ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

 
Хуҷанд: «Нест бод нашъамандӣ, мо ҷонибдори тарзи ҳаёти солимем»

Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-30 ноябр дар Қасри ҷавонони маркази шаҳри Хуҷанд  чорабинӣ бахшида ба Рӯзи мубориза бо СПИД доир гардид. 
Ҳамоиш ҷамъбасти иқдоме буд, ки вобаста ба ин сана аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва шаҳри Хуҷанд дар ҳамдастӣ бо шуъбаи маориф ва тандурустии шаҳри Хуҷанд таҳти унвони «Нест бод нашъамандӣ, мо ҷонибдори тарзи ҳаёти солим ҳастем» тӯли 2 ҳафта дар Хуҷанд доир гардид. 
Дар чорабинӣ озмуни расмкашӣ ва газетаи деворӣ, ки дар мактабҳои миёна ва олии вилоят доир гардид,  ҷамъбаст шуд.  Ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ ва дипломҳо сарфароз гардиданд. 
Дар тӯли 10 рӯз дар доираи ин чорабинӣ дар тамоми мактабҳои варзишии шаҳри Хуҷанд аз рӯи 10 намуд мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. 
Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ анҷом ёфт. 

 Маъюбон: Мо гуногун, вале баробарем

Душанбе, 1.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамасола 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад. Бахшида ба ин сана дар ҷумҳурӣ як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ доир мешаванд. Рӯзи байналмиллалии маъюбон дар шаҳри Душанбе нахуст бо ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли роҳравакҳо (ходунок) дар Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Намоиши маводи омода намудаи шахсони имконияташон маҳдуд низ дар ин коргоҳ дар назар аст.
 3-юми декабр дар Муассисаи давлатии «Театри драмавии ба номи А. Лоҳутӣ» чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. 
Тибқи иттилои раиси Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» Асадулло Зикрихудоев дар чорабинӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раиси Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва намояндагони Ташкилоти байналмилалии «Салиби сурх» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷуҳ мешавад, ки  дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Дар барномаи фароғатӣ ҳунармандоне, ки дорои имконияти маҳдуданд, баромад мекунанд.
Чорабинӣ бо ибтикори Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» роҳандозӣ гардидааст. Ин ташкилот аз ташкилоти калонтарини маъюбон буда, фаъолияти хешро баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои маъюбон равона намудааст. 

 З. Нурляминова: Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем сатҳи бемории ВНМО-ро паст кунем

Душанбе, 01.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ҳамасола 1-уми декабр ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад. Вобаста ба ин сана ва масоили марбут ба он хабарнигори АМИТ «Ховар» бо Зӯҳро Нурляминова, мудири шуъбаи назорати диспансерии Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаш мекунем:

«Ховар»: Ҳамчун мутахассиси соҳа мегуфтед, ки бемории Вируси норасоии масунияти одам чӣ гуна беморӣ аст ва он бо  кадом роҳҳо метавонад аз шахси бемор ба нафари солим сироят кунад?

З. Нурляминова: Аз соли 1987-ум дар тамоми дунё 1-уми декабр ҳамчун рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО таҷлил мешавад ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин рӯзро ҳамасола таҷлил менамояд. Бемории Вируси норасоии масунияти одам ин бемории музмин буда, танҳо аз шахси сироятшуда ба одами солим мегузарад. Имрӯз мутахассисон 3 роҳи гузариши ин бемориро муайян кардаанд, ки роҳи аввал-ин истифода бурдани сӯзандоруҳои яккаратаи тамъизнашуда ва инчунин бо роҳи иваз кардани узвҳои одам шахс метавонад ба ин беморӣ гирифтор шавад.

Дуюм роҳи гирифтор шудан ба ин беморӣ алоқаи ҷинсӣ мебошад, яъне алоқаҳои ҷинсии беҳимоя метавонад сабаби асосии гирифторӣ ба ин беморӣ гардад. Агар дар соли 2008 гирифторони ин беморӣ  аз тариқи алоқаи ҷинсӣ 10%- ро нишон медод, имрӯз он  44%-ро ташкил медиҳад.

