РУШДИ БАРМАҲАЛИ КЎДАК

                       Муассисаҳои томактабӣ: фаъолияти густурда лозим

15 Октябр 2015

Гузориш аз ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд

Ҷаласаи сайёри мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кӯдакистони Президентии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимиии томактабии вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев ҷаласаро ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки тӯли як ҳафта гурӯҳи кории вазорат бо сарварии муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабии вилояти Суғдро мавриди санҷиш қарор доданд, ки имрӯз аз он натиҷагирӣ карда мешавад. 

Сипас, муовини вазир Тоҷинисо Маҳмадова зимни суханронии худ қайд кард, ки дар панҷ соли охир баҳри рушди таълим ва тарбияи томактабӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд ва мутаассифона, дар аксари кӯдакистонҳои вилояти Суғд ин санадҳо мавҷуд нестанд. Пас, саволе пайдо мешавад, ки муассисаҳои томактабӣ фаъолияти хешро чӣ гуна ба роҳ мондаанд, модоме ки аз санадҳои меъёрию ҳуқуқии муассисаҳои томактабӣ ҳам мудирон ва ҳам мураббияҳо огаҳии комил надоранд. 

Мавриди зикр аст, ки соли 2015 дар вилояти Суғд 237 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла,  194  муассисаи таълимии  томактабии тобеи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, 15 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо, 28 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият бурда истодаанд ва нисбат ба соли 2014  18 муассисаи таълимии томактабӣ   зиёд гардид.

    Теъдоди умумии тарбиятгирандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии вилоят  37895 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2014  1209 нафар зиёд мебошад.

Дар робита ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ҷиҳати таъсиси Маркази инкишофи кӯдакон бояд қайд намуд, ки агар шумораи чунин марказҳо дар соли 2011 дар вилояти Суғд 4480 кӯдакро фаро гирифта бошад, пас ин нишондод дар соли  2015 ба 545 адад расидааст, ки  бо фарогирии 12199  тарбиятгиранда амал мекунад. Фоизи фарогирӣ 17% афзоиш ёфт.

Дар давоми 5 сол  дар вилоят 40 кӯдакистон зиёд гардид, ки 20,3%-ро ташкил медиҳад, теъдоди тарбиятгирандагон 12187 нафар зиёд гардид, ки нисбат ба солҳои гузашта 47 % зиёд мебошад.

Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабии вилоят 14,6% ва якҷо бо Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 19,6%-ро ташкил медиҳад.

Тоҷинисо Маҳмадова ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 оид ба “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020”, ки тадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиро дар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ муайян менамояд, қайд намуд, ки тибқи барномаи мазкур бояд дар солҳои 2014-2020 дар ҷумҳурӣ 1037 кӯдакистони хусусӣ, аз ҷумла, 94 адад дар ВМКБ, 280 адад дар вилояти Суғд,  371 адад дар вилояти Хатлон, 45 адад дар шаҳри Душанбе ва 247 адад дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохта шаванд. Дар вилояти Суғд теъдоди онҳо 27 ададро ташкил медиҳад. Мувофиқи ин барнома  дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 8, Хуҷанд 5, Чкалов 2, Конибодом 2, Қайроққум 1 адад кӯдакистонҳои нав сохта ба истифода дода шуданд. Аммо дар  шаҳру навоҳии Исфара, Спитамен, Истиқлол, Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт, Ғончӣ, Шаҳристон, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ягон адад муассисаи томактабии хусусӣ сохта нашудааст, ки аз саҳлангорӣ оид ба иҷро нагардидани барнома шаҳодат медиҳад.

Тоҷинисо Маҳмадова ҳамчунин, ба масъалаи кадрӣ ва ба таври ғайриихтисос фаъолият кардани мураббияҳо ва мудирони кӯдакистонҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ба андешаи муовини вазир бояд дар муҳлати кӯтоҳтарин масъалаи бо кадрҳои соҳибмаълумот ва соҳибтахассус таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ ҳаллу фасли худро ёбад. Агар дар кӯдакистонҳо кормандони  ғайриихтисос фаъолият намоянд, он гоҳ дар таълиму тарбияи кӯдакон ба муваффақияти чашмрасе ноил нахоҳем гашт.  Айни замон дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  2476 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамояд, ки аз инҳо 1811 нафар мураббияҳо мебошанд. Аз ин  миқдор 494 нафар бо маълумоти олӣ, 110 нафар дорои маълумоти олии нопурра, 825 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус ва 23 нафар бо  таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Аксари мураббияҳо мутахассиси касби хеш нестанд ва рақамҳои оморӣ гувоҳи онанд, ки дар шаҳру навоҳии Ғончӣ 83, Конибодом 83, Зафаробод 36, Қайроққум 39, Ҷаббор Расулов 102 нафар корманди ғайриихтисос    фаъолият менамоянд.

Дар давоми соли ҷорӣ барои баланд бардоштани савияи  дониши касбии худ 336 нафар корманди педагогӣ, аз ҷумла, 166 нафар  аз курсҳои  бозомӯзии такмили ихтисоси вилоятӣ, 170 нафар аз курсҳои бозомӯзии такмили ихтисоси ноҳиявии шаҳру ноҳияҳо гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки 80%-ро ташкил менамояд.

Дар баробари муваффақиятҳо масъалаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Мувофиқи нақша кормандони муассисаҳо аз такмили ихтисос гузашта бошанд ҳам, аммо сифат ва самаранокии курсҳои мазкур беҳбудии ҷиддиро металабад.  

-Яке аз масъалаҳои ҳалталаби рӯз ин се вақт дар як рӯз бо хӯроки серғизо таъмин намудани кӯдакон мебошад. Сарчашмаи асосии таъминот бо ғизои гарму болаззат маблағҳои буҷетӣ ва волидон мебошад. Маблағҳои ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои таъмини хӯроки кӯдакон кофӣ нест ва дар ин бобат меъёри ягона вуҷуд надорад.

