МАРКАЗИ ПЕДАГОГИКАИ ГЕНДЕРӢ

 

           Тимсоли беранги зан дар бардошти кӯдакон

Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш, сатҳи нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои дарсиро ошкор кардааст. Дар китобҳои дарсӣ нақши мардҳо барҷаста тасвир шуда, хислатҳое чун ҷасорату озодихоҳӣ ба мардҳо рабт дода шудааст.

Ҳузури аз ҳади беши мардҳо дар китобҳои дарсии макотиби миёна Рисолат ва ҳамсабақони ӯро, ки дар мактаби рақами 24-и пойтахти Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ҳайрон кардааст. Онҳо баъзан аз устодон мепурсанд, ки чаро занҳо дар китобҳои дарсӣ танҳо дар нақши ошпазу дузандаву мураббӣ зикр мешаванд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон садҳо шоиру муҳандису олими зан дорад? Устодон ба ин суолҳо посухи дақиқ намедиҳанд ва талабаҳо низ ба ин натиҷа мерасанд: "Эҳтимол ин бардоштҳо аз асри гузашта буда, занон он вақт ҳуқуқи зиёд надоштанд ва аз ин сабаб мардон бештар муаррифӣ шудаанд.”

 Эроди хонандаҳо дар бораи нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои таълимиро вазорати маорифи Тоҷикистон низ дарк кардааст ва акнун тасмим дорад ин иштибоҳро ислоҳ кунад. Бар пояии Қонуни асосии Тоҷикистон, зану мард дар ин кишвар ҳуқуқи баробар доранд, вале дар асл, ҷомеаи кишвар мардсолор аст ва занҳо дар ҳамаи бахшҳо, аз сиёсат то маорифу иҷтимоб нақшҳои дуюмдараҷа мебозанд. Тасвири зану мард дар китобҳои дарсӣ, масалан мард дар нақши муҳандис ва зан дар наши ошпаз метавонад ин ақидаро дар зеҳни кӯдакон ҷой диҳад, ки занҳо ба коре бештар аз пухтупаз қодир нестанд.

 Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар пайи як пажуҳиш гендерӣ сатҳи баланди нобаробарии ҷинсӣ дар китобҳои дарсиро ошкор кардааст. Ирина Каримова, муовини раиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мегӯяд, дар китобҳои дарсӣ нақши мардҳо барҷаста тавсир шуда, хислатҳое чун ҷасорату тавонмандӣ ва озодихоҳӣ ба мардҳо рабт дода шудааст.

 “Барои мисол дар китобҳо агар муҳандис тасвир мешуд, ҳатман он мард буд, муаллим агар мебуд он ҳатман зан буд ва ҳатман бо айнак. Агар ин китоби таърих аст, дар он ҳатман қаҳрамонҳо мардонанд. Ҳарчанд маълум аст, ки қаҳрамонҳо бештар мардонанд, аммо боз ҳам мо камтарин қаҳрамонии занонро ҳам ба инобат бигирем ва ба хонанда онро бирасонем. Агар ин адабиёт аст, ҳоло шоираҳо халқии зиёде аз ҳисоби занон аст ва агар дар бораи зиндагиву фаъолияти онҳо бештар маълумот дода шавад мо бурд хоҳем кард” - мегӯяд Ирина Каримова.

 Пажуҳиши гендерии китобҳои дарсӣ ҳамчунин мушаххас кардааст, ки нобаробарӣ дар таблиғи ҳаёти солим ва варзиш низ мушоҳида мешавад. Барои намуна, дар баррасии дастовардҳои варзишгарон сӯҳбат бештар аз мардҳои қаҳрамон аст ва занҳо бо онки қаҳрамонҳои зиёди варзишгар доранд, дар сояи мардҳо мондаанд. Пажуҳишгарони гендерӣ хулосаи омӯзиш ва эродҳои худро ба вазорати маориф ва муаллифони китобҳо пешниҳод карданд, ки баробарии ҷинсиро дар китобҳо ва ҳамин тавр дар зеҳни талабаҳо барқарор кунад.

