Аъзо-корреспондент (узви вобаста)

Руйхати кори илмии Бобиев Г.

 

Аминов Саидамир Ашурович

 Аминов Саидамир Ашурович (тав. 04.01.1946, дењаи Турушбоѓ, ноњияи Њисор). Аълочии маорифи Тољикистон (1981), Аълочии маорифи СССР (1988), омўзгор, номзади илмњои педагогї (1995) , узви вобастаи АТТ. хатмкардаи курси яксолаи муаллимтайёркун дар н. Хисор (1962-2963), муаллими мактаби 8-солаи № 23-и ноњияи Њисор ( 1963-1965), хатмкардаи ИПД ба номи Шевченко (1965-1969), муаллими мактаби №3 ноњияи Њисор (1970-1971), хидмат дар ќуввањои мусаллањ (1970-1971), ходими илмии ИТИИП (1971-1972), методисти ИМТИ, ходими хурди илмї, ходими калон, мудири лабораторияи забон ва адабиёт, котиби илмї, муовини директори ИТИИПТ (1975-2003), сардори идораи тањсилоти умумии ВМ ЉТ (2003-2005), сардори бахши илмии нахустин Маркази идораи Лоињаи ислоњоти соњаи маорифи Точикистон (2006-2008), саркотиби илмии АТТ( аз 2008 то хол).
Муаллифи беш аз 40 китоби дарсию дастурњои методї ва беш аз 350 маќолањои илмию методї. Муаллифи китобњои дарсии забони тољикї барои синфњои 5, 6, 7, 8, 9 (1983-1996) дар њаммуаллифї ва китобњои дарсии забони точикии синфхои 7, 8, 9 (10) ва 11 (озмоишї)-и амалкунанда.
Забони тољикї барои синфи 9 (10), ки бар асоси сохтори нав ва мутобики барномаи нави тартибдодааш таълиф шудааст, бењтарин китоб дониста шуда, соли 1995 сазовори љоизаи Мавлавї гашт.
Китобњои забони тољикї барои синфњои 7 ва 8 аввалин маротиба дар љумњурї ба тариќи мавриди озмоиш ќарор додан дар 5 ноњия ба интихоб гашта, пешкаши тамоми хонандагони кишвар гардид. Дар ин китобњо бењтарин матнњо љой доранд ва омўзиши забон бар асоси матн пешнињод шудааст.
Фаъолияти илмии С. Аминов бо китобњои дарсии забони тољикї мањдуд нагашта, дар тањияи барномахои таълими забони тољикї, стандарти фанни забони тољикї барои синфхои 5-9, рисолаю дастурњои методї, маќолањои илмию методии марбути соњаи маориф, тањияи луѓатњои мактабї, тањияи китобу дастурњои дар алифбои арабиасос нашршуда, навиштани таќризњо ба рисолаю китобњои дарсї ва дастурњои методї, тањрири китобњои дарсию методии фаровон барои мактабњои миёна ва олї фаъолона ширкат меварзад.
Дар дастуру маќолањояш асосан аввалин шуда матрањ кардани ин ё он масъаларо ба миён мегузорад: Таълими ибора дар синфи 6 (1972); Моњияти бозињои грамматикї (1974, 1976, 1977) ; Системаи машќњо аз забони тољикї дар синфњои 4-8 (даст. мет., 1979); Матн ва таълими он дар мактаб (даст.мет. 2012), Таълими њуљљатњои расмї(1982); Таълими њуљљатњои расмї дар мактаб (даст. мет.1992, 2008, 2011); Тарѓиби касб дар дарсњои забон (1982); Маќеи устод Рўдакї, М. Турсунзода, Лоњутї … дар китобњои дарсии забон (1978, 1988…); Грамматика њам зарур аст (1993); Чанд масъалаи шарњи луѓати «Одина»-и С. Айнї (1977); Луѓати форсии Сино (202-2003); Луѓати фразеологии мактабї(2002, 2008); тезгўяк ( маводи дид., 2011) ва ѓайрањо.
Китоби «Сарфу нањви тољикї»-и Саидризо Ализодаи Самарќандї (2006), «Ќоидањои забони тољикї»-и Фитрат (2008) ва дастури луѓатомўзии «Нисоб-ус-сибён»-и Абунасри Фароњиро (1993,, 2004) баргардон кардааст.Беш аз 50 барномаи таълим, рисолаю китобњои дарсї ва дастурњои методиро тањрир кардааст, ки чанде аз онњо инхоанд: Программаи забони тољикии нашри солхои 1981-1990, Барномањои методикаи таълими химия (2010), китобњои дарсии Касбу њунар барои синфњои 6 (2005), 7 (2005), Забони тољикї барои синфи 6 (озмоишї, 2007), Суруд барои синфи 5 (2005), Забони тољикї барои синфи 9 (озмоишї, 2007), Методикаи таълими химия (китоби дарсї барои мактабњои олї, 2011), Тафриќа - асоси таълим (2003), Равияњо дар таълим- талаби замон (2007), Маърифати шањрвандї (курси лексия 2009), Асосњои методикаи таълими химия ќ.1 (2008), ќ.2 (2009), Арзёбї-асоси пешрафт (дастури методї, 2010), Зи ѓизо тан тавоно бувад (2011), Тафриќа - нерўи пешбари раванди таълим (2003), Стандарти тањсилоти ибтидої (с.1-4, 2009), Стандарти фанни математика барои синфхои 5-9 ва роњнамо (2012), Стандарти тањсилоти ибтидоии забони модарї ва математика барои синфхои 1-4 ва роњнамо (2012), Стандарти фанни химия барои синфхои 8-11 ва роњнамо (2012), Стандарти фанни биология барои синфхои 5-9 ва роњнамо (2012), Маърифтаи таълим (дастур барои худомўзии мауаллимони синфњои ибтидої, 2012), Таълими кўдакони шашсола (дастур барои донишљўён, 2012), Педагогикаи башар (2008), Проблемањои таълими тафриќа ( маљ. маќолањо -308с, 2009), Хониши ифоданок дар дарсњои забони модарї (2012), Маљмуаи машќњо аз забони тољикї барои синфи 9 (2010), Менељменти педагогї дар муассисањои тањсилоти умумї (2012) ва м. инхо.
Дар конфронсњои зиёди бахшида ба назария ва усули таълими забон дар сатњи љумњурї ва байналмилалї ширкат варзидааст. Масалан, дар нахустин маљмаи байналмилалии устодони забони форсї соли 1995 дар Тењрон дар мавзўи «Мавќеи матн ва матнсозї дар омўзиши забон» маърўза кардааст, ки ба он шунавандагон мароќи калон зоњир кардаанд.
Аз соли 1999 то имрўз дар тањияи Наќшањои таълими мактабњои тањсилоти умумї, Низомномаи намунавии мактабњои тањсилоти умумї, Низомномаи озмунњои мактаббачагон аз фанни забони тољикї, Низомномаи муаллими соли Тољикистон ва ѓайрањо фаъолона сањм гирифтааст. Дар тањияи лоињаи ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» аз аввал то охир фаъолона ширкат варзидааст. Солњои зиёде ба сифати раиси Шўрои њамоњангсозии таълими забони тољикї фаъолият карда, аъзои Шўрои миллии тањсилоти назди Вазорати Маориф мебошад.
Тањти роњбарии ў 2 нафар рисолаи номзадї дифоъ кардаанд.
Бо медали « Хизмати шоиста»(1999) мукофотонида шудааст.
Корњои асосї: Тартиби гузаронидани машќ аз забони тољикї барои синфи 4-8 (1979); Методикаи таълими матнсози дар дарсњои забони тољикї (1995); Олим ва педагоги шинохта(1995); Таълими њуљљатњои расмї дар мактаб(1992, 2007, 2011); Матн ва таълими он дар мактаб (2002); Луѓати мухтасари мактабї (2002, 2008), Муњаќиќи тавоно ва омўзгори амиќандеш (2009, Луѓати фразеологии мактабї (2002, 2007), Дастури методї ба китоби синфи 7 (2008), Барномаи забони тољикї барои синфи 5-9 (1994), Барномаи забони тољикї (2001, 2002, 2006), Барномаи забони давлатї (2004, дар њаммуаллифї, 2010), Стандарти фанни забони тољикї барои синфи 5-9 ва роњнамо (дар њаммуаллифї,
2012), Барномаи забони тољикї барои шуъбаи дефектологияю педагогика ва психологияи томактабї (2003), Забони тољикї барои синфи 7 (202, 2007, 2008), китоби забони тољикї барои синфи 8 (2007), забони тољики барои синфи 10 (2005, 2011), Забономўзї - асоси рушди тафаккур ( мач. мак.,2010), Саёњат ба кишвари саломатї (дастур барои муаллимон, дар њаммуалифї), Саёњат ба кишвари саломатї (дар њаммуалифї ( дафтари корї барои синфњои 1, 2, 3 ва 4,2004). 