Мутаассифона, муассисаҳои томактабие низ  мавҷуданд, ки ба таъмиру тармим ниёз дошта, ҳолати беҳдоштию санитарии онҳо беҳбудиро талаб менамояд. Чунончӣ, саҳни ҳавлӣ ва бинои кӯдакистони №10-и «Зангӯла», деҳаи Лоҳутии ноҳияи Конибодом дар вазъи баде қарор дорад. Дар муассисаҳои томактабии №27-и шаҳри Исфара, №17, 10-и ноҳияи Спитамен, №10-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, кӯдакистони хусусии “Раҳнамо”, 14-и шаҳри Хуҷанд, №2-и ноҳияи Айни, №4,5-и шаҳри Панҷакент, “Лола”,”Наврӯз”-и ноҳияи Зафаробод, №№5,6,7-и ноҳияи Ғончӣ  раванди таълиму тарбия беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.  Ҳуҷҷатгузорӣ дар кӯдакистонҳои №20, 37, кӯдакистони хусусии “Дилоро”-и шаҳри Хуҷанд, №20,40-и шаҳри Исфара, №6, 11-и шаҳри Конибодом,  №2,3-и шаҳри Қайроққум, №13,15-и шаҳри Чкалов,   №6-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, №1-и ноҳияи Спитамен,  “Парасту”-и ноҳияи Зафаробод ба мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст.

Эҳё ва шинос намудани кӯдакон бо анъанаҳои миллӣ, ташаккули  маҳорату малакаи кӯдакони синни калони томактабӣ ва дар ин радиф ташкил намудани маҳфилҳои қолинбофӣ, зардӯзӣ дар кӯдакистони №17-и ноҳияи Спитамен ва муассисаи томактабии №32-и шаҳри Хуҷанд омӯзанда мебошанд.

Тоҷинисо Маҳмадова вазъи фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ таҳлил карда, таъкид намуд, ки новобаста аз корҳои  анҷомдода, дар самти таҳсилоти томактабӣ мушкилоти зиёде мавҷуд буда, то имрӯз кӯдакони синни томактабӣ аз сабаби кам будани муассисаҳои томактабӣ ба таҳсилоти томактабӣ ба таври кофӣ фаро гирифта намешаванд. Яке аз сабабҳои кам будани муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани сохтмони биноҳои муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва кӯшиш накардани масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои барқарор ва баргардонидани кӯдакистонҳои фурӯхташуда мебошад.

Айни ҳол, дар вилояти Суғд 49 кӯдакистон ғайримақсаднок фаъолият дошта, муассисаҳои томактабӣ ба дигар ташкилоту муассисаҳо дода ва ё хусусӣ гардонида шудаанд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд кӯдакистонҳои №№1, 8, 10, 15, 34, 35, 39, Исфара кӯдакистонҳои №№3, 8, Конибодом кӯдакистонҳои №№2, 3, 4, 7, «Бинокор», «Офтобак», «Наргис», дар шаҳри Чкалов кӯдакистонҳои №№3, 8, 19, дар ноҳияи Спитамен кӯдакистонҳои №№2, 3, 4, 9, 11, 12, 19 ба ихтиёри дигар ташкилоту муассисаҳо дода шудаанд.

Дар ноҳияҳои Ашт 5,  Зафаробод 6, Бобоҷон Ғафуров 4 кӯдакистон таъмирталаб ва ё дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар шаҳри Қайроққум 7 кӯдакистон фаъолият намекунад. Бинои 19 муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ихтиёри муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва литсею гимназияҳои давлативу ғайридавлатӣ дода шуданд. Масъулин бояд дар ин самт корбариро хубтар ба роҳ монда, барои баргардондани муассисаҳои томактабӣ талош намоянд.

Баъдан дар назди ҳозирин намояндагони ҳайати гурӯҳи корӣ баромад карда, фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабии шаҳру навоҳии вилояти Суғд баён доштанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд ба ҳайати корӣ барои санҷиши воқеъбинонаи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ арзи сипос намуда, иброз дошт, ки баҳри ислоҳи камбудиҳо нақша-чорабиниҳо тартиб дода мешавад.

Нуъмон Раҷабӣ,

«Омӯзгор»

Маълумотнома

оид ба Лоињаи «Омоданамуданиmдастурњои

методїmбароиmкўдакониmгурўњњои томактабї»

(синни 6-7-сола)

 

Тибќи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дарҶумҳурии Тоҷикистон» теъдоди муҳассилини марказҳои рушду камолоти кӯдак хеле афзуда, ба 1 ҳазору60 нафар расид. Соли 2013 теъдоди кӯдакони муассисаҳои зикршуда 710 нафарро ташкил додабуд.

Бо назардошти зарурати масъалаи мазкур ва таъминнамудани муассисањои томактабї бо маводи методї дар асоси дастури вазири маориф ва илми ЉТ муњтарам Саид Нуриддин Саид, инчунин, бо дар назардошти Лоињаи «Омоданамудани дастурњои методї барои кўдакони гурўњњои томактабї» (синни 6-7-сола) дар назди Академияи тањсилоти Тољикистон (шурўъ аз моњи январи соли 2015) гурўњи корї созмондодашудааст. Роњбарии гурўњи кориро ноиби Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, академик, докториьилмњоиьпедагогї, профессор Каримова Ирина Холовна ба ухда дорад.

Аъзоёни гурўњи кориро омўзгорони бо таљриба ба монанди: Маљидова Бибињафиза - доктори илмњои педагогї, профессор, Ќурбонова Гулрухон - омўзгори ДДОТ ба номи С. Айнї, ТешаеваСафия - мудири кўдакистони №137, н. Сино ва чанди дигар дар ин лоиња кору фаъолият менамоянд, зеро тақдири насли оянда соз ва пешбарандаи давлатуҷомеа дар дасти омўзгор мебошад, яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падарумодар наќши муњимро мебозад.

