия намудани меъёрҳои арзёбии сатҳи дониш, малака ва маҳоратҳои КИМ дар муассисаҳои таълимии умумӣ мавзӯи баҳси маърӯзаи сармутахассиси АТТ Байзоев А. буд. Номбурда махсус қайд намуд, ин масъала бояд дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот (ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ) ҳамаҷониба баррасӣ шуда, ҳалли худро ёбад. Махсусан, механизми қабули КИМ ба коллеҷу муассисаҳои олии касбӣ ба такмил ниёз дорад.

Бояд қайд кард, ки Конференсия имконияти иштироки ғоибонаро, бе ҳузури расмӣ,  низ фароҳам оварда буд. Аз ин имконият мутахассисони соҳа аз донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он истифода намуданд. Мақолаҳои онҳо дар маҷмӯаи маводи Конференсия ба табъ расидааст.

Дар охир хулосаи фаъолияти кори бахшҳо дар ҷаласаи умумӣ шунида шуда, муҳокимаи озод сурат гирифт ва матни Қатъномаи конференсия бо назардошти пешниҳодҳои ҳозирин бо як овоз қабул кардид (матни Қатънома замима мегардад).

ҚАТЪНОМАИ

Конференсияи Ш байналмилалии “Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо”

 

29 ноябри соли 2017                                                             ш. Душанбе

 

29-уми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе Конференсияи Ш байналмилалӣ таҳти унвони “Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷӯйи роҳҳои ҳалли онҳо” баргузор гардид.

Конференсияро Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А.Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ташкил намуданд.

Дар кори Конференсия намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони соҳаи таҳсилоти фарогир аз Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ (Қазоқистон, Арманистон), олимон, омӯзгорон, равоншиносон, масъулони сохторҳои идораи маориф, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, падару модарони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд (КИМ) ва дигар созмонҳое, ки дар соҳаи маориф, тавонбахшии иҷтимоӣ ва дастгирии педагогиву психологии кӯдакони дорои талаботи махсус фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.

Иштирокчиёни Конференсия доираи васеи мавзӯъҳои назариявӣ-методӣ ва идоравӣ-ташкилиро баррасӣ намуданд. Оид ба татбиқи таҳсилоти фарогир дар кишварҳои гуногун табодули назар ба миён омад. Роҷеъ ба мавзӯъҳои таъминоти илмӣ-методии таҳсилоти фарогир, дастгирии педагогӣ-психологии иштирокчиёни ҷараёни таҳсилоти фарогир, тайёр кардани кадрҳо барои таъмини амалии инклюзивӣ, такмили механизми маблағгузорӣ, пурзӯр намудани иштироки оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда маърӯзаҳои ҷолиб шунида шуданд. Ба омӯзишу таҳлили таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва имкониятҳои истифодаи он дар шароити Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Иштирокчиёни Конференсия қайд намуданд:

· Саривақтӣ ва муҳиммияти ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроия, ҳамаи мутахассисон ва кормандони соҳаи маориф ба мушкилот ва рушди ҷараёни фарогирии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд ба таҳсилоти умумӣ.

· Аҳаммияти омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи ташкили шаклҳои гуногуни таҳсилоти фарогир ва технологияҳои он, ки дар арсаи байналмилалӣ истифода мешаванд.

·  Бо назардошти норасоии таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва барномавӣ-таълимӣ-методии таҳсилоти фарогир мавҷуд будани зарурати таҳияи маҷмӯи санадҳое, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии инклюзивиро танзим менамоянд.

· Афзалиятнокии таъсиси шабакаи марказҳои захиравӣ барои дастгирии КИМ дар низоми маорифи Тоҷикистон, тайёр кардани мутахассисоне, ки метавонанд ҳадафҳои гуманистии таҳсилоти фарогирро амалӣ созанд.

· Мавҷуд будани мушкилот дар низоми тайёр кардан ва бозомӯзии омӯзгорон барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ.

Бо дарки зарурати ҷустуҷӯйи дастҷамъонаи ҳалли самараноки мушкилоти амалӣ, ки дар низоми таҳсилот, аз ҷумла, дар таъмини рушди таҳсилоти фарогир мавҷуданд ва бо зикри боварҳои хурофотии мавҷуда, иштирокчиёни Конференсия мавқеи умумиро оид ба фаҳмиши самтҳои асосии татбиқи амалии вазифаҳои рушд ва такмили таҳсилоти фарогир ҳамчун шакли зарурии таҳсилоти инноватсионӣ дар Тоҷикистон муайян намуданд.

Иштирокчиёни Конференсия барои мусоидат ба рушди минбаъдаи таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ПЕШНИҲОДҲОИ зеринро таҳия намуданд: 

Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он:

· Асноди меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти муассисаҳои таълимии инклюзивиро танзим менамояд, таҳия гардад.

