САНАДИ МЕЪЁРӢ-ҲУҚУҚӢ

 


 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи адабиёти таълимӢ

 

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ ба танзим дароварда, кафолат ва талаботи давлатиро ба адабиёти таълимӣ муайян менамояд.

 

БОБИ 1.

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин  истифода мешаванд:

адабиёти таълимӣ – асарҳои хаттӣ ва чопӣ, ки ҳамчун воситаи таълимӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва таҳсилоти иловагӣ интишор меёбанд;

адабиёти таълимии асосӣ – нашрияҳои таълимие, ки нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро доранд;

адабиёти таълимии иловагӣ – нашрияҳои таълимие, ки барои омӯзиши амиқи фанни мушаххас дорои маводи иловагӣ ба барномаи таълимӣ мебошанд;

адабиёти таълимии электронӣ– маҷмӯи иттилооти графикӣ,  матнӣ, рақамӣ, нутқӣ, мусиқавӣ, тасвириву бисёррасонавӣ барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ки дар шаклҳои гуногуни электронӣ мавҷуданд;

захираи электронии (рақамии) таълимӣ – маводи таълимие, ки дар таҷҳизоти электронӣ ё компютер маҳфуз мебошанд;

нашрияи таълимӣ – нашрияе, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия аз рӯйи барномаи таълимии мушаххас барои ноил шудан ба мақсади муайяни таълим нашр гардидааст;

нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯ додааст;

нишони шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимӣ дар адабиёти таълимӣ – нишоне, ки шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба нашрияи таълимии ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот дар соҳаҳои дахлдор ҷавобгӯ додаанд; 

экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – арзёбии мутобиқати адабиёти таълимӣ ба стандартҳои давлатии таҳсилот, талаботи ба сатҳи омодагии хатмкунандагони зинаи дахлдори таҳсилот тасдиқгардида, дастовардҳои муосири илмӣ бо назардошти барномаи таълимӣ ва имконияти  худомӯзӣ, инчунин талабот нисбат ба сохтор ва дастгоҳи усулии адабиёти таълимӣ мутобиқи хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон;

фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, нашриёт, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратию шаҳрвандони ташаббускори экспертиза;

ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ  – мазмуни ҷамъбастшудаи илму дониш, ки муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ уҳдадоранд ба таълимгирандагон пешниҳод намоянд;

ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ – миқдори  кофии номгӯйи адабиёти таълимӣ, ки барои азхудкунии ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилот дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ зарур мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  адабиёти таълимӣ

 

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи адабиёти таълимӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. 

 

Моддаи 3. Асосҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ

 

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ ба дурнамо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф асос меёбад.

 

Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ

 

Ба принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ мансубанд:

- мутобиқат ба раванди муттасили таълиму тарбия;

- пешниҳоди ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ба cубъектҳои раванди таълиму тарбия;

- бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- кафолати дастрасии озоди адабиёти таълимии фондҳои китобхонаҳои муассисаҳои таълимии давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум;

- бо озмун таъмин намудани интихоби таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ дар доираи ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ;

- мутобиқати адабиёти таълимии нашршаванда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф;

- риояи муттасилӣ ва инноватсионӣ дар масъалаҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ;

- таъмини нашри теъдоди зарурии ҳадди ақали ном-гӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқ ба шумораи таълимгирандагон ва дурнамои афзоиши онҳо;

- кафолати пардохти ҳаққи хизмат барои таҳия, мураттибӣ, тақриз, тарҷума, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ.

 

Моддаи 5. Кафолати давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ

 

Дар соҳаи адабиёти таълимӣ давлат инҳоро кафолат медиҳад:

- ҳуқуқи муаллифон ба иштироки баробар дар озмунҳои таҳия, нашр ва нашри такрории адабиёти таълимӣ, аз ҷумла дар доираи ҳадди  ақалли номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ;

- нашр ва хариди адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баргузории озмунҳои кушод барои таҳия, нашр ва таъмин бо адабиёти таълимӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

- ҳифзи истифодабарандагон аз адабиёти таълимии бесифат тавассути қабули стандартҳои давлатӣ барои нашрияҳои таълимӣ ва экспертизаи ҳатмии онҳо.