Сеюм роҳи гузариш аз модари сироятшудаи ин вирус ба тифл ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва синамаконӣ метавонад гузарад.

ВНМО бо роҳи даст фишурдан, дар як табақ хӯрок хӯрдан, ба оғӯш гирифтан ва муошират  намегузарад.

«Ховар»:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз ин беморӣ чӣ чораҳо андешида истодааст?

З. Нурляминова: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр корҳои тарғиботиву назоратӣ ва табобатиро ба роҳ модааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди ин соҳа Барномаи миллӣ барои солҳои 2011-2015 амал мекард ва имрӯз низ гурӯҳи корӣ барномаи нави ВНМО-ро барои солҳои 2016-2020 омода намуда истодааст. Ғайр аз ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ бисёр фармоишҳоро ба имзо расонидаанд, ки фармоиш «оид ба хизматрасонии табобатӣ ба беморон», фармоиш «доир ба пешгирии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак» аз ҷумлаи инҳо мебошанд. Ҳамчунин бахшида ба рӯзи мубориза зидди ВНМО Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам дар мактабҳои миёна, макотиби олӣ,  Коллеҷи тиббӣ, Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳо гузаронида истодаанд ва бобати додани иттилооти зарурӣ муттахассисон сафарбар шудаанд.

«Ховар»:  Мегуфтед, ки шумораи гирифторони бемории ВНМО имрӯз чӣ қадар аст ва дар муқоиса бо солҳои гузашта шумораи беморон афзуда ё ин ки коҳиш ёфтааст?

З. Нурляминова: Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 бемории ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҳамон сол сар карда, то имрӯз шумораи сироятшудагон 7402 нафарро ташкил медиҳад, аз инҳо 2300 нафарашон занон, ки 32%- ро ташкил медиҳанд ва 5101 нафарашон мардон мебошанд.  Дар  12 моҳи соли 2014 аз бемории вируси норасоии масунияти одам  1008 нафар  ба қайд гирифта шуд ва дар 9- моҳи соли 2015 844 сироятшудагон дар Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ба қайд гирифта шуда, аз ташхис гузаштанд.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо гирифторони бемории ин вирус ба қайд гирифта мешаванд ва аз нишондодҳо маълум гардид, ки шумораи гирифторони ВНМО дар шаҳри Душанбе назар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд ба чашм мерасанд. Аз рӯи нишондоди омор дар шаҳри Душанбе 2248 нафар, вилояти Суғд 1472, вилояти Хатлон 1816, вилояти Бадахшон 465 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1401 нафар сироятшудагон ба қайд гирифта шудаанд, аз инҳо 44,9% ба тариқи алоқаи ҷинсӣ, 45,4 % бо роҳи тазриқӣ ва 5,3% аз модар ба кӯдак сироятшудаанд.

«Ховар»:  Қисми осебпазири гирифторони ин бемориро киҳо ташкил медиҳанд?

З. Нурляминова: Аз рӯи оморе, ки дар даст дорем, шахсони осебпазир ҳамон нафароне ҳастанд, ки моддаҳои нашъаоварро ба таври тазриқӣ истифода мекунанд ва кормандони шаҳвати тиҷоратиянд ва ба инҳо заноне дохил мешаванд, ки ҳамхобаҳои худро тез- тез иваз мекунанд. Ин гурӯҳҳо нафароне мебошанд, ки хатари сирояти ВНМО дар инҳо бениҳоят зиёд аст.

«Ховар»:  Чӣ тавр имрӯз ҷавононро аз ин вабо бояд эмин нигоҳ дошт ва  чӣ тадбирҳо бояд андешид?

З. Нурляминова: Ман ҳамчун мутахассис пешниҳод мекунам, ки пеш аз ҳама, сатҳи иттилоотнокии ҷавонон  бояд дар ин самт хеле баланд бошад, зеро на ҳама доир ба бемории вируси норасоии масунияти одам  маълумоти мукаммал доранд. Нафарони солим фикр мекунанд, ки ин беморӣ ба онҳо зарар надорад, ин андеша куллан хато аст. Бояд ҳар яки мову шумо  андеша кунем, ки дар ҳолати эхтиёт нашудан ин вабо метавонад домангири мо низ шавад. Имрӯз, пеш аз ҳама, лозим меояд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон зиёд ба роҳ монд. Ҳамчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 41 маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО фаъолият мекунад, ки  ҳар як шахс метавонад ба ин марказҳо муроҷиат намояд ва маълумоти лозимиро доир ба ин беморӣ дастрас кунад.