Унвони илмї: номзади илмњои педагогї, ходими калони илм

Бандаев Сирочиддин Гадоевич

Бандаев Сирољиддин Гадоевия кимиёшиноси маъруфи тољик, доктори илми кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон (2005), академики Академияи илмњои байналмилалии мактабњои олї (МАН ВШ) (2000), Корманди шоистаи Тољикистон (1998), барандаи Љоизаи Президенти Љумњурии Тољикистон дар соњаи маориф (2012)
Солњои 1970-1972 муаллими кафедраи химияи органикї ва биологии Донишкадаи давлатии омўзгории ш.Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко. Солњои 1972-1975 аспиранти Донишгоњи давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976-1982 муаллими калон, 1982-1993 дотсенти кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгории пайтахт, 1989-1992 докторанти Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буд. Њамзамон солњои 1979-1980 декани факултети биология-химияи донишкадаи омўзгории пойтахт, 1980-1995 њамчун мудири кафедраи химияи органикї ва биологї, 1995-1998 муовини ректори оид ба корњои илмї, 1998-2007 муовини ретори Донишгоњ оид ба корњои таълимї, 2007-2008 муовини ректори донишгоњ оид ба корњои илмї кор кардааст. Аз соли 2008 Мушовири ректори донишгоњ ва профессори кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгорї мебошад.
Тўли зиёда аз 40 соли фаъолияти омўзгориаш дар таълиму тарбияи њазорњо мутахассисон барои соњаи маорифи љумњурї сањми арзишманди худро гузоштааст. Њамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараљаи илмї-методии раванди таълим хизмати бузурге кардааст.
Кафедраи химияи органикию биологї, ки солњои 1980-1995 роњбарии онро профессор Бандаев С.Г. ба ўњда дошт, яке аз пешќадамтарин кафедрањои тахассусии Донишкада ба њисоб мерафт ва ба натиљањои назаррасї илмї ноил гардида буд.
Донишљўён тањти роњбарии ў борњо дар озмунњои илмї ва олимпиадањои љумњуриявию байналмилалї ѓолиб омадаанд. Бандаев С.Г. муаллифи як ќатор китобњои дарсї барои донишљўён ва мактаббачагон мебошад, ки онњо њоло китобњои рўимизии хонандагон, донишљўён ва муаллимон мебошанд.
Тадќиќотњои илмии профессор Бандаев С.Г. ба омўхтани ќонуниятњои (ќобилияти реаксионї, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанњо бо намакњои симоб (II) ва модификатсияи мањсулотњои реаксия ба пайвастагињои алкиларилї ва гетеросиклии бисёрфунксионалї бахшида шудаанд. Дар натиљаи тадќиќоти бисёрсолааш усули њосил кардани як силсила спиртњо ва эфирњои γ-мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда , роњњо ва наќшањои нави истифодаи синтетикии онњоро нишон додааст. Муаллифи 2 рисола, 5 китоби дарсї, 6 воситаи таълимї, 5 дастурњои методї ва зиёда аз 250 маќолаи илмї, илмї-методї ва илмї- оммавї ва тањиягарї «Стандартњои давлатии тањсилоти олии касбї» аз рўи ихтисосњои омўзгорї мебошад. Иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш.Москва (1986) ва ш. Коњира (1992) буд, дар як ќатор анљуману конференсияњои љумњуриявї, минтаќавї, умумиитифоќї ва байналхалќї бо мавзўъњои илмї баромад намудааст . Дар тарбияи дањњо мутахассисони баландихтисоси илмї-таълимї сањми арзанда дорад. Бо роњбарии ў 10 нафар рисолаи номзадї тайёр намудаанд .
Солњои тўлонї аъзои шўрои илмї-методии собиќ Вазорати макотиби олии ИЉШС ва Љумњурии Тољикистон оид ба кимиё, кумитаи тадорукоти олимпиадаи умумииттифоќии (ИЉШС) мактаббачагону донишчўён оид ба кимиё буд. Айни њол раиси Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои номзадї аз рўи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аъзои Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои докторї ва номзадии Институти химияи АИ ЉТ, раиси гурўњи коршиносони Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон оид ба химия мебошад.
Барои хизматњои шоёнаш бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тољикистон», нишонњои сарисинагии «Аълочии маорифи Тољикистон», «Аълочии маорифи ИЉШС», дипломњои КМ ВЛКСМ ва Вазорати мактабњои олии ИЉШС (1983 ва 1990), КМ ЛКСМ Тољикистон ва Вазорати мактабњои олии РСС Тољикистон (1982 ва 1985) ва ВЦСПС (1986), Ў иштирокчии ВДНХ-и ИЉШС буда, бо «Медали биринљї» сарфароз шудааст. Шўрои роњбарикунандаи муњаррирони Пажўњишгоњи биографии Амрико ўро бо «Медали фахрии Амрико-2003» ќадр кардааст.
ТАВСИФНОМА ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МЕЊНАТИИ БАНДАЕВ С.Г.

Бандаев Сироҷиддин Гадоевич (10.03. 1945, деҳаи Лоҷирк, ноҳияи Тавилдара), кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илми кимиё (1992), профессор (1993), узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005), академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ (МАН ВШ) (2000), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), барандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2012)

Соли 1962 мактаби миёнаи №7 ноњияи Шањритузро хатм кардааст. Солњои 1962- 1970 дар шўъбаи химия-биологияи факултаи љуѓрофия ва табиатшиносии Донишкадаи давлатии омўзгории Душанбе (ДДОД) ба номи Т.Г.Шевченко тањсил намудааст. Солњои 1970-1972 муаллими кафедраи химияи органикї ва биологии донишкадаи номбурда. Солњои 1972-1975 аспиранти Донишгоњи давлатии ш.Москва ба номи М.В.Ломоносов, 1976-1982 муаллими калон, 1982-1993 дотсенти кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгории пайтахт, 1989-1992 докторанти Донишгоњи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов буд. Њамзамон солњои 1979-1980 декани факултети биология-химияи донишкадаи омўзгории пойтахт, 1980-1995 њамчун мудири кафедраи химияи органикї ва биологї, 1995-1998 муовини ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Душанбе ба номи Ќ.Љўраев оид ба корњои илмї, 1998-2007 муовини ретори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї оид ба корњои таълимї, 2007-2008 муовини ректори донишгоњи номбурда оид ба корњои илмї кор кардааст. Аз соли 2008 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии донишгоњи омўзгорї мебошад. Солњои 1971-1972 дар Донишгоњи давлатии шањри Ленинград, 1978-1979 дар Донишгоњи шањри Лейпсиги Олмон ихтисоси худро такмил додааст.
Тўли зиёда аз 40 соли фаъолияти омўзгориаш дар таълиму тарбияи њазорњо мутахассисон барои соњаи маорифи љумњурї сањми арзишманди худро гузоштааст. Њамчун мудири кафедра ва декани факултети химия дар баланд бардоштани дараљаи илмї-методии раванди таълим хизмати бузурге кардааст. Ў аз химияи органикї ва синтези органикї ба донишљўёни ихтисосњои «Химия» ва «Химия-биология» лексия мехонад ва дарсњои амалї мебарад. Дарсњои профессор Бандаев С.Г. њамаваќт шавќовар ва пурмазмун мегузаранд, устод ба фаъолияти беруназдарсии шогирдон ањамияти калон медињад, пайваста онњоро ба корњои илмї ва мустаќилона љалб менамояд. Донишљўён тањти роњбарии ў борњо дар озмунњои илмї ва олимпиадањои љумњуриявию байналмилалї ѓолиб омадаанд. Дар њаммуаллифї бо донишљўён зиёда аз 20 маќолаи илмї дар маљаллањои љумњуриявї ва байналмилалї чоп кардааст. Бандаев С.Г. муаллифи як ќатор китобњои дарсї барои донишљўён ва мактаббачагон (замимаи 1) мебошад, онњо њоло китобњои рўимизии хонандагон, донишљўён ва муаллимон мебошанд. Аз љумла китоби «Химияи органикї» барои синфи 10 (Бандаев) аз рўи «Натиљањои экспертизаи љамъиятї оид ба сифати китобњои дарсии барои мактабњо тањсилоти умумї нашршуда» тибќи хулосаи экспертњо, муаллимон ва талабагон, миќдори аз њама зиёди холњоро дар байни китобњои дарсии табиатшиносї-математикї гирифт. Талабагон њангоми арзёбии китобњои дарсї бештар ба дастрасї ва фањмогии мавод, ба шавќовару диќќатљалбкунанда будани услуби баёни мавод, ба ањамияти омўзиши фанни омўхташаванда дар њаёти њамарўза, гуногун будани супоришњо ва ѓ. диќќат додаанд, Аз рўи ин меъёрњо китоби «Химияи органикї» (Бандаев) барои синфи 10 бењтарин китоби дарсї дониста шудааст.
Кафедраи химияи органикию биологї, ки солњои 1980-1995 роњбарии онро профессор Бандаев С.Г. ба ўњда дошт, яке аз пешќадамтарин кафедрањои тахассусии Донишкада ба њисоб мерафт ва ба натиљањои назаррасї илмї ноил гардида буд. Соли 1982 ду нафар шогирдони Бандаев С.Г. дар озмуни корњои илмии донишљўёни ИЉШС (ш.Ленинград) сазовори љои дуюм гардида, бо Дипломи Вазорати маълумоти олї ва миёнаи махсусї ИЉШС мукофотонида шуданд, ки ин бењтарин дастоварди донишљўёни Љумњурии Тољикистон дар соњаи илмњои табиатшиносї буд. Солњои 1980-1990 устодони кафедра дар њалли Барномаи комплесии илмию техники (КНТП)-и Љумњурии Тољикистон («Коррозия») ва ду Барномаи комплесии илмию техникии ИЉШС («Реактив» ва «Тонкий органический синтез») сарбаландона иштирок намуданд. Соли 1986 кафедра бо дастовардњои илмиаш дар ВДНХ-и ИЉШС иштирок намуда, сазовори ду медали нуќра ду медали биринљї гардид. Донишкада бо Дипломи ВДНХ-и ИЉШС ва ду нафар донишљў бо шањодатномаи иштирокчии ВДНХ сазовор гардиданд. Тањти роњбарии профессор Бандаев С.Г. дар озмоишгоњњо кафедра тайёр ва дифоъ кардани рисолањо номзадї ва докторї ба роњ монда шуд. Базаи моддї –техникии кафедра ташаккул ёфт. Бо назардошти ин пешравињо солњои 1985-1990 Донишкадаи давлатии омўзгории ш. Душанбе аз љониби Вазорати маълумоти олї ва миёнаи махсуси ИЉШС њамчун базаи ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи умумииттифоќї «Донишљў ва прогрессии илмї-техникї» аз химия тасдиќ гардида буд. Раиси њакамони ин олимпиада, бо фармони Вазири маълумоти олї ва миёнаи махсуси ИЉШС профессор Бандаев С.Г. таъин гардида буд, ки ин аз обрўю эътибори Донишкада ва кафедра дар арсаи ИЉШС шањодат медињад.
Њамчун муовини ректори Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Сдриддин Айнї оид ба илм (1985-1997 ва 2007-2008) ва оид ба таълим (1997-2007) профессор Бандаев С.Г. барои љалб намудани љавонони лаёќатманд ба аспирантураву докторантура, љалб кардани омўзгорони варзида барои тањияи китобњои дарсї (барои мактабњои олї ва тањсилоти њамагонї), такмили раванди таълим дар донишгоњ, аз љумла гузаштан ба таълими бисёрзинагї ва амалї гардонидани он дар факултањо, муайян намудани мазмун ва мундариљаи таълим барои ихтисосњои омўзгорї, навиштани барномаву наќшањои нави таълимї барои зинањои бакалавр, мутахассис, магистр ва коллељњои омузгорї хизмати арзанда кардааст.
Тадќиќотњои илмии профессор Бандаев С.Г. ба омўхтани ќонуниятњои (ќобилияти реаксионї, стереохимия ва механизм) реаксияи арилсиклопропанњо бо намакњои симоб (II) ва модификатсияи мањсулотњои реаксия ба пайвастагињои алкиларилї ва гетеросиклии бисёрфунксионалї бахшида шудаанд. Дар натиљаи тадќиќоти бисёрсолааш усули њосил кардани як силсила спиртњо ва эфирњои γ-мекуриронидашудаи бисёрфунксионалиро ихтироъ карда (замимаи 3), роњњо ва наќшањои нави истифодаи синтетикии онњоро нишон додааст. Муаллифи 2 рисола, 5 китоби дарсї, 6 воситаи таълимї, 5 дастурњои методї (замимаи 2) ва зиёда аз 250 маќолаи илмї, илмї-методї ва илмї- оммавї (замимаи 1) ва тањиягарї «Стандартњои давлатии тањсилоти олии касбї» аз рўи ихтисосњои омўзгорї мебошад. Иштирокчии симпозиуми ИЮПАК ш.Москва (1986) ва ш. Коњира (1992) буд, дар як ќатор анљуману конференсияњои љумњуриявї, минтаќавї, умумиитифоќї ва байналхалќї бо мавзўъњои илмї баромад намудааст (замимаи 4). Дар тарбияи дањњо мутахассисони баландихтисоси илмї-таълимї сањми арзанда дорад. Бо роњбарии ў 10 нафар рисолаи номзадї тайёр намудаанд (замимаи 5).
Солњои тўлонї аъзои шўрои илмї-методии собиќ Вазорати макотиби олии ИЉШС ва Љумњурии Тољикистон оид ба кимиё, кумитаи тадорукоти олимпиадаи умумииттифоќии (ИЉШС) мактаббачагону донишчўён оид ба кимиё буд. Айни њол раиси Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои номзадї аз рўи ихтисоси «Назария ва усули таълиму тарбия» (химия ва биология), аъзои Шўрои диссертатсионї доир ба дифои рисолањои докторї ва номзадии Институти химияи АИ ЉТ, раиси гурўњи коршиносони Шўрои миллии тањсилоти Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон оид ба химия мебошад.
Барои хизматњои шоёнаш (замимаи 7) бо унвони ифтихории «Корманди шоистаи Тољикистон», нишонњои сарисинагии «Аълочии маорифи Тољикистон», «Аълочии маорифи ИЉШС», дипломњои КМ ВЛКСМ ва Вазорати мактабњои олии ИЉШС (1983 ва 1990), КМ ЛКСМ Тољикистон ва Вазорати мактабњои олии РСС Тољикистон (1982 ва 1985) ва ВЦСПС (1986), Ў иштирокчии ВДНХ-и ИЉШС буда, бо «Медали биринљї» сарфароз шудааст. Шўрои роњбарикунандаи муњаррирони Пажўњишгоњи биографии Амрико ўро бо «Медали фахрии Амрико-2003» ќадр кардааст.