 

БОБИ 2.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ СОҲАИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёти таълимӣ чунин салоҳият дорад:

- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, нашр, экспертиза ва дастрас намудани адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;

- меъёри таъмини субъектҳои раванди таълиму тарбияро бо адабиёти таълимӣ тасдиқ мекунад;

- ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ менамояд; 

- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф теъдоди умумии адабиёти таълимиро тасдиқ карда, номгӯйи онро ба рӯйхати таъминоти мол барои эҳтиёҷоти давлатӣ дохил менамояд;

- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;

- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ тасдиқ менамояд;

- дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба соҳаи

                      адабиёти таълимӣ

 

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф вобаста ба соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- сиёсати давлатиро дар соҳаи адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;

- низомномаи намунавиро оид ба таҳия, экспертиза ва нашри адабиёти таълимӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод менамояд;

- барномаҳои давлатӣ ва байналмилалиро оид ба нашри адабиёти таълимӣ амалӣ мегардонад;

- дар зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ номгӯйи ихтисосҳои  афзалиятнокро, ки мутобиқи он нашри адабиёти таълимӣ амалӣ карда мешавад, тасдиқ менамояд;

- барои нашри адабиёти таълимӣ озмунҳо доир намуда, баҳри бо адабиёти таълимӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок менамояд;

- натиҷаҳои тасдиқгардидаи озмунҳоро оид ба таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ тибқи талаботи муқарраргардида дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд; 

- қоидаҳо, меъёрҳо, тавсияҳо ва таклифҳоро оид ба таъмини соҳаи маориф бо адабиёти таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ мекунад;

- дастрасии адабиёти таълимиро барои субъектҳои раванди таълиму тарбия мутобиқи Қонуни мазкур таъмин менамояд;

- мутобиқи талаботи низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ усули дастрасии адабиёти таълимиро муайян менамояд;

- адабиёти таълимии нашргардидаро бо мақсади таъмини дастрасии озоди шаҳрвандон дар сомонаи интернетӣ ҷойгир мекунад; 

- дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ хароҷотро барои таҳия, экспертиза, нашр ва дастрасии адабиёти таълимӣ таҳия менамояд;

- талаботи ягонаро оид ба таъминот бо адабиёти таълимӣ таҳия ва тасдиқ намуда, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ иҷрои онҳоро назорат мекунад;

- нишондиҳандаи ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро ба сифати яке аз меъёрҳо ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ истифода мебарад;

- такмили ихтисоси муаллифони адабиёти таълимиро ташкил менамояд;

- номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро тасдиқ мекунад;

- як моҳ пеш аз оғози соли молиявӣ дар воситаҳои ахбори омма номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро, ки соли оянда нашр мешавад, интишор менамояд;

- фармоишгари давлатӣ барои нашри китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимии ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ дохилшуда мебошад;

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонад.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои вазорату идораҳо, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву

                      тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ 

 

Вазорату идораҳое, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ доранд, дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- барои муассисаҳои таълимии сохтории худ адабиёти таълимии асосиро таҳия карда, онро бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод менамоянд;

- маблағгузории муассисаҳои таълимии сохтории худро барои нашр, нашри такрорӣ ва дастрасии адабиёти таълимии асосӣ ва иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои худ таъмин менамоянд;

- барои соҳаҳои дахлдор фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мебошанд;   

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти

                      таълимӣ 

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- дар доираи имкониятҳои худ муассисаҳои таълимиро бо адабиёти таълимӣ таъмин мекунанд;

- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани онҳо бо адабиёти таълимӣ имтиёзҳои иловагӣ муқаррар менамоянд; 

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар соҳаи адабиёти

                         таълимӣ

 

Мақомоти маҳаллии идоракунии маориф дар соҳаи адабиёти таълимӣ дорои ваколатҳои зерин мебошанд:

- таъминот бо адабиёти таълимӣ ва дастрасии онро дар муассисаҳои таълимии мақоми маҳаллидошта, новобаста ба шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, аз нуқтаи назари гурӯҳҳои таълимгирандагон ва забони таълим таҳлил мекунанд ва ба ҳисоб мегиранд;

- тартиби аз нав тақсим кардани адабиёти таълимии нашршударо дар байни муассисаҳои таълимӣ муқаррар менамоянд;

- дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ мегардонанд.