«Ховар»:  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  гирифторони бемории ВНМО чӣ шароит фароҳам овардааст ва чӣ имтиёз дода мешавад?

З. Нурляминова: Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли 2005 протоколи клиникӣ оид ба табобати бемории ВНМО бо дастгирии гурӯҳи корӣ таҳия шуд ва аз моҳи феврали соли 2006 дар ҷумҳурӣ табобати ВНМО ба тариқи ройгон ба роҳ монда шуд. Ҳар нафаре, ки гирифтори бемории ВНМО аст, метавонад аз ин хизматрасонӣ истифода барад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хазинаи ҷаҳонӣ дорувориҳои зиддивирусӣ ба таври ройгон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд ва ба нафароне, ки хоҳиши табобатро доранд, ройгон тақсим мешаванд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 2828- нафар табобати зиддивирусиро давом дода истодаанд.

«Ховар»:  Шумо гуфта метавонед, ки бемории ВНМО табобатшаванда аст?

З. Нурляминова: Дар аввали солҳои 80- ум дар тамоми ҷаҳон мегуфтанд, ки бемории вируси норасоии масунияти одам бемории табобатнашаванда аст  ва аз ин беморӣ ҳатман мефавтанд. Вале имрӯзҳо дар тамоми курраи замин сатҳи фавт аз ин беморӣ хеле паст шудааст. Яъне, ин ҳама дастовардҳо дар натиҷаи табобати пайваста ба даст омадаанд. Бемории ВНМО агар табобатнашаванда ҳам бошад, ин беморӣ бемории идорашаванда аст. Оморҳои тамоми дунё нишон медиҳанд, ки пешгирии сирояти вируси норасоии масунияти одам аз Вазорати тандурустӣ танҳо 15% вобастагӣ дорад. Яъне, дар айни замон бемории ВНМО ин бемории иҷтимоӣ ҳисоб мешавад ва танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем сатҳи ин бемориро паст кунем.

   Муаррифии «Химияи биологӣ» дар Академияи таҳсилот

 Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 20 майи соли ҷорӣ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби дарсии «Химияи биологӣ» баргузор гардид. Китоби мазкур аз тарафи академик У.Зубайдов ва шогирдони ӯ – олимон Ғ.Бобиев , И. Шарипов, А. Ҳайдаров, Ҳ.Тошев ва С. Алимов ба табъ расидааст. Ҷамъомадро президенти Академияи таҳсилот, академик Ирина Каримова ифтитоҳ намуд. Академик Убайд Зубайдов гуфт, ки китоби мазкур бори аввал бо ҳамин унвон ба забони тоҷикӣ чоп мешавад ва барои доираи васеи хонандагон – омӯзгорон, аспирантон ва унвонҷӯёну донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешниҳод гардидааст. Чунон ки муаллиф зикр намуд, аҳамияи химияи биологӣ барои тиб,
и мазкур бо теъдоди зиёд дастраси хонандагон гардад, кори басо хайре мебуд.

 Cеминари амалӣ аз рўи модули таълимии «Об, санитария ва гигиена» барои омўзгорони синфњои ибтидоии ноњияи Бохтари вилояти Хатлон