· Заминаи ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои пешниҳоди маҷмӯи хизматрасонӣ/тавонбахшӣ такмил дода шавад.

· Меъёрҳои маблағгузории таҳсилоти фарогир дар шароити таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти фосилавии КИМ такмил дода шаванд.

· Механизмҳои самараноки байнисоҳавии таъсиррасонӣ ба ҳалли масъалаҳои таҳсилотӣ ва ташкилӣ, ки ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии КИМ ва оилаҳои онҳо равона шудаанд, таҳия гарданд.

· Нақшаи марҳилавӣ (пайдарпай)-и рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва амалӣ гардад.

· Шабакаи таъсиси марказҳо (синфҳо)-и захиравӣ, ки дастгирии  илмӣ-методӣ, кадрӣ ва ташкилии муассисаҳои таълимии инклюзивиро таъмин менамоянд, рушд ёбад.

· Имконияти ба нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ворид намудани курсҳо ё бахшҳоеро, ки ба масълаҳои таҳсилоти ҳамгиро ва фарогир бахшида шудаанд, баррасӣ гардад.

·  Низоми тайёр кардан ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисон (педагогҳои иҷтимоӣ, физиотерапевтҳо, логопедҳо, сурдопедагогҳо, тифлопедагогҳо, педагогҳои махсус, психологҳо ва ғайра) такмил дода шуда, стандартҳо ва барномаҳои таълим оид ба таҳсилоти фарогир таҳия гарданд ва ҷавонон барои ҷалб кардан ба ин ихтисосҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

· Масъалаи такмили ихтисоси мураббиёни муассисаҳои таълимии томактабӣ ва умумӣ оид ба таҳсилоти фарогир баррасӣ гардида, ҳар сол миқдори муайяни хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои гирифтани ихтисосҳои таҳсилоти фарогир ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои ИДМ фиристода шаванд.

· Гузаронидани таҳқиқоти назариявӣ ва амалӣ доир ба мавзӯъҳои тарбия, рушд ва таҳсили кӯдакон дар марҳилаҳои синнусолии гуногун дар шароити таҳсилоти фарогир ба роҳ монда шавад. Натиҷаҳои таҳқиқот мавриди озмойиш қарор дода шуда, татбиқи амалии онҳо дар низоми маориф таъмин гардад.

· Барои таҳияи маводи таълимию методӣ бо забони давлатӣ, забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва забони имову ишора ва бо онҳо таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ имконият фароҳам оварда шавад.

· Зарурати таҷдиди назар ба стандартҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бо назардошти эҳтиёҷоти КИМ баррасӣ гардад.

· Асноди меъёрӣ оид ба расонидани машваратҳои психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ ба КИМ такмил дода шавад.

· Дар сомонаҳои мавҷудаи ВМИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он саҳифаи ёрии методию омӯзишӣ барои омӯзгорон ва падару модарон боз гардида, саволу ҷавоби зудамал таъмин карда шавад.

· Дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати фарҳанг, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор механизми ҳамкориҳои байниҳамӣ дар соҳаи рушди салоҳиятҳои иҷтимоии КИМ ва тавонбахшии иҷтмоиву фарҳангии онҳо таҳия карда шавад.

Ба васоити ахбори оммаи Тоҷикистон:

· Дар доираи барномаҳои рекламавӣ аз наворҳои таблиғотии рушди таҳсилоти фарогир фаровон истифода кунанд.

· Дар ВАО аз муваффақиятҳои бадастовардаи шахсони имкониятҳояшон маҳдуд дар гирифтани таҳсилот ва касбу ҳунар бештар хабару наворҳо пахш намоянд.

· Барои беҳтар ба роҳ мондан ва таблиғи ҳамкориҳои судманди мутахассисон бо ташкилотҳои ҷамъиятии падару модарон ва дигар созмонҳои иҷтимоӣ дар самти таҳсилоти фарогир барномаҳо таҳия ва пахш гарданд. 

Қатънома аз ҷониби иштирокчиёни Конференсия бо як овоз қабул гардид.   

 Иштирокчиён ба кори ташкил ва гузаронидани Конференсия баҳои баландро сазовор донистанд.

                                         Гузориши А.Байзоев ва Б.Буриев аз баргузории конференсия 30.11.2017 

 

 

МАКТУБИ ИТТИЛООТЇ

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мувофиќа бо Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва дар њамкорї бо Пажўҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурањмони Љомї дар доираи татбиќи “Стратегияи миллии рушди маорифи Љумњурии Тољикистон то соли 2020” (Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 – юми июни соли 2012, № 334), инчунин иљрои мавзўъњои фармоишї бо дастгирии Институти “Љамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, 29 ноябри соли 2017, дар бинои Маљмааи давлатии “Душанбе плаза” доир намудани Конференсияи сеюми байналмилалиро дар мавзўи “Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷўйи роҳҳои ҳалли он” ба наќша гирифтааст.