 

 

Бобизода Ѓуломкодир

БОБИЕВ Ѓуломќодир Муккамолович 17 марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастї кушодааст. Дар мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсил намудааст. Дар мактаби миёна тамоми фанҳо ба осонї ба ў даст медоданд, вале ба фанни химия таваљљўҳи хоса дошт. Аз ин сабаб, ҳангоми хонданаш дар синфҳои болоии мактаби миёна бо роҳбарии устоди химияи мактабашон Абдусамадов Мансур фанни химияро чуқуртар ва васеътар омўхт.
Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1977 ҳуљљатҳояшро ба факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон супорид. Вале ҳангоми дохилшавї ноком шуд. Балҳои аз супоридани имтиҳоноти дохилшавї гирифтаи ў барои ба шўъбаи рўзонаи факултети химия дохил шудан кифоягї накарданд. Вале ўро ба шўъбаи шабонаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон қабул карданд.
Дар ин љо бояд тазаккур диҳем, ки ин нокомии ў оғози комёбиҳои ояндааш гардиданд, зеро пас аз саршавии таҳсил дар шўъбаи шабонаи факултатаи химияи Донишгоҳи давлатии Тољикистон ў дар яке аз озмоишгоҳҳои маъруф ва пешқадами кафедраи органики факултаи химияи донишгоҳ, озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» ба ҳайси ёвар ба кор шурўъ намуд. Ёвари намудан дар корҳои амалии донишљўён аз химияи органикї ва омўзиши назария дар дарсҳои шабона ба пешрафти ў хеле хуб мусоидат намуданд, зеро кори амалї барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявї роҳи беҳтарин ва судмандтарини донишомўзї аст. Кобилияти фитрї, шавқи беандоза ба омўзиши химия ба Бобиев Ѓ.М. барои дар муддати кўтоҳ аз худ намудани нозукиҳои таљрибаҳои озмоишгоҳї аз химияи органикї имконият доданд. Ҳануз дар аёми донишљўї вай дар байни устодон ва донишљўёни факултаи химия ҳамчун донишљўи пешқадам ва озмоишгари соҳибсалиқа шинохта шуда буд. Аз ин сабаб ин љавони лаёқатманд аз љониби мудири кафедраи химияи органикї ва роҳбари озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» дотсент, номзади илмҳои химия Холиқов Ш.Х. (ҳоло доктори илмҳои химия, профессор) ба кори илмї љалб карда шуд. Дар пажўҳишњои илмии худ Ѓуломқодири љавон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Ў бо маърўзаҳои илмии худ дар чандин конфронсу љамъомадҳои љумҳуриявї ва умумииттифоқии олимони љавон иштирок намуд вадар онҳо гузоришҳои илмиаш қадр гардида, фишурдаҳояшон дар маводҳои ин конфронсу љамъомадҳои љумҳуриявї ва умумииттифоқии олимони љавон чоп гардиданд.
Дар ин љо ба хонандагон шарҳ додан лозим аст, ки синтези пептидҳо ба синтези нозуки химиявї мансуб аст. Синтези нозуки химиявї бо сифатҳои зерин тавсиф карда мешавад:
1. Сарукор доштан бо гурўҳҳои якчанд вазифадори (полифунсионалї) химиявї. Дар ин маврид дар реаксия ҳосил шудани чандин изомери моддаи матлуб ва моддаҳои иловагї имконпазир аст, ки људо намудани онҳо кори басо сангин аст. Ҳол он, ки танҳо як изомери моддаи матлуб мақсади гузаронидани реаксия аст.
2. Ба миқдори ниҳоят ками моддаҳо гузаронидани реаксияҳои химиявї. Ин талабот аз ду сабаб бармеояд: якум, моддаҳои барои реаксия зарурї нисбатан қиматанд, дуюм, талафот дар ин маврид бисёр назаррас аст. Табиист, ки сарукор доштан бо миқдори хурди моддаҳо аз озмоишгар малака ва маҳорати махсусро тақозо мекунад, зеро бо дарназардошти дар якчанд марҳилаҳо ҳосил намудани изомери муайяни моддаи матлуб ва дар ин марҳилаҳо бо фоизи зарурїљудо карда гирифтани моддаи натиљавии марҳила ба дараљаи даркорїҳосил намудани моддаи ниҳої кори бисёр душвор аст.
Бобиев Ѓ.М. дар давоми донишљўиаш маҳз дар соҳаи синтези пептидҳо ба муваффақият ноил гардид. Бо дар назардошти малака, маҳорат ва дониши баланд андўхтанаш, чанде пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Тољикистон Ѓуломқодирро ба яке аз марказҳои илмию тадқиқотии Иттиҳоди Љумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистї(ИЉШС), баМаркази илмии кардиологии АИТ ИЉШС барои азхуд намудани услубҳои љадиди синтези пептидҳо фиристоданд. Ў дар ин маркази бонуфузи илмї таҳти сарпарастии яке аз олимони љавону тавоно номзади илмҳои химия, ходими калони илмї Дейгин И. (ҳоло, доктори илмҳои биология, профессор) ба омўзиши услубҳои љадиди синтези пептидҳо машғул гардид. Дар давоми ду соли дар ин маркази бонуфузи илмї таљриба омўхтанаш ба якчанд дастовардҳои назаррас ноил гардид. Якум, ў аз устодаш Дейгин И. нозукиҳои услубҳои синтези пептидҳоро омўхт ва бо ин дар таҳияи яке аз доруњои навтарини ба эътидоловаранда ва таќвиятдињандаи системаи масуният «тимаген» фаъолона иштирок намояд. Малака ва маҳорати озмоишгарии Бобиев Ѓ.М. аз тарафи олимони шинохтаи ин маркази илмї эътироф гардид. Дуюм, дар давоми кори худ дар маркази илмии мазкур ў қариб рисолаи номзади худро ба поён расонда буд.
Пас аз бозгашт аз Москва Бобиев Ѓ.М. тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» давом дод, вале бо баъзе сабабҳои айнию зеҳнї ин озмоишгоҳро тарк намуд ва барои шароити беҳтаре ёфтан дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотї кор кард. Билохира барои давом додани пажўҳишҳои илмї ва амалї намудани натиљаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотї зад.
Дар натиља дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло, Љамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобиев Ѓ.М. ба ўҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмї дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворї дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд.
Дар натиљаи бурдани тадқиқотҳои васеъ дар ин соҳа Бобиев Ѓ.М. ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 1996 ў дар мавзўи «Структурно-функциональные исследования иммуноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина бурсина» бо ихтисоси 02.00.03-химияи органикї рисолаи номзадї ҳимоя намуда, соҳиби дараљаи илмии номзади илмҳои химия гардид.
Пас аз ин, Бобиев Ѓ.М. пажўҳишҳои илмии худро бо суръати калон идома дода, соли 2000 дар мавзўи «Синтез и биологические свойства низкомолекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений» бо ихтисосҳои 03.00.04-биохимия ва 14.00.25.-фармакология рисолаи докторї ҳимоя намуда, сазовори дараљаи илмии доктори илмҳои биологї гардид.
Бобиев Ѓ.М. барои дар амалияи тиббї татбиқ намудани натиљаҳои тадқиқотҳои васеи илмиаш низкори зиёдеро анљом дода, дар ин љода ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар Идораи патентии Чумњурии Тољикистон 8 патенти Бобиев Ѓ.М. ба ќайд гирифта шуда, ба 9 патент дархост мављуд аст.Заҳмати Бобиев Ѓ.М. дар ин соҳа қадр гардид. Соли 1999 лаурети конкурси Ихтироъкори бењтарини Тољикистон гардида, соли 2000 ѓолиби ин конкурс шуд ва ба гирифтани медали тиллои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалї мушарраф гардид.
Бобиев Ѓ.М. дар баробари тадқиқотҳои илмї ба корҳои илмию методї ва педагогї низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба Бобиев Ѓ.М. аз љониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия унвони илмии профессор дода шуд. Худи ҳамин сол профессор Бобиев Ѓ.М. барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусї ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тољикистон интихоб гардид. Солњои 2005-2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур кор кард. Аз соли 2006 Бобиев Ѓ.М. профессори кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї мебошад.
Дар соли 2013 Бобиев Ѓ.М. дар мавзўи «Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка» бо ихтисоси 14.04.02 – Химияи фарматсевтї, фармакогнозия рисолаи дуюми докторї ҳимоя намуда, сазовори дараљаи илмии доктори илмҳои фармасевтї низ гардид.
Профессор Бобиев Ѓ.М. аз соли 2005 узви Ҳизби халқї демократии Тољикистон аст.
Профессор Бобиев Ѓ.М. инчунин дар ташкил ва инкишофи соҳаи дорусозї, назорати сифати маводи доруворї дар Љумҳурии Тољикистон низ саҳми босазое дорад. Аз соли 2000 дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор карда аст. Аз соли 2007 Раиси Кумитаи фармакологии Љумҳурии Тољикистон мебошад.

II. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМЇ
Фаъолияти илмии профессор Бобиев Ѓ.М. басе домандор аст, ки аз он таълифоти сершумори илмии ў шаҳодат медиҳад. Профессор Бобиев Ѓ.М. муаллифи зиёда аз 304 кори илмї, аз он љумла 45 кори илмию педагогї мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштањои химияи органикї, биохимия, фармакология ва педагогика бањои баланд гирифтаанд.Тањти роњбарии ў 6 нафар рисолаи номзадї њимоя карданд.
Чуноне, ки дар боло қайд карда будем, тадқиқотҳои илмии профессор Бобиев Ѓ.М. ба яке аз шохаҳои душвори химияи органикї-синтези нозуки химиявї мансуб аст. Ин тадқиќотҳои пурмоя услубҳои ҳосил намудан ва омўхтани хосиятҳои биохимиявии пептидҳои хурдмолекулаи дорои фаъолияти масуниятии қатори тимопоэтин, тимозин ва бурсин ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳоро дар бар мегирифтанд. Дар доираи ин пажўҳишҳо масъалаҳои зерини илмї ҳал карда шуданд:
- хусусиятҳои сохтории тимопоэтин ва ҳаммонандҳои маркази фаъоли молекулааш омўхташуданд;
- усулҳои судманди синтези пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол, ки дорои фаъолияти тимозин 1, тимопоэтин ва бурсин мебошанд, таҳия шуданд ва бо ин усулҳо пептидҳои хурдмолекулаи мазкур синтез карда шуданд;
- фаъолияти ба ангезиш овардани масуният доштани пептидҳои синтез кардашуда чї дар invitro ва чї дар invivo омўхта шуданд;
-қонуниятҳои биохимиявие муайян карда шудаанд, ки доштан ё надоштани фаъолияти масуниятии пептидҳои синтез кардашударо шарҳ медиҳанд;
- услубҳои ҳосил намудани пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол, пайвастагиҳои комплексии пептидҳои синтез кардашудаи хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол бо металњои аз назари биологї фаъол чун оњан, руњ, кобалт, платина ва нуќра таҳия карда шуданд;
- фаъолияти масуниятии пайвастагиҳои биокоординатсионии синтезкардашуда омўхта шуданд;
- дар асоси пептидҳои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо бо металлњои аз назари биологї маводи доруворї таҳия ва хосиятҳои фармакологї ва биологии онҳо омўхта шуданд.
Дар натиљаи ин тадқиқотҳо чандин навовариҳои илмї, ки дорои аҳамияти калон мебошанд, ба даст омаданд:
- як қатор дипептидҳои триптофандор, ки ба маркази фаъоли молекулаҳои тимопоэтин ва бурсин ҳаммонанданд ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо бо ионҳои руҳ, оҳан (II), мисс (II) ва нуқра (I) ҳосил кардашуданд;
- дар байни фаъолияти масуниятии ҳаммонандҳои тимопоэтин ва тағйирот дар сохтори дуюмаи қисми маркази фаъоли молекулаи тимопоэтин ҳангоми иваз намудани аминокислотаҳо алоқамандї муќаррар карда шуд, ки барои дарёфти ҳаммонандҳои мазкури тимопоэтин мусоидат намуд;
- нишон дода шуд, ки дар натиљаи координатсия бо ионҳои металҳо фаъолияти масуниятии дипептидҳои триптофандор зиёд мешавад;
- нишон дода шуд, ки доруҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо таҳия кардашуда дар истифодаи якљоя бо ваксинаҳо дараљаи аксуламали ҳуморалии масуниятро дар ҳайвонот ва паррандагон зиёд мекунанд, дар истифодаи якљоя бо доруҳои химиотерепевтї муддати муолиљаи бемориҳои гуногуни ҳайвонот ва паррандагонро кам намуда, самаранокии онро зиёд менамояд;
- нишон дода шуд, ки доруҳои дар асоси дипептидҳои синтезкардашуда ва пайвастагиҳои биокоординатсионии онҳо ҳангоми муолиљаи бемориҳои гуногун муддати муолиљаро кам намуда, самаранокии муолиљаро афзун мекунанд, нишондодҳои масуниятии ҳолати организмро ба эътидол меоранд;
- механизми имконпазири иштироки доруҳои таҳиякардашуда дар љараёни танзими љавоби масуниятї нишон дода шуд. Марҳилаи ибтидої дар љавоби масуниятї фаъолшавии љараёнҳои метаболї дар сатҳи амалиёти сафедаҳои каталитї мебошад, ки ба ҳосилшавии унсурҳои сохтории зиддиљисмҳо тақвият мебахшад.
Дар қатори ин тадқиқотҳои пурарзиш инчунин пажўњишњо дар риштаи омўзиши хосиятҳои оби электрофаъол ва таъсири он ба фаъолияти хоси пайвастагињои координатсионии аминокислотањо ва пептидњои хурдмолекулаи аз назари масуниятї фаъол бо металлњо зикршуда омўхта анљом дода шуданд.
II. ФАЪОЛИЯТИ ПЕДАГОГЇ
Солњои тулониест, ки профессор Бобиев Ѓ.М. ба таълими курсњои гуногуни кимиё дар макотиби олии љумњурї машѓул аст. Дар баробари ин фаъолияти амалї дар самтҳои гуногуни педагогика тадқиқотҳои илмию методї низ анљом медиҳад. Таълифоти профессор Ѓ. Бобиевро дар соҳаи педагогика шартан ба 4 гурўҳ људо намудан мумкин аст: 1) таҳияи барномаҳои таълимї барои факултаҳои химияи мактабҳои олї; 2) таълифи китобҳои дарсї барои мактабҳои миёна ва олї; 3) баъзе масъалаҳои педагогикаи хусусї; 4) баъзе масъалаҳои умдаи педагогї.
Профессор Бобиев Ѓ.М. дар таҳияи барномањои таълимии зерини факултаи химияи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон саҳм гирифтааст: «Таҳлили пайвастагиҳои органикї (курси махсус), «Химияи биологї», «Методикаи таълими кимиё», «Таърих ва методологияи кимиё», «Усули истифодаи воситаҳои дидорї ва шунидорї ҳангоми омўзиши кимиё», «Методҳои омўзиши кимиёи саҳеҳ», «Проблемаҳои актуалии кимиё», «Беҳтарин раванди омўзиши кимиё», «Таълими қоидањои кор дар озмоишгоҳи кимиёвї», «Методҳои ҳалли масъалаҳо», «Корҳои берун аз синф аз кимиё».
Профессор Бобиев Ѓ.М. дар навиштани китоб ва дастурҳои таълимї низ даст доранд. Ў яке аз муаллифони китоби дарсии химия барои синфи 11-и мактабњои тањсилоти умумї, 2 дастури таълимї рољеъ ба тањлилњои фармасевтї мебошад. Бояд қайд кард, ки дар ворид намудани навовариҳои намоён ба китоби дарсии химия барои синфи 11-и мактабњои тањсилоти умумї саҳми профессор Бобиев Ѓ.М. ҳалкунанда аст. Дар мавриди 2 дастури таълимї рољеъ ба тањлилњои фармасевтї ҳаминро зикр кардан кифоя аст, ки таълифи ин дастурҳои таълимї бо ташаббус ва роҳбарии ў анљом дода шуданд.
Дар мақолаҳои илмию методии профессор Бобиев Ѓ.М. роҳҳо ва усулҳои баланд бардоштани дониши математикии талабагон дар дарси химия бо роњи њал намудани масъалањои химиявї бо љалби усулњои гуногуни математикї пешниҳод шудаанд. Дар ин тадқиқотҳо чун дигар тадқиқотҳояш профессор Бобиев Ѓ.М. ҳалли аљоиби ба худ хосро пешниҳод менамояд. Яке аз ин гуна роҳҳо тадќиќотњо рољеъ ба истифодаи муодилањои диофантї дар њалли баъзе масъалањои химиявї мебошад.
Бахши дигари мақолаҳои методию илмии профессор Бобиев Ѓ.М. ба масъалаҳои гуногуни педагогикаи хусусї ва умумї бахшида шудаанд.
III. ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТЧИГЇ
Профессор Бобиев Ѓ.М. боз қобилияти баланди ташкилотчигї низ дорад. Ў метавонад барои иљрои ин он кори илмї ё фаъолияти педагогї, ё дар амал татбиқ намудани натиљаҳои тадқиқотҳои илмї олимону мутахассисони гуногунсоҳаро муттаҳид созад. Дар интихоб ва љо ба љо гузории кадрҳо басо нишонрас аст. Фаъолияти ташкилотчигии Бобиев Ѓ.М. ҳануз дар ташкили озмоишгоҳи материалњои ѓайриорганикї, сипас химияи амалї ва биотехнологї дар Фирмаи илмию тадқиқотии «Хайём» зоҳир гардид. Сипас ў тавонист, ки дар солњои авали Истиќлол (1992) Корхонаи хурди «Занд»-ро (аз соли 2000 инљониб Љамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Занд») ташкил ва ба он роҳбарї намояд.
Саҳми профессор Бобиев Ѓ.М. дар ташкили шуъбаҳои аттестатсия ва аккредитасияи озмоишгоҳҳои системаи тандурустї, шуъбаи экспертизаи њуљљатњои озмоишњои тодармонгоњї ва дармонгоњии маводи доруворї ва молњои тиббии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї ва ба низом даровардани коргузории онҳо калон аст.
Чандин сол мудири кафедраи химияи органикї ва биологии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тољикистон, сипас солҳои 2006-2007 декани факултаи химия ва биологияи донишгоҳи мазкур буд. Ҳамагон дар донишгоҳи мазкур ба он дар иттифоқанд, ки профессор Бобиев Ѓ.М. бо салиқаи ба худ хос роҳбарї менамуд ва факулта дар давраи роҳбарии ў ба дастовардҳои намоён ноил гардиданд.
Солҳои 2005-2007 раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқї демократии Тољикистон дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтї буд. Дар ин давра профессор Бобиев Ѓ.М. тавонист теъдоди аъзои ташкилотро ба беш аз 100 нафар расонад ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур бо низоми кор ва фаъолияти сиёсию љамъиятї дар байни 10 ташкилоти беҳтарини ҳизбии ноҳиявї љой гирифт.
Бояд иқрор шуд, ки профессор Бобиев Ѓ.М. роҳбарии кадом як сохторро ба ўҳда гирад, ҳамавақт тамоми вазифаҳояшро бо нозукї иљро намуда, ба иљрои мақсадҳои гузоштааш комёб мегардад.
Осор: Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине.-Москва, Издательский дом «Русский врач», 2009.-228 с.; Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа (учебно-методическое пособие).-Душанбе, 2009.-315 с.; Химия. Китоби дарсї барои синфњои 11.-Душанбе, ЉММ «XEROXLand», 2007.-240 с.; Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (учебное пособие).-Душанбе, ПК «Политкомп», 2006.-132 с.; Антибактериальные свойства координационных соединений серебра и триптофана. Дар маљ. «Химико-фармацевтический журнал», т.42, №11, 2008;.Получение и изучение состава координационных соединений серебра и триптофана. Дар маљ. «Химико-фармацевтический журнал», т.42, №12, 2008; Изучение биологической активности природного и синтетических иммуностимуляторов. Дар маљ. «Известия АН РТ.Отд-ние биологических и медицинских наук», № 1-2(140), 1999; Опыт применения тимогара при лечении осложненной сердечно-сосудистой патологии, сопровождающейся иммунозависимыми воспалительными заболеваниями. Дар маљ. «Известия АН РТ. Отд-ние физико-математических, химических, геологических и технических наук», № 4(133), 2008; Антиаллергизирующие свойства натриевой соли изолейцил-триптофана. Дар маљ. «Известия АН РТ. Отд-ние физико-математических, химических и геологических наук», № 1(126), 2007; Экспериментальное изучение токсических свойств тимоцина. Дар маљ. «Известия АН РТ. Отд-ние физико-математических, химических и геологических наук», № 1(126), 2007, Разработка условий хроматографического определения дипептида изолейцил-триптофан и его координационных соединений. Дар маљ. «Фармация», № 7, 2009; Тимоцин в терапии хронических диффузных заболеваний печени Дар маљ. «Проблемы гастроэнтерологии», № 1-2, 2010; Механизм действия тимоцина Дар маљ. «Здравоохранение Таджикистана», № 3, 2010; Синтез потенциально иммуноактивных лизинсодержащих пептидов Дар маљ. «Доклады Академии наук Республики Таджикистан», Т.56, №6, 2013;Новая технологическая схема производства тимофера Дар маљ. «Доклады Академии наук Республики Таджикистан», Т.56, №11, 2013.