Бо ибтикори Академияи тањсилоти Тољикистон ва дастгирии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттањид рўзњои 2-3 юми апрели соли 2013 (1гурўњ-15н.) барои омўзгорони синфњои ибтидоии мактабњои тањсилоти умумии раќамњои 39, 13, 4, 25, 57, 43, 11, 17-и ноњияи Бохтари вилояти Хатлон семинари амалї бо маќсади аз озмоиш гузаронидани модули таълимии «Об, санитария ва гигиена» ва такмили он аз рўи барномаи мушаххас ташкил ва гузаронида шуд. Дар он 15 нафар омўзгорон (1-нафар мутахассиси шуъбаи маориф ва 14-нафар омўзгорони синфњои 1-4) иштирок доштанд.
Аз оѓози тренинг њавасмандии хуби иштирокчиён ба њадафу вазифањои масъалаи мазкур мушоњида гардид. Бо маќсади муайян намудани сатњи донишу фањмиш ва мавќеи омўзгорон дар бораи барномаи мазкур мубоњисаи интерактивї, муњокимаронї гузаронида шуд. Иштирокчиён аз рўи методи инсерт бо модули таълимї мустаќилона шинос шуда, андешањои хешро оид ба њифзи об ва роњњои тоза нигоњ доштани он, тозагии гирду атроф ва муњимияти он, мафњуми бењдошти шахсї ва фаъолиятњои пешбинишуда изњор намуда, модули мазкурро њаматарафа дастгирї намуданд.
Тренерон рўзи якум љараёни омўзишро бо истифодаи усулњои интерактивї (муњокимаи умумї, њуљуми зењнї, лексияњои хурд, корњои љуфтї, гурўњї, бозињои наќшї, таълимї ва ѓ.) ба роњ монда, барои аз худ кардани фаъолиятњои асосї «Тањияи луѓати барномаи «Об, санитария ва гигиена»» ва «Шиносої. Муњити солим» барои синфи 1 мусоидат намуданд.
Рўзи дуюм аз гузаронидани машќи психологї ва натиљагирии рўзи якум оѓоз ёфт. Муаллимон дар шогирдон тарбия намудани одату малакањои зарурии њаётиро зарур шуморида, иштироки худро дар амалї гардонидани маќсаду вазифањои барномаи номбурда ќайд намуданд. Баъдан омўзгорон атрофи масъалањои нигоњ доштани тозагии муњити атрофу пайдоиши манбаъњои ифлосї, фаъолиятњои синфњои 1 «Дастшўї», синфи 2 «Ѓизои бемикроб», синфи 3 «Фањмидани масъалањои бењдошт ва сабабњои он» ва синфи 4 «Исњолро чї гуна пешгирї кард?» ва роњњои фањмондадињии онњо ба хонандагон мубодилаи афкор карданд. Њамаи машѓулиятњо бо истифодаи аёнияту маводи дар модул пешбинишуда сурат гирифтанд. Иштирокчиён ба моњияти мавзўъњо дуруст сарфањм рафта, аксарияти онњо ќобилияти хуби фикрронї доштанд. Инчунин, фаъолияти «Арзёбии нињої» доир гашт, ки маќсади ќиёс кардану бањодињї ба ибтидо ва анљоми барнома ва натиљагирї дошт.
Арзёбии модули таълимии зикршуда аз тарафи иштирокчиён чунин сурат гирифт:
• Фаъолиятњо ба синну сол, ќобилияти дарккунии хонандагон мувофиќ буда, ќобили дастгирї мебошанд.
• Мехоњем, ки мавзўъњои мазкур ба наќшањои тарбиявї ворид карда шаванд, то ки кўдакон бисёртар маълумот дошта бошанд.
• Дар баробари наќшаи фаъолиятњо аёниятњо, воситањои техникї (дискњо) низ дастрас шаванд.
• Љалб намудани волидайнро барои татбиќи он зарур мешуморем.
• Модули таълимї пурра ба талаботи имрўза љавобгў аст.
• Оид ба пешгирии беморињо аёниятњо, расмњои ранга, буклету албомњо ва дискњо тайёр карда шавад.
• Мувофиќи мазмун ворид намудани њикояю шеърњои њаљвї, зарбулмасалу чистонњо.
• Ба барномањои таълимии синфњои 1-4 дохил карда шаванд.
Аз натиљаи нињоии семинарии амалї маълум шуд, ки омўзгорони мактабњои тањсилоти умумии н. Бохтар масъалањои мазкурро хуб аз худ карданд, дуруст арзёбї карданд ва боварї дорем, ки дар њаллу пешгирии масъалањои мазкур дар доираи синфу мактаб, оила ва љомеа сањми арзанда мегузоранд.