Ҳадафҳои Конференсия иборатанд аз:

·                    тањлили татбиќи тањсилоти фарогир дар Љумњурии Тољикистон: заминаи ќонунгузорї, имконият ва монеањо;

·                    омўзиш ва мубодилаи таљрибаи рушди тањсилоти фарогир дар кишварњои хориљии дуру наздик;

·                    таљрибаи байналмилалї, наќши созмонњои байналмилалї ва мањаллї дар рушди тањсилоти фарогир;

·                    ба хотири рушди тањсилоти фарогир њамчун асоси љомеаи озод ва баробар мусоидат намудан ба вусъату муттаҳидии саъйу кўшишњои мутахассисоне, ки дар соњањои ќонунгузорї, илм, амалия ва љомеаи шањрвандї фаъолият мекунанд.

Самтњои асосии кори Конференсия

·                    тањлили заминаи ќонунгузорї дар самти тањсилоти фарогир ва мутобиќати он ба конвенсияњо / созишномањои байналмилалї дар соњаи њуќуќи инсон, ки аз љониби Љумњурии Тољикистон эътироф гардидаанд;

·                    њалли проблемањои сиёсати кадрї барои кор бо бачагони дорои талаботи махсуси тањсилотї (БДТМТ);

·                    масоили марбут ба такмили ихтисоси мутахассисон ва бозомўзии омўзгорон;

·                    проблемањои маблаѓгузории муассири соњаи маориф бо дарназардошти тањсилоти фарогир;

·                    масоили марбут ба тањияи китобњои дарсї, дастурњои таълимию методї, наќшањои инфиродии таълим барои БДТМТ;

·                    масоили арзёбии сатњи дониш, мањорат ва ќобилиятњои БДТМТ дар зинањои гуногуни тањсилот;

·                    наќши љомеаи шањрвандї / созмонњои љамъиятї дар њалли масъалањои марбут ба рушди барваќтии кўдакон, таъмини дастрасї ба тањсилот ва татбиќи маљмўи масъалањои тањсилоти фарогир.

Конференсия баргузории љаласањои умумї (пленарї) ва кор дар гурўњњоро оид ба самтњои асосї дар назар дорад.

Маљмўаи маќолањои Конференсия ба табъ мерасад ва маводи мазкур дар сомонаи Академияи тањсилоти Тољикистон љой дода мешавад.

Кумитаи тадорукот : Тел.: 227-47-16; 227-59-31

                               Шањри Душанбе, Академияи тањсилоти Тољикистон 27.09.2017

Бо ибтикори Академияи тањсилоти Тољикистон ва шуъбаи педагогика, психология ва тањсилоти фарогири Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомї дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2012, № 334) 27-уми  сентябри соли 2017 дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир” мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он мутахассисони соња, пажўњишгарон, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ДҶТИБКСМ, ДДОТ, ташкилотњои љамъиятї, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Дар мизи мудаввар масъалаҳои зерин баррасӣ шуданд:

1.     Масъалаҳои назариявии татбиқи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Роҳу усулҳои истифодаи таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар татбиқи таҳсилоти фарогир  дар шароити Тоҷикистон;

3.  Таҳлили имконият ва монеаҳо дар ҷалби кӯдакони имконияташон  маҳдуд ба таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ;

4.   Масъалаҳои касбомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани шахсони имконияташон маҳдуд;

5.       Нақши ташкилотҳои ҷамъиятӣ  дар татбиқи таҳсилоти фарогир;

6.       Масъалаҳои дигари марбут ба таҳсилоти кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд.

Чорабинї бо суханронии ифтитоњии ноиби  президенти АТТ, академик Каримова И.Х., муовини директори ПРМ, номзади илмҳои педагогӣ Туронов С. ва ҳамоҳангсози барномаи таҳсилоти умумии  ИҶК–БМ Ќобилова Г. оѓоз гардид.

Дар доираи масъалањои мавриди назар мутахассисони соња дар њузури иштирокчиён маърўзањо пешнињод намудаанд. Аз ҷумла,  Каримова И.Х., д.и.п., профессор, академики АТТ дар мавзўи “Таҳлили қонунгузории ҷорӣ оид ба татбиқи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Байзоев А. - ходими калони калони илмии ПРМ ба номи Абдураҳмони Ҷомї, номзади илмҳои филология дар мавзўи “Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар татбиқи таҳсилоти фарогир дар шароити Тоҷикистон” ва Қодиров Ш.-директори ташкилоти љамъиятии “Иқтисод ва маориф” номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои  маблағгузории таҳсилоти фарогир” маърўза  намуданд.