Нугмонов Мансур (Нўъмонов) (10 феврали соли 1949 дар дењаи Паѓна, ноњияи Панљакент, РСС Тољикистон таваллуд ёфтааст) – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор, мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї, дар як ваќт дар Академияи тањсилоти Тољикистон фаъолият дорад, олими шинохтаи соњаи методикаи таълими математика мебошад.
Нугмонов М., маълумоти 7 соларо дар мактаби зодгоњаш гирифта, маълумоти миёнаи умумиро дар мактаби № 7 ба номи А. Рўдакии ноњияи Панљакент гирифтааст. Пас аз хатми мактаби 11 сола (с. 1966) ба факултаи физика-математикаи Донишкадаи давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, онро соли 1971 бо ихтисоси муаллими математика-физика хатм кардааст.
Пас аз хатми донишкадаи педагогї бо роњхати Вазорати маорифи РСС Тољикистон дар кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи педагогии ш. Душанбе, аввал ба сифати ассистент (солњои 1971-1973 ва 1974 - 1979), баъд ба сифати муаллими калони кафедраи номбурда (с. 1979-1986) кор кардааст. Солњои 1973-1974 дар сафи Армияи Советї хизмат кардааст.
Соли 1986, пас аз хатми аспирантура, дар ш. Москва рисолаи номзадї њимоя карда, аз соли 1988 то соли 1991 вазифаи дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаро ба уњда дошт. Солњои 1991-1993 ба сифати ходими калони илмии кафедра ва солњои 1993-1996 вазифаи дотсенти кафедраи номбурдаро иљро кардааст.
Солњои 1996-2000 вазифаи ходими калони илмии Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Ќ.Љўраевро иљро кардааст. 14 феврали соли 2000, пас аз хатми докторантура, дар шањри Москваи Федератсияи Россия (Университети давлатии педагогї) рисолаи докторї њимоя карда, ба унвони доктори илмњои педагогї муваффаќ гардидааст. Дар љумњурї аввалин доктори илм дар соњаи назария ва методикаи таълими математика мебошад. Аз якуми апрели соли 2002 вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї ва профессори њамин кафедраро ба уњда дорад. Моњи феврали соли 2003 дар натиљаи озмун ўро узви вобастаи Академияи илмњои педагогї (њоло Академияи тањсилоти Тољикистон) интихоб намуданд. Дар айни замон вазифаи сарходими Академияи тањсилоти Тољикистонро низ ба ўњда дорад.
Мансур Нугмонов оид ба сохтори системаи методии таълим, фалсафа ва методологияи тањсилот, фалсафа ва таърихи математика, робитаи байнифанї, проблемањои муосири дидактика, психологияи математика тадќиќот мебарад. Дар равандњои номбурдаи тадќиќот муаллифи зиёда аз 500 номгўй асарњои илми-методї мебошад, ки ќисми аз онњо дар хориљи кишвар ба табъ расидаанд. Дар байни онњо 7 монографияи илмї, 2 барномаи таълим барои мактабњои тањсилоти умумї, 11 барномаи таълим барои донишгоњњои омўзгорї, 2 барномаи таълим барои коллељи омўзгорї, 27 воситаи таълим ва маводи дидактикї барои хонандагони мактабњои тањсилоти умумию донишљўёни донишгоњи омўзгорї ва муаллимон, стандартњои давлатї оид ба математикаи мактаби тањсилоти умумии Љумњурии Тољикистон мебошанд. Тањти назари Мансур Нугмонов 37 маљмўаи илмї ва дастурњои методї ба чоп расидааст.
Ў иштирокчии фаъоли 22 конференсияњои илмии байналхалќї (Москва, Черноголовка, Саранск, Саратов, Самара, Новокузнетск, Новосибирск, Гулистон, Жешуф (Полша), Амстердам, Берлин, Прага, Толяттї, Арзамас, Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа), 22 конференсияи илмии љумњуриявї, раиси 7 конференсияи илмии љумњуриявии «Проблемањои муосири математика. Таълими математика ва информатика дар мактабњои миёнаю олї» (с.2003), «Робитаи математика бо фанњои табиї дар мактабњои миёнаю олї» (с.2004), «Асосњои психологию педагогии методикаи таълими математика» (с. 2005), «Методологияи методикаи таълими математика» (с. 2006), «Назария ва амалияи китоби дарсии математикаи мактабї» (с. 2006), «Методологияи таълими математика» (с. 2007), «Проблемањои таълими таърихи математика дар мактабњои миёнаю олї» (с. 2011), яке аз ташкилотчиёни конференсияи илмии байналмилалии «Математика (физика, информатика) ва тањсилоти математикї (физикї, информатикї) дар мактабњои тањсилоти миёнаю олї» (с. 2013) мебошад.
Мансур Нугмонов - дар тайёр кардани кормандони соњаи илм сањми калон дорад. Бо роњбарии бевоситаи ў 2 нафар рисолаи докторї ва 28 нафар аспирантону унвонљўён рисолањои номзадї дифо карда, њоло роњбарии 7 нафар аспирант, 12 нафар унвонљўёни дараљањои илмии номзадї ва докториро ба ўњда дорад. Аз соли 2009 раиси шўрои дифои рисолањои номзадї оид ба назария ва методикаи таълими математика дар назди Донишгоњи омўзгории Тољикистон ба номи Садриддин Айнї мебошад.
Њиссаи Нугмонов М. њамчун олим, омўзгор, ташкилотчї дар баланд бардоштани сатњи таълиму тарбия, такмили ихтисоси муаллимон, сохтори маърифати илмї, ташаккули донишандўзї ва љањонбинии хонандагону донишљўён дар мактабњои миёнаю донишгоњи омўзгорї калон аст. Ў, борњо ба њайси раис ва њайати њакамони озмунњои шањрию љумњуриявии мактаббачагон аз математика, раиси озмунњои минтаќавию љумњуриявии муаллими сол ширкат варзида, 7 сол ба њайати тањририяи маљаллаи «Маърифат» шомил буд. Солњои зиёд дар курси марказии такмили ихтисоси муаллимони љумњурї бо лексияњо баромад кардааст. Номбурда узви Шўрои илмии Нади Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон мебошад. Айни замон мактаби илмиро дар соњаи методикаи таълими математика сарварї мекунад. Нугмонов М. роњбари семинари илмї доир ба маълумоти математикї мебошад, ки дар Донишгоњи педагогї амал мекунад.
Хизматњои профессор М. Нугмоновро њамчун омўзгори варзида ва мураббии љавонон ба назар гирифта, ўро соли 2003 бо нишони «Аълочии маорифи Тољикистон» ќадр намуданд. Борњо бо ифтихорномањои давлатї ва соњавї мукофотонида шудааст.
Асарњои ва калонњаљми Мансур Нугмонов (Нўъмонов): Омўзиши амалњои мантиќї дар курси математикаи мактабї. – Душанбе, 1982; Муќаддимаи методикаи таълими математика. – Москва: «Прометей», 1998; Асосњои назариявию методологии системаи тайёрии методии муаллими математика дар мактабњои олии педагогї. – Москва: «Прометей», 1999; Асосњои назариявию методологии методикаи таълими математика њамчун илм. – Душанбе, 1999; Дарси математикаи мактабї. – Душанбе, 2004 ва 2011; Гуфтор дар ситоиши математика ва омўзиши он. – Душанбе, 2005; Пайдарњамии таълими математика дар мактабњои тањсилоти умумї. – Душанбе, 2005; Мухтасари методикаи таълими математика. – Душанбе: 2005: Корњои курсї аз методикаи таълими математика. - Душанбе, 2007 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз математика барои синфи 5. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз математика барои синфи 6. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз алгебра барои синфи 7. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз алгебра барои синфи 8. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз алгебра барои синфи 9. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз алгебра барои синфи 10. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Маводи дидактикї аз алгебра барои синфи 11. - Душанбе, 2010 (дар њаммуалифї); Асосњои назариявию методологии методикаи таълими математика њамчун илм (аз нав коркардашуда). – Душанбе: «Ирфон», 2011; Маърифати таълим: љустуљў ва бозёфт.- Душанбе, 2012 (дар њаммуалифї); Стандарти фанни математика барои синфњои 5-9 ва роњнамои омўзгор. - Душанбе, 2012 (дар њаммуалифї); Стандарти тањсилоти ибтидоии забони модарї ва математика барои синфњои 1-4 ва роњнамои омўзгор. - Душанбе, 2012 (дар њаммуалифї); Тарзњои гуногуни њалли масъалањои геометрї. – Душанбе: «Сифат», 2013 (дар њаммуалифї); Супоришњои тестї аз математика. - Душанбе: «Сифат», 2013 (дар њаммуалифї); Асосњои математикаи мактабї. - Душанбе: «Сифат», 2013 (дар њаммуалифї).

 