 Саидамир Аминов, муаллифи китоби забони модарӣ барои синфҳои 7 то 11 мегӯяд, ки ӯ акнун ҷараёни таълифи адабиёт ба масъалаи баробарии нақши зану мард диққат медиҳад, ҳарчанд ба қавли ӯ ин барояш осон нахоҳад буд. “Албатта чанд омил дорад ин. Қаблан ин хел масъалагузорӣ набуд ва муаллиф матнҳоро вобаста ба мавзуи дарсӣ аз осори адибони шинохта мегирад ва дар ин матнҳо бештар дар бораи мардон аст. Ман ҳоло ба хулоса омадам, ки матнҳое интихоб шавад, дар он занҳо ҳам фаъол бошанд. Масалан, вақте сухан дар боари ҷасурии ин ё он мард меравад, агар дар худи матн ҳам набошад, дар поёни он тавассути суолҳо ман бояд нақши занро ҳам тасвир кунам. Масалан пурсам, ки шумо қаҳрамониро фақат ба занон нисбат медиҳед?. “

 Дар доираи ташхиси гендерии Академияи таҳсилоти маориф, таносуби ҷинсӣ дар баробари адабиёти дарсӣ дар муҳити мактаб ва синф ҳам мавриди омӯзиш будаст. “Мо ба ин ҳам таваҷҷӯҳ кардем, ки навбатдорӣ ва кори синф ва мактаб чӣ гуна танзим шудааст. Дидем, ки агар духтару писар навбатдор аст, ҳатман духтар тахтаи синф ва фарши онро пок мекунад. Ё барои мисол, дар як тасвире барои синфҳои 1 модар кӯдакро ба мактаб гусел мекунад, яъне падар куҷо аст? Ин ба маъноест, ки мо кӯдаконро дар рӯҳияи оилаи нопурра тарбия мекунем”- мегӯяд Ирина Каримова.

 Тарғиби якҷонибаи ҷинсӣ ва нобаробарии гендерӣ дар барномаҳои таълимӣ ба гуфтаи мутахассисон наврасонро дар руҳияи нодуруст тарбия мекунад ва занҳоро дар ҳамаи бахшҳо заифтар аз мард ва мардҳоро нерӯмандтар аз зан ба намоиш мекунадад. Як сӯҳбати сарироҳии мо дар кӯчаҳои пойтахт ишора ба ҳамин тамоюл мекунад.

 “Дар китоби мо бештар дар бораи мардон ҳикояҳо мешавад. Аз қаҳрамонҳо Садриддин Айнӣ, Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуровро мешиносем. Мардҳо корнамоии бештар мекунанд. Занон бештар хонанишинанд.”

 “Зан бояд хонанишин бошад, кӯдаку шавҳарашро нигоҳ кунад.”

 Зан аз ӯҳдаи чӣ кор баромада метавонад?

 “Зан омӯзор буда метавонад, хабарнигор, китобхоначӣ.Зан метавонад кайҳонавард бошад?

 “Не, онҳо метарсанд.”

 Занон ҷасур метавонанд бошанд?

 “Кам. Мардон бештар ҷасуранд, зиёд кор мекунанд. Коре, ки мард мекунад, зан наметавонад. Онҳоро дар ҳамаҷо ба кор мегиранд.”Барои ислоҳи ин андешаҳо дар наврасон ва умуман ҷомеаи мардсолори Тоҷикистон ба муаллифони китобҳои дарсӣ ва умуман масъулини соҳаи маориф таъкид шудааст, ки дар фаъолияти худ ба таносуби ҷинсӣ ё баробарии зану мард диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳарчанд ба гуфтаи ҷомеашиносон дар шароите, ки кӯдакон дар хона дар руҳияи нобаробарӣ тарбия меёбанд, бо ислоҳи чанд китоб ва барнома намешавад мафкураи онҳоро тағйир дод.