Дар музокира ва муҳокимаҳо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ДҶТИБКСМ, ДДОТ, ташкилотњои љамъиятї, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, доктори илмҳои педагогӣ Маҷидова Б., Раиси ТҶ “Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ НуъмоновТ., роҳбарони Ассотсиатсияҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд Ҳакимзода С. ва Набиева С., кормандони ПРМ Давлатшоев И. ва Тошбоева З. ва дигарон фаъолона ширкат варзида, дар баррасии масъалањои марбут ба таҳлили имконият ва монеаҳо дар ҷалби кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таҳсилоти томактабї ва миёнаи умумї, касбомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани шахсони имконияташон маҳдуд, таҳияи дастурњои методї, омодасозии кадрҳо ва бозомӯзии омӯзгорон ва нақши созмонҳои ҷамъиятӣ дар татбиқи тањсилоти фарогир  фикру андешањои худро баён намудаанд.

Гузориши меҳмонон, баҳсу андешаҳо барои давом додани кор дар ин самт љамоварї гардида, резолютсияи мизи мудаввар ќабул гардид.

 Гузоришро омода намуд – ходими калони илмии ПРМ-и АТТ  Буриев Б, 27.09.2017

 

                                 

 

 

 

Душанбе обсудят проблемы детей с

 

              ограниченными возможностями

  Avesta.Tj | 14.03.2016 | Национальная Коалиция Общественных организаций родителей детей с ограниченными возможностями Республики Таджикистан (в составе –32 организаций по Республике) - 18 марта проводит Пресс – конференцию на тему: «Положение детей с ограниченными возможностями в РТ».

 Пресс – конференция проводится в рамках проекта: "Объединение усилий членов Коалиции с целью обеспечения устойчивого продвижения инклюзии для детей с инвалидностью" при поддержке Сетевой программы поддержки образования и отделения Международной организации Института "Открытое Общество" Фонда Содействия в Таджикистане.

 На мероприятии, которое состоится в Исмаилитском центре в Душанбе, примут участие представители государственных структур, международных организаций и общественных организаций сферы здравоохранения, социальной защиты и образования.

 Целью мероприятия является привлечение внимания общества к проблемам детей с особыми потребностями и пути их решения.

 Развитие устойчивого сотрудничества между партнерскими общественными организациями и гос. учреждениями различного профиля, для улучшения социальных, реабилитационных и образовательных услуг для детей с особыми потребностями на уровне сообщества.

 Содействие в объединении родителей и специалистов в РТ для укрепления партнерских связей между общественными родительскими организациями и государственными учреждениями.

 Содействие в укреплении межведомственного и междисциплинарного подхода к реабилитации, обучению и социализации детей с инвалидностью для достижения полной инклюзии!

 Представителям СМИ представится уникальная возможность напрямую задать вопросы по актуальным проблемам, связанным с защитой прав людей с особыми потребностями, получить подробную информацию о статистических данных, о состоянии инклюзивного образования и положения детей в целом в РТ/

 Таҳсилоти фарогир дар Гурҷистон

10 Декабр 2015

Ба Гурҷистон ва пойтахти он шаҳри Тифлис ҳанӯз дар синфи нуҳум таҳсил доштанам (соли 1979) сафар карда будам. Сафари дувумам ба ин кишвар баъди 36 сол сурат гирифт, ки тафовути зиёдеро дар мавриди пешрафти ин кишвар мушоҳида кардам.

Мисли пешин сафари имсола низ аз боздид ва гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи назди ҳайкали асосгузори Тифлис Вахтанг Горгасели, ки дар шафати дарёи Кура қомат афрохта аст, оғоз ёфт.

Шиносоӣ бо низоми таҳсилоти фарогир  (инклюзивӣ) дар Ҷумҳурии Гурҷистон, ки аз 2 то 5 ноябри соли ҷорӣ сурат гирифт, хеле судманд ва шавқовар буд.  Дар ҳайати гурӯҳи корӣ,  ки масъули он  дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон буд, мутахассисони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат ва шуғли аҳоливу коршиносони дигари кишварамон ворид буданд.

Шиносоӣ бо муассисаҳои таълимӣ, ки таҳсилоти фарогирро амалӣ менамоянд, нишон дод, ки ба ин самт дар Гурҷистон диққати ҳамаҷониба дода мешавад. Пеш аз ҳама, заминаи ҳуқуқии соҳа тавассути қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ин бора ба мо роҳбари Департаменти барномаҳои миллии таълимии Вазорати маориф ва илми Гурҷистон Натия Чокатзе маълумот дод.

Дар Гурҷистон лоиҳаҳои қонунҳо «Дар бораи таҳсилоти томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти касбӣ» (дар таҳрири нав)  дар баррасии Парлумони кишвар мебошанд,  ки дар онҳо ба таҳсилоти фарогир қисматҳои махсус бахшида шудааст.