 

Моддаи 11. Вазифаҳои муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ 

 

Муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи адабиёти таълимӣ вазифадоранд:

- таълимгирандагонро тавассути идораи самараноки захираҳои молиявӣ ва моддиву техникии муассисаи таълимӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот бо адабиёти таълимӣ таъмин намоянд;

- усулҳои инноватсионии таъмини таълимгирандагонро бо адабиёти таълимӣ ҷорӣ намоянд;

- раванди таълимро дар низоми таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо захираи электронии (рақамии) таълимӣ таъмин намоянд;

- ба таълимгирандагони ятиму бепарастор, кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбон ва дигар шахсони муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагии дастрасӣ ба адабиёти таълимиро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешниҳод намоянд;

- ба мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар дастрас намудани адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия мусоидат кунанд;

- ҳамчун фармоишгари экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ амал намоянд;

- дигар вазифаҳоеро, ки оинномаҳо ё санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3.

ЭКСПЕРТИЗАИ СИФАТИ АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ

 

Моддаи 12. Таъмини сифати адабиёти таълимии нашршаванда 

 

1. Сифати адабиёти таълимии нашршаванда тавассути экспертизаи он таъмин мегардад.

2. Тартиби гузаронидани экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13. Намуд, мақсад ва субъектҳои экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ 

 

1. Экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ метавонад касбӣ ва ҷамъиятӣ бошад.

2. Мақсади экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз ҷиҳати мутобиқати мазмуни он ба илми муосир, стандартҳои давлатии таҳсилот, ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ, хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон мебошад.

3. Тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

4. Мақсади экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ арзёбии адабиёти таълимӣ аз нуқтаи назари талаботи истифодабарандагон ва ба маълумоти сохторҳои масъули нашри адабиёти таълимӣ расонидани натиҷаҳои он мебошад. 

5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ механизми иловагие мебошад, ки ҳангоми қабули қарор оид ба нашр ё нашри такрории адабиёти таълимӣ дараҷаи амиқи воқеиятро таъмин мекунад. Тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

6. Субъектҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ метавонанд фармоишгарон, коршиносони мустақил, ташкилотҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин субъектҳои раванди таълиму тарбия бошанд. 

7. Робитаи мутақобилаи экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ ба воситаи ҷойгиркунии иттилоот оид ба раванди ҷории экспертизаи адабиёти таълимӣ ва татбиқи таҷрибавии он дар муассисаҳои таълимӣ дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ таъмин мегардад.

 

Моддаи 14. Меъёрҳои экспертизаи касбӣ ва ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ 

 

1. Экспертизаи касбии сифати нашрияҳои таълимие, ки дар раванди таълим ба сифати адабиёти таълимии асосӣ истифода бурда мешаванд, дар асоси меъёрҳои зерин гузаронида мешавад:

- мутобиқат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бар-номаҳои давлатии рушди соҳаи маориф;

- мутобиқат ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот;

- мутобиқат ба ҳадди ақали ҳатмии мазмуни барномаҳои таълимӣ;  

- риояи қоидаҳои имло;

- арзиши ғоявӣ доштан;

-  сохтори комил доштан;

- фаҳмову даркшаванда будан;

- мутобиқат ба талаботи усули баёни маводи таълимӣ; 

- мавҷудияти робитаи мутақобила бо фанҳои дигари таълимӣ;

- мутобиқат ба хусусиятҳои синнусолӣ ва равонии таълимгирандагон; 

- имконпазирии инъикоси масъалаҳои баробарии гендерӣ;

- санҷиши натиҷаҳои таҷрибавӣ дар  муассисаҳои таълимӣ.

2. Меъёрҳои иловагии экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё) шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд. 

3. Ҳангоми экспертизаи касбии сифати адабиёти таълимии электронӣ меъёрҳои зерин низ ба назар гирифта мешаванд: 

- иҷрошаванда будани ҳамаи ҷузъиёти барномаҳои компютерӣ, гузариш аз як барнома ба барномаи дигар, иқтибосҳо ва дигар амалҳое, ки барномаи компютерӣ пешбинӣ намудааст;

- бенуқсон кор кардани барномаи компютерӣ;

- амалӣ шудан дар ҳама навъи таҷҳизоти электронӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои адабиёти таълимии электронӣ пешбинӣ шудаанд;

- мураттабӣ ва сохтори муназзами маводи таълимӣ;

- имкониятҳои мустақилона кор кардани таълимгиранда.