Шербоев Саидбой – узви вобастаи Академияи тањсилоти Тољикистон, доктори илмњои педагогї, профессор (соли таваллуд 22.05.1944), зодаи дењаи Ѓарибаки ноњияи Панљакент буда, дар байни ањли фарњангу бомаърифати љумњурї чун як омўзгори пухтакор, њамчун олим, забоншинос ва методисти шинохтаи соњаи таълими забони тољикї эътироф шудааст.
Дар ибтидо фаъолияти мењнатии ў пас аз хатми мактаби миёнаи №1-и ш. Панљакент ба номи В. И. Сталин (1961) ду сол (1961-1963) дар колхози «Съезди ХХ11 партия» ба сифати колхозчї сурат гирифтааст.
Солњои 1963-1967 давраи тањсили С. Шербоев дар факултети забон ва адабиёти Донишкадаи давлатии педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои ш. Душанбе (њоло ДДОТ ба номи С. Айнї) мањсуб меёбад.
Тайи солњои 1967-1980, яъне сездањ сол, дар ноњияи Рўдакї (собиќ ноњияи Ленин) ва дар шањри Душанбе дар вазифаи муаллими забон ва адабиёт, љонишини директор оид ба таълим ва дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шањри Душанбе ба њайси мудири кабинети забон ва адабиёти тољик фаъолият варзида, њамчунин, дар ин давра, солњои 1971-1974, дар аспирантураи ѓоибонаи назди Донишкадаи давлатии омўзгории ба номи Т.Г.Шевченко аз рўи ихтисоси забоншиносии тољик тањсил намудааст. Бахусус, солњои фаъолият дар Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ш. Душанбе маќолањои методии С. Шербоев дар рўзномаи «Маориф ва маданият» (њоло «Омўзгор») пайињам ба табъ мерасиданд. Ин буд, ки собиќ мудири кафедараи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик, дотсент Н. Бозидов, ки аз мазмуну мундариљаи маќолањои методии С. Шербоев огоњї доштааст, аз ў хоњиш мекунад, ки ба озмуне, ки донишкада барои ишѓоли вазифаи муаллими калони кафедраи номбурда эълон намудааст, њуљљат пешнињод намояд.
С. Шербоев бе ягон дудилагї таклифи мудирро, ки аз ў тайи чор сол аз курси забони адабии њозираи тољик таълим гирифта буд, ќабул намуд… Дањуми сентябри соли 1980 С. Шербоев аз рўи озмун ба њайси муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик интихоб мегардад, ки он рўз гўё ба рўйи мавсуф дари наверо боз намуда буд: зеро то ин ваќт, гарчи ў аспирантураи ѓоибонаро хатм намуда бошад њам, марбут ба тањќиќи мавзўи рисолаи номзадии худ љиддї машѓул шуда наметавонист.
Натиљаи зањмати тўлонї ва њатто метавон гуфт, ки бедорхобињои ќариб њамешагии С. Шербоев, махсусан, дар љодаи баррасии рисолаи илмї дар тўли 5 соли аввали фаъолияти омўзгориаш дар мактаби олї самар овард: ў 16-уми майи соли 1985 тањти роњбарии профессор М. Исматуллоев рисолаи илмиашро дар мавзўи «Хабарњои феълї дар забони адабии њозираи тољик» бомуваффаќият дифоъ намуда, ба гирифтани дараљаи илмии номзади илмњои филологї ноил гардид.
Дар таълифи рисолаи мазкур муњаќќиќ кўшиш ба харљ додаст, ки, аввалан, мавќеъ ва роњњои ифодаи хабарњои феълиро дар забони адабии тољик муќаррар сохта, њамзамон, фарќияти хабарњои феълиро аз хабарњои номї, ки дар ин бобат дар забоншиносии тољик баъзе ихтилофњо ба назар мерасиданд, зимни омўзиши тањќиќотњои навини забоншиносии солњои 70-80-уми собиќ давлати Шўравї ва зиёда андешањои шахсии проф. Р. Ѓаффоров («Шеваи љанубии забони тољикї», љ. 111, с. 1979)-ро, ки дар заминаи равияи забоншиносии ба ном семантикию сохторї сурат мегирифт, асос намуда, даќиќ муайян сохтааст.
Чунон ки таъкид гардид, ба С. Шербоев лозим меомад, ки дар баробарї ба таълифи рисолаи номзадиаш машѓул шудан, зимни наќшаи илмї-методии кафедра, ки дар он мавзўъњои тадќиќотии фардии њар яке аз аъзои он даќиќ пешнињод шудааст, низ кор барад. Дар ин давра маќолањои методии ў бештар ба таълими масъалањои марбут ба калима (луѓат) ва синтаксиси љумлањои сода (асосан, доир ба ибора ва сараъзоњо) ба ба табъ мерасиданду аз натиљаи чунин пажўњишњо дар конференсияњои анъанавии донишкада, конференсия ва хонишњои педагогии љумњуриявии муаллимони забон ва адабиёти тољик маърўзањо менамуд. Маќолањо ва маърўзањои методии ў чи аз тарафи хонандагон ва чи шунавандањо, асосан, хуб пазируфта мешуданд. Ин буд, ки бо пешнињоди шўрои олимони донишкада барои хизматњояш дар таълиму тарбияи кадрњои омўзгорї, рушду нумўи илми забоншиносии тољик ва методикаи таълими забони тољикї соли 1990 ба С.Шербоев унвони илмии дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик дода шудааст.
Мушарраф шудан ба унвони дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик С. Шербоевро илњоми нави эљодї эњё гардида, диќќати ўро пурра масъалањои таълими ибора ва сараъзоњо, зиёда аз ин, тадќиќи таълими љумлањои содда аз рўи маќсади баён бештар љалб намуданд. Ў бо маќсади ба пажўњиши масъалањои мазкур љиддї машѓул шудан Институти давлатии педагогии ш. Москва ба номи В. И. Ленинро макони коромўзии чормоњаи худ интихоб менамояд, то ки дар он љо бо мутахассисони варзидаи соњаи методикаи забони модарї марбут ба њайси мавзўи рисолаи докторї мувофиќат доштан ва ё надоштани нуќтањои зикршуда маслињат намояд.
Дотсент С. Шербоев дар интихоби мавзўи ояндаи рисолаи докториаш хато накарда буд. Методистони шинохтаи муассисањои илмї-тадќиќотии Москва, аз ќабили, Ладиженская Т. А., Баранов М. Т., Максимов Л. Ю., Шанский Н. М. мавзўи рисолаи доктории ўро на танњо маъќул донистанд, њамчунин, дар шакли илмї гирифтани унвони он мусоидат њам намуданд. Ва бо дархости чандинкаратааш бо ќарори шўрои олимони донишкада С. Шербоев ба њайси ходими калони илмї ба Донишкадаи илмї-тадќиќотии дузабонии назди Академияи илмњои педагогии СССР ба мўњлати ду сол фиристода мешавад. Директори институти мазкур акад. Шанский Н. М. проф. Е. В. Котокро барои пешбурди рисолаи доктории С. Шербоев мушовири илмї таъин мекунад, тањти маслињатњои ў (Е. В. Коток) корро дар мўњлати муќарраршуда ба итмом расонида, соли 1993 бо таъсиси додани шўрои доктории яккаратина (разовый совет) дар заминаи шўрои махсусгардонидашудаи њимояи рисолањои номзадии соњаи педагогикаи умумии назди Донишкадаи давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко рисолаи худро бо номи «Асосњои илмию методии таълими синтаксиси забони тољикї дар мактаби миёна» њимоя намуда, ба унвони дараљаи илмии доктори илмњои педагогї комёб мешавад.
Чунон ки аз унвони рисолаи мазкур бармеояд, дар он объекти тањќиќот, ки дар маркази диќќати тањќиќгар аз оѓоз то интињои кор ибора, љумла, хелњои љумла аз рўйи маќсади баён ва сараъзоњо мањсуб меёфтанд, аз ду мавќеъ – аз љињати забоншиносї ва аз љињати роњњои баррасии методикаи таълими онњо дар мактаби миёна мавриди пажўњиш ќарор дода шудааст. Нуктаи олии тадќиќу тањќиќи муњаќќиќ дар ин рисолаи докторї чунин аст, ки дар он масъалањои марбут ба назарияи ибора, љумла, хелњои љумла аз рўи маќсади баён ва сараъзоњо, ки дар забоншиносии тољик ва дар забоншиносии умумии собиќ Давлати Шўравї инъикос ёфта буданд, љамъбаст гардида, усулњои таълими нуктањои мубрами онњо дар мактаби миёна аз љињати методї, бахусус, дар заминаи таъсиси се эксперимент (озмун)-и педагогиву методї – муќарраркунї, таълимї ва санљишї асоснок карда шудаанд.
Бисту панљуми сентябри соли 1995 шўрои олимони донишгоњ (Донишкада аз соли 1992 ба донишгоњ табдил дода шуда буд) аз тариќи овоздињї доктори илмњои педагогї С. Шербоевро ба вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик таъин намуд, ки ин вазифа 17 сол ба ўњдаи ў буд. Дар ду-се соли дар вазифаи мудирї будан ба дотсент С.Шербоев муяссар гардид, ки нуфузи кафедраи номбурдаро на танњо дар байни се кафедраи факултет, балки то ба дараљаи кафедрањои бењтарини донишгоњ баланд бардорад. Бо ташаббуси ў дар факултет нахустин кабинети методикаи таълими забон ва адабиёти тољик таъсис дода мешавад, ки он бо ќарори шўрои олимони донишгоњ аз 30-юми марти соли 1998 бо унвони Муаллими хизматнишондодаи мактабњои Тољикистон Абдулѓанї Эшонљонов номгузорї карда шудааст. Аз ин ваљњ, хизматњои дар љодаи таълиму тарбияи донишљўён ва дар инкишофи илми методикаи таълими забони тољикї ба субут расонидаи С. Шербоев ба назар гирифта шўрои олимони Донишгоњи давлатии омўзгории Тољикистон ба номи Ќ. Љўраев (њоло ба номи С. Айнї) ўро соли 2000 ба унвони илмии профессори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тољик пешнињод намуд, ин амал аз 28.03.2001 бо ќарори Вазорати маорифи Федератсияи Россия тањти №122-п ба њукми ќонун дароварда шудааст. Тайи солњои 2000-2004 яке аз даврањои пурмањсули эљодиёти проф. С. Шербоев ба шумор меравад. Муњимтар аз њама ин, ки дар ин давра соли 2003 монографияи рисолаи докторї ва соли 2004 монографияи рисолаи номзадии ў дастраси хонандагон гардонида мешавад. Ин аст, ки аз 30-юми марти соли 2004 тамоми хизматњои проф. С. Шербоевро ба инобат гирифта, дар Академияи тањсилоти Тољикистон (АТТ) аз тариќи озмун ва райъдињии пинњонї ўро ба њайси узви вобастаи академия интихоб менамоянд.
Нахустин супорише, ки аз тарафи аввалин президенти АТТ, академик М. Лутфуллоев ба С. Шербоев ин буд, ки ў бояд барои факултетњои филологии мактабњои олии Тољикистон ба таълифи китоби дарсии «Методикаи таълими забони тољикї» машѓул мегардид. Иљрои супориши мазкур барои проф. С. Шербоев дар навбати аввал басо осон менамуд. Зеро ў 25 сол ин љониб аз курси мазкур дар донишгоњ лексия мехонду дар таълифи асарњои калонњаљм таљрибаи кофї њам андўхта буд. Аммо як навъ ташвишу изтиробе њам фаро гирифта буд. Гап дар сари он аст, ки дар Тољикистон чунин китоби дарсї то њол аз тарафи касе њам навишта нашуда буд, то ки дар асоси такя бар он варианти дигари он бо фаро гирифтани навигарињои солњои охири дар илми методика бавуљудомада, яъне бо мазмуну мундариљаи бењтар аз китоби аввал, таълиф карда шавад. Ба њар њол, иљрои супориши мазкур, ки бо боварии кул аз тарафи президент ба узви нави академия С. Шербоев дода шуда буд, ўро рўњбаланд намуда, дар муддати чор сол таълифи китобро ба унвони «Методикаи таълими забони тољикї» ба субут расонида, ба ВМЉТ пешнињод намуд. Баъд аз таќризу санљишњои мутахассисон китоби мазкурро њайати Мушовараи Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон аз 27.12.2008 ба њайси китоби дарсї барои донишљўёни факултетњои филологии мактабњои олии Тољикистон ба чоп пешнињод намуд, ки дар охирњои моњи январи соли 2009 бо дастгирии раёсати ДДОТ ба номи С. Айнї аз тарафи нашриёти «Шуљоиён» рўйи кор омад, ки «Сарсухан»-и он ба ќалами академик М. Лутфуллоев мансуб аст.
Китоб, яъне нахустин китоби дарсии «Методикаи таълими забони тољикї» аз тарафи мутахассисони соња хуб пазируфта шуд, то њол доир ба он 8 таќризи мусбат – маќола дар матбуоти даврї ба чоп расид. Имрўз аз рўи ин китоб дар факултетњои филологии 8 мактаби олї ба донишљўён таълим медињанд. Бо таклифу дархости омўзгорон соли 2012 китоби мазкур аз нав бо тањриру иловањо рўйи чоп омад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрўз дар кабинети методии њар як мактаби тањсилоти миёнаи умумии Тољикистон як нусхаи он вуљуд дораду аз он омўзгорон истифода мебаранд.
Гузашта аз ин њама, проф. С. Шербоев бо аъзои кафедра Њ. Саидов тайи солњои 2009-2010 низ ба таълифи нахустин китоби дарсии «Практикуми забони тољикї» машѓул шуда, нињоят, онро њам ба ВМЉТ пешнињод намуданд. Китоб бо ќарори Мушовараи Вазорат аз 30.06.2010 ба њайси китоби дарсии донишљўёни курси 1-и факултетњои филологии мактабњои олї тасдиќ карда шуда, дар охирњои њамон сол дастраси донишљўён гардонида шуду устодон такя ба он ба шогирдон таълим медињанд.
Бояд тазаккур дод, ки хизматњои проф. С. Шербоев дар бобати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соњаи педагогика ва методикаи таълими забони тољикї басо арзишманд мебошад. Ў аз соли 1994 то ба имрўз аъзои фаъоли ду шўрои њимояи рисолањои доктории соњаи педагогика ва методикаи таълими забони тољикї (дар Академияи тањсилоти Тољикистон ва ДДОТ ба номи С. Айнї) буда, дар ин шўроњо борњо ба сифати муќарризи расмї ва ѓайрирасмии унвонљўён талош варзидааст. Бевосита тањти роњбарї ва мушовирии ў ду нафар ба дараљаи илмии доктори илмњои педагогї ва се нафар ба дараљаи номзадии илми педагогика комёб шудаанд. Проф. С. Шербоев олими сермањсул буда, ба ќалами ў 4 монография, 3 китоби дарсї, 2 дастури методї, 4 барнома ва зиёда аз 100 маќолаи илмї, илмию методї ва илмию оммавї ба чоп расидаанд.
Хизматњои дар љодаи таълиму тарбияи кадрњои омўзгорї ва рушду нумўи илмњои забоншиносї ва методикаи таълими забони тољикї кардаи узви вобастаи АТТ, доктори илмњои педагогї, профессор С. Шербоев борњо аз тарафи Вазорати маориф ва Њукумати Тољикистон ќадршиносї карда шудааст. Соли 1989 Вазорати маориф ба ў унвони «Аълочии маорифи халќи Тољикистон»-ро муносиб дониста, Њукумати Љумњурии Тољикистон ўро соли 1999 бо ордени «Шараф» ва соли 2007 бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тољикистон мушарраф гардонидааст.
Монографияњо:
Осори асосї: 1. Асосњои илмї-методии таълими синтаксиси љумлањои соддаи забони тољикї дар синфњои 5 ва 8. – Душанбе: Деваштич, 2003. - 300с.
2. Хабарњои феълї дар забони адабии њозираи тољик. – Душанбе: Деваштич, 2004. - 146с.
3. Асосњои илмию методии таълими синтаксиси љумлањои соддаи забони тољикї дар синфњои 5 ва 8. – Душанбе: Деваштич, 2006. - 303с. (Бо тањрир ва иловањо).
4. Асосњои методии таълими синтаксиси љумлањои соддаи забони тољикї дар синфњои 5 ва 8. – Душанбе, 1992. - 117с. (ба забони русї).