Заминаи ҳуқуқии таҳсилотро дар Гурҷистон қонунҳо ”Дар бораи таҳсилоти касбӣ”,”Дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ” (соли 2005) ва даҳҳо санадҳои ҳуқуқии  дигари соҳа ба танзим медарорад.  Дар Гурҷистон ислоҳоти соҳаи маориф дар мисоли низоми аврупоиву амрикоӣ амалӣ мешавад,  ҳарчанд дар он нишонаҳои низоми шӯравӣ то ҳол побарҷоянд.

Низоми идоракунии таълиму тарбияи томактабӣ, аз соли 2006 баъди ислоҳот ғайримарказонида  шуда, то ҳол пурра дар ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта танзими умумимиллии соҳаро  мушкил гардонидааст. Бо қабул намудани қонуни нави ин соҳа ба андешаи мутахассисони соҳаи маорифи кишвар  ин мушкилот бартараф хоҳад гашт. Соҳаи таълиму тарбияи томактабӣ на бо тариқи маблағгузории ваучерӣ,  балки бо тариқи маъмулӣ маблағгузорӣ мегардад.

Ҳар як мактаб шахси мустақили ҳуқуқӣ буда, суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ дорад. Мактаб метавонад аз сарчашмаҳои гуногун даромади иловагии пулӣ-молӣ низ ба даст оварад.

Дар Гурҷистон 2850  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ   фаъолият менамояд ва шумораи умумии хонандагони ба таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ)  5000 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

200 мактаби хусусии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳоли фаъолиятанд. Агар хонанда ин гуна муассисаро ҳам барои таҳсил интихоб намояд, пас он низ аз ҳисоби ваучери хонанда маблағгузорӣ карда мешавад, яъне маҳдудият дар маблағгузорӣ байни мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ дида намешавад.

Аз рӯи маълумоти расмӣ ҳар сол мактабҳои Гурҷистонро зиёда аз 50000 нафар хатм намуда, наздик ба 40000 нафар барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвар ҳуҷҷат месупоранд. Аз ин шумора наздик ба 30000 нафар дохил мешаванд. Таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ,  хусусиятҳои хоси худашро дорад. Кӯдакон дар Гурҷистон  аз 6-солагӣ ба мактаб фаро гирифта шуда, 12 сол дар се зина таҳсил мекунанд: ибтидоӣ - 6 сол, асосӣ  -3 сол ва  миёна - 3 сол.

Низоми  даҳбаллаи баҳо-гузорӣ  роҳандозӣ гардида, баъди хатми синфи нуҳум  ба таълимгиранда ҳуҷҷат дар бораи хатми бомуваффақияти мактаби асосӣ дода мешавад. Пас аз се соли таҳсил шаҳодатнома дар бораи хатми таҳсилоти пурраи миёнаи умумӣ дода мешавад.

Забони хориҷӣ дар мактаб, асосан забони англисӣ буда, аз синфи якум таълим дода мешавад. Аз синфи панҷум хонандагон аз руӣ интихоб ба омӯзиши забони дувуми хориҷӣ, маъмулан забонҳои русӣ, олмонӣ, хитоӣ оғоз менамоянд.Таълими забони сеюми хориҷӣ ҳамчунин, аз рӯи  интихоби хонанда аз синфи даҳум ибтидо мегирад.

Дар муассисаҳое, ки таҳсилоти фарогир дар онҳо амалӣ мешавад, дар Гурҷистон кам нестанд. Мактаби №64-и  шаҳри Тифлис яке аз онҳост. Мактаб ба гурӯҳи бачагони шунавоияшон суст таълим медиҳад. Аз шиносоӣ бо вазъи таълим ва суҳбат бо омӯзгорони ин муассиса маълум гардид, ки дар аввал коллективи омӯзгорони мактаб барои пешбурди таҳсилоти фарогир шавқманд набуданд. Чунки пешбурди ин фаъолият бар дӯши муассиса ва ҳайати омӯзгорон сарбории иловагиро пеш оварда, волидайн ҳам мухолифи бо ин хонандагон якҷоя таҳсил гирифтани фарзандонашон буданд.

Баъд аз он ки давлат маблағгузории алоҳида ва барномаҳои махсуси таълимиро барои таҳсилоти фарогир роҳандозӣ намуд, фаъолият дар ин самт ранги дигар гирифт.