Тавре дар љаласаи имрўзаи гурўњи корї зикргардид, тибќит њисоботи омории Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон феълан дар ҷумҳурӣ 527 кўдакистони давлатї, аз љумла, 34 кӯдакистони хусусӣ фаъолият менамояд. Раванди тарбия дар муассисоти номбурда тибќи наќшаи таќвимї роњандозї гардида, ба кўдакон баробари истироњату бозї, корњои омўзишиву эљодкорї омўзонида мешавад. Ба њамагон маълум аст, ки маќсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинї ва ќувваи фањми кўдак буда, он набояд маљбурї ба воситаи зўриву танбењ амалї шавад. Бинобар ин, лоињаи мазкур аввалин лоињае мебошад, ки барои кўдакони синни 6-7-сола нигаронида шуда, њадаф аз он бедор намудани ќобилияти эљодкории кўдакон мебошад. Узви гурўњи корї тасмим гирифтааст, ки ба ёрии мураббияњо ва дигар шахсоне, ки ба таълиму тарбия ва нигоњубини кўдакон машѓуланд, вабаста ба фаслњои сол дастуре омодатнамоянд, ки ба онњоро њуусулњои аз маводи пластилин чї тавр омода намудани бозичањо ва бо истифода аз васоити расмкашї - тасвири манзарањои табиат ва олами мављудот ба раванди таълиму тарбияи кўдакон мусоидат намуда, пеш аз њама ба манфиати худи кўдак хоњад буд. Дар ин раванд наќши падарумодарон низ метавонад назаррас бошад, ин кори муњим ва таќдирсоз на танњо вазифаиљонии мураббиёнуомўзгорон, балки падарумодарон ва дигар узви љомеа аст. Танњо дар њамин сурат мо метавонем, ки наслњои солиму огоњро тарбия карда, давлатдории мустаќилонаи худро мустањкам созем ва дилпурона ба сўи оянда ќадам гузорем.

Рӯнамоии китобҳои кӯдакона

Душанбе, 12.02.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно  Нусратуллозода).-10 феврал дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон рӯнамоии китобҳои тозанашри кӯдакона барои кӯдакони синни томактабӣ доир гардид. Иштирокчиёни чорабинӣ назари худро роҷеъ ба нашри чунин маводи хонданӣ ва ҷолибу хушсифат иброз намуда, таъкид карданд, ки воқеан кӯдакону наврасони мо ба чунин китобҳо эҳтиёҷ доранд.   

Баргузории чорабинии мазкурро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  Ирина Каримова татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба густариш ва беҳбуд бахшидани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ маънидод намуда, аз номи Раёсати Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми ҶТ ба ташаббускорону иштирокдорони чорабинӣ арзи ташаккур намуда, мураттибону рассомон ва ширкатҳои саҳмгузорро ба густариши таҳия ва нашри ҳарчи бештари чунин маводи ҷолиб даъват намуд.

 

Президент таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабиро пешниҳод намуд

 


23/01/2015
Меҳрангез Турсунзода
Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ супориш дод, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта шумораи кӯдакистонҳо дар кишвар аз 508 ба 527 расида, шумораи кӯдаконе, ки дар ин муассисаҳо ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, беш аз 80 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 беш аз 4 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Президент хотиррасон кард, ки соли 2012 дар кишвар 711 марказҳои инкишофи кӯдакон амал мекарданд ва соли 2014 шумораи онҳо ба 1061 расида, 26 ҳазор нафар кӯдаконро фаро гирифтаанд ва илова бар ин, дар мамлакат 12 кӯдакистони махсусгардонидашуда бо фарогирии қариб сеюним ҳазор кӯдак ва 34 кӯдакистони хусусӣ барои дуюним ҳазор нафар кӯдакон амал мекунад, яъне имрӯз барои қариб 115 ҳазор кӯдак шароити муосири таълиму тарбияи томактабӣ фароҳам оварда шудааст.

«Сарфи назар аз ин, кӯдакистонҳо дар кишвар хеле кам аст. Ҳамасола ҳудуди 170 ҳазор нафар кӯдакон ба синфи якум по мениҳанд. Агар онҳо дар кӯдакистонҳо тарбия гирифта бошанд, бештар ба таҳсил омода мешаванд ва кӯдаконе, ки дар кӯдакистонҳо тарбия нагирифтаанд, аз ин лиҳоз хеле сустанд», - иброз дошт сарвари давлат.

Ба қавли президент, омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст, яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, нақши асосӣ дорад ва ҳамчун роҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи даврон масъул аст.

Дар робита ба соҳаи маориф сарвари давлат ҳамчунин ба фаъолитяти Маркази миллии тестӣ низ таваҷҷузоҳир кард. «Бо оғози фаъолияти ин марказ кирдорҳои коррупсионӣ ҳангоми қабул ба мактабҳои олӣ коҳиш ёфт. Масалан, солҳои қаблӣ то 20 фоизи довталабон ва падару модарони онҳо аз натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ шикоят мекарданд, вале соли гузашта аз 52 ҳазор нафар довталабон танҳо 400 нафар шикоят намуданд, ки ин рақам ҳатто як фоизро ҳам ташкил намедиҳад», - гуфт президент.