11. Китобњои дарсї
5. Методикаи таълими забони тољикї. – Душанбе: Шуљоиён, 2009. - 456с.
6. Методикаи таълими забони тољикї (Нашри 2, бо тањрир ва иловањо). – Душанбе: Сабрина, 2012. - 458с.
7. Методикаи таълими забони тољикї (Нашри 3, бо тањрир ва иловањо). – Душанбе: Бухоро, 2014. - 460с.
8. Практикуми забони тољикї. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 206с. (бо њаммуаллифї)
9. Китоби хониш (Барои синфи V – и мактабњои ёрирасон). – Душанбе: Маориф, 1992. – 112с.
 

 

Тагойбобо Абдуалими Шукурзод баъди хатми мактаби миёнаи №3 - и ноњияи Восеъ (1971) Донишкадаи давлатии омўзгории Кўлобро аз рўи ихтисоси физика ва математика солњои 1971-1976 хатм карда, фаъолияти омўзгории худро ба њайси муаллими физика ва математика дар мактабњои миёнаи №3 ноњияи Панљ (солњои 1976 - 1978), №22 ноњияи Восеъ (солњои 1978 - 1979) оѓоз намуда, солњои 1979 — 1994 дар Донишгоњи давлатии Кўлоб дар вазифањои сарлабаранти кафедраи физикаи умумї, ассистент, омўзгор, саромўзгори кафедраи усули таълими физика, муовини декани факултаи физика, идома додаам. Солњои 1986 - 1988 аспиранти тањсили рўзонаи кафедраи усули таълими физикаи Донишкадаи давлатии педагогии Киеви Љумњурии Украина буда, моњи апрели соли 1991 дар ин донишкада рисолаи номзадии худро дифоъ намудам. Соли 1991 то 1994 мудири кафедраи физикаи Донишгоњи давлатии Кўлобро ба ўњда доштам. Соли 1993 «ВАК» - и Федератсияи Русия ба унвони дотсентї манро мушарраф гардонид.
Аз соли 1994 то соли 2000 ба таври интиќол ба њайси декани факултаи физика адои вазифа намуда, соли 1997 манро барои самараи хуб доштани асарњои илмї ва тадќиќотии соњаи омўзгориам Академияи илмњои педагогї ва иљтимоии Федератсияи Русия ба унвони узви вобастаи ин академия ќабул намуд . Солњои 2000 - 2003 ба таври интиќол Вазорати маорифи Љумњурии Тољикистон манро ба вазифаи муовин, сипас муовини аввали сардори идораи аттестатсия ва аккредитатсияи назди Вазорати маориф ба кор гирифт. Дар ин муддат мустаќиман ичрои тадќиќоти рисолаи доктории худро ба сомон расонида, дифои онро соли 2003 адо намудам.
Моњи феврали соли 2003 бо тавсияи Вазорати маорифи Љумњури Тољикистон ба вазифаи ректори Донишгоњи гуанитариии байналмилалї таъин шудам. Декабри соли 2004 бо Ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ба вазифаи ректори Донишгоњи давлатии Ќургонтеппа ба номи Носири Хусрав таъин гардидам. Моњи январи соли 2006 барои эљоди асарњои илмиам дар соњаи илми педагогика ва усули таълими физикаи мактабї Академияи илмњои педагогї ва иљтимоии Федратсияи Русия манро њамчун узви пайвастаи ин академия ќабул намуда, ба унвони академикї мушарраф гардонид. Моњи феврали соли 2008 барои фаъолияти пурмањсули омузгорї ва мењнатњои илмию методї бо Ќарори «ВАК» - и Федератсияи Русия ба унвони профессорї ноил гашта, соли 2009 узви вобастаи Академияи Тахсилоти Точикистон интихоб гардидам.
Мунтазам ба тадќиќоти илмї дар соњаи усули таълим машѓул шуда, як ќатор масъалањои проблемавиро њал намудам. аз натиљаи тадќиќотхои худ дар Донишгоњи давлатии Ќурѓонтеппа маркази тестии имтињонгирии компютерї ташкил намудам, ки дар он њама намуди имтињонњо ба таври тестї ќабул карда мешаванд. Ин натиља дар соњаи маорифи чумњурї њамчун дастоварди бехтарин ба шумор меравад. Аз натиљањои тадќиќоти худ бо маърузањои љолиби диќќат дар конфронсњои байналмилалї солњои 2005, 2006 дар Донишгоњи давлатии Москва (МГУ), соли 2006 дар Донишгоњи штати Монтанаи ИМА, Донишгоњи Гаухатии вилояти Асами давлати Њиндустон, Донишгоњи байналмилалии Венаи кишвари Австрия, Донишгоњи Мозандарони Љумњурии Исломии Эрон, Донишгоњи миллии Њиндустон, Донишгоњи давлатии Харкови Љумњурии Украина, Донишгоњи давлатии омўзгории Москва ва дигар давлатњо маърузахо намудам. Банда муаллифи китоби дарсии физика барои синфи 10 ва якчанд монографиями илмї буда, зиёда аз 110 китобу дастурњо ва маќолањо ва гузоришњои илмї «Теоретико-методическая система игровых форм организации познавательной деятельности в физическом образовании школьников (монография), Душанбе: Дониш, 1998.- 245с.»; «Воспитание молодежи в литературной памяти таджикского народа (монография), Москва: МПСИ, 2006.- 64с. (њаммуалифон: Кадыров К.Б., Комилов А.Ш.)»; «Воспитание молодежи в литературной Памяти таджикского народа (монография), Москва: МПСИ, 2006.- 64с. (њаммуалифон: Кадыров К.Б., Комилов А.Ш.)»; «Творческие игры на уроках и во внеклассной работе на первой ступени обучения физике в средней школе. Теоретические основы: (монография), Куляб: МНО Тадж.ССР, ХЗИУУ, 1989.- 62с.»; «Использование исторических материалов при изучении физики. (монография), Душанбе, МНО Тадж.ССР, ЦМК, 1991.- 143 с.»; «Развитие творческого потенциала учащихся, их интерес к игровой форме обучения по физике. Теоретические основы: (монография), Куляб: МНО Тадж.ССР, ДГПИ, 1998.- 56с.»; «Технология формирования познавательных возможностей учащихся на занятиях по физике (методическое пособи), Курган-Тюбе, КТГУ, 2006.- 68с. (њаммуаллиф Караев И.)»; «Теоретические основы разработки общих положений при выполнении научно - исследовательских работ по педагогическим дисциплинам в области методики преподавания физики, Курган-Тюбе, КТГУ, 2006.- 60с. (њаммуаллиф С.К.Таваров)»; «Теоретические основы метод построения физической модель ситуации, Курган-Тюбе, КТГУ, 2008.- 60с. (њаммуаллиф К.К.Мирзоева)»; «Формирование исследовательских умений и технология подготовки студентов к научной работе, Курган-Тюбе :КТГУ, 2009.- 132с. (њаммуалифон С.К.Таваров, А.Ш.Комилов)»; зиёда аз 100 китобу дастурњо ва маќолањо ва гузоришхои илмї «Решение задач по физике (Оптика, атом и ядро) Учебное пособие.Ч.З., Душанбе, МНО Тадж. ССР, ТНИИП Таджс.ССР, 1991.- 163 с.»; «Решение задач по физике (Механика). Учебное пособи. 4.1, Душанбе, МНО Тадж. ССР, ТНИИП Таджс.ССР, 1991.- 210с.»; «Организация и постановка игровой формы познавательной деятельности учащихся при совершенствовании обучения физике. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1996.- 63с.»; «Организация игровой формы обучения физике с позиции привлечения учащихся к творческой работе в условиях средней школы. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1997.- 36с.»; «Теоретические основы игровых форм познавательной деятельности учащихся. Теоретические основы. Пособие для учителей, Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1997.- 14с.»; «Творческие игры на кружковых занятиях по физике. Методическое пособие, Куляб :ИУУ, 1986.-36с.»; «Творческие игры на уроках физики. Методическое пособие для учителя, Куляб: ИУУ, 1988.- 44 с.»; «Учебные материалы по физике для 7 класса. Методическое пособие, (на тадж.яз.), Душанбе: НИИП РТ, 2005.-206с.»; «Учебные материалы для решения задач по физике 9-10 классы. Методическое пособие, (на тадж. яз.), Душанбе: НИИП РТ, 2005.- 315с.»; «Технология формирования познавательных возможностей учащихся на занятиях по физике (методическое пособи), Курган-Тюбе, КТГУ, 2006.- 68с. (њаммуаллиф Караев И.)»; «Теоретические основы понятия познавательно - учебной деятельности учащихся (методические пособи), Курган-Тюбе, КТГУ, 2007.- 62с. (њаммуаллиф И.Н.Караев)»; «Характеристика развития способностей школьников (Методические пособие), Курган-Тюбе, КТГУ, 2008.-56с. (њаммуаллиф Р.А.Курбонова)»; «Теоретические основы состояния проблемы методики обучения учащихся решению физических задач (Методическое пособие), Курган-Тюбе, 2009.- 58с. (њаммуаллиф Суяров Т.Х.)»; «Определение объема знаний учащихся по физике с помощью игровых зада¬ний. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1986.- 25с.»; «Применение творческих игр при решении физических задач с помощью микрокаль¬куляторов. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1986.- 25 с.»; «Творческие игры- средства активизации способностей учащихся на физических вечерах. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1987.- 40 с.»; «Развитие способности учащихся с помощью творческих игр на кружковых занятиях по физике. Методические рекомендации, Куляб: ИУУ, 1987.-18с.»; «Психолого-дидактические представления о применении игровых форм познава¬тельной деятельности учащихся при обучении (Методические рекомендации), Киев, КГПИ, 1992.- 18 с.»; «Внеурочная работа по физике в средней школе. Методические рекомендации, Киев, КГПИ, 1993.- 28с.»; «Индивидуализация учебной деятель¬ности учащихся как средство развития их творческой активности (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1991.- С.72-76», «Специальные дидактические модель¬ные устройства как средство обучения техническому творчеству (статья), борник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1991.