Дар мактаби №60-и шаҳри Тифлис 1905 нафар  хонанда дар синфҳои 1-12 таҳсил менамоянд, ки 33 нафарашон хонандагони эҳтиёҷманд ба таҳсилоти махсусанд. Вобаста ба таҳсилоти фарогир бо пешниҳоди мактаб гурӯҳи махсус дар назди Вазорати маориф ва илм таъсис ёфтааст, ки ба он мутахассисони варзидаи соҳа шомиланд. Бо тавсияи ин гурӯҳ мактаб барои ба таълими фарогир ҷалб намудани хонандагони ниёзманд шароит фароҳам меорад. Барои ҳар як хонандаи таҳсилоти фарогир  нақшаи таълимии алоҳида тартиб дода мешавад. Дар таҳияи ин нақша ва ҳуҷҷатҳои дигар омӯзгорон ва волидайн  бевосита иштирок менамоянд. Фаъолияти хонандагоне, ки як сол таҳсил гирифтанд, дар оғози соли нави таҳсил аз лиҳози ҳазми нақшаву  барномаҳои таълимӣ баҳогузорӣ гардида, бо иштироки волидон ва омӯзгорон муҳокима мешаванд, пешрафт ва қафомонии ҳар як хонанда муайян карда мешавад. Ин амалҳо аз ҷониби гурӯҳи мактабӣ, ки барои ҳамин гуна хонандагон дар мактаб ташкил гардидааст, ба иҷро мерасад.

Маълумоти зарурӣ оид ба ҳазми барномаҳои таълимӣ, фаъолнокии чунин хонандагон, пешравию  муваффақияти онҳо  ва ғайра алоҳида ҷамъоварӣ ва нигоҳ дошта мешавад. Ин маълумот  барои омӯзгорони ба онҳо таълимдиҳанда маводи ёрирасон мебошанд. Яъне омӯзгорон онҳоро омӯхта дар асоси онҳо барномаҳои инфиродии таълимӣ таҳия намуда, пеш аз соли хониш (се ҳафта пеш) аз ҷониби директори мактаб тасдиқ карда мешаванд.

Аз омӯзиши амалӣ ва шиносоӣ бо соҳаи маорифи Гурҷистон, ки бароямон хеле мароқовар буд, мехоҳам ду хусусияти дигарро қайд намоям. Ин ҳам бошад, тартиби интихоби роҳбарони мактабҳо ва такмили ихтисосу бозомӯзии кормандони соҳа мебошад.  Директорони мактабҳо дар Гурҷистон на ба таври таъинотӣ, балки ба таври  интихобӣ муайян мегардад. Вазорати маориф ва илм ҳар як номзад ба  вазифаи директории мактабро аз суҳбати Шӯрои нозирон, ки аз миқдори баробари омӯзгорон ва волидон (дар мактаби №60-и Тифлис ин миқдор 6 - нафариро ташкил менамояд)  ва 1 - нафарӣ хонанда ва намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ташкил мегардад, мегузаронад. Бе тавсияи Вазорати маориф ва илм директори мактаб наметавонад интихоб гардад. Ба вазифаи директор асосан, шахсони қобилиятнок, ботаҷриба ва аз курсҳои такмили ихтисос гузашта тавсия мегарданд.

Дар бораи маркази ресурсии таълими Вазорати маориф ва илми Гурҷистон ҳаминро бояд гуфт, ки фаъолияти он монанд ба  Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Тоҷикистон мебошад, вале шаклан ва мазмунан фаъолияти ин марказ ба низоми таҳсилоти аврупоӣ монанд буда, кормандонаш такмили ихтисоси худро дар кишварҳои Аврупо мегузаронанд.

Омӯзгорони Гурҷистон пас аз гузаштани ин курсҳо ва гирифтани шаҳодатнома ҳуқуқи аз як категорияи тахассусӣ ба категорияи навбатӣ гузаштанро пайдо менамоянд. Дар доираи ислоҳоти гузаронидашуда баъди соли 2014 ҳар як омӯзгор  бояд ҳар ҳафт сол аз аттестатсияи ҳатмӣ гузарад.

Дар барномаи атестатсия санҷиш аз маҳорати касбӣ ва донишҳои компютериву забони англисӣ вориданд.  Маоши омӯзгорони муваффақ, яъне аз санҷиш гузашта, боло бардошта мешавад. Омӯзгорони донандаи забони англисӣ метавонанд дар кишварҳои хориҷӣ аз қабили Британияи Кабир, Швейтсария коромӯзӣ намоянд.

Таҷрибаи соҳаи маорифи Гурҷистон бахусус, таҳсилоти фарогир дар ин кишвар боиси омӯзиш буда, пешравиҳои ба худ хосро дорост.

Натиҷаҳои асосии сафари омӯзишӣ барои мо имкон медиҳанд, ки чун узви гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси маорифи Тоҷикистон як боби алоҳидаро вобаста ба таҳсилоти фарогир дар ин санади қонунгузорӣ барои воридот пешниҳод намоем ё бештар аз он барои баррасӣ ва муҳокима лоиҳаи Қонуни мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти фарогир»-ро таҳия намоем.