Тренерон: Т. Девоншоева ,З. Абдурањмонова

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку

Бо мақсади ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ намудани таъсири омилҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, инчунин танзими муомилоти маҳсулоти тамоку ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” фармон медиҳам:
1. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши маҳсулоти тамоку дар асоси иҷозатнома ба роҳ монда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад;
- барои ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо таклиф пешниҳод намояд;
- санадҳои худро ба Фармони мазкур мутобиқ намояд.
3. Фармони мазкур аз 1 апрели соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
28 январи соли 2013
№1401
 Иттилоия барои ахбори умум
(Пресс - релиз)

Академияи тањсилоти Тољикистон мувофиќи наќшаи чорабинињои Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон љињати татбиќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 январи соли 2006, дар барои тасдиќи «Барномаи давлатии тарзи њаёти солим дар Љумњурии Тољикистон» дар якљоягї бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттањид дар Тољикистон ба таърихи 6 феврали соли 2013 маросими кушодашавии Маркази тарзи њаёти солимро ба наќша гирифтааст. Марказ бо дастгирии молиявии хазинаи номбурда бо як ќатор васоити кориву идорї таъмин гардида, дар он маводи зарурии ба ин мавзўъ алоќаманд таъмин карда шудааст.
Ќобили зикр аст, ки масъалаи мазкур њанўз аз солњои аввали соњибистиќлоли кишвар таваљљўњи роњбарияти Вазорати маориф ва Академияи тањсилоти Тољикистонро ба худ љалб намудааст.
Дар чорабинии мазкур иштироки намояндагони мутахассисони варзидаи соња аз Љумњурии Тољикистон ва созмонњои байналмилалї дар назар аст.
Маќсади асосии чорабинї омўзиш ва табодули назар оид ба модули таълимии барномаи «Об, санитария ва гигиена дар мактабњо» барои синфњои 1-4, таљриба дар њалли масоили тањсилоти фарогир на танњо дар миќёси кишварњои Осиёи Марказї, балки имкони татбиќи таљрибаи пешќадами фазои байналмилалї мањсуб меёбад.
Тартиби баргузории чорабинї дар шакли маросими кушодашавии марказ шиносої ва тадбирњои то имрўз дар ин самт анљомёфта ба наќша гирифта шудааст. Шумораи умумии иштирокчиён беш аз 40 нафар аст.
Њадаф ва зарурати баргузории чорабинї:
Таваљљўњи њамешагии Њукумати Тољикистон бавижа Президенти мамлакат, муњтарам Эмомалї Рањмон дар вохўрї бо зиёиён, занону модарон ва љавонон борњо таъкид месозанд, ки нисбат ба таълиму тарбия, тарзи њаёти солим ва ба камол расонидани љавонону наврасони њамаљониба обутобёфта таваљљўњи њамешагї мебояд.
Аз ин рў, масъалаи зикрёфта чи дар сатњи вазорат ва чи дар Академияи тањсилот ва зерсохторњои он пайваста мавриди омўзиш ва натиљагирї ќарор мегирад. Њанўз соли 2006 бо ќарори њайати мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон «Барномаи тарзи њаёти солим барои хонандагони синфњои 1-11» ба тасвиб расида буд. Матни пурраи барнома бо ду забон – тољикї ва русї, бо теъдоди зиёд нашр ва дастраси муассисањои таълимии кишвар гардонида шуд.
Дар доираи барномаи мазкур як силсила дастурњои методї аз ќабили «Машѓулиятњо доир ба малакањои њаётї» (барои хонандагони синфњои 7), «Дастур барои омўзгорон» (барои омўзгорони синфњои 7-9), Машѓулиятњо доир ба малакањои њаётї» (барои хонандагони синфњои 8 ва 9) бо дастгирии молиявии Хазинаи кўдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи глобалї ба нашр расонида шуда, њамин гуна дастур ба хонандагони синфњои 10-11 омодаи чоп мебошад. Дар оянда низ ба њамин монанд дастурњо барои синфњои ибтидої тањия ва нашр хоњад шуд. Таъсиси Маркази тарзи њаёти солим аз љумлаи тадбирњои навбатии муассисаи мо мањсуб ёфта, бо маќсади дастрас будани маводи зарурї ба муњаќќиќону пажўњандагон доир ба ин масъала пешбинї гардидааст.
Хулоса
Мебояд зикр намуд, ки синну соли наврасї – давраи муњими камолоти руњї, айёми худшиносї ва дарёфти мавќеи худ дар зиндагї, дарки вазифаи худ дар њаёт, ташаккули принсипњо ва арзишњои зиндагї маънидод мегардад. Воќеист, ки арзишњо омилњои муњиме мебошанд, ки ба кўмаки онњо мо олами њастиро дар рўзгори хеш муќоиса ва бањогузорї мекунем, онњо чун оњанрабо ба рафтори мо таъсир мерасонанд ва роњи њаёти моро муайян менамоянд. Њатто дар њолати дарк накардани онњо арзишњои зиндагии мо тањти таъсири муњит ва вазъият муайян мешаванд.
Маълум аст, ки арзишњои зиёде мављуданд, ки новобаста аз эътиќод ва мањали зист ба њамаи одамон баробаранд: муњаббат, дўстї, озодандешї, дурандешї, саховатпешагї, худро њурмат намудан, ки онњоро арзишњои умумибашарї меноманд.
Олимон муќаррар намуданд, ки арзишњои њаќиќии бадастомада ба саломатии бардавом, зиндагии оромона, боварї ба хеш, њаёти осудаи оилавї, нуфузи бештаре доштан дар љомеа, вазъи молиявї, эњсоси худро эњтиром намудан ва ба дарки маънии њаёт бештар мусоидат мекунанд.