4. Бо мақсади экспертизаи касбии сифати навъҳои дигари нашрияҳои таълимӣ, ки ба сифати адабиёти таълимӣ тавсия дода мешаванд, меъёру усулҳои иловагии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқгардида истифода бурда мешаванд.

5. Экспертизаи ҷамъиятии сифати нашрияи таълимӣ  ба меъёрҳои зерин асос меёбад:

- сатҳи мутобиқат ба барномаҳои таълимӣ;

- имконияти худомӯзӣ;

- сатҳи робита бо захираҳои иттилоотӣ дар шабакаи интернет;

- сифати маҳсулоти чопӣ.

6. Меъёрҳои иловагӣ ва усулҳои экспертизаи ҷамъиятии сифати адабиёти таълимӣ аз ҷониби фармоишгар ва (ё)  шахси барои чунин экспертиза манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.  

 

Моддаи 15. Тасдиқи сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму

                         тарбия тавсия карда мешавад

 

1. Сифати адабиёти таълимие, ки барои истифода дар раванди таълиму тарбия тавсия карда мешавад, бо додани нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатии таҳсилот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё)  шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Адабиёти таълимӣ дорои нишони мутобиқат ба стандартҳои давлатӣ ва фаннии таҳсилот мебошад, яъне:

- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё)  шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимӣ, ки дар саҳифаи аввали он ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;

- нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё)  шӯроҳои илмию  методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба адабиёти таълимии электронӣ, ки дар зери маълумоти сарлавҳагӣ ҷойгир карда мешавад, тағйирнопазир аст;

- нишон аз мақоми нашрияи таълимӣ, мазмуну мундариҷа ва мутобиқати он ба барномаи таълимии зинаи таҳсилот дарак дода, инчунин вобаста ба барномаҳои таълимӣ, намуди муассисаи таълимӣ, таълими кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, гурӯҳҳои таълимгирандагон ва забони таълими истифодабарандагони адабиёти таьлимиро муайян намояд;

- нишон мутобиқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва (ё) шӯроҳои илмию методии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар асоси хулосаи экспертиза дода мешавад;

- қарор оид ба додани нишон дар мӯҳлати амалишавии стандартҳои дахлдори давлатии таҳсилот эътибор дорад.

3. Ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ нашрияҳое дохил мешаванд, ки аз экспертизаи сифати адабиёти таълимӣ гузаштаанд ва ба он нишони дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф гузошта шудааст.

 

Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблағгузории таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ

 

1. Таҳия, нашр ва экспертизаи адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ (буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ), маблағҳои махсус, муассисони муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ мешаванд.

2. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ, ки барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф ва барномаҳои нашри адабиёти таълимӣ пешбинӣ намудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

3. Маблағгузории таҳия ва нашри адабиёте, ки ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил буда, мутобиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ барои ба давлатҳои дигар дастрас намудан пешбинӣ шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

4. Маблағгузории фаъолият оид ба додани нишони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба адабиёти таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои дархосткунанда, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор амалӣ мегардад.

 

БОБИ 4. 

ТАЪМИНИ  ДАСТРАСИИ  АДАБИЁТИ  ТАЪЛИМӢ

БА СУБЪЕКТҲОИ  РАВАНДИ ТАЪЛИМУ  ТАРБИЯ    

 

Моддаи 17. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия

                         дар зинаҳои таҳсилоти умумӣ 

 

1. Ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии  таҳсилоти умумӣ дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ барои соли таҳсили дахлдор тибқи меъёрҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

2. Адабиёте, ки ба номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ шомил аст, моликияти давлат буда, муқовааш дорои навиштаҷоти «Моликияти давлат» мебошад ва тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба фонди китобхонаи муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ барои идоракунии оперативӣ супорида мешавад.

3. Дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ бо тартиби дар оинномаи муассисаи таълимӣ, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва субъектҳои раванди таълиму тарбия, шартномаи байни муассисаи таълимӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф пешбинигардида мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.

4. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҳар сол баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад. 

 

Моддаи 18. Таъмини дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия

                         дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ 

 

1. Дастрасии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимиро ба таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муассисони ин муассисаҳои таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот таъмин менамоянд.

2. Дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ташкили раванди таълиму тарбия бе таъмин кардани фонди китобхона бо миқдори зарурии ҳадди ақали номгӯйи давлатии адабиёти таълимӣ мутобиқи стандарти давлатии таҳсилот барои ҳар як сол иҷозат дода намешавад.

3. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин гардидани дастрасии адабиёти таълимӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар ду сол як маротиба баҳисобгирии фонди китобхонаи муассисаи таълимӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 19. Истифодаи маблағҳои махсус дар муассисаҳои таълимии давлатӣ барои хариди

                        адабиёти таълимӣ

 

1. Муассисаи таълимии давлатӣ ҳуқуқ дорад маблағҳои махсуси худро барои хариди адабиёти таълимӣ истифода барад ва фонди адабиёти таълимӣ ташкил кунад. 

2. Тартиби истифодаи маблағҳои махсус барои хариди адабиёти таълимӣ ва ташкили фонди адабиёти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян карда мешавад.

 

БОБИ 5.

МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ 

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

Моддаи  21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур 

 

 

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

Президенти 

 

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,

№ 1122

 

 

    ҚОИДАҲОИ РАФТОР

Бо фармоиши вазири маориф
ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз « 26 » 06 соли 2014, №1304
тасдиқ шудааст
                                                                                  

 ҚОИДАҲОИ
РАФТОРИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

         Қоидаҳои рафтори корманди соҳаи маориф ва илм   (минбаъд – Қоидаҳои рафтор), маҷмӯи меъёрҳои рафтори корманди соҳаи маориф ва илм буда, хислати ахлоқии фаъолияти касбии соҳавии онро таҷассум менамояд ва аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ ва талаботи маънавии ҷамъият бармеояд.

Қоидаҳои рафтор - ин маҷмӯи фаъолияти корманди соҳаи маориф ва илм мебошад, ки меъёрҳои ахлоқии фаъолияти хизматӣ, муносибату рафтор ва ҳисси масъулиятшиносии ғайрихизматии онҳоро танзим намуда, аз меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ, ки дар асоси он фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматии корманди соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда мешавад, иборат мебошад.

Қоидаҳои рафтор бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти касбӣ ва ғайрикасбии кормандони соҳаи маориф ва илм, расидан ба ҳадафҳои Вазорати маориф ва илм, дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, баланд бардоштани эътибор ва нуфузи Вазорати маориф ва илм ва кормандони ин соҳа                                                                                              дар ҷомеъа, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда қабул гардидааст.

 

I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

1.Тибқи нишондоди Қоидаҳои рафтор корманди соҳаи маориф ва илм фаъолияти худро бояд дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, фармоишҳои вазир ва қарорҳоимушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои фитрии аз тарафи ҷомеъа эътирофшудаи ахлоқӣ ба роҳ монад.

2.Корманди соҳаи маориф ва илм вазифадор аст, ки ҳангоми адои
вазифаҳои хизматӣ ва берун аз он, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва
шаҳрвандонро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон,
санадҳои    меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии    Тоҷикистон    ва    санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии    Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст, пос дорад.

3.Корманди соҳаи маориф ва илм баҳри баланд бардоштани обрӯю эътибори Вазорати маориф ва илм ва кормандони он саъю кӯшиш намуда, уҳдадориҳои хизматӣ ва ғайрихизматии худро содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба роҳ монад.

4.Корманди соҳаи маориф ва илм бояд эътибори фаъолияти худро дар соҳаи маориф ва илм пос дошта, аз ҳама гуна зуҳуроти номатлубе, ки метавонад боиси паст гардидани шаъну шарафи Вазорати маориф ва илм ва кормандони он мегардад, канораҷӯӣ намояд.