Нурулло ОҚИЛЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ

                Маъюбон: Мо гуногун, вале баробарем

Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар ҷумҳурӣ як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд. Рӯзи байналмиллалии маъюбон дар шаҳри Душанбе нахуст бо ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли роҳравакҳо (ходунок) дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Намоиши маводи омода намудаи шахсони имконияташон маҳдуд низ дар ин коргоҳ дар назар аст.
 3-юми декабр дар Муассисаи давлатии «Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. 
Тибқи иттилои раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Асадулло Зикрихудоев дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва намояндагони Ташкилоти байналмилалии «Салиби сурх» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷуҳ мешавад, ки  дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Дар барномаи фароғатӣ ҳунармандоне, ки дорои имконияти маҳдуданд, баромад мекунанд.
Чорабинӣ бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» роҳандозӣ гардидааст. Ин ташкилот аз ташкилоти калонтарини маъюбон буда, фаъолияти хешро баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон равона намудааст. 

 Роль языка жестов в обучении и воспитании глухих детей обсудят в районе Рудаки

 Avesta.Tj | 19.11.2015 | Круглый стол на тему «Роль языка жестов в обучении и воспитании глухих детей» пройдет 25 ноября текущего года в республиканской школе-интернате глухих детей в районе Рудаки.

 Инициаторами мероприятия являются общественная организация «Глухих детей» РТ совместно с национальным объединением глухих страны при поддержке министерства образования и науки.

 В мероприятии примут участие представители Минобрнауки, национального объединения глухих, министерства здравоохранения и социальной защиты населения, министерства труда, миграции и занятости населения, комитета по языку и терминологии, общественных и международных организаций.

 Также ожидается участие специалистов из Австралии и России. Цель круглого стола – улучшение ситуации с обучением жестовому языку и обсуждение последующих шагов для придания определенного статуса языку жестов.

 Вохӯрӣ бо занони маъюб ҷиҳатии ҳалли мушкили онҳо

 
 Душанбе, 1.04.2015.(АМИТ  «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода 31 март дар Ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюб «Иштирок» бо занони маъюб вохӯрд.

Дар вохӯрӣ раиси Ташкилоти ҷамъиятии созмони занони маъюб «Иштирок» Саида Иноятова дар бораи рӯзгору зиндагии занони маъюб сухан кард.

Раиси кумита Махфират Хидирзода барои ташкили вохӯрӣ ба  аъзои ассотсиатсия изҳори сипос намуда, иродаи қавии  занҳои маъюбро таҳсин кард, зеро онҳо руҳафтода нашуда, барои  зиндагии арзанда мубориза мебаранд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ин занҳо на танҳо касбҳои гуногунро омӯхтаанд, балки соҳиби маълумоти олӣ ҳастанд.

Фарида Алибахшова, роҳбари Маркази иттилоотӣ-захиравӣ инклюзияи ВМКБ афзуд, ки барои маъюбон омӯзиш ва дарёфти шуғл зарур аст. Бинобар ин бояд дар вилоят маркази омӯзишӣ барои маъюбон таъсис дода шавад.

                                              Хуҷанд: Тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба эҳтиёҷмандон

    Хуҷанд, 16.02.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Роҳбари маркази матбуоти роҳбари шаҳри Хуҷанд  Маҳмудҷон Дадобоев ба хабарнигори  АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, ки  самти асосии мақомоти шаҳр дар раванди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хосатан маъюбон- ин таъмин намудани онҳо бо лавозимоти аввалиндараҷа, аз ҷумла бо аробачаҳои маъюбӣ ба ҳисоб меравад.

Ба гуфти манбаъ, шуруъ аз оғози соли равон 5 нафар сокини шаҳри Хуҷанд бинобар маҳдудияти имконияташон барои дастрасӣ ба аробачаи маъюбӣ ба раиси шаҳри Хуҷанд мурочиат намуданд.

Дирӯз тибқи дастури шаҳрдор Раҷаббой Аҳмадзода, аз ҷониби масъулини мақомоти маҳаллӣ шахсони эҳтиёҷманд аёдат гардида, ба онҳо аробачаи маъюбӣ супорида шуданд.

  

Кумаки Ҷопон ба Тоҷикистон дар рушди таҳсилоти фарогир

 Ассосиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон (АКД Ҷопон) санаи 24 ва 27 октябри соли ҷорӣ дар мактабҳои №28 ва №72-и шаҳри Душанбе маросими анҷомрасии фазаи якуми лоиҳаи таҳсилоти фарогирро ба итмом расонд.

  Тавре аз АКД Ҷопон хабар доданд, лоиҳаи мазкур санаи 29 январи соли 2014 оғоз ёфта, аз тарафи ҳукумати Ҷопон бо ҳаҷми қариб 330 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Ин яке аз се яки фазаи лоиҳаи таҳсилоти фарогир буд, ки АКД Ҷопон инро амалӣ намуд.