 ПРЕСС - РЕЛИЗ
Академияи таҳсилоти Тољикистон назди Вазорати маориф Љумњурии Тољикистон тибќи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 3 декабри соли 2002 № 482 таъсис ёфтааст. Бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон муассисаи мазкур аз 29 апрели соли 2009, № 264 Муассисаи давлатии «Академияи тањсилоти Тољикистон» номгузорї шудааст.
Академияи тањсилоти Тољикистон (АТТ) дар асоси Конститутсияи (Сарќонуни) Љумњурии Тољикистон, Ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи илм ва сиёсати илмї-техникї», «Дар бораи Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон», Оинномаи АТТ ва санадњои меъёрии њуќуќии байналмилалии аз љониби Љумњурии Тољикистон эътирофшуда фаъолияти хешро ба роњ мемонад.
Академияи тањсилоти Тољикистон њамчунин фаъолияти муассисањои илмию таълимии зерсохторњои худро њамоњанг ва танзим менамояд:
- Пажўњишгоњи тадқиқотї-илмии илмњои педагогї;
- Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзї;
- Маркази љумњуриявии таълимию методї;
- Маркази љумњуриявии технологияњои информатсионї ва коммуникатсионї;
- Маркази омўзиши таърихи маорифи Тољикистон.
Дар фаъолияти худ Академияи тањсилоти Тољикистон њалли масъалањои банаќшагирї, њамоњангсозї, роњбарии илмию методии рушди тањќиќотњои афзалиятноки бунёдї ва амалии соњаи маориф, истифодаи пурсамари дастовардњои илм ва тайёр кардани кадрњои илмии баландихтисосро ба роњ мемонад.
Академия нерўи бузурги илмиро дар ихтиёри худ дорад. Њамаи академикњо ва аъзо-корреспонденњои АТТ олимони варзида ва шинохта буда, дар ин ё он соњаи илми педагогика мактаби худро доранд ва дар тањќиќи масъалањои мубрами соња ба дастовардњои назаррас ноил гардидаанд. Инчунин, Академия олимони соњаи илми педагогика, методикаи таълим, кормандони илмї ва мутахассисонеро, ки дар муассисањои зерсохтори Академияи тањсилот фаъолият доранд, муттањид менамояд.
Аъзои Академия дар тањияи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маориф», Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Конепсияи мактаби миллї, Консепсияи миллии тањсилот, Консепсияи миллии тарбия дар Љумњурии Тољикистон сањми сазовор гузошта, стандартњои давлатии тањсилоти фанњои синфњои ибтидої, Забони модарї, адабиёт, таърих, география, химия, биология, математика ва ѓайраро мураттаб сохтанд, ки њамаи ин дар китобњои «Стандарти давлатии тањсилоти мактаби миёнаи умумї» (ќисмњои 1 ва 2) дарљ ёфтааст ва алҳол аъзоёни Академия ба онњо таѓйироту иловаҳо ворид месозанд.