5.Ҳангоми беасос айбдор намудани корманди соҳаи маориф ва илм дар содир намудани ҷиноят ва дигар кирдорҳои бадномкунанда, ӯ метавонад барои ҳифз ва нигоҳ доштани шаъну эътибор ва мақому мартабаи худ ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд.

     

II. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ

ВА ИЛМҲАНГОМИ ИҶРОИ УҲДАДОРИҲОИ МАНСАБӢ

 

6.Корманди соҳаи маориф ва илм хангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва берун аз доираи фаъолияти хизматиаш бояд:

6.1.Забони давлатиро донад, ба забони адабии расмӣ озодона сухан ронда тавонад, дар фаъолияти касбиаш ҳуҷҷату коргузориро дар асоси меъёрҳои забони давлатӣ ба роҳ монад ва барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ғайра) қӯшиш намояд;

6.2.Ҳамеша ба такмили малака ва маҳорати касбии худ ҷаҳд намуда,
донишҳои айнӣ ва зеҳнии худро барои иҷрои вазифаҳои хизматиаш нигоҳ дорад;

6.3.Муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», санадҳое, ки вобаста ба Қонуни мазкур қабул мегарданд, донад. Аз дигар санадҳои меъёрии хуқуқӣ бархурдор бошад;

6.4.Барои пешгирӣ ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки
ба содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат намудааст, инчунин дар
рӯҳияи масъулиятшиносӣ, риояи қатъӣ ва иҷрои дақиқу якхелаи қонунҳо
тарбия намудани шаҳрвандон ва таълимгирандагон чораҳо андешад;

6.5.Дар ҳолати ошкор намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ
нисбати шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудааст, дар доираи
муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯӣ намояд;

6.6.Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ принсипҳои
ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ,
ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро
ба инобат гирад;

6.7.Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ корманди соҳаи маориф ва илм содиқона ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро иҷро намуда, ба унвони баланди корманди ин мақомот иснод наоварад;

6.8.Дар муошират бо муроҷиаткунандагон, падару модарон, ҳамкасбон ва намояндагони дигар ташкилоту идораҳо хушмуомила бошад;

6.9.Аз гирифтани музди муқаррарнагардида (ба истиснои дастгирии
молиявӣ ва маоши мансабӣ, ки аз ҷониби корфармо бо мақсадҳои гуногун
пардохт карда мешавад) барои иҷрои уҳдадориҳои худ, чи дар шакли
моддӣ (пул, туҳфаҳо) ва чи дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасониҳо)
худдорӣ намояд;

6.10.Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт ва дар муҳлатҳои
муқарраргардида баррасӣ намуда, ҷиҳати иҷрои талабу дархости онҳо
чораҳои зарурӣ андешад;

6.11.Аз иҷрои амалиёте, ки дар он фаъолияти шаффофи ӯ метавонад зери шубҳа қарор гирад, вақте ки ба ин амалиёт пайвандони ӯ алоқаманд мебошанд ё ҳолатҳое, ки бавосита ва ё бевосита оид ба натиҷаи ин кор манфиатдор шуморидани ӯ боис мегарданд, худдорӣ намояд;

7.Корманди соҳаи маориф ва илм, ки дар мансаби роҳбарикунанда фаъолият менамояд, ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ вазифадор аст, ки ба зуҳуроти маҳалгароӣ ва таъини кадрҳо аз рӯи нишонаҳои садоқати шахсӣ роҳ надиҳад.

8.Дар баробари вазифаи асосӣ (танҳо он корманде, ки дар мансаби хизмати давлатӣ кор мекунад) ҳамзамон ба иҷрои дигар кори музднок (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгорӣ) машғул нашавад.

9.Ба фаъолияти муроҷиаткунанда доир ба масъалаҳое, ки ба мавзӯи санҷиш ё назорат алоқаманд нест, дахолат нанамояд.

10.Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баёнот ва маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надорад, талаб нанамояд.

11.Иттилоот ва маълумоти дар ҷараёни санҷиши муассисаҳои соҳа бадастовардаро бо мақсадҳои шахсӣ ё ғайрихизматӣ истифода набарад ва паҳн нанамояд.

12.Корманди соҳаи маориф ва илм дар сурати бо муроҷиаткунанда
доштани алоқаи хешу таборӣ ва ё бо хеши вай доштани муносибати
молиявӣ, набояд вазифаи хизматии худро анҷом диҳад.