Ӯ аз падару модарон даъват кард, ки ба фарзандони худ на дар як рӯзи имтиҳон, балки аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд. «Вале, мутаассифона, то ба имрӯз аксари падару модарон баъди ёздаҳ сол, яъне танҳо дар давраи имтиҳоноти хатми мактаб ва озмоишҳои тестӣ огоҳ мешаванд, ки фарзандашон бояд соҳиби касбу ихтисосе шавад. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин воқеиятест, ки бояд ҳатман ислоҳ гардад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 

 

                     Фаъолияти 36 муассисаи таълимии хусусӣ дар ҷумҳурӣ

7 Январ 2015

Ба иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар ҳоло дар ҷумҳурӣ 34 кӯдакистони хусусӣ, аз ҷумла 14 адад дар вилояти Суғд, 4 адад дар вилояти Хатлон, 12 адад дар шаҳри Душанбе ва дар шаҳри Ваҳдат 1-то, Рӯдакӣ 2-то ва дар ноҳияи Ҳисор 1 адад чунин кӯдакистон фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 муассиса зиёд буда, дар онҳо 2431 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, ки соли таҳсили ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 36 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият менамояд, ки дар онҳо 10960 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд як силсила корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе 1184 нафар хонанадаи имконияташ маҳдуд ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 112 нафар духтар мебошад. То ҳол 742 нафари онҳо дар муассисаҳои таълимии махсус ва 442 нафар кӯдаки имконияташ маҳдуд дар синфҳои умумӣ бо кӯдакони солим таҳсил доранд.
Дар ҷумҳурӣ 85 мактаб-интернат амал мекунад, ки аз ин шумора 14 мактаб-интернатӣ ҷумҳуриявӣ, 29 интернати наздимактабӣ, 29 мактаб-интернати шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва 5 хонаи кӯдакон имрӯз ба таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор, маъюб ва камбизоат машғул мебошад.

АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод

Шумораи кӯдакистонҳо меафзояд

 

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат ).- Соли  2014 теъдоди  кӯдакистонҳои  кишвар  баробари  19  адад  афзуда,  ба 527  адад  расид. Соли  2013 ин  нишондиҳанда 508  ададро ташкил  медод. 

Дар  ҷараёни   нишасти  матбуотии  Вазорати  маорифи  ҶТ, ки 5  январ  дар  шаҳри  Душанбе баргузор гардид,  дар  ин  бора  хабар дода шуд.

Ба  гуфтаи  вазири  маориф ва илми  ҶТ  Нуриддин Саид, тайи  соли  гузашта дар  вилояти  Хатлон  8 кӯдакистон,  вилояти  Суғд  9,   шаҳри  Душанбе  1    ва  дар  ноҳияи  Ҳисор  1  кӯдакистон  бунёд  шуд.

Шумораи  кӯдакони  муассисаҳои томактабӣ 80  ҳазору  442  нафарро ташкил  дод, ки  нисбат ба  соли  гузашта баробари 4  ҳазору  72  нафар  зиёд  аст. 

«Баъди  роҳандозии  қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи тасдиқи  Барномаи  давлатии  рушди  соҳаи  таҳсилоти томактабӣ  барои  солҳои 2012 - 2016  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» теъдоди  муҳассилини  марказҳои рушду  камолоти кӯдак хеле  афзуда, ба  1  ҳазору  60  нафар  расид. Соли  2013  теъдоди   кӯдакони  муассисаҳои  зикршуда 710  нафарро  ташкил дода буд», -  гуфт  Н.Саид.

Вазири  маориф  зикр  намуд, ки  дар  бахши  таълими  томактабӣ  бархе  санадҳои  меъморию  ҳуқуқӣ  қабул  ва  дастраси   муассисаҳои томактабӣ  шуданд. 

«Бори нахуст  дар  ҷумҳурӣ  якҷоя бо  вакилони  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи таҳсилу тарбияи   томактабӣ»  таҳия  гардид, ки  асосҳои  ҳуқуқӣ  ва   ташкилию  иқтисодии  рушди  соҳаи  томактабиро  муайян  мекунад», -   афзуд  Вазир.

Н.Саид
  Вай  изҳор  дошт, ки  алҳол  дар  ҷумҳурӣ 34  кӯдакистони  шахсӣ фаъолият  дорад. 

«Теъдоди  умумии кӯдакистонҳои  шахсӣ  нисбат ба  соли  2013  баробари  11  адад  афзуд, ки дар  онҳо  2  ҳазору  430  нафар  кӯдакон  тарбия  меёбанд  ва таҳсил  мекунанд. То  имрӯз  дар  ҳамаи  муассисаҳои  томактабии   шахсӣ  10  ҳазору  960  нафар  кӯдакон  тарбия  мешаванд», -  гуфт  вазир.

 

 

  Бозомӯзӣ дар мавзӯи «Дахолати барвақтии кӯдакон»

 

Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).-Институти «Ҷамъияти  Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаҳои  «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»  ва “Тандурустӣ” аз 30 сентябр то 2 октябри соли равон доир намудани бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро  ба нақша гирифтааст. 

Ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор мегардад.

Дар бозомӯзии мазкур масъалаҳои таъсиси гурӯҳҳои мухталифсамт бо ҷалби мутахассисон, амалӣ гардидани лоиҳаҳои дахолати барвақтии кӯдакон дар минтақаҳо, нақшаи рушди ҳамкорӣ бо шарикон, тарҳрезии нақшаи фардии кӯдак ва ғайра баррасӣ хоҳанд шуд.

 

                                                                                                                                                                                                               Бо ќарори мушовараи 
                                                                                                                                                                                                               Вазорати маорифи 
                                                                                                                                                                                                                     Љўмњурии Тољикистон аз 
                                                                                                                                                                                                               1.12.09,   №18/7 тасдиќ 
                                                                                                                                                                                                                                                        шудааст.
                