Тањќиќотњо оид ба масъалаи афкори педагогикаи ниёгон ҳусни оѓоз ёфтаанд. Китобњои М.Лутфуллоев - «Эњёи педагогикаи Аљам» «Шарафномаи миллат», «Тољикистон-Ватанам, ифтихорам», «Пандномаи Аљам», «Тољикистони соњибистиќлол ва масъалањои тарбия», «Инсон ва тарбия»; Х.Афзалов - «Таърихи педагогикаи халќи тољик (дар њаммуаллифї), «Системаи маорифи халќ дар мамлакатњои мутараќќї ва рў ба тарраќї (дар њаммуаллифї), «Таърихи педагогикаи тољик»; Ф.Шарифзода - «Маърифат-асоси рушди љомеа (дар њаммуаллифї), «Њикмати афкори педагогии ниёгон» (дар њаммуаллифї), «Педагогикаи ќарни XXI»; Ќ.Ќодиров - «Аќидањои педагогии Фирдавсї», «Таърихи тарбия, мактаб ва афкори педагогии тољикон аз ањди ќадим то зуњури ислом», «Самтњои дидактикии истифодаи технологияњои иттилоотии таълим дар мактаби олї»,«Таълимоти маорифпарварї дар таърихи афкори иљтимоии халќи тољик», «Афкори педагогии њамасрони Рўдакї», «Вожаномаи истилоњоти педагогї-психологї», «Дирўз ва имрўзи маорифи Љумњурии Тољикистон» (дар њаммуаллифї), инчунин «Анталогияи педагогии халќи тољик» (ба забони русї) ва ѓайра аз њамин ќабиланд.
Академияи тањсилоти Тољикистон дар фаъолияти хеш њадафу вазифањоеро анљом медиҳад, ки ба проблемњои мубрами тањсилоти љумњурї ва илми педагогика вобастаанд. Њалли ин вазифањо ба рушду такомули маорифи кишвар мусоидати комил менамояд.
Њадафу вазифањои Академияи тањсилоти Тољкистон аз инҳо иборатанд:
- рушди пажуњиши бунёдї дар самтњои асосии илмњои педагогика, методикаи таълим, психологияи педагогї, дидактика;
- таъмини тањќиќоти илмии дурнамо, ки барои боло бурдани сатњи мактаб ва маориф муњиманд;
- њамоњангсозии илми педагогикаи мактаб ва муассисањои олии таълим ба хотири рушди њамаљонибаи илми педагогика ва амалї намудани сиёсати давлат дар соњаи маориф ва стандарти давлатии тањсилот дар Љумњурии Тољикистон;
- тањлили вазъи истифодаи дастовардњои илми педагогика дар муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон ;
- омўзиш ва љамъбасти дастовардњои илми педагогикаи љањонї ва мусоидат ба истифодаи њадафноки ин дастовардњо дар муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон;
- љустуљў ва дастгирї намудани олимони боистеъдод, мусоидат ба рушди олимони љавон, тайёр кардани кадрњои илмии баландихтисоси педагогї;
- баррасии равияњои асосии тањќиќоти бунёдї;
- дар асоси шартномањои тарафайн бо Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон ва муассисањои олии таълимї дар заминаи муассисањои тобеи Академияи тањсилот дар тањќиќотњои илмию таълимї ширкат меварзад;
- барои њалли масъалањои муњимтарини илми педагогика озмунњо эълон менамояд;
- бањри рушди муассисањои таълимии Љумњурии Тољикистон оид ба истифодаи самараноки дастовардњои илми педагогика тавсияњо мекунад;
- барои њалли масъалањои педагогика, психологияи педагогї, дидактикаи умумї ва хусусї ва татбиќи натиљањои коркарди илмї шўроњои илмї ва гурўњњои эљодии муваќќатї ташкил менамояд;
- кадрњои илмию педагогї тайёр мекунад ва такмили ихтисоси кормандони илмию педагогиро амалї месозад;
- ташхиси илмї доир мегардонад ва маслињатњои илмї медињад;