- С.59-62. (њаммуаллиф Коршак Е.В.)»; «Творческая деятельность учащихся при работе с учебной книгой (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1991.- С.76-82»; «Составление физических задач учащимися- важное средство развития их творческих способностей (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1991.- С.85-88 (њаммуаллиф Коршак Е.В.)»; «Творческое использование коллективных органов ученического самоуправления (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1991.- С.91-95»; «Методика обучения учащихся решению физических задач (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1992.- С. 12-27»; «Тестовая проверка знаний, умений и навыков учащихся по физике (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1992.- С.51-63», «Дидактические игры на уроках физики (статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1994.- С. 16-22»; «Игра- беседа на тему "Современная научная картина мира"(статья), Сборник статей. Запорожье, ЗГПИ, 1994.- С.54-61»; «Использование игры во внеклассной работе по физике в средней школе (статья), Сборник статей , МОРТ, КГУ, Курган-Тюбе, 1997.- С.4-5»; «Применение игр с использованием исторических материалов при изучении физики (статья), Сборник статей , МОРТ, КГУ, Курган-Тюбе, 1997.- С.7-8»; «Использование элементов эстетического воспитания при обучении физики (статья), Сборник статей , МОРТ, Курган-Тюбе, 1997.- С.12-13»; «Побуждение интереса детей с помощью игры при изучении физики (статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.3-8»; «Использование чайнвордов в элементах уроков физики (статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.8-11»; «Применение игр при организации уроков решения задач по физике (статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.11-14»; «Игры в процессе уроков повторений и обобщений(статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.12-15»; «Использование игр в процессе уроков контроля и учета знаний учащихся (статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.15-18»; «Применение загадок на уроках физики (статья), Сборник статей.-Душанбе, МОРТ, ТНИИПН, 1998.- С.20-26»; «Роль игры во внеурочных занятиях для обучения физики в средней школе (статья на тадж. яз.), ж.Ирфон . Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.35-37, (њамуаллиф Туракулов Э., Косимов М.)»; «Организация кружков с использовани¬ем игр (статья на тадж. яз.), ж.Ирфон . Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.38-40»; «Организационные проблемы урока физики в средней школе (статья), ж.Ирфон . Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.4-6 (њамуаллиф Рахимов Б.)»; «Пути привлечения учащихся в школе для приобретения знаний (статья), ж.Ирфон . Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.9-11 (њаммуаллиф - Курбонов И.)»; «Использование исторических материалов для обучения физики в 7-8 классах (статья), ж.Ирфон . Выпуск 4 (естественные науки), 2000.- С.26-27, (њамуаллиф- Гуляев И., Фаттоев X.)»; «Система активизации познавательной деятельности школьников средствами игры (статья), Душанбе: МОРТ, РТСУ, "Ступени мудрости", №2(4) 2002.- С.22-27»; «Авиценна и Эйнштейн- два великих мировых гений (статья), Вклад Авиценны и Эйнштейна в развитие мирового естествознания (Материалы Международной конференции, посвященной 1025-летию Абу Али ибн Сино и 100-летию специальной теории относительности Альберта Эйнштейна).- Курган-Тюбе, 2005.- С.11-13»; «О педагогической идеи Абу Бакра Рази (статья), Сино и мировая цивилизация. Материалы Международной научнопрактической конференции, Курган-Тюбе, 2006.- С.3-9 (њамуаллиф- Мехрдад Киа)»; «Потенциал реки Вахш и развитее гидроэлектрических станций в Таджикистане (статья), Развитие энергетики в Таджикистане.- Курган- Тюбе, 2007.- С.3-10»; «Место и содержание физических знаний в учебних заведениях средневекового Мавераннахра и Хорасана, М., Наука и школа 2010, №2»; «Метод комментарий некоторых физических терминов (тезис доклада), тезисы докладов научно-методической конференции на тему "Язык и культура речи".- Куляб, 1989»; «Понятие и доступные физические термины (тезисы докладов), Тезисы докладов научно-методической конференции на тему "Язык и культура речи".- Куляб, 1989.- С.2»; «Некоторые соображения о стилистике учебников физики средних школ (тезисы доклада), Тезисы докладов научно-методической конференции на тему "Язык и культура речи".- Куляб. 1989.- С.З»; «Игра-одно из средств межпредметной связи в преподавании физики. (Тезисы докладов), Конференция "Межпредметные связи и совершенствование уроков физики", Луцк, 1990.- С .41-42»; «Взаимосвязь показательных функций в обучении физики (Тезисы докладов), Тезисы докладов научно-методической конференции на тему "Организация урока математики в школе". Куляб, 1990.- С.2»; «Игра - как один из факторов реализации математики в обучении физики, Тезисы докладов научно-методической конференции на тему "Совершенствование урока математики в обучении физики".- Куляб, 1990.- С.2»; «Содержание и средство разъяснения "Основы динамики" в учебнике (тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1992.- С.3»; «Рассуждения об учебнике физики для IX класса (тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1992.- С.4»; «Использование исторических материалов при обучении школьников физике (тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1992.- С.2»; «Средство пополнения темы колебаний и волны с использованием исторических материалов (тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1993.- С.117»; «Требование к побуждению интересов учащихся во внеклассной работе(тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1993.- С.178»; «Воспитательный характер исторических материалов по физике(тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1993.- С.179»; «Методы и средства формирования творческих способностей учащихся, при обучении физике(тезис доклада), Тезисы докладов научно-теоретической профессорско-преподавательского состава. КГПИ.-Куляб, 1993.- С. 180» ба табъ расонидааст.
Банда иштирокчии зиёда аз 46 конфронсњои илмии љумњриявї ва байналмилалї мебошам. Маколањо ва маърўзањои ў ба раванди сифатан бењтаршавии усули таълими физика ва математика самт дошта, барои тайёр намудани мутахассисони љавони соњаи усули таълими физика ва математика наќши арзанда мебозад.
Айни замон захматхои ман дар пешбурди тадќиќотњо барои тайёр кардани шогирдон сањми худро ёфта аст. Бо дастгири ман дар донишгоњ се Шўрои диссертатсионї аз рўи ихтисосњои 13.00.01 - педагогикаи умумї, таърихи педагогика ва тањсилот, 13.00.02 - назария ва усули таълим ва тарбияи физика, 13.00.02 - назария ва усули таълим ва тарбияи математика барои дифои рисолањои докторї ва номзадї кушода шуд, ки раисии се шўроро «ВАК» - и Федератсияи Русия ба уњдаи ман вогузор шудааст. Бояд ќайд намуд, ки ин шўроњо бори аввал дар Љумњурии Точикистон кушода шудааст. Тањти роњбарии ман аз се ихтисос аспирантону унвонљўён ва доктарантон корњои илмии худро иљро намуда, имрўз 37 нафар шогирдон рисолањои номзадї ва 5-нафари дигар рисолањои доктории худро дифоъ намуда, ба унвони номзади илмњо ва докторњои илми омўзгорї ноил гаштанд. Њоло бошад зиёда 12 - унвонљўи дигар тањти роњбарии ман корњои илми тадќиќотии худро идома додаистодаанд.
Банда бори аввал вакили мардуми вилояти Хатлон аз њавзаи интихоботии №9 ш. Сарбанд (солњої 2005 - 2010) ва маротибаи дуюм вакили мардуми вилояти Хатлон аз њавзаи интихоботии №13 ноњияи Бохтар интихоб шудааст. Ман мунтазам дар байни донишљўён, омўзгорон, олимон ва мардуми Тољикистон бо тариќи воситањои ахбори умум: телевизион, радио, рўзномаю маљалањо оиди татбиќи сиёсати Љаноби Олї Эмомалї Рањмон гузоришњо дода барои амалї намудани Ќонуни Љумњурии Тољикистон дар бораи маориф, масъалањои таълиму тарбияи љавонон, вањдат ва инсондўстї пайваста гузоришу суњбатњо менамоям.
Хизматњои ман дар соњаи таълиму тарбия ва тайёр кардани кадрњои илмию педагогї аз тарафи давлат ва дигар давлатњои хориљ бо мукофотњои давлатї (Ордени «Дўстї»-Љумњурии Тољикистон, «Ситораи тиллоии олими байналмилалї»-и Англия, Оксфорд, Ордени «Дўстии» дараљаи дуюми Федератсияи Русия, «Љоизаи њазорсола» - и Австрия, Ордени «Лаврї Слава»-и Англия, Љоизаи байналмилалї «Золотой Ягуар»-и Англия, Оксфорд, Љоизаи байналмилалї «Голден Миркурї»-и Шветсария, Ордени байналмилалї «Интелект нации»-и Украина, Ордени СНГ «За заслуги») ќадршиносї гардонида шудааст.
Банда кушиш менамояд, ки худро шахси инсондўст, поксиришт, олими хоксор, устоди ѓамхору серталаб дар байни омўзгорону донишљўён ва мардуми Љумњурии Тољикистон нишон дињад.