                                                                                                                                       Низомномаи    намунавии
                                                                                                                                         Маркази инкишофи  кўдакон

   
                      
                                
                                      Муќаррароти умумї


         Низомномаи  намунавии Маркази инкишофи кўдакон дар асоси ќисми 2 банди 4-и ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 июли с 2009, № 388 оид ба ќабули «Стандарти давлатии тањсилоти томактабї» ва  «Низомномаи намунавии тањсилоти томактабї» тањия шудааст.
          Дастуруламали мазкур фаъолияти Маркази инкишофи кўдакони  љамоатї, шањрак ва дењотро ба  танзим медарорад, ки новобаста аз рўи шакли моликияташон љузъи сохтории маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї  мебошанд.
       1. Маркази инкишофи кўдакони љамоатї, шањрак ва дењот бо ташаббуси маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї  (муассис) ва љамоатњо таъсис дода мешаванд.
2.Маркази инкишофи кўдакон як намуди муассисаи томактабии таълимї мебошад, ки нигоњубин, инкишоф, тарбия ва бењдошти  кўдакони аз синни 3 сола то 7-соларо ба роњ монда, фаъолияти онњоро  таъмин мекунад.
         Вазифањои асосии кўдакистони љамоатї аз инњо иборат 
аст:
            -таъмини иљрои Стандарти давлатии тањсилоти томактабї;
              -таъмини муњити бехавф барои саломатї ва инкишофи кўдакон;
              - њифзи њаёт ва саломатии кўдакон;
              - ташкили фазои дўстонаву мењрубонона дар байни кўдакон ва падару модарони онњо (ё шахсони онњоро ивазкунанда)
             - таъмини инкишофи зењнї, равонї-иљтимої ва љисмонии кўдакон;
             -таъмини омодагии њар як кўдаки аз 6 то 7 –сола барои таълим дар мактаб;
              - ба кўдакон таълим додани худшиносии миллї ва ифтихор  кардан аз ватандорї;
               -њамкорї бо оилањо (таълими малакањои нигоњубини кўдакон, пешнињоди ахбор оид ба муњим будани  инкишофи синни барваќтии кўдакон).
     3. Маркази инкишофи кўдакон   метавонанд шаклњои зерин дошта бошанд:
-  бо тарзи таълимоти умумї барои кўдакони аз 3 то 7 сола ( ташкили тартиботи рўз, машѓулиятњо, сайругашти пагоњї ва ѓайра)                
4.Ба Маркази  љамоатї тарзи таълимиашон  умумї ба роњ мондани корњои афзалиятнок љињати инкишофи кўдакон (тарбия ва таълми мусиќї, эстетикї-зебопарастї, љисмонї, зењнї) иљозат дода мешавад.
5.Забони љараёни таълиму тарбияро дар Маркази инкишофи кўдакони љамоатї муассис тибќи ќонунгузории амалкунандаи Љумњурии Тољикистон  муайян мекунад.
 6.Маркази инкишофи кўдакон Оинномаи Марказро тањия намуда  муассис онро  тасдиќ мекунад.  Дар Оиннома барномањои таълимї, усул ва воситањои ташкили љараёни таълим, масъалањои њифзи њаёт ва саломатии кўдакон, забони таълим бо назардошти  синну 
сол пурра таљассум меёбад.
 7.Дар Маркази инкишофи кўдакон ташкил додан ва фаъолият намудани сохторњои ташкилотї њизбњои сиёсї ва ташкилотњои динї манъ  аст.
  8.Маркази инкишофи кўдакон љињати иљрои вазифањои бар зима доштааш дар роњи инкишоф, таълиму тарбияи кўдакон  њуќўќ дорад, ки бо ихтиёри худ бо муассисаву ташкилотњо, лоињањои байналхалќї, ташкилотњои илмї-истењсолї, њомиёну сарпарасторон ва маблаѓгузорон робита намояд.
Ташкили фаъолияти Маркази инкишофи кўдакон дар  љамоат, шањрак ва  дењот.
  9.Маркази инкишофи кўдаконро маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї  (муассис) ташкил намуда, онро аз ќайди  давлатї  мегузаронад;
 10.Муассис  шакли ташкилию њуќуќии марказро  муайян мекунад;
11. Муассиси Маркази инкишофии  кўдакон маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї   мебошад;Њуќуќњои юридикии Маркази инкишофи кўдакон дар самти фаъолияти молиявї ба маќомоти мањаллї таалуќ доранд;
     12.Маркази инкишофи кўдакон ба сифати муассисаи сохтории маќомоти мањаллї суратњисоби худ, мўњру штамп ва бланкаи фирмавї дорад.
    13.Маркази инкишофи кўдакон баъди тасдиќи Оиннома ва барнома дар шўъбаи маорифи ноњия њуќуќи ба таълиму тарбия машѓул шуданро пайдо мекунад. Робитањои тарафайни шўъбаи маорифи ноњия  ва Маркази инкишофи кўдакон дар љамоат, шањрак, ва дењот 
       14.Шўъбаи маорифи ноњия љињати таъмини љараёни босифати таълиму тарбия дар Маркази инкишофи кўдакон назди Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон масъул буда;
-мазмуну мўњтавои рафти таълиму тарбияро муайян мекунад;
-дар панљ сол на камтар аз як бор курсњои такмили ихтисоси мураббиёнро  ташкил мекунад.
-барои љалби Маркази инкишофи кўдакон ба фазои ягонаи таълимии ноњия, вилоят чорабинињо мегузаронад.( иштироки кўдакон, кормандонро дар конфренсњои педагогї, семинарњо, љамъомадњо санљиши машѓулиятњо таъмин намуда, мураббиёнро бо дастовардњо ва таљрибањои пешќадами кўдакистонњои дигар шинос мекунад;
- Маркази инкишофи кўдаконро  ба наќшаи солонаи шўъбаи маорифи ноњия оид ба расонидани кўмаки методї ва машваратї, наќшаи санљишњои тематикї дохил менамояд;
-мониторинг мегузаронад ва ба фаъолияти кўдакистони љамоатї бањо медињад;
     Маркази инкишофи кўдаконро танњо бо ќарори муассис таљдид ё барњам дода мешавад;
  15.Мазмуну мундариљаи љараёни таълиму тарбияро барномаи таълимиву тарбиявии  томактабї муайян мекунад. Маркази инкишофи кудакон  дар интихоби барнома аз маљмўи барномањои давлатї, ки онњоро идорањои маориф пешнињод мекунад, њамчунин барномањои гуногуни муаллифию байналхалќї, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон амалї мешавад соњибихтиёр аст.
      16.Маркази инкишофи кўдаконро мутобиќи вазифањои оинномавиаш метавонад, ки дар мувофиќа бо шўъбањои маорифи ноњия бо хоњиши падару модарон хидматњои иловагии пулакии таълиму тарбия ва бењдоштї расонад;
  17.Тартиби кори Маркази инкишофи кўдаконро  ва давомнокии таълиму тарбиягирии кўдаконро Оиннома ва шартномаи байни Марказ ва  маќомоти мањаллї муайян мекунад;
  18. Маркази инкишофи кўдакон   гурўњњои кўтоњмўњлат (3-4 соата), гурўњњои омодагї пешазмактаб ташкил медињад. 
     Басти якум аз соати 9 то 12
     Басти дуюм аз соати  13 то 17   
 Њамчунин барои ташкили  гурўњњои як соата дар рўзњои истироњат иљозат дода мешавад.
  19. Ташкили хурду хўрок дар кўдакистонњои љамоатї тибќи талаботи падару модар аз њисоби маблаѓњои падару модарон ба роњ монда мешавад.
  20. Хизматрасонии тиббии кўдакон дар Маркази инкишофи кўдаконро назорати санитариву гигиенї, ташхиси тиббї бо ризояти маќомоти мањаллї сурат мегирад.
                   Ќабули кўдакон ба Маркази инкишофи кўдакон
     21. Тартиби бо кўдакон фаро гирифтани Маркази инкишофи кўдаконро маќомоти мањаллї (муассис) муайян мекунад. Њангоми ќабули кўдакон ба оилањои серфарзанд, оилањои камбизоат, кўдакони падару модарашон маљрўњ, муњољир, кўдакони зери сарпарастии хешу табор ќарордошта ё ятиммонда афзалият дода мешавад.
   22.  Ба Маркази инкишофи кўдакон кўдакони аз 2 сола то 7 сола тибќи муоиннаи тиббї  ќабул карда мешаванд.
                     Иштирокчиёни љараёни таълиму тарбия
      