- натиљањои тањќиќотњои илмию педагогиро нашр мекунад ва фаъолияти нашрии Академияи тањсилотро ба роњ мемонад;
- дар таблиѓи дастовардњои илми педагогика ва пањн намудани донишњои педагогї мусоидат мекунад.
Дар сохтори дастгоњи марказии Академия шўъбањо ва бахшњои зерин мављуданд:
- шўъбаи арзёбии тањсилот;
- шўъбаи омўзиши масъалањои сиёсати тањсилот;
- шўъбаи илм ва татбиќи мавзўъњои фармоишї;
- бахши назорати аспирантура ва докторантура;
- шўъбаи муњосибот ва хољагї
- бахши кадрњо, њуќуќ ва коргузорї.
- шўрои дифоъ
Дар назди Академияи тањсилоти Тољикистон Шўрои дифоъ оид ба се ихтисоси илмї фаъолият мебарад: Педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот (рамзи соњаи илм - 13.00.01); Назария ва методикаи таълиму тарбия (аз рўи фанњои алоњида, забони тољикї) (рамзи соњаи илм; 13.00.02); Назария ва методикаи тањсилот (аз рўи фанњои алоњида, забони русї) (рамзи соњаи илм; 13.00.02).
Шўрои дифоъ соли 2010 таъсис ёфтааст. Ќобили ќайд аст, ки Шўро аз рўи тахассуси «Назария ва методикаи тањсилот (забони тољикї ва русї) дар кишвар бори аввал таъсис ёфтааст, ки барои унвонљуён ва аспирантони соњаи мазкур ањамияти хеле калон дорад.
Академикњо ва мутахассисони варзида, олимони намоёни соњаи илми педагогика И. Каримова, М. Лутфуллоев, Ф. Шарифзода, У. Зубайдов, Ќ.Б. Ќодиров, С.Э. Неъматов, С. Шербоев, Д. Латипов, С. Сулаймонї ва дигарон тањќиќи аспирантов ва унвонљўёнро рањнамої карда, мунтазам ба онњо кўмак мерасонанд, дар ташкил ва гузаронидани семинарњои методологї фаъолона иштирок менамоянд ва ба онњо маслињату тавсияњои зарурї медињанд.
Танњо тайи солҳои 2010 – 2012 дар Шўрои дифоъ беш аз 55 нафар аспирантону унвонљўён рисолањои докторї ва номзадї дифоъ намуданд. Дар назар аст, ки доираи рамзи дифои њимоя дар шўро аз њисоби тахассусњои нави барои љумњурї зарур васеъ гардонида мешавад.
Дар айни њол дар Шўрои мазкур унвонљўён аз Ирон, Афѓонистон, кишварҳои Осиёи Марказї рисолањои илмии худро бомуваффақият дифоъ намуданд, ки нишонгари њусни таваљљўњи кишварњои њамзабон ба дастовардњои илми педагогикаи ватанї мебошад.
Фаъолияти Академияи тањсилоти Тољикистон васеъ ва муњити илмии он низ фарох мебошад. Академия бо Академияи илмњои љумњурї, Академияи тиб, донишгоњ ва донишкадањои љумњурї, раёсати идораи (шуъбаи) маорифи вилояту ноњияњо робита дошта, бо Академияи тањсилоти Русия, Ќазоќистон, Беларус муассисањои илмию фарњангии Эрон, Афѓонистон, мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказї дар асоси шартномаи тарафайн амал менамояд. Раёсати Академияи тањсилот њар сол тибќи наќша 4-5 мизи мудаввару конфренсияњои илмию амалї доир намуда, аъзои он дар конференсияњои хориљ аз Тољикистон фаъолона иштирок менамоянд. Онњо тавассути рўзномаю маљаллањои љумњуриявї бобати бењтар шудани сифати донишу тањсил андеша меронанд, мењмони доимии шабакањои телевизонї мебошанд.