13.Дар ҳолати пайдо кардани маълумот дар бораи он ки
ҳамкорони ӯ ё муроҷиаткунандагон кирдори ҷиноӣ ё хусусияти
коррупсионидоштаро содир кардаанд ва ё содир карданианд, фавран ба
роҳбари бевоситааш ва ё ба мақомоти дахлдор хабар диҳад.

14.Дар вақти муқарраргардида ба кор ҳозир шавад, дар корҳои
ҷамъиятӣ фаъолона иштирок кунад ва интизоми меҳнатро аз рӯи
меъёрҳое, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст,
амалӣ намояд.

15.Ҳангоми гузаронидани корҳои назоратию санҷишӣ
ташаббускорона рафтор намуда, баҳри дарёфти муваффақиятҳои нави
таълимӣ чораҳо андешад ва барои мукаммал намудани қонунгузории
соҳа ба роҳбарияти Вазорати маориф ва илм пешниҳод манзур намояд.

16.Тарзи либоспӯшии худро тибқи меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ монад.

 

III. ФАЪОЛИЯТИ ҒАЙРИХИЗМАТИИ

КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ

 

17.Корманди соҳаи маориф ва илм уҳдадор аст:

17.1. Тавсияномаи «Мақоми омӯзгор»-ро раҳнамои фаъолияти касбӣ ва ҷамъиятии худ қарор дода, дар татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» саҳмгузор бошад;

17.2.Урфу одат ва анъанаҳои миллӣ ва анъанаҳои намояндагони халқу миллатҳои гуногунеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доранд, эҳтиром намояд, барои дӯстӣ ва ҳамбастагии ин халқу миллатҳо саҳмгузор бошад;

17.3.Ҳангоми гузаронидани тӯй, анъана, ҷашн ва маъракаҳо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бо пуррагӣ риоя намояд;

17.4.Берун аз адои вазифа аз мавқеи ҷойгиршавӣ ва мансаби хизматиаш сӯистифода нанамояд ва шахсони дигарро ба таҳлука наандозад;

17.5.Дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоии ғайриқонунӣ, ки боиси вайрон гардидани тартиботи ҷамъиятӣ мегардад, иштирок накунад;

17.5.Фарзандон ва шогирдонашро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, садоқат ба Ватан ва ба халқу миллати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия намуда, баҳри дар сатҳи дахлдор таълим гирифтани онҳо кӯшиш намояд.

 

IV. МАСЪУЛИЯТИ КОРМАНДИ СОҲАИ МАОРИФ ВА

ИЛМ БАРОИ ВАЙРОН НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ ҲАМИН

ҚОИДАҲОИ РАФТОР

 

18.Риояи номатлуби Қоидаҳои рафтор боиси дар тавсифномаи
корманди соҳаи маориф ва илм қайд гардидани кирдори ӯ мегардад, ки
хангоми аз атестатсия гузаштан, додани рутбаи тахассусӣ ва ба мансаби
дигар гузаронидани корманд ба инобат гирифта мешавад.

19.Барои содир намудани кирдорҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ корманди соҳаи маориф ва илм мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

20.Дар сурати зарурат тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қоидаҳои рафтор тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА" (Ахбори Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, с. 2013 №3)

  

 

 

Консепсияи миллии тањсилоти фарогир (инклюзивї) барои кўдакони имконияташон мањдуд дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2015
 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ"

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ МАОРИФ" (2013с)

 

 

Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон

 

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи маориф"

 

 

Қонуни  Ҷумхурии Точикистон "Дар бораи осорхонахо ва фонди осорхонахо"
 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"

 

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  "Дар бораи пешгирии зуровари дар  оила"

 


 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи тахсилоти томактаби" (лоиха)

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи экспертизаи илми ва илми-техники"

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи парки технологи"

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон"

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо дар Чумхурии Точикистон"

Карорхои Хукумати  Чумхурии Точикистон

 

 

Конуни Чумхурии Точикистон "Дар бораи тарбияи чисмони ва варзиш"

 

Кодекси Оилаи Чумхурии Точикистон

 

 

Стратегияи сиесати давлатии чавонон дар Чумхурии Точикистон то соли 2020