       23.Иштирокчиёни љараёни таълиму тарбия дар Маркази инкишофи кўдакон,  падару модарон (ё шахсони падару модарро ивазкунанда) ва кормандони кўдакистон ба њисоб мераванд.
    24. Њангоми ќабули кўдакон Маркази инкишофи кўдакон  вазифадор аст, ки падару модаронро бо Оиннома ва шартњои шартномаи байни  падару модарон (ё шахсони онњоро ивазкунанда)  шинос намоянд.
     25.Муносибати тарафайни Маркази инкишофи кўдакон ва падару модарон мутобиќи шартнома танзим карда мешавад. Дар шартнома њуќуќу вазифа ва масъулияти тарафњо, ки дар рафти таълиму тарбия ва нигоњубину парасторї ба миён меоянд, дарљ мегардад.
   26. Њаќќи хўрок (агар чунин тартиб дар Маркази инкишофи кўдакон  дар мўњлати шартномаи бо падару модарон муайяншуда пардохта мешавад.
 27.Тартиби бо кормандон фарогирии Маркази инкишофи кўдакон 
Оинномаи тасдиќкардаи муассис (Маќомоти мањаллї) муайян мекунад.
   28. Масъалаи бо кадрњои муносиб таъмин кардани кўдакистони љамоатиро  маќомоти мањалли танзим мекунад.
   29.Њуќуќу вазифањои падару модар ба мисли кормандони дигар мутобиќи шартномаи (ќарордод) байни маќомоти мањаллї ва кўдакистон муайян карда мешавад.
 30. Њаљми маош, мўњлати  рухсатии мењнатї, кафолатњои иљтимої ва имтиёзњоро маќомоти мањаллї бо ризоияти корманди Маркази инкишофи кўдаконро бо назардошти меъёрњои њуќуќии ќонунгозории Љумњурии Тољикистон муайян мекунад.
 31. Воњиди корї ва ўњдадории вазифавї аз тарафи маќомоти мањаллї бо ризоияти кормандони кўдакистон муќаррар карда мешавад.
                   Роњбарии Маркази инкишофи кўдакон 
      32.Ба Маркази инкишофи кўдакон бевосита мудири кўдакистон, ки ўро маќомоти мањаллї таъйин мекунад, роњбарї менамояд. Агар шумораи гўруњњо аз дуто кам бошад мудир вазифаи мурабї–методистро иљро менамояд.
   33. Мудири Маркази инкишофи кўдакон шахси масъул буда  масъалањои моддиро њаллу фасл менамояд. Барои амволи Марказ мудир  љавобгар аст.  
         
         Амвол ва маблаѓњои  Маркази инкишофи кўдакон 
34. Соњибмулки амволи Маркази инкишофи кўдаконро маќомоти мањаллї (муассис) њисоб меёбад, ки њамаи амвол (бозичањо, китобњо, асбобу анљоми идорї, мебел, зарфњои хўрок, таљњизот, техникаи маишї њамчунин воситањои асосї бино, иншоот, воситањои наќлиёт) дар мувозинаи ў мебошад.
35. Сарчашмањои маблаѓгузории амвол ва захирањои кўдакистон инњо мебошанд:
- маблаѓњои худи муассис;
- маблаѓњои буљавї ва ѓайрибуљавї;
- маблаѓњои падару модарон;
- кўмаку хайрияњои сарпарастони дохиливу хориљї;
- маблаѓњо аз ташкилотњои байналхалќї, донорњо.
    36. Љалби мабалѓњои иловагї ба њаљми мабалѓгузории маќомоти мањаллї (муассис) таъсир намерасонад.
     37.Миќдори гурўњњо  ва тартиби кори кўдакистони љамоатиро маќомоти мањаллї вобаста аз зарурати талаботи љамъомади мањаллї  муайян мекунад.
 