 

 

ӯлоб: Курсҳои омӯзишӣ барои занони роҳбар

Кӯлоб, 15.12.2015 (АМИТ «Ховар»)- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа барномаҳои гуногуни давлатиро роҳандозӣ намудааст. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ курсҳои омӯзишии занони роҳбарро ба роҳ мондааст ва дар шаҳри Кӯлоб беш аз 30 нафар занони фаъол аз ин курсҳо гузаштанд. Ба  гуфти Саида Нурляминова, мудири бахши занон ва оилаи ш. Кӯлоб дар курси омӯзишӣ беҳтарин мутахассисон ҷалб шуда, ба занон мавзӯъҳои сарварӣ, санъати суханварии сарвар, имиҷи занони сарвар, иштироки занон дар равандҳои сиёсӣ, нақши арзишҳои фарҳангӣ дар фаъолияти занони сарвар ва фаъолияти занон дар ҳизбҳои сиёсӣ омӯзонида шуданд. Баъди се моҳи омӯзиш ба 35 нафар занони аз курс гузашта сертификат супорида шуд ва онҳо барои фаъолият дар вазифаҳои роҳбарикунанда омода гардиданд. 
Чунин курсҳои омӯзишӣ бо донишҷӯдухтарон гузаронида шуда, 32 нафар онро хатм карданд ва 50 нафари дигар таҳсилро идома дода истодаанд.

 

 

Нигаронии Вазорати маориф ва илм оид ба масъалаи дур мондани духтарон аз таҳсил

     Душанбе, 03.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар соли хониши 2014-2015 дар муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии кишвар 209 духтари мактабхон бо сабабҳои гуногун аз таҳсил  дур мондаанд, ки қисмати зиёди он ба вилояти Хатлон рост меояд. Дар ин бора  Фирӯза Ғаниева-сармутахассиси Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 3 декабр  зимни баргузории мизи мудаввар  бахшида ба 16-умин солгарди қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” иброз дошт.
        «Тибқи маълумоти оморӣ  теъдоди духтарони аз таҳсил дурмонда дар вилояти Суғд  23  нафар,  вилояти Хатлон  145 нафар ва дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 45 нафарро ташкил медиҳад»,-афзуд Фирӯза Ғаниева. Ба гуфтаи номбурда, яке аз сабабҳои асосии аз таҳсил дур мондани духтарон,  бахусус дар ноҳияҳои дурдаст- ин дар масофаи дур ҷойгир будани мактабҳо мебошад. 
Масъулини Вазорати маориф ва илми кишвар иброз доштанд, ки барои ҳалли ин масъалаи нигаронкунанда  корҳои махсусро роҳандозӣ намуда истодаанд.

 

 

Оила марзи муҳаббат аст, на ҷои хушунат

Душанбе, 25. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Бахшида  ба Соли оила 25 ноябр дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси бахши занони дастгоҳи КИМ ҲХДТ дар мавзӯи «Оила марзи муҳаббат, на ҷои хушунат»  мизи мудаввар барпо гардид.
Муовини  раиси ҲХДТ Бобоҷониён Раъно Маҳмудзода зикр намуд, ки иқдоми шоистаи Соли оила бо пешниҳоди Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон эълон гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи илмию фарҳангӣ ва ҳуқуқию маърифатӣ сурат гирифта истодаанд. Бояд гуфт, ки тадбирҳои Соли оила дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо доир гашта  истодаанд ва дар ин амри хайр ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши арзанда доранд. Зимнан, иқдоми мазкур идомаи ҳамон силсилачорабиниҳое мебошад, ки ҲХДТ бо ҷалби доираҳои васеи фаъолзанон, созмонҳои иҷтимоӣ ва ташкилоти ғайриҳукуматӣ анҷом медиҳад.
Муовини  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ дар мавзӯи «Қонуни пешгирии зўроварӣ ва шарҳи он дар мустаҳкамкунии хонаводаҳо», раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода дар мавзӯи «Барномаи давлатии пешгирии зўроварӣ дар хонавода», муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева дар мавзӯи «Саломатии оила ва оқибатҳои зўроварӣ», судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилбари Маҳмадшароф  ва дигарон маърӯзаҳо намуданд.
Муназзими мизи мудаввар Раъно Бобоҷониён Маҳмудзода тазаккур дод, ки бо шарофати эълон гаштани соли 2015 ҳамчун Соли оила бисёр мушкилоти соҳа роҳи ҳалли худро пайдо кардаанд ва чунин тадбирҳо минбаъд низ барои ташаккули оилаи солим, боз ҳам фарогир шудани марзи муҳаббати хонаводагӣ ва рафъи хушунат дар оила ва оиладорӣ мусоидат мекунанд.