РОБИТАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Созишномаи њамкорї ба тасвиб расид

Ба маќсади њамоњанг сохтани масъалањои рушди њамкорињо дар соњаи маориф, рўзњои 14-18.05.2018 њайати устодони Донишгоњи омўзгории Белоруссия ба номи М. Танк тањти сарварии ректори донишгоњи номбурда Жук Александр Иванович, љонишини сардори сарраёсати муассисањои томактабї ва тањсилоти миёнаи умумї Давидович Албина Леонидовна ва сардори раёсати робитањои байналмилалии Вазорати маорифи Љумњурии Белоруссия Кобачевская Светлана Михайловна ба Љумњурии Тољикистон ташриф оварданд. Тибќи наќшаи Вазорати корњои хориљии ЉТ ва барномаи сафари корї мењмонони номбурда рўзи 15-уми май ба Академияи тањсилоти Тољикистон ва муассисањои зерсохтори он ташриф оварда, аз Осорхонаи маорифи АТТ дидан намуданд. Ходими калони илмии Осорхонаи маорифи АТТ, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон У. Рањимов рољеъ ба дирўз ва имрўзи муассиса барои мењмонон сайри осорхонавї гузаронида, нигораву маснуоти толорњои намоиширо мухтасар шарњ дод. Мењмонон бахшњои “Дастовардњо” ва “Маорифи Тољикистон дар солњои Истиќлолияти давлатї”, ки инъикоскунандаи саъю талошњои созандаи Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон дар рушду нумуи соњаи маориф мебошад, љолиби диќќат ва омўзанда арзёбї намуданд.

Маросими баимзорасии Созишномањои њамкорї байни АТТ ва Донишгоњи омўзгории Белоруссия дар толори ДЉТИБКСМ сурат гирифт, ки ин њуљљати муњим аз љониби президенти АТТ, профессор Ѓуломќодир Бобизода ва ректори Донишгоњи омўзгории Белоруссия ба номи М. Танк, профессор Жук Александр Иванович ба расмият дароварда шуданд.

 Шарњи мудири шуъбаи илм ва инноватсияи АТТ, н.и.п. С. Камолзода
 Вохўрии намояндагони Вазорати маориф ва илми Љумњурии Белорус  бо кормандони Академияи тањсилоти Тољикистон ва зерсохторњои он, рўзи 16 маи соли 2018