 

Нашри 25 номгӯйи китоб барои кӯдакони тоҷик аз ҷониби Бунёди Оғо Хон


17/09/2013

Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон барои кӯдакони синнусоли томактабии Тоҷикистон бо теъдоди 34 ҳазору 850 нусха 25 номгӯи китоб ба нашр расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар таҳияи ин китобҳои дар Туркия нашршуда 10 нафар шоирону нависандагон ва 7 нафар рассомони кишвар саҳм гирифтанд. Китобҳо тақриз ва аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва Академияи улуми педагогии ҶТ тавсия дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, китобҳо дар доираи лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, таҳия ва чоп шудаанд.

Ба қавли менеҷери барномаи маорифи Бунёди Оғохон Зулобӣ Мамдфозилов, барои шоирону навсиандагоне, ки дар таҳияи ин китобҳо саҳм гирифтанд, Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон пешакӣ оид ба рушди қобилияту малака дар омодасозии маводҳо барои хониш ва китобҳо барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ва синнусоли барвақти мактабӣ як семинари омӯзишӣ доир намуд. «Ба семинар мураббии хориҷӣ ва бо мақсади табодули таҷриба нависандагони Қирғизистон даъват шуданд, ки дар амалисозии чунин лоиҳа таҷриба доранд», - иброз дошт ӯ.

Китобҳои мазкур дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон ва се ноҳияи ВМКБ, ки лоиҳа амалӣ шуда, дастрасии волидони кӯдакони синнусоли томактабиро ба нашрияи хушсифат тақвият мебахшад, паҳн карда хоҳад шуд.

Мамадфозилов ҳамчунин изҳор намуд, ки нашриёти «Истиқбол» ин китобҳоро дубора ба чоп мерасонад, зеро он барои устувории амалисозии лоиҳа ва тавсеъаи дастрасии кӯдакони тамоми манотиқи Тоҷикистон ба китобҳои тозанашр хеле муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати маориф, Академияи улуми педагогии ҶТ ва ҳамчунин Донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони ВМКБ ва вилояти Хатлон мавриди амалишавӣ қарор дорад.
 

 

Муҳокимаи масоили тарбияи кӯдакон


Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). – 12 сентябр дар шаҳри Сеули Куриё Форуми минтақавӣ аз рӯи масоили сиёсат дар бахши тарбияи хурдсолон корашро анҷом медиҳад.

Ҳайати Тоҷикистон иборат аз президенти Академияи маорифи ҶТ Ирина Каримова ва муовини Вазири маорифи ҶТ Тоҷинисо Маҳмадова мебошад.

Иштирокдорони форум масоили мубрами бахши тарбия ва таҳсили кӯдакони хурдсолро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Дар форум зикр шуд, ки барои баланд бардоштани сифати тарбияи хурдсолон бояд сатҳи зарурии маблағгузории давлатӣ, сарфи назар аз тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, таъмин гардад.

Ба фикри иштирокдорони форум усули беҳтарини баланд бардоштани сифати фаъолияти мактабҳо иборат аз беҳдошти муҳити тарбияи наврасон аст.

Дар ин бора аз Академияи маорифи ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
 

Тахсилоти томактаби ва миенаи умуми (санадхои меъери-хукуки )

 

 Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии
Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон
Branch Office of the International Organization of
Open Society Institute - Assistance Foundation in Tajikistan

Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯч.Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии «Вафо», ошёнаи 4, 734003• тел:(992 47)4410744(992 47)4410744,4410746•факс:4410729•e-mail:osi@osi.tajik.net•web: www.soros.tj
37/1 Bokhtar St., Business Center “Vefa”, Dushanbe, Tajikistan, 734003 • Tel.:(992 47) 4410744(992 47) 4410744, 4410746 • Fax: 4410729 • e-mail:osi@osi.tajik.net • web: www.soros.tj


Пресс-релиз аз 15 феврали соли 2013


Вохӯрии мавзӯӣ: «Марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб - модели алтернативии таҳсилоти томактабӣ»

19 феврали соли 2013 барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар толори конфронсии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо шарикони худ - ташкилотҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Бунёди Оғо-Хон, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати адлия, Вазорати молия ва Вазорати маорифи Тоҷикистон, Академияи таҳсилот, намояндаҳои Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ва Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф вохӯриеро дар мавзӯи «Марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб - модели алтернативии таҳсилоти томактабӣ» баргузор мекунад.
Ҳангоми вохӯрӣ шиносоии иштирокчиён бо фаъолияти барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и ИҶК-БМТ дар масоили таҳсилоти томактабӣ тавассути таъсиси марказҳои тайёрии кӯдакон ба мактаб ва волидон дар назар аст. ИҶК-БМТ аз соли 2004 барои омода кардани кӯдакон ба мактаб дар манотиқи дурдаст ва дар он ҷойҳое, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд, мусоидат менамояд.
Оғози чорабинӣ: 19 феврали соли 2013, соати 10.00
Макони чорабинӣ: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, к. Айнӣ 45.

Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба ҳамоҳангсози барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” Ҷамшед Қурбонов бо эмайли jkurbanov@osi.tajik.net ва ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи “Рушди барвақтии кӯдак” Лола Бобоева бо эмайли b.lola@osi.tajik.net ё бо телефони 441 07 28, 441 07 45, 227 55 58 муроҷиат намоед.