Дар ин маросим намояндагони сафорати Ҷопон, Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе, шубаи маорифи ноҳия Фирдавсӣ, волидон, муаллимон ва талабагон ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, АКД Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар доираи “Консепсияи Таҳсилоти Фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд аз 2011 то 2015” дар кӯшишҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакгар бошад. Лоиҳаи мазкур ду бахшро дарбар мегирад. Сараввал, барқарор намудани бинои мактаб, баъдан таъмин намудани таҷҳизотҳо. АКД барои кӯдакони маъюб якчанд корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла: роҳраваки аробачаи маъюбӣ, дастқапакҳо, таъмири ҳоҷатхонаҳоро барои дастраси амалӣ намуд. Илова бар ин, маводҳои таълимӣ, таҷҳизотҳои сафедкунӣ (риаблитатсионӣ) ва таҷҳизотҳои ёрирасон низ барои синфхонаи мутобиқгардонӣ дар ду мактаб таъмин гардид.

Қисми дуюми лоиҳа аз пуркувват намудани кадро оиди таҳсилоти фарогир иборат аст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ Рушди Инклюзивӣ ва ИРОДА, АКД Ҷопон 4 тренинги омӯзиширо барои 108 омӯзгорон ва кормандои ташкилотҳои маҳаллиӣ дар 58 мактабҳои гуногуни шаҳри Душанбе амалӣ намуд. Илова бар ин, барои омӯзгорон ва талабагон машваратдиҳӣ ва фаъолиятҳои хабардоркунӣ низ таъмин гардонида шуд. Инчунин, чор нафар намояндаҳои ҳамкорон аз мактабҳо ва ташкилотҳо ба Ҷопон барои омӯзиш оид ба ташабуси Ҷопон дар соҳаи маориф нисбати талабагони маъюб фиристонида шуд.

   

Ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон

  Кӯлоб, 24 декабр. (АМИТ "Ховар", Ф.Мадаминов).- Ба иттилои роҳбари Маркази тавонобахшии ҷамъияти маъюбони шаҳри Кӯлоб "Заршедабону" Қаламниссо Абдуқаюмова бо дастгирии ташкилотҳои байналмиллалии "Наҷоти кӯдакон", "Оксфам", ҷамъияти маъюбони ҷумҳуриявӣ ва ҳукумати шаҳри Кӯлоб рӯзи 26 декабр дар маркази мазкур ҷамъомади солинавӣ доир мешавад.
Чорабинии мазкур аз қисматҳои гуногуни варзишӣ, фархангӣ ва фароғатӣ иборат мебошад. Кормандони марказ ба маъюбон туҳфаҳои солинавӣ тақдим мекунанд. Ин амал баҳри дилбардории маъюбон ва дар амал татбиқ намудани ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳандозӣ мегардад.

 «Таҳсилоти фарогир: мушкилот ва ҷустуҷўи роҳҳои ҳал»-конфронс

Душанбе, 21 ноябр. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода).- Имрўз бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода»-Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар шарикӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсади асосии конфронс аз омўхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо,фурсати баррасӣ намудани принсипҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳод намудани имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишоф додани иқтидор барои ҳамаи кўдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст. Дар конфронс мушкилот ва имкониятҳои эҳтимолӣ барои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷа, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот, хадамоти иҷтимоӣ ва дастгирии психологӣ–тиббӣ-педагогӣ, бартараф намудани монеаҳову муҳайё сохтани шароити ҷавобгў ба ниёзҳои кўдакони дорои талаботи махсуси таҳсилӣ тавассути такмили заминаи қонунгузорӣ, системаи тайёр намудани муаллимон ва мутахассисон,таҳияи бархурдҳои нави илмӣ ва базаи таълимию методӣ,баланд бардоштани огоҳӣ дар байни аҳолӣ баррасӣ шуд.
Барои иштирок дар конфронс 70 нафар иштироккунанда, аз ҷумла намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,вазоратҳо,мақомоти худидораи маҳаллӣ,созмонҳои ҷамъиятӣ,машваратҳои психологӣ-тиббӣ –педагогӣ,созмонҳои байналмилалӣ,мактабҳои таҳсилоти олӣ,муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ даъват шуданд.
 

 Рушди таҳсилоти инклюзивӣ дар Тоҷикистон

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).

- Дирӯз дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳти унвони «Маблағгузории таҳсилоти инклюзивӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва имконот» мизи мудаввар баргузор гардид. Ин мизи мудаввар бо ибтикори Ташкилоти «Набз» (НПО «Пульс») ва дастгирии Институти ҷамъияти кушода доир шуд. Дар ҷамъомад президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова зикр намуд, ки масъалаҳои таҳсилоти инклюзивӣ диққати махсусро талаб мекунад ва дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Қабули як қатор қонунҳо, Консепсияи таҳсилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, нашри китобҳо, кушодашавии Маркази таҳсилоти инклюзивӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, баргузории конфронси байналмилалӣ бо даъвати мутахассисони пешбар аз Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷумлаи онҳост .

 Консепсияи миллии тањсилоти фарогир (инклюзивї) барои кўдакони имконияташон мањдуд дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015