 

Беҳ кардани сифати таҳсили томактабӣ дар ҷумҳурӣ


Душанбе, 11 феврал (АМИТ «Ховар»).- 12 феврали соли 2013 дар ш. Душанбе барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо дастгирии машваратии коршиноси байналмилалӣ ба мақсади муаррифии натоиҷи арзёбии лоиҳа ва баррасии усулҳо ва воситаҳои беҳ кардани сифати таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ мизи мудаввар баргузор менамояд. Дар вохӯрӣ намояндаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти ҶТ, Институти чумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, мудирони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, мутахассисони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ТҒД ва шарикон аз созмонҳои байналмилалии ЮНИСЕФ, Бунёди Оғохон, CARITAS, GIZ, USAID, Бонки умумиҷаҳонӣ ширкат мекунанд.
Дар ин бора Ҷовид Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
 

Муаррифии барномаи «Рангинкамон»


Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Имрӯз дар Маркази рушди кӯдаки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ «Рангинкамон баргузор гардид.
Барномаи мазкур дар асоси «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2009) ва «Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7- солагӣ) (2010) коркард ва барои бароҳмонӣ дар таҷрибаи амалии кормандони тамоми муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ омода шудааст.
«Таҳсилоти томактабӣ қисми таркибии таҳсилоти пайдарпай мебошад, ки дар раванди он таҳкурсии инкишофи шахсият гузошта мешавад. Дар синни кӯдакӣ ташаккули ҳамаҷонибаи ҷанбаҳои ҷисмонӣ, руҳӣ ва фикрии кӯдак, инкишофи нутқи ӯ ва равандҳои маърифатӣ, қобилият ва сифатҳои иҷтимоии муайян ба амал меоянд. Маҳз, барномаи «Рангинкамон» ҳалли масъалаҳои мазкурро дар мувофиқа бо хусусиятҳои синнусолии кӯдакон пешниҳод менамояд», - зикр намуд роҳбари гуруҳи корӣ, академик Ирина Каримова.
Ба ҳайати гуруҳи корӣ мутахассисони пешбари Вазорати маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мудирони кӯдакистонҳо шомил гардидаанд.
«Барномаи мазкур дар асоси таҳлили таҷрибаи амалии муассисаҳои томактабӣ, пешниҳоди мутахассисони таҳсилоти томактабӣ ва бо баҳисобгирии хусусиятҳои маданӣ-маишии ҷумҳурӣ мураттаб гардида, ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ имконият медиҳад, ки вазифаҳои муҳиме, ки бо тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ алоқаманд мебошанд, ҳалли худро ёбанд, инчунин мутассилии таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоиро таъмин намояд» - гуфт муаллиф-мураттиб, аъзои гуруҳи корӣ, номзади илмҳои педагогӣ Л. Иматова.
 

Афзоиши марказҳои таълими томактабӣ


Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои менеҷери Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғохон Зулобӣ Мамадфозилов аз соли 2009 то имрӯз дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт 84 «Маркази инкишофи кӯдак» бунёд гардидааст, ки дар онҳо беш аз 2 ҳазор нафар кӯдакони томактабӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд.
Боис ба ёдоварист, ки оғози чунин марказҳо ҳанӯз соли 2009 аз ҷониби «Бунёди Оғохон» дар ВМКБ ва ноҳияи Рашт тарҳрезӣ ва бунёд гардид.Тибқи лоиҳаи мазкур соли 2009 ҳамагӣ 9 фоизи кӯдакони тосинни мактабии ВМКБ ба омӯзиш фаро гирифта шуда буд.
Ба гуфти З. Мамадфозилов дар давоми се соли таъсиси лоиҳаи мазкур 33 фоизи кӯдакон ба таълими томактабӣ фаро гирифта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, «Бунёди Оғохон» ҳамаи ин марказҳои таълими томактабиро бо маводи омӯзиш, китоб ва дигар лавозимоти таълим таъмин менамояд.
Чанде пештар боз чунин як марказ дар деҳаи Хиҷордеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мавриди истифода қарор гирифт.

 

 

Стандарти омузиши инкишофи барвактии кудак

Санаи 01.06.2012 дар «Маркази рушди кўдак»-и Академияи тањсилоти Тољикистон муаррифии «Стандарти омўзиши инкишофи барваќтии кўдак» (аз таваллуд то 7(6) баргузор гардид.
Дар муаррифї мудири шўъбаи илм ва маорифи дастгоњи иљроияи Президенти мамлакат Нозимов А.А., вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Оќилов Н.И., намояндагии ЮНИСЕФ дар Тољикистон Лайло Моширї, Такахо, Парвиз Абдувахобов, намояндаи ЮСАИД Терри Джайлз, намояндаи Институти Љомеаи кушод Ќурбонов Љамшед, сардори Раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Муллоев Абдусамад, сармутахассиси Раёсати тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон Кокова Ниссо, Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон Каримова Ирина, муовини директори Пажўњишгоњи рушди маориф Иматова Лутфия, мудири кабинети тањсилоти томактабии ДЉТИКМ Девоншоева Тутихон ва мудирони кўдакистонњои ш.Душанбе ширкат доштанд.
Љаласаро Президенти Академияи тањсилоти Тољикистон, академик Каримова И.Х. ифтитоњ намуда, њозиринро бо талабот, нишондињандањо ва наќшаи таълимию меъёрњои њуљљати мазкур шинос намуд. Аз љумла ќайд гардид, ки бо воситаи талаботњои стандартњои мазкур ба сифати тањсилот, барномањои таълимї, шароитњои парвариши кўдак, ба натиљањои амалисозии ин барномањо мо бањо дода метавонем.
Стандарт њадафи нињоии тарбия ва таълимро мувофиќи хусусиятњои инкишофи кўдак дар давраи муайяни њаёт инъикос намуда, ба мураббиён, омўзгорон, волидон ва шахсоне, ки дар инкишоф ва тарбияи кўдак њамроњ њастанд, аз натиљаи нињої маълумот медињад.
Мењмонон ва намояндагони ташкилоту муассисањои байналмилаливу давлатї рољеъ ба моњият, наќш ва зарурати «Стандарти омўзиши инкишофи барваќтии кўдак» дар инкишофи барваќтии кўдак андешањои хешро баён дошта, сариваќтї ва муњим будани санади мазкурро арзёбї намуданд.
Ќайд гардид, ки мазмуни тањсилот ва нишондињандањои инкишофи кўдак дар асоси муносибати навин барои гирифтани таълиму тарбия дар даврањои синнусолї, дар асоси 5 муњити таълимї мураттаб гардида, барои коркарди наќшаи кори таълимї, барномаи таълимї њамчун замина мавриди истифода ќарор меёбад.